«Леди»-и Рашт Раҳмоновро бо пули Раҳими ғармӣ ва мардум истиқбол кард
Зарина Идизода Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт ба яке аз чеҳраҳои манфии навиштҳои «Ислоҳ» табдил шудааст. Ҳанӯз, вақте муовини раиси ин ноҳия буд, дар борааш навишта будем. То ин дам 6 шумора таҳти унвони «Ledy from Ғарм» чоп шудааст. Инчунин дар чанд шумораҳои солҳои 2020и мо ҳам бо Нуралӣ сиёҳ нашр намуда будем. Мумкин онҳое тоза Ислоҳро мебинанду мехонанд бигӯянд Зарина Идизодаро пас аз раис шуданаш менависем. Диққат диҳед ба нашри матлаби мо, ки дар 2.09.2020 чӣ навишта будем:
«Хуб ҳоло бигзарем ба бозгӯии «фаъолиятҳо»-и “Нуралии сиёҳ“ дар водии Қаротегин Аз он оғоз мекунем,ки Идиева Зарина, муовини раиси ноҳияи Рашт,ки пештар мудири шӯъбаи маориф буд, маҳз бо дастгирӣ ва тавсияи Нуралии сиёҳ ( раиси КДАМи он солщои Рашт) ба мақоми феълиаш даст ёфтааст.
Бо ин зан Нуралӣ Муродов робита дорад. Робитаи ошиқона. Чанд навбате ҳам якҷо дараи Камаров моҳидорӣ ва истироҳатрафтаанд. Даврае, ки ин зан мудири маорифи ноҳияи Рашт буд аз ҳисоби квотаи президентии ноҳия духтари Нуралии сиёҳро ба яке аз Донишгоҳҳоии Душанбе шомил мекунад. Сардори Кумитаи амнияти ноҳия бо нақзи ошкорои қонун ва бо иртикоби ҷиноят духтарашро оварда ин арӯсашро ( яъне Идиева Зарина) мегӯяд ,ки “духтарамро гузарон” дар ҳоле, ки вай сокини Рашт нест ва духтараш як дақиқа ҳатто дар ягон мактаби Рашт таҳсил накардааст. Собиқ муовини раиси ноҳия Зумрати Лоиқ ба ин кор зид мебарояд. Аммо фавран ӯро аз вазифа бо супориши Нуралии Сиёҳ мегиранд ва ба ҷояш ин зани бесаводу бедонишеро, ки ҳамин солҳои наздик Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н.Раштро ғоибона хатм кардааст, таъин мекунанд. Идиева Зарина, хоҳари ректори собиқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Идиев Файзалӣ ( ки ҳоло раиси порлумон аст) ва хоҳари сардори Кумитаи андози ҳамин ноҳия Идиев Фаррух мебошад. Ин оила ба Нуралии сиёҳ рафту омади наздик доранд». https://isloh.net/12102/dosiyai-siyo-i-polkovnik-nural-siyo-murodov/ аз 02.09.2020 соати 11:20 дақиқа
Чанд рӯзи пеш буд, ки Раҳмонов ба гуфтаи худаш «сафари корӣ» ба Рашт анҷом дод. Хуб, маълум аст ки инҷо ҳам «иншооти ҷашнӣ» ифтитоҳ карда пардаи рамзӣ аз болои онҳо бардошт.
Дар навору аксҳо дидем, ки Ледии Ғарм пироҳану шалвори атласу адрас пушида дар паҳлуи ҷаноб арзи ҳузур мекард. Маълум нест, ки аз «ляшкиҳои сапсафедакаш» ҳаваси Ҷанобро шикаст ё хайр, аммо агарчи вонамуд мекард, ки дар куртаву бар намеғунҷад, хабарҳои расида ҳикоят аз он дорад, ки ин сафар на бар хости дили Зарина баргузор шудааст.
Бинобар маълумотҳои дарёфтӣ Зарина ин сафари Раҳмонов ба Раштро ба як маъракаи пурмиқёс ва пурвусъати ҷамъоварии маблағ табдил дода, ки ҳатто барои сохтмони бархе аз иншооти ҷашнии буҷавӣ низ аз мардум пули беҳад калон ситонидааст.
