Номаҳо ин бор аз Душанбе, Конибодом ва Волгоград расидаанд.
Дар номаи Душанбе сухан дар бораи марги мармузи Алишер Мирзонабот, раиси собиқи ВМКБ меравад. Муаллиф мутмаин аст ки садамаи нақлиётии Алишер Мирзонабот тибқи нақша ва бо ҳадафи аз байн бурдани ӯ сурат гирифтааст. Муаллифи мо аз Конибодом ба «Ислоҳ» изҳори ташаккур кардааст, ки номаҳои қаблии ӯро нашр кардем ва ба маҳзи нашри номаҳои вай як нафар ГАИшники порахӯрро аз кор дур кардаанд.
Хабарнигори ҷамъиятии «Ислоҳ» аз шаҳри Волгогради Русия ин бор зимни мурури сомонаҳои нашрияҳои чопи Душанбе як матлаберо роҷеъ ба вазъияти вахими ба истилоҳ «домсозӣ» дар Душанбе интихоб ва барои мо ирсол кардааст
Конибодом
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, сиҳату саломат ҳастед. Илтимос ин номаи маро нашр кунед.
Пеш аз ҳама ба шумо ташаккури зиёд мегӯям ва бисёр хурсанд шудам, ки номаи маро дар нашри 357-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кардед ва ҳозир дидам видеояшро дар Ютуб. Бо шарофати ин барномаи шумо ва нашри номаи ман Фирӯзи Сиёҳ аз кор дафъ, яъне озод карда шуд. Вай як кӯдакро бо мошин пахш кардааст ва аз кор гирифтанд. Ҳоло мунтазир мешавем, ки боз ба кор барнагардад чунки дар Тоҷикистон вазифаро ба пул гирифтан осон аст.
Бародар Муҳаммадиқбол як савол дорам. Магар корманди ГАИ ҳақ дорад, ки ронандаро ту –ту гӯяд? Бисёрии ГАИҳо ва милисаҳои имрӯза ронандаҳоро ту гуфта муроҷиат мекунад. Баъзан мо умуман лафзшонро намефаҳмем. Пеш ГАиҳо ҳам бо эҳтиром ва шумо гуфта муроҷиат мекарданд.
Дар Конибодом 4 ГАИ буд:- 2 нафараш нест шуд- якеаш Фирӯзи Сиёҳ, дуюмаш Акрами Кал
Ҳозир 2 ГАИ ҳаст. Ин ГАИҳо бо инсоф ҳастанд, пора намегиранд, протокол менависанд, албатта баъзан пул мегиранд, агарки худамон маҷбур кунем. Боз як ГАИшники нав пайдо шудааст, мошинаш Лексуси сафед, рақами қайди давлатиаш 0006, сиёҳшиша, ин ҳам порахури ҳаром аст.
Ҳозир боз региони 10 падо шудааст, региони 10 ин нав аст. Ин региони Душанбе 10, боз 01. Региони Вилояти Суғд 20 ва 02 мебошад. Боз региони 30 баромад, аз вилояти Хатлон. Ин регионҳо нав мебошанд. Ба фикрам дар соли 2025 баромаданд.
Ман боз гуфтаниам, ки Ҷеки Ҷан-Рамазон Раҳимзода ва СС. Ятимов ГАИҳои Конибодомро назорат кунанд, то порагирӣ кам шавад.
Ташаккур, ки номаи маро нашр мекунед. Худованд ба шумо қувват ва дар корҳоятон барор диҳад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Системае, ки аз давраҳои СССР, ки Лаврентый Берия дар КГБ сохта буд, то ҳол дар баъзе давлатҳои пасошуравӣ боқӣ мондааст. Хусусан дар Тоҷикистон. Алишер Мирзонабот, раис собиқи ВМКБ ҳам қурбонии ҳамин система шуд. Албатта, то Алишер ҳазорҳоро чунин карданд, ки ин навигарие нест.
Алишер Мирзонабот моҳҳои охир дарк кард, ки чи қадар хатоиҳо ва номардиҳоро таҳти дастури СС Ятимов иҷро кард.
Алишер Мирзонабот бо чанд нафар аз собиқ кормандони замони КГБ вохуриҳо гузаронида буд ва мехост фаҳмад, ки дар ҳақиқат маълумотҳои КДАМ метавонанд сохта бошанд чун дар МВД? Чунки дар мактаби КДАМ тарбия мекунанд, ки дар КДАМ маълумотҳо дақиқ ва бебаҳсанд.
Мирзонабот оиди он ҳолатҳо, ки метавонист дар дохили нафароне, ки шоҳроҳро бастанду талабҳои бо роҳбарияти давлат вохуриро карданд, кормандон, резидентҳо ё инки агентҳои хобидаи КДАМ буд, ки специално мардумро аз қафои худ ба бетартибиҳо бурданд? Умуман Алишер Мирзонабот ҳафтаҳои охир саволҳои зиёдро ҷавобҷӯӣ мекард.
