Зайнулло Шарифзода: аз «Сементи тоҷик» то «империя»!
Нашри навбатии маҷаллаи «Семеканюс»-ро дар даст доред. Ҳамкорони мо, манобеъи муътамади дар таҳия ва тадвини он заҳмати зиёд кашидаанд.
Ин бор низ бо хабарҳои ҷолибу хонданӣ, ки дар ҷое дигар пайдо намекунед ва бо як матлаби васеъ дар бораи яке аз наздикони ин Оила маҷалларо такмил намудаем.
Чун ҳар вақта бо ахбор шуруъ мекунем ва ба дунбол матлаби муфассали худро дар бораи «қаҳрамон»-и ин навбати нашр пешкаш мекунем. «Қаҳрамон»-и ин маҷалла Зайнулло Шарифзода аст. Зайнулло бародари Шамсуллои домоди Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст, ки аз моҳи майи соли гузашта дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мудир таъин шуд.
Ахбори «Семейканюс»:
Вазъи сиҳатии генерал-майори милитсия Сафиалло Азизуллозода (Девонаев), ҳамоҳангсози миллии ислоҳот дар пулиси Тоҷикистон бад шудааст. Тибқи маълумоти манбаъҳои мо Сафиалло Азизуллозода баъди нашри шумораи 32-и «Семейканюс», ки «қаҳрамони марказӣ»-аш буд, дучори фишорбаландӣ (давленийя шуда ва оҷилан дар Қараболои Душанбе бистарӣ шудааст.
Сафиалло Азизуллозода дар шок афтодааст, ки ин ҳама сиру асрори маҳрамонаи вайро кӣ ба «Ислоҳ» дода бошад? Беҳад мазааш нест гуфт, манбаъи мо.
Вақте ин хабар дар ҳоли таҳия шудан буд, маълумот расид, ки ӯро ба Маскав интиқол додаанд ва тадовии ӯро пизишкони ҳарбии рус идома медодаанд.
«Авесто-групп»: зиндагии шоҳона аз номи Рустам
Бародарон Мирзоевҳо: Муҳаммад, Илҳом, Хуршед ва Ҷамшед, роҳбарони ширкати «Авестогрупп», ки молики асосиаш Рустами Эмомалӣ мебошад, ҳар кадоме дар наздикии сафорати Америка ҳавлии дакаданг доранд. Ронандаҳои алоҳида барои занҳо, хизматгорҳо, масҳгар (масажистка) ороишгар (косметологҳо). Гуё дар Дубай зиндагӣ доранд.
Инҳо дар ҳамаҷо аз номи Рустами Эмомалӣ гап мезананд.
Умед Самиев бародари Шуҳрат Самиев яке аз роҳбарони «Авесто- групп» аст.
Умед Самиев ба отдели Ҳисор рафта сум дода аз номи Рустами Эмомалӣ гап зада чанд корманди милитсияро аренда мегирад. Баъд мераванд бо ҳамроҳи Хуршед Мирзоев ба сари ҳамон камбағалҳое, ки наворашон дар дасти мо қарор дорад. Умед Самиев ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ карда ҳавлии он занҳоро, ки дар Ҳисор аст, гирифтанист. Гуё онҷо ҷои зур асту барои Рустами Эмомалӣ дача месохтаанд. Умед Самиев ягон асоси қонунӣ надорад. Фақат бо номи додараш, ки сумдор аст аз номи калонҳо камбағалҳоро зулм мекунад.
«Пойтахт»: хонаҳои шабона ва сирҳои қудоҳо
Зоири мундуқ ( Маҳмадзоир Соҳибов) домоди калонии Раҳмонов ва Зайнулло Шарифзода (Соҳибов) ҷияни Зоири мундуқ дар бинои «Пойтахт»-и Душанбе яке 8 ва дуввуми 3 хона доштаанд, ки ин хонаҳоро «суточний» иҷора медодаанд. Ин хонаҳои онҳо асосан ба фасодкорон (зинокорон) дода мешудааст, ки шаберо бар ивази 100 доллар иҷора мегирифтаанд.
Аммо гоҳо «қаровул»-ҳо ба 50 доллар ҳам шаберо ба иҷора дода ва ба соҳибони хона гузориш медодаанд, ки имрӯз ё имшаб касе наомад. «Қаровул»-ҳо ҳам зиндагӣ доранд.
