Номаи маро алоҳида нашр кунед №67
Ҳар вақте қонуни афв қабул мешавад ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дари даромадҳои муфт кушода мегардад. Аммо қонуни «афв»-и ахир дарро неву дарвозаро боз кардааст.
Чанде пеш як ҳайат аз вазорати дохилии Тоҷикистон ба Маскав омада буд, ки афроди шомили ин қонунро хати барот бидиҳад. Мо дар ин бора навишта будем ва навишта будем, ки ҳадафи аслии сафари ин ҳайати ВКД ба ҷуз аз пулкоркуниву порагирӣ чизе дигар нест.
Як бародар навори гуфтугӯи телефонии як муҳоҷири корӣ бо корманди 6-ой отдели вилояти Хатлонро фиристода ва аз мо хост, ки онро ба самъи мардуми шарифи Тоҷикистон бирасонем, то мардум огоҳу ҳушёр бошанд ва фирефта доми ин шайтонсифатон нагарданд.
Ин суҳбат чанде пеш баргузор шудааст. Ва шумо худ шоҳид мешавед, ки чи гуна корманди 6-ой отдел, Раёсати мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ як нафарро ба туъмаи навбатии худ табдил дода афсун ва моту мабҳут мекунад.
Ва инак матни навори гуфтугӯи корманди 6-ой отдел бо як муҳоҷири корӣ
1. Қутбиддин гуш кун, ҳози додарҷон паспорта, паспорта сурат бигӣ якум варақтаву ва варақе, ки охирон боре, ки Расия рафтагийи ку, печати задагита сурат бигӣ, баъд як галасвой ку, ки «ма ай сабабе, ки шароити зиндагимон вазбинай ман Тоҷикистон омада наметонум. Ма ай кори кардагим пушаймонум» ҳамиқадар голос ку парто ма саҳар пеши роҳбар медром, мегум ҳами бача пушаймон аст. Унҷа ҳуҷҷатота далше ма тартиб додан мегирум. Бо ин шо Аллоҳ чизе,ки ҳаст мондагиша саҳар гап мезанем.Ма соатои ҳафтуним маҷлис медроем, бо ма мегумут.
Шарҳи Муҳаммадиқбол
Ин корманди 6-ой отдел, бубинед, ки чи гуна бо муҳоҷири таҳти таъқиб «бародарвор» суҳбат мекунад. Аммо, маълум аст ки дуруғ ва найранг аст. Манзури ин милисаи 6-ой отдел (УБОП) татбиқи «афв» нест, суиистифода аз «афв» аст. Ин 6-ой отдел бо ин «голосавой» соҳиби ин голосро бо дастони худи ӯ гунаҳкор карда истодааст:-ман аз кирдори кардаам пушаймонам.
Инҷо ин милиса зоҳиран тлош кард истодааст, ки талаботи «эзоҳ»-бар моддаи қонуни ҷиноиро барои ин муҳоҷир татбиқ кунад. Чунки агар бар ин муҳоҷир қонуни «афв» мерасид, зарурат бар «изҳори пушаймонӣ»-и вай боқӣ намемонд.
Диққат кунед: суҳбат бо «додарҷон» оғоз мешавад, аммо талаби асосӣ ин аст: «Ма ай кори кардагим пушаймонум». Ҳанӯз дар ҳамин порча равшан намекунад, ки Қутбиддин кадом корро кардааст, вале аллакай ҷумлаи иқрорро ба даҳонаш мегузорад. Намепурсад: «Чӣ воқеа шуд?» Мегӯяд: «Ҳаминро бигӯву равон кун!»
Агар ҳақиқатро меҷӯӣ, чаро ҷавобро худат тайёр мекунӣ? Агар мехоҳӣ сухани муҳоҷирро бишнавӣ, чаро ба ӯ мефармоӣ, ки чӣ бигӯяд? Муҳоҷир бояд воқеаро шарҳ диҳад ё матни навиштаи туро бихонад?
Мегӯяд: «Пеши роҳбар медароям, мегӯям ҳамин бача пушаймон аст». Яъне пеш аз он ки дар ин суҳбат амали мушаххасе равшан шавад, барои роҳбар «пушаймонӣ» омода мекунанд. Акси шиноснома, муҳри сафар ва сабти овозро талаб мекунад, аммо дар ҳамин порча на иттиҳоми мушаххасро шарҳ медиҳад, на асоси онро ва на санадеро нишон медиҳад, ки муҳоҷир бифаҳмад сарнавишташро ба чӣ месупорад.
«Додарҷон» гуфтан ҷойи далелро намегирад! «Иншоаллоҳ» гуфтан ҳам кафолати бастани парванда нест! Сухани нарм вақте арзиш дорад, ки паси он равшанӣ ва масъулият бошад. Вагарна муҳоҷир мемонаду як сабти овоз, ки дар он бо забони худаш гуфтааст: «Аз кори кардаам пушаймонам».
Аз кадом кор? Кай? Бо кадом далел? Чаро ин саволҳоро аввал равшан намекунӣ?
Муҳоҷир барои як луқма нон аз ватан дур шудааст. Аз тангии рӯзгораш барои гирифтани ҷумлаи дилхоҳи худ истифода накунед! Агар мақсад кумак аст, роҳи ҳалро равшан кунед; инсонро водор насозед, ки барои шунидани ваъдаи халосӣ аввал худро гунаҳкор бихонад.
2.Қутбиддин
-Лабай ака
Ҳози паспорта сурат бигир. Як голосавои кутоҳ, як даҳ понздаҳ секундӣ, бигу акаи ….(номма биги да мақсад)акаи …. бгу ҳози ма вазъиятом безебай, ма ай корои кардагим пушаймонум. Неки шароити ба Тоҷикистон омадана надорум бугу, фаҳмидӣ
-Ҳа, ҳа
Ма роҳбариятма медуром мефаҳмонам, роҳбарията, ки сардор ҳамин бача сидқан пушаймонай, шароит надорад, зиндагиш аз ҳисоби ҳамин пеш мерава, зиндагии падару модар, оилашам. Ин дар муҳоҷират кор мекна, зиндагӣ пеш бурдест. Мақсад маводота қатъ кунему дига ягон кас ғамут натия. Фаҳмидӣ?
