Раҳмонов ҳатто ба Данғара -зодгоҳи худ -бо ҳазорон муҳофизу нерӯ меравад

Ислоҳ нет

   Номаи маро алоҳида нашр кунед № 56

Як номаи ҷолиберо як нафар аз собиқ мансабдорони ҳукумати Раҳмонов фиристодааст, ки дар бораи Раҳмонов ҳикоят мекунад. Ин нафар ному насбашро ҳам зикр кардааст. Шахсияти барои доираҳои фарҳангиву адабиву илмӣ, умуман зиёиёни кишвар шинохташуда мебошад.

«Ин номаи манро агар илоҷаш бошад алоҳида чоп намоед. Бо эҳтиром зодаи ноҳияи Данғара, қафои автовокзали Данғара. Собиқ хонандаи мактаби №1-и ба номи В.И.Ленин. Айни замон нафақахур. Дар эфир номи манро нагиред».

  Ин собиқ ҳукуматии аз Данғара зимни иншои номааш ба ду масъала:-яке таъмини амнияти Раҳмонов дар ҷараёни сафарҳояш ба манотиқи кишвар ва дигари сатҳи воқеъии маҳбубияти вай дар миёни мардум тамаркуз кардааст. Муаллиф гуфтааст, ки агар Раҳмонов, ончунон, ки худаш ва атрофиҳояш мегӯянд, ин қадар бо халқ бошад ва маҳбуби писанд бошад, чаро қабл аз омаданаш ба назди мардум садҳо, балки ҳазор нафар зиёд низомиву амниятӣ ва аксарият мусаллаҳ маҳалли мулоқоти ӯро таҳти контрол мегиранд? Магар дар байни халқи оддӣ ягон душмане дорд, ки қасди ҷонашро мекунад? Маълум мешавад, ки ин гапу ҳарфҳо, ки Раҳмонов президенти халқ ва мардумӣ аст асос надоштааст.

Дар идома муаллиф бо факту рақамҳо ин фикру ақидаро баён намудааст, ки овозхонҳои тоҷик дар қиёс бо Раҳмонов мардум хубтар пазироӣ мекунанд. Барои ҳамин обрӯи ҳофизаҳо аз Раҳмонов чанд карат болотар аст.

Эмомалӣ Раҳмонов  аз кӣ метарсида бошад?

  Бародар Муҳаммадиқбол ин номаро як нафар шахси фарҳангии нафақахӯр аз шаҳри Душанбе ба шумо равон кардааст.

Ман пеши худам як таҳлил гузаронидам.

Ин таҳлили ман дар асоси наворҳо аз Ютуб ва низ аз тамошои «паёмҳои пешвои миллат ва Президенти маҳбубу дӯстдоштаи миллат» ва навори сафарҳои ӯ ба навоҳии кишвар ба вуҷуд омад. Ин таҳлили ман шаҳодат медиҳад ки Президенте, ки худро дар тамоми Тоҷикистон ҳамеша мегуяд «ман ватанамро дӯст медорам, халқамро дӯст медорам ва гӯё ҳама мардуми тоҷик президентро дӯст медоранд, пешвои худ мехонад, дар аслу амал ин тавр набудааст.  

 Вақте ироаи Паёми ҳарсолаи президент мешавад моҳҳои декабр- охири сол тамоми мақомоти давлатии Тоҷикистонро маҷбур мекунанд, ки онро тамошо кунанд ва прямой эфир карда дар телевизионҳои давлатӣ намоиш медиҳанд, ҳамаи радиоҳо чи давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ ва инчунин дар интернет -шабакаи ҷаҳони Ютуб мегузоранд, то ки мардум Президенти маҳбуби худро тамошо ва гуш кунад.