Як тан аз ин «қаровул»-ҳо гуфтааст, ки «инҳо беҳад худобехабари ношунида будаанд. Бо чашмонам дидам, ки як арусро як руз пеш Исмоили пингвин оварду ду рӯз пасаш падараш Зоири мундуқ дақиқан як арусро».
Аммо бинобар хабарҳои расида аз даруни оила «апаи Фируза (зани Зоири мундуқ) намоз мехонад ва сатр мекунад, камтар боимонашон ҳамин аст. Фируза пеш аз президентшавии Раҳмонов шӯ кардагӣ. Дигар ҳамааш бероҳаанд».
Заринаи келини Бег Сабур бо Шаҳроми Абубакри овозхон любов қапидагӣ. Хонааш дар назди Мерве. Ҳозир чапа карданд. Дар дуюм этж. Хонаи онҳо дар он параи раҳ буд. Прогулка, любов.. мегаштанд. Раҳмонов «и ҳофиз намешавад гуфта Заринаро ба Шаҳром надод. Ба бачаи Бег Сабурда дод. Зиндагиашон хуб нашуд.
Як шаб дар дискотека: вақте номи Сомон милисаро ақиб гардонд
Дар яке аз дискотекаҳои пойтахт, чанде пештар эшони Каромат, писари эшони Абдухалил аз тарафи ҷураҳои Сомони Эмомалӣ мавриди латтукуб қарор мегирад. Эшони Каромат аз зани дуввуми эшони Абдухалил, аз зани колхозободиаш аст. Вай шавҳари яке аз ҷиянҳои зани Эмомалӣ Раҳмонов аст. Дар Дубай буд, омад. Духтари холаи Рустам занаш аст.
Манбаъ мегуяд, як вақт мебинам эшони Каромат дар даруни латок, сару ру пур аз хун хоб.
Эшони Каромат любой кайф, аз ҷумла машруб мезанад, ҳиҷ остановка надорад. Дар сараш кепка, нашинохтанаш. Ӯро ҷияни шогирди каляншики Сомон задааст.
Сабаби задан ин будааст, ки эшони Каромат ба як духтар, ки аруси Сомон будааст, дар дискотека гап мепартояд.
Касе ба милисаҳо хабар кардааст, ки як мошин милиса меояд. Милисаҳо мефаҳманд, ки эшони Кароматро ҷияни шогирди каляншики Сомон задааст, оҳистаҳак пас мегарданду думро хода мекунанд. Бо ин семейка ҳар касе қуда, домод, келин шавад ҳатман ӯ бероҳа ва аз инсонияту ислом рӯй мегардонаду дину мазҳаби Раҳмоновро пайравӣ мекунад.
Аз прокуратура то сохтмон: Умед Раҳмон ва 150 бино
Умед Раҳмон (писари Нуриддини акаи Раҳмонов), прокурори Ҳисор ҳозир яке аз домсозони серсуми Душанбе шудааст. Дар пеши СУМ-фурушгоҳи марказӣ се блок бинои баландошёнаи зеборо фирмаи Умед сохт. Як нафар дар гузашта полотенсафуруши микрорайони 82 директори фирмааш аст. Умед дар Душанбе наздики 150 дом сохтааст. Аз ҷумла дар ҷойи складҳо-амбори «Орима» фирмаи Маъруф Орифов, ки солҳо пеш зиндониаш карда буданд, дар Лучоб 25 дом сохту фурӯхт.
Ва, ҳоло меоем ба сари «қаҳрамон»-и барномаамон ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), раиси фурудгоҳи Душанбе.
Зайнулло Шарифзода: аз «Сементи тоҷик» то сохтани «империя»!