-Хуб ака. Насиб, ҳози чи мекунам
-Ҳози ҳамин хел галасавой ку паспорта сурат биги парто. Ман саҳар баъд зангут мезанум, бо мегум чи ко карданта додарҷон…..
— Хоб ака, зинда бошӣ.
Шарҳи Муҳаммадиқбол
Бар тибқи қонуни афв парванда дар ҳар марҳала, ки қарор дошта бошад, масалан дар дасти милиса, амният, прокурор ё суд, баробари шомил шудан дар ин санад «ҷошда» қатъ ва баста мешавад. Маводе дигар даркор нест. Аммо, бубинед, ки ин милиса Қутбиддинро исрор карда истодааст, ки «голосавой» кунад. Ин таъйиди он аст ки ба Қутбиддин қонуни «афв» нарасидааст. Агар мерасид чи дар ҳузур ва чи дар ғоибаш парвандаи вай бар асоси санади «афв» қатъ карда мешуд.
Бубинед, дар ин пораи садо ҳатто давомнокии «пушаймонӣ»-ро таъин мекунад: «Як голосавои кӯтоҳ, як даҳ-понздаҳ секундӣ». Чӣ бигӯяд, номи киро бигирад, аз вазъи зиндагияш чӣ гуна шикоят кунад — ҳамаро корманд худаш ёд медиҳад. Ба муҳоҷир танҳо мемонад, ки тугмаи сабтро пахш кунаду ҷумлаҳои фармудашударо такрор намояд.
Ту ҳақиқатро муайян мекунӣ ё барои ҳисоботи худ «пушаймон» тайёр мекунӣ? Вақте матни суханро худат мегӯӣ, баъд бо кадом асос назди роҳбар медароиву эълон мекунӣ, ки «ҳамин бача сидқан пушаймон аст»? Сидқи дили инсонро аз куҷо фаҳмидӣ, вақте ҳатто ҷумлааш аз худи ӯ нест?
Ба ваъдааш диққат диҳед: «Маводота қатъ кунему дига ягон кас ғамут натия». Чаро осудагии як муҳоҷир бояд ба ҳамин «голосовой» бастагӣ дошта бошад? Кадом мавод? Бо кадом асос ҷамъ шудааст? Барои қатъ кардани он чӣ санаде дода мешавад? Дар ин порча ҷавоби равшан ба ин саволҳо нест. Ба ҷойи он боз ҳамон талаб такрор мешавад: акси шиносномаро фирист, «пушаймонам» бигӯ, боқимондаашро баъд мегӯям!
Аз падару модар ва рӯзгори оилааш ҳам сухан мекунад. Хуб медонад, ки ин ҷавон барои таъмини хонадон дар муҳоҷират аст. Пас чаро ба ташвиши нону рӯзгораш боз ташвиши парвандаву «пушаймонӣ» зам мекунӣ? Агар дилсӯзӣ дорӣ, масъалаашро равшан шарҳ деҳ. Ваъдаи оромиро ба ивази сухане нахоҳ, ки худат ба даҳонаш мегузорӣ!
Сарнавишти инсонро дар понздаҳ сонияи «голосовой» ҷой кардан мумкин нест. Муҳоҷир барои ҳисоботи ту рақам нест, ки имрӯз «пушаймон»-аш нависиву фардо назди роҳбар аз натиҷаи корат бигӯӣ. Ӯ инсон аст — бо ном, бо оила ва бо ҳаққи пурсидани як саволи одӣ: «Ман чӣ кардаам, ки бояд аз он пушаймон шавам?»
3. -Чо кадӣ Қутбиддин. Худт хубӣ?
-Иншоаллоҳ ака, худат хубӣ?
-Чо кадӣ, занг задӣ, гап задеста будум, дига натонистум бардорум.Тинҷӣ?
-Худора шукр. Ку чо кунем ака, мо? Гуфтен занг занен, ина занг задем, чо кунем?
-Нафаҳмидам, чо кадай Қутбиддин.
-Чо кунем, мо, мақсад, далше, я фикр кунем. Занг задем мақсад. Чо кнем ака?
-Фикр кадӣ? Фикрата кадӣ? Ҳаматарафа фикрота кадӣ Қутбиддин?
-Бале
Ба ҳама гапои мо омадӣ додарҷон. Мақсади мо чияй. Мақсади мо тура доғдор кардан нест. Гуфтумут додарҷон. Агар бачаи баақл бошӣ, ман ба тағат гуфтум, ки ака я бор қатит гап зана, ҳоле бачаи ёшай, мумкин ёшигарӣ кадеста боша, ҳоле бо намедонад, ки ҳози дела шавад, мумкин ҳаётуш чанд солҳо гуфтум бусуза. Ту як бор гап зан. Қутбиддин, гуш кун братишка
-Бале, ака гуш кардестам.
Ма саҳар тра намунаи иқа делара мепартомут, ки «пушаймонум ай кирдорои кардагима пушаймонума мепартомут. Ма, як худо дурӯғгум накунад мисли ту як даҳ-понздаҳ нафара ҳами хели одамое, ки ай кирдорошон пушаймон шудан, ҳоле ма бо у тра занг мезанам номерошон, ҳозир дар Расияанд, бачаҳои Нуробод буданд, Нурободи Ғарм, баъд Душанбе, пага ман туда мепартом, занг бза қатишон гап зан, бугу бародари азиз ҳамин (номашро мегирад) ҳамин масалаҳо қати қати шумаҳон ҳамсуҳбат шид, чи шид оқибатуш, баъд меганут, ки ҳами чизе, ки гуфтан ба гуфтаи ҳамуво амал карден, ҳозир дар озодиян. Ба худо қасам ҳози бо далше дар Расия кор карда гаштестан. Ягон проблемашон нест.
Фақат ҳами ма чизе, ки мегум братишка ту ҳамун кати амал ку, иншоллоҳ аввал худо, охир худо на худут зарар мебинӣ на фарзандотда, (ака фарзанд дорӣ дар оянда) зарар мерасад, на да падару модарат ва на дар оилат зарар мерасад ба бародарат. Фаҳмидӣ?
-Бале.
