Се нома аз Нуробод, Душанбе ва Кулоб дорем, ки ба унвони муқаддима ва ҷазби диққати шумо аз ҳар кадоме ба унвони чошнӣ ҷумлаҳоеро пешкаш менамоям.
Нуробод: « Мегуяд «ту чиба телефон надорӣ? Гуфтам пули интернет қиматай, пул надорам.Коргари 6-ой отдел мегӯяд ба «Ислоҳ» нома навис, «Ислоҳ» пулат мепартояд, роҳашро нишон тиям?»
«Домулло, инро бароятон бигӯям, чанд муддате, ки «Минбари муҳочир» ва «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар Ютуб нашр нашуданд, амният ва 6-отдел хурсанд шуданд. Вақте Ютуби нав кушодед ба ҳақораткунӣ даромаданд. 6-ой отдели райони нав ва низ аз Сиёвуши амниятӣ настаренияшон вайрон шуд. Ҳозир талхакафанд, ки боз номаи Нуробод нашр мешавад».
Душанбе: «Бояд ин ҷашнро ончунон осмониву мутантан таҷлил кунанд, ки мардум дар қудрати Раҳмонов, дар маҳбубияти вай дар байни халқ шакку шубҳа надошта бошад. 100.000 донишҷӯ!!!! Мефаҳмед?!! 100.000 донишҷӯ меояд машқи рақс мекунад, барои ризои як кас, барои он ки ҳамон як кас кайф карда тамошо кунад, лаззат барад.
Кулоб: «Вай ҳамеша ва ҳар ҳафта барои хонаи Нуриддини акаи мурдагии Раҳмонов дар бағоҷ ва салони мошин маводи ғизоӣ мефиристод. Ҳар ҳафта, бидуни перерив. Дар Душанбе ҳам прокурор буд, боз ҳам мефиристод».
Нуробод
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин нома аз тарафи мардуми мазлуми ноҳияи куҳистонии Нуробод нависта шудааст. Мардуме, ки таҳти фишори 6 -ой отели райони нав мебошанд. Ин 6-ой отдел ҳаррӯз сокинонро якто-якто бурда таҳти шаллоқу шиканҷа қарор дода истодааст, ки «шумо мардуми Нуробод ба «Ислоҳ» менависед, хоини миллатед, қадри пешворо на медонед. Ин 6-ой отделро ҷаноби олӣ, пешво барои шумо мардуми Нуробод махсус кушод, ки ин мардум мардуми террористанд, якта якта бишиканедашон, махсус мардуми Самсолиқ ва мардуми Хундонро»
Ин 6-ой отдел рӯзи дароз дар бозори райони куҳна бачаҳои ҷавонро ғам медиҳад, онҳоро қапида телефонҳояшонро мегиранд, мегӯянд, ки шумо муллогӣ тамошо мекунед, Суҳроби Одилиёни хониро тамошо мекунед.
Дар масҷидҳо вақти шом медароянду мекованд тилфонҳоро, инстаграм мекованд, телеграм мекованд, ки «Ислоҳ» тамошо кардааст, кӣ муллоҳоро тамошо кардааст? Ман тилфон намегардонам. Маро қапид 6-ой отдел. Мегуяд «ту чиба телефон надорӣ? Гуфтам пули интернет қиматай, пул надорам. Коргари 6-ой отдел мегӯяд ба «Ислоҳ» нома навис, «Ислоҳ» пулат мепартояд, роҳашро нишон тиям?»
Гуфтам «ма «Ислоҳ» тамоман тамошо намекунам. Чи тамошо мекунӣ гуфта пурсид? Гуфтам Эшони Нуриддинро. Гуфт ту хоини Эшони Нуриддинро тамошо мекунӣ, у як фитнаандоз аст.
Эшони Нуриддинро ҳамин тавр гуфт. Гуфтам ягончи нест, агар мешуд дар Ваҳдат намеситод. Хело разбор кардем.
