Фронти халқӣ чи ташкилоте буд ва кӣ онро ташкил кард. Дар баргузории Илосияи 16 чи нақше дошт?
(бахши бисту ҳаштум)
Депутатҳои халқии Тоҷикистон аз вилояти собиқи Кулоб, ки акнун дар итоати Фронти халқӣ ва таҳти фармони он кор мекарданд ба Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992 тавассути Узбакистон ва дар ҳавопаймои вазири дифои ин кишвар омаданд. Аммо истисно Эмомалӣ Раҳмонов, депутати халқӣ аз ноҳияи Данғара, иҷрокунандаи раиси Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб ва Абдулмаҷид Достиев, депутати халқӣ аз ноҳияи Коммунистӣ ва раиси кумиҷроияи ин ноҳия дар миёни онҳо набуданд. Ин ду нафар аз наздиктаринҳои Сангак Сафаров, раиси Фронти халқӣ ба Хуҷанд аз фурудгоҳи Қурғонтеппа ва бо чархболи полки дивизияи 201-и Русия парвоз карданд. Сафаралӣ Кенҷаев, ки мегӯяд Фронти халқиро ӯ таъсис додааст, дар ин иҷлосия бо роҳи заминӣ омад, чун дар Қайроққум, ки бо қасри Арбоб камтар аз 100 километр фосила дошт, ба ҳайси Додситон фаъолият мекард.
Эмомалӣ Раҳмонов дар ин Иҷлосия раиси Шӯрои Олӣ ва Абдулмаҷид Достиев муовини аввали ӯ интихоб шуданд, аммо ба Сафаралӣ Кенҷаев ҳеҷ мансабе дар ҳокимияти марказӣ дода нашуд. Дар ҳоле, ки ин иҷлосия ва ин ҳокимияти ҷадид натиҷаи ҷангу хунрезиҳои Фронти халқӣ буд, ки чуноне тазаккур дода шуд, Сафаралӣ Кенҷаев худро муассис ва раиси он мешуморид. Сафаралӣ Кенҷаев аз он менависад, ки вай чи тавр ва дар куҷо Фронти халқиро таъсис дод:
«Рӯзи 8уми сентябри соли 1992 дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ ҷаласаи кумитаи ташкилии Фронти халқии Тоҷикистонро гузаронидем, аппарати корӣ, мақсаду мароми Фронтро муайян намудем. Лоиҳаи ойинномаи Фронти халқиро муҳокима карда, барои қабул намудан ба конференсияи Фронти халқӣ пешниҳод кардем…..Ба аъзои раёсати кумитаи ташкилӣ шахсони зерин дохил гардиданд: Амирқул Азимов, Тағойхон Шукуров (ҷонишини раис), Ибодулло Бойматов, Абдумалик Солеҳов, Раҳматҷон Холматов, Қутфиниссо Мирзоева, Давлат Муродов, Шералӣ Файзуллоев, Ботур Исҳоқов, Толибҷон Бобоев (аъзо), Сафаралӣ Кенҷаев (раис). Вазъияти ба миён омада нагузошт, ки вакилон аз хатлонзамину Вахшонзамин дар кори кумитаи ташкилии Фронти халқӣ ширкат варзанд, агарчи Лангарӣ Лангариев, Файзалӣ Саидов, Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳимов хабардор шуда буданд..». Сафаралӣ Кенҷаев.«Табаддулоти Тоҷикистон»,ҷ.2 Тошканд, «Ӯзбакистон» -1994
Аммо, ҳам дар он вақт ва ҳам то ба имрӯз Сангак Сафаров, як ҷинояткори бо 23 сол собиқаи зиндон, ки дар Кулоб буфетчӣ буд, ҳамчун раиси Фронти халқӣ шинохта мешавад. Ӯро ба раҳбарии Фронти халқӣ афсарони баландпояи шӯравии пешин, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар вазорати мудофиаи Узбакистон фаъолият мекарданд, оварданд. Александр Мусиенко, яке аз ин афсарон дар ин бора чунин мегӯяд:
«Летом 1992 года вспыхнула гражданская война в соседнем Таджикистане. Министр обороны Узбекистана Рустам Ахмедов приказал нам участвовать в «восстановлении конституционного строя республики Таджикистан». Был сформирован разведотряд специального назначения. Я был начальником штаба этого отряда. Состав отряда — около ста человек. Большинство — офицеры с афганским опытом. Кстати, нашим командиром был Владимир Квачков, тот самый, которого судили за покушение на Чубайса.
