Дар ин нашри барномаамон аз Қубодиён, ноҳияе дар вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат, аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва аз шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд номаҳо дорем.
Муаллифи мо аз Ромити Ваҳдат ин бор низ аз ҳавлу ҳоли ин минтақаи куҳистонӣ маълумотҳои ҷолиб фиристодааст. Як пора аз ин номаро ба хотири қироати идомаи он инҷо меоварам: «Як таксӣ аз Карими Исмоил нақл кард, ки дар конкурси Ҳаким-777як бача мошин бурд мекунад- Мерседес. Ин кор соли 2023 шуда будааст. Одами бурд карда ба сари мошин меравад. Ҳаким мегӯяд, ки ин мошин аз дигар одам аст. Ин мегӯяд, ки «ма бурд кадм, ина записош». Ҳаким баргашта мегӯяд, ки «ма г…м тра катӣ бурд книт. Ма м..м ҳама билетгирора».
Ҳаким, ки бо кормандони СС.Ятимови махуф шиштагӣ будааст, бачаро медароранду мурданӣ мезананд ва 50 ҳазор сомонӣ медиҳандаш, меравад. Ҳатто дар рӯи он бачаи мошинро бурд намуда ме…».
Хуҷанд: Номаи дод ё муроҷиатномаи як омӯзгори хуҷандӣ ба унвони раиси ҷумҳурии Тоикистон дар бораи худсарӣ ва бадрафтории як домсозе ҳикоят мекунад. Ин муаллиф бо зикри ному насаби худ изҳор медорад, ки Прокурори вилоят ба арзу шикояти онҳо эътибор надод. Ва ҳоло як пораеро аз муроҷиати ӯ пешкаш менамоям.
«Муҳтарам Президент,
Шумо ҳамеша ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат эълон намудаед.
Ҳолати кор то ба он омадааст, ки соҳибмулконро ғайриқонунӣ ва зӯран аз манзили истиқоматиашон берун карда истодаанд.
Аз тарафи ширкати сохтмонӣ ба соҳибмулкони ҳуҷраҳояшон бартараф шуда истодаанд арзиши ночиз пешниҳод намуда ҳуқуқи соҳибмулкиашон поймол шуда истодааст.
Аз Қубодиён нависандаи нома аз кору амали як нафар раиси ҷамоат шикоят кардааст, ки ҳатто роҳи ба самти ҷамоат меравад, роҳи мардумро фурӯхтааст. Ин як сархат аз номаи ӯ аст:«Инҷо мехоҳам дар бораи кору фаъолияти раиси ҷамоати ба номи Эшмурод Ниёзов, ки Аслӣ ном дорад, бинависам. Дар бораи ин одам мардум ба мақомот шикоят намуданд. Ин нафар аз стадиони Чорбоғ боло заминҳоро ҳамроҳ бо Тойрраис фурӯхтанд, заминҳои обиро, ки тибқи қонун мумкин нест. Аксарияти хонаҳоро чапа карданд. Бо ин пул сер накарданд ва ҳамчунин роҳе, ки мардум мегузараду ба ҷамоат меравад онро ҳам ба Ҷалов Айюб фурухтанд».
Ваҳдат-Ромит
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин.
Худованд ба корҳои мову шумо баракат ва равнақ диҳад. Бовар кунед, бахудо девона шудаанд, инаш ба инаш дигар гап намезанад, ки инро кӣ карда бошад, кӣ бошад ин «хоин». Кадоме бошад, пул додагӣ (гӯё ба мо касе пул додабошад,ки ин маълумотро дар мавриди Ромит нашр карда бошем). Бепул нашр намекунад дар Ютуб.
Диловар Солеҳов, раиси ҷамоат бошад сарашро аз замин намебардорад. Ҳамон пули додагиамро кӣ гуфта бошад? Даже кори додарашу кори зино кардагӣ он духтари сифилис шудагиро расонидаанд, гуфтааст. «Онҳо кадоме ҳаст мегӯяд душмани мост-пул метан баъд дар ютуб нашр мекунанд».
Боз гуфтааст: «пуштум мустаҳкам. Лаби об чим задагӣ, пуштам вазнин аст. Аз 200 199, аз 2000 1999 гап занад,199 барнома кунад фоида надорад, парво надорам, пуштам вазнин аст. Пеш аз об ман чимша задагӣ ,махкам»
Аммо ин бузҳо бошанд мегӯянд: «мо одамҳои даркорием. Моро ҳеҷ кас ҳеҷ ҷо намебарад, ҳеҷ кор намекунад. Моро ҳамин хел мондагианд, ки бузӣ кунему пул кор кунем. Халқ кӣ буд, ки мо ҳурмат кунем? Мо бояд халқа назорат кунем»
Бахтовари корманди ҷамоатро бояд аз кор мегирифт.Ӯро як бор ковучов карда буданд.
