Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №368

Ислоҳ нет

Ин бор ду нома аз Ваҳдат, як нома аз Нуробод ва як номаро аз Волгоград дар барнома ҷой кардем. Номаи аввали Ваҳдат дар бораи Раҳмоналӣ Амирзода, собиқ раиси ин шаҳр ва боздошти муовинҳои раиси ин шаҳр аз тарафи Прокуратураи генералӣ маълумот медиҳад. Аз ин нома хоҳед фаҳмид, ки Раҳмоналӣ Амирзода як духтари чени набераашро дар Ваҳдат чанд соли пеш ба никоҳи худ дароварда ва ҳоло аз вай се фарзанд доштааст. Аммо ин духтар дар масъала фурӯши замин ва дигар умури шаҳри Ваҳдат ба шавҳараш маслиҳату машваратҳо медодааст, агарчи зан ё занҳои дигари ҷаноби Раҳмоналӣ Амирзода ва ҳамчунин фарзандони вай аз вуҷуди вай бехабар будаанд.

 Аз Нуробод дар бораи Сиёвуш, куратори амният навиштаанд. Ба гуфтаи муаллиф Сиёвуши амниятӣ «дар як маҷлиси Нуробод ҳамаи муллоҳо, имомҳо ва раисони маҳалҳоро ҷамъ карда гуфтаст, ки Муҳаммадиқбол бо амният ҳамкорӣ мекунад ва кадоме ҳамроҳи вай бошед 15 рӯз баъд номерҳоятонро мегирам аз Муҳаммадиқболи Садридин».

Дар номаи дуввуми дарёфтӣ аз Ваҳдат дар бораи бар ивази беш аз сад ҳазор доллар раиси ҷамоат таъин шудани як нафар духтур гап меравад. Раиси ҷамоати Ромит дар ҷойи худаш ин нафарро оварда 40 ҳазор ва нафаре баландмақом дар Прокуратураи генералӣ 80 ҳазор доллар мегиранд. Ҳамчунин дар ин нома аз баъзе аъмоли ғайриахлоқии чанде аз сокинони ин дара гуфта шудааст. 

Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград дар номааш мегӯяд, ки иллати афзоиши садама ва маргу мир дар роҳҳои Тоҷикистон ширкати «Фароз»-и Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов аст. Чаро вай чунин даъво кардаастро дар номааш ташреҳ кардааст.

                 Ваҳдат

Ассалому алайкум марди муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, ки ҳамеша хубу хуш бошед, бародари гиромӣ. Ин шо Аллоҳ, ки «Ислоҳ» ва навиштаҳои он оқибат таъсир мерасонад ва натиҷаҳои муборизаҳои онро барои мисол худи ман дида истодаам.

Мову шумо чандин нома ва навиштаҳои алоҳида дар бораи қонуншиканиҳо ва фисқу фасоди мақомоти шаҳри Ваҳдат чоп карда будем. Ҳоло тибқи хабарҳое, ки аз Ваҳдат ба дасти ман расид (феълан дар Амрико ҳастам) Прокуратураи Генералии Тоҷикистон панҷ нафарро аз ҳукумати Ваҳдат боздошт кардааст. Заминҳои маҳаллае бо номи Замбур дар ин шаҳр таҳти контроли бевоситаи худи Президент будааст. Ин панҷ нафар дар вақти раисии Раҳмоналӣ Амирзода дар шаҳри Ваҳдат ин заминҳоро 6 сотихӣ карда ҳамчун учсткаи наздиҳавлигӣ фурӯхта буданд. Ҳамаро фурӯхтаанд ва мардум дар инҷо хонаву котеҷҳои гаронбаҳо сохтаанд. Аммо акнун онҳо маҷбуранд, ки ин заминҳоро баргардонанд. Чунки ин заминҳоро Амирзода Раҳмоналӣ (аз рафиқони қадимии худи Эмомалӣ Раҳмонов, аз Муминобод, ки дар бораи ин нафар «Ислоҳ» хеле зиёд навиштааст) ғариқонунӣ тақсим карда будааст.

Аз миёни ин панҷ нафар якеаш дар Ҳисор муовини аввали раис шуда буд. Ӯро ҳам қапида овардаанд. Онҳо показания додаанд, ки ҳамин заминҳоро бо дастури Амирзода Раҳмоналӣ тақсим, яъне фурӯхтаанд. То онҷое бачаҳо хабар доданд Раҳмоналӣ Амирзодаро ҳам ду-се бор ба прокуратура даъват кардаанд, аммо ҳоло маҳкамаш накардаанд. Маълум аст ки ӯро то худи Ҷаноб иҷозат надиҳад ин собутилникашро дастгир намекунанд. Ҳоло тафтишот идома доштааст.