Наша группа работала в Курган-Тюбе, а когда основная часть вернулась назад, я остался в составе оперативной группы РУ ГШ Узбекистана. Чтобы как-то легализоваться, мы придумали название «Народный фронт Таджикистана» (НФТ). Мы снабжали отряды НФТ оружием и боеприпасами, пользуясь специальными методами партизанской войны, помогали объединять всех, кто был против «вовчиков», и обучали их воевать. По сути дела, партизанское движение в Таджикистане организовывали специалисты спецназа ГРУ. Главной нашей опорой стал уголовный авторитет Сангак Сафаров, пожилой уже человек, который провел в тюрьмах 21 год. Это был прирожденный лидер с отменными организаторскими способностями, обостренным чувством справедливости и патриотизма — он и возглавил НФТ».
Владимир Квачков, сардори бригадаи 15-и вазорати мудофи Узбакистон, ки дар гузашта дар Идораи ҷосусии Сарситоди вазорати мудофиаи Русия фаъолият мекард, ончуноне аз ҳарфҳои Мусиенко фаҳмидем командири ин гурӯҳи эъзомии саднафарии афсарони рустабори Ӯзбакистон буд, ки бо мақсади сарнагун кардани Ҳукумати Муросои Миллӣ ба маҳалли даргириҳо-Қурғонтеппа фиристода шуда буданд.
Владимир Квачков солҳо баъд эътироф мекунад Фронти халқиро маҳз ӯ ва барои аз байни бурдани ҳукумати исломиҳо-Ҳукумати Мусолиҳаи Миллии Тоҷикистон ташкил карда буд. Вай мегӯяд, ки он замон ба дунболи як лидере мегашт,ки комилан русгаро ва зидди исломиҳо ва муҳимтар аз ҳама дар байни мардум нуфӯз дошта бошад. Мегӯяд бо чанде аз лидерони онвақтаи тарафдори Русия дар Тоҷикистон аз ҷумла ҳамин Сафаралӣ Кенҷаев сӯҳбат карда вале Сангакро дар чунин шароит кондиди муносиб барои раҳбарии Фронти халқӣ донист ва ӯро ба вазири дифоъи Узбакистон ва Ислом Каримов муаррифӣ карда онҳоро мутақоид сохт, ки розӣ бишаванд, ки Сангак раиси Фронти халқӣ бишавад:
«Там в вип-зале сидел советник президента Каримова по национальной безопасности, министр обороны (Рустам Ахмедов, – ред.), начальник штаба ВС Узбекистана, какой-то представитель от Казахстана. От России был генерал-полковник Воробьев. Мне заявляют следующее: вы знаете, что в Таджикистане к власти пришли крайние исламские радикалы. Мы вам сейчас присвоим звание генерал-майора, вы летите в Душанбе, поступаете в командование 201-й дивизии, в ваше оперативное подчинение поступает 15 бригада спецназа – моя собственная. Сможете ли вы сменить власть, свергнуть правительство в Душанбе? – Я сказал: эта задача при наличии дивизии и бригады решается в течение ночи взятием ключевых объектов. – Тогда почему вы считаете, что это нецелесообразно? – Я говорю: потому что сейчас у них есть «вовчики» и «юрчики». На этой фразе Квачкова в ролике появляется текстовое пояснение: «Вовчики» и «юрчики». Сторонников исламистов называли «вовчиками», а сторонников Народного фронта – «юрчиками», от имени Юрия Андропова, из-за значительного количества в их рядах бывших сотрудников милиции и КГБ Таджикской ССР». – Как только, – продолжает Квачков, – российский солдат свергнет это правительство, то у них станет один враг – наш русский парень, русский солдат – и у «вовчиков» и у «юрчиков». Потом я сказал фразу, за которую меня часто укорял министр обороны (Узбекистана) Ахметов – помнишь, что ты там сказал! Я говорю – пусть таджики и убивают таджиков, и делают свою революцию. Давайте сделаем так, как нас научили вообще-то: то есть нужно создать силу внутри Таджикистана, если мы хотим действительно свергнуть правительство Таджикистана. Я попросил три месяца, через три месяца мы взяли Душанбе. Далее Квачков озвучил детали подбора подходящей кандидатуры на должность лидера Народного фронта