Бахтовар, бачаи здоровий, ки дар ҷамоат кор мекард, кадом кору бори Диловар Солеҳовро медонистаст. Ба назар девонаяк метофт, аммо хона гирифт. Туй -пуй мешуд пул кор мекард.
Мирзоева Хурсанд мерафт як моҳ, ду моҳ дар Қарияи боло ё Истиқлол табобат мегирифт. Ин Бахтовар нархро двайной мегирифт, барои печату имзои туй,ҳоҷӣ омадан барои облава.
Аммо пушту паҳлуи он беваи ҳаромро, яъне Мирзоева Хурсандро массаж мекард.
Дар магазини Раҷаб ҳамакаса тамошо мекунанд.
Меҳроби бачаи Раҷаби Хайриддин ҳам буз аст. Вай ҳам мардумро пурсу пос карда истодааст, кӣ бошад ин хоини номанавис? Чи хел кунем, счет партоем бифаҳмем. Яъне барои ёфтани он одам счет мепартояд.
Аммо Диловар Солеҳов мегӯяд бигзор гуфтан гиранд, ягон кор кард наметавонанд.
На самом деле пул додагӣ, дилаш пур аст. Вай мегӯяд кадоме ҳаст аз даруни ҷамоат аст. Набошад Генерал Сафарзода Бахтовар Амиралии ҳамсинфу кришаи маро кӣ медонад, рейд кӣ меояд?
Ин Генерал Сафарзода Бахтовар Амиралии писари Раҳмоналӣ Амирзодаи собутилники Эмомалӣ Раҳмонов раиси собиқи Исфара ва Ваҳдат зиёда аз 20 дача дорад, ки ҳар кадомаш ду -се миллион доллар зиёд аст.
Пул ҷудо шуда буд. Бояд дар Ромит дуэтажа болнитса рост мекарданд, аммо ягон чи накарданд. Ду тангем скорий помош буд, аммо онҳоро ҳам фурӯхтанд.
Ҷалол аз ин пул дар бинои (KFC) кеэфсии Ваҳдат ба худаш квартира харид. Аз хонаҳо гадоӣ карда бомашро пушонидану тамом. Бо ҳашар краска карданд. Ними замин болнитсаро ҳамчун аптек гуфта фурухтанд. Ба як мард аз дарё он пара. Навобод мегӯянд. Вай дар онҷо ду ошёна хона кард. Боймирзо ном дорад он мард.
Диловар Солеҳов ҳозир одами пулдор кофта истодааст, ки бинои интернатро, ки дар параи садик аст фурушад.
Барои ин бинои интернат Мирзоева Хурсанд чанд одамро чил то ҳафтод ҳазорашро гирифта фиреб карда буд, аммо надод. Ин интернат дар Ромит, рӯбарӯи болнитса қарор дорад.
Соле Хурсанд Мирзоева раиси ҷамоат мешуд бояд як мард раис мешуд, аз Навобод, номаш Шамс, бачаи Зайниддин.
Мирзоев Хурсанд 25 000 долларашро гирифт, ки ман ягон моҳ кор мекунам туро дар ҷоям раис мемонем. То ҳоло пули уро ҳам додагӣ нест. Ин одам ду 20 сотихӣ замин дар лаби дарёи Ромит дошт -40 сотих. Вақте вай ду се бор барои пул омад ин через одамҳои СС.Ятимови махуф ҳамон заминҳояшро ҳам гирифт ва ба кадом генерал арзон фурухт.
Ин Шамс ду дипломи сурх дорад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ё Душанбе зиндагӣ мекунад. Хурсанд Мирзоева Шамсро фиреб кард. Заминҳои Шамс дар поёни заминҳои ҳоҷӣ Баҳриддин буд. Ба Шамс Хурсанд Мирзоева не пул дод не ҳиҷчи. Шамс муаллим буд, ҳозир кор намекунад.
Хурсанд Мирзоева ҳар вақте комиссия барои тафтиши кори ҷамоат меомад аз хонаҳои одамҳо зиёфат ташкил мекард: қайла, картошка, нон, асал ва ғайраҳо. Гурадҳоям дард дорад, лечений мекунам мегуфт. Ба як кило ду кило асал қаноат намекад ба фляг меоварданд.
