Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» № 371

Ислоҳ нет

Номаҳои воридшуда аз шаҳри бостонии Кулоб, аз ноҳияи Панҷ ва аз Нурободро барои ин шумора омода намудем.

 Муаллифи нома аз Кулоб мегӯяд, ки журналист аст: «Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба расонаҳо ҳамкорӣ як тараф истад, ҳатто аҳамият намедиҳад. Масалан дар бораи ҳамин раисҳо, Бахтиёр Назарзода, Абдусалом Тухтасинзода, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, махсусан нашрияи ё поёгоҳи шумо «Ислоҳ» борҳо навишт ва ҳукуматро ҳушдор дод, ки ин нафарон ҳам замин мефурушанд, ҳам пора мегиранд ва ҳам аз мансаб суистифода мекунанд. Оқибат гуфтаи шумо шуд».

Аз ноҳияи Панҷ дар бораи як схемаи пулкоркунии корманди ВКД,махсусан УУР навиштаанд. Муаллиф мегӯяд, ки барои онки уголовникҳо кор кунанд, резултат дошта бошанд, худашон тибқи нақша мардумро ба самти ҷиноят тела медиҳанд:  «Дар Панҷи поён махсус таксӣ ҳаст, мегузаронад -миллион доллар, ҳаррӯз. Аз дигар одамҳоро. Азбаски он одами моро уже мешиносанд, он таксӣ ба гардан намегирад. Вале як касро нишон медиҳад ва ин одам пешаш меравад. Амният меқапад, медароранду мезананд. Амният як миқдор аз сари пул мегирад, ҷавоб медиҳад.»

 Вале номаи Нуробод, ки идомаи мантиқии номаҳои пешин аз Нуробод аст аз амниятиҳо ва 6-ой отдел сахт изҳори нигронӣ мекунад:

 «Мардумро яктоякто фарёд мекунанд:- «бачат дар Расия чи кор мекунад. Видеовизов занг мезанад бо падарат. Агар риш дошта бошӣ вой бар ҳоли туву падарат.

Ҳамаи қишлоқҳои Нуробод дар ҳамин ҳолатанд. 6-ой отдел ва амният ҷони ин мардумро дар каду маҳкам кардаанд». 

                 Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман шуморо шахсан намешиносам. Аммо сайти шуморо ҳамеша мутолиа мекунам.

Маро дар ҷумҳурӣ бисёриҳо мешиносанд. Ман журналист ҳастам. Навиштаҳои расонаҳоро ҳамеша мутолиа мекунам. Ҳозир ҳам, ки дар нафақа ҳастам ва дар як коллеҷ дарс медиҳам шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан фесбук ва сайтҳо Озодӣ, Азия плюс, Ховар, Ҷумҳурият, ки солҳо дар он кор кардаам ва махсусан Ислоҳро мутолиа мекунам.

Ман аз таҷрибаи рӯзноманигории худам мегӯям.

Солҳои пеш, дар давраи шӯравӣ нақши матбуот бисёр калон буд. Агар як мақолаи танқидӣ дар газетаи ноҳиявӣ, вилоятӣ чоп мешуд гапи калон мешуд. Вале агар дар газетаҳои ҷумҳуриявӣ ва марказ-Москва чоп мешуд, дигар тамом, капаи он раису вазиру хуллас мансабдор дуд медод.

Масъала ҳатман дар мақомоти болоӣ муҳокима карда мешуд ва боиси баргузории ҷаласа мегардид. Танқид ҳатман кора мекард, ҳукумат вокуниш нишон медод. Нафарони интиқодшуда ҷазо мегирифтанд.

Аммо ҳозир чӣ?

Ҳамин чанд рӯзи пеш дар Озодӣ хондам, ки Бахтиёр Назарзода, раиси пешини Кулобро ба тафтишот бурдаанд ва чанд нафар муовин ва сардорони раёсати ин шаҳр дастгир шудаанд. Инҳо дар тақсими ғайриқонунии замин, дар суистифода аз мансаб, дар дуздии маблағи бюҷет муттаҳам мешаванд ва шаке нест, ки Бахтиёр Назарзода ҳам дастгир шавад.

