Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№367

Ислоҳ нет

Ашт,Рашт, Конибодом, Нуробод, Панҷ. Ин бор номаҳои омада аз ҳамин навоҳианд.

Муаллифи нома аз Ашт дар бораи мудохилаи мақомот дар умури мардум шикоят кардааст.

Муаллифи номаи Рашт аз бадкирдориҳои сардори милисаи Навобод навиштааст. Ин милиса мардумро доля бастааст. Надиҳед салафиятон мезанам мегуфтааст.

 Аз Конибодом дар бораи муносибати бисёр бади кормандони милиса бо мардум навишта шудааст. Муаллиф аз мақомоти болоӣ даъват кардааст, ки пеши роҳи ин корҳоро бигиранд.

 Номаи омада аз Нуробод боз ҳам дар бори камфаъолиятии раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин шикоят кард ва аз ҷангҷоли байни як муаллим бо бародари як толиба мегуяд.

Номаи омада аз Панҷ дар бораи ҳодисаи сели рӯзи 5 июн гуфтааст, ки аз навиштаҳои расонаҳо фарқ дорад. Ин нафарони зери сел монда коргарони кироя будаанд.

                Ашт

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Ашт менависам. Бовар кунед, ки дар ин ватан зиндагӣ кардан рӯзбарӯз душвор шуда истодааст. Ин мақомот ба тамоми кори мардум мудохила карда истодаанд.

Намедонам, ки аз кадом масъалааш сар кунам? Масалан аз дахолати давлат ба номгузорӣ ба навзодон сар кунам ё аз порагирии ГАИшникҳо?

Инро фаҳмидем,ки Эмомалӣ Раҳмонов бо ришу ҳиҷоб, намоз, ҳаҷ,масҷиду мадраса ва мулло, умуман ислом мушкил дорад. Аммо наход давлат ба тамоми корҳои мардум фук  халонад. Тую мотамро ҳам бояд аз давлат иҷозат гирем. Бародар Муҳаммадиқбод ин Эмомалӣ  Раҳмонов худаш ҳеҷ чизе нест. Аллакай тарсидагӣ дида истодаем дар расонаҳо, ки аз хати ниёгон гап задааст. Ба хати форсӣ мегузарем гуфта истодааст. Чун дида истодааст, ки Эрон давлати боқувват аст, вазъияти ҷаҳон чи хел аст худаш дида истодааст. Худаш хуб медонад, ки ин корҳое, ки муқобили Ислом карда истодааст, оқибаташ вой.

Ҳамеша чанд нафар амниятӣ дар намозҳои ҷумъа иштирок мекунанд. Барои чӣ? Чанд нафарро аз масҷид бурда зиндон карда буданд.

Ду- се рӯз шуд, ки ба мошин рафта истода будем. ГАИ дошт. Мошинат неисправно гуфт. Гуфтем куҷояш неисправно. Гуфт подфарник, подстпоники қафо дар нагирифта истодааст. Ронанда мошинро завадит карда боклажкаро дар педали тормоз маҳкам карда монд. ГАИшникро ҷеғ зад, чунки каме дуртар рафта буд. Стопкаи қафо фурӯзон шуд, ба ГАИ нишон дод. ГАИ ноилоҷ ва бо дили нохоҳам, ки сум канда натавонист, ҷавоб дод.

Як нафар аз рафиқонам, ки дар Русия буд соҳиби фарзанд шуд. Хост ба фарзандаш номи дилхоҳашро гузорад. Аммо гуфтанд, ки номи навзод бояд дар китоби номҳо бошад. Хулоса, пул ҳам предлагат карда буд, розӣ нашуданд дар ҷамоат.

 Ин рафиқам чанд рӯзи пеш омад. Гуфтанд, ки номи фарзандатро дигар кун, вагарна шаҳодатнома гирифта наметавонӣ. Ночор шуд, номашро иваз кард.

Ман мехоҳам бо роҳи қонунӣ, бо навиштани шикоят ба Прокуратури генералӣ муқобилияти худро ба ин гуна дахолатҳои комилан ғайриқонунӣ баён созам. Бе ягон ҷангу ҷангҷол, аз роҳи қонун, ки чаро мудохила ба ҳуқуқ ва ҳарими хусусии мардум мешавад?