-Мақсади мо ҳаминай, ки мақсади мо ҳамин қадарай, ки якум вазифаи мо огоҳ карданай. Мардума огоҳ кардан, ки бародари азиз ту ҳамин кирдора кардӣ ҳамин кирдори ту хатояй, то огоҳ бошӣ.
Дуюмборае, ки ҳамин кирдора содир кард баъд нисбатуш шахсан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб мегардад. Ту акун бачаи ёшӣ, ҳоле хунут дар ҷушай, зиндагӣ ҳама дар сари худтай. Ма мефаҳмум. Ма дар Масква қариб се сол коргар будам. Ма медонум уҷа муҳоҷирбачаҳои тоҷик чи хел азоб доран. Ма палаженияи худта сад фоиз мефаҳмум. Бисёр одамо аз ҳисоби вазнинии зиндагиам к****изано дар бораи муҳоҷиро гап мезанан, мушкили муҳоҷиро гап мезанан, фирефта мешан. Шумо ҳоле бачаи ёшен, ин шо Аллоҳ, ки бо дар оянда метонен, ки бо ай роҳтон бигарден, ҳоле дер нашудаст. Фаҳмидӣ Қутбиддин?
-Бале, ака. Насиб карда бошад пага баъд соати чанд равон мекнен ака?
-Гуш, ки Қутбиддин. Пага ма тра соати 9…мо пага 8да маҷлис медуроем, 10 да, 10и Тоҷикистон шумода 8 мешава?
-Бале.
-Хай ина ма соатои 11, 9-и шумо занг мезанум шумода, зангут мезанум, баъд чизеро мегумут, баъзе ҳолатора, баъзе чизора, ту парто, ин шо Аллоҳ ма худута файрод мекунум, ки як ҳуҷҷатут метам, дасти тағатда дига касе, ки пеши тағатам меёя, ё худта занг мезана ҳамун ҳуҷат кати мегӯӣ, ина ака «ма пушаймонӣ кадагиюм, нисбати ма бачаҳои 6ум отдели вилояти Хатлон, коргарои минтақаи мо огоҳанд, ма катишон ҳамсуҳбат шидум. Ма барвақт ай и кором пушаймон шудум». Фаҳмидӣ ошно?
-Бале, акаҷон, бале.
-Ма даст кашидагим. Ма дига у лаънатиҳоя фаҳмидум, ки ҳами хел лаънатиян, ҳамин хел ҳаромианд, падарлаънатанд, ман дигар даст кашидум гушшонам накадум, тамошошон накадум, дигар тарафдоришон накадум гуфта баъзе чизора мегӯӣ. Мақсад ма и ҳолато қати «афв» шудгӣ қати ҳамин маводое, ки қатъ мекунему бо ҳамун ҳуҷата дасти тағатда метем. Дига ҳозир ҳамун вақте ки ҳамин рақамо қати бисёртар қати тағат гап задагиӣ. Бисёр мақомот пеши тағат мераван нишон метен, меган, ки ина нисбати ҷияни ма фаҳмондануш пушаймонай дига ягон ҳуҷҷат не дига ягон кас нисбати ту корбарӣ дига ҳамсуҳбатам намеша, дига на зангут мезана на ғамут мета. Ҳаминҷа далше дига кор карда гаштан мегирӣ. Фаҳмидӣ, додарҷон
-Бале ака, фаҳмидам.
-Ман пга худта занг мезанам дар тилфон бош. Ин шо Алоҳ ман пага чизе, ки мегум ҳаму амалора иҷро ку. Аввал Худо, охир худо мо дар бадии ту нестем додарҷон. Моям ҳама фарзанди инсонем. Ҳами ҳар чизе, ки мегам кун ба як касе, ки мехоҳӣ, хоҳӣ мехоҳӣ ҳаму чиза да худут буку чи хел меша меган.
-Бале
-Ҳиҷ вахт мо дар бади як инсон, бадии ягон инсон нестем
-Бале, акҷон ин шо Алоҳ насибкарда бошад пага занг занед, любой время
-Агар зангут мезанам соати 9-10 додарҷон зангут мезанам бо ҳамсуҳбат мешем
-Хоб ака гап нест.
Хоб
Аллоҳ нигаҳбонат, 1000 раҳмат.
Хоб.
Шарҳи Муҳаммадиқбол
Аммо ин бор, ки суҳбатро мутолаа фармудед, пай бурдед, ки ин 6-ой отделӣ чеҳраи аслии худро намоён мекунад. Ошкоро изҳор менамояд, ки агар «пушаймонӣ» кунӣ, бигуӣ он «-ма даст кашидагим. Ма дига у лаънатиҳоя фаҳмидум, ки ҳами хел лаънатиян, ҳамин хел ҳаромианд, падарлаънатанд, ман дигар даст кашидум гушшонам накадум, тамошошон накадум, дигар тарафдоришон накадум гуфта баъзе чизора мегӯӣ» ва «ман пага чизе, ки мегум ҳаму амалора иҷро ку», «мо дар бадии ту нестем», «ҳоле бо намедонад, ки ҳози дела шад, мумкин ҳаётуш чанд солҳо гуфтум бусуза» он вақт аст ки делои ту қатъ карда мешавад. Яъне ин ба он маъно аст ки қонуни «афв» ба ин нафар аслан дахл накардааст, чи расад ба татбиқ. Агар қонуни «афв» татбиқ мешуд, чи зарурат буд бар «пушаймонӣ».
Ин ҳама суҳбатҳо баёнгари он аст ки ин 6-ой отдел ранги як соҳир ва ранги як сайёд туъмаи худро ёфтааст, контрол ва афсун карда истодааст ва то он даме, ки вориди дом насозад, сокит наменишинад. Ният ва нақшааш холис ва холӣ аз ғараз нест. Тарафдори муборизину мухолифинро пайдо кардааст ва бо тамоми ҳунару санъати милисагӣ кушида истодааст, корро то охир бубарад. Яъне бо даҳону дастони худи вай «итиҳом»-ро дар гарданаш бор кунад. Диққат дода бошед мегӯяд дигар аз кадом отдел ва ниҳодҳои дигар хонатон рафтан нишон метен,ки мора «афв» кадагиян. Яъне боз ҳам интизори афроди дигар пас аз ин «афв»и моро бошед. Боз диққат тиед мегуяд,ки дигар падару бародарота ғам наметан. Охир дар назди қонун шахсе ҷиноят анҷом додааст бояд ҷавоб гуяд, на хонаводаи он шахс. Ошкоро мегӯянд, ки барои як гумонбар хонаводаи шахсро озор медиҳем. Ин дар куҷои қонун омадааст? Рамазон Раҳимзода метавонад инро шарҳ диҳад?