Дар моҳи январи соли гузашта айнан бо ҳамин гуноҳҳо Абдусалом Тухтасинзода, раиси собиқи Конибодом дастгир шуда ва баъдан 12 сол ҳукм гирифт.

Дар бораи раиси пешини ноҳияи Рудакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҳам ҳоло ҳамин гуна овозаҳо аст ки дастгир хоҳад шуд. Ин нафарро, ки муовини аввали Прокурори генералӣ ва генерал буд, ба ноҳияи Рӯдакӣ барои он оварда буданд, ки ҷилави бебандуборӣ, заминфурӯшӣ дар инҷоро бигирад. Аммо тавре аз расонаҳо огоҳ шудем худаш ба ҳамин роҳ рафт.

Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба расонаҳо ҳамкорӣ як тараф истад, ҳатто аҳамият намедиҳад. Масалан дар бораи ҳамин раисҳо, Бахтиёр Назарзода, Абдусалом Тухтасинзода, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, махсусан нашрияи шумо «Ислоҳ» борҳо навишт ва ҳукуматро ҳушдор дод, ки ин нафарон ҳам замин мефурӯшанд, ҳам пора мегиранд ва ҳам аз мансаб суистифода мекунанд. Оқибат гуфтаи шумо шуд.

Ба хотири Бахтиёр Назарзода, Аҳмади Иброҳим, рузноманигори маъруфи кишвар дар минтақаи Кулоб дастгир ва ба даҳ сол зиндон маҳкум карда шуд.

Ҳамин ҳоло ҳам рӯзномангорон дар бораи Қурбоналӣ Юсуфов (императори Вахш) ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ мақолаҳои изтиробангез менависанд, ки ин раисҳо дасту дили пок надоранд. Аммо боз ҳам ҳукумат гӯши худро ба карӣ мезанад, ниҳодҳои зирабт худро ба нофаҳмид зада истодаанд.

Абдусалом Тухтасунзода, се сол ва Бахтиёр Назарзод беш аз панҷ сол раиси ноҳия ва шаҳри калонтарин буданд: Конибодом ва Кулоб. Ҳамроҳи ин ду раис чандин нафар мансабдорони зердасташон ҳам дастгир ва ҳукм гирифтанд. Ин чӣ маънӣ дорад? Онҳоро мешавад ҳамчун ОПГ-гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ҷазо дод. Балки инҳо аз ОПГ ҳам бояд сахттар муҷозот шаванд. Чунки инҳо масъули мақомоти давлатианд. Вақте масъулон, раиси ноҳия ва шаҳр ва зердастонаш ҷиноят содир мекунанд, ба давлат обрӯ намемонад. Чуноне, ки имрӯз бо вуҷуди ҳама ваҳму воҳимаҳо давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар назди мардум обрӯ ва эътибор  надорад.

 Барои чӣ? Барои онки ин раисҳо, ки меоянд худро дар ноҳия ё шаҳр хӯҷаини мутлақ мегиранд. Ва чи коре хоҳанд ҳамонро иҷро мекунанд. Барои худашон др тамоми ҷамоату деҳаҳо замин мегиранд, барои тақсими замин пора мегиранд, барои қарори дом, қарор барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмони ягон иншооти савдо, хуллас барои  ҳама чиз пул мегиранд. Пули пора ва кам ҳам не. Ин ҳолат дар як, ду ноҳия бошад, шояд мегуфтем, ки кори худашон аст. Аммо вақте дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамин тавр аст, масалан аз Душанбе то Ванҷ ҳамин ҳолат аст, пас, бармеояд, ки боло аз ҳама чиз хабар дорад. Барои ҳамин Абдусалом Тухтасинзода пешвои муаззами Конибодом мешаваду Абдуҷаббор Зардиев, раиси пешини Кулоб Президент дар Кулоб ва Қурбоналӣ Исуф-Қурбони бех императори Вахш.

   Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ буд, чаро бояд ҳатман раиси ноҳия шавад? Дар ноҳия Сино раис шуд, чи пешрафт овард? Аз онҷо гирифтанд оварданд Бобоҷон Ғаффуров ,чи кор кард. Фақат замин фурухт. Боз бурданд Рӯдакӣ.