                      Рашт

Асслому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин нома кутоҳ ҳам бошад, аммо мушаххас аст. Гап дар бораи сардори милитсияи Навободи Ғарм, ки чанде пеш дар ин вазифа таъин гашт, меравад. Ин сардор мардумро доля бастааст. Мегӯяд, ки «мара раиса, яъне Заррина Идиева дастур додааст. У пеш буд зиндагитон вазбин, ҳозир ҳамат қариб дар Россия ва Қазоқистон магазин дорену бизнесотон зуран. Касе доля намета гузориш метм, ки гурӯҳҳои ифроти кати ҳамкорӣ дорен». Ин началники милиса як мусафедро, ки Холиқ ном дорад ба дараҷае зери фишору таҳдид қарор дода ғам медиҳад, ки давлений зад, бемористон бурданд.

Мусафеди Холиқ ё аз Шуле ё аз Шулмак аст. Камтар молу гов дорад.

Умуман ин милиса мардуми қишлоқҳоро ба дод овардааст.

 Боз гуфтааст, ки «фигр накнен, ки и ҳамара ма тоқа мехрум. Иҷад доляи асосӣ аз раиса аст».

                Конибодом      

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Номаи ман аз Конибодом меравад.
Пеш аз ҳама ба шумо ташаккури зиёд мегӯям барои чоп кардани номаи ман дар нашри 357-уми «Номаҳо аз ноҳияҳо». Баъди нашри он Фирӯз мошинашро иваз карда дигар мошин гирифтааст: мерси хокистарранг ойинаҳояш сиёҳ рақамҳояш 0009. Албатта, инро ҳам  аз пули мардум гирифтагӣ. Аз порахурӣ шикамаш дам кардааст. Ин порахурро аз Конибодом дафъ накарданд.

Ба шаҳри худаш дафъ мекарданд, бисёр кори хуб мешуд.

 Дигар масъала. Дар масҷиди Тезгузар бо чашмонам дидам рӯзи ҷумъа 3 ҷавон ба масҷид равон буданд барои намози ҷумъахонӣ. Як нафар милиса бо номи Бахтиёр онҳоро боздошта саволу ҷавоб карда аз роҳашон баргардонд. Чунки онҳо ба синни 18 даромадагӣ набуданд.

   Чанд рӯзи ахир дар Конибодом дар масъалаи риш дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар сартарошхонаҳо риш гирифтанро манъ кардаанд. Мардум ришашро дар хона мегирад.

Дар парки Истиқлол бисёри бо риш гаштанд. Ба фикрам ё тағашон дар мақомот ё худашон бузанд. Чунки одами одии камбағалро дар кӯча бинанд сраза ришашро метарошанд.

 Як милиса ҳаст номашро намедонам. Мошинаш Нексияи сафеди 3900 ҳаст, региони Душанбе бо 01 мегардад. Худам шоҳид будам,ки як ҷавон сигор мекашид, сарбоз буд. Омад ӯро пурсуҷӯ кард ва баъд отдел буд. Маълум аст ки  дар отдел ягон сум пора мегирад баъд сарашон медиҳад. Ин сумканӣ дигар як кори муқаррарӣ шудааст дар Конибодом.

Дар Конибодом аксарияти учасиковийҳо, милисаҳо аз тарафҳои ҷанубанд. Ягон конибодомиро намебинӣ, ки дар Конибодом  милиса ё учаскавой бошад.

Ин  кормандони милитсия бояд бо мардум ранги одам рафтор кунанд. Аз пушти ранги ҳайвон рафтор карданашон як милисаро дар Хуҷанд бо кордча заданд. Бисёриҳояшон бо занону кӯдакон, пиронсолон муоимилаи безеб мекунанд. Бигзор Фирӯзро аз Конибодом дафъ кунанд, ба шаҳри худаш ба Ашт фиристанд. Аз пули мардум чандин бор мошинашро иваз кард. Боз ба чашми мардум нанамоям гуфта ойинаи мошинашро сиёҳ кардааст. Фирӯз мошинатро иваз мекунӣ, намекунӣ ба ман фарқ надорад- ту дар зери назорати ман ҳастӣ. Аз ҳарому ифлосхӯрӣ  шикамат дам кардааст.
Ба шумо бародар Муҳаммадиқбол ҳазорон ташаккур, ки дар бораи ин лаънатиҳо навиштаҳои мардумро нашр мекунед. Бигзор тафтиш кунанд ин гуна порахӯрҳои ҳаромхурро.

Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан куҷоро нигоҳ мекунад ё СС. Ятимов, ё Саидзода Шоҳрухи сабзибадаст, ё Қофлонбой, ё Рустами гунг. Шумо бояд ин лаънатиҳоро тафтиш кунед. Чунки инҳо на барои амният, хубии мардум ва оромии халқ ҳастанд. Фирӯз бо Тойота авенсус 5600, бо 9000 Ҷалилов А. Инҳо мардумро фақат ҳамчун манбаъи сумкоркунӣ истифода мебаранд. Ба давлат ва ба қонун тамоман кор надоранд. Мебароянд аз ронандагон сум мегиранд.

Дар гирду атрофи бозори Конибодом ягон роҳи соз нест. Дар шаҳри Конибодом агар аз Душанбе ё вилоят меҳмон биёяд онҳоро бо роҳи соз мебаранд, аз онҳо пинҳон мекунанд роҳҳои безебро.  
Бародар Муҳаммадиқбол. Дар ин қисмати номаам мехоҳам як қиссаи кӯтоҳи воқеъиро нақл кунам. Инро низ дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.
Дар шаҳри Конибодом бисёр соҳибкорҳо ҳастанд, ки яке аз онҳо Акмал ном дорад ва бо лақаби Акмали Мерос мешиносанд. Ин шахс бисёр як шахси бе имон аст. Аз даҳонаш ҳақорат канда намешавад. Ба занҳои шавҳардор гап зада онҳоро аз шавҳарашон ҷудо кардагӣ ҳаст бисёриҳояшонро. Бо кормандони худаш низ ба мисли ҳайвон гап мезанад. Дар вақташ ин шахс бо як нафари шинохта бо номи Мансури рэкет ҷураи ҷонӣ будааст, инро ман шунидам. Баъд ӯро подстава карда ба зиндон мефирсонад. Ин молу мулке, ки дорад ҳамааш аз они Мансури рэкет будааст.

 Баъд, вақте замони озод шудани Мансури Рекет наздик мешавад фармон   ва пули калон медиҳад, ки Мансурро дар зиндон кушед ва Мансури рэкетро бо фармони Акмали Мерос мекушанд. Ин номарди Акмал бо Мансури рэкет дар як миз мешишт чой мехӯрд, хӯрок мехӯрд, ҷураи ҷонӣ буд. Вале имрӯз аз пушти молу мулки дунё шуда, медонем, ки арзиш надорад ва ба он дунё бурда намешавад, рафиқи наздикашро кушт. Ҳозир бошад худаш кайфу сафову зинокорӣ карда гаштааст. Чанд бор ба Ҳаҷ рафт -ба хонаи Худо. Аммо Худо медонад ин ҳаҷаш қабул шудааст ё не. Ман боз шунидам, ки шабҳо Акмал соз хоб намекардааст. Ранги маркаб аз Конибодом ба Исфара ва аз Исфара ба Хуҷанд мерафтааст.

Бародар Муҳаммадиқбол, ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Бигзор мардум фаҳманд ва шиносанд, ки Акмали Мерос дар ҳақиқат як қотил аст.

                  Панҷ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар бораи як ҳодисам ваҳшатнок аз ин минтақа бароятон мегӯям. Навори ин сели ваҳшатнок, ки ҷони одамро гирифт ва ҳатто мошини Камазро печониду бурд дар Тикток ҳаст. Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш Азия плюс ҳам навишт.

Аввал мехоҳам, ки навиштаи Азия плюсро муштариёни «Ислоҳ» бихонанд:

«Дар пайи боришоти шадид ва омадани сел дар ноҳияи Панҷ як марди 52-сола, ки ба кандани сангу шағал машғул буд, ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин, сел ба манзилу киштзори сокинон ва иншооти ёрирасон хисорот ворид кардааст.

Дар ин бора Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) имрӯз, 8-уми июн ба «Азия-Плюс» хабар дода гуфт, ки ҳодисаи зери сел мондани марди 52-сола соати 15:40-и рӯзи 5-уми июн рух додааст.