Дар ҳамин суҳбат «додарҷон» бо таҳдиди «ҳаётуш чанд солҳо бисӯза» паҳлуи ҳам меояд. Аз як тараф мегӯяд «мо дар бадии ту нестем», аз тарафи дигар аз зарар ба фарзанду падару модару бародар ёд мекунад. Агар ниятат кумак аст, чаро оромии тамоми хонаводаро ба итоати як муҳоҷир пайванд мезанӣ?
Ҳатто ёд медиҳад, ки киро дашном диҳаду аз кӣ рӯй гардонад. Барои бастани парванда далел лозим аст ё дашном ба мухолифин? Ҷумлаи «ҳар чӣ мегӯям, иҷро кун» саволи асосиро пеш меорад: ту аз муҳоҷир ҳақиқат мехоҳӣ ё фармонбардорӣ?
4. Қутбиддин. Агар ҳамин хел иқрорӣ кунӣ, ина ҳами авфи гузаштагӣ қати маводота қатъ мекнан. Не боша, агар бугуй, ки ман накадам, бхе биё исбот ку, ки ту накадай. Тилфонта мегирӣ меоӣ, дута сайти Телеграм дорӣ. Ягонтеша удалит нокада ҳардуша мегирӣ, мехезӣ меоӣ, исбот мекунӣ, ки ту кадагӣ нестӣ. Неки мо баъзе одамо қатӣ ту гап задагӣ запсои галасавойта дорем ки ҳамин Телеграм кати ту гап задагӣ.
-Кадом одам кати гап задагиям
-Хай туда фарқаш чи. Хай баъде, ки омадӣ, мефаҳмӣ қати кӣ гап задӣ.
-Охи шумо
-Қати одамое, ки …нафаҳмидам
-Шумо гуфтестен, ки одамо қатӣ гап задагӣ. Ман қатӣ кӣ гап задиям, телеграм қатӣ?
-Ошнову ёру рафиқ бо баъзе одамои дига. Ту да группаи Муҳаммадиқбол коментария менавистӣ, бисёртар коментарияҳота. Ман яктабаякта ба ҳамун рақамое, ки Телеграм дорӣ ҳамаша яктабаякта да тағат нишон додум, ҳамаша хондагия
-Ин хелин одамое, ки номшона Рустами Эмомалӣ менависан д…я и болше извините за вирожения. Баъд шумо ҳамаи ҳаваёра да калаи ма мезанен. Типа ма нависондам. Ма Муҳаммадиқбола ай куҷо мешиносум? Соф туҳмат кадестаи ака.
-Гуш ку, гуш ку Рустами Эмомалӣ навистагияй. Гуш ку, таваллудут чанда туя
-2002
-Гуш ку, патсан будай. Ман ба умри ту фақат ба дар як самт кор кардгиюм. Ту мара аку нагу ки ранги ман ягала Рустам Эмомалӣ навистагия мегуй. Унҷа номер сохранит мекунӣ, ҳамун даруни чат медроӣ қати номеруш меброя да апарат, ба кадом номер навистагияй. Фаҳмидӣ ошно
-Ҳа ҳм
— И ту ихел ту мара фиреб мекунӣ. Ту ихел ҳиҷ кира фиреб када наметонӣ. Ҳаму барномара одам ихтироъ кадагӣ, ягонкаси дига не. Бо бар зиди ҳамун барнома. Меган ку «чита бо контр чита».
Мақсад, ошно агар буфорад ҳамкорӣ кунӣ, худиқрорӣ кунӣ, пушаймонӣ кнӣ, ҳами супоришои роҳбари давлата дар асоси афви гузашта маводота қатъ мекнан.
Мо, дорем, бисёр ҳолатои исботкунанда дорем.
Мақсад ай и чияй? Чем як каса доғдор кардан ҳамура пешгирӣ кнем мода у хубтарай. Тра ай суд кардану нисбати ту дела кадан мо тра пешгирӣ кунем буфаҳмонем, корои фаҳмондаҳӣ кнем, ки дар ояндам накунӣ и хубтарай мода. Фаҳмидӣ, ки Қутбиддин. Мо ба и хотир тура занг задестем. Агар мо тура делокун мешудем мо тағата чор моҳ пеш даъват кардагӣ будум. Чор моҳ пеш. Ҳамон вақт мегирифтам мавод мекардам месупоридам. Якум вазифаи мо пешгирияй огоҳонияй. Ман тра ҳамчун бародар занг задестам, фаҳмондестам, ки ана ҳаминхели ҳолат шудагияй иҷа. Любой одамизод хатояй. Ягон одамизод бехато нест. Фаҳмидӣ ошно?
-Бале
-Ту агар бигуӣ, ки мо тра барои ягон кор ё мо тра доғдор кардан ё ҳаёти тра сузондан, тра дела кардан, ҳамита агар дела шавӣ Қутбиддин, ку ҳамон фермае, ки кор мекунӣ, ку Қутбиддин ай ҳамун ферма ҳучут мекнанта мебиёрнут. Бо бугумут адресут куҷода, кадом фермада?
-Биё, бугу ака адресора
-Не аку шарт нест, ки ҳамаша ма тра бугум
-Не бугу ака. Ма у ферма давним давно буромадам. Ман Челябинск рафтагиюм. Алҳамдулиллоҳ, ҷом ништякай.
-Гуш кун кӣ.Ҷот ҳамавақт худованд тинҷ бошад. Мо да бадии ягон шаҳрванд нестем. Мақсди мо чияй. Ҳамин хатогӣ содир шудагияй ба рақамои ту. Вазифаи мо туро огоҳ карданай, ки эй,бародари азиз ҳамин хатоҳай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. ҳамин кирдорҳо ҷиноятай. И ҳамин қадар гапай. Тра ай ҳамин раҳ гардонданай. Дела кардан даркор бошад ҳозир барвақт мегирифтан делат мекардан. Кадом вариантуш туда хубай?