Таджикистана для противостояния Объединенной таджикской оппозиции. При этом он отметил, что впервые раскрывает обстоятельства этой истории. А теперь – что я не рассказывал раньше! Представьте, я – командир бригады спецназа. Куда лететь? В Душанбе уже исламисты. И было выбрано Курган-тюбе. Там стоял мотострелковый полк нашей 201-й дивизии. Я прилетаю туда с группой своих офицеров спецназовцев. Я обращаюсь к нему: мне здесь нужно найти человека, который возглавит условно Народный фронт Таджикистана. Мне дали список, и я переговорил с ними – шелупонь коммунячная! Я вижу, что нужен лидер, нужна харизма. Потом сидим ужинаем, и тут я произношу ключевую фразу: авторитета тут нет. Авторитет тут есть, говорит, 22 года в тюрьме отсидел, уголовник бывший. Его в течение часа нашли – привозят. Он начинает говорить, а у меня начинает душа разворачиваться. Сидит человек, который очень правильно понимает вещи: говорит, что эту власть нужно снимать, потому что она недопустима, что она уведет таджиков в тьму средневековья, оторвет нас от России… Его звали Сангак Сафаров или дедушка Сангак. Я приезжаю к министру Рустаму Урмановичу, а как его убедить? И я начинаю ему рассказывать про всех тех функционеров, которые ни на что уже не годятся. Я говорю, Рустам Урманович, нам кто нужен? Я начал его уговаривать. В конце концов уговорил. Он звонит по телефону Каримову, дальше уже дело техники: Сангака нашли, отвезли в Ташкент, он переговорил с Каримовым, был утвержден в должности руководителя Народного фронта Таджикистана.»
Аз ин сӯҳбатҳои «падари биологӣ ва маънавӣ»-и Фронти халқӣ бармеояд, ки дар асл “Фронти Халқӣ” ба кӣ тааллуқ дошт ва мақсади асосии он чӣ буд? Вале нуктаи басо муҳим, ки Квачков дар сӯҳбатҳояш роҷеъ ба Сангак ёдовар мешавад ин аст ки Сангак дар асноди КГБ ба тахаллуси «Ҳемми» ба ҳайси «доносчик» ё «сексот» зикр шуда аст. Квачков мегӯяд, чунин нафар дар иерархияи зекҳо ҳеҷ гоҳ обрӯ надоштанд ва Сангак ҳам титули «вор в законе»-ро надошт. Ё чуноне мегӯянд дар зиндонҳо «козел отпущения»
Аммо бо ин вуҷуд худи Сафаралӣ Кенҷаев ҳам, ки асноди таъсисёбии Фронти халқиро ба Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Турсунзода ҷиҳати тасдиқ пешниҳод кардааст, мегӯяд қасд дошт риёсати онро ба яке аз ҷангсолорони ҷануби кишвар, ки муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ меҷангиданд, бисупорад:
«Ба пиндори ман, агар конференсия баргузор мегардид, раиси Фронти халқии Тоҷикистон бояд яке аз роҳбарони гурди миллии Хатлонзамин ё Вахшонзамин интихоб мегардиданд. Аз се нафар (Рустами Абдураҳимов, Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов) якеро интихоб намудан ақидаи шахсии ман буд, чунки онҳо аввалин шуда, бар муқобили фундаментализми ваҳҳобӣ баҳри муҳофизати давлати қонунии то 7-май амалкунанда бархоста буданд.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ. 2.Тошканд, нашриёти «Узбекистон»-1994
Кенҷаев мегуяд сардори шӯъбаи милисаи Турсунзода таклифи ӯро барои пазируфтани ин аснод ва ҳамкорӣ бо Фронти халқи қабул намекунад. Барои ҳамин ӯро ба иҷбор аз мақом барканор ва муовини вайро дар ҷояш менишонанд ва ба унвони вазири дохила барқия мефиристанд, ки милиса ва амнияти Турсунзодаву Ҳисору Шаҳринав дигар шуморо итоат намекунанд ва ҳамроҳ бо Фронти халқӣ хоҳанд буд.
Владимир Квачков ҳамчунин ёдовар мешавад, ки Ислом Каримов розӣ шуд, ки боевикҳои Фронти халқиро дар урдугоҳҳи вазорати дифои Узбакистон дар Тирмиз тамрини низомӣ медоданд. Ба гуфтаи вай дар ин урдугоҳҳо Ғаффор Мирзо, Ёқуб Салим, Қурбони Чол ҳам омада бо дастаҳои худ усулу тактикаҳои ҷангро омӯзиш диданд.