 Ин Раҳмоналӣ Амирзода дар Ваҳдат корҳои бад бисёр кардагӣ аст. Чанд соли пеш як духтари чени набераашро гирифт, намедонем чандум занаш бошад. Аз ин духтар се бача дорад. Бо ҳамин занаш замин мефурӯхт, ҳамаи движенияҳошро ҳамроҳи ҳамин занаш мекард. Падари ин духтарро танзими ноҳия монда буд. Беҳад инсони касиф ин танзим. Ҳатто дегҳои хайру худоиҳои мардумро ҷарима мекунад.

Бачаи Амирзода Раҳмоналӣ аз зани аввалаш дар шаҳри Ваҳдат муовини прокурори шаҳр аст. Амирзода Раҳмоналӣ гуфтааст, ки ҳаракат мекунам, ки бачаамро дар курсии Прокурори Генералӣ  шинонам, баъд бимирам беормон меравам.

Як ҷияни Рамазон Раҳимзодаи МВД бо номи Илҳом дар ОБНОНи Ваҳдат началник аст. Пойи додари ҳаминро духтурҳо буридаанд, чи касал, гуфтанд диабети қанд шудааст. Инҳо, ана ҳамин тавр муҷозот мешаванд.

Бародари зани аз Ваҳдат гирифтаи Раҳмоналӣ Амирзодаро дар ГАИи республика ба кор мондаанд, аз куҷое диплом гирифта додааст. Дар ҳоле, ки ягон ҷоро нахондааст.

Раҳмоналӣ Амирзода, собиқ раиси Ваҳдат ба занаш гуфтааст, ки «тура бачаи ман нафаҳмад, ки ма да иҷа зан гирифатагиюм. Бачам дар прокуратура, бфаҳма проблема меша».   

Ҳозир Раҳмоналӣ Амирзода ,ки дар пенсия аст бо Неъмати савзибадаст дом сохта истодааст.

Амирзода Раҳмоналиро бо шайкаи ғоратгарашва ин гуна вазъият боз давом мекунад. ( Дар мавриди ин ҳамсари Амирзода Раҳмоналӣ агар маълумоте дошта бошед фиристед Ислоҳ) Аммо айни замон тафтишот давом дорад. Инҳоро мо расонаӣ накунем ин муфаттишҳо пораро мегиранду ҷавоб медиҳанд.

                      Нуробод

Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Аз мухлисону ҳаводорони ҳамешагии «Ислоҳ» ҳастам. Худо шоҳид, на танҳо ман, аксарияти кулли ҳамдеҳаҳоям мухлиси сахти Ислоҳанд. Ҳамакаса тамошо мекунанд, лаззат мебаранд.

  Мо, ҳамаамон бар зидди Раҳмонов ва ҳукумати вай ҳастем ва намехоҳем, ки вай бо ҳамроҳии Озодаву Рустаму дигар бачаву духтарҳову авлоду ҳамшаҳриҳояш дар сари ҳукумат бошанд. Ман ба канали «Isloh live» (UCW8mKjwWTt8Yw79s8tRxGwg )  обуна шудаам ва дар Гугли  https://isloh.tv  Ислоҳ 7 лайк мондам.

Домулло, як хоҳиш дорам. Илтимос, дар бораи Сиёвуш-куратори амният дар райони куҳна, ки ба ҷони мардум задааст, як барномаи муфассал нашр кунед.

Мардуми муҳоҷире, ки дар Русия машғули кор ва зиндагӣ ҳастанд ба хонаи падару модарҳояшон меравад. Мегӯяд, ки писарат дар Инстаграм навори муллоҳоро мепартояд, Муҳаммадиқболро тамошо мекунад. Ва ҳамин гуна шайтонгариҳо мекунад.

 Як бачаро Сиёвуш занг зада фиреб дода гуфтааст, ки «ман ҳамроҳи Муҳаммадиқболи Садридин гап задам, ту барои вай нома менависӣ. 50 ҳазор сомонӣ ваъдааш кардам Муҳаммадиқбол туро фурӯхт».