Муаллифи ин нома гуфт, ки Леди эълон кардааст, ки «ма задагиюм, гуфтан мегиран хойино. Ма қати Озода хубум, ҳиҷома ҳиҷи карда наметонад. Ҳамиқа гуфт чи шид. Ягон ҷом кам намешава».
Хуб, инак ин нома, ки муаллиф хостааст Ледии № 7 ном гузоремаш:
Рашт
Номаи сокини Рашт: «Леди»-и Ғарм пешвози Раҳмоновро ба маъракаи пулҷамъкунӣ табдил дод
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин шо Аллоҳ, ки хубу бардаму сиҳат ва саломат ва дар пироҳани офият қарор дошта бошед.
Ман истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум мебошам. Хоҳиш мекунам ин номаи маро ба номи «Леди фром аз Ғарм- 7» нашр кунед.
Ин бор ҳам суҳбат дар бораи Зарина Идизода Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт аст ки дар Ғарм ҳоло ҳама ӯро бо номи Леди аз Ғарм мешиносанд. Номаи имрӯз идомаи номаи қаблӣ «Леди фром аз Ғарм-6» аст. Дар номаи қаблӣ хеле гапҳо гуфта шудаанд, аммо боз ногуфтаҳо кам нестанд. Ончи дар номаҳои пешина гуфта шудааст, саддарсад дуруст аст, ҳоло дар ин навишта боз идома медиҳем.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст рӯзи 11 сентябр Раҳмонов ба ноҳияи Рашт омад ва чанд иншооти бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлолиятро ифтитоҳ кард.
Сафари кории Раҳмонов аз фурудгоҳ оғоз гардид. Аз фурудгоҳ ба сехи шарбатбарорӣ, ки дар вурудии ноҳияи Рашт аз ҷониби Нурмаҳмад Атоевич, раиси Оҷонси харид ва захираҳои давлатӣ сохта шудааст, рафт ва баъдан ба литсейи президентӣ, ки дар кучаи Дашти Рашт сохта шудааст, омад. Лентаҳоро бурид вале дигар объектҳои ҷашнии минтақаро тариқи онлайнӣ аз ҳамин литсей қабул кард.
Бори аввал аст ки сафараш чунин хушк ва беруҳ доир шуд Мебоист бинои ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум дар деҳаи Қазноқ, бинои музеи ба номи Нусратулло Махсум дар ин деҳа- маҳалли зиндагии Заринаи берӯи беҳаё меомад, ки наомад. Леди Зарина сахт тайёрӣ дида буд. Танҳо тариқи онлайнӣ бинои ҷамоатро қабул намуду халос.
Чаро чунин шуд? Чунки ин биноҳо ҳама аз ҳисоби мардум сохта ба истифода шудаанду аммо Зарина Идизода гуё аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия сохта шуданд, гуфта ҳисобот додааст.
Ба ҳамин монанд барои ифтитоҳи бинои созмони ҷавонон ҳам, ки аз ҳисоби мардум сохта шуд, Раҳмонов наомад. Ҳатто деҳаи навбунёди минтақаи саноатие, ки аз тарафи Раҳими ғармӣ сохта шудааст, нокушода монд.
Чунки ин зани маккораи қаллоб қариб ҳамаи ин хонаҳоро аз мардум пул гирифтаасту тақсим намудааст. Баъзеашро ба номи хешу табораш карда баъзеашро бо пули калон, баъзеашро ба занҳои танҳо бо шарти иҷрои хостаҳояш тақсим намудааст.
Хулоса, сафари кории «меҳмони олиқадр» ба хости ин беваи беҳаё нагузашт. Хатсайри президентро ғайри хостаи ин бева таъин карданд.
Леди Зарина мехост президент ба деҳаи Қазноқ ояд, ба зодгоҳи Леди ояд, ки наомад. Чунки инҷо ҳар чизе сохта шудааст, аз ҳисоби мардум сохта шудааст. Тибқи маълумотҳои аз бачаҳои КДАМ гирифтем аз нигоҳи амниятӣ Раҳмонов сахт дар ҳаросу талвоса қарор дорад ва қасдан худаш нахост аз як бино барояду гардад.
Ва, инро бояд бигӯям, ки сафари Раҳмонов ба Рашт ба хостаи беваи Зарина-ледии Ғарм баргузор нашуд.
