Ин бор номаҳо ба почтаи «Ислоҳ»хеле зиёд ворид шудааст, ки мо бо навбат интихоб ва омода кардем. Ин номаҳо аз Данғара, Кулоб, Нуробод ва Душанбе расидаанд.
Гурӯҳе аз сохтмончиён аз Данғара дар сохтмони як бинои мутааллиқ ба ширкати «Ватан-иншоот» кор карда ва аммо кидат шудаанд. Ин ширкат ба Зоир Соҳибови домоди Раҳмонов тааллуқ доштааст. Зоир ин нафарҳоро кор мефармояд ва маблағашонро намедиҳад. Ҳамчунин чанд нафар аз коркунон, ки намоз мехондаанд аз тарафи амният дастгир ва барои панҷ сол маҳкум ба зиндон мешаванд.
Як нафар аз сокинони Кулоб, ки аз чопи номаи пешинааш изҳори ташаккур кардааст, аз он шикоят мекунад,ки мудири мактаб ҳанӯз соли таҳсили нав шурӯъ нашуда волидонро маҷбур карда истодааст, ки барои фарзандонашон формаи мактабӣ бихаранд. Ин директори мактаб падару модари талабҳоро водор кардааст,ки дар сурати наовардани чеки сару либос фарзандонашонро аз ин мактб гирифта ба дигар мактаб диҳанд.
Дар номаи омада аз Душанбе боз ҳам дар бораи мавриди аз Русия бо роҳи фиреб ва ваъдаи авф овардани муҳоҷирони корӣ аст ки гӯё ба хориҷа пул гузаронидаанд.
Дар ин нома муаллиф аз саргузашти як нафар менависад,ки барои раҳоӣ аз чанголи мақомот 150 ҳазор сомонӣ додааст.
Муаллифи номаи Нуробод аз беҷуръатӣ ва тарсуии сокинони баъзе аз деҳаҳои ин ноҳия ба шиддат изҳори нигаронӣ карда мегӯяд, иллати ба чунин вазъу ҳол гирифтор шудани мардум баъзе аз бузҳо-хабаркашҳоянд, ки як гап нашуда зуд ба мақомот маълумот медиҳанд. Нависанда дар идомаи суҳбаташ аз он гуфтааст, ки ҳанӯз ҳам духтурони бемористони Нуробод даст аз гирифтани ришва қафо накашидаанд.
Дар қисмати дуввуми ин нома муаллиф аз вазъияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ навиштааст.Ба гуфтаи муаллиф сабаби вуҷуди «дедовшина» дар артиш худи командирҳои рота будаанд.
Данғара
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаро аз ноҳияи Данғара, аз зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мефиристем ва шикояти мо аз як ширкати сохтмонӣ аст ки корамон фармуду музди онро напардохт. Яъне мо як гурӯҳ ҷабрдидаҳо аз ширкати сохтмонии ҶДММ «Ватан- Иншоот» ҳастем. То ҷое маълумот дорем ин ширкат ба Зоир Соҳибов, ки бо лақабҳои Зоир Соҳибови мундуқ, Зоири калта, Зоири ҷайра маъруфу маълум аст ва «ата»-и Исмоили Пингвин, Исмоили даст ба хайри набераи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, тааллуқ дорад. Ин ҶДММ «Ватан- Иншоот» ба номи кӣ расман сабти ном шудааст, номаълум. Дар ягонҷо сабт нашудааст. Ҳеҷ маълумоте ҳам дар бораи ин ширкат нест, ки роҳбараш кист? Аммо то ҷое мо медонем,ин ширкатро як шахс бо номи Умед роҳбарӣ мекунад. Ин Умед аз Кӯлоб мебошад. Гуфтанд, ки муовини дасти рости Зоири мундуқ мебошад. Дар вақташ барои Зоир ва Исмоил ба ҳайси човандоз ва аспбон (мирохур) кор мекардааст. Баъдан, намедонем кадом кораш ба Зоири мундуқ маъқул шудааст, ки ба ин сабаб Умедро дар бараш мегирад.
