Номаи маро алоҳида нашр кунед №60
Юсуф Мирзоев, сардори дидбонгоҳи сарҳадии «Шоҳон» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, наздики марзи Тоҷикистон бо Афғонистон (қисми низомии 0308 Нерӯҳои марзбони КДАМ) дар доираи афви соли ҷорӣ раҳо шуд ё хайр, номаълум аст.
Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон дар моҳи апрели соли ҷорӣ афсар Юсуф Мирзоевро дар марги як сарбоз гунаҳкор донист ва ба 10 сол зиндон маҳкум кард.
Вале то замоне ин ҳодисаи куштори сарбоз ба додгоҳ бирасад, барои пинҳон доштан ва сарпӯш гузоштан болои он талошҳои зиёде ба харҷ дода шуд.
Юсуф Мирзоев ва дигар масъулони қисми низомии 0308 Нерӯҳои марзбони КДАМ қасд доштанд бо ироаи фарзияҳои бофтаву сохта аз об хушк берун оянд ва тавре вонамуд кунанд, ки ин сарбоз нопадид ва мафқудуласар шудааст. Ҳатто мехостанд, ки бори ин ҷинояти сангинро бар дӯши худи ин сарбоз ва волидони вай биандозанд.
Расонаҳо, аз ҷумла радиои «Озодӣ», ки ин хабарро пайгирӣ кардааст, дар моҳи январи соли ҷорӣ навишт, ки ин сарбоз аз 8 декабри 2025 бедарак шуд ва наздикони сарбози кушташуда аз ин қисми низомӣ ихтор дода шудаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани вай, ҳарчи зудтар огоҳашон кунанд:
«Роҳбарияти қисми низомии 0308 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба волидони Шоҳдил Ҷӯразода гуфтаанд, ки ӯ «санаи 08.12.2025 сол бо сабабҳои номаълум худсарона маҳали хизматиашро тарк намудааст.» Ба қавли афсарони марзбони тоҷик, ӯ «бидуни зарурияти хизматӣ то ба имрӯз ба маҳали хизматиаш ҳозир нашуда, манфиати шахсӣ ва хизматиашро аз манфиати давлат боло гузошта бар хилофи талаботи Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.»
Дар нома аз волидони Шоҳдил Ҷӯразода хостаанд, дар пайдо кардану ба ҷойи хидмат баргардонидани ӯ мусоидат кунанд, дар акси ҳол ба зидди ӯ барои фирор аз артиш парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.
Мақомоти интизомӣ ба хонаводаи Шоҳдил Ҷӯразода гуфтаанд, то замоне, ки аз сарнавишти ин сарбоз хабари дақиқ ба даст наояд, чанд фарзия матраҳ хоҳад шуд. Аз ҷумла суолҳое баррасӣ хоҳанд шуд, ки «шояд ӯ ба Афғонистон рафтааст, ё дар ҳамин ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад, вале пинҳон аст».
Роҳбарияти ин қисми низомӣ барои пинҳон доштани куштори ин сарбоз дар аввали кор ба наздикони ин сарбоз мегӯянд, ки вай ҳамроҳ бо ду ҳамхидматаш барои об рафт. Бубинед, ки хоҳари Шоҳдил Ҷӯразода,сарбози кушташуда ба ин расона чи мегӯяд:
«Меҳрафрӯз Ҷӯразода, хоҳари Шоҳдил ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ҳамроҳи чанд ҳамхидматаш рӯзи 8-уми декабр дар навбати посбонӣ буданд ва барои об рафта дигар барнагаштааст. Як манбаи огоҳ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳодиса Шоҳдил Ҷӯразода бо ду-се сарбоз лаби дарё обгирӣ рафтаанд ва баъди гирифтани об Шоҳдил ба ҳамхидматонаш гуфтааст, ки шумо равед ман аз пас меоям, аммо барнагаштааст.