Мошини Сафарзода Бахтовар Амиралӣ 7777. 01.Ренҷровер буд, ҳозир дигар аст.
Ҳоло дар бораи Ҳаким -777 суҳбатро идома медиҳам.
Як таксӣ аз Карими Исмоил нақл кард, ки дар конкурси Ҳаким-777як бача мошин бурд мекунад- Мерседес. Ин кор 2023 шуда будааст. Одами бурд карда ба сари мошин меравад. Ҳаким мегӯяд, ки ин мошин аз дигар одам аст. Ин мегӯяд, ки «ма бурд кадм, ина записош». Ҳаким баргашта мегӯяд, ки «ма г…м тра катӣ бурд книт. Ма м…м ҳама билетгирора».
Ҳаким, ки бо кормандони СС.Ятимови махуф шиштагӣ будааст, бачаро медароранду мурданӣ мезананд ва 50 ҳазор сомонӣ медиҳандаш, меравад. Ҳатто дар рӯи он бачаи мошинро бурд намуда м….д. Нархи мошини дар ҷоиза гузошта 60-70 ҳазор доллар буд, надод. Инро мардум бояд бидонанд ва ба вақти иштирок дар конкурсҳои Ҳаким 777 ҳушёр бошанд. Ҳатто Ҳаким мегуфтааст, ки «шумо тоҷико бе саводен, шумора ҷаноби шайтон (Раҳмоновро дар назар дорад) соз мекна, мег**тона».
Тамоми билетгирҳоро Ҳаким зану кудак очаву апаву хоҳар ҳақорат мекунад.
Мегӯяд «ма ҳармоҳ гунгакда (Рустами Эмомалӣ дар назар аст) долия метм, вайма якас,ягон мақомот хурда наметона»
Он одами бурднамуда 10 билет доштааст. Нархи як билет 500 сомонӣ.
Соли гузашта як бачаи ромитӣ аз деҳаи Калтуч, зан гирифт духтари Умроншоҳро. Духтар барои никоҳ сину солаш шаш моҳ майда буд.
Документ тайёр карданду калон нишон доданду шӯ доданаш дар Калтуч. Дар хонаи Умроншоҳ 3 бача ба синни хизмат буд. Туй гузашт. Умроншоҳро гуфтанд бачаҳоятро биёр хизмат кунанд. Бачаҳояш дар Русия буданд.
Мирзоева Хурсанд рост ба коргарони махуф занг зад. Шаҳр бурданд. 6 моҳи духтар намерасид.
Гуфтанд то 18 сола нашавад хоб кардан мумкин нест. Бо ин баҳона ҳар ҳафта духтарро мебурданд беморхонаи Ваҳдат- проверкакунӣ. Очаи духтар аз дунё гузаштагӣ буд. Мирзоева Хурсанд пеш аз ин кор шудан падари духтарро фарёд карда 40 ҳазор сомонӣ гуфта буд. Он бечора камбағал аст, сум дода натавонист. Хуллас то 18 сола шудани духтар бо домод ҳамхоба нашуд.
Бахтовари Заров кист?
Бахтовари Заров баъди хатми донишгоҳ дар ҷамоати Ромит кор мекард, ёрдамчии Мирзоева Хурсанд. Заминсози ҷамаот дастгир шуд.
Бахтовари Заров се ё чор сол кор кард. Дар ин муддат як мошин барои падараш. Як хонаи сеҳуҷраӣ бо тамоми чизу чора ва ҷиҳозаш аз Ваҳдат гирифт.
Мирзоева Хурсанд ҳамин ки фасли тирамоҳ мешуд аз ҳисоби давлат бемористони Истиқлол мерафт. Як моҳ зиёд хоб мекард. Агар туй ё ҳоҷиталбон ё ягон кори дигар мешуд Бахтовари Заров бағайр аз пули Мирзоева Хурсанд ҳақи худашро отделно мегирифт. Мегуфт бе имзои райиса намешавад: «ма мерм имзоша мегирм мебиёрм».
Бахтовари Заров вақти облава бузи пеши пеш буд. Ҳатто ҳамсинфи худаш- додари Бурҳони лавро фурухта буд. Ҳамон Бурҳоне,ки духтари талабаи мактабро расида буд.Номи додари Бурҳони лав Хушдил бо лақаби балони камаз. Хушдили блони Камаз ҳам ҳамон духтарро расида буд.