Дар бораи инҳо Ислоҳ чанд бор навишт. Номаҳои мардум чоп шуд. Чаро ҳукумат бовар накарду намекунад?. Бахтиёр Назарзода ончунон наглигӣ кард, ки ҳайкали модарашро монд. Ин ҳукумат мутаассифона матбуотро рӯи хуш надорад. Ба хотири Бахтиёр Назарзода Аҳмади Иброҳим 10 сол ҳукм гирифт. Магар Аҳмади Иброҳим дурӯғ гуфта буд. Зарари расонидаи Исмати Дулик аз миллиард боло аст. Ӯро раҳо карданд. Аммо Аҳмади Иброҳимро не. Чаро? Мутаассифона ана ҳамин адами таваҷҷӯҳ ва ба чашми душман шинохтану донистани матбуот аст, ки вазъият чунин аст.

                   Панҷ

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Панҷ менависам. Ин ҳодисаи ҳамин шабурӯзҳо аст ки бо худи ман руй дод.

Мо бо шаҳрвандони Афғонистон тиҷорат доштем. Чи ҷойи пинҳон кардан, ки гоҳо молҳое ворид мекунем, ки бидуни гузаронидани расмиёти гумрукӣ -яъне бе растаможка, қочоқӣ сурат мегирад. Шираи камол мегузаронем аз ин тараф. Як одам арақ мехарид, мегузарондем.Хулоса, ҳамин хел корҳо мекардем. Аз ин пара ва аз он пара мол мегузаронидем.

 Як рӯз як кас маро занг зад. Дар бораи пул гап зад. Гуфт якҷо як пул дорам. Як кас бояд бигирад. Ман ӯро бовар кардам ва одам  фиристодам. Пулро аз Душанбе гирифтанд ва ба як каси дигар дар Қурған доданд. Вай Панҷи поён бурд. Он нафарро амният қапид. Пул додему баровардем аз амният.

 Дидам, ки « ҳамихели гапай, ма гуфтум одами мара ҷавобша бгардон. Пула да дасти бародарум додум. Ҳамаи ҳамиёра омад УУР ҷамъ кад бурд. Я вақт тайи гапу кора фаҳмидем. Одамора пул дода баровардем. Ҳамин як одам да друн гуфт, ки бо маслиҳати ҳамин кора доранд. Якчанд каси дига планшонда, пул додестан. Пулут метан, ба шинос меоянд ё ки афғон ай иҷа занг мезана, шинос дора, «биё ҳами пули мара биёр». И ҳами пула мета. Мерӣ ройӣ мекнӣ статяи 200 да пешонитай. Ё ки пул метӣ ё ки стаяи 200 да пешонитай

Бародар мақсади гап чӣ?

Бубин: « ина ман шинос дорум. Мо кор мекардем- доду гирифт. Байни мо боварӣ ҳаст ку. Кор кардӣ бо одам, бовараш мекунӣ ку. Яке мебинӣ, ки тавассути ҳамон одам қапиданат».

Инҷо фарқ надорад, афғон ҳам мефурушад ва аз дарун через одамҳои одӣ меёбанд. Мутаассифона одамҳое ҳастанд, ки ба пул эҳтиёҷи шадид доранд. Ҳаминҳоро истифода мекунанд.

Ғайр аз ин худи УУР одамҳо дорад. Мегӯяд, ки биё ҳамин пулро медиҳам ҳаминро роҳӣ кун. Масалан через Туркия ё прямой Афғонистон.

 Барои  ана ҳамин қадар кор одамҳоро бурда маҳкам карда истодаанд. Кадоме, ки шароиташ соз аст, пул дода халос мешавад, кадоме, ки надорад бо статяи 200 ё ки переводи пул ба гурӯҳҳои террористӣ проблема карда истодаанд. Именно УУР карда истодааст.

