Сангак-табаҳкоре, ки масири истиқлоли давлати Тоҷикистонро хароб кард
(бахши ёздаҳум)
Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон бо як фармон 31 марти соли 1993-рӯзи дафни як ҷинояткори бо 23 сол собиқаи зиндонро дар қаламрави мамлакат мотами миллӣ эълон кард. Давоми сӣ соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов дар Тоҷикистон баргузории маросими азои миллӣ ҳамин як бор ва он ҳам барои як ҷинояткор ва як қотил сурат гирифтааст. То имрӯз дар тули ин сӣ сол ҳазорҳо фоҷеаҳо ин миллатро домангир шуда аст вале ҳаргиз Раҳмонов ва режими ӯ рӯзи мотами миллӣ эълон накардааст. Бале, дуруст пай бурдед, ин ҷинояткор касе ба ҷуз аз Сангак Сафаров, раиси Фронти халқӣ, нафаре, ки бо дастони аҷнабиҳо Эмомалӣ Раҳмоновро сари қудрат овард, нест. Сангак, ин гумошта ва асбоби дасти хадамоти ҷосусии Русия ва Узбакистон дар таъйини сарнавишти давлатдории миллӣ нақши басо нангин ва шуму сиёҳеро гузошта давлати навпо ва неруҳои милливу мардумӣ, ҳама ормону орзуҳои даст ёфтан ба як истиқлоли комилро ба хоки сияҳ кашонд. Вай худаш, бо забони худаш на як бору ду бор иқрор ва эътироф кардааст, ки ӯ ба ҷуз як авбоше беш нест:
«Ман дар тӯли умри 64-солаам задам, шикастам, даридам…вале эҳсос намудам, ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон аз ман ба маротиб авбоштар аст» (Иқтибос аз суханронии С.Сафаров дар мулоқоти Хоруғ 26 июли соли 1992. Рӯзномаи «Тоҷикистон» №19,31.07.1992)
30 марти соли 1993 дар як муноқишаи дохилии миёни Файзалӣ Саид ва Сангак Сафаров, қумандонҳои Фронти халқӣ ҳарду кушта шуданд. Сангак Файзилиро ва муҳофизони Файзалӣ Сангакро бо тир зада куштанд.
Солҳо баъд, Дилором, зани Файзалӣ дар як сӯҳбате бо хабарнигорон иброз медорад, ки Файзалӣ дар дақоиқи ахири ҷонканӣ вайро ба такрор чунин садозад: «номард, номардиатро кардӣ…»
Ин номард Сангак Сафаров буд. Вале дар таъзияномаи нашршуда аз номи ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешуд, ки ин ду «қаҳрамони миллат» аз дасти душманон ба шаҳодат расиданд. Албатта, ин як дурӯғ буд, ки онҳоро душманони миллат кушта бошанд, вале як дуруғе буд, ки дар батну матнаш ҳақиқат дошт. Чун ин ду:-Сангак ва Файзалӣ қотили миллат ва душмани миллат буданд ва аз ин ҷиҳат гуфтанд, ки аз дасти душманони миллат кушта шуданд, ғалат нест.
Сангак чи касе буд, ки марги ӯ мотами миллӣ эълон шуд?
Номи Сангак вақте сокинони Кулоб дар апрели соли 1992 барои барқарории С.Кенҷаев –«Комиссар Катанӣ», ки таҳти фишори тазоҳуроти неруҳои милливу демократӣ аз курсии Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон берун карда шуд ба Душанбе омада даст ба тазоҳуроти ҷавобӣ заданд, сари забонҳо афтод. Сангак, ки барои ин мардум пешво ва лидерашон шинохта мешудааст, вориди саҳна шуд ва дар майдони «Озодӣ»-и назди бинои Шӯрои Олӣ гирдиҳамоӣ такшил кард. Қавл дод, ки Кенҷаев, спикери маъзулшудаи парлумонро ба ҷояш-раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон бармегардонад. Ҳамин тавр ҳам шуд.