Бахтовари Заров ҳам расида буд. Комиссия омад, тафтиш кард ҷамоати Ромитро. Мирзоева Хурсанд бо додани 50 ҳазор сомонӣ ҷонашро харид. Ин саги бовафои Мирзоева Хурсанд буд. Чуноне гуфтем Бахтовар Заровсолим нест. Аз кӯҳ, вақте талабаи мактаб буд, ҷар шудагӣ, камтар гарангфеъл аст.
Ин мегӯяд, ки пул дошта бошӣ, ман ними Ромитро мефурушамат. Ҷумъахони бародарш таксист ва бузи пеши пеш. Дилхоҳ таблеткаро мефурушад.
И Ҷумахон қавми Лут аст. Бо Ҳусен аз Оби лой, аз Ромит поён моҳигирӣ меравад корҳои қавми Лутро мекунанд, одамҳо мебинанд. Ман дирӯз навори боздошти Оятулло Гиляевро дидам,ки 900 ҳолати қаллобӣ анҷомдодааст. Охир Оятуллоро гуфтанд узви Гурӯҳи-24 буд дар гузашта. Магар Мирзоева Хурсанд ва ин ҳама дуздони Ромит узви Ҳизби Халқӣ Демократӣ нестанд? Ҳатман ҳастанд ва билети Мирзоева Хурсандро худам дидаам. Чаро инҳоро ба ҷурми қаллобӣ боздошт намекунед ва мардуми ҷабрдида показани диҳанду зиндонашон кунед? Ҳа Мирзоева Хурсанд ва ин дуздон ба Озода Раҳмонова пул медиҳанд ва барояшон иҷозат аст ҳар коре мекунанд ба мардум? Магар ин адолат аст? Мо назорат дорем ва ҳар ҷинояти ин аъзои ҲХДТ ро ва ба Ислоҳ менависем.
Хуҷанд
Номаи зер қаблан дар зери як навори мо дар фесбук аз тарафи худи муаллиф (коммент) гузошта шуда буд. Мо хостем онро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» айнан ва ба ҳамон тарзе, ки мунташир шудааст, ҷой диҳем, то мақомот ҳарчи зудтар ба муроҷиати ин омӯзгори бособиқа расидагӣ кунанд. Ин нома ба шарҳи зайл аст, ки баъдан дар дигар пойгоҳҳои иҷтимоӣ чоп шудааст:
Муроҷиатнома:
Ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ман, Абдуҳабиб Абдуллаҳаевич Ҳамидов, омӯзгор бо собиқаи 42-солаи меҳнатӣ, маҷбур гардидаам бо ин муроҷиати расмӣ ба Шумо муроҷиат намоям, зеро то имрӯз мақомоти ваколатдори давлатӣ нисбат ба қонуншиканиҳои дағал ва дорои аломатҳои ҷиноятии фаъолияти ҶДММ «Қудрат 2010» чораҳои зарурии қонунӣ наандешидаанд.
Боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад, ки намояндагони ҶДММ «Қудрат 2010» зимни муошират бо шаҳрвандон ба сиёсати давлат ва ташаббусҳои роҳбарияти олии кишвар истинод намуда, чунин вонамуд мекунанд, ки амалҳои онҳо аз ҷониби давлат пурра дастгирӣ мегарданд.
ҶДММ «Қудрат 2010» дар шаҳри Хуҷанд, ба андешаи мо, бо вайрон намудани талаботи ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зеринро анҷом дода истодааст:
— оғози корҳои сохтмонӣ бе мавҷудияти тамоми ҳуҷҷатҳои ҳатмии иҷозатдиҳӣ; — маҳдуд намудани ҳуқуқи соҳибмулкон дар истифода ва ихтиёрдории моликияти худ; — вайрон ва валангор намудани қисмҳои манзилҳои истиқоматӣ; — кандани рӯйпӯши боми бино, ки ба ҳаёт ва саломатии истиқоматкунандагон хатари воқеӣ эҷод кардааст; — деворбандии ҳудудҳои истифодаи умум; — ишғоли воқеии баъзе ҳуҷраҳои истиқоматии шаҳрвандон. Бояд ба маврид аст иброз намоям, ки намояндаи ширкати сохтмонӣ бо номи Сино Рустамшоҳзода бо шаҳрвандон бо лафзҳои бениҳоят қабеҳ муносибат намуда худро ҳоким меномад.