Аммо ин сафари Раҳмонов барои мардуми ноҳия чунон гароние овард, ки дар 34 соли қаблӣ чунинашро мардуми ноҳия надида буд.
Сабаби ҳамаи ин зулм болои мардуми мазлум ҳамин Зарина Идизода як беваи шаттоҳ аст. Чунон мардумро таҳти фишору таҳдид қарор дод, ки то бас гуфтан.
Агар кадоме якашро ду кард, тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро ба суяш равон мекунад. Дастур додааст, ки дар зиндагӣ ҷаҳаннамро нишонаш диҳед. Ҳамаро тарс аз мақомотҳо медиҳад. Ин мақомоти камфаҳми камсавод бошанд, ҳарфи даҳани ин беваи шаттоҳи берӯро иҷро карда мардумро зери зулм қарор доданд.
Имсол барои омадани Президент аз мардуми мазлуми ноҳия он қадар пул ҷамъоварӣ кард, ки ба ин пули ҷамъовардааш агар дар шаҳри Душанбе 10 бинои баландошёнаи истиқоматии гаронбаҳо харад ҳам зиёдатӣ мекунад.
Мисол барои гузаронидани ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳия аз 140 деҳа 500 сомонӣ ҷамъоварӣ кард, ки баробар ба 70000 сомонӣ мебошад. Ин танҳо сари деҳаҳо.
Барои сохтмони бинои созмони ҷавонон айнан ҳамин маблағро ҷамъоварӣ намуд.
Барои гузаронидани фестивали ноҳия дар шаҳри Душанбе ҳамин маблағро ҷамъоварӣ кард:- сари ҳар деҳа 500 сомонӣ-аз 140 деҳа 500 сомонӣ = 70000 сомонӣ.
Боз ин маблағҳоро ба воситаи шуъбаи танзими ноҳия аз ҳар масҷиди деҳа 500 сомонӣ се маротиба ҷамъоварӣ намуд, ки 210000 сомонӣ мешавад.
Барои таъмири фурудгоҳи ноҳия (бо Раҳмонов дар расми буридани лентаи он ширкат кард) аз ҳар як деҳа як маротиба 400 сомонӣ ва маротибаи дуюм 2000 сомонӣ дар умум 2400 сомонӣ аз 140 деҳаи ноҳия 336000 сомонӣ ҷамъоварӣ намуд.
Бо маълумоте, ки Леди Зарина ироа намуд, президент Рамазон Разимзодаро супориш додааст, ки фурудгоҳи ноҳияи Раштро таъмир намояд.
Рамазон Раҳимзода ба Ғарм омада соҳибкоронро дар тарабхонаи ҳоҷӣ Обид, ки дар қади дарёи Камароб ҷойгир аст даъват намуда мегуяд, ки «аэропорти Ғармро бояд таъмир намоем, канӣ кадоматон чиқа ҳиммат доред».
Раҳими ғармӣ бо гуфтаи худи Зарина 100 000 доллари ИМА додааст ва худи Рамазон Раҳимзода бошад 100 000 сомонӣ. Агар рафту Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилӣ аз ҷайби худаш таъмир мекард ҳеҷ чизаш кам намешуд.
Аламовараш ин аст ки сметаи хароҷотиаш 2,5 ё 3 миллион сомонӣ будааст, аммо ҳамагӣ 100 000 сомонӣ додааст.
Боз шарм надошта боварии комил дорам, ки барои президент ҳисобот ҳам пешниҳод мекунад, ки «муҳтарам Ҷаноб ман супориши Шумо чи гунае фармудед аз ҳисоби худам таъмираш намудам».Боварӣ дорам, ки ҳамин 100 000 сомоние, ки дар номи Рамазон Раҳимзода Зарина Идизода, Раисаи ноҳия сабташ намудааст, дуруғ аст, аммо шарм надошта ҳисоботи бардуруғ ба президент пешниҳод кардааст.
Ин танҳо маблағҳое мебошанд, ки сари ҳар як деҳа ба ҳисоби авчак ҷамъоварӣ намудааст.