Зайнулло Шарифзода ё Соҳибов, мудири фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, пештар мудири Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон, ки аз хешовандони президент аст, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва раҳбари Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон мебошад. Вай аз хонаводаи Соҳибовҳо аст, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ доранд. Амаки Зайнулло — Маҳмадзоир Соҳибов бо духтари калонии президент — Фирӯза Раҳмонова ва бародари Зайнулло — Шамсулло Соҳибов бо духтари панҷуми Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова издивоҷ кардаанд. Зайнулло Шарифзода аз моҳи декабри соли 2013 то ин дам ба ҳайси раиси корхонаи «Сементи Тоҷик» кор мекард. Шуъбаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтарро хатм кардааст. Пештар дар вазифаи ноиби мудири кулли «Тоҷикхимпром»-и ноҳияи Ёвон ва мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Зани якуми Зайнулло духтари акаи Бег Сабур аст. Дар ҳавлии пеши чойхонаи Роҳат зиндагӣ мекунад. Ин ҳавлӣ дар параи хонаи Озода Раҳмонова аст. Онро бинӣ ҳушат меканад. Ҳозир Озода Раҳмонова боз дар парааш як хонаи нав карда истодааст. Ин хонаи дигар аст.
Хонаи Зайнулло Шарифзода дар пушти Роҳат аст. Инҳо ҳамаашон дар якҷоянд. Қисме аз офисҳои Авестогруппи Рустам ҳам онҷо аст.
Дар ин хона худаш бо кудакҳояш зиндагӣ мекунад. Дар шаҳр шояд ҳисоби сексияҳояшро худаш ҳам надонад.
Фарзонаи Хуршед то ҳозира арӯси Зайнулло Шарифзода аст. Дар доми «Пойтахт», дар ошёнаи 7 ум хонаро люкс кардагӣ додааст. Ҳозир дар онҷо Сураё Қосим бо ҷаҳмандаш зиндагӣ мекунад. Шабнами Сураё ҳам онҷо буд, ҳозир «Диёри Душанбе» рафт. Фарзона аз доми афғонҳо хона гирифт. Ҳама медонад, ки Фарзонаро ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода «тов» дода мегардад. Фарзонаи Хуршед бо хоҳиш ва пули ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода худашро «люкс» кард: сургинашро калон ва лабу даҳанро дам кард. Мумкин ягонтои кудаконаш аз Зайнулло Шарифзода бошад. Фарзона дар 5-ум подъезди доми Пойтахт аст ки Зайд Саид, соҳибкори зиндонӣ сохта буд. Онҷо ҷойи арусбарии Зайнулло Шарифзода буд. Ҳозир ба ҳаминҳо додааст.
Зайнулло аз куҷо пулдор шуд?
Дороие, ки ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дорад, ҳеҷ кас надорад. Зайнулло Шарифзода, замоне пулдор шуд, ки раиси корхонаи «Сементи тоҷик» дар шаҳри Душанбе таъин гардид. Аз ҳаминҷо пулдори вазнин шуд. Яъне чи тавр?
Бо одамҳо договор-шартнома мекард, мисол ангишт меоварданаш, агарка меоварданаш, (компонент барои тавлиди семент), солярка меоварданд. Тибқи қарордод ба партнери тиҷорат дар ҷои пул семент медиҳад, яъне бартер. Вақте шумо ангишт, солярка ё ҳар чизе дигарро тибқи қарордод меореду медиҳед, бояд ба шумо дар иваз семент диҳад. Барои мисол ҳарду тараф ҳисоб кардед, ки шумо тоннаи ангиштро мебиёред 1000 сомонӣ, ба шумо ба ин маблағ бо нархи давлатӣ семент медиҳад. Шарикони тиҷоратӣ, ки қарордод бастаанд, бехабар аз анҷоми кор меоранду затарит-пур мекунанд: солярка, ангишт,агарка, хуллас ҳар чизе,ки договор карда буданд. Аммо ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода сементро намедиҳад ва даст ба қаллобиву ғиромӣ мезанад.
Азим, Азими зард, китфи рост ва одами асосии Зайнулло Шарифзода (дар вақташ мошиншӯяк буд, дар назди мактаби 8) агарчи документҳоятон 100% аст, шумо бори заруриро дар ҳаҷми лозим овардагиед, сементро намедиҳад
Як бор меоед, ду бор меоед, як моҳ меоед, ду моҳ меоед, хуллас, намедиҳад. Мегуяд семент нест. Сипас худи Азим предлагат мекунад: «биё, гӯш кун, ман 500 сомонӣ пули нақдат медиҳам, (дар ҳоле, ки шумо 1000 сомонӣ овардаед), документҳоро ба ман деҳу пулро бигиру рав.
