Чаро ба ҷони Давлати Усмон дар Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд сӯиқасд сурат гирифт?
(бахши бисту якум)
Давлати Усмон, дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар симати муовини нахуствазири Тоҷикистон ширкат кард. Вай он замон муовинати аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳизбе, ки дар таъсис ва ташкилёбиву фаъолияти расмии он хеле талош ва муборизаҳо кардааст, бар ӯҳда дошт. Ба навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев, ки дар китобҳояш аз Давлати Усмон ба қабеҳтарин алфоз ёдовар мешавад, вақте Давлати Усмон ҷиҳати ширкат дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар фурудгоҳ пиёда шуд, ӯро тарзе пешвоз гирифтанд, ки «амир Олимхон ангушти ҳайрат газид»:
«…дар он шабу рӯз Давлати Усмони хуношомро роҳбарияти шаҳру вилоят ва як қисм ноҳияҳо чунон боэҳтиромона аз фурудгоҳ пешвоз гирифтанду ба ноҳия бурданду гуселониданд, ки амир Олимхон ангушти тааҷҷуб газид. Чунин навозишро нисбати ягон роҳбари ҷумҳурӣ касе дар ёду хаёл надошта. Ин ҳамон ҳаромзодаест, ки 20 апрели соли 1992 , 17 нафар депутати Шӯрои Олиро гаравгон гирфта, азобу шиканҷа дода буд ва аксари онҳо аз вилояти Ленинобод ва шарифмардони боҳурмату боиззат ва собиқадорону шӯҳратмандон буданд…» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ.1
Аммо дар Хуҷанд муносибат ва эҳтиром бо Давлати Усмон то ба охир муроот нашуд, баракс, чуноне худи ӯ мегӯяд аз як сӯиқасде ба ҷонаш бо як азоб тавонист наҷот пайдо кунад. Вай мегӯяд, ки баъд аз ҷаласа ба қасди меҳмонхона аз толор берун шуда ва савори мошини раиси он вақтаи вилоят Абдуҷалил Ҳомидов, ки қудои Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва аз мизбонони Иҷлосияи 16 ба шумор мерафт, дучори таъқиб шуд:
« ….вақте ки мо аз ҷаласаи Иҷлосия холӣ шудем дар мошини раиси вилоят, ки моро ҳамчун муовини нахуствазир ҳамл мекард, ҳамон шаб ба ҷони ман суиқасд сурат гирифт. Мо ба як мушкилоте аз ин суиқасд наҷот ёфтем. Ва,субҳ ман маҷбур шудам, ки хеле сареъ ва пинҳонӣ Хуҷандро тарк кунам. Яке аз депутатҳои парлумон, ки он вақтҳо сахт маълум буд ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки тоза раиси парумон интихоб шуда буд як хат равон кард, ки Давлат Усмон дар Маскав аст. Вай ба хориҷа фирор мекунад, ӯро ҳабс кунед, то ки наравад. Дар Маскав маро Ҷамшед Каримов, сафири онвақти Тоҷикистон дар Маскав пешвоз гирифт. Рафтем сафорат. Ҷамшед Каримов гуфт, ки алъон дар дар иҷлосияи Хуҷанд ҳамин гуна хат ворид шуд, ки шумо мехоҳед фирор кунед. Ман аз онҷо телефонро гирифтаму занг задам ба Абдумалик Абдуллоҷонов, ки он вақт раиси Шӯрои вазирон буд, Гуфтам, ки чунин як сару садое шудааст, ки он дуруст нест. Ман омода ҳастам, ки дубора ба Хуҷанд баргардам, агар амниятам таъмин шавад. Ман ҳеҷ ҷо фирор накардам, ки ҷаноби Абдуллоҷонов, фикр мекунам, ки баъди машварат кардан бо Эмомалӣ Раҳмонов, ки тоза раиси парлумон интихоб шуда буд, ба ман гуфт, ки ман метавонам ба Хуҷанд бозгардам. Ҳамин буд, ки ман 22 ноябр дубора ба Хуҷанд бозгаштам».
