Номаи маро алоҳида нашр кунед №63
Ромит №1
Дараи куҳистонӣ ва зебоманзару овозадори Ромит ва сокинони он бо чи ҳолу ҳавое ба сар мебаранд?
Ин нашри барномаро ба ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат ихтисос додем. Дар ин авохир номаҳо аз Ромит хеле зиёд ворид шуда истодааст ва мо тасмим гирифтем силсилабарномаеро дар заминаи онҳо таҳия ва тақдим намоем.
Муаллифони ин ҳама номаҳо ҳам хоҳиш кардаанд,ки ҳамаи номаҳояшонро мунташир созем. То ки мардуми Тоҷикистон бифаҳманд, ки вазъияти мардум дар ин минтақаи куҳистонии кишвар, ки макони истироҳат ҳам ҳаст ва яке аз зеботарин дараҳои Тоҷикистон мебошад, аз чӣ қарор аст.
Вақте ин номаҳо ба почтаи «Ислоҳ» ворид мешуданд, ҳанӯз раисаи ҷамоати Ромит Хурсанд Мирзоева сари ҷояш буд ва иваз нашуда буд. Гапро барои он бар сари раисаи ҷамоат овардем, ки ин нашри барнома бо «корнома»-ҳои ин раиса шурӯъ мешавад.
Сипас дар бораи чанде аз ба ном муллоҳои ин минтақа гап меравад. Дар бораи ба ном муллоҳо вале дар амал дуъогӯёни Раҳмонов дар қисмати баъдии барнома хоҳем гуфт.
Воқиан ҳам номаҳо манзара ва ҳолату шароити зиндагии мардуми ин минтақаро рӯшан мекунад. Номаҳо парокандаанд ва баъзеи онҳо ҳанӯз ду моҳи пеш дасти мо расида буданд. Баъзе аз ин номаҳои номаи пешинаро такмил мекунанд, баъзеашон мавзӯъи дигар доранд. Масалан дар як номаи савтӣ ё аудионавори омада аз 7ум отдел сухан меравад. Ин отдел дар итоати Шорух Саид будааст. Аммо ин отдел аз як ҳодисаи шабеҳи ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим, ки СС. Ятимови махуф мехостааст дар Наврӯзи имсола дар Ваҳдт ташкил кунад, пешгирӣ кардааст.
Ба ҳар рӯй ин номаҳо ҳамагӣ аз вазъу ҳолати Ромит ва ромитиҳо мегӯяд, барои ҳамин мо талош кардем, ки онҳоро онгуна ки омадаанд, пешкаши шумо гардонем.
«Ромит дар сояи “оила”: мардум ба дод омадааст»
Бахши аввал
Сокини ҷамоати деҳоти Ромит ҳастам. Қабл аз ин ҳам чандин навиштаи ман дар барномаҳои шумо чоп ва навор шудааст. Аммо ин бор барои шумо мо ки чанд нафар ҳастем якбора чанд нома мефиристем. Номаҳои зиёд. Онҳоро метавонед, ки дар ҳамаи барномаҳоятон истифода кунед. Аммо беҳтар буд, ки дар «Номаи маро алоҳида нашр кунед» ҷой диҳед ва шояд се-чор барнома шавад. Хоҳиш мекунам, ки ҳамин корро кунед.
Бовар кунед, ки аз ин режими Раҳмонов мардуми дараи Ромит ба дод омадааст. Ҷойҳои асосӣ ва аслии ин дараро Раҳмонов ва авлодаш ғасб ва забт карда гирифтаанд. Аммо ягон майда барои некуаҳволии мардуми таҳҷоии дараи Ромит эътибор намедиҳанд. Баракс бо кору рафторашон ахлоқи ҳамидаи мардумро фосиду хароб карда ин минтақаро ба макони фисқу фасод табдил доданд. То ҷое, ки инҷо раиси ҷамоат ҳам, муллои масҷиду муаллим ва ҳатто талабаҳо ҳам бадгашту бадгапу бароҳа шуда истодаанд.
Ман бовар дорам ва мутмаин ҳастам, ки то вақте Раҳмонов ҳаст, то вақте ин авлоди касофат роҳбарии ин мамлакатро дар даст дорад, вазъу ҳоли мардум бадтару бадтар хоҳад шуд.