Бо ин тартиб Фронти халқӣ, бо дили пур ва боварии том, ки дар пушташ ҳимояти хориҷӣ дар симои Русияву Узбакистонро дошт ҳам дар самти навоҳии водии Ҳисор ва ҳам вилояти пешини Кулоб ба амалиётҳои сангину шадид муқобили Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон мепардозад. Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд, ки маҳз бо талабу талошҳои Фронти халқӣ буд, ки тамоми роҳҳо ба самти Душанбе масдуд карда шуд:
«Аз ин рӯ дар ситоди ФХТ ин масъалаи муҳим баррасӣ гардид ва ситод чунин қарор қабул кард:
-Роҳи оҳани Москва-Душанбе дар истгоҳи Пахтаобод, Регар, Чиптура, Хонақо ва Айнӣ;- роҳҳои нақлиётгарди Саросиё-Турсунзода, дигар роҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Узбекистон, ки аз ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор мегузаранд;- нуқтаҳои гуногуни вилояти Ленинобод, ҳамчунин он роҳҳое, ки ба Қирғизистон мебарад, зери назорат гирифта, ба амалӣ гардидани мақсади нопоки мухолифони дохилӣ набояд имкон дод. Баҳри иҷрои қарори ФХТ нисбати роҳи оҳани берун аз марзи ҷумҳурӣ алоқаҳои пештараи худро истифода бурда, бо дӯстонам гуфтугузор карда, зорию тавалло намудам. Хушбахтона, онҳо сухани маро ба замин намонданд. Зеро солҳои дароз вазифаи муовини Додситони нақлиёти Осиёи Миёнаро ба ӯҳда доштам.
Нисбати роҳи нақлиётгарди Хуҷанд-Душанбе бо дӯстону ҳамфикронам, ки дар вазифаҳои масъули додстонию умури дохила адои вазифа мекарданд, (додситони шаҳри Хуҷанд Искандар Турахоҷаев, сардори шуъбаи корҳои дохилии ҳамин шаҳр Темурҷон Раҳимбоев) супориш додам, ки роҳҳои Хуҷанд-Душанберо зери назорат гирифта бо роҳбарияти ноҳияи Айнӣ алоқа банданд ва дидбонгоҳи ағбаи Анзобро ба уҳда гиранд ва бо ситод алоқаи ҳамешагӣ барқарор намоянд.
Дар роҳи оҳан ва нақлиётгарди Турсунзода-Ҳисор ташкили кор ба зимаи Ибодулло Бойматов ва Абдумалик Солеҳов гузошта шуд». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ.2 Тошканд. «Узбекистон»-1994
Аслиддини Соҳибназар, депутати халқии Тоҷикистон ва муовини сарвазири Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ мегӯяд, ки вай ва ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода то ҳадди тавон талош карданд, ки аз бедодгариҳои Фронти халқӣ, ки дигар яқин буд дар пушташ Узбакистон ва Русия меистад, ҷилавгирӣ кунанд, чун дар ин ҷанг аз ҳар ду тараф тоҷикҳо кушта мешуданд:
«Тарафдори даст кашидан аз идомаи ҷанг дар ағбаи Шар-Шар Акбари Тӯраҷонзода ва камина будем.Ба ибораи дигар гӯем,мутобиқи ақидаи мо аз ҷанги зидди ҷангҷӯ даст кашидин лозим буд.Тарафи дигар,ҷангҷӯ ҷанг кунад,вале ба кадом роҳе набошад,сулҳро интизор шуд.Бошад,ки ин ақида амри воқеӣ гардад ва дар диёри мо сулҳ тантана кунад.Вақте ки қувваҳои Фронти халқӣ ба ноҳияи Кофарниҳон ва баъд дар соли 1993 ба водии Ҳисор ворид гаштанд,ба куштору вайрон кардани деҳаҳои ноҳияҳои Кофарниҳону Ленин ва баъд диёри Қаротегин шурӯъ намуданд,инчунин ҷавонони шуҷоатманди дастаҳои «қаҳрамонони миллат» Сангаку Файзалӣ даст ба куштори оммавию ғорат заданд,комилан хато будани ақидаамонро ба хубӣ дарк кардем.Мо онро ба назар нагирифтем,ки идеологияи коммунистӣ ба ғалабаи пурра бовар дорад ва ин идеология аз номи мардуми шарафманди Кӯлоб,бо дасти ҷиноятпеша Сангак ва сарвари ин коммунистон-коммунисти ҷавон Эмомалӣ Раҳмонов амал мекунад.» Аслиддини Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш» .Душанбе-2000