 Ман чанд паёми Президент Раҳмоновро тамошо ва сипас таҳлил кардам. Бовар кунед, ки дар тааҷҷуб мондам. Наворҳои ин президенти маҳбуби мо-Эмомалӣ Раҳмоновро дар Ютуб, махсусан паёмҳои ӯро 8-9 ҳазор одам тамошо кардааст. Аз 10 миллион аҳолӣ, ҳамин шумора тамошо кардааст.

 Як паёми дигари Президентро аз 10 000 000 (аз даҳ миллион) аҳолии Тоҷикистон

52 000 (панҷоҳу ду ҳазор одам )дидан кардааст.
Як паёми Президентро 152 000 шаҳрванд тамошо кардааст. Аз 10 миллион аҳолӣ. Аксарияти паёмҳои Президент Раҳмоновро аз 1100 одам то 48 000 одам зиёд тамошо накардаанд. Бисёр аҷоиб ва тааҷҷубовар аст.

 Аҷоибии корро инҷо дидам вақте ки дар Ютуб овозхонҳои тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева, Фараҳноз Шарафова ва Шабнами Сурайёро дидам, ки як суруди ин ҳофизаҳоро 5 миллион, 10 миилион то 24 миллиону ҳатто то 34 миллион одам  тамошо кардааст.

Ин чи хел президенти мардумӣ, президенти халқӣ, ин чи хел пешвои миллат аст, ки ҳатто даҳ, бист, сад баробар аз як овозхон тамошочӣ надорад? Ин маънояш чи буда метавонад?

 Як ҳофизае, ки 23 сола аст аз 5 миллион то 16 миллион одам як суруди ду ё чор дақиқагии ӯро тамошо кардаанд. Аммо барномаеро, ки дар бораи Президенти «маҳбуб»-и тоҷикон, пешвои миллат Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ва оилаи вай   дар ноҳияи Данғара ба навор гирифта садҳо ҳазор доллари бюҷетро сарф карда дар тамоми телевизиони давлатӣ тули як ҳафта намоиш дода буданд, боз дар Ютуб ҳам мондаанд ҳамааш шуда 10 000 одам тамошо кардааст. Ин ба он маъно аст ки на инки маҳбубу мақбул нест, балки мардум, одамон хаста шудаанд, диданаш ва гапзаниаш дигар неинтересно шудааст, ҷолиб нест, кайҳо ба дили халқ задааст. Халқ зуд переключат карда ба суроғи дигар каналҳо меравад.

 
Ҳофизаи дигаре, ки соли тавалудаш 1993 ва 33 сола аст як суруди уро 6 миллион суруди дигарашро 24 миллион ва суруди сеюмашро 48 миллион одам тамошо кардаанд. Ин сурудҳо аз се дақиқа то панҷ дақиқа зиёд нестанд аммо Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон «махбуб», «дустдоштатарин Президенти ҷаҳон», ки се -чор соат дар Паёмҳояшро қироат мекунад, одамонро маҷбур оварда тули панҷ- шаш соат чун гаравгон дар кохи Борбад мешинонанд, ин президентро 10 ҳазор ё 48 ҳазор, болои боло 152 000 одам гӯш ва тамошо кардаанд

 
Ҳофизаи дигаре, ки 45 солааст Шабнами Сурайе мебошад, ки яке аз сурудҳои ӯро 9 миллион одам тамошо кардааст, суруди дигарашро 21 миллион одам тамошо кардааст, боз як суруди дигарашро 28 миллион, хуллас то 34 миллион ва инчунин суруди охирашро 54 миллион тамошо кардаанд.

Аммо ҳамаи ин ҳофиза-овозхонҳоро кадом муҳофизу ҷондору телеху бодигарде ҳамроҳӣ ва муҳофизат намекунад. Меоянд бо дастаи худ мехонананд мераванд.

Агар ин ҳама ҳолатҳоро мо таҳлил кунем метавонем бигӯем, ки обруи ин се ҳофиза аз обрӯи Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдат, наҷотбахши сайёра Президенти маҳбубу мардумии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби олӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович миллион маротиба болотар будааст.