Иҷлосияи 14-и Шӯрои Олӣ рӯзи 28 апрели соли 1992 даъват карда шуд ва Сангак Сафаров, ба унвони намояндаи майдони «Озодӣ» дар он иштирок ва суханронӣ кард. Инҷо матни суханронии Сангакро муфассал меоварем, то худи хонанда аз вазъу ҳоли онрӯза огоҳ бишавад:
«Муҳтарам депутатҳо. Ин фалокате, ки имрӯз сар шудааст. Халқа ба инҷо овардагӣ, ҳамин баромади қозикалон…Вақте ки аз кор омадам, пеши телевизорба писарам шиштагӣ, писарам майда-майда, калониш 29, майдаш 27, моҳи декабр. Ҳашта фарзанд дорам. Қозикалон баромаду гапаша гуфтау бромаданба як чашмак заду баъд домонаш қатӣ ин хел кард. Баъд гуфт, ки Искандарова гуфт, ки курсиҳоя иваз кунед, вай касофат. Бовар кунед, духтарчаам гуфт, ки ин чи гуфт, ота? Ин чи гап? Ман пеши фарзандомба қасам хурдам. Бовар кунед. Ман аз ҳиҷ кас паноҳ намедорум. Қасам ёд кардам, ки агар туфон нахезонам, ман Сангак не.
Пагоҳӣ хестам, рафта исми бузургворба зиёрат кардаму дуконба омадам, ки пеш дуконба одам мӯл. Ман ҳайрон шудам, ки одамо ман хабар накарда ин одамо пеш аз ман хестагӣ. Ё ягон кас Сангак ҳаст ҳамин Кулобба….Кулоби моба Сангак бисёр, депутатҳои муҳтарам. Фикр накунед. Қозикалон маҳона кулобиҳои таракан-таракан гуфта инҷа баромад мекунаду овоза мекунад. Кулобиҳо ҷудо ҳам тоқат доранд. Арғамчина дароз партофтагӣ, кай вахте корд ба устухон расид. Ин туфон аст. Фаромӯш накунед! Ин селе, ки ҳозир хестаст, ин села ҳеҷ кас манъ карда наметонад. Ин митинг, митинги байналхалқияй, ина фромӯшт накунед. Ин тамоми ҷаҳонба паҳн шудагияй. Ҳозир, ки халқ чи талаб дорад. Халқ ҳамин мақсад қати омадагӣ. Як хел муҳтарам депутатҳо писанд намекунанд. Рӯзе ман омадам ,шаб 38 та автобус қати чандто бартовой қати омадам. Барои шумо, байни шумоба шиштагӣ депутатҳо, муҳтарам депутатҳо ҳаст. «Ҳе, кулобиҳо рӯзмон метиен, ай пушти шумо кулобиҳо, мо шарманди шидем. Шармондамон кадасоден. Намемунемун, ки ҳамин чорта кулобӣ ҳамин Душанбе зиндагӣ кардасоден, зиндагӣ кунем». Инам гап-му? Инам ақлу фаросат-му? Вай депутат, гули халқ. Халқ интихоб кардагӣ. Ин ай рӯи одоб. Ман 23 сол турмаба хоб кардагӣ, шарм мекунаму вай шарм намекунад-ми? Номусаш азоб наметияд –ми? Бағали занашба хоб кардагӣ вахтба ҳиҷ фикр намекунад, ки ман чи гуфтам, чи кор карда истодаем.
