Аз Душанбе, Исфара, марзи Қазоқистон ва шаҳри Волгогради Русия номаҳои расида ба унвонии «Ислоҳ»-ро дар нашри имрӯза ҷой кардем.
Аз Душанбе муаллиф дар бораи як нафар ба ном бизнесмен менависад, ки ба хотири пулу мол нангу мардиро аз даст додааст.
Муаллифи нома аз Ворухи Исфара аз вазъи ногувори ҷавонҳои тоҷик дар Русия ва низ шурӯъи облава дар ватан навиштааст.
Аз Қазоқистон садои изтиробомези муҳоҷирони дар роҳи бозгашт ба ватанро мешунавед, ки бо автобус овардаву дар сарҳади Қазоқистон раҳояшон кардаанд.
Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ин бор як матлаберо аз нашрияи СССР интихоб кардааст, ки дар бораи мақом ва рисолати аз дастрафтаи васоити ахбори умум гап мезанад
Душанбе
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Илтимос ин номаи манро хонед.
Ман бо доктор Ковед рафиқи наздикем. Назар ба Мансур ҳамроҳи доктор рафиқи наздик ҳастем. Як руз доктор Ковид занг заду гуфт: -« ку биё абедда ягон ресторан равем, абет кунем». Гуфтам майлаш, ҳозир меоям, тамом.
Рафтем як ресторан обед кардем. Пулашро пардохт кардам. Ҳар ресторане, ки равем, пулашро ман медиҳам.
Бад баман дардидилкар гуфтам хонадори охи чи ғаммехури гуфт хона расман ба номи ман нест. Ҳар вақте хоҳанд хонаро мегиранд.
Дига барои хавай маҷбуремки 24 соат прездета тариф кунем
Боз гап дар бораи Нигматов Мансур рафт. Соли 2022 рӯзи зодрӯзи Мансур буд. Я соҳибкор билети рафту баргашт-туда обратно барои Саудӣ гирифта будаш, ки ҳаҷи умра бирав, ман ҳамаи расходатро медиҳам. Нарафт. Баъд ман пурсидам, ки чаро Нигматов Мансур ҳаҷ нарафт? Гуфт ман ҳамроҳаш дар ҳамин мсъала чақчақ кардам. Гуфт рафтан бошд меравам. Лекин, баъд меоям мардум мегӯянд, ки аввал знатро ҷамъ кун сонӣ ҳаҷрав. Бовар кун дигар диламро гирифтааст ҳамин Шабнам. Аз пушти ҳамин Шабнами Собирӣ сарамонро боло карда наметавонем, чи кор кунам? Ҳамин хел гуфту гирист Нигматов Мансур. Мегӯяд дилам барояш сухт. Ба хотири фарзандҳоям маҷбурам ҳамроҳаш зиндагӣ кунам.
Як рӯз ҳамроҳи менеджери Шабнами Собирӣ будам. Гуфт як ҷо тӯй аст, биё равем. Ҳамроҳаш тӯй рафтем. Яке Шабнами Собирӣ ба саҳна баромад. Як намуд худашро духтарча кардаст, оҳ, ӯро мебинӣ виҷдонат азоб медиҳад. Майлӣ ҳамаи ин. Охир шавҳар надошта бошад, майлаш, охир шӯ дорад.
Баъд ба менеджераш гуфтам инро Нигматов Мансур ба ин ҳолаш бинад ҳеҷ чи намегӯяд?
Гуфт инро ба ин ҳолаш бинад, мумкин ҳамроҳаш зиндагӣ накунад. Худам ба худам гуфтам мебарад занашро дигар касро медиҳад, ба хотири сум. Ин чи аст, барои вай, ҳеҷ чи нест.
Бовар кун ин Шабнам Собирӣ корҳое мекунад, ки духтарҳои бешӯ намекунанд.
Бародар Муҳаммадиқбол. Инро нашр кунед, номаи дигар дар бораи Исмоили пингвин ва Нигматов Мансур мешавад
Ин ша Аллоҳ номаи хеле аҷоиб аст.
Исфара (Ворух)
Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Мехостам дар бораи як ду хабар аз Русия ва низ аз Ворух бароятон бигӯям. Хабари аввал ин аст ки чанд рӯз мешвад аз рейсҳои Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав баъзе аз ҷавонҳоро дошта намегузоранд, ки вориди шаҳр шаванд. Ин хабарро дар Телеграмма ҳам дидам, ки дигарҳо навиштаанд. Дар фурудгоҳи Жуковский чор-панҷ рейси охирро ҳамин тавр кардаанд. Ҷавонҳоро дошта дар як утоқи бетирезаи таҳхонаи аэропорт фароварда водор ва маҷбур карда истодаанд, ки барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ шаванд ва аризаи омода кардаи онҳоро имзо кунанд.