Бояд Алишерро як хафта пештар якнима мекарданд, аммо аз сарчашмаҳои КДАМ хабар расид, ки Алишер Мирзонабот як хислат дошт, ки ҳамаи гапу корашро бо ҳамсараш мегуфт:- дар хона, сари дастархону танҳоӣ. Барои ҳамин интизори якҷо будани онҳо шуданд. Алишер Мирзонабот хеле зиёд маълумотҳои вазнин барои шикасти ин режимро дошт ва медонист. Барои ҳамин команда сразу дода шуд, ки тезтар аз байн бурда шавад..
Ронандаи ӯро масмум карданд. Саме, ки баъди муддати муайян фалаҷ ва ҷисмро корношоям мекунад.
Дар аввал ин фикрро доштанд, ки болои худи ҷавонҳои бадхшӣ кунанд. Аммо ин нақша боварбахш набуд, аз баҳраш гузаштанд.
Ҳоло маълум нест, ки курсии муовини раиси Маҷлиси миллӣ ба дӯши раиси ВМКБ вогузор мешавад ё хайр. Инҷо бояд бадахшӣ бошад.
Хуллас, бо вуҷуди ин ҳама хизматҳо ба режим ва хиёнатҳо ба мардуми худ (ин вилоят худмухтор аст ва аз ҳар лиҳоз аз Суғд ва Хатлон фарқ дорад) мавриди шак ва гумон қарор гирифт.
Нақшаҳое дигар барои Помир дар сар доранд, нақшаҳое хатарбор. Гуё мехоҳанд, ки бори дигар дар Помир як хунрезӣ барпо кунанд. Аммо ин навбат Алишер Мирзонабот розӣ нашдудааст.
Овардани Шарифхон Сафарзода, ки помирӣ нест дар ҷойи Алишер Мирзонабот ба хеле аз шаку шубҳаҳо, ки Алишер Мирзонабот тасодуф кард ё ин як кори сохта ва нақшаи қаблан тарҳрезишуда буд, равшанӣ андохт.
Як нафари бисёр ҳам шинос бо ронандаи Мирзонабот гуфтааст, ки вай профессионал буд ва дар он ҷо, ки гуё мошинаш авария кардааст, имкони пеш омадани чунин ҳолат кам аст. Ронанда дар онҷо на ба он суръате меронад, ки дигар натавонад аз уҳдаи идораи рули мошин набарояд.
Фосилаи ҳошияи роҳ ва ҷарӣ, ки мошин сарозер шудааст, низ кам нест ва то ҷар шудан саддарсад имкони бо тормоз нигоҳ доштани мошин вуҷуд дошт. Аммо чаро ин тавр нашуд. Чунки ронанда, ки заҳр хӯрда буд, то садама дигар аз ҳуш рафта ва пояш, ки дар газ буд, дар ҳамон ҳолат мошинро то ҷарӣ ронд. Зеро аз ҳуш рафта ва дар дами марг ва ё ҳатто то сарозер шудан мурда буд.
Чи хеле ҳам набуд ҳодисаи садамаи Алишер Мирзонабот як автоаварияи оддӣ набуд ва он таҳти таъсири омили беруна сурат гирифтааст.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Масъала ва мушкилоти домсозҳо ва сокинони пойтахтро «Ислоҳ» низ чанд маротиба дар миён гузошт. Ин бор ман аз «СССР» як матлаби хуберо дар ин бора интихоб намудам. Муаллифони ин навишта Ҷамила Ҳусейнова ва Омирона Достиева мебошанд ва ин матлаб таҳти унвони «Ширкатҳо ва домсозҳои фиребгар киҳоанд» рӯзи 24.07.2026 дар сайти ин нашрия мунташир шудааст.
Ин матлаб васеъ аст ва ман мухтасари онро пешкаш карда ва сипас фикру ақидаи худро баён медорам.
Инро бояд бигӯям, ки худи кормандони ин нашрия, чуноне аз ин матлаб бармеояд аз дасти яке аз чунин ширкатҳо фиреб хӯрдаанд. Дар матлаб дар ин бор чунин гуфт мешавад: «Бояд гуфт, ки ширкати машҳури «Тибби Суҳайб», ки чанде аз кормандони редаксияи газетаи СССР муттаассифона аз он хона харида, фиреб хӯрдаанд, ба рӯйхати сурхи Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе шомил аст ва Худо медонад, ки мушкилашро бо мардум кай ҳал мекунад».