«Одами Озода»
Хурсанд Мирзоева, раиси ҷамоати Ромит (чанд рӯз пеш аз кор гирифтанд)
Хурсанд Мирзоева, ки то чанд моҳи пеш раиси ҷамоати Ромит буд, дар ин вазифа даҳ сол зиёд кор кард.
Хурсанд Мирзоева 6-7 моҳ пеш аз ҳодисаҳои ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 раиси ҷамоат шуда буд. Вай сразу тавонист, ки бо мақомоти болоӣ роҳ ва пуштибон пайдо кунад.
Раиси ҷамоат Мирзоева Хурсанд, соле,ки ҳоҷӣ Ҳалимро заданд, ду нафар аз одамҳои генералро гуё дошта ба мақомот супорид. Дар асл он ду маҷрӯҳро ду кӯдак қапида буданд.
вале Хурсанд Мирзоева аз номи худаш супорид. Баъди ин худашро одами боло мегирад. Ҳатто ба онҳо ду хона дода буданд. Ҳамон хонаҳоро ҳам ба номи худаш гузаронд.
Ин аз рӯи гуфти худаш ҳар моҳ доляро рост ба боло мебарад. Ин дар ягон зот итоат намекунад.
Баъди як видеонавори Ислоҳ.ТВ раиси ҷамоати Ромит ҷабру зулмро чандин маротиба зиёд кард. Ҳатто касе пишакашро пишт нагуфт. Ин раиса худашро шинос ва одами Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент муаррифӣ мекунад. «Ҳар моҳ доляша хушру метем» мегӯяд ва тамоман ягон мақомотро писанд ва гӯш намекунад.
Бояд аз раисӣ мегирифтанд. Бурд чорсад ҳазор доллар дод, дар вазифааш истод.
Шавҳари аввалаи Мирзовева Хурсанд аз деҳаи Яфрак буд. Мирзовева Зарнигор духтари Мирзоева Хурсанд дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Солҳо пеш ҳаромӣ таваллуд кардагӣ аз як мард бо номи Гурги Яфракӣ. Гург Сабзов котиб буд. Мегӯянд, ки духтараш 30 -32 сола аст. Гург 70 сола боло. Ин беваи Хурсанд ҳам пир аст -60 сола боло аст.
Озода Раҳмонова дар заминҳои Ромит картошка мекорад. Мирзоева Хурсанд мардумро мебурд бепул мечинданд, солдатҳо ҳам мерафтанд. Аз ҳар як хона як кас -ду кас мерафт. Хурокаашро ҳар кас худаш мебурд.
Чанд вақт пеш Раҳмонов Фарзона, духтари хурдиашро туй карда буд. Ин Хурсанд Мирзоева камкам мезанад, маст мешавад. Дар ҳамин туйи Раҳмонов бо даъвати Озода иштирок карда будааст. Ин гапҳоро як рӯз худаш дар ҳолати сархушӣ нақл кардааст, ки барои ин туй ба Озода 210.000 доллари нақд туҳфа кардааст.
Ҳар вақте пеши Озода мерафтааст аз Ромити боло қурут ҷамъ мекардааст:
«биёред ман рафтестам, қоқ биёред, чормағзи ҳамелӣ- мағзаш метобад биёред».Ҳамаи инҳоро ба Озода подарка мебурдааст. Боз барои Озода гӯшти серкаи қайчинозадаи ёшакро обҷӯш карда мебурдааст. Ин навъи гушт болаззат ва барои «он корҳо» муфид будааст.
Мирзоева Хурсанд раиси ҷамоти Ромит барои облава рӯирост савдо мекунад, нарх мемонад, ранги бозор. Мегӯяд, ки пул деҳу бигард. Хизмат қарзу фарз аст, ватанро муҳофизат кунед мегӯяд вале пулро мегирад қарзу фарзу ватан фаромуш мешавад.
Солҳои пеш дар ҷамоати Ромит нақшаи даъватшаванда дар як мавсим 13 нафар буд ҳозир нақша 35 сарбоз шудааст. Барои ҷавоне, ки ба хизмати сарбозӣ намеравад 10 то 15 ҳазор сомонӣ нарх мондааст ва ин раиси ҷамоат ин маблағро ошкоро мегирад. Мегӯяд, ки ман одами Озодаам.
Ин Хурсанд Мирзоева қаллоби гузаро ҳам ҳаст.
