Ин бор аз Душанбе, пойтахти мамлакат ду нома, аз Ваҳдат, шаҳри ҳамшафати пойтахт ва ноҳияи куҳистонии Нуробод навиштаҳои шуморо барои нашри ин шумора таҳия карда ва инак тақдиматон кардем.
Як нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли як навори тасвирӣ-видео аз усули кори кормандони идори барқ ба шиддат изҳори нигаронӣ кардааст. Вай гуфтааст: «Охир пешакӣ муайян кун, баро дар телевизион гап зан, дар интернет гап зан, ки фалон соат свет мемурад. Мардак барои магазин як сомону даҳ дирам светро мехарад, шартнома мебандад, ки идораи свет барқро барои фалон кв.соат таъмин мекунад. Ин мардро мороженниҳояш об шуд зарари ҳамин морожний, ки об шуд, колбасаҳоро, ки вайрон шуд сметанаву қаймоқу кефиру творог ва руғани маскаву дигараш вайрон шуд, кӣ медиҳад? Идораи свет медиҳад?»
Нависандаи нома аз Нуробод, ки мегӯяд барои бори аввал ба «Ислоҳ» нома менависад, иқрор ва эътироф кардааст, ки ҳар ончи дар «Ислоҳ» аз ноҳия чоп мешуд, росту дуруст аст, агарчи пештар бовар надоштааст. Ва ҳоло мегӯяд, худаш ҳам шиштаву аз мушкилоти Нуробод навиштааст: «Ман ба мӯйсафеди Солеҳ гуфтаниям, ки бас кун ин хокшапиро: -«пир шудӣ, пот ба лаби гура расид, як ҷавони ришдоро ё хизмат нокарда ба ҷамоат меояд, мебинӣ мегуйӣ номат чияй, бачаи кӣ мешавӣ, чанд солаӣ? Охи мембри ҳаму раиси ҷамоата бигӯй 3 додараш хизмат накардай, хайр якташ солаш буд шуд, 2-тои дигараш вақти ба хизмат рафтаншонай гурехта гаштанд ҳаваёра намегуй? Ту худут гунаҳкорӣ. Пеш силоҳдорора хок мешапидӣ, имрӯз дар бари амниятӣ!»
Муаллифи ҳамешагии мо аз Ромит ин бор дар бораи чанде аз мушкилоти ин дара навиштааст. Аз ҷумла навиштааст, ки ҳатто картошкаи ғайриқобили истеъмоли замини Озодаи Раҳмонро бурда ба солдатҳо дода пулашро мегиранд: «Пештар дар бораи заминҳои кишти картошкаи Озода навишта будем. Ҳатто ҳамон картошкаи Озода дар айлоқи Канаски Ромитро кирмзадагӣ, пусидагӣ ва метинзадагиашро ҷамъ карда овардаанд. Як ронандааш гуфт «ай ино одами пасти гушна нестай. Дарҳол ба частҳо бурда барои солдатҳо дода пулашро мегирифтаанд».
Номаи дуввуми мо аз Душанбе ба қалами як нафар аз муаллифони пешинаи мо, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» №364 як навиштааш чоп шудааст, тааллуқ дорад. Мешавад гуфт, ки номаи имрӯзааш акси садо ё вокуниш ба номаи қаблиаш аст. Аз ин нома ҳам як иқтибосеро дар инҷо пешкашатон менамоям:
«Рӯзе ман, Мансур Негматов ва чанд нафар аз рафиқонамон дар як ҷо нишаста будем. Суҳбат дар бораи Исмоили Пингвин рафт. Мансур Негматов дар миёни суҳбат гуфт: «Ин Исмоил занҳои никоҳиаш зиёда аз 200 нафар аст». Баъдан бо тааҷҷуб гуфт: «Ман ҳайрон мешавам, чӣ тавр мумкин аст як нафар бо зиёда аз 200 зан зиндагӣ кунад? Охир, дар Ислом то чор зан мумкин аст».