Давлат Усмон вақте аз Маскав бозгашт, ки аллакай Эмомалӣ Раҳмонов, намояндаи Фронти халқӣ раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда ва дар гумон буд, ки ӯро дигар дар Хуҷанд эътибор бидиҳанд, ин ҳам дар ҳоле, ки то чанд рӯзи пеш вай ноиби нахуствазир дар умури назорат бар сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва яке аз дастандаркорони бонуфузи мухолифин ба шумор мерафт. Дуруст аст ки вай низ ҳамроҳ бо соири аъзои Девони Вазирон қабл аз омадан ба Хуҷанд ба хатти истеъфои худ имзо гузошта буд. Вале аз онки солҳо баъд аз ин ҳаводис гуфт, ки дар сурати муомила ва муносибати дуруст бо мухолифин имкони пешгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ вуҷуд дошт, метавон ҳадс зад, ки ба умед буд, ки ҳукумати нав бо онҳо сари ягон тавофуқе хоҳад омад.
Гирдиҳамоии майдони Шаҳидон дар моҳҳои апрел ва майи соли 1992 ва барканории Сафаралӣ Кенҷаев аз мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, Нарзулло Дӯстов, аз мақоми ноиби раиси ҷумҳурӣ, ки дар пайи ба гарав гирифтани депутатҳои Шӯрои Олӣ ва ду муовини нахуствазир ба амал омад, кори дасти Давлати Усмон дониста шудааст.
Сафаралӣ Кенҷаев дар китобаш ҳолатҳои ба гаравгонгирии депутатҳо аз тарафи гирдиҳамомадаҳоро тасвир карда ва онро бори Давлати Усмон мекунад:
« Аз тарафи дигар, Давлати Усмон дар чашми мардуми Тоҷикистон ва вакилони онҳо шахси ҷинояткор ба ҳисоб меравад, чунки пас аз оне ки сессияи 13-уми Шӯрои Олӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ истеъфои маро қабул накард, ҳамон замоне, ки раиси комиссияи ҳисоботӣ депутат Эмомалӣ Раҳмонов протоколи ба ҳисобгирии овозҳоро хонд, Давлати Усмону Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Шодмон Юсуф аз толор хеста, бо қаҳру ғазаб «намешавад» гуфта баромада рафтанд. Сипас ҳамон шаб бо роҳбарии Давлати Усмон 17 нафар депутати Шӯрои Олиро гаравгон гирифта, ба таҳқиру шиканҷа дучор гардонд. Дар ҳаққи ӯ аз тарафи додситонии Душанбешаҳр парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд, вале бо сабаби буздилию тарсончакӣ, содиқ набудан ба вазифаи давлатии худ аз тарафи баъзе масъулон Давлати Усмон ба ҳабс гирифта нашуд ва адаолати судӣ сурат нагирифт…..