Султон Мирзошоев, собиқ котиби аввали Ҳизби коммунисти вилояти Кулоб мегӯяд авзоъ дар ин вилоят дигар таҳти тасарруфи Фронти халқӣ ва раиси он гузашта ва ҳар коре мехост, ҳамонро иҷро мекард:
«Бо С.Сафаров, ки ман солҳои тӯлонӣ шиносоӣ доштам, танҳо дар як маврид гуфтушуниди шадиде доир кардем. Ин сӯҳбат баъди пароканда шудани майдони «Озодӣ» 11 майи соли 1992 рӯй дод. Нимаи моҳи май бе розигии мо дар зербинои кумитаи ҳизбии вилоят 3-4 ҳуҷраи тобеи раёсати хоҷагиро бо фармони С.Сафаров холӣ карда, ситод ва ҷои кори худ муайян намудааст. Аз Қурбонов-роҳбари дастгоҳи хоҷагӣ ва молия пурсам, «моро маҷбур карданд» гуфт. Ду рӯз С.Сафаровро наёфтем ва баъд ба ман занг зад ва вохӯрдем. Ба ӯ дар бораи рафтори ғайриқонуниаш ва раво набудани дар бинои кумитаи ҳизбӣ ситоди Фронти халқӣ созмон доданаш гуфтугӯ доштем. С.Сафаров гуфт:
Ман мефаҳмам, вале илоҷе надоштем, баъди пайдо кардани бинои дар корӣ мо аз инҷо меравем. Айни ҳол ба корҳои Шумо халал намерасонем.
Шаб дар бораи ғайриқонунӣ будани ин амали роҳбарияти “Фронти халқӣ” ба унвони раиси комиҷроияи вилоят шикоят навишта, Сафармуҳаммад Аюбиро даъват карда, бори дигар аз назар гузаронидам ва ӯ шикоятро ба раиси комиҷроия бурда супурд. Ситоди “Фронти халқӣ” баъди тақрибан як моҳ ба бинои омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ кӯчид. Баъдтар фаҳмем шахсҳое буданд, ки ситоди “Фронти халқӣ” дар бинои кумитаи ҳизбӣ ҷойгир шавад гӯён маслиҳат додаанд.»
Султон Мирзошоев.«Дар пайванди ду аср».Душанбе, «Шарқи озод»,2009
Аммо байни раҳбарияти “Фронти халқӣ” Сангак Сафаров ва Сафаралӣ Кенҷаев ошкору ниҳон мухолифтаҳо шакл ва шиддат мегирифтанд. Ин мухолифатҳо ба ҳангоми ҳуҷуми Кенҷаев дар 24 октябри соли 1992 ба Душане комилан ошкор шуд. Сангак, ки дигар комилан бо русҳо шуда буд ва русҳо ҳам, ки «ставка»-ро болои вай монда буданд, дигар амалан аз фикри барқарории ҳукумати то 7 май ва овардани Раҳмон Набиев даст кашида буд. Ва Ҷиёнхон Ризоевро Сангак барои он кушт, ки вай аз Сафаралӣ Кенҷаев ҳаводорӣ мекунад ва Сангак бо куштани Ризоев дигар барои русҳо «кадр»-и худашро муаррифӣ кард. Аммо ин пуштибонии Ҷиёнхон Ризоев ва Рустами Абдураҳим дар ҳоле буд, ки ҳанӯз дар иҷлосияи 15-и Шӯрои Олӣ дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдулмаҷид Достиев ба тарафдорӣ аз Акбаршо Искандаров овоз дода буданд. Нуралии Давлат муаррихи тоҷик дар як навиштааш дар соли 2009 дар нашрия «Фараж» дар ин бора чунин менависад:
«Ин пуштибонӣ аз С.Кенҷаев дар ҳоле сурат гирифт, ки сёсатмадорони Фронти халқӣ дар симои А.Достиев ва Э.Раҳмонов ҳанӯз дар ҷаласаи 15,ки моҳи августи соли 1992 баргузор гардида буд, аз Кенҷаев ҷонибдорӣ накарда буданд. Баракс, онҳо барои ба раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани А.Искандаров овоз дода буданд.»