Душанбе
Ассалому алайкум ба ҳама халқи Тоҷикистон. Ман ба ҳамин коргарҳои идораи барқ мегӯям, ки дар давраи шӯравӣ об қоқ мешуд, шаб, пешакӣ мегуфтанд, ки об аз соати фалон то фалон намешавад, маҳкам мешавад, об намеравад омодагиатонро бинед, масалан свет намеояд. Охир шумо беогоҳӣ светро мегиред мекушед. Беогоҳӣ. Яке светро қатъ мекунед. Ҳуқуқи мо, мардум, истеъмолкунанда (потребител) чи мешавад? Мо ба шумо харидор, мо барои шумо бозор ҳастем, ки маҳсулотатонро мехарем, шумо аз маблағи мо зиндагӣ мекунед. Вале шумо моро- халқро одам намеҳисобед.
Охир пешакӣ муайян кун, баро дар телевизион гап зан, дар интернет гап зан, ки фалон соат свет мемурад. Мардак барои магазин як сомону даҳ дирам светро мехарад, шартнома мебандад, ки идораи свет барқро барои фалон кв.соат таъмин мекунад. Ин мардро мороженниҳояш об шуд зарари ҳамин морожний, ки об шуд, колбасаҳоро, ки вайрон шуд сметанаву қаймоқу кефиру творог ва руғани маскаву дигараш вайрон шуд, кӣ медиҳад? Идораи свет медиҳад?
Вақте пули истифодаи барқро пардохт намекунем, шумо автоматӣ онро мебуред, қатъ мекунед. Вале вақте «автоматӣ», беогоҳӣ светро мекушеду ин қадар зарар мерасонед, ҷавобашро, зиёнашро чаро намедиҳед?
Охир як соат, ду соат бошад, тоқат кардан мумкин. Аз саҳар то бегоҳ беогоҳӣ мекушӣ. Охир шумо як сомониву даҳ дирам як кв.соат светро мефурушед. Мардак як сомониву даҳ дирам мехарад, ту мегирӣ пулро, фоида мебинӣ. Лекин барои вай зарар шуд. Ҳамин рӯза пули зарарҳояшро кӣ мегардонаду медиҳад.
Даҳҳо миллион сомонӣ ба мардум барқ зарар расонида истодааст. Бовар дорам аз ин ҳам зиёд.
Илтимос, ҳозир интернет ҳаст, дастраси мардум. Ҳозир бигиред дар шабкаҳои иҷтимоӣ бигӯед, ки фалон соат свет намешавад. Беогоҳӣ свети мардумро накушед. Аз худо битирсед шумо!
Нуробод
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш ҳастед. Ман аз Нуробод, аз ҷамоати Сафедчашма менависам. Аз шумо бахшиш мепурсам. Ман ба суханони шумо бовар намекардам, фикр мекардам ин ҳама суханони шумо сохтакорӣаст, аммо аз барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» фаҳмидам, ки ҳамаш рост аст. Раҳмат ба шумо ва ба гузаштагонат, ки ин вазифаи сангинро ба душ гирифтаед, дарди дили мардумро мерасонӣ ба ҳама.
Ман ҳам мехоҳам нависам. Агар мушкил набошад шумо нашр кунед, барои онки якум бор менависам. Чи хеле, ки мардум дар бораи зулму ситами бузҳову ҳаромхурҳо навиштаанд, дақиқан рост аст.
Бузҳо бисёранд. Вақте онҳо зулм карданду аз кардаашон фахр мекунанд ин ша Аллоҳ ба касали сактаи дил мезананд. Ман ба мӯйсафеди Солеҳ гуфтаниям, ки бас кун ин хокшапиро: -«пир шудӣ, пот ба лаби гура расид, як ҷавони ришдоро ё хизмат нокарда ба ҷамоат меояд, мебинӣ мегуйӣ номат чияй, бачаи кӣ мешавӣ, чанд солаӣ? Охи мембри ҳаму раиси ҷамоата бигӯй 3 додараш хизмат накардай, хайр якташ солаш буд шуд, 2-тои дигараш вақти ба хизмат рафтаншонай гурехта гаштанд ҳаваёра намегуй? Ту худут гунаҳкорӣ. Пеш силоҳдорора хок мешапидӣ, имрӯз дар бари амниятӣ!»