Азими шогирди Зайнулло, кифти рости Зайнулло ҳамин тавр мегуяд: «биё, ҳамин документи ҳазор сомониро ба ман деҳ, ҳозир мегирам 500 000 сомонӣ (шумо документ доред, бор барои 1000.000 овардагиед) медиҳамат.
Азим документро мегирад нимагӣ ё ҳато 400.000 сомонӣ медиҳад. Чаро чунин мешавад? Чунки шумо дар пул винужден, қарздор шудагӣ, аз солярка, аз мошинҳо, аз кони ангишт ва боз хароҷоти зиёди дигар. Налогро бояд диҳед. Ночор мешавед мегиред документҳоро медиҳед.
Дигару дигару дигар, мунтаҳо ҳамаи бор овардаҳоро айнан ҳамин хел мекарданд. Бидуни истисно, фарқ надорад, ки вай кисту чи бор овардааст.
Акнун тасаввур кунед, ки дар як моҳ аз одамҳо, ки ҳазор сомонӣ документи сементро дар даст доранд бо 400- 500 пули нақд ҳисобӣ мекунад. Документи 1000-иро(ин 1000,ки мегӯем, мисол аст на воқеият, воқеият аз миллион боло аст) аз дасти шумо мегирад дар ҷояш (ҳама чизҳо законний-документалний аст ку) 1200 сомонӣ ба пули нақд ба дигаре боз онро мефурушад. Яъне аз шумо1000 тона сементатонро гирифт 500 000 дод вале боз обратно дар як миллион 200 ҳазор ба дигар муштарӣ фурухт. 700 ҳазор аз як сделкаи семети 100 тонна барои вай даромади тоза монд.1000 тонна сементро дар байни як ё ду руз обулой мекунад-мефурушад.
Ин ҳам дар ҳоле аст ки ҳоҷӣ Зайнулло қариб даҳ-дувоздаҳ сол раиси «Сементи тоҷик» буд. Аз ҳисоби свет қарздор мешуд аммо намедод. Миллион- миллионҳоро списат мекарданд, бо документ. Ҳамаи оператсияҳояшонро ана ҳамин хел кардагианд.
Яъне бо ин гуна шурӣ, мурӣ ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода миллиард -миллиард кор кард.
Масалан мошинро меоварданд бо семент бартер мекарданд. Мошинро арзон қабул мекард. Мисол Лексус 570-ро меовардӣ, медодӣ, мегуфтӣ семент деҳ. Ба 50 000 қабул мекард, чунки нафари мошинро оварда, ночор аст, масалан домсоз, ки зарурат ба семент дорад. Дар ин маврид сементро гарон нарх мегузошт, масалан даҳ, ҳатто 15% зиёд нарх мемонд. (Инҷо фақат як мошин не, мумкин ду мошин, мумкин бар ивази семент чор ё панҷ хона медиҳад домсоз. Ҳамааш ҳуҷҷатӣ, қоидавӣ). Дар ҳоле, ки нархи он мошин дар бозор 80 000 доллар аст. Ё квартира, ки бо семент бартер мекунад, низ аз арзиши бозорӣ чанд дар сад арзон мегирад. Ҳамаи инҳоро нарх мемонад ва дар санад мошинро не, хонаро не, пул, арзиши онро менависад. Масалан шумо мошин неву гуё 50 000 доллар додаед. Мошинро мегирифт дар қарздори соляркааш медод. Он қарздор, ки аз равуо безор ва ҳатто аз пулаш тақрибан ноумед шуда даст шуста буд, мошинро ба 100 ҳазор мегирад. Яъне мошини 50.000 доллар гирифтаро 100 ҳазор ҳисоб мекард ва санад тартиб медод. Бо асноди ин мошин, ки мошин неву пул навишта шудааст (100 ҳазор) аз завод сементро мегирифт ба клиенти дигарнақд 1200 сомонӣ, барои мисол, сари тонна мефурухт. Яъне ба қарздори солярка фактическӣ семент неву мошинро доду аммо пул ҳисоб кард ва бо пули он мошин, ки аз партенр гирифт сементро аз завод гирифта ба нафари дигар фурӯхт. Масалан ба заводи семент шартнома кардеду 1000 тона семент харидед ба 1000 сомонӣ. Зайнулло Шарифзода ду моҳ шуморо медавонад баъдан розиед пулатонро пас диҳад. Ба шумо мегуяд ин панҷ мошинро гир ба ивази пулат. Он 5 мошинҳое дар 50 ҳазор доллари гирифтаашро ба шумо 500 ҳазор доллар ҳисоб мекард. Он сементе бояд ба шумо медод ба як нафари дигар 1200 сомонӣ мефурӯхт тавассути Азими шогирдаш. Инҷо гардиш миллардӣ буд боварам кунед.