Боз аз ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия, аз беморхонаи марказӣ маблағи зиёда аз 100 000 сомонӣ ин танҳо аз пизишкон, соҳибкорони бечораро хунашонро макидааст аз ҳар як соҳибкор камаш аз 5000 сомонӣ то 20000 сомонӣ гирифтааст. Аз бозори Файзи куҳсор 30 000 сомонӣ, аз бозори райпо 90 000 сомонӣ гирифтааст.
Соҳибкорон ҳама ба дод омадаанд. Мегуянд дар ягон давра ин хел беадолатиро надида будем, ки Заринаи Леди карда истодааст.
Боз ҳамин деҳаҳо хароҷот барои маршировка аз ҳисоби волидайн барои бурда овардани толибаҳо ба ҷои маршировакагузаронӣ ва хурокашон камаш 15000 сомонӣ хароҷот кардаанд ва агар ин рақамро ба 140 мактаби ноҳия зарб занем 2 100 0000 (ду миллиону сад ҳазор) сомонӣ мешавад, ки зарба ба киссаи мардуми мазлум овардааст ин Ледии Ғарм.
Ин маълумотҳое, ки ироа шуданд, тамоми мардуми ноҳия ва ҳатто ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам медонанд.
Дар номаи гузашта тазаккур шуда буд, ки фарзандони мардум набояд раванд. Аммо Зарина Идизода бо ҷалб ва зӯри сохторҳо маҷбур кард. То ба он дараҷа раҳму инсофи одамиро гум кардааст, ки ҳатто духтарбачаи касалиро, ки тоқати рост истодан надорад болои волидайнаш тавассути маъмурони ҳифзи ҳуқуқ маҷбур кард, ки иштирок намояд.
Ман ҳайронам. Президент худаш гуфта буд, ки накунед ин корро аммо ин кор ҳоло аз пештара бадтар шудааст.
Барои гузаронидани ҳама ин чорабиниҳо аз ҳисоби буҷаи давлат маблағи калон ҷудо мешавад, аммо ин маблағҳо куҷо мешавад, касе намедонад.
Дар ноҳия чанд иншооти ҷашнии ба накша гирифта шуда дар омадани Президент мавриди истифода карор гирифт.
Яке аз ин иншоотҳои ҷашнӣ сохтмони як деҳаи навбунёди минтақаи саноатӣ барои 34 оила аз ҷониби соҳибкор Раҳими ғармӣ омода шудааст, ки Зарина Идизода аз одамони зиёд маблағҳои калон гирифтааст, ки аз ҳамин хонаҳои сохтаи Раҳими ғармӣ медиҳаматон.
Боз баъзе аз занони танҳоро мегуфтааст ман ба Шумо хона медиҳам аммо Шумо ба меҳмонҳо «хизмат» расонед. Ледии Ғарм мардҳоро дар назар дорад, меҳмон шуда дар ин ҷашн ба ноҳия меоянд ва ошкоро гуфтааст, ки «бояд қатишон шабгузаронӣ кунед, аз ноҳия хурсанд гуселшон кунем. Агар розӣ нашавед дар Шумо хона нест».
Ин деҳа аз 34 хонаи истиқоматӣ, сехи дузандагӣ ва бинои пухтупази шириниҳо иборат аст ки бояд бо мардуми эҳтиёҷманди ноҳия, аз ҷумла ба занҳои беваву бечора дода шаваду рӯзгорашонро пеш баранд.
Пешниҳоди ман ба Раҳими ғармӣ ҳамин аст ки бародар агар ниятат кумак ба занҳои дармонда бошад хона сохтӣ, худат тақсиму таракаашон кун. Дар ягон ҳолат ба дасти ин Заринаи Леди надеҳ. Чунки меҳнататро бо хоки куча яксон мекунад ва аз самараи савоб маҳрумат мекунад.
Чунки ин ҳамаи ин хонаҳоро ба хешу ақрабо ва дугонаву бойфрендҳои худаш медиҳаду нафарони дар асл эҳтиёҷманд як тараф мемонанд. Ин зан бо ин нафси аждаҳоҳие, ки дорад, аз ягон кори бад ва ягон даромади ҳаром рӯ намегардонад.
Ҷинояти дигари Зарина Идизода ин аст ки порахорони ноҳияро шахсан худаш «кришават» мекунад ва ҳатто кӯмак мекунад, ки онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунад.