Агар Давлати Усмон мусулмони комилу шахси имондор мешуд, ба якаву ягонагии худованди карим боварӣ медошт, раҳми мардуми Тоҷикистонро мехӯрд, аз рӯзи аввал, вақте ки бародарони кӯлобӣ ва дигар мардуми ҷумҳурӣ бо мақсади ба даст даровардани ваҳдати миллӣ, гирифтани пеши роҳи бародаркушӣ, ягонагии Тоҷикистон истеъфои ӯро талаб карданд, ҳатман мебоист, ки ба истеъфо мерафту Акбаршоҳ Искандаров дастгираш намешуд. Қасам ба номи худои яккаву ягона,ки нооромии ҷумҳурӣ боздошта мешуду пеши роҳи ҷанги бародаркуш, рехтани хуни мардуми бегуноҳ гирифта мешуд»
Давлати Усмон, муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд, ки баъди муборизаву талошҳои беш аз се сола(шуруъ аз соли 1989) расман иҷозаи фаъолият дарёфт карда ва дар як фурсати андак ба неруи муқтадир ва пешбарандаи тамоми қувваҳои сиёсии нав, метавон гуфт ба ядрои асосии он бадал гашта қасди ба қудрат омадани худро пинҳон намедошт. Дуруст аст ки Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раиси ҲНИТ ба пайвастани ҳизб ба эътирозоти ҷавонони бадахшӣ дар робита ба қазияи муҳокимаи Мамадаёз Навҷувонов, вазири умури дохила мухолифат карда буд, вале аз онки ҳизб ба ин гурӯҳи муътаризин пайвасту ҳизби демократ ва созмони «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» ҳам қафо намонданд, бармеояд, ки он замон Давлат Усмон дар мавқеи бартар қарор дошт. Худи Давлати Усмон ба унвони яке аз роҳбарони аслии майдони Шаҳидон дар моҳҳои апрел ва майи соли 1992 мегӯяд, ки бо омадани Сафаралӣ Кенҷаев ба мақоми раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон тавозуни намояндагии қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Маскав ҳифз карда мешуд, аз байн рафт.Ҷаноби Усмон дар сӯҳбаташ бо бахши форсии ВВС дар соли 2012 гуфтааст, ки барканории Қадриддин Аслонов ва овардани Сафаралӣ Кенҷаев мақомоти давлатӣ дар навоҳии шарқи кишварро ба ҳукумати Раҳмон Набиев дар мухолифат қарор дод. Оқои Усмон эътироф кардааст, ки дар тазоҳуроти майдони Шаҳидон онҳо на танҳо даст доштанд, балки сармоягузорӣ низ карданд:
«Дар натиҷа, бархе аз мақомоти ҳизби кумунист дар манотиқ, ки мақомҳояшон зери хатар рафта буд, ба тазоҳургарони майдони “Шаҳидон” пайвастанд. Онҳо сокинони рустоҳою навоҳиро муваззаф мекарданд, ки ба тазоҳургарон маводди ғизоӣ ҷамъоварӣ карда ва бифиристанд. На аҳзоби наҳзату демукрот ва на ҷунбиши “Растохез”-у “Лаъли Бадахшон” сармояе дар ихтиёр надоштанд. Ҳеч кумаке ҳам аз хориҷи кишвар ворид намешуд.»
Дар натиҷи созиши роҳбарияти майдони Шаҳидон ва Раҳмон Набиев раиси ҷумҳур дар рӯзҳои 10-12 майи соли 1992 як ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама неруҳои сиёсӣ:-ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократ, созмони «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон»-у «Носири Хисрав» ташкил карда шуд. Аммо танҳо нафаре, ки ба пешниҳодоти раиси ҷумҳурӣ барои гирифтани мақоми давлатӣ ризоият намедод, Давлати Усмон буд. Ин дар ҳолест, ки ба андешаи аксарияти огоҳ аз вазъияти кишвар ва аз ҷумла худи Давлати Усмон бо омадан ва ё пайвастани ӯ ва бақия намояндаҳои неруҳои нави сиёсӣ як навъи созиш (компромисс) бо ҳукумати онрӯзаи умдатан коммунистӣ ба даст меомад. Баъди тазоҳуроти ду майдони Шаҳидон ва Озодӣ, ки хеле тулонӣ идома карда бо хунрезиҳо хотима ёфта буд, оромиш ва субот ҳосил мешуд.
Вале Давлати Усмон даъвои ноиби раиси ҷумҳурӣ карда ва болои Набиев фишор меовард, ки ба додани ин мансаб розӣ бишавад. Нарзулло Дӯстов, ки ноиби раиси ҷумҳурӣ буд зери фишори майдони Шаҳидон бо фармони раиси ҷумҳурӣ аз мақом барканор шуда буд.
Раҳмон Набиев мегӯяд, ки вай чунин салоҳият надорад,ки дар мақоми ноиби раиси ҷумҳурӣ, ки аз тариқи раъйпурсӣ ба ин мақом интихоб мешаванд, касеро таъйин кунад.(Дертар Сафаралӣ Кенҷаев фармони ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва ҳамчунин барканории Нарзулло Дӯстов аз мақоми ноиби раиси ҷумҳуриро аз тарафи Раҳмон Набиев ғайриқонунӣ шуморида буд).