Бародаро ҳар вақте ки ман телевизорро тамошо мекунам ҳамин қозӣ баромад мекунаду ҳамин ҳамаи зала таги дастба зер карда гирифтагӣ. Шумо мард нестен-ми? Номус надоре, модаратон шумоба шир додагӣ не-ми. Ҳо вахт камтар аст, фигер ки бародаро, як хел депутатҳо, ман ҳамаи шуморо дар назар надорам, фигр накуне, ман узр мепурсам. Ман ҳамин одама пешонишба нигоҳ карда гап мезанам. Як худатон тасаввур кунед, кияй ҳамин Тоҳири Абдуҷаббор. Кияй як қозӣ? Кияй Соҳибназар? Бародаро ҳамуноя роҳ доден, мамлакат мана ба ҳамин рӯз расид. Як фигр кунед худатон. Фарзанд доред ҳар кадоми шумо. Ман 64 ба қадам мондам. Нав соҳиби хона шудам ман.23 сол мана азоб доданд. Якҷои ободам намонд. Локин ман худама гум накардам. Фикри ояндама кардам. Ҳамин роҳба хестам, барои фарзандо, барои оянда. Қозӣ агар ду соати дигар, қасам, дер мекардем, қозӣ пагоҳи меомад мусафед ба (манзураш Р.Набиев) мегуфт, ки ҷомата парто китфатбаву пенсия рав, ҷоя холӣ кун. Террор сар мешуд. Одамкушӣ сар мешуд. Бародаро нағз фигр куне. Ман ҳоле бефоида гап задагим не. Медонам ҳамин залба як хелаша намефорад. Қозикалон давлатба меомад, ҳиҷ каса раҳмаша намехурд. Ҳиҷ каса. Фромӯш накне. Аз ҳаминҷа террор сар мешуд. Кулобба тамом мешуд. Бародаро биёен як хулосаба. Ин халқа ҳозир якум калонаш (колонна) аз Термиз омад. Ҳоли боз омесиян. Хутотон як фигр кунен. Шумо меген, ки халқ ба ҷавоб тием. Мо омадаем, ки мамлаката наҷот тием, ай дасти қозӣ. Агар ҳози мамлаката тоза накнему қозӣ ба ҳабс гирифта намешавад, тенҷӣ намешавад. Ман дина пеши халқда баромад када гуфтам, агар қозӣ биёя, бахшиш пурса, гуноҳша мебахшем. Гуфтам мебахшем.Бовар кнен, у одами бузургай, неки ваҳшияй. Сари хама шамшер намебурад, лекин наомад». Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Трансдорнаука.Маскав-1995.
Хуб, ки хондеду фаҳмидед, ки ин ҷинояткори бо 23 сол собиқаи зиндон чи касеву чи ақлу мағзеву чи фаҳму фаросатеву чи мақсаду қасде дорад?
Сангак ва ҳамроҳонаш ба Душанбе, дар асл бо талаби ҳукумати онрӯза Р.Набиев, Н. Дустов ва С.Кенҷаев омада буданд ва шиорҳояшон ҳам «Нест бод ислом», «Демократияро маҳв мекунем», «СССР-ро барқарор мекунем» ва талаби асосиашон барқарории Кенҷаев ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ буд, ки таҳти фишори тазоҳургарони майдони «Шаҳидон» чанд рӯзи пеш маҷбур ба истеъфо шуда буд.
Сангак муваффақ шуд, ки Кенҷаевро дар ҷояш гашта оварда монад. Аммо дар ин миён майдонҳо бо тавтиаву иғво ва дасисаи дастони хориҷӣ ба ҳам заданд ва хуни инсонҳо рехт ва Набиев ба 1800 нафар аз муътаризини майдони «Озодӣ» автомат тақсим кард. Мунтаҳо ин рӯёрӯии майдонҳо авзоъро ба ҳам зад ва кори Сангак ва ҳамроҳонаш дар майдони «Озодӣ» шикаст хӯрд. Сангак ба асорати тарафдорони майдони «Шаҳидон» афтод. Акнун вай дигар шер набуд, гурбаи мискин шуда изҳори тавбаву надомат мекард. Ҳам вай ва ҳам Рустами Абдураҳими думрачӣ ба номи қозӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода тавбанома навиштанд. Сангак, дар саволу ҷавоб ҳамаро «по полний программа» фурӯхт. Эътироф кард, ки онҳоро аз Душанбе Раҳмон Набиев ва командааш таваллову зорӣ карданд, ки биёянду ҳукуматро ҳимоят кунанд.
Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон дар як суҳбати матбуотиаш мегӯяд, ки ҷараёни бозпурсии Сангак, ки ҷаноби Прокурор қаблан ҳам ӯро мешинохтааст, дар навор забт шуда буд, аммо вай ҳозир нест муҳтавои онро ифшо бисозад:
“Ман бо Сангак Сафаров бори аввал дар соли 1990 вохӯрда будам. Он вақт ман дар масъалаи даст доштани бархе аз роҳбарони вилояти Кӯлоб, аз он ҷумла сардори умури дохила ва муовини прокурор ва сардори Госснаби он ҷо корҳои тафтишотиро пеш мебурдам. Дар ҷараёни ин тафтишот маълум шуд, ки Сангак бо роҳи зӯрӣ аз мудири анбори Госснаб ба маблағи беш аз 9 ҳазор сӯм маводи сохтмониро гирифта, маблағро надодааст. Он вақт бо супориши ман Ҷиёнхон Ризоев, ки сардори бахши ҷустуҷӯи умури дохилаи вилоят буд, ӯро кашон-кашон овард ва ман ӯро пурсиш гузаронидам. Зимнан, ман на танҳо бо Сангак, балки бо Рустами Абдураҳим ҳам сӯҳбат карда будам. Рӯзи 5-уми май дар рӯзи равшан дар майдони “Озодӣ” муовини раиси КГБ-и Тоҷикистон А.Белоусов бо мақсади ду майдон – «Шаҳидон» ва «Озодӣ», яъне халқи тоҷикро ба ҷанг кашонидан ҳамроҳ бо ду корманди ин идора норинҷак партофт. Ӯро Сангак ва чанде аз ҳамроҳонаш дастгир карда, ба таҳхонаи Шӯрои олӣ овард. Сангак ӯро латукӯб кард. Белоусов гуфт, ки дастури раиси КГБ-ро иҷро кардааст. Сангак хост, ки ӯро кушад, аммо Кенҷаев ва Ҳувайдуллоев нагузоштанд. Он рӯз, дертар Сангакро мухолифин гаравгон гирифтанд. Аммо бо Сангак чӣ сӯҳбат шуд, ба фикрам, як умр ҷавоб намедиҳам. Он ҷо гапҳо зиёд буд, намехоҳам ифшо шаванд. Вале тамоми ҷараёни сӯҳбат, ки ба таври расмӣ ба протоколи пурсиши Сангак Сафаров ва инчунин Рустам Абдураҳимов аз тарафи муфаттиш баргузор шуд, дар навори магнитофон сабт шудааст.”
Аммо як қисмате аз ин протоколи пурсиш, ки рӯзи 7 майи соли 1992 сурат гирифтааст, дар китоби «Фарёди солҳо»-и Бӯрӣ Карим оварда шудааст. Сангак дар ин пурсиш эътироф мекунад, ки пойи вайро ба самти Душанбе Муллоҳайдар кашонд. Муллоҳайдар ба Сангак мегуяд, ки ҷумҳуриро ваҳҳобиҳо гирифтанд. Бояд бираванду озод кунанд. Сангак дар ин саволу ҷавоб аз он ҳам мегуяд, ки тамоми тадорукот ва масорифи сафар аз тарафи кумиҷроияи вилояти Кулоб гирифта ва пардохта шуд. Мошин, ғизо. Вале сузишворӣ-бензинро онҳо бо зӯри аз нуқтаҳои фуруш- автозаправкаҳо, бо таҳдиди онки агар надиҳед ба оташ мекашем, гирифтанд. Онҳоро Нарзулло Дустов-ноиби раиси ҷумҳурӣ пешвоз мегирад. Раиси ҷумҳур ва Сафаралӣ Кенҷаев бо онҳо мулоқот мекунанд:
«Нас принял Кенжаев он сказал, как хорошо, что Вы приехали, Спосибо Вам, но я сейчас назначен предсеталем КГБ. Мы с ним беседовали. Он сказал что Дустов и Набиев ему сказали, что он одновременно будет вести работу Верховного Совета»….
« Я вчера окончателно понял, что на правителство, которие нижни кресло хотят, чтобы поссорит нас с площади «Шахидон», эти люди Кенчаев, президент, Ҳувайдуллоев, Дустов. Но это мы поняли и зашли к президенту, просили, чтобы нас вернули обратно, иначе здесь пахнет кровю. Били слухи в Кулябе, якоби Адолат Рахмоновой изнасиловали, издевались над депутатами. Об этом говорил и мулло- Хайдар и другие люди. Шарипов Хикмат, депутат сам виступал он сказал что чут его не убили. Потом поднялся народ.
Сангак дар зери протокол, чун як ҷинояткори ботаҷриба менависад, ки «аз суханони ман навишта шудааст. Хондам ва ҳамааш дуруст мебошад».Ва, имзо гузоштааст.
