Номаи маро алоҳида нашр кунед№ 76
Ин бор дар шумораи навбатии барнома шикоятнома аз номи як гурӯҳ аз олимони Пажуҳишгоҳи геологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзури шумо мегардад. Ному насаби муаллифони нома, ки дар байнашон доктори илму номзади илм ҳам ҳастанд, пеши мо маҳфуз мемонад.
Манзур аз нашри ин нома на он аст ки мақомот дар пайи ҷустуҷӯ ва таъқиби муаллифон шаванд. Манзури мо ин аст ки сирф бо нияти холис ва бидуни кадом ғараз мақомот дар пайи баррасӣ ва тафтиши муҳтавои он бишаванд.
Набояд иҷозат дод, ки муассисаҳои тадқиқотӣ ва боргоҳҳои илмӣ низ дастхуши фасоду дастхуши маҳаллу дастхуши хешутаборбозӣ бишаванд. Пажуҳишгоҳи геология як маркази бисёр ҳам муҳим ва ҳаётӣ барои ояндаи Тоҷикистон аст. Кормандони он бояд шароити хуби кору зиндагӣ ва оромиши равониву корӣ дошта бошанд. Аммо ба назар мерасад, ки дар ин муассисаи илмиву тадқиқотӣ ҳам сиёсати «бачаҳакои боло» ҳоким шудааст, ки мутаассифона ҳам барои имрӯз ва ҳам барои фардои кишвар паёмадҳои мусибатбор хоҳад дошт.
Мо дар матни номаи олимони ин Пажуҳишгоҳ, ки бо чунин ҷумлаҳо шуруъ мешавад, ба ҷуз аз рафъи иштибоҳоти имлоӣ ҳеҷ тағйироте ворид накардем:
«Салом, муҳтарам Муҳаммадиқбол.
Ба Шумо муроҷиати як гурӯҳ кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ-ро ирсол менамоем. Хоҳиш мекунем, ки бо мазмуни мактуб шинос шуда, дар сурати имкон онро баррасӣ намоед.
Ягона нафаре ҳастӣ, ки ба доди мо мерасед ва арзу шикоятҳои моро ба ҷои лозима мерасонед. Матни пурраи муроҷиат дар файли замимашуда оварда шудааст.
Бо эҳтиром, гурӯҳи кормандони Институт.
Дар пешнависи матни ин нома, вақте мо файлро боз кардем, бо чунин навишта бархурдем:
Кӣ Институти геологияро ба ин ҳол расонд?
Шикоят аз сиёсати кадрӣ ва идоракунӣ; «хешутаборбозӣ, беадолатӣ ва маҳдуд шудани корҳо». «Муроҷиати кормандони Институти геология»
Ва ҳоло номаи шикоятии кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ-ро онгуна, ки ба дастамон расид, пешкашатон менамоем:
Институти геологияро кӣ ба ин ҳол расонд?
«Салом, бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Умедворем, ки дар хориҷи кишвар сиҳату саломат ва хуб ҳастед. Мо, мардуми тоҷик ҳамеша дуогуи Шумо ҳастем. Гарчанде, ки аз чашм дур бошед ҳам, ба дил наздик ҳастед.
Ростӣ, аксари мардуми тоҷик Шуморо дӯст медоранд ва барномаҳои Шуморо пайгирӣ мекунанд. Чунки бовар доранд, Шумо бисёр масъалаҳо ва ҳақиқатҳоеро, ки мардум имкони ошкоро гуфтанашонро надоранд, ба гӯшу чашми ҷомеа ва ҳукуматдорон мерасонед.
Умедворем, ки рӯзе ҳақ бар ботил ғолиб меояд. Қариб 98% мардуми Тоҷик Шуморо дӯст медоранд, ва он 2% -и боқимонда ҳам аз маҷбурӣ ва аз тарси вазифаҳояшон ин хел суханҳо мегуянд, чун ки Шумо ҳақиқатро ба гушу чашми мардум расонида нишон медиҳед. Мардуми Тоҷик барномаҳои Шуморо тамошо мекунанд ва ҳамеша ҳақиқатро аз даҳони Шумо мешунаванд.