Амалҳои мазкур, ба назари мо, мухолифи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ, Кодекси шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Санаи 06 июни соли 2026 мо дар қабули Прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Давлатзода Ҳ.Ҳ., иштирок намуда, оид ба қонуншиканиҳои зикршуда маълумот пешниҳод кардем. Аммо муроҷиати мо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор нагирифт ва мо ҷавоби қонеъкунанда дарёфт нанамудем.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, эҳтиромона хоҳиш менамоем:
Қонунияти фаъолияти ҶДММ «Қудрат 2010» ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода шавад;
Нисбат ба қонуншиканиҳои ошкоршуда чораҳои прокурорӣ ва ҳуқуқӣ андешида шаванд;
Қонунияти амалҳои вобаста ба бартарафсозии манзилҳои истиқоматӣ санҷида шавад;
Ҳуқуқҳои вайроншудаи соҳибмулкон барқарор карда шаванд;
Дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ масъалаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсони гунаҳкор баррасӣ гардад;
Ба фаъолияти шахсони мансабдоре, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон вокуниши муносиб нишон надодаанд, баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Мутаассифона, то имрӯз баъзе мақомоти масъули шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд нисбат ба қонуншиканиҳои зикршуда чораҳои кофӣ наандешидаанд. Ин ҳолат боиси нигаронии ҷиддии шаҳрвандон гардидааст.
Ба маврид аст иброз намоям, ки ҶДММ «Қудрат 2010» бо сабаби аз пардохти боҷи давлати саркаши намудан ба хазина ва роҳбари давлат хиёнат намуда истодаанд.
Муҳтарам Президент,
Шумо ҳамеша ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат эълон намудаед.
Ҳолати кор то ба он омадааст, ки соҳибмулконро ғайриқонунӣ ва зӯран аз манзили истиқоматиашон берун карда истодаанд.
Аз тарафи ширкати сохтмонӣ ба соҳибмулкони ҳуҷраҳояшон бартараф шуда истодаанд арзиши ночиз пешниҳод намуда ҳуқуқи соҳибмулкиашон поймол шуда истодааст.
Ягон сохтор садди роҳи чунин беадолатиро гирифта натавониста истодааст.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муроҷиати мазкур таҳди назорати махсус қарор гирифта, ҳамаи ҳолатҳои дар он зикршуда пурра, ҳамаҷониба ва беғаразона мавриди санҷиш қарор дода шаванд.
Дар сурати нодуруст будани ягон маълумоти дар муроҷиат овардашуда, масъулияти пешбининамудаи қонунро дарк менамоям.
Бо эҳтиром,
А. Ҳамидов,
ш. Хуҷанд
P.S
Инак зиёда аз чаҳор моҳ инҷониб ман муроҷиат дорам, аммо аз чи бошад, ки сохтори давлатӣ ё қудратии Тоҷикистон худро нодида гирифта истодаанд ва гӯё ин беадолатӣ дар дигар сайёра шуда истода бошад.
фейсбук : Ахбори Тоҷикистон ва Ҷаҳон — News Tajikistan and World
Қубодиён
Ассалому алейкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин
Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, деҳаи Чорбоғ,ки пештар Пахтакор ном дошт, мебошам. Инҷо мехоҳам дар бораи кору фаъолияти раиси ҷамоати ба номи Эшмурод Ниёзов, ки Аслӣ ном дорад, бинависам.
Дар бораи ин одам мардум ба мақомот шикоят намуданд. Ин нафар аз стадиони Чорбоғ боло заминҳоро ҳамроҳ бо Тойрраис фурӯхтанд, заминҳои обиро, ки тибқи қонун мумкин нест. Аксарияти хонаҳоро чапа карданд. Бо ин пул сер накарданд ва ҳамчунин роҳе, ки мардум мегузараду ба ҷамоат меравад онро ҳам ба Ҷалов Айюб фурухтанд. Ин Аюйб роҳро полний маҳкам карда дарвоза шинонида ягон касро гузаштан намемонад.
Баъди ин роҳ боз як раҳи дигарашро ҳам дар пеши ҷамоат фурухтанд. Хулласи калом тамоми ҷойҳое, ки давлатӣ буданд, ҳамаашро фурухтанд.
Инро бояд махсус зикр намоям, ки ин Аслиро баъди онки дар «Номаҳо…»-и Ислоҳ номаш баромад аз кор гирифтанаш. Боз чи хеле кард, ки ба кор омад. Аз ҳисоби заминфурӯшӣ-пулҳои заминбо як мошини гаронбаҳои Тойота Прадо, Ландкрузер мегардад ва номерҳояш ҳам крутойи гаронбаҳо: 0005.