 Дар маҷлиси Нуробод ҳамаи муллоҳо, имомҳо ва раисони маҳалҳоро ҷамъ карда гуфтаст, ки Муҳаммадиқбол бо амният ҳамкорӣ мекунад ва кадоме ҳамроҳи вай бошед 15 рӯз баъд номерҳоятонро мегирам аз Муҳаммадиқболи Садридин. Ин гапҳоро ба мардуми Нуробод  гуфтаст

  10 руз пеш як бачаро занг зада гуфтааст, ки ту дар интернет ба барномаи мухолифҳо лайк мондаӣ. Агар хоҳӣ корат хап шавад, худат ором гардӣ, 150 ҳазори русӣ парто хап мешавад делат намекунам вале агар напартофтӣ, корат тамом.

 «Ма куратори райони куҳна- Сиёвуш ҳастам, лубой кас кати бро, ма ҳиҷкаса гуш намекунум».

  Ва бо ҳамин гуна таҳдиду дағдаға ва тарсу воҳима ба деҳа,ба назди модари ҳамон нурободӣ рафта ӯро тарсонидааст. Он модари бечора давлений-фишорбаландӣ доштааст. Ба вай таҳдид карда гуфтааст, ки «писарат хоини миллат ҳастай, бар зиди ҷанобай. Агар ягон каси дигарда гуен делашро хиёнаткори давлат мезанам. Бачата бгу пула худумда равон куна корша ҳал мекунум». Ин модари мазлумаи мушти парро сахт тарсондааст. Ин модар аз қишлоқи Шашволон аст.

  Боз дар деҳаи Сайдон ва  қишлоқи дигар, ки Тутхор, ном дорад ҳамин гуна занҳо-модарони муҳоҷирони кориро фишор овардаву тарсонидааст.

 Дар райони куҳна буз доштааст. Ва ба ин буз супориш медодааст ва мепурсидааст, ки аз Русия, ки соз пул равон мекунад? Бузҳояш маълумот медодаанд. Сипас ин Сиёвуши амниятӣ ба сари ҳамон модар ё падарҳо мерафтаасту таҳдид мекардааст, то пул кор кунад. Гапи задагиш ҳамин аст Ма куратори амният ҳастам, фаҳмиден?. Онҳо ночор мешаванд, ки ба ин пора диҳанд

 Хоҳиш аз шумо, ки дар ин бора дар «Минбари муҳоҷир» гап занед ва огоҳӣ диҳед, ки Сиёвуш беҳуда ва бо туҳмат мардуми ғарибро ғам надеҳ!

                   Ваҳдат

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол. Ман маълумотҳои зиёдеро дар бораи дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ба шумо фиристода будам, ки як қисми онро дар барномаи «Семейканюс»-и шумораи охир ҷой додед. Ташаккур ба шумо ва умед дорам номаҳои дигари моро дар барномаҳоятон ҷой хоҳед дод. Ҳозир маълумоти нав ин аст ки Хурсанд Мирзоева, раиси ҷамоати Ромитро аз вазифааш гирифтанд. Дар байни мардум мишмишҳо ҳаст ки Хурсанд Мирзоева ба Дастгоҳи  иҷроия ба назди Озодабону мерафтааст. Вазифаашро бар ивази 40 ҳазор доллар ба Диловар Солеҳов фурӯхтааст. Диловар ҳамсинфи Бахтовар аст. Генерал Бахтовар, ки дар Прокуратураи генералӣ кор мекунад ва дар борааш дар номаҳои фиристодаам гуфта будам аз Диловар барои раиси ҷамоати Ромит шудан 80 ҳазор доллар пора гирифтааст.

Диловар Солеҳов Ромитӣ аст, бачаи Шомиддини алкаш. Вай духтур аст, дар бемористон кор мекунад. Вақте пулро ба Хурсанд Мирзоева медиҳад (40 ҳазор доллар) мегӯяд, ки

« ма духтурм ба чхели кор мекнм?»

Хурсанд Мирзоева механдаду мегӯяд, ки «пешво петеушник буд, ай соли 92 кор кадестай. Натарс, худум дар барут ҳастум».

 Бахтовар дар кругаш гуфтааст, ки

«Мазаи пешво петеушник нест. Даже вахти хоб да ҷояш тар мекна».

Вақте аз Диловар Солеҳов ин пулҳоро мегирад гуфтааст, ки «и пул то болора мера, ма хдм тоқа намехрм». Бахтовар Диловар Солеҳовро насиҳат кардааст, ки «хушру пулта ай мардуми Ромит кор кун, то ма да вазифа ҳастм да пуштут меистум, лекин марам пул те». Бахтовар Диловар Солеҳовро таъкид ва огоҳ кардааст, ки «Ҷаноб барои Ромит назорати сахт мебарад. Дар оянда инҷо бисёр навигариҳо мешавад. Ҳушёр бош».