Аммо Сангакро рӯзи 12.05 раҳо ва то худи Кулоб бадрақа мекунанд. Зеро дар ин миён нафарони аз майдони «Озодӣ» баргашта дар Кулоб дигарбора ба тазоҳурот даст мезананд. Муллоҳайдар, ки омили нуфузии Идороти таҷассусист афроди босилоҳ аз Душанбе бозгаштаро ҷамъ овард ва дигарбора дар Кулоб тазоҳурот барпо ва тақозои раҳоии Сангак ва Рустами Абдураҳимро кард.
Баъди панҷ рӯзи боздошт Сангак озод ва ба Кулоб бурда шуд. Сангак ба таври катбӣ аҳду қавл дода буд, ки меравад мардумро ором мекунад, силоҳҳоро мечинад. Вале баракс шуд. Сангак омад ва туфони ваъдагиашро дигарбора хезонд. Ин бор дигар Сангак танҳо набуд. Набиеву Кенҷаеви шаттахӯрда ва кинадошта, мақомоти вилоёти Ленинободу
Кулоб, бархе аз ноҳияҳои алоҳида мисли ноҳияи Вахш ва роҳбари он Файзулло Қувват водии Ҳисор бо баргузории маҷлиси вакилони халқ расман бо марказ-Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ қатъи робита карда эълон доштанд, ки қарору дастуроти онро намепазиранд.
Русия ва Узбакистон пушти Сангак, ки мегуфт зидди демократия ва ислому шариат аст ва СССР барқарор мекунад такягоҳ шуданд. Сангак дигар амалан роҳбари мутлақи Кулоб шуд. Бо шиддати тамом муқобили Ҳукумати марказӣ муборизаи мусаллаҳонаро роҳандозӣ кард.
Вай баъди имзои созишномаи «Сулҳи Хоруғ»,ки моҳи июл миёни тарафҳои даргир баста шуд, боз ҳам ба хабарнигори «Азия плюс» изҳор дошт, ки намехоҳад тибқи фармудаи шариат зиндагӣ кунад:
«- Мы хотим восстановить конституционный строй и законность в стране, которые исламские радикалы растоптали. Мы хотим жить в светской стране, а не по законам шариата.»
Дар зимн Сангакро ҷиҳати ширкат ба ин нишаст, ки таҳти риёсати Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон доир шуда буд чархболи артиши 201-и Русия оварда буд. Аслиддини Соҳибназар, ки низ аз ширкатдорони ин нишаст буд мегӯяд вақте онҳо ба Хоруғ расиданд аз тарафи сарбозону афсарони Русия мавриди кофтукоб қарор гирифтанд. Аммо Сангак кофтукоб нашуд:
«Баробари ин касе пайхас накард, ки чархболи Русия бо Сангаку дигар мушовирони рус ба ин фурудгоҳ фаромада буд ва бе ягон тафтиши ҳуҷҷатҳо вориди сарҳади он гашта, аллакай дар қасри ҳукумати вилоят «дукони» худро кушода, барои ғалабаи оянда қадаҳ мебардоштанд». «Субҳи ситоракуш». Китоби дуюм.
Акнун ҷанги Сангак муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро Русия ва Ӯзбакистон ошкоро дастгирӣ мекарданд. Сангак асбоб ва олати дасти русҳо ва узбакҳо бар муқобили қисми зиёди халқи тоҷик ва бахусус неруҳои милливу демократӣ буд. Сангак бо дини ислом мушкил дошт ва чуноне ҳам аз ӯ нақли қавл кардем пинҳон намедошт, ки онро маҳв мекунад. Ин чеҳраи хунхор хуни даҳҳо тоҷикро шахсан рехт. Хуни Қадриддин Аслонов, раиси собиқи Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки бо имзои ӯ Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон кард ва Ҷиёнхон Ризоев, ки намехост ҷанг идома пайдо кунад дар гардани ӯ дайн аст.
Барои онки бо шахсият ва мақоми иҷтимоӣ ва дидгоҳи Сангак бештар маълумот дошта бошед инҷо аз китоби дуввуми «Субҳи ситаракуш»-и шодравон Аслиддини Соҳибназар чанд пора иқтибос меоварем:
«Сангак ҳам хуб медонист, ки Кенҷаев дар Душанбе саркӯб мешавад ва гуноҳашро худиҳо мебахшанд. Баробари ин Сангак ҳеҷ намехост, ки С.Кенҷаев осебе бинад. Вай бо ӯ то муддате баҳри нигоҳ доштани «дӯстӣ» бо узбекҳо даркор аст. Ва пас аз ғалабаи мутлақ тақдири комиссарро худаш ҳал мекунад».