-Ман ягон, на нисбати роҳбари давлат на нисбати давлат ягон чи гап задагӣ нестум. И ай куҷо шумо и хелӣ гуфтестен..
-Бале, охи ҳамин коментарияра кай нависондагиян баъд
Ма ҳамаи ира скриншот кадагиюм ҳамаша, ҳамаш ҳаст то паследний каментария…. Ҳоле я дақиқа. Ҳамин туӣ ака?
Хай ба ҳамун гуруҳҳои к***изано чиба даромадай коментария навистӣ.. Хай майла. Зани ҳамун Муҳаммадиқбола ма ….
-Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ
-Зарае хизматуш на ба давлат расидай, на ба ҳукумат, на ба давлат. Ба кӣ кардай хизмат. Ҳоле ҳами к***изан ҳамихела гап мезана дар гуруҳи ҳавоё медарое, шумо тарафдорӣ к***изани оқипадари валадуззино мекунӣ.
-Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ. Мо ай ягон каса тарафдорӣ накардум. Ма Муҳаммадиқбола намешиносум. Ма якум борай шунавидестам номи Муҳаммадиқбола.
-Хорошо, гуш ку, ягон проблема нест. Ба ягон тилфони дига бдро, ягон прблема нест. Ҳамин ту баёноти худта отделно ҳоле занг зан ҳами ту бгуи, ки ҳамин хелӣ саркашӣ кнӣ, пушаймонӣ накунӣ мода ҳамиқадар достаточнаяй, ки ҳами рақамои ту кати ҳамин кирдор содир шудагияй ку, асос ҳамин қадар мода басай.
Мо тра бо гуфта истодаем, ки эй, бародар мо тра мақсади делокунию тра доғдор кардана, ҳаёти тра сузондана надорем. Мақсади мо тра фаҳмонданай пешгирӣ карданай. Ту мегуй ма накардам. Накадай? Бхе биё, ина, бхе биё исбот кун, ки ту накадай ба ҳамун рақам. Чиба рақамои ту қатӣ кӣ медроя мекна?
-О ма, ай куҷо медонум. И хели рақамо ҳамаша пешакӣ чи будан, необизателно оформит кадан. Ҳозир ин хел ҳама сар шудаст.
Чо кадаст?
-Не обизателно буд ба ному насаб гирифтан симкарт, ба номи дига кас будай, шояд да номи дига кас будай ё дига одама нависондагиан. На Муҳаммадиқболта мешиносум не дигару дигарта. Шумо изначлно мара занг заден, шумо худтон гуфтен намекира мешиносӣ? Баъд оста оста…. намедонам шумо чи мехоҳед, чи мақсад доред. Ман бар зидди роҳбари давлат на ягон гап задагим на бар зиди ягон мақомот
— Мақсади мо чияй, ягонаяй, мақсади мо ягонаяй. Ҳамин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фирефтаи ҳамин к***зано мешаван, ҳамин оқипадаро мешаван, аз ҷумла, Муҳаммадиқбол. Ҳамувора фаҳмонем, ки лаънатӣ и роҳи хатода. Агар и к***зано роҳи ҳақда мешудан…… и к**зано нимуш да дига давлата, нимиш да дига давлатан, ранги пароканда лашкаранд. Фаҳмидӣ?
-Ма намешиносумуш охи, ма историяи ваёра надонум ака, аз куҷоан чиан киян мада чи нақл кадестаи?
Шарҳи Муҳаммадиқбол..
-Таҳқиру дашному сақатгуфтанҳоят барои худат. Гуфти гапо: «манам ҳамту».
Аммо, ту инҷо бояд ошкоро бигуӣ, ки нарав бо Муҳаммадиқбол. Пеши ҷанобу пешво, биё. Тарсу ҳаросат ин аст ки мардум як рӯз ин ҷаноби пиёнискаи гарданбалонигазии дузду ғоратгару порахуру даюси душмани давлату миллат, ҷинояткори одамкуши зидди дину оинро чапа мекунанд. Ту, мехоҳӣ, ки аз ҳамин кор ҷилавгирӣ намоӣ. Ин ҳарфҳои ту,ки намехоҳем ҳаётат бисузад, намехоҳем доғдор бишавӣ, як фиреб ва найранг асту бас. Ҳоло ин ҷавон дар дастат биуфтад аз сад ҷонаш як ҷонаш раҳо намешавад. Ту ҳоло дар суҳбат аз лайку комментария мегӯӣ, дар ҳоле, ки инҳоро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф карданд. Ҳоло, ки аз қонуни ҷиноӣ инҳо ҳазф карда шудааст, ту чаро ин муҳоҷири бечораро фишор меоварӣ, таҳдид мекунӣ, «дустона ва бародарвор» аз қатъи дело суҳбат мекунӣ. Бо ин лайку коментария, ки дигар дело нмекушоянд. Аз ин маълум мешавад, ки ба ин муҳоҷир статяи дигар задаӣ ва ҳамаи ин дилсузиҳоят, ки ҳаёташро насузӣ донаи даруни дом асту бас. Ин бечораи муҳоҷир ҳеҷ ҷинояте накардааст,ки барои баргардониданаш инқадар зур зада дашном мекунӣ. Охир дар ватан онҳое ҳастанд ба онҳо ҷои кори муносиб пайдо кунед, то рӯзгорашон ободу тенҷ шаванд дар ин ҳолат дар ҳаёташон Муҳаммадиқболро тамошо намекунанд. Охир ин ҳама муҳоҷироне дар Русия аз тарафи мақомоти Рус таҳқир мешаванд вақте мебинанд сафорат ва давлаташон ҳимояташон намекунад чикор кунанд? Бо ҳавопаймои Ҳасани ишкамба Сомонэйр меоред 70 дарсадашонро бар мегардонанд. Қарз карда рафтааст Русия. Чикор кунад ин муҳоҷир? Чаро ин масоилро фикр намекуни якбор?
Инҷо дигар ваъдаи «додарҷон» ба «биё исбот кун, ки накардаӣ» мерасад. Худат иттиҳом мегузорӣ, баъд аз муҳоҷир талаб мекунӣ, ки омада онро рад кунад. Мегӯӣ далел дорӣ — пас далелатро равшан нишон деҳ! Дашном далел намешавад, таҳдид ҳам ҳақиқатро исбот намекунад!