Аз Русия меоӣ, дар ҷайбат пул дорӣ, меравӣ замингирӣ ба назди раиси ҷамоат. Мегуяд айбро намедонӣ, ман дар ҳамаҷо одам дорам пулро те ман замин медиҳам. Пулро медиҳӣ баъд аз қафояш ҳафтаҳову моҳҳову ҳатто солҳо медавӣ. Аз чор бор зиёд рав ба сари замини ваъдагӣ, занг мезанд меоянд аз амният ё милиса саратро қоқоқоқ метрошанд. Не пул мегирӣ не нол сотих замин.
Дар Ромит як интернат буд. Он биноро дар даҳ одам аз 20 000 долларӣ зиёд фурухт. Дар ҳоле, ки бинои интернатро фурухтан мумкин нест. Документҳои фалшивий кард фурухт.
Дар Шарифи Мирзокарим, амаки Шоҳасан фурухту 20 000 долларшро гирифт. Ин интернат дар рӯбарӯи беморхона қарор дорад. Вале то ҳол касе он биноро гирифтагӣ нест. Дар ҳоле, ки ба чандин одам фурухту пулҳояшонро гирифт, вале надод.
Он вақтҳо ин Шоҳасан популярний набуд. Ҳавзи моҳӣ ташкил шуду баъд намоён шуд. Одамҳое, ки туй мекунанд иҷозати туй аз 5000 сомонӣ боло. Боз барои ЗАГС пули отделно мегирад.
Ин бева Мирзоева Хурсанд ҳатто апаи худашро фиреб додагӣ аст. Апааш бефарзанд аст. Хонааш дар Личак. 35 сотих замини ҳамонро дар соли корона фурӯхт. Апааш барои муолиҷаи корона як моҳ дар бемористон хоб кард, мазааш набуд. Бо ҳамин табобат пули замин тамом шуд гуфтааст ба апааш.
Як муовин дорад, ки Ҷовиди мор мегуяндаш, ҳар рӯз маст. Ҷовиди мор шояд чор сол мешавад, ки дар ин вазифа бошад: 3 квартира дар Ваҳдат ва 2 хонаи заминӣ дар Ромит дорад. Ҷовиди мор ҳаррӯз даст ба зино мезанад. Одамоне, ки корашон меғалтад мегӯяд ту ҳеҷ чиро намедонӣ, рав духтарат ё келинатро роҳӣ кун. Вақте омад ҳамроҳаш гап мезанад, дар телефон сабт мекунад. Мегӯяд агар розӣ нашавӣ, дар интернет мепартоям, халқи худо мебинад. Шантаж мекунад. Ба вай фарқ надорад, ки шавҳар дорад, бешӯ аст. Ҷойи кайфкуниаш дачаи Сомон, дар Личак. Ба он дача ягон мақомоти Тоҷикистон намедарояд. Падари Ҷовиди мор муаллим буд. Духтарҳоро мегуфт, кипеши барат калон шудааст. Як хушонӣ бо мошин дар Ромит,дар пеши магазин падари Ҷовиди морро зад. Дар бемористон бистарӣ шуд, мурд. Ҷовиди мор он вақт студент буд. Пул доданаш хап кард.
Кришаи Ҷовиди мор Генерал Сафарзода Бахтовар Амиралӣ аст. Тибқи баъзе маълумотҳо Бахтовар писари Раҳмоналӣ Амирзодаи собутилники Эмомалӣ Раҳмонов раиси собиқи Исфара ва Ваҳдат будааст.
Як вақт барои обдараи Ромитро тоза кардан экскаватор медароварданд. Барои ин кор солярка ҷудо шуда буд 6 ё7 тонна. Хурсанд Мирзоева соляркаро дуздид бо ҳамроҳии чанде аз муллоҳо ба Шобии бачаи Сафарбӣ фурӯхт. Вале худашро қафо кашид. Мардум дар масҷид солярка куҷо шуд гуфта пурсиданд, ҷавоб нагирифтанд. Ин соляркаро кадом ширкати хитоӣ ёрдам дода буд. Инҳо соляркаро дуздида фурӯхтанд. Аз мардум пул ҷамъ карданду баъд обдараро тоза карданд.
Ин Мирзоева Хурсанд аввал дар садик кор мекард. Хурок мепухт. Бо зиёдатии хурокҳои кудакҳо «калон» шуд. Пулро ҷамъ кард рафт гирифт вазифаро. Ин хондагӣ ҳам нест. Аз Сорво аст. Аз ин пеш раиси ҷамоат Музаффар буд. Акаи ҳамон раиси ДЭУ-и Ваҳдат аст ки борҳо дар Ислоҳ дар бораш навишта ва гуфта будед.