Ҳозир тарафи Мучахарф мераванд, мардуми Мучахарфро ғам дода истодаанд. 6-ой отдел нав хурсанд шуданд, ки Ислоҳро маҳкам карданд. Дар бораашон кадоме навишта буд. Ҳамин шашум отделро гуфтанд, ки шефҳои мо дар Душанбе ин қадар мақола намехонанд, наметавонанд хонда. Дар Ютуб бошад ба мо занг мезананд, ки чи гап аз Нуробод. Ҳоло ҳеҷ чи намегӯянд. Агар Ютуб бошад, безор мекунанд аз вазорат занг заниро, ки Нуробод дар «Ислоҳ» навиштан худашон аз боло мегуянд фишор диҳед мардуми Нурободро. Дар мақомот мақолаҳоро мехонанд вале вақте навораш баромад аз мардум метарсанд,ки мардум наворро мебинанду ҷинояткоронро мешиносанд. Пас аз ҳар матлаби Ислоҳ ҳатман занг мезананд вале пас аз наворҳо сахттар бе тоқат мешаванд. Боз шикояташонро нависанд дарав дашном мекунад вазир ё кадри вазорат. Ин гапро одаме оиди масҷидҳо вобаста аст дар райони нав- 6 отдел гуфт.
Ин 6 –ой отдел бо амният ҳар муллое дар деҳаҳо ҳаст якта якта бурда 4000 сомонӣ штраф карданд, ки одамҳои касалиро нахонанд: «мон девона шава, касал нахонша».То ҳатто фарзандаш касал шавад бояд ҳамин мулло нахонад фарзанди худашро. Як намуд сахт қапидагианд муллоҳоро дар Нуробод, ки то бас гуфтан. Мегуянд ҳамин 6 -отдел фармони Ҷаноб аст ки бояд муллоҳо амри маъруф ва дуъо хонӣ накунанд.То ҳатто масҷид маҳкам аст -масҷиди ҳоҷӣ Сафол маҳкам, масҷиди дараи Валӣ маҳкам, масҷиди 8 -март маҳкам, масҷиди ДЭУ маҳкам, масҷиди Синҷит маҳкам, масҷиди Тегирми маҳкам.
Мардуми Тегирмиро мегӯӣ «биё 6 адел брем бгем масчити моро кушо, меган яке штрафмон накнан, мон маҳкамш кнан, хонада мехонем, илтимос рӯзмон бтен инҳо бе имонанд».
Дар бораи Сиёвуш амниятӣ дар телеграми шумо хонда тарафи як шиносаш гуфтааст, ки ин гапҳо ҳамааш росту лекин СС. Ятимов хурсанд мешавад, ки ман мардумро ғам медиҳам, муллоҳоро ғам медиҳам, хурсанд мешавад ва боз механдаду мегуяд мардуми Нуробод гурда надоранд, ки дар пешам ин гапро гӯянд. Ба «Ислоҳ» менависанд, то вақте дар вазифаи амният ҳастам мардуми Самсолиқ, мардуми Тегирми, мардуми райони куҳнаро ана ҳамин тавр ғам медиҳам, мардуми бесоҳибанд. То ҳатто раисашон аз ман метарсад. Раис аз ҳамин Нуробод ҳаст —Солеҳзода Картошка Ҳусенович аз ман метарсад.
Ҳамаи номаҳои рафта аз Нурободро мехонад, лекин маро ягончи намегуяд. Ин Сиёвуши амнияти номери ватсапаш sssss англисӣ кардагӣ.
Як муллои деҳаро пурсидам фамилияи Сиёвуш чи бошад? Мулло мегуяд ба ту чи даркор фамилияи Сиёвуш?
«Проста ҳама ҳами Сиёвуш, Сиёвуш меган фамилияаш интресни шуд гуфтам ба мулло». Мулло имом мегуяд кадоме ҳаст, ки дар бораи Сиёвуши амниятӣ менависад. Баъд Сиёвуш моро фарёд мекунад- ин навиштаги аз кадом деҳа бошад гуфта моро мепурсад.