Ҳамхидматонаш дубора ба лаби дарё рафта, дидаанд, ки сатил ҳаст, аммо сарбоз нест. Ҳодиса дар дидбонгоҳи деҳаи Шоҳон шудааст. Манбаи мо гуфт, Ҷӯразодаро бори ахир дар наздикии ошхонаи деҳаи Шоҳон дидаанд. Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб дар ин робита парванда боз кардааст ва Ҷӯразодаро дар пайгарди қонунӣ эълон кардааст».
Маълум аст ки ин посухи хоҳари сарбоз бар асоси маълумоти ба ӯ додаи ин воҳиди низомӣ аст. Ва, воҳиди низомӣ то охирин лаҳза кӯшидааст, ки воқеияти ин фоҷиа-бар асари зарбу шиканҷаи сардори дидбонгоҳ ба қатл расидани сарбозро пинҳон дорад. Ин сарбозро командири қисми ҳарбиаш зада кушт. Командир асрори қатли ӯро аз мақомоти болотар аз худаш пинҳон кардан хост ва барои ин кор фарзияҳои дурӯғеро «барои обгирӣ рафтану барнагаштан», «дар назди бозор дидани сарбоз» ва ниҳоят «фирор аз воҳиди низомӣ» ироа дошта хост раванди тафтишот ва додгоҳро ба бероҳа бубарад. Аммо дар ниҳояти кор фишори волидону наздикони сарбози кушташуда воқеиятро ошкор кард ва командир даҳ сол гирифт.
Аммо ҳодисаи куштори Шоҳдил Ҷӯразода, сарбози воҳиди низомии Неруҳои марзбони КДАМ танҳо мавриде нест, ки сарбозон дар ҳангоми адои хидмат аз тарафи командирҳо кушта ва ё ба куштан расонида шуда бошанд.
Агар ин ҳодиса дар моҳи декабри соли гузашта иттифоқ афтода бошад, дар моҳи март-апрели соли ҷорӣ якбора се сарбоз ҷони худро ба маҳзи азияту озор дар маҳалли хидмат аз даст доданд. Яке аз ин сарбозон Исрофил Азимзодаи 25-сола аст ки пас аз тақрибан ду ҳафтаи хидмат ба ҳалокат расид. Ин сарбозро ҳам задаву шиканҷа карда ба куштан расониданд. Бинобар хабарҳо Исрофил Азимзодаи 25 сола аз деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ «якуми апрел довталабона ба артиш рафт, аммо 9-уми апрел дар ҳолати вазнин ба шифохона бурда шуд. 13-уми апрел дар шуъбаи эҳё ҷон дод».
Роҳбарияти қисми низомӣ мегӯяд, ки Исрофил Азимзода аз ошёнаи чорум худро ба зер афканд. Аммо худ вай дар бемористон чанд сарбозро нишон медиҳад, ки ӯро задаанд.
Ҷасади Исрофил Азимзодаро соати дуи шаб ба хона оварда, талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар ба хок супоранд. Наздикони сарбоз ҷанҷол мекунанд. Мунтаҳо ҷасадро соати чори саҳар бурда дафн карданд.
Исрофил Азимзода дар қисми ҳарбии 0123-и Неруҳои марзбонӣ хидмат мекардааст. Вай якуним сол пеш хонадор шуд. Падараш солҳо пеш вафот карда будааст. Аз ӯ як духтари 6-моҳа ятим мондааст. Ҳамсараш мегӯяд, Исрофил Азимзода ба ӯ аз бистари бемористон дар бораи латукӯби шадид ҳикоят кардааст. Рӯзигул Бобоназарова, ҳамсари марҳум Исрофил Азимзода ба «Озодӣ» гуфтааст:“Дар ҳамон ҳолати вазнине, ки қарор дошт бо тавоноӣ, мардонавор гуфт, ки ҳамин чор нафарашон — ҳаминҳо фармон додаанду заданд, латукӯб карданд. Ғайр аз он чор нафари дигар, боз 17 нафари дигарро ҳам нишон дод. Баъд ба мо дигар иҷоза надоданд, ки дар пешаш биистем». Модари Исрофил Шарифа Азимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ки вақте писарашро дар рӯи ҷогаҳи беморӣ дид, талош кард асли ҳодисаро аз ӯ бифаҳмад. «Кам-кам гап мезад». Гуфтам: «чӣ кор кардӣ?» «Дам назад». Модар гуфт, ҳоли писараш хуб набуд.