Як навигарии дигар дар Русия ин аст ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия хизмат кардаанд, хоҳ нав хоҳ, куҳна буданд, званияи младший сержант дошта бошанд ба военкомат даъват карда огоҳӣ додаанд, ки дар вақти фарёд кардан зуд бо военкомат ҳозир шавед. Нафарони младший сержант ҳозир дар ҳолати шок қарор доранд.
Тибқи қонуни Русия дар армия звания младший сержант метавонад командири даста бошад.
Хабари нав аз Ворух. Дар Ворух сезони облава оҳиста сар шудааст. Касе дар Ворух сину солаш призывной ҳаст ҳамаи документҳояшро кашида гирифтаанд. Дар Ворух документҳоро кашида гирифтан аз аввал ҳам буд. Вале ин бор бисёр ҳм дағалона ва бо зӯрӣ гирифта истодаанд. Каме пеш дар Исфара туйи хеши Изҳориддин бузи амният шуд. Худи Изҳориддин хизмат накардааст аммо мардуми призивноя возрасти Ворух рафтан наметавонанд.
Мардуми Ворух ба Ислоҳ.ТВ кумак мекунад ё намекунад, намедонам. Аммо мардуми Ворух, бизнесменҳо ба СВОшникҳо дрон мехаранд. Ин гап ҳақиқат аст.
Қазоқистон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман барои шумо чанд навори аудиоӣ, суҳбатҳои бачаҳои тоҷик, муҳоҷирони сарсону саргардонро мефиристам, ки дар сарҳади Қазоқистон ба як ҳоли зоре гирифтор шуданд. Ин муҳоҷирҳоро кадом нафар ё нафароне фиреб кардаанд. Онҳо пули ин муҳоҷирҳоро гирифта тавассути автобус аз Русия ба Тоҷикистон бояд меовардаанд. Аммо дар сарҳади Қазоқистон мерасонанду аз автобус мефароранд ва мегӯянд, ки боқии роҳро бояд худатон биравед.
Дар ин наворҳо чанд нафар суҳбат кардаанд. Маълум мешавад, ки ин ҳодиса бори аввал руй надодааст.
Наворро нафар барои группаашон фиристода аз ҳама муҳоҷирон, ки дастрасашон мешавад, хоҳиш намудааст, ки ҳарчи бештар нашру пахш намоянд,то ки ҳама муҳоҷирон бишнаванду огоҳ бошанд ва дар роҳи бозгашт ба ватан дар доми чунин фиребгарҳо науфтанд.
Ба ин ҷиҳат,ки «Ислоҳ» -ро ҳамаи муҳоҷирон мехонанду тамошо мекунанд,аз шумо илтимос ин аст ки ин наворҳоро нашру пахш намоед, то ҳамватанони муҳоҷир ва мусофири мо ба ҳар гуна эълон бовар накунанд.
Ва, инак ин наворҳо, ки айнан овардемашон
Садои аввал:
Ассалому алайкум аҳли группа. Ана мо автобус қати омадем, як ҳафта шуд. Ина пула мегиранд, карочи12 ҳазорӣ то Душанбе договор мекунанд. Неки меёранд дар ҳамин гранитсаи Қазоқистон мепартоянут, мега худут бра далше.
А уҷа ай бачаҳо сум мегиранд панҷҳазорӣ, ки мо ришат мекунем кадомет бедакументед, мо ришат мекунем. Неки пула гирифта, мақсад бо иҷа двайной пул додан бачаҳо.
Инҷо як намуд гармай кондитсионерои автобусо кор намекуна-саҳар то бегоҳа. Якуним ду рӯз мо да ана ҳамин грантиса. Қариб миллионта мошини майдаву калон-фура гузашт мора, мақсад хованд дар як чизи салқин боло хованд.
Мепазӣ берун мебуроӣ, ҳамин хел бад ҳоло карочи. Ина марҳамат авҳола бинед. Ку ягон одами гапзан бошад мисол чақчақ кунем. И г***доно чиба ихелӣ мекунан. Ҳам пул мегирану бо ҳам гап мезанӣ дига худут бра гап зан мега қатеш.