Мулло имоми як қишлоқ камтар мулоимхунуки гап хунук дар пешаш ҳичи намегуяд. Аммо баъд мебарояд аз маҷлису мегуяд одами навиштагӣ камаш навиштааст, ин ҳаромиро кай аз вазифа мегирифта бошанд, ки нафаси тоза гирем, ба ҷонамон задааст. Чунки як руз пас занг мезанад ва савол мекунад, ки чи гап дар қишлоқ ва аз шумо гап мегирад. Ин Сиёвуш амниятӣ ба ҳами мардуми Тегирми сахт назорат мекунад. Шабҳо масҷид меравад: бачаҳои ёш, ё муаллим бошад, ё коргари давлатӣ бошад, вой бар ҳолаш. Ҳоло худи Фатҳуддин Солеҳзодаро бо ҳамроҳии бародаронаш назорат дорад. Бародарони раис масҷид мерафтанд, баъди раис шудани додарашон ва ба дунболашон афтодани Сиёвуш бас кардан масҷид рафтанро.
Ин Солеҳзода Фатҳиддин дигар ба коргарҳои давлатӣ сару кор намегирад. Аз паи варзиш ва аз пайи картошкачинӣ. Намегуяд, ки чаро порагирӣ авҷ гирифтааст, парво надорад. Ин ба ном раиси ноҳия аст. Ягон пешравӣ надорад Солеҳзода Фатҳиддин. Аз ин вазифа меравӣ, лекин номат картошка ё раиси тарсончак мемонад. Ту номус дорӣ ё не Солеҳзода Фатҳиддин?
Мардуми Нурободро мепурсӣ, ки ин Солеҳзода Фатҳиддин ягончи пешрави дорад? Мегӯянд, бале- картошка. Лекин дар Душанбе картошка 4, дар Нуробод 6 сомонӣ аст. Мегӯӣ, ки картошкаро ба ….. ба Рустам роҳӣ мекарда бошад Солеҳзода Фатҳиддин.
Қариб фаромуш кардам. Сиёвуши амниятӣ вақте муллоҳоро фарёд мекунад, ба ҷамоати райони куҳна бояд муллоҳо тоқӣ ё сала дар сар надошта бошанд, ришашон баланд набошад. Аз тоқӣ, аз риш ва аз салае, ки дар сар мемонанд Сиёвушро бадаш меомадаст, нороҳат мешудаст.
Як мулло мегуяд: «ҳамиқа дуъо мекунам ҳами Сиёвуш аз ин Нуробод намерава, меги ҳамиҷа никоҳаш карда бошан. Ҳайдараш рафту аммо ин Сиёвуши бе падару бе модари лаънатӣ намеравад.
Мо мардуми Нуробод бо сабр ҳастем лекин, вақт соаташро мунтазирем».
Сиёвуш вақте Ютуби Ислоҳро маҳкам карданд дар маҷлиси муллоҳо ва бузҳояш гуфтаст: «диден Ислоҳро маҳкам кардем. Ин корро СС.Ятимов, раиси мо кард. Ҳоло ман одаме, ки номанавис аст меёбам гуфтааст ба тарафи муллоҳо. Ин 6 –ой отдел тарафи мардуми Хундон мегуяд, ки гапи зиёдатӣ назанед».
Мардуми Хундон вақтҳои пеш гапзан буданд. Ҳозир якта якта бурда дар 6-ой отдел мезананд ва махсус одамони гапзанро мешикананд.
Дар номаҳои пешина дар бораи духтури хирург Қосимов Иброҳим навишта буданд, аммо иваз нашуд ва то ҳозира ҳамон хел. Як дорухаташ 30 сомонӣ, барои хатна 750 сомонӣ мегирад.