Охири нома
  Ба Шумо бародар Муҳаммадиқбол раҳмати калон, ки чунин барномаҳои мардумиро ташкил кардаед ва дарди дили мардуми одиро ба худашон мерасонед. Худованд аз Шумо розӣ бошад бародари гиромӣ!

 Муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман то имруз тарафдори Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон будам. Дар вазифаҳои давлатӣ кор ва фаъолият кардаам. Ба гуфте зиёӣ- интеллигент ба ҳисоб меравам. Чанд сол ҳамчун муаллим-устоди коллеҷ ҳам кор кардаам. Айни замон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорам, нафақахур мебошам. Дипломи аввалиамро дар замони шӯравӣ гирифта будам.   Соҳиби ду маълумоти олӣ мебошам. Дар маҷлисҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмонов иштирок кардаам. Кам-кам ҳамсоягии ӯро ҳам доштам. Дар замони СССР дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда баъдан ба шаҳри Душанбе кӯчидаам.

Аз нигоҳи ман Президент Раҳмонов Эмомалӣ одами он қадар бад набуд. То солҳои 2005 раҳму шафқат ва тарафдори халқи одӣ будани худро вонамуд мекарду гоҳ-гохе худро адолатпарвар намоиш медод. Баъди солҳои 2007 оҳиста- оҳиста рафтору кирдори вай дигар шудан гирифт. Аллакай пулу моли Президент зиёд шуду яку якбора 180 дараҷа дигар шуд, тағйир ёфт.

 Солҳои 2008 ва 2009 ум дигар рӯирост фармонҳои ғайриқонунӣ ва ҳатто кушторҳоро шахсан ба мақомотҳо содир мекард. Дигар танҳо баъзе одамони Данғараро дастгирӣ мекарду ба мардуми одӣ аҳамияте намедод.

 Куштори Алии бедакӣ, куштори Мирзо Ҷага, куштори вазири МВД Салихов Маҳманазар, куштори ҳоҷӣ Ҳалим, зиндонӣ кардани Ёқуб Салим, зиндонӣ кардани Ғаффор Седой, Зайд Саидову Маҳмадрӯзӣ Искандаров яъне чисткаи одамони наздики худро сар карду дигар беспошадно вабанк рафта дигар фикри ҳеҷ касро намекард. На фикри падару модари ин шахсонро на фикри зану кудакони инҳоро ва на фикри хизматҳои ин шахсонро мекард.

 Таърих гувоҳ аст. Ҳатто баъзе шахсонро маҳз шахсан Президент супориш медод, ки фалон шахсро ҳатман зиндон кунед. Гуноҳ дорад ё надорад ин шахсонро ба воситаи Агентии Коррупсия он вақтҳо Кали Фаттоҳи раққоса-Фаттоҳ Саидов,  ки баъдҳо ба Абдуфаттоҳи Ғоиб тағйири ном кард, директори Агентии коррупсия буд шикастанду ба зиндон андохтанд. Масалан Низомхон Ҷураев, Зайд Саид ва …..

Ба воситаи ин кали интригант ё чи хеле Шумо мегуед савзибадаст, ки аз қишлоқи Ғиҷоваки Данғара аст (аз ноҳияи Ғарм қишлоқи Ҳоит бо падараш Ғоиби кал муҳоҷир шуда дар солҳои шӯравӣ омада буданд ) аммо ҳама вақт худро данғарагӣ мегирад, шахсони сирф бегуноҳро номардона зиндон карда шикаста буданд.

 Агар дар ёд дошта бошед дар як маҷлиси Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмонов прокуроронро хезонда сахт сарзаниш карда буд, ки даҳ сол пеш суратотонро як бор бубинед, чи хел будед, ҳозир чӣ? Чи хона доштед имруз чӣ? Кӣ овард Шуморо ба сари ин вазифаҳо ?