Мирзоева Хурсанд як зани беҳад баднафс аст. Гуфтем, ку ки аз 10 то 15 000 сомонӣ дар сизони облава аз як призивник мегирифт. Дар як мавсими маъракаи облава минимум 200 ҳазор доллар кор мекунад. Аз ҳоҷиҳо, ки ҳаҷ мераванду меоянд барои забҳи гуспанду гов 5000 сомонӣ мегирад. Агар надиҳанд, ташкил карда 15-20 ҳазор сомонӣ штраф мекунад.
Ҷамоати Ромит 500 хоҷагӣ дорад. Аз Оби Ёс боло дохил мешавад, аз Ромит боло боз Дударагӣ ҳаст. Дар Дударагӣ дар ҳар дарааш даҳ қишлоқӣ мавҷуд ҳаст. Аз 15000 зиёд бошанда дорад. Хушон, Новак, Девдара, Сорбоғ, Яфрак, Поху, Новаки поён, Новаки боло, Шандон, Тавиши боло, Тавиши поён аз ҷумлаи деҳаҳои ин дараанд.
Имсол барои хондани таровеҳ дар моҳи Рамазон 25 ҳазор сомонӣ масҷидро доля баст амният. Ин 25 ҳазорро ба амният Мирзоева Хурсанд гирифт дод. Беғайр аз ин пул боз ба фикрам 8-10 ҳазор худи Хурсанд тоб дод, гирифт.
Ҳар сол дар моҳи шариф қорибачаҳоро меоварданд хатм мекарданд. Баъд мардум пул ҷамъ мекард медод. Барои хатмгарҳо. Имсол тамоман иҷозат надоданд. Даже дар 50 000 сомонӣ не гуфтанд. Гуфтанд намози одӣ хонед равед: «аз масҷид баромадӣ ба ҳамроҳат, тарафи чап ё рост гап задӣ тамом, дар сарат лингча мекашанд мебаранд. Дар масҷид гап задан тамоман мумкин нест, чапу рост бояд нигаҳ накунӣ. Мақсадашон аз ин кор ин аст мардум бо ҳам муттаҳид нашаванду бар зидди зулми мақомоти Раҳмонов яке сар баланд накунанд. Аммо 25 ҳазорро Хурсанд гирифт ба амният дод.
Айни замон дар Ромит корҳои аҷиб рафта истодааст.
Диловар Солеҳови райиси нави ҷамоати Ромит хоб надорад, дар кофтан даромадааст. Бо Мирзоева Хурсанд разбор кардааст, ки «и, гапора ба шумо гуфтай»
Генерал Сафарзода Бахтовар Амиралии ҳамсинфаш дилашро пур кардааст. Мирзоева Хурсанд ранги саги девона шудааст. Ҳоло гапгап аст ки дар намози ҷумъа эълон мекунанд, ки касоне ба хоинҳои миллат нома фиристода истодаанд, дигар роҳӣ накунанд, ки вай худаш-яъне Муҳаммадиқбол ба амният он номанависро хабар медиҳад. Ва ҳамин тавр аниқу яқин, ки ду моҳи дигар фақат дар бораи шумо гап мезананд.
Мирзоева Хурсанд ба Диловар Солеҳов гуфтааст, ки « ҳами худи ту набошӣ». Ранги мушу пишак шудаанд. Уже бузичаҳояшонро аз қафои ҳамон одам мондаанд, ҳамаашро ҷамоати Ромит фарёд карданд, махсус супориш доданд.
Бузҳои Ромит киҳоанд?
Баҳодури Ҳасан бо ду бачааш- Маҳмадалӣ ва Манучеҳр;
Рустаму Суҳроб, бародарони Баҳодури Ҳасан. Дар девори магазинашон сурати пешво часпонидагӣ. Мегуянд, ки ин сурати барори кор аст. Ин лаънатиҳо таксӣ кор мекунанд. Инҳо любой одамро мефурӯшанд-занҳои сатрдор ва мардҳои ришдорро. Агар ба мошин худат бозор равӣ дар ГАИ мефурушанд, ки таксӣ мезанад.