 Бояд дар ҷойи Хурсанд Мирзоева Ҷовиди писархоли Бахтовар меомад, аммо пулаш камӣ кардааст.

Диловар Солеҳов 2 Камаз, 2 мехлапат ва корхонаи блокрезӣ дорад. Боз гуфтанд, ки аз тағоияш 25-30 ҳазор доллар қарз кардааст. Тағояш аз Ромит аст. Бачааш криптовалюта кор мекунад. 70 одамро фиреб карда дар номҳояшон карта сохт ва барои карта 200-300 сомонӣи медод. Вале соҳиби картаҳоро ба амният рост подвал  мебурд ва 10000 ҳазор сомонӣ зиёд аз ҳар одам мегирифт.

Ин бачаи тағоияшро бурда буданд. Мегӯянд, ки ҳозир пулҳои Озодаи духтари Раҳмоновро дар криптовалюта тоб медодааст.

 Ду хона дар Ваҳдат дорад, ки арзиши ҳар кадоме аз онҳо аз 50 ҳазор доллар зиёд аст. Мошинаш БМВ 80 ҳазор доллар зиёд нарх дорад.Тағоияш бошад мудом маст ва дар сари Лексусашҳам маст мегардад. Ягон ГАИ манъ намекунад.

  Мирзовева Хурсанд «параи апам (Озода) мерам, пулша додагим. Вай мара дуст медора, ма чанта одамои хафнока қапидм ҷанги ҳоҷӣ Ҳалимда, у мада бовар дора», гуфта гаштаст. 

«Ҳичиям нашавум райиси шаҳри Вахдат ба я занги телефон мешам», гуфтааст Мирзоева Хурсанд. 

Додари Диловар Солеҳов, ки акнун риси ҷамоати шуд чанд сол пеш бо як зани шудор зино мекард. Он занро шавҳараш сар дод. Ин зан духтари Ҷурахон аз Ромит аст. Даже СПИД шуда буд.

Амаки Диловар Солеҳовро Мирзоқул мегӯянд. Бачаи ин Мирзо Дилшод ном дорад. Зани Дилшод духтар раиси пешинаи «Барқи тоҷик» буд. Ин Дилшод дар Ваҳдат част соз кард ва аз инҷо гарений пул кор кард. Сахт дуздид. Дар вақти ҷашни 3000 солагии Ҳисор дар соли 2015 чойхонаи «Харбуза»-и Муродалӣ Алимардонро кори сохтмонашро гирифта буд. Аз онҷо ба гуфтаи худаш 2 миллион сомонӣ кор кардааст.

Худи ин Мирзои қул як инсони фосиқ аст. Духтарҳои студенти якумкурсро оварда бо онҳо зино мекард.

 Дар Ромит 40 замин зиёд фурухтааст ба мардуми Ромит. Мардум хона карданд, аммо то ҳозира документ надоранд.

Бародари бузургвор, дигар ҷое барои арзу дод ва нашр надорем ҷуз Ислоҳ.

 Агар пеши мақомоти Тоҷикистон равӣ бе гуноҳ бошӣ ҳам, тюрмаат мекунанд, ки  ту чаро аз сиёсатҳои пешво розӣ нестӣ?

Як нафар ҳаст бо номи Субҳон Одинаев. Субҳон Одинаев бачаи Миралӣ бо зани Рамазони додари Шоҳасан мегардад ва боз бо чанд зани дигар зино мекард. Ҳозир дар Русия асту занаш бошад бо як ҳамсинфаш аст. Занаш аз деҳаи Явроз аст.

 Бародар, бигзор ҳамаи ин навиштаҳои ман нашр шаванд. То кай ин ҳаромиву ҳаромгардӣ давом мекунад?

 Мардуми Ромит 70% зиёд дар Русия кор мекунанду инҳо бошанд дар инҷо ба зинову ҳаромгардӣ машғуланд.

 Ин Субҳон Одинаеви беномус баъди зино таъриф мекардааст, ки зани кадомаш зур будаст….Тавба. Инҳо на имон ва на ислом доранд.

 Устоди меҳрубон дар омади гап. Я гапи шумора бачаам ёд гирифтааст. Агар шоколад, яхмос ё тарбузу харбуза хона набиёрам 

мегуяд «чоплус». Гуфтам аз кӣ ёд гирифтӣ? Мегӯяд аз бобоям. Шуморо бобо мегӯяд.