Манзури шодравон Аслиддин Соҳибназар ин аст ки ба ҳангоми ҳамлаи С.Кенҷаев дар 25 октябри соли 1992 аз Ҳисор ба Душанбе Сангак иштирок накард ва неруҳои таҳти фармонаш, аз ҷумла Файзалӣ Саид, Ёқуб Салим ва дигаронро ҳам рухсат надод, ки ба кумаки Кенҷаев бираванд. Чунки аллакай дар инҷои кор нақша иваз шуда ва Сангак бо дастур ва ҳамоҳангии русҳо мехост одами худашро ба курсии раёсати Шӯрои Олӣ бубинад. Хуллас, дигар барои барқарории ҳукумати конститутсиони то 7 майи соли 1992, яъне сари кор овардани Кенҷаев талош намекард.
«Сангак дар навбати худ пас аз ба сари қудрат омадани раиси нав дарк кард ки Ҷаҳонхон (Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилояти кулоб, ки Сангак рӯзи 26 октябр парронида кушт) ягона касест ки фармонҳои ӯро дар оянда инкор мекунад. Ба маслиҳати вай ва русҳо бо назари шубҳа менигарад. Ин хатари басо ҷиддӣ буд. Зеро ин амал тарафдорони Сангакро аз кӯмаки русҳо, инчунин ёрии «башардӯстона»-и ленинободиҳо бенасиб ва аз миллионҳо сум маҳрум месозад.» А.Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш»,китоби дуюм.
Давлатмоҳ Хоҷаева, ҳамсари Сангак иллати қатли Ҷиёнхон Ризоев аз тарафи шавҳарашро чунин тавзеҳ кардааст “Сангак ҳар кореро, ки мекард, қоил мешуд. Бале, гуфт, ки ӯ ба Ҷиёнхон Ризоев як тир задааст. Ӯ як рӯз аз радио мешунавад, ки Рустами Абдураҳим се бор диққат-диққат мегӯяд ва бо ҳамин сӯҳбаташ хотима мешавад. Сангак фаҳмид, ки чи ҳодисае рух додааст ва инҳо нопурсида, рафтаанд. Рустами Абдураҳимро куштанд. Ба ӯ гуфтанд, ки Рустами Абдураҳим бо машварати Ҷиёнхон ба Душанбе рафтааст, яъне аз Сангак нопурсида. Дигарашро намедонам, аммо Сангак гуфт, ӯ як тир ба Ҷиёнхон задааст. Охир, бо маслиҳати Ҷиёнхон дар Душанбе бо Рустами Абдураҳим қариб ҳазор нафар бачаи тоҷикро куштанд. Аз ин кори бемаслиҳат Сангак сахт асабонӣ шуда буд. Дар ҳақиқат гуфт, ки барои ин кору чанд хатои дигараш ба ӯ фақат як тир задааст.”
Сафаралӣ Кенҷаев бисёр мехост, ки дар ҳамла ба Душанбе дар моҳи октябри соли 1992 Сангак ҳам ҳатман ширкат кунад. Аммо русҳо ба ин кор зид буданд:
«Эдуард Воробев, ҷонишини фармондеҳи неруҳои пиёдагарди Русия, ки амалиёти Фронти халқӣ муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро роҳбари мекард ба Кенҷаев чунин мегуяд:« Агар Сангак Сафаров ба Душанбе дарояд, бечуну чаро хунрезӣ мешавад. Ба забони русӣ айнан чунин гуфт: «Если в Душанбе зайдет Сангак Сафаров, будет болшое кровопролитие и бесчинство» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон» ҷ.з
Албатта, ин генерали рус ва дигар низомиҳои Русия парвои қатлу куштор дар Душанберо надоштанд. Танҳо ҳадафашон ин буд, ки Сангак дар ин ҳамла шарик нашавад, чунки чуноне гуфтем, онҳо низ дигар дар фикри Кенҷаев набуданд.