Он вақтҳо кали Фаттоҳ, отаи Шорух прокурорҳоро, ки сахт бад медид, онҳоро ба Президент сиёҳ карда буд. Чунки мехост тезтар Вазири МВД шавад.

 Баъди Агентии коррупсия стрелкааш рост ба самти МВД ва вазири ин вазорат шудан буд. Аммо худованд худаш медонад, ки чи хел дилу нияте дорад. Дар як лаҳза кали Фаттоҳро гирифтану шармандавор дафъаш карданд.

 Хуласи калом, Президент Эмомалӣ Раҳмонов айни замон 74 -сола шуд. Дар тули ин солҳо обрую эътибори вай ба ҷои он ки боло равад омада дар замин зада аст. Агар Раҳмонов Эмомалӣ дар назди мардум обрую эътибор медошт ва ё писанди халқ мебуд, ҳатто ба ноҳияи Данғара, ки ноҳияи худаш –зодгоҳаш аст меояд як ҳафта пеш гурӯҳи «Алфа»-и  КДАМ зиёда аз 500 нафар боз 200 ҷондор аз Хадамоти муҳофизони худаш 1500 солдати махсус, милицияи ноҳияи Данғара, 1500 нафар аз вилояти Хатлон, 1000 нафар аз части 3502-и собиқ Суҳроб Қосим 1000 нафар омада дар куҳу пуштаҳои Данғара ҷобаҷо мешаванду позиция мегиранд. Чаро? Ман умуман намефаҳмам, ки ин қадар хароҷоту ин ҳама нобоварӣ ва ин ҳама ваҳшату тарс аз чи ва аз кӣ бошад?

Раҳмонов дар тамоми маҳфилу маҷлисҳо худро шер мегираду худро «қаҳрамони миллат», «ҷаноби олӣ» ва «пешвои миллат» муаррифӣ мекунаду дар сина мезанад аммо аз ҳамсояҳои данғарагии худ метарсаду бо тӯпу танку армияи худ меояд ба зодгоҳи худ. Барои чӣ? Хуб, шаҳри Кулоб, ё Помир, ё Ваҳдат ва ё Суғд рафтанӣ шуд то даҳ ҳазор солдату милисаю амниятиву тамоми мақомот ӯро рафта муҳофизат мекунанд, аммо дар зодгоҳи худаш Данғара аз кӣ метарсад?

Мо метавонем ё мо наметавонем? Саволест «риторикӣ» ва «кушода» мемонад.

Пасгуфтори Ислоҳ

Ин нома танҳо як номаи одӣ нест; ин садои андешаи як нафарест, ки солҳо аз наздик низомро дидаву имрӯз ба хулосаҳои дигар расидааст.

Савол ин аст: агар Раҳмонов воқеан “маҳбуби халқ” аст, чаро барои дидор бо ҳамин халқ садҳо ва ҳазорҳо муҳофиз лозим мешавад? Агар мардум ӯро дӯст медоранд, пас ин ҳама тарс аз кист? Аз мардуми одӣ? Аз ҷавонон? Аз модарону падарон? Ё аз ҳамон ҳақиқате, ки дигар пинҳон карданаш душвор шудааст?

Чаро як овозхон бе артиш, бе “Алфа”, бе садҳо мошини муҳофизатӣ ба миёни мардум меравад, аммо “пешвои миллат” ҳатто ба Данғара — зодгоҳи худ — бо муҳосираи низомӣ сафар мекунад?

Оё маҳбубиятро бо шиор месозанд ё бо муҳаббати воқеии мардум? Оё эҳтиромро бо телевизионҳои давлатӣ маҷбурӣ нишон медиҳанд ё бо дили мардум ба даст меоранд?

Ин нома як саволи бузургро пеши ҷомеа мегузорад: оё раҳбаре, ки аз халқи худ метарсад, метавонад худро раҳбари мардумӣ номад?

Ҷавобро ҳар кас аз виҷдони худ бипурсад.

Share This Article