Ин Қосимов Иброҳим ва Шафоатова Заринаи сардухтури зоишгоҳи райони нав то ҳол кор карда истодааст ва ҳоло ҳам ҳамон порагирӣ. Писар ба дунё ояд 700 ва агар духтар бошад-600 сомонӣ мегирад. Чи 6-ой отдел ва чи амният дар ҳақиқат медонанд, ки ин духтурҳо пора мегиранд, аммо амният ва 6-ой отдел фақат мардуми камбағалро фишор меоранд.
«Домулло, инро бароятон бигӯям, чанд муддате, ки «Минбари муҳочир» ва «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар Ютуб нашр нашуданд, амният ва 6-отдел хурсанд шуданд. Вақте Ютуби нав кушодед ба ҳақораткунӣ даромаданд. 6-ой отдели райони нав ва низ аз Сиёвуши амният настаренияшон вайрон шуд. Ҳозир талхакафанд, ки боз номаи Нуробод нашр мешавад».
Ба гуфти началники 6 –ой отдели райони нав вазир ё калонҳои вазорати корҳои дохила онқадар номаҳоро намехонанд, фақат Ютуб мебинанд. Номаҳоро барои маълумотгирии худашон мехонанд ва дело мекунанд. Навор нашр шавад аз хезиши мардумӣ дар ҳаросанд.
Домулло ҳаррӯз дар Нуробод светро мекушанд, ҳамин ҳозир, дар тобистон. Бовр кунед, ин селе, ки дар ноҳияҳои дигар омад ҳамааш ғазаби худо болои Эмомалӣ барои бастани масҷидҳо аст. Амниятиҳо ва шестойотделиҳо, ҳоло барои ин масҷидмаҳкамкуниҳоятон мебинед. Ин хашми Худо болои шумост.
Вақте аз одами наздики Сиёвуш бачаҳо фамилияи ӯро пурсиданд мегӯяд: «ту фамилияи Сиёвуша чи кор мекнӣ, ба «Ислоҳ»-а менависӣ, ҳами ту набоши ба «Ислоҳ»-а менависӣ?»
Кадомеро, то ҳатто сардори КДАМ-и Нурободро бачаҳо пурсиданд гуфт ба фамилияи Сиёвуш чи кор дорӣ? Метарсанд, ё худаш гуфтааст, ки касе фамилия маро пурсад нагӯедаш.
Ин 6-ой отдел намози ҷумъахонӣ мераванд, одамҳои ришдорро сурат мегиранд ба ба райони нав фарёд мекунанд. Ба 6 –ой отдел меравӣ мегӯянд «риша мондай хатиб шиданӣ чӣ»? Як намуд мезананд, ки ин коргарони 6-ой отдел. Бераҳмона мезананд, ки риш мондаӣ. Телефонатро мекобанд, ку чи тамошо кардаӣ? Вой бар ҳолат, ки «Ислоҳ» тамошо карда бошӣ, ё ҳоҷӣ Мирзо ё Эшони Нуриддин.
Дар Нуробод агар бигуӣ «Ислоҳ» тамошо мекунам, аз пешат мегурезанд ё мегуянд номашро нагир, ки «Сиёвуш бфаҳма трмат мекна ё 6 адел бфаҳма трма меши ё мебаран хар барин мезананта».
Ин мардуми Нуробод бегонапарвар ҳастанд. Ана ҳамин Сиёвуш беҳад зулмашон мекунад:-асалпарварҳо асалаш медиҳанд, гусфандорҳо гусфандаш медиҳанд, магазиндорҳо пулаш медиҳанд, ин картошка ку ҳисоб надорад. Сиёвуш картошкаи медодаи нурободиҳоро мефурушад, чунки беҳади бад зиёд медиҳандаш. Ин себу ноку амруду зардолуву олуву …зираву чакаву ҷурӯоту гӯшти сайду… хулоса,тамоми чизи дунёро мебаранд медиҳанд. Таваллуди Сиёвуш 1996 аз Балҷувон. Cиёвуш мегуяд: «ман мардуми Нурободро ҳамаашро галу гардондам, чмошон кардам, рихиникшон кардагиюм».