Владимир Квачков, сардори бригадаи 15-и ГРУ-и Русия ошкоро дар суҳбатҳояш мегуфт, ки вай бо ҳамаи лидерҳои тарафдори русҳо ва муқобили исломиҳои тоҷик суҳбат карда ва Сангакро, агарчи ретсидивист ва як «тюремшик»-и бособиқа аст пазируфтааст.
Сангак ва Фронти халқии ӯро, чуноне ҳамагон медонем русҳо ва узбакҳо ташкил карданд. Барои онки як бори дигар суҳбатҳои низомиҳои русро дар ин бора ба хотир оварем ба як матлаби пешинаи «Ислоҳ» руҷуъ мекунем:
«В.Квачков ҳама асрорро ошкоро мегӯяд. Вайро Президенти онвақтаи Узбакистон ва вазири мудофиааш муваззаф мекунанд, ки давоми се моҳ Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар Тоҷикистонро бо истифода аз қудрат ва нерӯи дивизияи 201 ва бригадаи таъиноти махсуси шумораи 15-и ГРУ-и Русия, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар Узбакистон монда буд, сарнагун созад. Квачков ба ёд меоварад, ки Сангакро аввал Рустам Ахмедов-вазири мудофиаи Узбакистон намепазирад. Ҳатто мегӯяд,ки “бандит” лозим нест. Аммо бо исрори Квачков розӣ мешавад, ки роҳбарии Фронти халқӣ бар дӯши вай гузошта шавад: “Сангак омад ва худи Каримов бевосита ӯро қабул карда ҳамсӯҳбат шуд ва барои роҳбари Фронти халқӣ таъин шуданаш иҷозат дод”, ба ёд овардааст Квачков.
Сарҳанг Александр Мусиенко, сардори ситоди бригадаи 15, ки ҳамроҳи ҳайати 100 нафарии ҷангиёни ин гурӯҳ вориди Тоҷикистон шуда ва дар ташкили Фронти халқӣ саҳми мустақим доштааст, ин тавр мегӯяд:
“Чтобы как-то легализоваться, мы придумали название «Народный фронт Таджикистана» (НФТ). Главной нашей опорой стал уголовный авторитет Сангак Сафаров, пожилой уже человек, который провел в тюрьмах 23 год”
Шодравон Аслиддин Соҳибназар аз як мавриди дигари ҷиноятҳои Сангак ёдовар шуда менависад, ки русҳо ба Сангак роҳи дарёфти пул ва ҳисоби бо онҳоро ҳам нишон доданд:
« Пас аз тасарруфи Қурғонтеппа аз тарафи Маҳмуд ва ба дасти гурӯҳи Сангаку русҳо расидани маблағи калон ва 167 килограмм тилло аз кони Шугнов, Сангак на танҳо лидери мутлақи сиёсӣ, ҳатто маблағгузори асосии ҷанг гашт. Сангак акнун на танҳо барои силоҳи хурд-автомат пул дода метавонист, балки парвози чархболу тайёраҳои Русия ва Узбакистонро маблағгузорӣ мекард. Ӯ худ озодона аз онҳо истифода мебурд….Соҳиби маблағи калон гаштани Сангак имконият дод, ки дар як муддати кутоҳ сарҳади ҷанг то ба ноҳияи Панҷу Ҷиликӯл, Колхозободу Ғозималик расад.» Аслиддини Соҳибназар. «Субҳи Ситоракуш».Китоби дуюм.