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии мусулмонони Тоҷикистон ва узви Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон дар китобаш «Миёни обу оташ тарҳи сул андохатам,аммо.. бо ёдоварӣ аз ин лаҳзаи бисёр ҳам ҳасос ва сахти тавофуқи миёни ҷонибҳо-роҳбарияти тазоҳуроти майдони Шаҳидон ва Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мегӯяд:
« ……ман дар ҳеҷ гуна машварату тасмимгириҳои асосии раҳбарони Майдони Шаҳидон ширкат надоштам. Танҳо масъалае, ки банда аз ҷузъиёти он огаҳӣ ва дар ҳалли он нақш доштам, муовини Нахуствазир таъйин шудани Давлати Усмон буд. Вақте ки талаби роҳбарони майдони Шаҳидон ва хусусан исрори худи ҷаноби Давлати Усмон дар бораи ба мансаби Ноиби раиси Ҷумҳур таъйин намудани ишон дар тули се рӯз ҳалли худро наёфт, Устод Нурӣ ба Идораи Қозиёт омада баён карданд, ки то ин мушкила ҳалли худро наёбад, мардум майдонро тарк намекунанд ва дар ин робита хоҳиш амуданд, ки бо бародар Ҳимматзода ба назди Раиси Ҷумҳур рафта ҳамин корро ҳал кунем. Ба хотири ҳарчи зудтар тамом шудани митинги майдони Шаҳидон розӣ шудам, ки якҷоя ба Устод Ҳимматзода дар бустонсарои ҳукуматӣ бо Набиев мулоқот карда ин талаби майдонро ба ишон расонем.
Раиси ҷумҳур ҷавоби мантиқи дода изҳор дошт, ки тибқи қонун мансаби «Ноиби раиси Ҷумҳур» интихобӣ аст ва аз ин рӯ наметавонад, касеро дар ин мансаб таъйин бинамояд. Пешниҳод намуданд, ки «агар розӣ бошед Давлати Усмонро муовини нахуствазир таъйин кунам».
Ба ман ин пешниҳод маъқул шуд ва аз ҳамон ҷо бо телефон бо Устод Нурӣ сӯҳбат кардам. Домулло гуфтанд:
-Давлати Усмон розӣ нашуда истодааст. Шумо кӯшиш кунед, шояд Раҳмон Набиев розӣ шаванд.
Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ба ҷуз қабули ин пешниҳод, роҳи дигаре вуҷуд надорад…..
Дар ҳамон ҷаласа фармони Раиси Ҷумҳур дар бораи таъйини Д.Усмон ба сифати муовини нахуствазир имзо шуд ва мо як нусхаи онро бо худ барои Д.Усмон ва Устод Нурӣ овардем….»
Аммо шодравон Аслиддини Соҳибназар, узви Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар ибтидо омода нашуд дар ҳайати Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ шомил шавад вале дертар, дар моҳи октябри соли 1992 розӣ шуд ба ҳайси муовини сарвазири Ҳукумати мазкур ба кор пардозад мегӯяд таъйини Давлат Усмон ба мақоми ноиби нахуствазир иштибоҳ буд, чун қабули намояндаи исломи сиёсӣ дар он замон барои афкори умумии таҳти таблиғи 70-солаи коммунистӣ кори ношуданӣ буд. Вай мухолифи ин таъйинот буд. Ва ӯ ин андеаши худро он замон ба Раҳмон Набиев иброз медорад:
« Бояд аз он арз кард,ки Давлати Усмон намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ аст ва шахси хуб аст. Комилан боварӣ дорам, ки ӯ аз ӯҳдаи ин боварӣ мебарояд. Вале имрӯз дар харитаи сиёсӣ тақдири ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ ва коммунистиро дар як поя мондан хатост. Ҳатто хатарнок аст. Мардумро, ки 70-сол ба бехудоӣ тарбия кардаанд, ҳоло мантиқан аз дини мубини Ислом қисман дур гаштааст ва коммунистон таъин кардани Д.Усмонро ба ин мансаби хеле воломақом, албатта, дастак карда, мардумро метавонанд аз таъсиси давлати исломӣ бори дигар тарсонанд. Қисми мардум ба ин шайтониҳо низ бовар мекунанд. Ҷамъият ба ду гурӯҳ тақсим шудааст ва боз ҳам аз якдигар ҷудо мешаванд. Таъин гаштани Давлат Усмон ба ин мансаб ин ҷудоиро тезониданаш мумкин аст.» Аслиддин Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш»,китоби дуюм.