Ҳозир бошад ин Умед раиси ҶДММ «Ватан- иншоот» мебошад. Ин ширкат дар соли 2024 дар Данғара сохтмони як меҳмонхонаи байналмилалиро ба уҳда гирифт. Ин меҳмонхона дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Данғара, боғи Парчам ва аз тарафи дигар дар қарибии бино варзишгоҳи калони ноҳия қарор дорад.
Ин бино бояд то 12 ё 13 ошёна баландшавад. Аммо қаду басташ ба монанди биноҳои 20 ё 21 ошёна аст.
Дар сохтмони ин бино як гурӯҳ сохтмончиҳо кор карданд.Сохтмончиҳо як бригадир доштанд, ки номаш Умед аз Советский-Темурмалики ҳозира буд, ки бисёр бачаи муъмину мусалмон буд. Вай мегуфт касе, ки намоз мехонад, биёяд кор кунад. Намозхонҳоро ба кор даъват мекард. Коргаронаш қариб, ки ҳамаашон намозхон буданд.Тақрибан 25 ё 27 нафар кор мекард.
Ин бригада бетони падушкаи биноро бо ҳамроҳи ҳамин бригадир рехтанд. Маблағи ин кор 330 000 сомонӣ шуд. Аз ин маблағ як миқдорашро бачаҳо гирифтанд ва 108 000 сомониаш монд.
Раиси ширкат гуфтааст, ки бетони девори подвалро мерезӣ, маблағи деворро медиҳам, перекритаи подвалро мерезӣ, сипас маблағи аз падушкаи бино- 108 000 сомониро якҷо маблағи перекрити медиҳам. Кор дар деворҳои подвал ҷараён дошт. Бригадир додарашро ба кор фарёд кард аз ноҳияи Темурмалик. Баъди ба кор омадани додари бригадир ягон 4 ё 5 руз гузашт, ки аз амнияти Данғара ва аз амнияти Вахш се нафар ба назди бинои сохтмон омаданд. Пеш аз обед буд,ки ҳамаи коргарҳоро фарёд карданд ва одамони амният гуфтанд,ки як се -чор афғон омадааст. Баъд номи бачаи холаи бригадирро гирифтанд. Бачаи холааш бо ҳамроҳии додаронаш кор мекард. Яъне ду бачаи холааш бо ҳамроҳияш кор мекарданд. Ва баъд номҳои ду бачаи дигарро, ки аз Норак будаанд, гирифтанд. Боз номи бригадирро гирифтанд ва баъди вай бачаи холаи дигариашро ҳам бо худ бурданд. Бачаҳо пурсон шуданд, ки инҳоро куҷо мебаред? Амниятиҳо дар бораи ҳамон афғонҳо як, ду савол мекунему ҷавоб медиҳем гуфтанд.
Тахминан соатҳои 11-и пеш аз хуроки нисфирӯзӣ буд. Баъди рафтани онҳо бачаҳо ваҳшатзада шуданд, касе кор набаромад. Ҳамон рӯз, рӯз бегоҳ шуд, бачаҳоро ҷавоб надоданд. Онҳо гуфта буданд, ки як ду савол медиҳему ҷавобашон медиҳем. Аммо ҷавоб надоданд. Соатҳои 9 –и шаб яке аз бачаҳои Норакро ҷавоб доданд. Додари бригадир хавотир шуда ба назди бинои амнияти Данғара меравад ва мепурсад, ки «акай ман куҷо шуд,шумо гуфтед, як ду савол пурсида ҷавоб медиҳем». Посбони даҳани дар мегуяд, ки онҳоро ба амнияти шаҳри Бохтар бурданд.
Додараш мепурсад, ки барои чи бурданд, онҳо чи гуноҳ доштанд. Посбон мегуяд, ки он ҷо рафта пурс, мо чизе намедонем ва додараш фардо ба шаҳри Бохтар меравад. Муфаттиши амният мегуяд, ки ӯро ба модаи 307 пайравӣ аз равияи Салафия гунаҳкор карданд ва як бачаи холаашро ҳам ба ҳамин модда гунаҳгор карданд. Як бачаи холаашро бо ҳамроҳи он бачаи норакӣ ҷавоб медиҳанд. Умеди бригадирро бо ҳамроҳии дигар бачаи холааш бо модаи 307 гунаҳкор мекунанду ба муҳлати 5 сол ҳардуяшро мешинонанд. Ин кор дар соли 2024 шуда буд, ки ин ҳар ду оиладор ва соҳиби ду фарзанди хурдсол буданд.