Ина ҳами як калонашон Бахаи сиёҳ да ҳамуҷа. Одамора нигоҳ ку8-10 нафара дар байн ҷое, ки мақсад шишта рост роҳ гашта намешавад. Мардум 8-10 нафар ина ҳамихелин лағад кадесиян. Документ дорӣ- надорӣ, мақсад ийо ҳамин пул кор кадестандия, мақсад кӣ бишинад, бо да уҷа двайно пулшона мегиранд. Панҷҳазорӣ сӣ -чил нафар зиёд дод. Иҷа омадан бо двайной пул додан. Гуфтан, ки паспортора метем. Паспорто қатӣ мақсад панҷҳазорӣ бтен. Уҷа худмон гузаштен, уҷа паспортотона мегиранда, уҷа метемшон, баъд шумо дастонда метем. Неки а так рушона сиёҳ кардан. Ҳамин пула гирифтан я ним соат пас овардан паспортара додан. Дига худут медонӣ дави аспут.
Охир ака видео кардем. Мақсад, Бахаи сиё чи автобусе меравад ҳамин илтимос, бахудо қасам ҳамчун бародарӣ. Мо хай 10 -20 ҳазор. Неки мо сӣ ҳазорӣ зиёд паридем. То Қазоқистона оваран ҳами лави Қазоқистон мо худмон даромедем. Қазоқистона бо пул додем, документо, печат ҳамааш пул дода будем, бо додем. Гап мезанӣ, гап ҳиҷида карочи. Мега худут бра гап зан. Эҳтиёт шен бародаро. 40 ҳазора брен ба самолет брен.
Як ҳафта валлоҳ қасам азоби сага мекашен. Бо ина ду рӯзи дига то Узбакистону Тоҷикистна мерен, сарсону саргардон.
Гапои мара гуш куне. Кадоме омаданияй лучше самолет. Ба автобус илтимос наоен пушаймон мешен.
Мора се рӯз гуфта будан як ҳафта кашондан. Иҷа меоян дам мегиран, иҷа дам мегиран. Эҳтиёт бошен брато. Видеора паҳн кнен голосовийи ман қатӣ. Ина сто протсент отвечат мекунам
Ҷура гап зада даркор мегӯӣ. Да грантисаем ду касем. Ма қатишон гап задестем. Як автобус одам тамошо дорад, ки ҳамино ҷанг мекунан намекуна. Зани ино ҳаромхурора б**ом нигоҳ кадестан писанд намекунан.
Бародаро видеоро обизателно паҳн кнен. Ай Масква именно ба Тоҷикитона ба автобус наоен, ки пушаймони зоризор мешен. Ман зани ҳамун посредника б**ом, мора фиреб кард. Гуфт ки таксияй, омадем автобусай. Мардуми бечора хору зор гулаку занҳо.
Ту пули гирифтӣ майлу онаша **ом панҷҳазорӣ ҷамъ кард, ки ма грантисара мегузаронм ма ита мекунум итари мекунум. Омадем иҷа валлоҳ паспортора гуфт мебарам да гранитса метемтон, пул гирифт паспортора як соат пас овард дод. Чиба корамон ҳал накард. Бо ина чиба Душанбе набурдестай ку**изан.
Садои дигар
Эй, уво гранитса мебурдагиҳо 90 фоизуш ранги маймунан, маймунгарӣ мекунан. Ҳамаи уво дуруғ мекунан, понт мекнан. ГАИра мебинан, дуруға пеши ГАИ қати ҳай мекунан. Як намуд падход мекунан ҳамун ГАИ манъ намекардагӣ бошадам ГАИ манъуш мекунад. Ҳамин маймунгарӣ мекнан.
Манам ду бор,се бор рафтагиюм. То гранитсара мерай ку уже ҳамин наздики гранитса меша уже гапу чапо дига хел меша. Ҳама чи дига хел меша. Барои ки сум аз ису рафтан мегира ку. Барои ҳамун. Ҳақи сума мегираву дига гуфти гапо борин 90% через х*й дигар қатит гап мезана. Да ҳамун гранитса половинаш гадоян. Сукаҳо мошини майдашаму дигар дигршм. Ҳминҷада гап мезанан, даже да видео гап мезанан:- э бародар ихел, ака ихел, бачаи оча ихел ҳамаш сад фоиз. Ҳамин сумт мегиран дар ними раҳ қади раҳ уже тамом усушда я намуд қатит гап мезнн мегуи ту пажизнени ай у қарздорӣ , ё ки мегӣ язнашӣ.