Вақте раисҳоро куштанд ( раиси ҷамоат ва директори совхози Самсолиқ) шаб дар хонаи акаат Ғайратшо меҳмониашон кардед ту ҳамроҳашон будӣ бо Қодири ҷугӣ. Вай гурехта ба шаҳри Қазон омад. Баъд ба шаҳри Новосибирск рафт. Бачааш дар ҳамонҷо пинҳонаш кард, лекин аз тарс давлений зад мурд, ту буз шудӣ. Хайр, акнун бас кун бузиро.
Вақте бо бачаат қарздор шудӣ халқ туро ёрдам кард, акаат хона ба хона гашта гӯсфанд талабид, фаромӯш накун он рӯзҳоро. Мо медонем амният (Ҳайдар) чандӣ мегирифт аз ҷавонони синни ба аскарӣ- то 25 ҳазор сомонӣ дар як сезон. Ва ин пулро тавассути шумо ва раисони маҳала ва раиси ҷамоат мегирифт ва аз беморони (туберкулёз ва дигар бемориҳо) аз 40 ҳазор сомонӣ боло то 85 ҳазор сомонӣ. Инро ман шунидам ва ба онҳо военний билет медод ба воситаи шумо, лекин намедонам ба шумо чандӣ «ҳақ» медод. Ва аз замингирҳо аз 10 ҳазор сомонӣ боло мегирифт Ҳайдари амният, ба ғайри ҳақи шумо. Боз аз 15 ҳазор сомонӣ боло ҳаққи шумо чанде, ки дилатон мехост.
Ин хабарро худи коркунони кумитаи замин ва раиси ҷамоат ба замингирон гуфтанд. Ва дар куҷое бихоҳанд- хоҳ замини мактаб, хоҳ подачаро, хоҳ болои чашмае, ки халқ об мехӯрад, фарқ надорад замин медиҳанд. Худи раиси кумитаи замин Қиём ба мардум гуфтааст «брен дар куҷое шикоят мекунен, букунен. Агар пеши Рустами Эмомалӣ брен ман аз вай боло одам дорам»
Ту бо Сайдашрафу Эраҷ ва бо Умеди амният ва бо Ҳайдар ба мардум зулм мекардед, бас кунед. Боз бо амнияти ҳозира ҳамин хел накунед.
Худи Сайдашрафи ҷамоат бо раиси кумитаи замин, нисфи замини ҳавлии як занеро, ки шавҳараш чандин сол набуд бо тӯҳмат, ки шавҳари ту дар давлатӣ ҳамсоя аст, кашида гирифтанд. Сайдашраф дурӯғ гуфт ба додарам тариқи ариза гирифтам. Аммо додараш аз тарси онки аскарӣ мебарандаш чанд сол шуд дар Русия, наомадааст ба ватан. Ва ин зан бо хешу табораш ба прокуратура шикоят кард, суд набахшид. Ман ба онҳо гуфтаниям, ки ягон ҷо шикоят накунед, бе фоида аст. Хубтараш ба«Ислоҳ» нависед. Ва аз халқ хоҳиш мекунам ҷинояткориҳои инҳоро нависанд, то ин ки дар таърих боқӣ монад ва худи Сайдашраф баъди хатми донишгоҳ дар мактаби Пандовчи Сари дашт директор кор кард ва даст ба духтари ноболиғ зад ва агар ба духтар ҷабр нашавад, ному насабашро мегуям. Аммо ин ҷиноят то ҳол бе ҷазо монд. Фақат аз директорӣ озодаш карданд ва боз дар дигар мактаб муаллим кор кард ва баъди чанд сол боз раиси ҷамоат таъиншуд.