Ва дар сохтмони Данғара бошад кор дар ними деворҳои подвал мерафт. Он маблағи 108 000 сомоние, ки аз ҳисоби кор дар падушка монда буд, коргарҳо дар калаи додараш гузоштаанд. Коргарҳо гуфтанд тибқи шартномае, ки бригадир бо Умеди раиси сохтмон карда буд- бетони перекритии подвалро мерезӣ,баъд маблағи падушка- 108 000 сомонии мондагиро бо ҳамроҳии маблағи перекрития медиҳам, маблағи моро гирифта медиҳӣ. Ин қавлу шарти раиси сохтмон Умеди муовини Зоир Соҳибов буд.
Вақте он бригадирро маҳкам карданд, додараш бригадириро ба кала нагирифт ва дигар касро бригадир оварданд. Додари бригадир бо ҳамроҳи бригадири нав кор кард. Кори деворҳоро ба анҷом расонданд ва ба сари маблағ ба Душанбе рафтанд бо ҳамроҳи бригадири нав. Додари бригадир хост, ки ҳамон маблағи 108 000 сомони мондагиро гирифта ба бачаҳое, ки дар падушка кор карда буданд, диҳад. Додари бригадир дар падушка кор кардагӣ набуд. Аммо ба хотири бародараш хост, ки маблағи мондагиро гирифта диҳад. Вале раиси ширкат Умед мегуяд,ки шартномаи мо бо акаи ту ин хел буд. Қавлу қарор ин тавр буд,бетони перекритии подвалро мерезӣ, баъд маблағи мондагӣ аз падушкаро якҷоя медиҳам, Хуллас, Умеди раиси ширкат маблағро намедиҳад ва ба вай мегуяд, ки рав бо ҳамроҳии бригадири нав омадагӣ бетони перекритии подвалро бирез, баъд биё ман маблағи падушка-108 000 сомониро медиҳам. Хуб мегӯянду мераванд. Омада бетони перекритиро рехтанд. Тахминан дар 20 ё 22 рӯз. Баъд боз бо ҳамроҳии бригадири нав ба Душанбе, ки офисашон дар пушти бозори Султони Кабир поёни мости Султони Кабир қарор дошт, яъне офиси «Ватан Иншоот» омаданд, ки он вақт дар лаби дарё домҳои баланд ошёна се ё чор блока месохтанд
Ба инҷо назди раис омаданд. Гуфт,ки ака ҳамон пули бачаҳоро намедиҳӣ,то ман ба онҳо диҳам. Онҳо аз ман пул пурсид истодаанд. Раис мегуяд, ки рав демонтаж кун. Яъне ҳамон фанерҳое, ки дар таги бетон мондаӣ, бо ҳамроҳи домкрат аз болояш бетон мерезӣ, онҳоро аз таги бетон гир, тоза ва ҷобаҷо кун, баъд биё пулро медиҳам. Додари бригадир розӣ шуда меравад демонтаж мекунаду месупорад. Боз ба назди раис меравад. Раис мегуяд ту кор накардаӣ,ҳақ надорӣ ту. Аз байн қариб се- чор моҳ гузашт. Бачаҳое,ки аз аввали сохтмон, аз ҷумла дар падушка кор карда буданд, онҳо аз кор рафта буданд. Раис гуфтааст, ки «бра ҳаму бачоҳоера биёр, ки ҳамуво кор кадагиян уво кори мара партофта рафтиян, ма хдм қатишон гап мезанм, уво кори мара партофта рафтиян бо сум меган?»
Додари бригадир рафта бачаҳора меёбад. Чанд рӯз пас онҳоро гирифта ба офис меояд, аммо раисро намеёбад. Сипас чанд рӯз пас додари бригадир боз ба офис омада раисро яке меёбад. Боз ҳамон маблағро мепурсад. Раис дод зада мегуяд, ки ту ҳақ надорӣ кор, накардаӣ.