Мегӯӣ «ҳаётатро сӯзондан намехоҳем», вале аз ҷойи кораш оварданашро пеш мекашӣ. Ин чӣ дилсӯзист, ки баробари шунидани «ман накардаам» ба таҳдид табдил меёбад?
Ба ман дашном додан ҷавоби саволи Қутбиддин нест. Ӯ мепурсад: «Ман чӣ кардаам?» Ту аз Муҳаммадиқбол мегӯӣ. Агар масъала кирдори ҳамин ҷавон аст, далелашро биёр; агар масъала шунидани сухани мухолифин аст, пас номи ин фишорро «ғамхорӣ» нагузор!
5.-Гуш кун бародар падару модарат да Тоҷикистонан?
-Не, нестан
-Да ёдут ҳастан?
-Алҳамдуллиллоҳ
Гуш кун Қутбиддин. Як бор фигр ку. Ина як мисоли одит миёрум ай ҳами беқлии мардум. Давлате дорем ҳами ҳамсояи Афғонистон, ай беақлии мардумуш чил солай ҷангай аҳ тинҷира намебинан. Аввалаш шукронаи ҳамин тинҷии давлату миллат кардан даркор, дуюмуш зани ҳамун одамеро, ки ман бу***ом бадхоҳи ҳамин давлату миллатай. Фаҳмидӣ ошно
-Марам ҳамута, чи хеле, ки шумо гуфтен ҳами хел. Касе,ки мардума зулм мекуна….
-Ҳов, ҳамин хел. Қутбуддин. Бишӣ як конкретно фигр ку. Агар бигуй, ки ма пушаймонум, хато кадагиюм, любой одамизод хато мекуна, ман дар ҳамин таҷрибаи корӣ аз соли 20… фақат ҳамин самтда. Одамоеша дидум, мардакои калон фирефта мешанд, соҳиби 5-6 фарзандан, мардакои калонанд, меган хатогӣ шид. Мард ҳамун мардай, ки хатогӣ мекунад бо ба ҳамун хатогиш тан дода метона.
Мо тра намегуем, ки ягон каса куштай, мо тра намегуем, ки ягон террористӣ, мо тра намегуем ки я экстремистӣ, и ба он навистани ту ягон кас ягон чи намешава…..
Шарҳи Муҳаммадиқбол
Бубинед, ки аз номи як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон чиҳо мегӯяд ва чиҳо ёд медиҳад: «Ма даст кашидагим. Ма дига у лаънатиҳоя фаҳмидум, ки ҳами хел лаънатиян, ҳамин хел ҳаромианд, падарлаънатанд, ман дигар даст кашидум гушшонам накадум, тамошошон накардум дигар тарафдоришон накардум гуфта баъзе чизора мегӯӣ мақсад ма ҳолатҳое қати афви шудгӣ қатӣ ҳамин маводое, ки қатъ мекунему бо ҳамун ҳуҷата дасти тағатда метем».
Ту кӣ ҳастӣ, ки барои як нафари дигар хату нишон мекашӣ, сарнавишти зиндагиашро таъин мекунӣ?
«Мард ҳамун мардай, ки хатогӣ мекунад бо ба ҳамун хатогиш тан дода метона.
Мо тра намегуем, ки ягон каса куштай, мо тра намегуем, ки ягон террористӣ, мо тра намегуем ки як экстремистӣ, и ба он навистани ту ягон кас ягон чи намешава…..»
Ё тавба. Акнун овард, оварду ин муҳоҷири бечораро хатокор баровард. Охир чаро бояд террорист бигӯӣ?
Бубинед, ки бо чи лаҳну лаҳҷа такаллум мекунад? «Мо тра намегуем,ки ягон каса куштай,мо тра намегуем, ки ягон террористӣ, мо тра намегуем ки я экстремистӣ, ….».
Ин як навъ шантажу иръобу таҳдиди руирост аст. Ин маънояш он аст ки «мо..метавонем, агар бихоҳем чунин ҳам мегуем». Кӣ медонад, шояд ҳамин тавр ҳам гуфта бошӣ?
Худи ту мегӯӣ: «Мо тра намегуем, ки ягон каса куштай… ягон террористӣ… экстремистӣ». Боз худат илова мекунӣ: «Ба он навистани ту ягон кас ягон чи намешава». Пас ин ҳама исрор барои чист? Чаро бояд ҷавон ҳатман ҳамон ҷумлаеро бигӯяд, ки ту мехоҳӣ: «Хато кардам, пушаймонам»?
Мегӯӣ мард бояд хатояшро эътироф кунад. Хуб, аз худат сар кун номарди аблаҳ: дашном доданатро чӣ меномӣ? Тарсондани муҳоҷирро чӣ меномӣ? Ба даҳони каси дигар матни «пушаймонӣ» гузоштанатро чӣ меномӣ? Ё эътирофи хато фақат вазифаи муҳоҷир асту ту барои ҳар сухану рафторат ҷавоб намедиҳӣ?
Аз «тинҷии давлату миллат» мегӯӣ, вале суҳбататро бо таҳқиру дашном меомезӣ. Оромии ҳамин муҳоҷир ҳам ҷузъи оромии миллат аст! Намешавад аз ӯ шукронаи оромӣ талаб карду ҳамзамон аз парванда тарсонд.
Либоси хизматӣ ба дашноми ту ҳаққоният намедиҳад. Мансаб ҳам сухани туро далел намекунад. Агар хато кардааст, мушаххас бигӯву асосашро нишон деҳ. Агар ҷавобат танҳо «пушаймон шав» бошад, савол боқӣ мемонад: ту ҳақиқатро меҷӯӣ ё таслим шудани инсонро?
Охирсухани Муҳаммадиқбол
Раҳмонову дору дастааш аз худ дилпур нестанд. Ҳар лаҳза имкони шикастан ва титу пора шудан доранд. Инро нек медонанд. Барои ҳамин ҳамвора дар талошу пайкор бо халқанд, то нашавад, ки тарс аз қалбу руҳи онҳо биравад ва беҳтар ин аст ки душняк кунанду хафақон. Намебинед, ки чи мегуяд «мақсади мо огоҳ карданай аз роҳ баргардӣ».