Нуралӣ Давлат дар ин матлаб ҳамчунин аз чигунагии амалиёти вуруди боевикҳои “Фронти Халқӣ” ба Душанбе менависад:
«Ба дастаҳои низомии Фронти халқии Тоҷикистон ҳангоми тасарруфи пойтахт нақши ҷалб кардани таваҷҷӯҳи гурӯҳи ду ҳазорнафараи мухолифини мусаллаҳ супорида шуда буд. Ба мушовирони низомӣ ба мушкилӣ даст дод, ки Файзалӣ Саидовро аз «тасарруф»-и пойтахт нигоҳ доранд ва ӯро ба зарурати рейде,ки таваҷҷӯҳи мухолифинро ҷалб мекунад, розӣ кунанд…..Ҳангоми бозгашт ба ин даста душмани камингирифта ҳамла кард. Вазъият он қадар мушкил буд, ки аз ҳавопаймоҳои мустақар дар Кокайтии Ӯзбекистон ёрӣ хоста шуд….
«Бо омадани гурӯҳи оперативии бригадаи 15уми спетснази вазорати мудофиаи Узбекистон таҳти роҳбарии полковник Квачков ба қароргоҳи бригадаи 1-уми ВКД Тоҷикистон шароит фароҳам омад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо ёрии мушовироне, ки аллакай дар инҷо буданд, гурӯҳи тактикӣ барои тасарруфи истеҳкомҳои дараи Ромит тайёр карда шавад.
Ба воситаи вазири мудофиаи Тоҷикистон Александр Шишлянников ва муовини ӯ Александр Чубарев(собиқ муовини командири бригадаи 15-уми вазорати мудофиаи Узбекистон) масъалаи ҷалби ВКД-и Ӯзбекистон ва дивизияи 201-ум ҳавопаймоҳои ҷангии Ӯзбекистон дар набардҳои Тоҷикистон қисман ҳалли худро ёфтанд……Охири моҳи феврали ҳамон сол вазоратҳои мудофиаи Узбекистон ва Тоҷикистон амалиёти калонмиқёс барои тасарруф ва озод кардани водии Қаротегин аз дасти мухолифин таҳия гардид. Мардуми ин минтақа ҲНИТ-ро ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд»
Аркадий Дубнов, хабарнигори рус ва аз ширкатдорони Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар яке аз навиштаҳояш ҳолати он рӯзҳоро чунин ба ёд меоварад:
“Вазъияти Тоҷикистон дар соли 1992 бисёр фоҷиабор буд. Он вақт ҷустуҷӯҳо сар шуда буданд. Хотираҳои бисёр ҷолиби полковник Квачков, ки дар ҳоли ҳозир барои суиқасд алайҳи Анатолий Чубайс аз озодӣ маҳрум аст, вуҷуд дорад. Ӯ нақл мекунад, ки ба Тоҷикистон бо супориши Сарраёсати ҷосусии (ГРУ) Ситоди кулли Русия барои ҷустуҷӯи номзад ба вазифаи президенти Тоҷикистон эъзом шуда буд. Ба ӯ қумондони саҳроӣ ва ҷинояткори собиқадор Сангак Сафаров ҷавони фаъол ва собиқ директори совхозро пешниҳод кард. Ӯ роҳбари кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд ва ба Сангак Сафаров вафодор буд. Ягона мушкилӣ ин розӣ кунондани Ислом Каримов ба он буд, ки ин одам, Эмомалӣ Раҳмонов, ки ӯро ҷинояткори собиқаи 23-сола дошта тавсия мекунад, метавонад даъвои ҳокимият кунад.
Квачков ин вазифаро иҷро карда тавонист ва онҳо тавонистанд Тошкандро мутақоид созанд, ки Эмомалӣ Раҳмонов бачаи сазовор аст. Ҳамин тавр ӯро баъди танаффуси дуҳафтаина ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон оварданд. Ба ҳама фаҳмонда шуд, ки Раҳмонов дастгирии Тошканд ва Москваро дорад ва ҳамин тавр вакилон ӯро интихоб карданд.
Маҳз ҳамин ҳодисаҳоро ман бо чашмони хеш мушоҳида мекардам. Бо дастгирии Тошканд ва Москва Раҳмонов тавонист ба Душанбе танкҳоро дарорад ва мухолифонро аз онҷо берун кунад. Вале дар натиҷа ҷанги тамомаёр ва хунин сар шуд, ҷанг барои берун кардан ва нобуд намудани гурӯҳҳои ба Фронти халқӣ муқобил ва нобуд кардани аҳолии осоиштаи тарафдори ин гурӯҳҳо.”