Бародари бригадир ба назди прорабе,ки кори ҳамон бригадирро қабул карда буд меравад. Аз он прораб санад доштааст. Дар санад прораб корро қабул карда имзо гузоштааст, ки ман дар ҳақиқат кори акаи ҳаминро қабул кардам, ҳамин қадар маблағ мешавад, ҳамин миқдорашро гирифтааст,108 000 сомони дигараш мондааст гуфта имзо кардааст прораб. Боз додари бригадир гашта ба назди раис мераваду мегуяд маблағи бачаҳоро намедиҳед. Раис бошад мегуяд,ки ту кор накардаӣ «иди на..й» ва ӯро аз офисаш пеш мекунад.
Бо ҳамин маблағи он бачаҳоро то ҳол надодааст.
Бачаҳо мегуянд,ки ҳар вақте ҳамин раиси сохтмон Умед ба Данғара меомад, началник милиса, началник амнияти Данғара дар пешаш ҳаштқаду нуҳқад мешуданд бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Данғара. Боз бачаҳо мегӯянд, ки милисаҳо ва амниятиҳо дар пеши раиси Умед ташкилӣ мехӯрданд. Ҳамин раис самбусаро мегирифтасту тарафи милисаҳо ва амниятиҳо мегуфтааст «мехрӣ» ва худаш мехурдааст- издеватсия мекардааст. Дар ҳамин масъала қандашро занад, ки амниятиҳоро бо милисаҳо издеватсия мекардааст.
Аллоҳ лаънататон кунад милисаҳо ва амниятиҳо хизматашон кунед. Боз аз ин ҳам бадтаратон кунад, лаънатиҳои бадбахт.
Кулоб
Ассалому алайкум Муҳаммадиқбол, бародари муборизи роҳи ҳақ. Номаро аз Кулоб равон мекунам.Ин бори дуввум аст ки ман ба шумо менависам.Номаи аввалини ман дар бораи Қунғуротзода, собиқ сардори милисаи Кулоб ва ҷиноятҳои содирнамудаи вай буд.
Албатта нашр шуд. Навори онро мо дар Ютуб ҳам тамошо кардем. Ман ин бор чи гуфтаниам?Маҳаллаи мо дар Кулоб бо номи кучаи Содиқов машҳур аст.
Дар ҳамсоягии мактаби мо, мактаби 52 шаҳри Кулоб дар ҳамин кучаи Содиқов узбекзабонҳо зиндагӣ мекунанд. Дар самти дигари мактаб кучаи Тамоштепа воқеъ мебошад.
Дар бораи ин мактаб гуфтаниам, ки талабаҳоро маҷбур карда истодаанд, ки формаҳои мактабӣ гиранд. Ман ба муаллима гуфтам, ки чор фарзанд дорам, ман аз куҷо меорам ин қадар пулро, ки ба ҳар як фарзандам форма харам? Ин формаҳо ҳар хел нархнома доранд:-аз 200 то 300 ва 350 сомонӣ. Тақрибан ҳамин хел. Ман аз куҷо биёрам ин қадар сумро? 4 фарзанди ман мактабхон ҳастанд. Аз 1000 то 1200 сомонӣ мешавад. Ман худоро шукр метавонам харидорӣ карда ба фарзандонам. Аммо мардуме, ки надорад,бечора дар хонааш ба солу моҳҳо гушт намехурад, ки ба фарзандаш сару либос харад.
Э,мардум, э ҳукумат,э,маориф шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Раиси шаҳри Кулоб, ки нав шудааст,куҷоро нигоҳ мекунед? Нишон диҳед ба мардум кору фаъолиятатонро, ки бинанд мардум. Ҳама корҳои шумо дар назди ин мардум ҷавобгарӣ дорад. Дар пешгоҳи худо чи хел ҷавоб медиҳед? Ҳол онки шумо масъулед, вазифадоред, ки ба мардум як каме ҳам бошад, сабукӣ биёред.
Мардум худаш навакак аз селе,ки омад зарари вазнин дид. Куҷост имону инсофи шумо?