Мисоли мушаххас меоварам. Як додараш бо номи Фируз сардори шабакаи фуруши барқи ноҳия мебошад. Ӯро соли гузашта кормандони коррупсия дастгир карданд. Дар кораш камбудиҳои зиёд ёфтанд. Изофанависӣ, мусоидат кардан барои напардохтани ҳақи неруи барқ ва боз дигар намуд дуздиҳои барқ.
Заринаи Леди бо додани 3 миллион сомонӣ пора додарашро аз чанголи ин аждаҳоҳои порахӯри коррупсия халос намуд.
Дар натиҷаи ин кирдори содиркардааш аз вазифа озодаш намуда буданд, аммо бо дахолати акааш Файзалӣ Идизодаи раиси порлумон дигарбора муваққатан таъинаш намудаанд.
Ва даводавашонро барои гузаронидан ба вазифаи шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт идома дода истодаанд.
Барои ба ин вазифа таъин намуданаш раиси ин шуъбаро бо дасисаҳои бофтаву сохта бо истифода аз фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озодаш карданд ва ҳоло интизор ҳастанд, ки ҳамин одами бесаводи бедонишро ба ин шуъба, ки буй аз ин кор набурдааст, таъинаш кунанд.
Барои онки ин раиси шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаро аз кор озод кунанд, нисбаташ иттиҳом ва туҳмату буҳтонҳои ноҷавонмардонаро бо маслиҳати якҷоя бо муовинаш Зоиров Маҳмадулло, сармуҳосибаш ва Фаррухи Идиеви дузд бастанду ба воситаи кормандони шуъбаи 6 отдели МВД, ки дар ноҳияи Нуробод мебошад, ин раисро бурда маҷбурӣ аризаи бо хоҳиши худ озод намуданашро алкай гирифтанд.
Идораи фурӯши барқро касод кард ва акнун навбати он расидааст, ки кори бонкиро ҳам дар минтақа расво кунад.
Гуфтааст Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда дар назди акаам Идизода Файзалӣ мебошад. Барои ҳамин маҷбуранд, ки маро ба кор гиранд, чунки дигар илоҷ надоранд. Аммо тирашон хок хурд. Раисро аз кор гирифтанд аммо Фируз Идиевро таъин накарданд. Гуё феълан вазифаи муовини Раёсати молия ё вазифаи роҳбари стандарти ноҳияро гапзанон карда бошанд.
Ба маълумоти мақомоти болоии молияву стандарту БМТ бояд бирасонам, ки сохторҳои тобеи фасодзадаанд ва агар боз ҳам бадтар шуданашонро мехоҳед ҳамин дузди қаллобро дар вазифа таъин намоед.
Як даъвои Заринаи Леди ин мебошад, ки (мо ҳеҷ гоҳ ба чунин сафатаҳояш бовар намекунем) «ман ва акаам Файзалиро Президент гуфт: «чи хеле мефорадатон дар вазифа таъинатон кардаам, катагӣ кунеду гардед, ҳар киро ҳар куҷо мехоҳед гирифта монед вале мардумро зери контрол ва назорати шадид қарор диҳед, болои мардум зулм кунед, то ки дигар ягон Ғармӣ сар набарорад».
Бори дигар мегуям, ки ман бовар надорам, ки президент ба Зарина Идизода чунин гапҳоро гуфта бошад. Аммо ин Ледии Ғарми мо, ин гпҳоро аз пеши худаш бофтааст ва аз номи президент мардумро тарсонида истодааст. Аз тарафи дигар инҳоро гуфта бошанд, ки сала биёр инҳо каларо мебаранд.
Дар охир аз роҳбари давлат эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ин зани номуносиб ва номувофиқ ба ин курсиро ҳарчи тезтар аз кор барканораш кунанд, чунки бо чунин рафтору кирдор обруи давлат ва ҳокимиятро аз байн бурда давлатро дар назди мардум бад муаррифӣ менамояд. Ноором кардани Ғарм ва норизоятии сокинони Ғарм ҳатман ба ҳокимияти шумо дарди сар соз аст…
Бовар дорам, ки ин навиштаи маро роҳбарияти кишвар бе ҷавоб нахоҳад монд.