Дар беморхона фармондеҳону афсарони артиш ва кормандони амниятро дид ва талош кард аз онҳо бифаҳмад, ки бо писараш чӣ шуд? «Мегӯянд, ки «ғалтидааст».
“Агар ӯ аз ягон баландӣ меғалтид, ӯ ин хел мисли шиша намешикаст». Модар мегӯяд, бадани писараш осори латукӯби шадид дошт. Ҳоло маълум нест, ки додситонӣ омилони қатли ин сарбозро шиносоӣ ва муҷозот кард ё хайр?
Мавориди дигаре, ки дар зер тазаккурашон хоҳем кард боз ҳам даҳшатангезтар аз ин ҳаводс аст. Дар ҳоле, ки суфуфи артиши Тоҷикистонро умдатан бо облава, зӯрбазӯрӣ пур мекунанд, ин гуна муомила ва муносибати командирҳо бо сарбозонро намедонем чи бигӯем.
Як сарбози вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи Ваҳдат андохта, ғарқ шудааст.
Бинобар навиштаи радиои «Озодӣ» Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ҳашт моҳ пеш ба артиш рафта, сарбози баталёни минрубии вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Бинобар қавли шоҳидон ӯ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, худро аз болои панҷараи пул ба рӯдхона ҳаво додааст.
«Зан фикр кардааст, ки ӯ телефонро барои аксгирӣ ба ӯ додааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад. Ба он зан ягон гап нагуфтааст, ки чаро ин корро мекунад. Дигар раҳгузарон ҳам шоҳид будаанд. То 500-600 метр ӯ дар рӯи об метофтааст, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст.» Ҳоло наздикони Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, ва сокинони маҳаллӣ пайкари сарбозро дар соҳилҳои Кофарниҳон ҷустуҷӯ доранд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, сарбоз барои даҳ рӯз дар рухсатӣ буд ва имрӯз, 28-уми апрел, мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт. Онҳо гуфтанд, ки ӯ аз шароити бади хидмат шикоят дошт ва мегуфт, ки гурдаҳояш осеб дидаанд. Он рӯз ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад. Ҷасади ин сарбозро баъди чанд моҳ аз рӯдхона дар марзи Узбекистон пайдо мекунанд.
Агар дар бораи ҳодисаи аввали ин матлаб як каме фикру мулоҳиза кунед, бармеояд, ки командир сарбозро аввал кушта ва сипас ба рӯд андохтааст. Ва,агар жарфтар биандешед, иллати куштор барои ҳамагӣ 1000 сомонӣ-100 доллар, ки 9 кило гӯшт мешавад, будааст. Бубинед, ки хоҳари Шоҳдил ба ин расона чи гуфтааст: «Баъзе аз сарбозон ҳам шоҳидӣ доданд, ки додари ман ба сардори дидбонгоҳ барои рухсатӣ 1000 сомонӣ дода будааст. Вақте сардор ҷавоб надодааст, Шоҳдил чанд бор пурсидааст, ки пулро баргардонад. Баъди он ӯро «чап» гирифта, бисёр кор фармудааст. Оқибаташро бинед, ки чӣ шуд,» – гуфт Меҳрафрӯз Ҷӯразода, хоҳари Шоҳдил.
Бинобар маълумоти расида ба «Ислоҳ» ба рухсатӣ ҷавоб додани сарбозон яке аз манбаъҳои даромади сардорони қисмҳои ҳарбӣ шудааст ва ҳиҷ сарбозе, ҳатто сарбози фаъол ҳам бидуни пардохти маблағи муайян ба рухсатӣ мушарраф намешудааст.