Бародар Муҳаммадиқбол. Дар ин мактаб, мактаби №52 директораш як зан аст ки зани дуввум мебошад. То он ҷое ман медонам шавҳараш ҳам коргари давлатист. Ин муаллимаро пешаш меравӣ, гуё, ки як инсони хуб дар назар метобад. Аммо ман намедонам, ки чи ин қадар водор мекунад муаллимаро, ки ба мардум ин қадар зулм мекунад. Падараш ҳам бо худаш дар он мактаб кор мекунад, ба ҳайси бухгалтер. Вақте ки ман ба муаллимаҳои фарзандонам мегуям, ки мо намегирем формаи мактабӣ, ин муаллима гашта мегуяд, ки агар чек барои формаи мактаббачаҳо нагиред, биёед фарзандонатонро гиреду дигар мактаб баред. Чунки моро ҳам директор маҷбур мекунад,ки ба ҳамаи талабаҳоятон бояд чек бигиреду биёред.Чекро меравӣ аз кооператор мегирӣ меорӣ ва ба дасти директор ё ки роҳбарони синфҳо медиҳӣ. Баъд фарзанди ман метавонад, ки боз то соли дигар озодона гардад.
Бародар, ман боз мебинам, ки баъди чопи ин нома ягон тағйирот мешавад ё не. Ман боз менависам. Ин бори номи директорро ҳам менависам.
Ному насаби муаллима Хушбахтзода Гулангез аст. Ногуфта намонам, ки як автомошинаи Хундай ҳам дорад, ки сафед аст. Шишаҳояш темнит кардагӣ. Номерҳои мошинашро бигзор нагӯям. Ҳамин қадараш кофист. Худаш мефаҳмад.
Худо нигаҳбонатон бародар. Ин номаро ҳарчи зудтар нашр кунед, хуб мешавад. Чунки ҳамин алъон сумҷамъкунӣ доранд.
Нуробод
Ассалому алайкум домулло як пайғоми маро ба мардуми бечораи Нуробод расонед ки ин қадар натарсад аз ҷумла мардуми Хумдон мардуми Самсолиқ, мардуми Ҳакимӣ, дараи Мучахарф, райони куҳна, райони нав, Яхак, Истон,Яхч. Мардуми Тегирми ку полний чмо шудагӣ, ранги муш. Масҷидашон маҳкам.Мегуӣ масҷидатонро маҳкам карданд, мегӯянд «хай ҳаму амният гунаҳкор». Парвои масҷид надоранд. Ин қадар мардум тарсончак шудаанд, нурободиҳо. Мардуми Тегирми ку мурғи тухм кун шудаанд. Ҳамсояашро барои риш, барои дарс додани «Қоидаи бағдодӣ» мебаранд амният, мегӯянд, ки хубаш карданд. Тавба ин қадар ин мардум беимон шудаанд.
Мардуми Шашволон баъди нашри номаҳо дар «Ислоҳ» хело хуб шуданд, оштӣ карданд. Фақат Комили Мирзохуҷа бо группаи худаш чор нафар Мерган Муродалӣ, Бахтиёр ва Баҳриддин хело одами хуб шуд. Лекин ҳоло ҳам қоидаи бузиашро напартофтааст. Ду тарафа бозӣ мекунад. Дар пеши усто Муқим Комилро мегӯяд, дар пеши Комил Орифрро мегӯяд. Одати безеб, ҳамин одатро парто Баҳриддин, ки дигар корҳои бузиатро менависем. Аммо ин дафъа бисёртар ва муфассалтар менависем, аз он ҷумла дуздиҳоятро. Як тарафа бозӣ кун бо мардуми бо шарафи Шашволон.
Мулло Муҳиддинро аз қафояш ҳар гап нагу. Хитоб ба Хуршеди муаллими дароз! Мулло Муҳиддинро дар амният нафуруш. Чи коре кунад, дарав хабар мекашӣ. Аз худо битарс.
Мулло Муҳиддин куҷое меҳмонӣ равад ё ягон меҳмон хонааш биёяд дарав хабар накаш. Хуршеди муаллим бидон, ки огоҳӣ як бор мешавад. Шамси 3 тилфона мардумро ҷанг андохту худаш гурехта Русия рафт. Моямоли Исмоили дастбахайр шудааст. Шайтони калон ҳамон буд.Ҳозир худашро калон гирифта гаштааст Шамси 3 тилфона.