Авал ба як мошини опел-вектра мегашт. Ҳозир бошад ба мошинаи последний модел мегардад. Бо шаҳрвандҳо муомилаи хуб надорад. Кайе форад кор меояд, нафорад намеояд. Мо шаҳрвандҳо дар пушти дари Раис соатҳо меистем, ки Раис кай биёяду мо корамонро буд кунем.
Ҳазор раҳмат бародар Муҳаммадиқбол, ки номаи қаблиамонро чоп кардед. Хонаҳое, ки дар стадиони Чорбоғ боло буд хона сохтан манъ аст, хонаҳоро чапа карданд, вале шукр, ки навиштаамон результат дод.
Ҳоло ба Раҳмонови оқи падари даюси беномуси бе виҷдон беимони гарданбалонигазӣ, бигзор гури модарат ғрапғрап дар гирад гуфтаниам, ки наход як раиси ҷамоат бо пули заминҳои мардум соҳиби ҳамаи чи шаваду аз кор суруш куниву боз пора дода ба кор биёяд?! Эй, ман туф кардам ба ҳамин хел ҳукуматдориат. Аллоҳ лаънатат кунад. Наметавонӣ аз уҳдаи идораи давлат баромада «бра гумшав». Охир, Раҳмонов «гури очат ғараб ғараб дар гира истеъфо деҳу рав».
Бародар Муҳаммадиқбол, Раҳмат ба шумо, раҳмат кунад падару модаратонро, ки шумо ҳастеду мардум ба шумо менависанд. Агар ба ҳукумати Раҳмонови даюс нависӣ сразу хоинат мебароранд: барои чи ту аз ҳукумт танқид кардӣ?
Эй мардуми пахтакор! Ин қадар мурғу тарсу ва чоплус нашавед. Чизе медонед, нависед, он гоҳ натиҷаашро худатон мебинед.
Аллоҳ ёру мададгоратон бародар Муҳаммадиқбол. Мо шуморро дар ватан интизорем. Худованд ҳарчи зудтар ба ватан баргардед.
Ин роҳе ман гуфтам фурухтанд якеаш дар пеши идораи ҷамоат яктои дигараш дар охири ҷамоат. Дараш ба самти ҳаммом аст. Ин роҳҳоро ҳам фурухтанд. Роҳи мардумро. Аммо Раҳмонов проблемааш ришу ҳиҷоб аст. Раиси ҷамоатро бигӯ нишонат медиҳад, ки кадом роҳ аст ва дар куҷо мебошад.
Аммо ин раиси ноҳия бошад тамоми ҷамоатҳоро маҷбур карда истодааст, ки пул сарҳад диҳанд. Сарҳади Тахт сангинро сел омад шуста бурд. Пули таъмири онро аз мардум ҷамъ карданд.
Э, Раҳмонов! Мо сарҳадро соз кунем, асфалтро соз кунем, мактабро соз кунем, ту бавли очаатро мехурӣ? Ё ки Рустами гункак, ё ки духтарҳои бешуморату домодҳои расмиву ғайрирасмиат, ё ки хусурбачаҳоят, масалан Муҳиби номард бошаму зинда бошам, ё ки ҷиянҳоят, ки бо тавассути онҳо мардумро мешакену меҷафен, чи кор мекунед? Тамоми даромади Тоҷикистон дар дасти шумо. Наход, ки як чанд метри сарҳадро худат рост карда натавонӣ?
Мардуми бе пул аз куҷо рост кунад? Ту камтар изо каш. Наход, ки президент ин қадар мардумашро дар азоб монад. Ту барин президентро мурданат беҳ.
Аҷоиб онки боз аз ҳамон рӯзе, ки мардум ватанро обод кунад боз чоплусҳову бузҳо мегӯянд, ки «пешво ободӣ кардай»! Пешвоят г** хурдааст, ки обод кардааст. Ҳамаашро мардуми бечора карданд. Ку ягон мисол биёред, ки пешво бо оилаи бешумораш, бо қавми яъҷуҷу маъҷуҷаш ягон ҷоро обод кардааст? Агар карда бошад ҳам барои даромади оилаи худаш кардааст, барои мардум ягон кор накардааст.
Боз чоплусҳо шарм нокарда мегуянд, ки ҳо пешво ватана обод кард! Эй руятон сиёҳ шавад чоплусҳо.