Бовар дорам, ки ҳарчи тезар ин Заринаи Ледиии ғоратгару тороҷгари Ғармро аз вазифа озод менамоянд ва як нафари содиқ ба давлату миллатро ҷойгузини ин Леди мекунанд, ки бо дасту дили пок ва бидуни ҷабру зулм бар болои мардум корро пеш мебарад. Мо оромӣ мехоҳем на зулму фишор ва нооромӣ дар минтақа. Аммо бақои Зарина Идизода дар ин мақомаш як фоҷеъа ва котострофа аст…
Раҳимро истифода карданд — акнун канораш заданд
Манбаъе, ки барои ҳифзи амнияташ ӯро бо номи шартии «Садои Ғарм» муаррифӣ мекунем, дар бораи вазъи имрӯзаи Раҳими Ғармӣ маълумоти тоза фиристод. Ӯ мегӯяд, воқеаи дар фурудгоҳ рухдода танҳо хат задани номи як соҳибкор аз рӯйхати протокол нест, балки анҷоми як нақшаи аз пеш тарҳрезишуда аст.
Ба гуфтаи «Садои Ғарм», бахши асосии сохтмонҳо ва омодагиҳои марбут ба ҷашни 35-солагӣ дар ноҳияи Рашт бо маблағ ва мусоидати Раҳими Ғармӣ анҷом шудааст. Аз ӯ барои сохтмон, таъмир, ободонӣ ва дигар хароҷот пайваста кумак хостаанд. Раҳим низ бо умеди он ки саҳмаш дида ва қадр мешавад, талабҳои Зарина Идизодаро иҷро кардааст.
Қарор будааст, ки ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Ғарм, Раҳими Ғармӣ ҳамроҳи падараш Муҳиб, бародаронаш ва соҳибкорони дигар дар фурудгоҳ ҳузур дошта, президентро пешвоз ва гусел кунанд. Аммо ҳамагӣ ду рӯз пеш аз сафари Раҳмонов номи Раҳим, падар ва бародаронашро аз рӯйхати протоколи истиқбол хат задаанд.
Яъне то замоне ки маблағ, сохтмон ва ободонӣ лозим буд, Раҳим даркор буд; вале пас аз анҷом ёфтани корҳо ӯро ҳатто ба маҳалли пешвоз наздик нагузоштанд.
Ба гуфтаи манбаъ, Рамазон Раҳимзода аз ин муносибат сахт норозӣ шуда, эътироз кардааст. Аммо тасмим қаблан гирифта шуда буд: Эмомалӣ Раҳмонов омаду рафт, вале на Раҳими Ғармӣ ва на падарашро ба назди ӯ роҳ надоданд.
«Садои Ғарм» иддао мекунад, ки Зарина Идизода қасдан чунин шароитро фароҳам овард, то Раҳим аз худ бипурсад: «Чаро маро канор гузоштанд ва барои дубора ба даст овардани таваҷҷуҳи президент боз чӣ бояд кунам?» Акнун, ба гуфтаи манбаъ, бо баҳонаи «дили президентро ёфтан» Ледии Ғарм метавонад аз Раҳим боз маблағ, сохтмон ва хизмати бештар талаб кунад.
Манбаъ мегӯяд, Зарина Идизода тасодуфан чунин рафтор намекунад. Ӯ хоҳари Файзалӣ Идизода аст ва маҳз ба пуштибонии бародари мансабдораш такя мекунад. Ба ҳамин сабаб, ҳатто баъзе афроди доро ва соҳибнуфузи ноҳия низ наметавонанд ошкоро ба муқобили тасмимҳои Леди бароянд.
Ба назари «Садои Ғарм», сарнавишти Раҳими Ғармӣ барои соҳибкорони дигар низ бояд дарс бошад. Ба гуфтаи ӯ, Эмомалӣ Раҳмонов ва мансабдорони тобеаш солҳо аз соҳибкорон барои сохтмон, ободонӣ, ҷашнҳо ва пешвози мансабдорон истифода мебаранд. То вақте соҳибкор пул медиҳад ва барои ҳукумат манфиат меорад, ӯро наздик нигоҳ медоранд. Аммо вақте дигар ба ӯ эҳтиёҷ намемонад ё аз иҷрои талаби навбатӣ саркашӣ мекунад, мавқеашро заиф месозанд, аз доира берун мекунанд ва, ҳамаи мо ва шумо медонему мебинем,ки аксари соҳибкорони муқарраб ба Семейка пас аз истифода шудан ба фирор ё зиндон рӯ ба рӯ шудаанд.