Огоҳӣ ба Манучеҳри Шафӣ.Ҳамроҳи падарат ҳочӣ Шафӣ мулло Муҳиддинро сиёҳ накунед дар назди мардум. Манучеҳр бузиро бас кун, мулло Муҳиддинро ин қадар ғам надеҳ. Ҳозир дар Кумитаи замин вазифаи калон гирифтаӣ, ҳавобаландӣ накун Манучеҳр.Ту ба гуфти худат депутат ҳастӣ. Мардумро бар зидди мулло Муҳиддин накун ҳамроҳи падарат ва ҳамроҳи бачаи ҳоҷӣ Тақдир Саиди майдабоз.Аз худо битарсед, ислоҳ шав Манучеҳр. Маълумоти бисёр корҳоят ҳаст:- чи хел пора мегирӣ, чи хел заминҳоро документ мекунӣ. Ҳушатро дар сарат гир.
Домулло ҳамон нома мардуми Шашволонро хело ислоҳ кард. Беҳтарин барнома аст «Номаҳо аз ноҳияҳо». Худованд аз ин ҳам бештар муваффақатон гардонад ва мардуми Тоҷикистонро аз зулми амният, милиса ва фиръавни асри 21 халос кунад. Ё рабӣ, Ё рабӣ, Ё рабӣ,
Омин,Омин, Омин.
Домулло хеле корҳо созтар шуд. Вале ҳамин порагирии коргарҳои болниста кам нашуд, аз ҷумла Шафоатова Зарина бас накард. Боз як духтури дигар бо номи Муҳаммад аст, ки бо лазер дасти кудакҳоро ҳалол мекунад. Аммо беҳад гарон мегирад. Аз як кӯдак 750 сомонӣ мегирад. Аз Худо битарс доктор Муҳаммад. Ин Қосимов Иброҳим бошад ҳамон ҳамон кораш -пора гирифта гаштааст.
Солеҳзода Фатҳуддини, раиси Нуробод дар маҷлисат мегӯӣ, ки ин гапҳои хоинҳо дурӯғ аст. Хоинҳо не, мо худамон дар даруни мардум ҳастем, мебинем порагириро.
Инҷо Муҳаммадиқбол гунаҳкор нест. Инҷо шумо муҳтарам раис гунаҳкор ва коргарҳои амният ва милисаат, ки фақат муллоҳоро меқапанд. Порагирҳоро биқапед, мардуми бегуноҳро нақапед. Одамони ришдорро мебинед фақат амният ва 6 –ой отделро хабар медиҳанд. Аз Аллоҳ битарсед.
Ин қадар натарсед. Ба чанде, ки амният фишор меораду 6-ой отдел камтар гап занед. Ҳеҷ набошад ба «Ислоҳ» нависед. Бахудо баъзеи инҳо як намуд тарсончак шудаанд, ки милисаро мебинанд ё амниятро ду даста, таъзим карда салом мекунанд. Мурданатон беҳ баъзе аз мардуми Нуробод.
Ин раиси Нуробод Солеҳзодаи мундуқча ягон пешравӣ намекунад. Фақат ба баҳонаи чорабинии варзишиву наврузӣ аз мардум пул металабад.
Ва ҳоло, ки маъракаи даъват ба артиш идома дорад дар бораи хизмати аскарӣ аз саргузашти худам мегӯям.
Соли 2019 падарамро амнияти Нуробод фарёд кард.Ман Русия будам. Падарамро амният 10 руз маҳкам кард. Модарам телефон кард,ҳамин хел ҳодисаву хезу биё. Падаратро амният маҳкам кардаст. Маҷбур шудам билет гирифтам омадам. Маро акарӣ ба қушунҳои сарҳадӣ дар Душанбе бурданд. Баъд перевод карданд Помир.