Таъйиноти Давлати Усмон ба мақоми ноиби нахуствазир, ончуноне ки худобиёмурз Аслиддини Соҳибназар тазаккур кардааст, аз тарафи рақибони дохиливу берунӣ мавҷи норозигӣ ва эътирозоти шадидро ба бор овард. Ҳукумати Мусолиҳаи Миллии он рӯзҳо ба маҳзи ҳузури ин намояндаи исломи сиёсӣ кишварҳои зинуфузеро ба мисли Русия ва Узбакистон ошкоро дар муқобили худ қарор дод. Худи Давлати Усмон солҳо баъд эътироф мекунад, ки ин ду кишвар бо таҳаввули ба вуҷудомада дар Тоҷикистон натавонистанд канор оянду муросо кунанд, балки зарфияти бузурги худро муқобили он равона намуданд:
« Бешубҳа нигаронӣ вуҷуд дошт. Ин суханҳое, ки шумо гуфтед то як андоза воқеият дорад. Зеро кишварҳое мисли Ӯзбакистон ва мисли Русия, ки дар он вақт манфиатҳои бевосита дар Тоҷикистон доштанд аз ба саҳна омадани як неруи ҷадиди сиёсии ношинохта нигарон буданд. Аммо боз ҳам як мансаби муовини нахуствазир, ки ягон салоҳияте амалӣ надошт, салоҳиятҳояш маҳдуд буд, яъне назорат бар фаъолияти неруҳои қудратӣ буд, онҳоро нороҳат карда буд. Боз ҳам мегӯям, ки танҳо як нафар дар дохилӣ ҳукумат буд ва чи хеле, ки мегӯянд бо як гул баҳор намешавад. Аммо ба назари ман ин андеша воқеият надорад, ки гӯё, таъин шудани яке аз намояндагони Наҳзати исломӣ дар симати муовини нахуствазир иллати суқут ё ки иллати авҷгирии ҷанг шуда бошад. Ман фикр мекунам, ки тамоми неруҳои ҳамон вақтаи оппозитсион барои ин ду кишваре, ки манфиатҳои аслӣ дар Тоҷикистон доштанд, яъне Ӯзбакистону Русия нашинохта буданд. На танҳоҲНИТ, балки Ҳизби Демократ, ҳаракати Растохез, неруҳое буданд барои онҳо ношинохта. Ва онҳо аз ин неруҳои озодихоҳ, аз ин неруҳое, ки истиқлолияти воқеии кишварашон ва истиқлолияти воқеии давлаташонро талаб мекарданд нороҳат буданд.»
Аз тарафи дигар мегӯяд ҷаноби Усмон, новобаста аз онки намояндагони мухолифин шомили ҳукумат шуданд, идораи умур дар дасти раиси ҷумҳурӣ буд ва вай моил набуд бо намояндаҳои неруҳои нави сиёсӣ, ки ба зӯр шомили ҳукумат шуданд, бо хулуси ният ҳамкорӣ кунад:
«Намояндагони мухолифон дар давлат салоҳияте надоштанд. Ҳамаи салоҳият дар дасти Президент Набиев ва нахуствазир буд. Чанд вазоратхона дар ихтиёри мухолифон буд, аммо раиси ҷумҳурӣ бо онҳо ҳамкорӣ накард. Ман ба унвони муъовини нахуствазир ҳеч тасмиме гирифта наметавонистам. Куллияи пешниҳоди мо аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ рад мешуд.