Мо халқи Сафедчашма шоҳиди ҳамин ҷиноят будем. Зеро дар пушти ин ҷинояткор падари ҳаромхураш Аброриддин буд. Вай аз он ҷо пули сағераҳоро гирифта писари ҷинояткорашро озод кард- бе ягон мушкилӣ.
Ҳозир бошад чи ободие шавад дар Сафедчашма Сайдашраф баромада гап мезанад ва дар сари сухану охири суханаш мегӯяд «бо ташаббуси бохирадонаи пешвои муаззам мо ҳамин ободиро кардем» ва ҳамин тариқ ҷинояти ӯ хомӯш монд.
Ҳаромхурии Аброрро як бародар дар яке аз барномаҳои «Номаҳо…» навишта буд. Ва гуфт қонун барои камбағал аст. Бале,бародар, барои камбағал неву барои халқи бечора аст қонун. Пул ёбӣ озод мешавӣ, пул наёбӣ зиндон мешавӣ. Фақат барои халқ аст қонун. Барои ин хоинону ҷинояткорон қонун нест. Агар қонун барои ҳама бошад, барои лайк мондан ё коментария навиштан ба занашон қасам медиҳанд ва чаро инҳоро барои чинояташон қасам намедиҳанд.
Ва ба имоми деҳаи Улфатобод Насриддин гуфтаниям бас кун ҳаромхурҳоро тарафдорӣ ва хокшапӣ карданро. Ба Умеди амният котеҷ сохтӣ, Ҳайдарро ҳам ҳамчунин. Инаш ҳам нав омадааст бо ҳамон хел накунӣ? Ту агар мулло мешудӣ Ҳайдарро мегуфтӣ, ки занони шавҳардоро набар дар мошинат, ки зани туро ҳам мебаранд.
Мулло бас кун дукунагиро. Мо аз соли 92 дидем ду тарафагии туро. Худо раҳмат кунад Асомуддинро. Вай туро мешинохт, мехост ҷазоятро диҳад. Лекин мо сабаб шудем, ба хости Аллоҳ, чунки мо туро ба ин ҳад намешинохтем.
Ва ба ин хоинон гуфтаниам, ки бас кунед. Агар бас накунед ҳатто ҷиноятҳои гузаштагонатонро ин навбат менависем, то ин ки дар таърих боқӣ монад. Чун,ки бе шак ин «Ислоҳ» таърихи ояндаи ин мардум аст, ҳама ончи нашр мешавад барои ояндагони ин мардум сабт мешавад.
Бародар Муҳаммадиқбол ман медонам, ки одамони шумо дар инҷо бисёранд, пурсед ҳамин хиёнати инҳоро хоҳанд гуфт.
Ягон сухани гуфтагиам дурӯғ нест.
Бародар дар ҳифзу амони Аллоҳ бошед.
Ваҳдат-Ромит
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол. Аллоҳ шуморо ҳифзу ҳимоят кунад. Боваар кунед, ки такудву ташвишу бетақотаҳои Диловар Солеҳови раиси ҷамоати Ромит баъзе аз бузҳоро мебинам, хурсанд мешавам. Ҳозир ҳамаи инҳо дигр тамошочии доимии барномҳои «Ислоҳ» шудаанд. Номҳояшон рафт дигар талхакафанд. Чунки дар пеши халқ шарманда мешаванд. Девонавор кофта истодаанд, ки ин хоини миллат, ин нафар , ки ба Муҳаммадиқбол менависад,к ӣ бошад? Ҳоло агар барномаҳои махсуси Ромитро нашру пахш намоед, ҳоли инҳо чӣ мешуда бошад?
Пештар дар бораи заминҳои кишти картошкаи Озода навишта будем. Даже ҳамон картошки Озода дар айлоқи Канаски Ромитро кирмзадагӣ, пусидагӣ ва метинзадагиашро ҷамъ карда овардаанд. Як ронандааш гуфт «ай ино одами пасти гушна нестай». Сразу ба частҳо бурда барои солдатҳо дода пулашро мегирифтаанд.