Масалан домсоз аз новостройка магазин медиҳад. Магазин дар ошёнаи аввал ё подвал аст ки нархаш аз метри квадратии хона ду -се баробар гарон аст. Хуб, ин магазинро боз ба нафари дигар ду се баробар аз нархи домсоз дода гаронтар ба нафари дигар мефурушад. Боз айнан бо ҳамон схемаи боло. Документ мекунад, нарх мегузорад, медавонаду безор мекунад ва ним нисфа бо пули нақд медиҳад документро мегирад ва бо ин документ семент мегираду ба нафари дигар мефурӯшад.
Бовар кунед, ки жуликҳои Одессаву Самарқанд ва дуздҳои Бағдод дар пеши ин гуна афёра ва тиҷоратҳои Зайнулло Шарифзода ва тимаш ангушти ҳайрат мегазанд.
Асоси пулдоршавии ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода ана ҳамин гуна махинатсия ва афёраҳо будаааст ки аз ҳисоби «Сементи тоҷик» ва мардуми фиребхӯрда ба даст овард.
Ва як манбаъи дигари ҷамъоварии сарват ва пулҳои калони ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода ин неругоҳи Роғун мебошад. На танҳо ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дигар наздикони Раҳмонов ҳам аз неругоҳи Роғун миллионҳо фоида ба даст оварда истодаанд ва гароншавии арзиши ин неругоҳ ҳам ба ғорату яғмои инҳо вобаста аст.
Гап дар сари он аст, ки пули Роғун дар дасти Ҳасан Асадуллозода аст. Семент аз завод меравад Роғун. Ҳар моҳа пуле, ки ҷамъ мешавад дар якум навбат пулро Ҳасан Асадуллозода ба ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода медиҳад. Инҷо ҳисоб кардагианд. Допустим тоннаи семент вобаста ба маркааш 700 сомонӣ бошад,1000 сомонӣ ҳисоб мекунад. Ин як. Дуюм. Агар мошини 40 тонна ё мошини 50 тонна сементро мебарад, дар Роғун мошинро мегиранд ва ҳамин хеле мекунанд, ки як мошини 40-50 тоннаро ду маротиба ҳисоб мекунанд. Как будто мошини даромадаро холӣ карданд, аммо мебароранду боз обратно медароранд. Яъне як мошинро ду бор бор овард гуфта санад мекунанд. Яъне 1000 тонна неву 2000 тонна, 2000 тонна неву 4000 тонна. Ва инҷо гап дар бораи 1000у 2000у 10.000 не, гап дар бораи 20.0000, 40.0000, 50.0000 ҳазор тонна меравад. Дар ҳоле, ки амалан нисфи ин семент ба НБОи Роғун ворид шудааст. Бубинед, мошин медарояд, шлангро мезананд, гуё холӣ карданд, аммо холӣ намекунанд, дуюмбора медароранду сипас шланг холӣ( пуф) мекунад. Акнун диққат диҳед,ки ҳоли НБОи Роғун чи гӯна ба истифода дода мешавад? Дар оддитарин заминҷунбӣ чанд кишвар зери об мемонад ба инаш касе фикр намекунад?
Боз инҳо дар семент як махинатсия- қаллобии дигар доранд.
Заводҳо, корхонаҳое, ки барои Роғун кор мекунанд, ҳамааш аз одамони худашон аст. Ба ҷои онки дар як куб бетон (маркаи 350 ё 400) 500кило семент зананд, инҳо дар як куб бетон 300 кило семент мезананд. Ин корро мекунанд, чунки ҳиҷ касро намемонад проверка кунад. Кӣ инҳоро гап мезанад?
Барои онки сементро эконом кунанд боз дар даруни вай як намуд компонети дигар аст ки аз Хитой меоранд ду кило омехта мекунанд. Ин як намуд маводе аст ки омехта кунанд ҳам ҳамон маркаро медиҳад, ҳамон маркаи 350 ё 400ро. Лекин амалан инҳо 200 кило сементро аз як тонна эконом мекунанд.