Имрӯз мо як гурӯҳ кормандони Институти геология, сотмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИГСЗТС АМИТ) аз фаъоляти директори Институт САФАРАЛИЗОДА НОСИР ба дод омада, маҷбур шудем ин номаро ба Шумо нависем. Ба назари мо, таъин шудани ӯ ба вазифаи директори Институт боиси саволҳои зиёд гардидааст. Дар вақти интихоби роҳбар номзадҳои арзанда ва соҳибтаҷриба низ буданд, аммо, ҳуҷҷатҳои онҳо канор монда, дар муддати хеле кӯтоҳ ҳуҷҷатҳои Сафарализода Носир пешбарӣ шуданд. Худаш тасодуфӣ ба ин боргоҳ омадааст. Дигар номзадҳои арзанда буданд, аммо делои онҳо “таг”-и дигар делоҳо монд ва дар байни 1 ё 2 рӯз делаи ин чи хел ба “боло” омад, худашон медонанд. Дар Институт ба гуфти худаш гуё, ки ягон кас кор намекарда бошад, ҳамаи корҳоро худи вай мекарда бошад ва тамоми таъмири биноро, ки ҳатто 1% таъмин накардааст гуё худаш аз кисаи худаш карда бошад ва боз дар пеши кормандҳо кисаашро мебарорад ва мегуяд, ки «ина бинед дар кисаам ягон суми дига намондааст ҳамаша барои шумо “ДИБИЛҲО” сарф кардам». Худашро 1.5 сол шудаст директор таъин карданашро, аммо дар ин муддат тамоми кормандонро безор аз ҷон кардааст.
Аз рӯзи аввале, ки омад яке аз «советникҳояш» Сардори экспедитсияи сангҳои қиматбаҳои Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Малахов Фируз буд. Вай худаш як дузди бюҷети давлатӣ аст. Аз бюҷети давлатӣ миллионҳо- миллионҳо сомонӣ барои экспедитсияҳо гирифта аммо ягон экспедитсияи дуруст гузаронидагӣ нест. Як ҳафта мераванд кори саҳроӣ, аммо омада дар ҳуҷҷат 3 ё 4 моҳ менависанд. 24 соат фақат арақхуриву маишат аст кораш, албатта аз ҳисоби бюҷети давлат. Вай омада ин директори аблаҳро роҳнамоӣ мекунад. Қаллоб боз қаллобиро барои ин нишон дода истодааст.
Ҳоло тақрибан якуним сол мешавад, ки ӯ директори Институт аст. Аммо дар ин муддат, ба гуфтаи бисёр кормандон, фазои корӣ хеле вазнин шудааст. Аризаҳо ва гузоришҳои кормандонро аксар вақт қабул намекунад, онҳоро рад мекунад ё бе баррасии ҷиддӣ бармегардонад.
Ба фикру пешниҳоди кормандон кам гӯш медиҳад ва муносибати ӯ бо баъзе кормандон боиси норозигии зиёд шудааст. Сафарализода Носирро ҳатто дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факултети геология ҳам ягон кас нағзаш намедид ва намебинад. Ҳамаи онҳо ба мо ҳаррӯза мегуянд, ки «хайрият аз факултет рафт, ҷони мо халос шуд, офаринатон ва ба шумо сабри ҷамил хоҳонем».
Дар факултет ҳатто барои мудири кафедра шуданаш муаллимҳо номзадияшро қабул накарданд. Ҳатто 1 нафар ҳам овозаш надодааст, ки мудири кафедра шавад.