Садои дигар
Охи ирам ай куҷо медона? Ҳамин одам будона,ки я ҳолда гирифтор мешн мерава? Албат ирам шояд якум бор рафтеста. Бояд ихел кор такрор нашавад да.
Рост мега ба номи Аллоҳ. Рас ки ина ҳамихел бошад ман худам да ҳамин грантиса грантисагузарида даже пересатка гранитса кадагӣ будум ҳами ай падходкаҳошон маълумй. Ҳамин одамое, ки мебаран миёрн ахмақут мекунан, бахудо қасам. Спетсиално да ГАИ манъ мекнан, ки дакументота проверка кунаву бо барои дакументат мегарда меояд мега ту нашудӣ нахе ай ҷот. Ҳозир ман ку брм ку бинм чи гап меша. Баъд мегардад меоя мегуяд, ки панҷ ҳазор бте бза бра. Панҷ ҳазор мегира 500 ё 1000ша ура мета далшеша худаш мегира. Ҳамин хелӣ шудагия рост мега. Нарен ягонтат ба автобус.
Зарур набошад моҳҳои март бре. Ягон моҳҳое, ки билет арзон шава бзане брен. И бахудо кори шухӣ нестй. Барои панҷ ҳазор, се ҳазор азоб кашида кор мекнӣ мерай…
Садои дигар
Таксиҳо ана ҳамин фураҳо ку я миллионта гузашт. Мо якуним ду рӯз бовар кун миллионта. Такси хай намедонум мақсад зур гузаштестай таксиҳо. Ман хай нрафтум и ситутсия якум борай. Неки таксӣ зур бисёр гузаштестай, фураҳо. Мо ду рӯз истодгием да ҳамун ҳавои гарм. К**изн кондисионер гирён нмекунад. Мега ки салярка мехра. Обизателно паҳн кунед роднойҳо. Касе гап дора дар личаи ман ма любой хел гап мезанм мақсад на счет ҳамино, любой хел.
Садои дигар
У худуш намеояд қати мо. У одаме, ки пула мегирад намебиёяд. Просто водител меояд қатитон автобусчи. Ура гап мезанӣ мега, ки касера пул доден брен ҳавая бген. У к**изн занг мезанӣ у намебардорд тилфонша. Иҷа ихели гапу чапай, ки сума мегира худуш намебиёяд. Ай мардум ҷамъ мекна мегира намебияд қатит. Вадителба месупорад мехеза мерава.
Садои дигар
У ГАИҳо, бародаро қати ҳамиё кор мекунанд. Морам рафта будем гранитса. Ҳамун таксӣ як армян аз Самара то усуна бояд мебурд. А я тоҷик гирифта мора бурдак. Пеши ГАИда ҳамин хел манъ кард, худуш ай бачаҳо сум ҷамъ кард.Барои ки документошон мақсад нито будай. Якчандтоаш мора гуфтак,мо сум надодем. Манъ кард ГАИ ҳамин хел паспорт документора дид, счатливого пути гуфт.
Вай дигар ГАИбудай. У шиноси вай набуда уҷада. Баъд чанқа пас занг зад. Да дигар ҷо вохурдан. Сума бурд да у ГАИ дод. Ин ҳамихелия. Вай ГАИҳо қатишон кор мекунан. Вайо ҳамкорошонан. Сум мегиранд, брато
Садои дигар
Рост меге,рост меге брато. У Бахаи сиё ном дорад,чи ном дора, бигирен дар Парвиз.ТВ партоен, к**зана ки ина ҳамихелӣ, к***знӣ кардеста. И мардум хай аку яхелш якум борай ай куҷо медона. Маям якум бор омадестам ба автобус. Агане фақат самолет. Ман такси қатӣ омадагӣ нестум ҳато. Фиребмо кардан, ки таксия. Шав гуфтан. Пагаҳ саҳар меоӣ,мега, ки э автобусай.Чӣ мегӣ дига,пула,залога фиридигаӣ дига. Хай таваккал ба худо. Ин к*занора бигирен Парвиз.ТВида партоен
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар сомонаи СССР аз як матлаби он, ки зери сарлавҳаи «Шикоятпарастон» дар таърихи 23 август чоп шудааст, хушам омаду гуфтам,бигзор хонандаву бинандҳои «Ислоҳ» низ бо он ошно бишаванд. Ин мақола як каме барои барномаи «Номаҳо..» тӯлонӣ аст. Барои ҳамин ман онро бо ихтисор пешкаш мекунам ва сипас роҷеъ ба он фикру назари худамро ҳам менависам. Ин навишта бидуни имзо ва зикри номи муаллиф аст вале аз онки дар гӯшаи сардабир ҷо гирифтааст ба эҳтимоли қавӣ ба қалами Сайёфи Мизроб тааллуқ дорад. Ин навишта чунин аст:
«Шикоятпарастон»
Ё чаро масъулин ба доди мардум намерасанду онҳо шикоят ба СССР меоранду мекоранд?…
11.08.2026. Соат ба вақти Душанбе 09:11 дақиқа. Дар даромадгоҳи КТН Шарқи Озод, маъруф бар ГЖК, посбон чун ҳамешагӣ, пешвозам гирифту чун ҳамешагӣ гуфт, «устод пеши Шумо барои шикоят нафаре омадааст».