Аз сӯйи дигар, бархе аз вазоратхонаҳои марбут ба мухолифон фаъъолияти хубе надоштанд. Масалан, вазорати хориҷа. Ман дар бораи шахсияти Худойбердӣ Холиқназаров, вазири хориҷа, чизе намегӯям. Аммо ин вазорат аз бефаъъолияттарин вазоратҳои Тоҷикистон буд. Ин вазорат натавонист рӯйдоду таҳаввулоти Тоҷикистонро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ расонад.
Агар сиёсати хориҷии Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ хуб фаъъолият мекард ва ҷаҳониёнро аз вазъи воқеъии кишвар мутталеъ месохт, шояд аз ҷанги дохилӣ ҷилавгирӣ мешуд. Агар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешуд, ҳадди ақал фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ болои мудохилаи Ӯзбакистон мешуд, ҷанги дохилӣ иттифоқ намеафтод.» (Аз сӯҳбати Д.Усмон бо ВВС)
Аммо Сафаралӣ Кенҷаев, ки ба маҳзи пофишориҳои майдони Шаҳидон, яъне Давлати Усмон ва бақия роҳбарони он аз мақом маъзул шуда буд, аз Давлати Усмон ба ҳайси як нафаре ном мебарад, ки ба ҳиҷ ваҷҳ сазовор ба мақоми ноиби сарвазирӣ набуд:
«Давлати Исмон, соли таваллудаш 1952, маълумоташ «олӣ», бо азобу машаққати зиёд шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро соли 1990 хатм кардааст. Умрашро ба «семочка» (писта)-фурӯшӣ, яъне «семочка»-ро аз як кас харида, ба дигарон, бо чанд тини иловагӣ фурӯхтан гузаронидааст. Дар бораи кори ургонҳои ҳифзи ҳуқуқ, муборизаи зидди ҷинояткорӣ, амнияти давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои онҳо камтарин иттилоъ ва хурдтарин тасаввуротро надорад. Магар чунин шахс ба оппозитсия обрӯву эътибор меорад? Ҳаргиз! Баръакс рӯи сиёҳи оппозитсияро боз щам сиёҳтар мекунаду мардумро дилсардтар». С.Кенҷаев«Табаддулоти Тоҷикистон».қисми 1
Аммо, мо ки хуб медонем мухолифати С.Кенҷаев то гирдиҳамоии майдони Шаҳидон ҳам бо Давлати Усмон вуҷуд дошт. Вақте дар моҳи сентябри соли 1991 бар алайҳи ба ҷойи Аслонов омадани Набиев дар майдони Озодӣ тазоҳурот барпо ва Давлати Усмон аз роҳбарони аслии он буд ва таҳти фишори майдон Раҳмон Набиев маҷбур шуд аз мақоми Раиси Шӯрои Олӣ истеъфо бидиҳад, дар музокироти тарафи Набиев бо масъулини майдони Озодӣ Кенҷаев буд, ки ҳайати ҷонибдорони Набиевро раҳбарӣ мекард. Солҳо баъд Давлати Усмон аз он лаҳзаҳо чунин ёдоварӣ мекунад:
“Раёсати ҳайъати ҳукуматро Сафаралӣ Кенҷаев бар дӯш дошт. Аз тарафи мухолифин Давлат Худоназаров, Тоҳири Абдуҷаббор, Шодмон Юсуф, Муҳаммадшарифи Ҳиматзода ва банда шомили ҳайъати музокиротӣ будем. Ва талаби аслии мо ин буд, ки 17 талаби моҳи август пеш гузоштаи мо, ки парлумон 14-тоашро иҷро карда буд, дубора аз сӯи парлумон қабул шаванд. Дигар талаботи аслӣ ба таври озоду демократӣ баргузор кардани интихоботҳои ҷадиди парлумон ва раёсати ҷумҳурӣ буд.”