Ман паспорти он афғон, адреси ӯ ва як номерашро, ки бо мо кор мекард, додам. УУР зангаш задааст. Вай дигар бо мо ба алоқа набаромад. Чунки аввал гуё аз ман хафа шуд. Вале баъд таги корро фаҳмидам. Пас, худам сар кардам. Қарзу қавола карда боз ӯро баровардем. Ҳозир мо бо он одам гап намезанем. Ҳамаи номерҳояш пеши ман ҳаст. Номери ватсапаш аз Русия аст. Мо бо он афғон, чи хеле гуфтам қочоқӣ ҳам кор карда будем.

Ман аз он афғон ин хелӣ бовар надоштам, ки маро ин хелӣ кор мекунад. Бо худи ман ин кор руй дод.

 Баъде, ки ин одами мо баромад бо вай гап задем, гуфт, ки ҳамин хелӣ нақша доранд: « дар пешам як зану як мардро барои ин кор омода карданд, ҳоло роҳӣ карда истоданд».

Ба як шиносам занг мезанам ва ин масъаларо мегуям.

Гуфт, ки худам дар ин бало задам. Як ҷиянамро бурданд, ҳоло маҳкам аст. Пули калон гуфтанд, наёфтем. УУР бурдагӣ аст.

Гуфтам чи хел?

Гуфт ӯ ба Туркия перевод кардагӣ аст.

Зимнан аввал ҳамин афғон гуфт, ки пулро Туркия роҳӣ кардан даркор. Гуфтам, ки дар Туркия одам надорам. Гуфт аэропорт меравӣ, медиҳӣ. Вале гашту гуфт, ки хуб, бошад, биёрад Панҷи поён. Вақте одами мо Панҷи поён бурд дар онҷо амният тайёр истодагӣ, қапиданд.

Дар Панҷи поён махсус таксӣ ҳаст, мегузаронад -миллион доллар, ҳаррӯз. Аз дигар одамҳоро. Азбаски он одами моро уже мешиносанд, он таксӣ ба гардан намегирад. Вале як касро нишон медиҳад ва ин одам пешаш меравад. Амният меқапад, медароранду мезананд. Амният як миқдор аз сари пул мегирад, ҷавоб медиҳад. Мо пулро ҷобаҷо кардем. Бо ҳамин гапҳои мо бо он афғон гурехт. Боз УУР омада ӯро бурд. Баъд нимкосаи зери косаро фаҳмидем, ки УУР ҳамин хелӣ кор карда истода будааст.

  Яъне ин ҳама ташкили перевод ба Туркияву ба Афғонистон ва ё бурда нақд дар Панҷи поён додан ин як схемаи пулкоркунии УУР-Раёсати кофтукови ҷиноӣ будааст, ки бо ин васила аз бизнесменҳо пул кананд. Аз ин хотир ҳама эҳтиёт кунед,ки сахт подстава рафтаистодааст!

                 Нуробод


Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Як ҳафта мешавад мардуми деҳаи Тегирми ба раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин ҳашари оббиёр рафта истодаанд. Беҳруз, раиси маҳалла дар группа голос мекунад мегуяд ин обро ба маҳалла меорем. Худо бизанадат чи дурӯғ мегуйӣ? Бигуй, ки обро барои картошкаи раис меорем.
Мототсикл дар таги пояш ин раис руз то бегоҳ дар сари картошка. Дар ин ноҳия дигар кор набошад? Раиси пешинаро номашро мефаҳмидӣ, худашро медидӣ ларзаат мегирифт. Инро мебинӣ, мегуӣ мототсиклро  нав дидааст.
   Дар поёни Тегирми заминҳои картошкакорӣ бисёр аст ё ки заминҳои аз давлат гирифтагӣ ( фирмаҳо). Хона кардаву истиқомат доранд. Осиёби маҳалла буд. Онро Буров Сайнеъмон гирифта хона кард, истиқомат дорад. 
Заминҳои фирма( гаражҳо)-ро ин одамҳо гирифтаанд:
1 Ҳайдаров Ислом
2 Ёрибеков Носир
3 Камолов Зикрулло
4 Камолов Амрулло
6 Миршарифов Нурмаҳмад
7 Маҳмудов Аслиддин
8 Маҳмудов Сабриддин
9 Маҷидов Илҳом
10 Маҷидов Меҳробуддин
11 Қоқаков Абдуалӣ
13 Қоқаков Валӣ
14 Ҳамидов Бобоҷон
15 Ҳамидов Мирзобовӣ
16 Катаев Суҷоиддин
17 Маҳмадиев Маҳмадалӣ
18 Маҳмасаид
19 Катаев Шорамазон
20 Миршарифов Муҳаммад