Холбой, ки дар борааш навишта будем соли ҷанги ҳоҷӣ Ҳалим баъди ҷанг аз даруни Ҳолмон дар мамнуъгоҳи Ромит 400 ҳазор доллар ëфта буд.
500 сар бузу гуспанди мардумро фурухт, вале дар озодӣ гаштааст бо пул додан ба генерал Бахтовари корманди прокуратураи генералӣ. Ин хабар ва маълумоти навро Диловар Солеҳови раиси ҷамоати Ромит гуфтааст. Гуё ин маълумотро Мирзоева Хурсанд роҳӣ карда бошад
Гуфтааст, ки пули калон додам ин кӯрнамакро
Ҳозир Хурсанд Мирзоева дар дачаҳои Шоамбарӣ отдих рафта аст. Зеби очаи Навруз мешавад. Дар бораи Ҳамойиддин гап зада будед.
Ҳамойидин бо очаи Навруз –Зебӣ ошиқӣ мекарданд. Гуфта буданд, ки гирифтагӣ аст, лекин намедонам рост буд ё дуруғ, никоҳ доштанд ё не?
Ин Зебӣ як духтар дошт, талабаи мактаб буд. Ин ҳам ранги очааш буд-ранги духтарони пешво буд.
Баъде, ки Мирзоева Хурсанд раиси ҷамоати Ромит шуд, Зебира на 3 букви роҳӣ кард.
Ба Ҳамойиддин баъди навори шумо чизе нашуда буд. Вале сахт тарсида буд. Дар мавриди он замини калон бояд Диловар Солеҳов фурушадаш.
Диловар гуфтааст, ки ҳаи Хурсанд Мирзоева аст.
Бародар шумо дар бораи Очилдии ДЭУ гап зада будед. Инҳо аз Ромит боло зиндагӣ мекунанд, дар қишлоқи Сорво. Инҳо фақат тона-тона алафи кайфкунӣ мефурушанд. Инҳо дар Ваҳдат дом мебардоранд, ҳатто раиси шҳари Ваҳдтро одм ҳисоб намекунанд.Инҳо пул-доляро рост ба Рустам медиҳанд. Як квартираро дар чор –панҷ одми Ваҳдат мефурушанд. Домҳои Карасинка дар Ваҳдатро ҳаминҳо мебардоранд. Даже Ёқут- 2000 ду котлавани Ваҳдатро маҷбурӣ ба пули ночиз гирифта буд. Ёқут-2000 дар Ваҳдат дом мебардорад. Дар бозори Хайри Ваҳдат 30 магазин зиёд доранд. Хонаашон дар тарафи стадиони нави Ваҳдат аст. Инҳоро ягон мақомот амният, милиса, коррупсия ва дар постҳои ГАИ ҳеҷ чиз гуфта наметавонад. Ҳозир домҳои 7ум километр 4-5 этажаҳои куҳнаро ҳамино меканан ай нав 18 этажа мебардоранд.
Ино постоянно маст мегардан шафиëр Каролхои вахдат хамино анд.
Ай сорво агар зан гири ранги келин меган та чанд бача ай ромит ай сорво зан гирфта буд зини накардан.
Эмоми бачаи Қутбиддин аз Сорво гирифта буд, хуб на баромад. Даже розӣ буд зиндагӣ кунад. Як ҳафта пас боз бо бачаҳои Рустами давлатмурод қапида буданаш. Инҳо ранги духтарҳои пешвои шайтон ба ном шӯи никоҳӣ доранд.
Зани Асалбек, ҷияни Мирзоева Хурсанд аз Сорво аст. Ин ҳам барои пулу боигарӣ бева гирифт. Соле Рустами гунгак раиси шаҳри Душанбе шуда буд, аз салон мошини нави Хамер подаркааш карда буданд. Даже домҳои инҳоро тафтишу комиссия нокарда қабул мекунанд. Дар тарафи 6 -отдели Ваҳдат ду дом бардошт, ки соли 2020 тамом шуд. Мардуми ин ду домро фиреб карданд, ки агар хоҳед 24 соат свет дошта бошед пул ҷамъ кунед трансфморматори нав мегирем аз красный линияи 6-отдел. Мардум пулро ҷамъ карданд. Ин ду трансформатор гирифт. Вале як мох нагузашта трансформаторро боз дар дигар дом бурда часпонданд. Ягон одамҳои он дом пули светро сразу надодааст. Нархи ҳар як трансформатор 350 ҳазор сомонӣ зиëд аст. Муҳим кори инҳо шури мурӣ ва фиреб кардан аст.