Гап дар он меравад, ки сементи заводи Душанбе дар ҷаҳон ҳамто надорад. Беҳад сифати олӣ ва боқувват аст. Сертификат дорад. Ин сементро вақте ба бетон медиҳӣ бетон то сад сола ҳаррӯз борону барф дар сараш резад ҳам қувват гирифтан мегирад. Яъне маркааш 400 аст 100 сол пас мумкин то 1000 хезад. Аммо сементҳое, ки ҳозир корхонаҳои хитоӣ дар Тоҷикистон истеҳсол мекунанд, ин гуна хосиятро надоранд. Инҳо ҳам маркаи 400-ро медиҳанд, вале ҳамин хел меистанд, қувват намегиранд. Балки баракс чарсаку шикананда мешаванд, умри дароз надоранд. Сифати инҳо паст меравад боло намеравад. Чоку шикоф мешавад, мисли чуби қоқшуда мешиканад. Домҳои давраи Союзи Душанберо раведу проверка кунед аз 600-700 боло аст. Битонҳои давраи Союзи ҳамин завод. Сементи куҳҳои худамон сифаташ воқиан нодир аст. Ин қувват мегирад, дар тариву намӣ. Чунки санги агаркаи Сементзаводи Душанбе аз Харангон буд.
Ин куҳи санги агарка (як компонети асосии семент)-и Харангонро як шахси пулдор, ки Ҳасан ном дошт харида буд. Дар ҳама заводҳо агаркаро ҳамон медод. Одами пулдори вазнин буд. Як ё ду моҳ пеш ногаҳонӣ мурд. Комилан саломат буд. Хулоса, соҳиби ҳамон агаркаро як нима карданд. Вайро чанд маротиба гуфтанд бифуруш, нафурухт. Оқибат якнимааш карданд.Яъне бе зарар гардонида он конро комилан гирифтанд ин Семейка.
Аммо бори дигар, тазаккур медиҳам, ки асоси пулдоршавии ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода ҳамин сементзавод буд.
Ҳозир сарвату давлати ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода аз Қорун ҳам гузаштааст. Чандин бозори Бохтару Ҷомиву дигарҷоҳо аз они ӯ аст. Дар Варзоб чандин дачаҳои чандмиллионӣ дорад.
Чанд сол шуд, ки ба бизнеси домсозӣ гузаштааст. Доми якуми сохтаи ӯ яке аз чордомаҳои аэропорт аст. Сохтмони тамоми домҳои он территорияро Рустами Эмомалӣ ба ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дод.
Корпуси 6-уми университет-донишгоҳи миллиро чапа карда дар онҷо дом сохта истодааст. Дар ҷойи китобхонаи пеши Садбарг, дар параи дигари он низ, хуллас ҳама территорияи онҷо аз ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода аст. Пивзавод, ки меоӣ колсевой, тарафи Ашан меравӣ, мойкаи «кохи Малика», ки аз Зайнулло Шарифзода аст, рубарӯи кохи Малика ҳамаи территория то ресторани Перевал охотникаи Комил Мирзоалиев аз ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода аст. Ҳамаи он домҳоро ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода бардошта истодааст. Домҳои территория Садбаргро ҳам ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода бардошта истодааст.
Кори домсозӣ ва тамоми масорифу махориҷу даромади ширкати домсозии ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дар ихтиёри ҳамон Азизи шогирдаш вогузор шудааст ва ҳама корҳоро ӯ контрол мекунад.
Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода боз аз Рустам пул дода қарорҳо барои сохтмони биноҳои баландошёнаро мегирад. Қарорро ба 500.000 -1000.000 доллар мегирад, боз ба дигар домсозҳо бо нархи баландтар мефурушад.
Чанд вақт пештар ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода як намуд заврақ оварда ба Азизмо туҳфа кард, ки ин заврак дар дарунаш хона ва ҳама чизи дигар барои истироҳатро дорад. Ин заврақ дар Норак аст. Ба он тарафи ин ҳавзи бузург ҳеҷ касро даромадан намемонанд, дар ҳамон болои болои Норак аст.
Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дар як баландии Данғара як дача бошукуҳ сохта ба Рустам туҳфа кардааст. Рустам онҷо бо вертолет дамгирӣ меравад. Арусҳояшро аз хориҷа меоранд, махсус барои Рустам. Бисёр вақт дамгирӣ ҳамонҷо меравад. Онҷоро аз чаҳор самт комилан маҳкам кардаанд. Майдони шину хези вертолет дорад.
Дар Чавалай барои Рустам ҷои бузкашӣ кардааст. Боз барои Рустам дар рӯбарӯи кохи Малика як дачаи дигар сохтааст. Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода баъди Шамсуллои акааш, ки домоди Раҳмонов аст пулдортарин ба ҳисоб меравад. Сементзаводро титу торашро баровард, беҳад пули калон кор кард.
Азими дасти рости ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дар вақташ шофери кудакҳои Зайнулло Шарифзода буд. Ҳамроҳаш сементзавод бурд. Ҳозир ҳам ҳамроҳаш аст:-ҳам дар фурудгоҳ ва ҳам дар домсозӣ.
Бинобар маълумотҳои расида падари Азим тотор аст. Ҳоҷӣ Зайнулло апаи Азимро, ки беҳад хушрӯ аст, аруси постоянкааш кардааст.
Азим солҳо пеш бо як тапочкии тагаш кандагӣ мегашт, велик дошт. Мошиншуяк буд. Ҳозир соҳиби қасру кушкҳо шудааст.
Азим Русия мерафтааст, назди як муллои тотори ошнояш, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ба воситаи сеҳру ҷодуи ҳамин мулло ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзодаро дар мушташ гирифтааст. Азим тавре кардааст, ки ҷураҳои наздики Зайнулло Шарифзодаро дур кард, ҷанг андохт. Ҳозир фақат гап гапи Азим аст.
Азим сеҳру ҷодуро ба воситаи апааш ба Зайнулло Шарифзода мехурондааст.
Азим дар Дубай хона ва вилла, дар Туркия хона, дар Маскав се хона ва дар Тошканд низ хона харидааст. Азим бо Дилшод ва Даврон Ҷураевҳои рафиқони Рустам рафиқи сахт аст. Дар Москва ва Тошканд магазинҳо дорад. Дар Душанбе 50 то зиёд сексия ва 15 ҳавлӣ дорад. Мошинҳои қиматбаҳояш беҳисоб. Канали фуруши мошин дорад. Иномаркаҳои гаронбаҳои дуздиро аз Грузия бо нархи арзон медарорад ва бо истифода аз номи ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дар ГАИ ҳуҷҷат карда мефурӯшад.
Ин Азим бо ҳама аъзои Семейка қуш аст. Корҳои шурӣ муриҳои онҳоро анҷом медиҳад. Тамоми асрори Зайнулло Шарифзодаро медонад. Сабту наворҳо дорад. Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода ин қадар сарвату давлатро чи тавр ҷамъ овардани Азим ва сеҳру ҷодуяшро намедонад. Аз пушти Зайнулло Шарифзода хеле кор кард. Бисёр одамҳоро дар сементзавод дар сарашон об рехт.
Даҳани Зайнулло Шарифзодаро через апааш мебандад. Мехонад, меорад мехуронад.
Субҳонаву чошту шоми ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзодаро ҳамин Азим меоварад.
Аз Варзоб хурокҳои ресторани Чорбедро мебиёрд. Салатҳои Чорбед, моҳии Чорбедро меоварад.
Азим бо баҳонаи табобат Маскав меравад, аммо дар асл барои сеҳру ҷоду назди ҳамон муллои тотор меравад. Ин муллои тотор дар яке аз хонаҳои Азим зндагӣ мекунад.
Азим барои мулоқот бо як маъшуқааш ҳар аз гоҳе Дубай меравад. Ҷумъа меравад шоми якшанбе бармегардад
Зимнан «Сафеддара»-и Варзобро полний ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода обод карда ба худи Эмомалӣ Раҳмонов ва Азизмо туҳфа кард. Наздики 100 миллион сомонӣ расход кардагӣ аст.