Толибшо Сайидзода, хабарнигори тоҷик дар як матлаби таҳилиаш солҳо пеш дар нашрияи «Миллат» аз ҳодисае ёдовар мешавад, ки ҷоиз дониста шуд аз он қисмате иқтибос карда шавад:
«Чун ин сатрҳоро менависам як ҳодиса ба ёдам омад. 2 сентябри соли 1992 дар Қӯрғонтеппа, дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят, ки имрӯз шаҳрдории Қӯрғонтеппа маскан дорад, раҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров бо ҷамъе аз ҷонибдоронаш гирдиҳамоӣ орост. Мухолифини Сангак низ он ҷо ширкат доштанд. Шахсе бо номи мулло Қурбон, ки бо лақаби мулло Коля маъруф буд ва чанд муддат бо Сангак дар зиндонҳои Шӯравӣ ҳамнишин будааст, дар ҳамон гирдиҳамоӣ бо раҳбари Фронти халқӣ дар пархош шуд. Ин ду зиндонии собиқ, ки баъди раҳоӣ яке бармен ва дигаре мулло шуда буд, дар мазҳари омм дар ҳаққи ҳамдигар суханҳое пасту баланд радду бадал карданд. Мулло Қурбон ҳатто Сангакро “ложкамойка”- қошуқшӯ ном бурд, ки ин қошуқшӯӣ дар зиндон кори пасте будааст ва онро зиндониёни тарсончаку камқуввату дардманд анҷом медодаанд. Сангакро, ки мегуфтанд дар зиндон “Пахан” будааст, ин таҳқир ё фошгӯии ҳамнишини собиқаш хеле сахт расид ва баландгӯякро ба даст гирифта гуфт:
“Дар ёд бигиред, агар пешвоятон Қурбон ва ҳамин муллоҳо бошанд, ба ҳеч ҷо намерасед.” Бо гузашти камтар аз ду моҳ аз ин суханони Сангак дидем, ки ӯ воқеъан ба ҷое расид, пирӯз шуд ва хеле зиёд беҷойҳоро ҳам ҷое расонид, вале онҳое, ки мулло Қурбону дигар муллоҳо раҳбарашон буд, овораву гурезаву бечораву дарбадару номуроду ноком гаштанд. Албатта ман гуфтанӣ нестам,ки Сангак валӣ буд, вале ӯ бо ҳамон ақлу тафаккури хеш дониста буд, ки пештозии муллоҳо дар муборизаҳои миллӣ бар суди муборизаи ӯст ва нахоста ба мухолифинаш ҳушдоре ҳам дода буд, ки муллоҳоро аз симмати роҳбарӣ дур кунед, ки ҷое намерасед».
Албатта Мулло Қурбон аз Қурғонтеппа буд ва хуб ӯро мешиносем. Аммо ӯ ҳаргиз роҳбар ва ё лидери мардумӣ набуд ва аз пушти ӯ касе ҳам аз Қурғонтеппа намерафт. Ӯро чуноне гуфтааст бо номи Мулло Коля мешинохтанд ва як ҳамзиндонӣ бо Сангак Сафаров буд. Борҳо аз забони ӯ дар мавриди Сангак шунида будем,ки мегуфт Сангак дар зиндон ҳеҷ қадру қимате надошт ва ҷояш туфли тозакунаки мо буду қошуқшӯяки зиндониҳо. Дар як курсӣ бо ӯ нишастан барои зиндониҳо заподло буд. Боз хело нақлҳои дигаре ҳам мекарданд,ки аслан ҷояшро инҷо намебинам. Ба Талабшои Сайидзода гуфтани ҳастам Қурбон ё Мулло Коля аслан мулло набуд ва танҳо ришу либоси афғонӣ ва салла мебаст,ки ин далолат аз муллогӣ намекунад. Бале ҳиҷрат кард ба Афғонистон ва пас аз имзои сулҳ баргаштанд. Аммо лутфан иштибоҳ накунед дар мавриди шахсияти ӯ бо роҳбарони мухолифон. Миёни роҳбарони мухолифон зиндонии ҷитнояткор вуҷуд надошт ва ин ба касе пӯшида нест.Ин маълумот ба онҳое навиштаи Талабшо Сайидзодаро хонда буданду маълумот надоштанд аз Мулло Қурбон бояд изофа гардад.