Ин нашрия аз қавли мақомоти меъмории Душанбе феҳристи ширкатҳои домсозро, ки шаҳрвандонро фиреб карданд, овардааст, ки аз ин қарор аст:
Рӯйхати сурх (сиёҳ)-и ширкатҳо ва домсозони мушкилдор дар шаҳри Душанбе
Негматова 3.У. № Қарор: 683-2013
Самизода Ҳ. № Қарор: 371-2014
Ҳабибов Ф.М. № Қарор: 160-2017
Садулоев М.А.№ Қарор: 617-2018
ҶДММ «Аюб-2010» № Қарор: 107-2020
ҶДММ «АСМ Сохтмон» № Қарор: 131-2020
ҶДММ «Тибби Суҳайб» № Қарор: 134-2020
ҶДММ «Муҳандис-2014» № Қарор: 214-2020
ҶДММ «Захира-2004» № Қарор: 220-2020
ҶДММ «Шерозӣ Плаза» № Қарор: 620-2020
ҶДММ «Зарҳам» № Қарор: 669-2020
ҶДММ «Нахустманзил» № Қарор: 691-2020
ҶДММ «АБР-Текстил» № Қарор: 692-2020
ҶДММ «Раҳмон-2016» № Қарор: 693-2020
ҶДММ «Бинокор 2016» № Қарор: 59-2021
ҶДММ «Ҷамол ва Басир» № Қарор: 79-2021
ҶДММ «Соҳиб Дуст» № Қарор: 310-2021
ҶДММ «Тоҷ Экспорт ЛТД» № Қарор: 480-2021
ҶДММ «Оби Ҳаёт» № Қарор: 645-2021
ҶДММ «Маҷро» (ҶДММ «Сад Нур») № Қарор: 153-2022
ҶДММ «Пойтахти Диёрам» № Қарор: 169-2022
ҶДММ «Абдураҳмонстрой-2014» № Қарор: 170-2022
ҶСП «Холдинги Осиё гурӯҳ Тоҷикистон» № Қарор: 171-2022
ҶДММ «Бохтар Созанда» № Қарор: 415-2022
ҶДММ «Шаҳри зебои мо» № Қарор: 423-2023
ҶДММ «Қудрат 2010» № Қарор: 432-2023
ҶСК «Ориёнбонк» № Қарор: 654-2023
ҶДММ «Азизи сохтмон» № Қарор: 69-2024
ҶДММ «Васли Моғиён» № Қарор: 265-2024
ҶДММ «Бурҷи Пойтахт» № Қарор: 402-2024
ҶДММ «Сохтмон-2017» № Қарор: 524-2024
ҶДММ «Акбар-сохтмон» № Қарор: 593-2024
ҶДММ «Саноати Кухкорӣ» № Қарор: 594-2024
ҶДММ «Баракат 2013» № Қарор: 718-2024
ҶДММ «Душанбе Хуррамшаҳр» № Қарор: 804-2024
ҶДММ «Ромис Гурӯҳ» № Қарор: 8-2025
ҶДММ «Муосирсоз» № Қарор: 9-2025
ҶДММ «Дурахшон иншоот» № Қарор: 10-2025
ҶДММ «Мероссохтмон» № Қарор: 127-2025
ҶДММ «Капитал АА-2014» № Қарор: 129-2025
ҶДММ «Ҷилои Душанбе» № Қарор: 131-2025
ҶДММ «Басит» № Қарор: 132-2025
ҶДММ «Ободкори диёр» № Қарор: 182-2025
ҶДММ «Болошаҳр З» № Қарор: 183-2025
ҶДММ «Строй Центр» № Қарор: 228-2025
ҶДММ «Насли Дурахшон» № Қарор: 262-2025
ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» № Қарор: 263-2025
ҶДММ «Иқбол 2006» № Қарор: 302-2025
ҶДММ «Рангинкамон» № Қарор: 303-2025
ҶДММ «Бахт 2005» № Қарор: 304-2025
ҶДММ «Тоҷик муосир сохтмон» № Қарор: 351-2025
ҶДММ «Агро Россия Тоҷикистон» № Қарор: 352-2025
ҶДММ «Фируз Маҳмад Иншоот» № Қарор: 353-2025
ҶДММ «Байтулло сохтмон» № Қарор: 426-2025
ҶДММ «Калипсо» № Қарор: 427-2025
ҶДММ «Тоҷ Манор» № Қарор: 428-2025
ҶДММ «Қудрат 2010» № Қарор: 429-2025
ҶДММ «Қудрат 2010» № Қарор: 430-2025
ҶДММ «Қудрат 2010» № Қарор: 431-2025
ҶДММ «Сохтмони Бародарон» № Қарор: 679-2025
Дар ин матлаб тазаккур дода мешавад, ки чанде аз ширкатҳои домсоз ҷарима кард шудаанд: «Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, дар нимсолаи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 3 770 ҳолати риоя нашудани қонун дар сохтмони 1 178 иншоот, ки ба 455 ширкати бинокор мансубанд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш 90 нафар роҳбарони ширкатҳои бинокор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, ба маблағи умумии 300 254 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Воқеан ҳам 300 ҳазор сомоние, ки 90 нафар роҳбари ҳатулкор пардохтаанд, сари ҳар «халтуршик» 3 ҳазору 336 сомониву 15 дирам рост меояд. Аҷаб ҷабре сари «домсозони камбағал», ки дар 1 «ужин» шояд чанд ҳазор доллар харҷ кунанд!!! Оҳ, роҳбарони ширкатҳо аз ин ҷазои сангини Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарсидаандеее, ки дигар касеро фиребу макр нахоҳанд кард!