Ин танҳо сарнавишти як ё ду соҳибкор нест. Раҳими Ғармӣ худаш медонад, ки дар солҳои гузашта бо соҳибкорони дигар чӣ гуна муносибат кардаанд: чӣ гуна аз онҳо маблағ гирифтаанд, чӣ гуна пудрату сохтмонҳоро ба гардани онҳо бор кардаанд ва баъд аз анҷоми кор чӣ гуна канорашон задаанд. Ӯ аз дохил огоҳ аст, ки маблағҳо чӣ гуна ҷамъ мешаванд, пудратҳо чӣ гуна тақсим мегарданд ва хароҷот бо кадом роҳ анҷом дода мешавад.
Аммо зоҳиран Раҳим гумон мекард, ки ин навбат бо худаш чунин нахоҳанд кард. Ӯ фикр мекард сохтмонҳо, хароҷот ва хизматҳояш барояш ҷойгоҳу эътимод меоранд. Воқеаи фурудгоҳ нишон дод, ки дар ин низом на хизматҳои гузашта, балки манфиати имрӯза арзиш дорад.
Манбаъ вазъи феълии Раҳимро «ҳайрону парешон» тасвир мекунад. Ӯ намефаҳмад, ки чаро пас аз иҷрои ҳамаи корҳо ва сарфи маблағҳои зиёд ногаҳон аз рӯйхати пешвозгирандагон хат зада шуд. Аммо посух, ба гуфтаи «Садои Ғарм», рӯшан аст: аз Раҳим истифода карданд ва баъд ба ӯ нишон доданд, ки ҳатто бо тамоми дороӣ ва хизматҳояш ҳеҷ ҷойгоҳи кафолатнок надорад.
Манбаи мо мегӯяд, маълумоти мазкур аз тариқи Ҷунайдулло Атоев расидааст. Тибқи нақли ӯ, писари Ҷунайдулло бо сардори милитсияи ноҳияи Рашт робитаи наздик дошта, ҷузъиёти хориҷ кардани номи Раҳим ва наздиконаш аз рӯйхати протоколро аз ҳамин роҳ фаҳмидааст.
Ҳамзамон, дар дохили ноҳия муборизаи гурӯҳҳои манфиатдор идома дорад. Манбаъ иддао мекунад, ки Ҷунайдулло Атоев, ки аз мухолифони ҷиддии Зарина Идизода ба шумор меравад, барои барканор кардани ӯ роҳҳои расидан ба доираҳои болоиро меҷӯяд.
Ӯ дар замони раиси пешини ноҳия Набизода нуфузи бештар доштааст, аммо бо омадани Зарина Идизода мавқеаш заиф шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Ҷунайдулло мехоҳад тавассути миёнаравон ба Озода Раҳмон роҳ пайдо кунад. Ӯ ҳамчунин ба Шарифбек Давлатов муроҷиат кардааст, вале ба ӯ гуфтаанд, ки пуштибонии Зарина Идизода ҳоло қавӣ аст ва барканор кардани ӯ осон нахоҳад буд.
Пас масъала танҳо пешвози Раҳмонов нест. Дар паси ин маросим рақобати мансаб, пул, сохтмон, нуфуз ва гурӯҳҳои алоҳида ҷараён дорад. Раҳими Ғармӣ дар ин бозӣ ҳам маблағгузор буд ва ҳам иҷрокунандаи хоҳишҳои мақомот, аммо дар лаҳзаи асосӣ ӯро пушти дар гузоштанд.
Раҳими Ғармӣ бояд акнун дарк кунад: низоме, ки дигар соҳибкоронро истифода бурду баъд канор зад, барои ӯ истисно қоил намешавад. Имрӯз аз рӯйхати протокол хат заданд; фардо метавонанд тамоми хизматҳои гузаштаашро низ фаромӯш кунанду фармони бе зараргардонӣ татбиқ шавад.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Он чи дар ин матлаб оварда шуд, суханони умумӣ ва маълумотҳои сарсарӣ ва бефоида нестанд. Мо бар асоси он чизе мегӯем, ки мебинем ва аз дохили ноҳияи Рашт дар шакли нома, паём, сабти аудиоӣ, навор ва шикояти сокинон дарёфт мекунем. Вақте аз гӯшаҳои гуногуни ноҳия шикоятҳои ҳаммазмун мерасанд, дигар наметавон ҳамаи онҳоро тасодуф ё душмании шахсӣ номид.