Ҳоҷӣ Зайнулло Шарифзода дар вақти сохтмони «Сафеддара» 24 соат дар ҳамонҷо буд. Манбаъи наздике бо Зайнулло Шарифзода солҳобуд аммо бо дур шуданаш аз ӯ ин ҳамаро ба «Ислоҳ» гуфт. Ҳоло маводҳое дар «Ислоҳ» мавҷуд аст,ки рӯй он бояд кор кунем. Бовар кунед як Зайнулло Шарифзода ин қадар дуздӣ ва ғорат дорад. Акнун афроди аслии Семейка…..
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Эмомалӣ Раҳмонов!
Ин дигар масъалаи як Зайнулло, як Шамсулло ё як Ҳасан нест. Савол дигар аст: шумо ин «Семейка»-ро идора мекунед ё «Семейка» давлатро идора мекунад?
Дар матлабе, ки имрӯз пешкаши мардум кардем, сухан аз семент, фурудгоҳ, сохтмон, замин, Роғун ва миллионҳо меравад. Сухан аз нафароне меравад, ки ба гуфтаи манбаъҳои мо бо номи хешутаборӣ ва наздикӣ ба қудрат кор мекунанд. Зайнулло Шарифзода танҳо як намунаест аз он низоме, ки «Ислоҳ» солҳо боз пайгирӣ мекунад.
Ҷаноби Раҳмон, як саволи сода дорем: шумо медонед, ки атрофиёни хонаводаатон чӣ кор мекунанд?
Агар медонед — пас чаро пеши роҳашон гирифта намешавад?
Агар намедонед — пас ин чӣ гуна давлатдорӣ аст, ки миллиардҳо мегарданд, корхонаҳо мегарданд, сохтмонҳо мегарданд, фурудгоҳ мегардад, аммо сарвари давлат намедонад дар атрофаш чӣ мегузарад?
Ва масъалаи Роғун аз ҳама ҷиддитар аст.
Мо дар ин матлаб иддаоҳои хеле сангинеро нашр кардем: ҳисобҳои такрории бор, баҳс дар бораи миқдори семент ва таркиби бетон. Мо намегӯем, ки фурӯравии Роғун исбот шудааст — инро бе санҷиши мустақили муҳандисӣ касе ҳақ надорад тасдиқ кунад. Аммо агар ҳатто як қисми ин маълумот дуруст бошад, масъала дигар пулу бизнес нест. Ин масъалаи амнияти ҳазорон ва ҳатто миллионҳо инсон мешавад.
Роғун ҷойи таҷрибаи бизнесӣ нест.
Роғун ҷойе нест, ки касе барои як миллион ё сад миллион ҳисобро ду бор нависад ва фикр кунад касе намефаҳмад.
Роғун иншоотест, ки ҳар хатои техникӣ, ҳар қаллобӣ дар масолеҳ ва ҳар пинҳонкорӣ метавонад паёмади фоҷиабор дошта бошад.
Аз ҳамин ҷо «Ислоҳ» рӯирост мегӯяд: ҳар иддаое дар бораи сифати бетон, ҳаҷми семент ва ҳисобҳои сохтмон бояд бо санҷиши муҳандисони мустақил, санадҳои харид, варақаҳои воридоти масолеҳ ва лабораторияҳои бетараф санҷида шавад.
Ва ба шумо, Эмомалӣ Раҳмон, боз як саволи равшан:
Ин назоратро шумо мекунед ё мардум маҷбур мешаванд назорати ҷамъиятиро чанд баробар сахттар кунанд?
Назорати ҷамъиятӣ яъне санад, навор, ҳисоб, шоҳид, журналистика ва ифшои ҳар амале, ки аз мардум пинҳон карда мешавад.
Давраи «касе намефаҳмад» гузаштааст.
Имрӯз аз дохили идораҳо хабар мебарояд. Аз корхонаҳо санад мебарояд. Аз дохили худи система одамон мегӯянд. Ва ҳар қадар ин ҳалқа баста шавад, ҳамон қадар маълумоти бештар берун хоҳад омад.
«Ислоҳ» як чизро равшан мегӯяд:
Роғун моли як оила нест. Фурудгоҳ моли як оила нест. «Сементи тоҷик» моли як оила нест. Ва Тоҷикистон ҳам моли як оила нест.
Пас ё назорат кунед, ё омода бошед, ки ҳар чизе пинҳон мекунед, зери назари ҷомеа ва расонаҳо қарор бигирад.