  Солеҳзода Фатҳуддин фаҳмидем, ки кори шумо фақат аз мототсиклсаворӣ ва  «бигир дар ин заминҳо картоша бикор» иборат будаасту халос.
  Бародарони ин раис дар мактаб чихеле форадашон ҳамон хел фарзандҳои мардумро лату куб мекунанд.
Як муаллим духтари раисро мезанад. Мегуяд меравам фалонаш мекунам.

Ин раис дар сари картошка бо бародараш Қамар ҷанҷол мешаванд. Ҳама мардум тамошобин. Дигар мардум дилашон аз ин раиси ноҳия мондагӣ аст. Хокзанҳо бисёр буданд. Соли гузашта ҳеҷчи фоидашон нарасид, гурехта Русия омаданд. 
    Раҷабалиро директори мактаб мемонанд. Раис мегӯядаш, ки ту савод надорӣ, ин вазифа ба ту намешавад. Падари Раҷабалӣ гуспанди бисёр дорад. Як гуспанд мекушад ба сари картошка мебард, тамом. Раҷабалӣ Раҷабалиҷон мешавад. 
Ин раиси ноҳия мегуфтааст, ки ман мардуми Тегирмиро нағз намебинам. Аҷаб, чи хел нағз намебинӣ? Бечораҳо аз кор кардан барои шумо  дар поҳояшон ботинка намондааст.

 Ҳамаи обҳои Тегирмиро ба дари хонааш биёранд ҳам ин раис ё бародаронаш сершавӣ надоранд.

Фаррух, додари раис мардумро кам бузӣ кун. Худо нишонат дода истодааст. Оилаат аз рӯи бузии ту касалӣ шудаст.

 Хулласи гап, ки бояд мардум риш надошта бошанд, масҷид нараванд мегуяд. Як бузи Тегирмиро аз қафои Солеҳзода Фатҳуддини раиси ноҳия шавад- ку намоз мехонад, ё шабҳо масҷид меравад?  

 Ин Сиёвуш бояд Солеҳзода Фатҳуддинро бишканад. Аз қафояш кор карда истодаст. Сиёвуш бисёр ба одами бо имон, бо одами намозхон ва ришдор чап аст. Одами намозхон ва ришдорро душмани миллат ва Президент меҳисобад. Гуё президент дар маҷлисҳои пушидааш супориш медодааст, ки ришдорҳову масҷидравҳоро сахт азоб диҳед то аз риш мондан ва масҷид рафтан безор шаванд.

6-ой отдел раисони маҳаллаҳои Нурободро фарёд карда якта-якта мепурсад, ки дар қишлоқатон кӣ гапзан ҳаст, кӣ одамҳоро рулават мекунад ва кадом бачаи ҷавонро мардум ҳурмат мекунанд ва кадом бачаи ҷавон дар Русия пули соз кор мекунад? Номери телефонашро аз раиси маҳалла ё аз бузҳои маҳалла мегирад. Ва сипас ин коргарони 6 –ой отдели райони нав  занг мезананд, ки ту бо мухолифон ҳамкорӣ дорӣ ё дар Русия риш мондаӣ, ё Ислоҳ тамошо мекунӣ ва ҳамин гуна гапҳоро мегуянд. Ва ҳамин тавр хело лексия мехонанд. Баъд мегӯӣ, ки чи хизмат? Мегӯяд, ки 150 ҳазори русӣ мепартоӣ, тамом, агар не аз ҳамон ҷои корат   мебардорант. Ва ҳамин хел метарсонанд. Вале ин Солеҳзода Фатҳуддин  аз паайи картошка, қабри бобояшро канда гаштаст.  