Рақибони Давлати Усмон ӯро ба ду рухдоди дигари муҳимми онрӯзҳо муқассир мешуморанд. Яке истеъфои иҷбории Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи Душанбе дар 7сентябри соли 1992 ва дигар ба ҷойи ӯ овардани Абдумалик Абдуллоҷонов ба унвони намояндаи элитаи шимоли кишвар дар мақоми нахуствазир. Худи Давлати Усмон дар суҳбатҳои матбуоиташ иқрор кардааст, ки бо пешниҳоди онҳо буд, ки Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми сарпарасти раиси Девони Вазирон нишонда шуд, чун Раҳмон Набиев дигар аз уҳдаи иҷрои кор намебаромад ва ё намехост, ки коре бикунад.
Аммо Давлати Усмон истеъфои иҷбории Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи Душанберо на инки кори мухолифин намешуморад, балки онро кори он қувваҳое медонад, ки дар кутоҳтар кардани умри Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва ангехтани эҳсоси бадбинии мардум нисбати он саъй карданд:
«Воқеан ҳам ин амали созмони ҷосусӣ буд. Ё Узбакистон ва ё Русия, ки он вақт хеле фаъол буданд. Созмони ҷосусии Тоҷикистон ин ҷо даст надошт. Роҳбарияти мухолифон низ чунин ранг гирифтани корро намехост. Намехостанд, ки Раҳмон Набиев бо ин шева аз кор биравад. Агар онҳо даст медоштанд, ҳеҷ гоҳ кӯшиши ду навбат баргузории ҷаласаи порлумонро намекарданд. Барои мухолифон он замон анҷом додани чунин кор хеле осон, ба масал “ду карат ду” буд. Мухолифон хостори қонунан тағйир додани ҳокимият буданд.»
Зимнан Давлати Усмон дар нишасти «Сулҳи Хоруғ» дар тобистони соли 1992 низ ширкат дошта ва дар онҷо бо Сангак Сафаров бигӯмагӯҳое доштааст. Ҳамчунин тасмими раҳоии Сангак аз банди ҷонибдорони майдони Шаҳидонро ҳам аслан ба исрори Давлати Усмон гирифтаанд. Каме дертар, дар яке аз вохуриҳо дар яке аз навоҳии Қурғонтеппа Сангак қасди ба гарав гирифтани Давлати Усмонро мекунад. Аммо Давлати Усмон бо хотиррасон кардани ин лаҳза ба вай мегуяд, ки гумон намекардам, ки ту «буз» будаӣ. Сангак баъди чунин ҷавоб дафъатан мегӯяд, ки ман «ҳазл» кардам.
Вақте майдони Шаҳидон қасри раёсати ҷумҳуриро тасарруф ва ҳукумати марказиро фалаҷ карду фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ тарафи муътаризин гузашт, Давлати Усмон аз таъсиси Шӯрои инқилобӣ эълон кард, ки баъдан аз тарафи роҳбарони дигари мухолифин рад карда шуд.
Вай дар солҳои муқовимати дохилӣ раҳбари Ситоди фармондеҳии Неруҳои мусаллаҳи оппозитсиони тоҷик буд ва борҳо тариқи расмиву ғайрирасмӣ ба унвони нафари наздиктарини устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов мулоқотҳо кардааст. Масъалаи мувофақат ба саҳми30% ширкат дар ҳокимият низ бо миёнравии Давлати Усмон сурат гирифтааст. Аз инҷо буд, ки фармони ба мақоми вазири иқтисоду савдо тибқи ин саҳмия аз аввалин таъйиноти Эмомалӣ Раҳмонов буд.