Душанбе
Ассалому алайкум, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин!
Номаи маро нашр кардед ва хондед, хеле хурсанд шудам. Ин номаи навбатии ман пас аз номае аст, ки дар бораи Мансур Негматов фиристода будам ва шумо онро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» №364 нашр ва қироат кардед.
Мехоҳам каме аз акси садои он нома ва як воқеаи дигаре, ки шахсан шоҳидаш будам, бароятон нависам.
Ҳамон рӯзе, ки номаи марбут ба Мансур Негматовро хондед, баъдтар ӯ дар Instagram эфири мустақим дошт. Яке аз тамошобинон дар ҷараёни эфир ба ӯ навишт:
«Ба ҷойи эфир кардан, бренди даюсии худатонро ислоҳ кунед».
Мансур Негматов дар ҷавоб гуфт:
«Ин ба ту чӣ дахл дорад? Ман зиндагии худро чӣ гуна мегузаронам, ту чӣ кор дорӣ? Чӣ хел кунам ё накунам, кори худам аст. Ба Ватанам зарар намерасонам».
Ман ин посухи ӯро шунида, як воқеаи дигареро ба ёд овардам ва мехоҳам онро ҳам нақл кунам.
Рӯзе ман, Мансур Негматов ва чанд нафар аз рафиқонамон дар як ҷо нишаста будем. Суҳбат дар бораи Исмоили Пингвин рафт. Мансур Негматов дар миёни суҳбат гуфт:
«Ин Исмоил занҳои никоҳиаш зиёда аз 200 нафар аст».
Баъдан бо тааҷҷуб гуфт:
«Ман ҳайрон мешавам, чӣ тавр мумкин аст як нафар бо зиёда аз 200 зан зиндагӣ кунад? Охир, дар Ислом то чор зан мумкин аст».
Ӯ аз ин масъала сахт тааҷҷуб мекард ва мегуфт, ки инҳо боз худро мусулмон ҳам мегӯянд.
Ман ин суханони Мансурро шунида, дар дилам гуфтам: ту худат дар бораи дигарон ва муносибати онҳо бо занон ҳарф мезанӣ, аммо чаро аввал ба зиндагӣ ва рафтори худат нигоҳ намекунӣ? Чаро вақте дигарон туро дар бораи рафтори худат мепурсанд, мегӯӣ: «Ба ту чӣ дахл дорад?», вале худат зиндагии дигаронро муҳокима мекунӣ?
Ин ҳамон чизест, ки мехостам пас аз нашри номаи қаблӣ ба шумо расонам.
Дар номаи дигарам боз дар бораи Мансур Негматов менависам. Ҳамчунин дар бораи як нафаре, ки ӯро «доктор» мегӯянд, маълумоте дорам. Иншоаллоҳ, онро низ дар номаи алоҳида мефиристам.
Аллоҳ нигаҳбонатон бошад.
Эзоҳ: Мухлисону бинандагони азизи «Ислоҳ» Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз они шумост. Метавонед бо ҳар шаклу тариқи дилхоҳ, матн, садоӣ-голосавой, тасвир хабару маълумотҳоро бифиристед ва аз мушкилоти худ ва аз муваффақияти худ ва маҳалли зисти худ бигӯед. Мо ба камоли майл нашру пахш менамоем. Карахту сокит набошед. Навиштаҳои шумо ин холабеғамҳо, ин нокорамҳои номуносиби дар курсиҳо нишастаро дар мақомот водор мекунад, ки оби ишкамашонро биҷунбонанд.
Бо ҳам бошем, то тавонову муқтадир шавем.