Ростӣ, мо бовар надорем, ки аз ба бизнес бадал кардани «отпускной»-и сарҳадбонон мақомоти болоӣ ва махсусан КДАМ дарак надошта бошад. Дарак доранд, вале барои он чора намеҷӯянд ва ҷилавгирӣ намекунанд, ки «командирҳо ҳам ячи-нимчӣ» кор кунанд.
Барои онки иддаои мо, ки гуфтем дар артиш сарбозҳоро задазада мекушанд бедалел набошад аз навиштаҳои расонаҳо, ки аз қавли пайвандони сарбозони баноҳақ кушташуда зикр кардаанд, мисолҳо меоварем:
“Ҳолати бадани Одилҷон ба ин монанд набуд ва осори латукӯб дар он дида мешуд. Агар мошин пахш мекард, ҳатман ягон ҷояш мешикаст. Вале дар бадани ӯ ин чиз дида намешуд. Баръакс, гардани ӯ аз осори латукӯб сиёҳ буд,” — гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ. «Агар мошин пахш мекард, ҳатман ягон ҷояш мешикаст. Вале дар бадани ӯ ин чиз дида намешуд. Баръакс гардани ӯ аз осори латукӯб сиёҳ буд»,-гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ.
Иқтибоси дигар
«Тирамоҳ рафта буд, ва моҳи ҳафтуми хизматаш буд. Шаб оварданд ва субҳ зуд ба хок супурданд».“Рӯзи ҷумъа хешовандон ба маросими видоъ даъват шуда буданд. Хонаводааш мехостанд, тобутро то соати яки пас аз зуҳр нигоҳ доранд, аммо мақомот исрор карданд, ки ӯ зудтар гӯронда шавад ва соати ёздаҳ тобутро ба қабристон бурданд,” – изофа кард ӯ.
“Вақте ҷасадро оварданд, кафанро кушодам. Ними сараш набуд. Аз зери манаҳ то нофи писарам чок карда буданд”, — гуфт модари сарбози фавтида рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ. Рамзӣ Калонов ҳашт моҳи охир дар яке аз қисмҳои ҳарбии Нерӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Истаравшан хидмат мекард.
Иқтибоси дигар
«Агар вай худкушӣ мекард, наход худашро ду тир мезад? Як тир аз тарафи гулӯяш рафта ва тири дигар аз кому бинияш баромадааст. Мо ҳамаашро ба навор гирифтем ва даъво мекунем,»—гуфт Ҳалимҷон Самадов, падари сарбоз.
Иқтибоси дигар
“Бародараш ҷасади Умедҷонро шуст. Дар пушти сараш шикофи калонро дидааст. Писари ман ҳеч гоҳ нос намекашид. Агар бо сарбози дигар ҷанҷол мекарду мефавтид, ҳатман падару модари ӯ барои узрхоҳӣ ба хонаи мо меомаданд. Аз маргаш як ҳафта мегузарад, дараки касе нест,” – нақл кард ӯ рӯзи 31-уми январ. Агар шухию бозӣ карда бошанд, чихел тир аз қафо омада мезанад? Баъд додситонии низомӣ гуфт, ки дар дидбонгоҳ ду нафар буданд. Вале ман сабтҳои овозии сарбозонро дорам, ки дар дидбонгоҳ се нафар буданд, сеюм нафар нест дар ягонҷо… Асос гунаҳкорро фаҳмем, мумкин ягон афсар ин корро кардагӣ аст, ки дар идома инҳоро боздошт кунанд. Фарзанди ман ба ин ҳол афтид, фарзанди дигарон гирифтор нашаванд. Баъди марги писар, ҳамсарам чор моҳ шуд, ки бемор аст,»- афзуд Сафарбек Раҳимзода.