Ғайр аз ин, 80 ширкати сохтмонӣ бидуни дарёфи хулосаи мусбати ташхиси давлатӣ сохтмонро оғоз кардаанд, ки нақзи талаботи амалкунанда маҳсуб меёбад».
Ин нашрия менависад: « Рӯзе нест, ки нолаву гилояи мардум аз ситами «домсозон» ё худ ширкатҳои сохтмонии кишвар бар фалак напечад. Ва ҳарчанд масъулин мушт бар сина мекӯбанд, ки ҷилави ину он ширакти сохтмониро кашидаанд, вале суфуфи фиребхӯрдаҳо боз ҳам зиёд мешавад. Мушкил дар чист? «Домсозон» беинсофтарак шудаанд, ё медонанд, ки ба даст ҳам уфтанд, аз нӯги хамир фатир дода, халос мехӯранд?
Дар сомонаи Memor.pro – Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе, ки манбаи ягонаи расмии иттилоот дар бораи ҳамаи иншоотҳои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматии дорои иҷозати расмӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аст, рӯйхати 352 ширкат ва соҳибкороне, ки бо сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ машғуланд, нашр шудааст.
Аз ин шумора 241 ширкат ягон мушкил надоранд, 51 ширкат айни замон дар роҳи ҳалли мушкили худ ва ба итмом расондани сохтмон буда, 60 ширкат ва соҳибкорони дигар дар рӯйхати сурх (яъне сиёҳ)-и Сарраёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе қарор доранд. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки бо ин 60 ширкат ва соҳибкороне, ки даст ба қаллобӣ зада, хонахаронро фиреб карда, бархе дар фирору ҷустуҷӯ қарор доранд, ҳеҷ муомилае анҷом надиҳанд ва интизори ҳукму қарор ва хулосаи мақомоти қудратӣ шаванд. Ҳар вақте, ки ширкат проблемаи худ ва харидоронашро ҳаллу фасл намуда, аз рӯйхати сурх ба рӯйхати сабз гузашт, пас танҳо он замон мумкин аст бо ин гуна афрод шартнома кард.
«То омода шудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад!
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он ақида аст, ки шаҳрвандон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ бояд ба додгоҳ муроҷиат намоянд. – Кумитаи меъмориву сохтмон ба ташхис, назорати сифат, додани иҷозатнома барои сохтмон ва риояи меъёрҳои сохтмонӣ масъул аст. Аммо дар муомилоти шахсӣ кумита иштирок намекунад ва шартҳои қарордод ба салоҳияти ниҳоди мо мансуб нестанд. Масъалаи арзиши манзил, муҳлати сохтмон ва иҷрои уҳдадориҳо ба шартнома миёни тарафҳо, ки дар нотариус ба расмият дароварда мешавад, танзим мешаванд».
Раиси Кумитаи меъморӣ дуруст мегӯяд, ки вай масъули қарордоди миёни харидор ва домсоз нест, агарчи дар масъалаи худи домҳо ҳам камбуд зиёд аст. Аммо дигар ниҳодҳо ва бахусус худи шаҳрдорӣ бояд ин масъаларо таҳти назорат бигирад то домсозҳо аз сари худ нараванд ва бо муштариҳо муомилаи инсонӣ дошта бошанд.
Дар як навиштаи дигар хондам, ки дар кучаи Айнӣ як ширкати домсоз ,ки қарори сохтмони баландошёнаро аз шаҳрдорӣ гирифтааст хонаи сокинонро бо трактор дар болои сарашон чапа кардааст.
Ин чи гуна мудирият ва роҳбарӣ аст? Рустами Эмомалӣ бояд ба ин кори ин домсоз, ки қарорро бо имзои вай гирифтааст ҷавоб диҳад.
Маълум аст ки барои ҳар як қрор Рустами Эмомлӣ садҳо ҳазор доллар аз домсоз мегирад ба унвони пора. Асли мушкилоти домсозҳо дар Душанбе ҳамин порахӯриву ришвагирии Рустами Эмомлӣ аст.
Агарчи кормандони СССР ҳам аз асли кор бохабаранд вале бо сабабу иллатҳое, ки мову шумо медонем гуфта наметавонанд.