Манбаъ аз фарди ҷонбохта Файзимаҳмад Раҳимов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ном бурда гуфт, ин мард дар дохили яке аз наҳрҳо ба кандану бор кардани сангу шағал машғул буд.

Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар навор дида мешавад, ки дастикам 4 мошини боркаш ва як «экскватор» дар сел дармондаанд. Маълум нест, ки дар дохили мошинҳо чанд кас буд, вале ба гуфтаи корбарон, ронандагон талош доранд, ки мошинро аз об берун кунанд.

Ҳамчунин, аз КҲФ гуфтанд, сели рӯзи 5-уми июн ба хонаву киштзори сокинон ва иншоотҳои ёрирасон дар деҳаҳои Ваҳдатобод ва Зарбдори ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ зарар расонидааст. Ҳамчунин, 70 гектар замини кишти пахтаи хоҷагии тухмпарварии ба номи Эмомалӣ Раҳмон зери обу лойқа мондааст».

Ҳоло асли воқеа чӣ аст?

Коргарҳо дар даруни чуқурии наҳре бо номи Ҷаркесган ,ки дар ҳудуди ноҳияи Панҷ аст кор мекарданд. Дар ин вақт аз тарафи деҳаи Бурбулоқ-Чашма сел омад. Инҷо асосан мардуми қалуғи Панҷ зиндагӣ мекунанд. Сел аз ҳамин самт омад. Он мардеро, ки сел бурд шофери Камаз аст. Ин одамон Камаз ва экскваторро кредит гирифтагианд. Соҳиби Камаз мурд.

 Ин одамонро началник милисаи Колхозободу Қумсангир (Ҷалолиддини балхӣ ва Ҷайҳун) киро карда овардагианд ба ин инҷо. Инҷо территорияи Панҷ аст ва ин одамон ҷангалро бояд соз кунанд. Бори дигар мегӯям, ки ин одамҳоро началник милисаи Колхозободу Қумсангир овардагианд. Дар инҷо як опел ҳам дар об рафтагӣ Номаълум, ки одамҳои даруни онро ёфтан ё не.   

Ин территория аз марзи Узбекистон сар мешавад. То инҷоро дар ихтиёри Шаҳритуз ва ҳамин се ноҳия мебошад.

                     Нуробод

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Боз ҳам аз ноҳияи пуразобу пурмашаққати Нуробод бароятон нома роҳӣ мекунам.

Аз он рузе, ки Солеҳзода Фатҳуддин дар Нуробод раис таъин шуд дар ноҳия порагирӣ баавҷи аъло расид. Муаллим тамоман беқадру эътибор гардид. Барои онки аҳамият намедиҳад. Бо мототсиклаш аз қафои куҳу пушта гашта истодааст. Мардумро фишор оварда истодааст, ки картошка коранд. Коргарҳои давлатӣ дар ҷойи корашон нестанд. Вақте идораи ҷамоат барои як справка меравӣ мегӯянд, ки коргарҳои ҷамоат дар картошкачобуқанд. Як ҳафта мекобӣ намеёбӣ.

Раиси ҷамоат Эшонов аст Очкиҳои сиёҳ дар чашмонаш задагӣ, бригадир шуда  картошкаву пиёз корида гаштааст. Мардум безор аз ин мундуқчаи Солеҳзода.

То ҳатто ин Солеҳзода низ ҷои кораш намеравад. Мардуми Тегирмиро ҳар рӯз ҳашар фарёд карда безор аз зиндагиашон кардааст. Мардум аз дасти ин ҳашарҳои Солеҳзода нимаш Душанбе рафт.

  Ин бузичаи амният Беҳруз бошад бузӣ карда гаштааст дар Тегирми. Беҳруз дар мактаби Тегирми ва дар райони кӯҳна дар ҷамоат кор мекунад. Аммо на дар ҷамоат ҳаст ва на дар мактаби Тегирмӣ, фиреб карда гаштааст, ин бузи амният.

Беҳруз мегуяд агар ман дар амният кор кунам мусафедҳои Тегирмиро аввал ришҳояшонро метарошам, сипас мардуми Лангар ва баъд мардуми Синчитро. Ин мардумонро Беҳруз шум мебинад. Беҳруз беҳад аз мулло алергия дорад. Мегуяд амният кам мекунад ҳамин муллоҳоро ғам медиҳад. Беҳад беимон аст ин Беҳрузи бузичаи Тегирми.

Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳия ба ҷойи онки коргарони давлатро гуяд пора нагиред , ҳалол кор кунед, амниятро,6-ой отделро гуяд мардумро ин қадар фишор наоред, онҳоро пуштибонӣ мекунад. Ин Солеҳзода беҳади бад мутакаббир аст. Ба ҷуз аз Рустами Эмомалӣ, гуфтааст, дигар касро ман задагӣ, дигар касро гуш намекунад.

 Солеҳов Қамар бародари раиси ноҳия ончунон кибрноку ҳавобаланд шудааст, ки худаш муаллим аммо аз ҳама худашро калон мегирад.

Вақте Солеҳзода Фатҳуддин раиси ноҳия шуда омад. Чанд маҳал пас падарашро гуфтем муборак бошад писаратон раиси ноҳия шуд. Падараш дар ҷавоби мо гуфт, ки «ҳами Нурободи клетаро доданша саргардонай писарам. Аз раиси ноҳия дида раиси ҷамоат мешуд хубтар буд».

Падараш ин гапро чандин бор ва дар ҳама ҷо мегуяд.

Ҳоло дар бораи як нафар муаллим суҳбатамро аз Нуробод идома медиҳам.

Ин муаллим Муинҷон Раҳимов аст. Як камбағал.

Як нафари дигар ҳаст бо номи Орзуев Миралӣ, ки як камбағал буд. Ин Миралӣ дар райони куҳнаи Нуробод як аптека кушод. Як сол зиёд мешавад камтар пул пайдо кардааст, аммо катагиаш аз руи миллион. Беҳуда намегӯянд, ки «нодида дид ҷошда р..».

  Дар як дарс Раҳимов Муинҷон хоҳари Орзуев Миралиро танбеҳ карда мегӯяд, ки ту харӣ, ки дарс намехонӣ?

 Ин духтарча талабаи синфи 7 мебошад. Ин гап сахташ мерасад. Баъди дарс ин гапро ба акаш Орзуев Миралӣ мегуяд. Миралӣ муаллимро бо мошини як ҷӯрааш мебаранду дар як ҷойи бе одам ва мурданивор мезанад. Мегуяд «модаратро фалон мекунам, падаратро ҳамчунон» ва дар худи ҳаминҷо мекушамат, боз ҷавобатро медиҳам: « ман пул дорам мегӯяд тарафи муаллим Раҳимов Муинҷон».

Ин гап ба директори мактаб Сайраҳмони бачаи тағои Солеҳзода Фатҳуддин мерсад. Сайраҳмон мегӯяд Муинро «хап кун ҳалаш мекунем».

Аммо ягон ток намешавад. Сипас муаллим Раҳимов Муинҷон видео карда ба радиои Озодӣ мепартояд. Эҳҳе, дигар муаллим Раҳимов Муинҷонро аз тамоми корхонаҳо хабаргирӣ меоянд.

  Баъд мудири маориф, директори мактаб, шикамбаи Сайраҳмон меояд: «инҷо чи гап? Ман дарак надорам гуфта гаштааст».

Вақте мепурсандаш, ки чи гап аст? Мегуяд байни талабаҳо нофаҳмӣ шудаст.

Ҳоло Орзуев Миралӣ пулро дар суд додагӣ. Суди ноҳияи Нуробод хомуш аст. Фикр мекарданд, ки ин муаллим камбағал аст ягон шикоят карда наметвонад. Ҳеҷ кас аҳамият намедод.

 Орзуев Миралиро аз хобаш бедор карданд. Боз изо намекашаду мегуяд «ман ҳичиш нагуфтам». Дар ҳоле, ки  бечораи муаллимро нимкушта кардааст. Боз ба гардан намегирад.

 Ин Орзуев Миралӣ пул дорам гуфта гаштаст. 5 шабонарӯз маҳкам карданду тамом Аммо Раҳимов Муинҷонро 1560 сомонӣ штраф карданд. Бегуноҳро боз гунаҳкор мекунанд.

  Ин ҳама аз беҳмиятӣ ва нотавонии раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода аст, ки фақат куҳ ба куҳ гашта коргарони давлат чи коре мекунанд, дар муассисаҳои давлтӣ чи гапу хабар аст парво надорад.

Share This Article