Акнун Шумо қаззоват кунед, ки чи гуна инхел инсонҳо яку якбора роҳбари як муассисаи илмӣ мешаванду тамоми професорону докторону кормандони илмиро назорат мекунанд. Тағояш Ҳоҷӣ Солеҳ ном дорад, ки мудири шуъбаи аспирантон ва магистрони АМИТ будааст. Гуё барои ӯ маблағи калон додааст ва он гуфтааст, ки «географияш туғрияй, мешавад». Ҳоҷӣ Солеҳ худаш кӣ аст, мо намедонем, аммо вай бо ҳамроҳии Хушвахтзода Қобилҷон, президенти АМИТ, гуё маблағи додагии вайро тақсим кардаанд ва боз чи қадарашро ба боло бурдаанд. Ҳоҷӣ Солеҳ аз командаи Қобилҷон Хушвахтзода аст. Вай пулҳои Донишгоҳи миллиро дуздид ва боз ба АМИТ омад ва тамоми маблағҳои инҷоро ҳам гирифта дар 9км як кудакистони шахсӣ сохт. Акнун қазоват кунед, ки як муаллими оддӣ аз куҷо ин қадар маблағ меёбад, ки рафта кудакистони хусусӣ созад? Ба гуфти одамҳои худаш Ҳоҷӣ Солеҳ дар маркази шаҳри Душанбе дар биноҳои баландошиёна 3 ё 4 хона дорад.
Яке аз масъалаҳои аз ҳама нигаронкунанда сиёсати кадрии директор мебошад.
Аз рӯзҳои аввали ба вазифа омаданаш ӯ шахсони наздик, шиносҳо ва хешовандони худро ба Институт овардааст. Ҳатто баъзе нафароне, ки таҷрибаи кофии илмӣ ё собиқаи зарурӣ надоранд, ба вазифаҳои илмӣ таъин шудаанд ва дар лабораторияҳо тақсимашон кардааст. Барои одамҳои худаш «зелёний светофор» аст. Вале кормандони илмие, ки собиқаи кории 10, 15 ва 20 сола дар Институт доранд агар 1 дақиқа дер кунанд аз болояшон гузориш мешавад. Одамҳои худаш ҳатто моҳҳо дар Институт ба кор намебиёянд ва ҳатто як ҳисобот ҳам пешниҳод намекунанд. Лекин маблағи давлатро маош гуфта гирифта истодаанд.
Мо зидди ба кор омадани ҷавонон нестем. Баръакс, тарафдори он ҳастем, ки ҷавонони лаёқатманд ба илм ҷалб шаванд, таҷриба омӯзанд ва ба давлату миллат хизмат кунанд. Аммо ҳама чиз бояд тибқи қоида, оиннома ва талаботи илмӣ сурат гирад. Аммо ҳамаи чиз ҳад дорад. Наход донишҷӯй омада ходими калони илмӣ шавад?
Кормандоне, ки собиқаи кории 10 ё 15 сола доранд, ҳануз ходими калон нестанд вале ин одами худаш, ки донишҷӯй аст, омад ходими калон интихобаш кард.
Мувофиқи оинома ва талаботҳои АМИТ кормандоне, ки собиқаи кории зиёда аз 10 сола доранд дар худи Институт, метавонанд ходими калони илмӣ шаванд. Лекин ин директори аблаҳ тамоми хешу таборҳо ва наздиконашро овардааст ва ҳатто муҳлати санҷишии 3 моҳаро нагузашта ходими калони илмӣ ва боз 1.5 ставкаи корӣ таъинашон кардааст. Аммо дар амал ягон кор намекунанд- на барои Институт на барои Ҷумҳурӣ, фақат пулро гирифта мегарданд. Дар Институт ҳама медонанд, ки инҳо одамои директор ҳастанд.
Ҳар касеро, ки худаш мебиёрад, ҳангоми ба лабораторияҳо қабул кардани баъзе кормандони нав низ, ба гуфтаи мудирони лабораторияҳо, бо онҳо пешакӣ мувофиқа намешавад. Баъзан мудири лаборатория баъд аз қабул шудани шахс мефаҳмад, ки ба сохтори ӯ корманди нав овард шудааст. Агар фикри мудири лаборатория ба инобат гирифта нашавад, пас нақш ва масъулияти ӯ дар идоракунии лаборатория чӣ мешавад? Мудирҳо ҳам ба дод омадаанд аз дасти ин директори аблаҳ.