Як чизи дигар. Дар боло дар бораи криптовалюта гуфтам. Бачаҳои Баҳодури Ҳасан Маҳмадалӣ ва Манучеҳр мардуми деҳаи Хушонро барои карта сахт фиреб карданд. Аз карта ба инҳо 200 сомонӣ медоданд. Аммо худашон 50-60 ҳазор сомонӣ зиёд фоида карданд.

Аз раиси нави ҷамоати Ромит Диловар Солеҳов хоҳиш дорам мардуми Ромитро зулм накун, ғазаби Аллоҳро набиёр. Дидӣ, ки бародарат бо мошини Камаз авария карду ҷон дод.

 Ҳозир чанде аз бузичаҳои Ромит Мулло Ашӯралӣ, Шоҳасан. Яъқуби Асо, ки бо хоҳари Шоҳасан қапида буданд. Комили таксии бародари Мулло Ҳошим Русия рафтаанд. Ин Мулло Ҳошим як бузи шохдор буд

Ба Баҳодури Ҳасан гуфтаниам, ки чи хеле ба духтарҳои мардум дастдарозӣ кардӣ, инак духтари худат ба ин роҳ рафт, ними Ромитро таъмин ва сер кард ва акнун шавҳар кард. Ҳамчунин ба Хушбахти Рустами Давлатмурод гуфтниам,ки духтарони мардумро бадном кардӣ, ҳоло хоҳари хурдиат ба ин рӯз гирифтор шуд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки чизеро, ки мекуед, ҳамонро мебинед.

Устоди азиз,боқӣ дар амони худо бошед. Аммо хоҳиш мекунам, ки номаҳои фиристодаи маро дар як барномаи алоҳида нашр кунед.

               Волгоград

Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Чанд рӯи пеш хабари дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расидани як ҳамсинфамро шунида хеле ғусса хурдам. Ин ҳодиса дар роҳи Бохтар -Қурғонтеппаи пешина руй дода буд.

Вақте ин хабарро аз як ҳамсинфи дигарам шунидам, вай гуфт, ки таксисте, ки ҳамсинфи мо дар мошинаш буд, таҷрибаи рондани мошинро надоштааст. Бадтар аз ин маълум мешавад, ки ҳатто қоидаи ҳаракат дар роҳро ҳам намедонистааст.

Вақте чун одати ҳамешагӣ сайтҳои нашрияҳои Тоҷикистонро мутолиа мекардам чашмам б як навиштаи СССР афтод, ки зери сарлавҳаи «Эҳтиёт ними ҳаёт» нашр шудааст. Ин мақолаи хубро хондам. Муаллиф дуруст қайд кардааст, ки ҳодисаҳои автоавария солҳои ахир хеле зиёд шудааст, ки бар асари он одамҳои зиёд мутаассифона аз дунё мераванд. Яке зану фарзандро танҳо мегузорад, яке шавҳар, хулоса бар асари ин фоҷиаҳо хонаҳо ба ғамхона табдил мешаванд. Муаллиф дуруст қайд кардааст, ки солҳои пеш роҳҳо ноҳамвор буданд ва ронандаҳо ночор оҳиста ҳаракат мекарданд. Аммо ҳоло бештари роҳо мумфарш ва тахту ружданд. Ронандаҳои нохонда ва праваро харидагӣ бо суръати баланд ронда боиси садамаҳо мегарданд.

Ман чи гуфтаниам? Ин навишта хуб аст, ки масъаларо бардоштааст. Аммо иллати асосӣ ба назари ман ин аст ки ронандаҳо, ки боиси автоаварияҳо мешаванд аксарият ҳуҷҷати ронандагиро харидагианд.

Гап дар он аст ки ҳозир дар тамоми шаҳру навоҳӣ ҳатто дар деҳаҳо мактабҳо ё курсҳои ронандагиро ширкати «Фароз» ба роҳ мондааст, ки онро касе назорат намекунад ва ин курсҳои ронандагӣ ҳадафашон фақат пул аст. Барои ҳамин сабабгори асосии ин садамҳои маргбор ширкати «Фароз» ва нафси бади роҳбарияти яъне Шамсулло Соҳибов ва Рухшона Раҳмонова аст.

Дар Қирғизистон чунин мактаб ё курсҳои ронандагиро, ки ғайридвлтӣ буд, мисли «Фароз»  бо як фармони худ президенташ Содир Ҷабборов баст ва ҳамаро аз нав ба ихтиёри ГАИ-БДА супорид.

Бигзор дар Тоҷикистон ҳам чунин шавад. Аз «Фароз»  ҳақи додани права гирифта шавад.

Share This Article