Воқеан ҳам доимо пеши мо кампиру мӯсафеду пиру ҷавоне бар шикоят меоянд. Суоле посух мехоҳад, ки чаро на пеши газетаҳои расмӣ? Зеро дар ҳама даврону солу моҳу рӯзу соатҳо рӯзнома мушкилраси мардум буду имрӯз ин миссияро раҳо кардааст. Зеро то даме халқ пеши рӯзноманигор ба шиква меояд, пас умеде аз ин ВАО ҳаст…
Шикваи мардумро шунидану суҳбат кардану нашр кардан, аз кории ҷонии рӯзномаҳост! Набояд ба ин пиндошти ғайримантиқӣ дода шуд, ки газетае шикваи халқро чоп мекунад, «оппозитсионист». Баракс! Газетае доду арзи мардумро ба гӯши масъулин на-ме-ра-со-над, ба нисбат «оппозитсия» аст. Зеро Рӯзнома Оинаи Ҷамъияту Миллату Давлат аст. Ва инро ман нагуфтаам. Ленин-амак гуфтааст.
Хулласи калом, рӯзноманигорӣ, ин баҳсҳост, суҳбатҳост, дискуссияҳост. Халқ, мардум, ҷамъият бояд мушкили худро дар рӯзномаи милливу расмиву давлативу дохилӣ матраҳ кунад. Дар ин ҳангом зарурате бар хориҷиён ва ҳангомаҳо намемонад.
Фаромӯш ҳам накунед, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 100 солагии матбуот, дар соли 2012, муроҷеъ ба журналистон, гуфта буданд, ки «шумо чашму гӯши манед!».
Хулласи калом ин рӯз ба газетаи СССР 1 мӯсафеди 86 сола омад. Ва ман, шахсан ӯро меҳмон гирифтаму арзашро гӯш додам. Усулан ягон мушкили глобалӣ надоштааст. Саргардонаш кардаанд ва пештоз мегӯям, бо 1 занги телефон мушклиашро ҳал кардем. Ва аммо то он дам, бинед, ки чӣ суҳбате доштем…
Аъзамов Отахон, с.т. 20.05.1940, зодаи н. Московский, ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, кӯчаи Сафаралӣ ҚУРБОНОВ, хонаи №57…
Соли 1970 техникуми сохтмонии Душанбе-ПГС (промишленное гражданское строительство)-ро тамом кардаву корро дар ПМК №27 дар н. Московскийи виялоти Кӯлоби РСС Тоҷикистон сар кардам. Соли 2002 нафақа баромада, 26 сомонӣ пенсия мегирифтам. Ҳоло 546 сомонӣ мегирам.
Дар ПМК 27, ПМК 42 дар шаҳри Кӯлоб прораб-муҳандиси сатҳи хурд будам, дар ПМК-4 аз н. Восеъ то сохту сози райони Панҷ кор кардаам. Дар Совхози Мирзоянци н. Панҷ низ, ба ҳайси прораб кор мекардам. Аз соли 1994 то 1997 дар СПМК №9, мустақар дар ноҳияи овозадори Московский чун сардори ПТО (Производственно технический отдел) кор кардам. 38 сол стажи корӣ дар давлати СССР ва ҶТ дорам.
Ба фонди нафақаи он даврон, аз охирон ҷои корам справка овардам, ки 15-17 ҳазор рубли деревянный маош мегирам. Ин маблағро мутахассисин тақсим карданд ба 1000 сомонӣ ва шуд 26 сомонӣ нафақа…
Гуфтанд, 1-2 сӯм деҳ, пенсияатро зиёд мекунем. Гуфтам даркор нест. Фикр доштам ба наздик аз дунё мегузарам ва бо дили соф бояд рафт. Чӣ медонам, ки ин қадар сол умр мебинаму муҳтоҷи нафақа мешавам.