Иқтибоси дигар
“Як ҳафтаи охир бисёр афсурда буд ва зиёд хоҳиш мекард, ки ӯро ба дигар қисми низомӣ кучонем. Вақте рӯзи 4-уми август тағояш ба дидораш рафтааст, сардораш гуфтааст, ки Абубакр дар беморхона аст ва каме баъдтар аз маргаш хабар додаанд,”-гуфт ӯ.“
Иқтибоси дигар
«Ҳарду мояаш кабуд буд. Ҷасади бачаамро худам шустам. Аз гардан то поёни нофашро бурида буданд. Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд. Кӣ бачаи маро кушта бошад? Ба ман ёфта нишон диҳанд, шуд. Баъд ман мефаҳмам, ки давлат ҳаст. Имрӯз бачаи маро ин хел мекунанд, пагоҳ бачаи ҳамсояро. Ин ҳолатро дида, баъд кӣ рафта хидмат мекунад?» – афзуд Баҳодур Эргашев.
Ҳатто ин фактро ҳам барои мо расониданд,ки ташкили латту кӯби сарбозҳо аз тарафи сарбозони дигар ҳам тавассути сардорони қисмҳои ҳарбӣ сурат мегирифтааст.
Бинобар хабарҳои дарҷшуда моҳи июли соли 2024 Додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб зидди фармондеҳи дидбонгоҳи сарҳадӣ, капитан Ҳисайн Дониев барои марги сарбоз Ҳакимҷон Самадови 19-сола парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Қабл аз он дар моҳи августи соли 2023 Фармондеҳ ва як сарбози қисми ҳарбии «0201»-и Раёсати неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мастчоҳро дар робита ба марги Абубакр Ҳусейнзода, аскари ҳамин қисми ҳарбӣ боздошт карданд. Додситонии ҳарбии вилояти Суғд таҳқиқи марги наваскари нерӯҳои марзбониро шурӯъ карда, дар робита ба ин қазия ду нафар, як фармондеҳ ва сарбоз ба ҳабс гирифта шудаанд. Тибқи хабарҳои нашршуда ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли 2023 ба Созмони Милал гуфт, ки, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби «риоят нашудани оинномаи низомӣ» бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.
Бар пояи маълумоти Ваклоатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон дар соли 2023 дар артиши Тоҷикистон 40 сарбоз кушта шудааст.
«Сарбоз — муҳофизи Ватан ё манбаи даромади командир?»
Магар чораи рафъи ин ҳама навоқис ва камбуд вуҷуд надорад? Як нафар гуфт, ки дедовшина-меҳтарсолорӣ дар артиш бидуни мусоидати командирҳо ғайримкон аст. Он сарбозҳо, ки масалан рухсатӣ мераванду бепул меоянд ба тавассути командирҳо аз тарафи ҳамхидматҳо бо бадрафторӣ шиканҷа ва шаллоқ рӯбарӯ мешаванд. Дар ҳоле, ки қисми зиёди сарбозон тавассути облава мераванд, як чунин муҳити носолим ва хафақон вазъро бадтар мекунад. Бубинед, ки аксарияти мутлақи командирҳо аз маҳалли муайянанд.
Чаро масалан фарзандони калонҳо намераванд? Инҷо онҳое хизмат адо мекунанд, ки бояд марзу бумро муҳофизат кунанд. Командирҳо нафарони пулнамеоврдагӣ ва ё дер меовардагиро дар назди ҳамхизматҳо мазоҳу масхара мекунанд, шаъну эътиборашонро паст мезананд. Ин дар навбати худ ба он дедҳо ва наздикони командир чароғи сабз барои азияту озор додани онҳо мешавад. Ҳатто командирҳо худашон ёд медоданд, дастури пинҳонӣ медодаанд, ки фалон фалон сарбозро азият кунед. Гуноҳи он сарбоз ин будааст,ки пул оварда натавонистааст.
На фақат призивник ва сарбозгирӣ бизнес шудааст. Дар замони хизмат ҳам сарбоз ба як гови ҷушо набошад ҳам ба як бузи сершир (буз, маълум ки кам аз гов шир медиҳад, аммо медиҳад) табдил меёбад.
Инҷо рӯзи таваллуди командир, рӯзи таваллуди зан ё бачаву духтари командир, ва агар командир маърака дошта бошад, ё масалан командир туй дошт бошад, бояд сарбозҳо як миқдор пул то рӯзи таъйиншуда ҳатман бирасонанд.