Ба сари як мулло дар пеши бозор ҳамин Сиёвуш дод мезанад, мардуми Нуробод тамошо доранд, хапанд. Мегӯянд, ки ин амният ҳаст, хап кунед. Амният мегуӣ талхакаф мешаванд. Ин мардуми Нуробод чмо шудагианд, мардуми тарсончак, ки як хелаш дастони одамони 6 отдел ё Сиёвушро мебусанд. Ман дидам. Мардуми Нуробод масҷидҳояшон маҳкам, Сиёвуш ошкоро ба духтарҳояшон гап мепартояд. Мегӯянд ин амниятӣ аст, хап кунед.
Беҳад рӯзи мардум дар Нуробод бад аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Бароятон пирӯзӣ орзу дорам. Орзу дорам, ки шумоҳо ин давлату ин ватану ин мардумро аз зери юғи зулму истибдоди ин хонаводаи касофат наҷот хоҳед дод. Ҳоло дар бори яке аз ин ҳолатҳои зулум истидод мехоҳам бароятон бигӯям.
Беш аз 30 сол аст ки дар Донишгоҳ устоди фанни риёзиам. Дар ин давра аспирантураро хондам, кори номзадӣ ҳимоя кардам, дотсент ҳастам, кори докториам дар арафаи ҳимоят аст. Ба ВАК-и Русия фиристодам. Бо хоҳиши худам ва бо маблағи худам, то фардо маро ҳам дар асардуздӣ Диссернет муқассир нашуморад. Кори ман ҳоло дар Маскав аст.
Имсол мо бояд аз аввали август ба кор баргардем. Ба муносибати ҷашни 35умин солгарди истиқлол дар тамоми донишгоҳҳо дастур шудааст, ки барои ҷалби ҷавонон ба «маршировкаи 35 солагӣ» устодон ҳам бояд бо навбат иштирок кунанд. То онҷо, ки маълумот дорам дар ин маршировка дар назар аст ки беш аз 100.000 донишҷӯ ширкат варзад. Бояд ин ҷашнро ончунон осмониву мутантан таҷлил кунанд, ки мардум дар қудрати Раҳмонов, дар маҳбубияти вай дар байни халқ шакку шубҳа надошта бошад. 100.000 донишҷӯ!!!! Мефаҳмед?!! 100.000 донишҷӯ меояд машқи рақс мекунад, барои ризои як кас, барои он ки ҳамон як кас кайф карда тамошо кунад, лаззат барад. Таътили садҳазор кас ба заҳр меомезад, то ки ин як кас комаш ширин бошад. Чаро бояд як моҳ қабл аз анҷоми истироҳат баргарданд. Гуё ҳама ғуломи як нафар шудаанд. Баҳона истиқлолияти давлатӣ. Хуб, истиқлоли давлатӣ, бигзор як маҷлис баргузор куну бигзарон, рафт дигар. Чаро бояд ин ҳама мардум ва ин ҳама донишҷӯву омӯзгору ва ин ҳама харҷу масориф сурат бигирад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гуфтааст, ки кӯшиш мекунанд, ки тамрини маршировка дар ҳавои гарм анҷом нашавад. Чи хел анҷом нашавад? Магар моҳи август моҳи салқин аст?
Донишҷӯён ба расонаҳо гуфтаанд, ки аллакай онҳоро даъват кардаанд, ки аз аввали август барои иштирок дар машқҳои маршировкаи бахшида ба 35 солагӣ даъват кардаанд. Ҳатто онҳоро таъкид ва ҳушдор додаанд, ки ширкат дар ин тамринҳо ҳатмӣ аст ва дар ҳолати сарпечӣ чора, то ихроҷ аз донишгоҳро дар назар доранд. Ман ҳайронам, ки бо ҷалби 100 ҳазор донишҷӯ чиро мехоҳанд нишон диҳанд?