Кали шурики буз;
Бачаи ҳоҷӣ Акбар ва бачаи Зиёвиддин;
Достони буз;
Ҳашари отаи Наврузи буз;
Наврузи буз. Ин Наврузи Ҳашари беимон дар ҳама ҷо худро одами Исмоили дастбахайр муаррифӣ мекунад. Зани Наврӯзи бузро бо дигар кас қапиданд, бо Файзулло, аз Ромит. 3 сол зиёд аз вай пул кор кард;
Комили буз, ки таксӣ кор мекунад. Бародараш бошад Талабшои буз аст. Ин ҳаром одам аст намехоҳам бештар гуям. Даже духтари ноболиғашро қариб зино кунад.
Ҳаводиси дигар дар Ромит
Ана ҳамон қабристоне, ки намонда буданд мурдаро гӯр кунанд аз ҷияни Рамазон Раҳимзода аст. Баъди навор камбағалҳоро бурда хеле заданд. Онҳо гуфтанд нагуфтанд фарқ надорад. Он бузҳо сурати гов пир дар мошинҳояшон задагӣ аз шумо мепурсанд, мекованд, гап мегиранд. Мисол чаро дар ин тобистон ҳам свет нест гуфта ягон ҳақорат кунӣ оҳиста запс мекунанду мебаранд медиҳанд. Саратро қоқоқоқ метарошанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ба назари ман ин мардум айби худаш аст. Инҳоро касе маҷбур накардааст, ки бузӣ кунанд. Ин бузҳо, ки баъзеаш таксӣ мезананд, ҳеҷ кас ҳеҷ чизашон намегуяд. Як ГАИ меқапад, маҷбуранд инҳо ягон чи гап зананад ба онҳо. Бовар мекунӣ дар мошини худам барои майда чуйда рафтам бозори Ромит, ки дар ГАИ фурухтанам. 2200 сомонӣ гуфт. Мегуям барои кори худам омадам, мегӯяд, не ту таксӣ мезанӣ, литсензия надорӣ. Мегуям одам накашонидаам. Мегӯяд одамҳои махуф СС -ро даъват мекунам. Одамҳои вай мебаранд саратро қоқоқоқ метарошанд. Онҳо не худоро мешиносанд, не расулро. 2200 сомониамро гирифтанд. Камтар ришам баланд буд. Вақт набуд гирам.
Инҷо боз риш мониву бурутҳоят гирифтагӣ бошад, мегӯянд, ки ту салафӣ ҳастӣ. Риши бебурут мумкин набудааст.
Духтарҳои мактабро ба генералҳо барои «дамгирӣ» подарка мекунанд. Талабаҳои мактабро, наврӯзӣ ё ягон маъракаи дигар мешуд, ҳар як калағафси алтур дар ин столҳо шиштагӣ, аз мактабҳои Ромит мебаранд.
Аз ҳамон моҳихонае, ки дар Яфрак наздик аст 6-7 духтари синфи 8-9 вақте генералҳо дамгирӣ мераванд, маҷбурӣ мебаранду фалон мекунанд ва «як чи» дар дасташон медиҳанд, медӯзанд
Раиси ҳозираи Ромит Диловар Солеҳов аст.
Лоиқ Латипов язнаи Наврузи Хайрулбашар дору бизнес мекард, ки додарашро дар Санкт-Петербург тюрма карданд. Зани бачаи Мақсадро расида буд. Вай аз занаш ҷудо шуданӣ буд. Ин через Наврузи Хайрулбашар ва отдели Тангаӣ пул канд. Асалбек ҷияни Мирзоева Хурсанд аст.
Як беваи ромитӣ дар 82 микрорайони Душанбе мешинад. Амниятӣ аст. Дору мефурӯшад вале боз худаш ментҳоро занг зада хабар медиҳад. Ин муллоҳову фолбинҳоро сабт мекунад. Касе, ки аз ин дору мехарад 50 метр норафта мебардоранаш. 3 кудак дорад. Шавҳараш дар тюрма. Дар Садбарг духӣ мефурушад. Ин бева ба амниятиҳо арӯс туғрӣ мекунад. Хонааш фоҳишахона аст. Агар пули гуфтаашро надиҳӣ ментҳоро занг мезанад, ё дар интернет мебинандат ё пули калон медиҳӣ. 200 одам зиёдро фиреб карда ба ментҳо супоридагӣ.
Хурсанд Мирзоева, раиси ҷамоати Ромит ӯву домодашро бо15 кило дору қапонд. Ду моҳ Холбойча дар отдел маҳкам буд. Хуштоманаш 200 ҳазор доллр дод, кораш ҳал шуд.