Ва ё гӯшт, рӯған биринҷ, хулоса то бонкаи афшураву мураббов ва ё пиёзу сабзӣ ва ғайра оварда диҳанд.
Дар фароварди ин матлаб номаеро меоварем, ки сабаби рӯи чоп омадани ин навиша шуд ва шумо бори дигар бовар ҳосил мекунед, ки иллати сарбозкушӣ дар қисмҳои ҳарбӣ пул аст:
«Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз он ҳодисаҳое, ки мегӯям чаҳор-панҷ моҳ сипарӣ шудааст. Ёдатон будагист, ки дар моҳҳои аввали сол якбора чанд сарбоз дар қисмҳои ҳарбӣ кушта шуданд ва нигарониву ташвишу ҳаросро дар байни мардум барангехтанд. Раҳмонов ночор шуд як ҷаласаи Шӯрои амниятро ба ҳамин ҳодисаҳои марги аскарҳо ихтисос диҳад.
Хуб, биёем ба сари мақсад. Он сарбозе, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ мурда буд, модараш аз Ромит, духтарамаки Шоҳасан Мирзокаримов аст ки чанд муддат имоматии масҷидро дар Ромит бар ӯҳда дошт ва дар барномаҳои шумо ҳам на як бор дар бораи вай суҳбатҳо шуда аст. Апаи он сарбоз келини Муллоҳасан аст.
Ин сарбозро баъди ҳамагӣ чанд рӯз заданду куштанд. Бемористон мебаранд ва дар онҷо мемирад. Аз худи бемористон истода дастур медиҳанд, ки қабрро тайёр кунед, мурдааст. Мардум ҳама ҷаноза рафта буд, аммо мурдаро надоданд, бурданд рост қабристон гӯр карданд. Соатҳои се-чори саҳар қабрашро канонданд.
Падари он сарбоз аз лақайҳо буд,ки солҳо пеш мурда буд.
Хешу таборҳои модари сарбоз соатҳои 4 саҳар рафтанд, ки алакаи мурдаро гӯр кардаанд. Ба ҷаноза кардан успет накарданд. Командири част, командири рота ҳамааш в курсе, ки зада ба ҳолати марг расониданд. Бобои сарбоз аз Ромит, Ашӯр ном дорад, бачаи Мирзокарим.
Пеш аз мурдаро овардан аввал омада ба таври хаттӣ баёноти тамоми аъзои хонаводаро гирифта буданд, ки дар ягонҷо гап назанед, дар ягонҷо гуед ҳамаатонро суду тюрма мекунем. Вай худаш мурдагӣ аст.
Он сарбози дуввум, ки худро аз болои пул ба дарёи Ваҳдат партофту ҷасадашро баъди чандин вақт аз сарҳади Узбекистон ёфтанд барои пул ба худкушӣ расониданд. Вай аз Файзобод буд. Пул бояд бурда медодааст, дода натавонистааст. Ваъда дода будааст. Аз невиходний положенй худро аз пул андохта буд.
Барои даҳ рӯза отпуска минимум се ҳазор сомонӣ даркор. Дар ягон қисми ҳарбӣ дар сарҳадот, мудофа, гвардияи миллӣ, ВКД, адлия бепул рухсатӣ намедиҳанд.
Либоси худро сарбозҳо аз хонаашон пул бурда мехаранд:-алмос, риштарошак, собун берси пушока, ҳамаашро худи сарбозҳо мехаранд.
Дар ҳамин ду соли хизмат сарбозҳо ягон бист ҳазор сомонӣ расход доранд. Қисмҳои ҳарбӣ магазин дорад. Сарбозҳо боз аз берун бо қарз мегиранд, занг мезанад, ки 20 сомонӣ парто. Маҷбур мекунанд, ба номаш мегирад, сипас аз хонааш ба ҳисоби магазин интиқол мекунанд. Отпускаи 10-12 рӯза аз 3000 сомонӣ сар мешавад.