Ҳушдори мо ба Эмомалӣ Раҳмонов рӯшан аст: агар мақсадат ноором кардани Ғарм, зиёд кардани норизоятии мардум ва табдил додани ин минтақа ба маркази эътироз бошад, Зарина Идизодаро дар мақомаш нигоҳ дор — вай ин корро бароят анҷом медиҳад. Аммо агар воқеан оромӣ ва суботи Раштро мехоҳӣ, ба шикоятҳои сокинон расидагӣ кун ва амалкарди раиси ноҳияро таҳқиқ намо.
Танҳо аз Ғарм ҳазорон ҷавон дар муҳоҷират, фирор, саргардонӣ ва вазъияти сангини зиндагӣ дар даҳҳо кишварҳо қарор доранд. Падарону модаронашон зери бори камбизоатӣ мондаанд. Дар чунин ҳолат, аз мардум барои пешвози мансабдорон, маршировка, фурудгоҳ, биноҳои ҷашнӣ ва намоишҳои таблиғотӣ пайваста пул ҷамъ кардан, оташи норизоятиро бештар мекунад. Мардуми Ғарм ҳамеша чунин фишорро хомӯшона таҳаммул нахоҳанд кард.
Аз шикоятҳои расида ба «Ислоҳ» чунин бармеояд, ки бахши зиёди ин норизоятӣ ба тарзи идоракунии Зарина Идизода бастагӣ дорад. Агар ин маълумотҳо нодурустанд, вай бояд дар назди мардум бо санад ҳисобот диҳад: барои сафари Раҳмонов чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, аз кадом деҳа, масҷид, беморхона, бозор ва соҳибкор чӣ қадар пул гирифтанд ва ин маблағҳо дар куҷо масраф шуданд? Ҳисобот бояд рақам, санад ва расид дошта бошад, на суханрониву таърифҳои сохта.
Зарина Идизода! Каттагӣ накун ва ба мақоми акаат — раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода — мағрур нашав. Пеш аз ӯ Маҳмадтоир Зокирзода дар ин курсӣ нишаста буд; собиқа ва таҷрибаи сиёсиаш аз акаи ту ва ҳатто худи пешвоят бештар буд. Аммо дидӣ, ки чӣ гуна ногаҳон аз мақом канор рафт. Мансаб абадӣ нест. Онҳое, ки имрӯз дар атрофат таъзим мекунанд, рӯзи аз мақом рафтанат ҳатто телефонатро ҷавоб намедиҳанд.
Ҳеҷ мансаб ва ҳеҷ хешованди мансабдор наметавонад шикоятҳои мардумро то абад хомӯш кунад. Агар имрӯз бо номи сохторҳои қудратӣ сокинонро метарсонӣ, фардо барои ҳар фармон, ҳар маблағи ҷамъоваришуда ва ҳар фишори воридшуда бояд ҷавоб бигӯӣ. Номи шахсоне, ки аз мардум пул талаб мекунанд, маблағи ҷамъоваришуда ва тарзи таҳдид дер ё зуд ошкор мешавад.
Ва хитоби мо ба мардуми Рашт:
Хомӯш набошед! Нависед! Навор, сабти аудиоӣ, акс, рӯйхати пулҷамъкунӣ, паёмҳои гурӯҳҳои WhatsApp ва дигар санадҳоро маҳфуз нигоҳ доред ва ба «Ислоҳ» бифиристед.
Аз тарс хомӯш мондан зулмро кам намекунад — онро бештар мекунад. Вақте як деҳа хомӯш монд, аз он 500 сомонӣ гирифтанд; вақте ноҳия хомӯш монд, садҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ карданд; агар ҳама хомӯш монанд, фардо боз маблағи бештар талаб мекунанд.
Мардуми Ғарм, хомӯш набошед. Ҳар санадеро, ки доред, бифиристед. Зеро зулме, ки сабт ва нашр мешавад, дигар ба осонӣ инкор намегардад.