Аммо ин ҳама сайри суъудӣ дар ҷойгоҳу мансаб баъди дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ба ҳайси номзади ҲНИТ шудани ӯ якбора рӯ ба суқут овард. Худи ӯ дар сӯҳбат бо ВВС мегӯяд, ки бо хоҳиши раиси ҲНИТ дар ин корзор ширкат кард:
« Ман бо исрори Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари вақти Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси номзад дар ин интихобот ширкат кардам. Ман ба унвони муъовини раҳбари ҳизб наметавонистам дастури раҳбарро қабул накунам. Зеро мегуфтанд, ки “Шумо вазир шудеду аз ормонҳои ҳизб дур шудед”. Ман, ки аз созмондиҳандагони ҳизби наҳзат будам, наметавонистам дастури ҳизбро напазирам. Қабл аз бозгашт ба Тоҷикистон раёсати Наҳзати исломии Тоҷикистон Акбари Тӯраҷонзода, муъовини раҳбари ин ниҳодро, ба унвони номзади ягона дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 пешниҳод карда буд. Ду моҳ қабл аз интихобот ман бо Акбари Тӯраҷонзода бояд ба Маскав парвоз мекардам. Оқои Нурӣ маро ба наздаш хонд. Хеле асабонӣ буд. Гуфт, ки оқои Тӯраҷонзода аз ширкат дар интихобот имтиноъ меҷӯяд. Мо бояд як нафарро номзад кунем. Хоҳиш кард, ки субҳ қабл аз парвоз дар фурӯдгоҳ бо оқои Тӯраҷонзода ин мавзӯъро баррасӣ кунем. Субҳ то лаҳзаи парвоз Акбари Тӯраҷонзода ба фурӯдгоҳ наомад. Дар ҳавопаймо бо оқои Тӯраҷонзода сари ин мавзӯъ баҳси тӯлонӣ доштем. Акбари Тӯраҷонзода бо далоил мегуфт, ки ҳамчун номзад дар интихобот ширкат намекунад.Далелҳои ӯ мантиқӣ буданд.»
Баъди ин интихобот Давлати Усмон аз Ҳизби наҳзати Исломӣ ва ҳамин тавр аз сиёсат комилан канора рафт. Танҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт вориди корзор шуд,вале ба намояндаи ҳизби халқи демократӣ Шукурҷон Зуҳуров, ки ду панҷсола риёсати Маҷлиси намояндагонро бар ӯҳда дошт, бохт. Пас аз рафтан аз вазорати иқтисод ва равобити хориҷӣ дигар ба корҳои худ машғул буд. Танҳо қабл аз вафоти Устод Нурӣ ба аёдаташон омада буданд ва бо ағлаби гумонҳо мақсади қоим мақом ва роҳбарияти ҲНИТ ро мехост бар душ бигирад. Аммо Давлат Усмон дигар ҳеҷ обурӯе дар миёни аъзоёни ҲНИТ надошт. Воқеан сиёсат ҳамин аст вақте шахсият аз он рафт ва вақфа кард бозгашташ ба сиёсат ғайри марғуб аст дигар. Яъне сиёсат вақфа ва истироҳат ва танафусеро намепазирад. Рафтед дигар ба “ҷасади сиёсӣ” табдил меёбед. Яке аз уъҷубаҳои таърих ҳам ҳамин аст,ки Давлати Усмон дар Тоҷикистон аст ва ягона кондид ва рақиби раёсатҷумҳурист,ки Раҳмонов ба ӯ зиёни худро нарасонида аст. Агарчи ӯро аз чандин биноҳои дошта ва бархе тиҷоратҳояш маҳрум кардаанд,то манбаъи даромаде надошта бошад. Муҳим дар хонаи худ дар Душанбе иқомат дорад ва даврони пирӣ меронад. Ин ҳолатро бояд дар китоби Генис сабт намоянд,ки хело ҳодисаи нодир дар давлатдории сӣ солаи Эмомалӣ Раҳмонов ба вуқуъ пайваста аст.
Поёни қисмати бистуякуми ин силсиламатолиби мо буда, қисмати бисту дуввуми мо “Чи тавр Шӯрои Олӣ ва интихоби Э.Раҳмонов кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонд?
“ аст. Бо “Ислоҳ” бошед,то аз ин моҷаро ва ҳолоту ҳодисоти паси пардагии он рӯзгорон огоҳтар гардед…