Ҳоло бипурс, ки аз кадом раҳ баргардад. Аз роҳе, ки пеши муборизин мебарад. Хуб, ки чаро? Барои онки муборизин қасд ва ҳадафашон ин аст ки ин режими зиддимиллиро бо Раҳмонову дору дастааш бо шумул ҳамин 6-ой отдел несту сарнагун кунад. Режиме, ки дору мадори мамлакатро балъида, фуру бурда, дам кашида истодааст.
Ҳасанро бо Панҷшанбе чи кор, Зоирро бо Зумрату Шоамбарӣ чи кор, Бег Сабурро бо Назарайлоқ чи кор, Шамуллоро бо Кантеву Ҷиҷику Ғузн чи кор.
Муборизин мехоҳанд мардумро иттифоқ кунад то роҳи пулакӣ, ки пулаш ба ҷайби Озода меравад, билети самолётҳоро, ки Тахмина мехурад, то Исмоили пингвин даст аз ғорату дуздии мардум бардоранд.
Ва ин милиса дастур гирифтагӣ аст ки мардумро статя занад, махсусан онҳоеро, ки ҳамроҳ ва дар канори муборизину мухолифинанд.
Муборизину мухолифин ин схемаи таҷовузи ошкорои мардумро бармало ва ошкор мекунад ва ҳар касе барои мисол муборизинро мешунавад мехонад мебинад, ки росту дуруст мегуянд. Инҳо намехоҳанд, ки халқ фаҳмаду безобитаву бетоқат шаваду як рӯз даст ба сари инҳо бардорад. Халқ бояд ана ҳамин тавр мурғ шавад, гусфанд шавад, сар боло накунад ҳеҷчи напурсад. Шумо дикта кунед, контрол кунед, таъин кунед.
«и ба он навистани ту ягон кас ягон чи намешава…..» Хуб, агар ягон кас ягон чи нашавад, ту чиро ин ҳама заҳмату часпу талош мекунӣ, занг мезанӣ, ки статя дорӣ, ҳаётатро насузон, ёшӣ! Чаро? Ҳоло бовар дорӣ, ки ба ту бовар мекунем. Бовар кунем, ки ҳаёти ману мо назди ту арзише дорад. На.Тамоман на. «Ту барои ҳифзи мурғу бузи Озодаву Рустами Азизмову Раҳмонов омодаӣ, ки халқи худоро ба дор бикашӣ».
Ҳоло, ки чандин бор муохлифину муборизинро ҳақорату дашном кардӣ (магар як корманди ҳифзи ҳуқуқ ҳамин тавр суҳбат мекунад ва бо ҳамин забон гап мезанад?) бароят бигӯям, ки мухолифин ва муборизин кӣ ҳастанд? Мухолифин ва муборизин шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистонанд. Онҳо ҳамчуноне, ки ту, ҳамчуноне, ки Раҳмонов, ҳамчуноне, ки Рутаму Сомону Озодаву Фирузаву дигару дигараш ҳақи зиндагӣ дар ватан доранд, ҳақ доранд. Онҳо имрӯз барои он дар хориҷанд, ки Раҳмонов нахост. Вале нахостани Раҳмонов охири дунё нест. Чун ин ватан танҳо моли Раҳмонов ва семейкаи ӯ нест.
Раҳмонов ватанро, молу сарвати мамлакатро, давлатро хусусӣ, оилавӣ авлодӣ кардааст. Муборзин ва мухолифин ба ин розӣ нестанд. Молу мулку идораи давлат ва ҳокимиятро мехоҳанд ба соҳибони аслии он- халқи тоҷик барбигардонанд. Розӣ нестанд, ки як оила ва як авлод халқро ғулому бардаву банда кунад. Халқи тоҷик бояд озод бошад. Ана барои ҳамин Раҳмонов шароити зиндагӣ дар ватан барои муборизину мухолифинро гирифт:-кушт, зиндонӣ кард ва ночор мо мухолифин даст ба ҷилои хонаву кошона, замину замон ва ватанамон задем. Пас, магар мо ҳақ надорем, ки ба ватан, хонаву дари худ баргардем?
Ин тавр нест, ки фақат мо мухолифину муборизин инро мехоҳем. Садҳо, балки миллионҳо тоҷики овораву сарсону муҳоҷир мехоҳанд, ки дар ватани худ кору зиндагии шоиста ва одамвор дошт бошанд. Аммо Раҳмонов ин имконият ва ин ҳақи табиъӣ, фитрӣ ва қонуниро аз ин ҷамъият ва ин мардум гирифта ва ба аҳли байту авлодаш додааст ва барои амсоли ту милисаи аблаҳ шароиту ҳуқуқи беҳаду марз додааст, то мардумро саркуб куниву тарсонӣ, ки сар боло накунанд, ҳақи табиии худро напурсанд ва бо миёни хаму даҳани пушида ҳар амру дастур, ки Раҳмонову оила ва авлодаш медиҳад, иҷро кунанд.
Ин тавр намешавад. Бидон ва огоҳ бош, ки ин номумкин аст. Мо, ин имкон ва ин роҳату рифоҳро, ки Раҳмонову оилаву авлодаш барои худ ва аз ҳисоби мо -мардуми Тоҷикистон ташкил кардааст, имрӯз ё фардо ин шо Аллоҳ мегирем. Мо, ин яъне ҳамин муборизину мухолифин ва миллионҳо шаҳрванди кишвар, ки солҳост заҳри ғурбату муҳоҷиратро барои як луқма нон дар хориҷ аз кишвар мекашанд.
Ана ҳамин аст мақсаду мароми мо. Мо, барои худу бачаи худу зани худу домоди худу ҷияни худу қудои худ не, барои кулл ва тамоми мардуми ин сарзамин Тоҷикистонро, ин шо Аллоҳ бармегардонем. Шумо хоҳ хоин мегуед, хоҳ ифротиву эктремист мегуед, фоидаатон нахоҳад кард. Чунки мардум дида истодааст, ки хоину дузду қаллобу яғмогару ғоратгари молу мулки мардум дар Тоҷикистон кӣ аст?