Ду соли пеш, ки яке аз фармондеҳони пешин аз кормандони ВКД ҳукумати муросои миллӣ полковник Камолиддин Шарифзода бо «Ислоҳ» сӯҳбат дошт гуфта буд, ки аслан Фронти халқӣ ҳеҷ қуввае набуд, вале Русия ва Узбакистон дар пушташ буданд, барои ҳамин ғалаба кард, агарчи хеле аз қумандонҳои мо бар ин бовар надоштанд:
«Вале қумандонҳои ҷонибдори Ҳукумати Муросои миллӣ хуб медонистанд, ки Фронти Халқӣ ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ ва ошкоро намеҷангад. Онҳо танҳо шабонаҳо, ба мисли шағоле, ки ба мурғдуздӣ мебарояд, бо истифода аз торикӣ ба қишлоқҳо даромада, халқро ғорат карда, одамҳои бегуноҳро мекуштанд. Танҳо аз ҳамин хотир, қумандонҳои Ҳукумати Муросои Миллӣ фикр мекарданд, ки зӯрашон ба Фронти Халқӣ мерасад. Аммо бовар надоштанд, ки дар пушти онҳо Русия меистаду Узбекистон.»
Ба ин тартиб Фронти халқии Тоҷикистон муваффақ шуд, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор ва намояндаи асосии он Эмомалӣ Раҳмонов ба сари қудрат ояд. Сангак Сафаров, чанд рӯзи пеш аз қатли мармузаш, дар рӯзи 23 феврали соли 1993 эълон кард, ки Фронти халқиро пароканда эълон мекунад.
Александр Сухолеский як коршиноси масоили низомӣ, ки роҷеъ ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ матолиби зиёде ба нашр расонидааст, мегӯяд, азбаски аксарияти қаламрави кишвар таҳти фармони ҳукумати нав дароварда шуд дигар зарурат ба вуҷуди Фронти халқӣ боқӣ намонда буд:
«Баъди он ки қисми зиёди ҷумҳуриро қувваҳои ҳукуматӣ зери тасарруфи худ дароварданд, зарурияти мавҷудияти Фронти халқӣ аз миён рафт. Сангак Сафаров ваколати роҳбарии онро аз ӯҳдаи худ соқит кард. Дастаҳои он ба қисмҳои вазорати мудофиа ва ҷузъу томҳои ВКД пайвастанд. Аммо Сангак Сафаров натавонист пирии худро ором истиқбол бигирад.
Ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта шуд, зеро бо пароканда гаштани Фронти халқӣ ба нест кардани гурӯҳҳои ғайриқонунӣ қисмҳои низомии вазорати мудофиа, ВКД ва вазорати амният машғул буданд.» Александр Сухолеский «Алманах войни»№6(11) , (баргардони Н.Давлат)
Зимнан, таҳдоб ва ё таҳкурсии Артиши миллии Тоҷикистонро ҳамин боевикҳои “Фронти халқи”и Сангак Сафаров ташкил додааст ва беҷиҳат ҳам нест, ки маҳз 23 феврал, рӯзи артиши шӯравӣ рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон шинохта шудааст. Чун дар воқеъ Сангак ва ёрони вай тарафдори Маскав ва Русия ва барқарори шӯравӣ буданд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон солҳо баъд низ изҳор дошта буд, ки воқеиятҳоро бояд бо номи худаш бигӯем: “Аз ҳамин хотир Фронти халқӣ зери парчами сурх ва барои барқарор кардани Иттифоқи советӣ меҷангид. Аслан, онҳо зидди истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Ман ҳайронам, ки чаро имрӯз ҳамаи ин гӯё фаромӯш шудааст. Ҳамон филмҳои мустанади он давраро бинанд, ҳама байрақи сурх доштанд ва мегуфтанд, мо СССР-ро барқарор мекунем. Ва он қишри ҷавононе ки бо номи “оппозисюн” муттаҳам шуда буданд, онҳое буданд, ки бедору худшинос буданд. Онҳо худшиносии миллӣ ва динӣ доштанд ва эҳёи фарҳанги миллию динии мардуми худро мехостанд.”
Вале ҳам “Фронти халқӣ” ва ҳам Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Хуҷанд баргузор шуд натиҷаи гирдиҳамоӣ ва тазоҳуроту майдоннишинҳо буд. Бад-ин ҷиҳат дар матлаби баъди нақши тазоҳурот дар таҳаввулоти солҳои навадро ба баррасӣ хоҳем гирифт.
Поёни қисмати бисту ҳаштуми ин силсила матолиби мо ва қисмати бисту нуҳуми мо “ Нақши тазоҳурот ё митингҳо дар барузории Иҷлосия 16 “ мебошад. Дар ин қисмат ба ҷавҳари ин митингҳо мепардозем ва бароятон онҳоро тақдим менамоем…