Мақомот дар Тоҷикистон пулро мегиранд, ҷинояткорро сар медиҳанд.
Холбойча аз Ромит даҳмарда аст. 300 бузу гуспанди мардумро фурухту хурд. Гаштааст. 100 ҳазор сомонӣ ба Генерал Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дод, тамом. Ҳамаи корҳояш соз шуданд. Маст як кӯдакро дар Ваҳдат бо мошин зад. Мошин аз дигар одам.35 ҳазор сомонӣ дод, тамом. Кораш соз шуд. Ин Холбойча Шайхи араб лақаб дорад ва дар кони тилло кор мекард. Мед, алюминий ва балонҳои техникаҳоро дуздид, ба даст фаромад. Лекин чанд суме ба Бахтовар дод, корҳояш ҳал шуд. Холбойча ҳар бегаҳ дар дискотека маст аст. Дар сари раққосаҳо пачкаи пули 500 сомониро чошала мекунад. Як овозхон ҳаст номаш Нишонаи Рустам. Холбойча дар 10 ҳазор сомонӣ аз дискотекаи Водии гургон он беваро бурд барои ду соати истироҳаташ.
Ҳозир дар Ромит бадгаштӣ, зинокорӣ дар байни хонандаҳои мактаб хеле зиёд шудааст. Тавба. Ҳамин сол 12 духтар нодухтар шуд. Яктоаш 7 моҳа ҳомила шуд. Аборт карданд.
Бачаи Раҷаби апачӣ дар Ромит мардуми нашъманду муътодро бо дору таъмин мекунад. Зани Раҷаби апачӣ духтари амаки Мирзоева Хурсанд аст.
Дар Яфрак як мард ҳаст Гургаш мегӯянд. Сабзов Гург. Қайсингули ҳамин одам ба генералҳо арӯс мебарад. Як духтари камбағалро «тоб» дод, намедонам номи он генерал чӣ аст, хуллас, «туғрӣ» карда. Генерал корашро кард. Номардиву ноинсофиро бубинед, ки падари он духтарро бурданду чунон задандаш, ки как будто духтарашро расид.1 8 сол доданаш. Дар ҳоле, ки он духтарро генерал таҷовуз кард. Агарчи аз вуқуи ин ҳодиса чанд сол мегузарад вале ҳоло ҳам ин хел ҳодиса руй медиҳад. Мекунанд бори кадом бечораи камбағал мекунанд. Ҳозир он оила бадном шудааст. Ин ҳодиса дар қишлоқи Яфрак шуда буд. Он зане, ки он духтарро ба генерал туғрӣ кард 20 000 доллар гирифт. Боз ба 10000 доллар духтур бурданду дӯхтанаш. Як ҳафта, ду ҳафта истод, вале дигар ҳамроҳ бо раққосаҳо дар дискотекаҳо дастбадаст мегардад. Як ҳафта дар хонаашон истод, дигар ҳардаста шуд. Дар дискотекаҳои Ваҳдат, дар дискотека Шафран ва дар дискотекаи Соқиевҳо раққоса мебошад-живая музика, рақси шикаму нимабараҳна мекунад.
поёни қисмати аввал, давом дорад….
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Он чи хондед, танҳо қисмати аввали номаҳои Ромит буд. Номаҳои расида аз ин минтақа зиёданд ва ҳар кадом аз паҳлуҳои дигари зиндагӣ, мушкилот ва шикоятҳои сокинон қисса мекунанд. Агарчи дар номаҳо аз ноҳияҳо тақрибан дар даҳ шумора маълумотҳои пароканда ва ҷолиб аз Ромит нашр кардаем вале инҷо муфассалтар хоҳем гуфт.
«Ислоҳ» ин силсиларо идома хоҳад дод ва номаҳои дигарро низ, бо ҳамон мазмуне ки ба мо расидаанд, пешкаши хонандагон мекунад.
Ин оғози қиссаи Ромит аст, на поёни он.
Интизори бахшҳои дигари махсуси Ромит бошед. Дар қисматҳои баъдӣ номаҳо, шахсиятҳо ва мавзуъҳои дигаре матраҳ хоҳанд шуд, ки сокинон мехоҳанд садояшон ба ҷомеа бирасад воқиан даҳшат аст…
Ромит идома дорад…