Мо, барои ин мардум ва ин миллат ҷанобу пешвову асосгузор намешавем, мо ходим ва хизматгори он ва он ҳам барои муваққат, на модомулумр мешавем. Мо худро аз мардум боло намегузорем, мо худро ҷудо намекунем, барои худ қонуни алоҳида вазъ намекунем, мо ҷузъи ин мардумем.
Ана барои ҳамин мардум ва аз ҷумла ин бародар пеши мо меоянд, бо мо пайваст мешаванд, моро мехоҳанд.
Ана барои ҳамин шумо тарс медиҳед, саркуб мекунед, фишор меоваред, таҳдид мекунед.
Агар ту милиса, масъулияти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванди кишварро дорӣ, чаро условия мемонӣ. Иттиҳоме, ки барои ман ворид кардӣ, комментария ба Муҳаммадиқбол ба гуфтаи худат дар авф уфтодааст, хуб боз чи чизат мефорад? Талаби қонунро татбиқ ва иҷро кун, ҷони ту ҳам халос, ҷони ин муҳоҷири бечор ҳам. Чаро вай «худиқрорӣ» кунад, чаро метарсонӣ, ки аз ҷойи кориат «ферма» меравию «ҳуҷ» мекуниву меоварӣ?
Ин ҳарбу зарб, ин задубанд, ин муҳориба, ин муҷодаларо бубинед. Намегӯӣ, ки милиса ҳимоятгарӣ ту аст, ба хулоса мерсаӣ, ки милисаи Раҳмонов гуркови ту аст.
Дар тамоми давлатҳои дунё гуруҳҳои мухолифин оппозитсия амал мекунад. Чаро як нафар бо опозитсион гап занад, шуморо намефорад. Ту чи ҳақ дорӣ телефони ӯро таҷассус ва тафаҳҳус мекунӣ? Магар аз ту бояд бипурсид, ки бо кӣ гап бизанем бо кӣ гапзадан мамнуъ аст?
Ту кӣ ҳастӣ? Яъне ҳамаи 10 миллион аҳолӣ бояд фақат Раҳмонов гуяд? Пас чаро Раҳмонов ранги аҳолӣ ва ҳамроҳи аҳолӣ нест?
Ҳеҷ дидӣ ва медонӣ, ки ягон бачаву набераву ҷияну бачаи ҷияну бачаи холаву аммаву амаки Раҳмонов аскарӣ рафтааст, облава шудааст, дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад?
Ҳоло мегӯӣ, ки ман мефаҳмум азоба.
Хуб, ки фаҳмӣ, нафар, ки азоб кашидааст, ҳади ақл бояд гап бизанад?
Фикр мекунӣ ҷаҳон ҳамин фақат Раҳмонов Ҷаҳоннамову Сафинаву Шабаки аввалу ҷашни 35 солагии истиқлолият аст?
Дунё дигар аст. Ҳафт духтару ҳафт домоди расмӣ ва ҳазорон ғайрирасмии Раҳмонов, ки дар зарқу барқ ғутидаанд, ту бошӣ дунболи як муҳоҷир мегардӣ.
Шарми ту даюси ноҷавонмард бод!
Хитоб ба соҳиби дукони «ЭЗОҲ»Рамазон Раҳимзода!
Ҳой, Рамазон Раҳимзода! Ин матни суҳбатро бихонед ва ҷавоб диҳед: кормандони шумо бо муҳоҷирон суҳбат мекунанд ё онҳоро ба иқрори фармоишӣ мекашад? Ин чӣ тарзи кор аст, ки аввал ҷумлаи «пушаймонам»-ро ёд медиҳанд, баъд ваъдаи бастани мавод мекунанд ва ҳангоми шунидани «ман накардаам» ба таҳдиду дашном мегузаранд?
Шумо бо истифодаи «эзоҳ» чӣ балоҳое бар сари мардум оварда истодаед? «Эзоҳ»-ро ба мардум равшан шарҳ медиҳед ё онро воситаи тарсондану миннат гузоштан кардаед? Чаро муҳоҷир бояд гумон кунад, ки оромии ӯву хонаводааш ба ризояти як корманд ва як «голосовой» вобаста аст?
Дар бораи сафари ҳайати ВКД ба Маскав ва пулгирӣ аз муҳоҷирон матлаби алоҳида нашр карда будем. Ҷавоби шумо чист? Ҳайат бо кадом супориш рафт, бо киҳо мулоқот кард ва фаъолияти онро кӣ назорат намуд? Оё медонед миллионҳо рубл ситонида баргаштанд. Оё ба шумо чанд доданд? Агар пул нагирифтанд мо далел пеш меорем, агар худатон иқрор кунед пас бигуед чанд миллион ба шумо доданд? Бо раддияи умумӣ ин саволҳоро пӯшондан намешавад.
Магар дар ВКД «дӯкони эзоҳфурӯшӣ» кушодаед, ки муҳоҷир барои халос шудан аз тарсу таъқиб назди корманд миннатдор бошад? Агар чунин нест, пас бо санад, бо таҳқиқ ва бо ҷавобгар кардани ҳар корманди гунаҳкор нишон диҳед!
Бас кунед ин фишорро бар муҳоҷир! Инсон дар ғурбат нон меҷӯяд. Ба ҷойи ҳимояаш аз таҳқир, боз аз ватан занг занеду бо парванда тарсонед — баъд аз ӯ бовару эҳтиром мехоҳед?
Рамазон Раҳимзода, оё фикр кардаед, ки чунин зангҳо чӣ нобоварӣ ва хашме ба вуҷуд меоранд? Бо таҳдид муҳаббат ба ҳукумат намесозанд. Бо дашном обрӯи Раҳмонову Рустам ва хонаводаашонро ҳифз намекунанд. Ё намефаҳмед, ки чунин рафтор метавонад эътимод ба ҳамон ҳукуматеро вайрон кунад, ки худро ҳомии он медонед?
Аз муҳоҷир «пушаймонӣ» талаб кардан осон аст. Аз корманди худ барои таҳдиду таҳқир ҷавоб талаб кунед! Аз мардум иқрор мехоҳед — худатон ҳам ба ин саволҳо ҷавоб диҳед. ВКД бояд паноҳи шаҳрванд бошад; чаро дар ин суҳбат номи он бо тарс пайванд мехӯрад?