Шумо медонед, ки дар ин маршировкаҳо на як бору ду бор вазъи саломати донишҷӯҳову талабаҳо мактаб бад шуд буд.
Вақте барои ин садҳазор ғизо ва сарулибос таҳия мекунед, фикр намекунед, ки бо пули он чи қадар иншоот мешавад сохт, масалан бунгоҳи тиббӣ, масалан мактаб ва ғайра. Ин 100 ҳазор донишҷӯро давоми беш аз як ҳамарӯза се вақт хурок медиҳед, аз кадом ҳисоб?
Магар ин сад ҳазор донишомӯз муваззаф аст, ки дар ин ҳавои гарми тобистон дар дасту позанӣ машқ кунад? Фалсафа ва моҳияти ин кор чӣ аст?
Як ҳамкорам мегӯяд, ки «хайр чӣ, дар солҳои пеш як, ду моҳ пахтачинӣ мебурданд ку донишҷӯҳоро. Маршировка аз пахтачинӣ вазнин нест ку?»
Ана ҳамин аст фаҳмишу муносибати як омузгор бо як амале, ки ҳиҷ манфиат надорад, илло инки Раҳмонов бо Рустам барояд сари трибун нишинад ва ТВ-ҳо пахши мустақим арза кунанду ва ҳамаи мову шумо шоҳид шавем,ки чи гуна Раҳмонов «кайф» мекунад. Дигар ҳиҷ чизе нест инҷо. Барои ана ҳамин як кафи Раҳмон сад ҳазор донишҷу, садҳо муаллиму садҳо хореографу устоди рақсу дигару дигар аз зиндагиаш ҷудо мешавад.
Барои ҳамин орзуи ман ва миллионҳо чун ман ин аст ки ин ҳукумат ҳарчи зудтар несту нобуд бишавад то мардум як нафаси роҳат бикашанд.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз шаҳри Кулоб ҳастам. Собиқ корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Дар бораи Каримзода Умед Раҳматшо муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маълумотеро гуфтаниам.
Каримзода Умед Раҳматшо ба ин вазифа дар соли 2004 омад. Каримзода Умед Раҳматшо корро аз прокуратураи Данғара сар кард. Ёрдамчии прокурор ва муфаттиши прокуратураи Данғара кор кард. Дар ноҳияи Ҷомӣ, дар маркази вилояти Хатлон, дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ва дар худи шаҳр ҳамчун прокурор кор кардааст. Дар Шаҳритусу Данғара ҳам прокурор буд. Вай дар ин мақом ба ҷои Абдуғаффор Ҳикматуллозода омад. Ин вазифа наздики як сол вакансия буд-муовини аввали Прокурори генералӣ. Каримзода Умед Раҳматшо аслан аз Хоҷамастон аст, авлодҳояш аз онҷоянд. Вай ҳамеша ва ҳар ҳафта барои хонаи Нуриддини акаи мурдагии Раҳмонов дар бағоҷ ва салони мошин маводи ғизоӣ мефиристод. Ҳар ҳафта, бидуни перерив. Дар Душанбе ҳам прокурор буд, боз ҳам мефирристод.
Ҳозир ҳамроҳи бародаронаш хеле аз заминҳоро дар Шаҳритус ва Сарбанд забт карда гирифтааст. Боигариаш кам нест, ки дар оянда бароятон менависам.
Аммо ду нуктаи ҷолиб аст. Умед пропискаи худро дар Данғара, дар хонаи Нуриддини акаи Раҳмонов гузоштагӣ аст, то уро данғарагӣ ҳисоб кунанд. Ва нуктаи дигар ин аст ки ҳамин ҳоло ҳам, ки Каримзода Умед Раҳматшо муовини аввали Генпрокуратура аст аз Умеди писари Нуриддин, ки прокурори Ҳисор мебошад сахт метарсад. Чи хеле саги чупон аз чупон метарсад, ана ҳамон хел.