 Худованд лаънат кунад ин раиси 6 –ой отдел ва ҳамаи кормандони онро. Лаънат бар падару модаратон ба ин зулме, ки болои мардуми Нуробод мекунед ва лаънати Аллоҳ ба Сиёвуши амниятӣ, ки аҳолии Сафедчашма (Самсолиқ)-ро ҷон безор кардааст.  

Вақте ба 6-ой отдел медароӣ мегуянд хуш омадӣ ба ҷаҳаннам. Боз мазоҳу масхара мекунанд. Ришдор бошӣ, ришатро дашном мекунанд, падару модарро дашном мекунанд. Боз ин 6-ой отдел як одате доранд, ки ҳамон раиси маҳалларо мефурӯшанд. Занг мезананду мегуянд, ки «ту ҳами хели гапзани маҳала шидай, ҳичкасро гуш намекунӣ, ку як  ба шашум адела биё». Ё занг мезананду мегуянд, ки раиси маҳаллаат гуфт гарданғафс шудаӣ, ба корҳои ҷамъиятӣ иштирок намекардаӣ. Аз ҷумла мардуми Хумдон, Тегирмӣ ва мардуми Зорунро ҳамин хел ғам медиҳанд.

Боз телефони раиси маҳалларо мегиранд ва ҳамон группаеро, ки барои ободии маҳала дар ватсап ҳаст мекобанд. Кадоме аз Русия бисёр чек партофта бошад ҳамон одамро аз группаи ватсап мегираду баъд ба вай занг мезанад. Ё авал ба ҳамчун духтар гап мезанад. Ё занг мезанаду мегуяд ту ба мухолифо ҳамкорӣ дорӣ ё дар Ютуб, ё фесбук тамошо мекунӣ. Агар куштӣ тилфонро падаратро занг мезананду мегуянд ба 6 –ой отдел биё. Хуллас, ин 6-ой отдел мардуми Нурободро ба дод овардааст.

  Ҳамсоя мебинад тарафи бачааш ё тарафи хонагиҳояш мегуяд: «бачам гап назан, хап кун, ки ин золимҳои 6-ой отдел боз туро фарёд накунанд. Хайр ҳамсояро гуноҳи худаш мегӯянд». Ин гапро ҳамсояи брат, ҳамсояи деворбадеворт аз тарси  ҷонаш мегӯяд.

  Корманди 6-ой отделро бинад дудаста ва бо таъзим саломуалейк мекунад вале ба ҳамсояи бараш  ин хел салом намекунад.

Мардумро яктоякто фарёд мекунанд:- «бачат дар Расия чи кор мекунад?» Видеовизов занг мезанад бо падарат. Агар риш дошта бошӣ вой бар ҳоли туву падарат.

Ҳамаи қишлоқҳои Нуробод дар ҳамин ҳолатанд. 6-ой отдел ва амният ҷони ин мардумро дар каду маҳкам кардаанд.  

Ин Сиёвуши амнятӣ кадомеро занг занад номашро Сиёвуш мегуяд. Мардуми Самсолиқ фамилияашро намедонанд. Домулло шумо ҳамон одаме аз Самсолиқ менависад пурсед, мумкин донад фамилияашро.

  Сиёвуш дар ноҳияи Нуробод, деҳаи Сафедчашма пешина Самсолиқ кор мекунад.   

 Дар Нуробод амният мегуӣ ҳама Сиёвушро пеши назар меорад. Сиёвуш ҳамаро тарсон кардааст. Сиёвуш муллоҳову раисони маҳаллаҳоро як ҳафта ду бор, рузи ҷумъа ва рӯзи сешанбе ба ҷамоати район куҳна фарёд мекунад. Муллоҳоро отделно ва раисони маҳаллаҳоро отделно. Бузҳое, ки аз қишлоҳ ҳастанд, пушти ҷамоат як меҳмонхона ҳаст ҳамончо мешинанд. Гапро аз бузҳояш мегирад.

Эй бузҳои Нуробод аз худованд битарсед. Ин қоидаи бузӣ оқибаташ безеб аст. Ҳам   ин дунёятонро месузонед ҳам охирататонро.  

Дар номаи баъдӣ ном ва корҳои чанд нафаратонро хоҳам навишт.

Share This Article