Муҳтоҷӣ касро ба ҳар кӯй мебарад. Ман низ дар пиронсолӣ «тоҷир» шудам. Аз Душанбе молу коло бурдаву дар Ҳамадонӣ мефрӯхтам…
Ман 86-сола шудаам. Паспорт дорам. Ҳуҷҷат дорам. ….
Паспорти СССР-амро барои он иваз кардам, ки телефон ва сим-корт гирам. Чунки бе иваз кардан, ба ман сим-корт надоданд…
Ва ана акнун мушкили ман, ки 9 сол даводав дорам:
Соли 2017 дар бозори Корвон барои бор омадем. Аз ин ҷо бор гирифта, дар бозори Ҳамадонӣ мефрӯхтем, то рӯзамон гузарад. Хулоса, ин ҷо омада, бори либосворӣ гирифтем. Он чизе мо гирифтаем, дар милисахонаи Рӯдакӣ ном ба ному нарх ба нарх ҳаст ҳамааш. Дар ҳаҷми 5300 сомонӣ бор гирифта, дар мошини таксӣ задем. Ронанда гуфт, 1 пиёла чой мехӯрем. Духтарчаам Аъзамова Назрбӣ, борро ба мошин бор карда месупорад…
Вале ним соат пас ронанда тилфон мекунад, ки био, борро дуздидаанд аз мошин. Ронанда аз Московский аз кӯчаи худамон аст, Мадхолов Наврӯз ном дорад…
Ҳарчанд шикоят бурдем, ки бору колоямонро баргардонем, ин нафар хеш доштаст. Зӯрамон нарасид. Ҳама тағо дошта бошад, ин нафар холаи зӯре доштааст…
Бовар мекунед, 9 сол шуд, қаровули милисахонаҳо шудаам. Ягон кас ба додам намерасад. Шикоятамро ахиран дилхаста шуда, ба газетаи мардумии СССР овардам…
Аз редаксия: тамом вассалом!
Ин 1 шикоятчии навбатӣ буд, ки ба мо муроҷиат намуд. Ингунаҳо хелеее бисёранд. Кор то ҷоест, ки чун ба рӯзномаҳои расмӣ мераванд, ба ишон мегӯянд, ба СССР равед. Коратон он ҷо ҳаллу фасл мешавад. Мо ҳал мекунем ё не, муҳим нест. Муҳим он аст, ки то ҳануз дар кишвари мо ба рӯзномаву журналист бовар доранд. Ва то ин бовар ҳаст, мардум ба шабакаҳои иҷтимоиву душманони хориҷӣ муроҷеъ намешаванд. Зимнан бояд коре кард, ки мардум бо мо бошанд, на бо хавориҷ…
PS: Роҷеъ ба мавзуъи фавқуззикр мо ба Нуршед Машрабов муроҷеъ шудем. Нуршед, ки воқеан ҳам фарди ватансоз аст, мӯсафедро қабул ва мушкилоташро ҳаллу фасл намуд. Ҳарчанд пардохти ҷуброни зарари Отахон Аъзамови 86-сола кори ӯ нест, аммо ба хотири риши сапедаш мушкилашро ҳал намуд. Пурсида мешавад, чаро дигар сарватмардон ба доди мардуми фиребхӯрда намерасанд? Охир, ин ҳам хайри ҷория аст.
Устод Муҳаммадиқбол! Сабаби ин матлабро пешниҳод намуданам он аст ки дар ҳақиқат бояд матбуот чи сайту чи газетаҳо бояд арзу шикояти мардумро ба гӯши мақомот бирасонанд. Барои ҳамин онҳоро «ҳокимияти чорум» мегӯянд. Ман борҳо аз номи ҳамватанҳои муҳоҷир ва дар ватан ҳам шунидам, ки ҳоло танҳо «Ислоҳ» рисолати худро ба унвони як расона холисона ва боҷуръатона иҷро карда истодааст. Чунки шумо арзу доди мардумро нашр мекунед
Аммо нависандаи ин матлаб чизи асосиро, ки маҳз ҳамин ҳукумати имрӯза сабаб шуд, ки расонаҳо аз нашру чопи матолиби интиқодӣ даст кашанд, нагуфтааст. Барои ҳамин ман хостам ин навиштаро шумо чоп кунед ва гуед, ки иллати аз матбуот канор задани мардум ҳукумати Раҳмонов аст.