Ҳатто мешавад, ки 10 ҳазор сомонӣ диҳиву то якуним моҳ рухсатӣ бигирӣ. Ин крупний отпуска ҳисоб мешавад. Ту меравӣ ҳақи чаҳор сарбозро медиҳандат. Бепулҳо ду сол ҳам бошад отпуска рафта наметавонанд».
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Он чи дар ин матлаб оварда шуд, танҳо қиссаи марги як ё ду сарбоз нест. Ин фарёди модарону падаронест, ки фарзандони худро барои ҳифзи марзу буми кишвар ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд, аммо баъзе аз онҳо ба ҷойи бозгашт ба оғӯши хонавода, дар тобут бармегарданд. Дар маводи ҷамъоваришуда аз ҳолатҳои латукӯб, марги сарбозон, дафни саросемавор ва иддаоҳо дар бораи пулситонӣ барои рухсатӣ сухан меравад.
«Ислоҳ» пеш аз ҳама ба роҳбарияти КДАМ ва Неруҳои марзбонии он хитоб мекунад:
Фарзандони ин миллатро мардум ба шумо месупоранд, то марзбон шаванд, на қурбонии манфиати шахсии касе. Онҳо амонати падару модаранд. Ҳеҷ рутба, ҳеҷ мақом ва ҳеҷ манфиати моддӣ ба касе ҳақ намедиҳад, ки сарбозро таҳқир кунад, бизанад, шиканҷа диҳад ё ҷони ӯро ба хатар андозад.
Агар иддаоҳои овардашуда дар бораи гирифтани пул барои рухсатӣ ва дигар талабҳои молӣ дуруст бошанд, ин дигар «тартиботи дохилии қисми ҳарбӣ» нест. Ин масъалаест, ки бояд ошкор, мустақилона ва бидуни пинҳонкорӣ таҳқиқ шавад. Дар худи нома иддао мешавад, ки сарбозон барои рухсатӣ маблағ медиҳанд ва онҳое, ки пул надоранд, зери фишор қарор мегиранд.
Ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Неруҳои марзбонӣ, Гвардияи миллӣ, сохторҳои ВКД ва дигар воҳидҳои низомӣ низ мегӯем:
Даст аз зулм, таҳқир, фишор ва шиканҷаи сарбозон бардоред.
Сарбоз ғулом нест. Сарбоз моли шахсии командир нест. Сарбоз манбаи даромад нест. Ӯ фарзанди ҳамин миллат аст, ки барои адои вазифаи конститутсионии худ ба қисми ҳарбӣ омадааст.
Командире, ки бояд сарбозро ҳифз кунад, аммо баръакс ӯро таҳқир ё зери фишор мегузорад, на танҳо эътимоди сарбоз, балки эътимоди як ҷомеаро ба артиш мешиканад. Вақте модар аз фиристодани писараш ба артиш метарсад, ин дигар мушкили як хонавода нест — ин мушкили давлат аст.
Мо аз роҳбарияти сохторҳои низомӣ талаб дорем, ки ҳар ҳодисаи марги сарбоз, ҳар шикояти шиканҷа ва ҳар иддаои пулситонӣ бо иштироки мақомоти воқеан мустақил таҳқиқ шавад; наздикони қурбониён ҳақиқатро бидонанд; гунаҳкор, новобаста аз рутба ва вазифааш, ҷавоб диҳад.
Фарзандони миллатро барои манфиати шахсӣ қурбон накунед.
Онҳо барои ҳифзи Тоҷикистон ба артиш мераванд, на барои он ки касе аз муҳтоҷӣ, тарс ё бетаҷрибагии онҳо истифода кунад.
Артиш бояд мактаби мардонагӣ, интизом ва ҳифзи Ватан бошад — на макони таҳқир, пулситонӣ, шиканҷа ва марг.
Ва дар поён як суоли одӣ мемонад:
Агар давлат натавонад ҷони сарбозро дар дохили қисми ҳарбӣ ҳифз кунад, пас падару модар бо кадом дил фарзанди худро ба он қисми ҳарбӣ месупоранд?