Бӯрӣ Карим, яке аз сиёсатмадорони қурбонии бозиҳои комунистҳои тоҷик шуда дар он солҳо ба хотири ором кардани авзоъ бо гурӯҳҳои даргир ва роҳбарони он аз ҷумла Сангак Сафаров ҳам мулоқот мекунад. Вай дар китобаш «Фарёди солҳо» менависад:
« 2.09.1992. Сангак бо сарбозонаш ба Қурғонтеппа омад, мардумро ба митинги ваҳдат даъват кард. Гирдиҳамоӣ доир гардид. Ӯ суханронӣ карда гуфт: ду вилоят Кулобу Қурғонтеппаро ягона намуда худашон раиси комиҷроия таъин хоҳанд кард. Мардуми Қаротегин хоҳанд хизматгори онҳо бошанд, нахоҳанд –ин сарзамнро тарк бигӯянд. Адолат Раҳмонова ҳангома барпо кард, ки гӯё барои сари ӯ 600 ҳазор рубл ваъда кардаанд. Ана, ман омадам. Сари ман ба кӣ даркор бошад, барояд. То пешин тақрибан 1.5 ҳазор одам ҷамъ омад. Сангак ба таҳдиди мардум гузашт. Ва мардум рӯ ба гурез ниҳод. Ҳамин вақт оташкушоӣ оғоз ёфт. Чанд тан куштаву захмӣ гардид. Дастаи Сангаку Лангарӣ бинои комиҷроияи вилоят, синамохонаи «Ватан»-ро ишғол карданд. Баъдан онҳо дар хонаҳои истиқоматии гузару комиҷроия ҷой гирифтанд»
Сангак дар нисбати неруҳои оппозитсиони тоҷик бисёр ҳам нафрат дошт ва ба онҳо бо шакку шубҳа менигарист. Вай дар яке аз суханрониҳояш мегӯяд:
«Медонам, оппозитсияи сиёҳкор ба ҳама қодир аст. Мо рӯихати одамон барои машқ равон кардаро дорем. Онҳо қасд намуданд, ки Тоҷикистонро мустамликаи Эрон кунанд. Ман намехоҳам, ки панҷ бачаҳои ман ғуломи Қозикалон шаванд».
Бӯрӣ Карим,раиси собиқи Госплани Тоҷикистон ва яке аз шоҳидони ҳаводиси он солҳо дар китобаш «Фарёди солҳо» ишорат мекунад, ки Сангак дигар дар пушти худ қударти русҳо ва узбакҳоро ҳис карда худро лидери мағлубнопазир тасаввур мекард:
«Сангак Сафаров ҳарчанд худро дипломат вонамуд мекард ва забонӣ аз сулҳ ҳарф мезад, вале боз ҳам ҷавҳари аслиаш зуд-зуд зоҳир мегашт ва таҳдид мекард, ки агар кор ҳамин тур идома ёбад, аз роҳи Тирмиз ба Душанбе ҳуҷум мекунем. Ин таъкидҳо ва таҳдидҳо аз куҷо манша мегирифтанд, як андоза пеши ман рӯшан буд. Ҳис мекардам, ки дасти бегонаи қавӣ аз гулӯи тоҷик чанг андохтааст. Бинобар ин ҳангоми суҳбат дар сари мизи гуфтушунид ҳамин маъниро хостам як андоза рушан кунам ва ҳушёрбош диҳам: ки эй бародарон, ин ҷо иллат аз кӯлобию ғармӣ нест. Эҳтиёт бояд шуд. Ҳоло ки аз ин бад нашудааст, аз даъвою ман-манӣ бояд гузашт».
Бо вуҷуди ин ҳама ҷангу хунрезиҳо Сангак аз дасти нафари ҳамразму ҳамсангари худ кушта гардид. Ё чуноне дар матлаби ҳодисаи қатли Сангак Сафаров дар “Ислоҳ” нашр намуда будем,ки ин дуро бо фармони Раҳмонов ба қатл расонидан. Роҳати ин ҳама хунрезиву тоҷиккушиҳояшро ҳоло фақат Эмомалӣ Раҳмонов ва оилаи вай дида истодааст. Раҳмонов писару домоди Сангакро ҳабси абад дод. Нуктаи боиси таваҷҷуҳ ин аст ки фарзандони Сангак, зан ва духтаронаш, ба фарқ аз худи Сангак, ки мегуфт муқобили шариат аст бо ҳиҷоби исломӣ мегарданд. Ва боз як нуктаи ҷолиби дигар, ки албатта ин тасодуф мебошад, қатли ҳарду хоин ва ҷинояткори миллат асосгузорони Фронти халқӣ Сафаралӣ Кенҷаев ва Сангак Сафаров дар як рӯз- 30 март вале бо фосилаи чанд соле иттифоқ уфтодааст. Яъне тарроҳ бароятон маълум аст,ки чӣ касе ҳаст.
Поёни бахши ёздаҳуми ин силсиламатолиб ва бахши дувоздаҳуми мо “Интихоб ва суқути Раҳмон Набиев. Истеъфои ӯ дар Иҷлосияи 16 ғайриқонунӣ буд”