Он сабабе, ки дедовшина мегӯянд, ҳамааш худи командирҳоянд. Командири рота демблҳоро мегӯяд,ки «бзанен сарбозои нав омадагира».Баъд демблҳо як солаҳоро мегуянд, ки шумо чумо ҳастед,чаро шашакоро-навомадаҳоро намезанед? Пас даъвати 6 моҳ зиёд хизмат кардагӣ шашакҳо-молодойҳоро строй мекунанд ва дар сушилка яъне ҷойи утюгкунӣ,ҷои пӯшокдӯзӣ ё ки дар баня мезананд,навдаъватшудаҳо-шашакҳо ва молодойҳоро.То ба дараҷае,ки молодойи нав омадагӣ аз ҷон безор шуда даст ба худкушӣ мезанад,ё сӯзан мехурад ё худашро мепаронад.
Охир ҳар шаб призивҳои пешомада бечораи молодойҳои навомадагиро мезананд. Соати 04:00 подём медиҳад шашакҳову молодойҳоро,то соати 06:00 пол мешаканд.Вақти полшакит, ки сари ту хам дар шикамат бо пойҳояшон мезананд, азоб мекашӣ. Барои ҳамин ҳамааш айби командири рота, старшинаи рота, прапоршикҳо. Ҳаминҳо призивҳои болоро мегӯянд, ки як солаҳоро чмо кунед. 6акҳоро мезананд. Онҳоро строй мекунанду мезананд.
Ман худам 4 дандонам шикаст дар хизмат. Мезананд дар руят ба мушт. Глоткааро меҷафанд, нафасат мегирад. Вақте глотка мезананд, нафасат мегирад, мешинӣ. Мегуянд ту бузӣ, ё …ҳастӣ. Бояд чанде мезананд хап рост биистӣ ва онҳо чанде форадашон задан бигиранд. Ин азоби задану шаллоқ бисёртар дар ротаи комендатура сурат мегирад. Ҳар шаб задан баъди ужин,то вақти хоб. То вақти хоб пушокҳои деблҳоро утюк мекунӣ, мешуӣ, пушокҳои сержантҳоро.
Хулосаи гап домулло хизмат азоб, фақат ҳақорат: апаатро фалон кунам. Гапи задагии командирро гапи дембл ба молодой як ҷаҳаннам хизмат агар биравӣ шикоят кунӣ, мезананд. Командири ротаро гӯӣ сержантҳоро фарёд мекунад ва фармон медиҳад, ки баред ин бузичаро бизанед, дигар бузӣ накунад. Қасами ҳарбӣ бо номи пешови миллат содиқона хизмат мекунам ҳаст. Хурду хурок фақат приловка, гарохшурбо, обро ба макарон меҷушонанд медиҳанат. Як хлеб ба се нафар тақсим,сер намекунӣ аз хлеб.Хурокҳои бекалория
Мардум Хумдон, мардуми Зорун, амният ҳоли ин мардумро ба танг овардааст барои облава. Бачаҳоятонро дар Русия насиҳат кунед, ки Ислоҳу Гурӯҳи 24 тамошо накунанд. Дараки ҳамаашро дорем мегуяд амният.
Дар масҷидҳо маҷлис мекунанд, кӣ менависад, медонем мегуяд. Охир рафиқ командир ман ҳамончо дар маҷлис шиштагӣ будам, дар рӯбарӯят.Гуфтед як хоин ҳаст,мо мондагиашем,нигоҳаш дорем, хуб мешносемаш. Дар ҳоле,ки ман ҳамонҷо рубаруятон шишта гуш доштам. Вале намегуям кадом қишлоқ. Чи даркор гапҳои дурӯғу воҳима мегуед. Гоҳо аз Русия мегӯед,боз меистеду аз дарун мегӯед. Барои онки намедонед, просто мехоҳед храп занед, мардумро тарсонед.
Ҳеҷ касро намеёбед, дар гӯшҳои мардум лапша кашол накунед, ин қадар, ки мо зӯрем. Ҳиҷчи нестед. Кори шумо фақат зулми мардуми бегуноҳ аст, тамом. То ҳозира ягон нома нависро нақапидаед. Ҳамаамон ҳастем, дар дохилатон ва ҳаррӯз ҳам мебинему озодона мегардем ва мушоҳида мекунем ва боз ҳамон хеле будем ба «Ислоҳ» навишта истодаем.
Мардум натарсед, инҳо ҳеҷ касро нақапидаанд. Фақат бо тӯҳмат касеро зиндон кардагианд, тамом.