Боз худаш гуфтааст, ки Президенти Ҷумҳурӣ гуфта бошад, ки: бачам ман туро интихоб кардаам, ту бояд тамоми Институтро “Кулобизатсия” кунӣ ва ин аблаҳ ҳамин насиҳатро дастур қарор дода тамоми хешу таборҳову низдиконашро овардааст, гуё, ки инҷо институт неву хонаи падараш бошад.
Эй, аблаҳ, инҷо муассисаи илмӣ аст, на он сафсатаҳои бемаънии ту. Бояд кадрҳои болаёқатро таълиму тарбия дод, на он бесаводҳое, ки ту овардаӣ, ки онҳо ва дар ягон кори ҷамъиятии Институт иштирок намекунанд.
Масъалаи дигар ҳамкориҳои байналмилалӣ ва корҳои экспедитсионӣ мебошад.
Аз замони омадани ин аблаҳ дар институт ягон шартномаи хориҷӣ нест, ягон кас ҳамроҳаш кор намекунад. Қариб, ки 2 сол мешавад ягон корманди илмӣ аз ҳисоби Институт, ки ҳамасола маблағҳо барои корҳои экспедитсионӣ ҷудо мешавад, ягон ҷо нарафтааст.
Мусаллам аст ки геолог бе кори экспедитсионӣ ҳеҷ кор карда наметавонад. Лекин барои одамҳои худаш кори экспедитсионӣ ҳаст. Ҳол он ки барои як институти геологӣ ҳамкории хориҷӣ, корҳои муштарак, лоиҳаҳои илмӣ ва экспедитсияҳо аҳамияти калон доранд.
Геолог бидуни кори саҳроӣ наметавонад фаъолияти илмии пурра дошта бошад. Як одамаш вақте ки омад ҳатто 1 моҳи кориаш нагузашта, ҳатто муҳлати санҷишиаш будношуда аз ҳисоби маблағҳои Институт кори саҳроӣ равонаш кард. Аммо кормандоне, ки собиқаи 10 ва 15 солаи корӣ доранд, барои онҳо гуё маблағ нест ва намемонадашон, ки ба корҳои экспедитсионӣ раванд. Баъзе кормандон ҳатто ба ҷон омаданд ва розӣ ҳам шуданд, ки аз ҳисоби худашон раванд, лекин ин аблаҳ иҷозат надод. Худаш бошад бо ҳамроҳии 2 нафари дигар бе мувофиқа бо Президенти АМИТ 5 ё 10 рӯза ба корҳои саҳроӣ рафт. Ин кор чанд бор такрор шуд ва аз ин ҳисоб маблағҳоро чанд баробар зиёд дар кисаи худаш зад. Агар ақл, ки медошт, метавонист ба ҷои худаш ягон кормандони илмиро, ҷавонҳоро равон кунад, лекин ин корро накард, бе мувофиқа баромада меравад.
Масъалаи дигар, ба мудирият ё идораи Институт ҳангоми набудани роҳбарият дахл дорад.
Ҳатто вақте шуд, ки Институт қариб 7 рӯз бе роҳбарият буд. Ягон кас набуд дар Институт. Кормандони илмӣ 5 рӯзи корӣ натавонистан арзу гузоришҳои худашонро пешниҳод кунанд. Вақте ки ягонҷо меравад 3, 5 ё 10 рӯза муҳри Институтро ба ягон кас вогузор намекунад, ки кормандон омада ягон ҳуҷҷатро тасдиқ кунанд. Интизор мешаванд, ки кай ин аблаҳ аз сафар баргардад ва имзову муҳр гузорад. Лекин боз вақте бармегарданд, як ҳафтаи дигар медавонад, ки «ин намешавад, ита куну ута кун».
Ягон нафар ӯро назорат намекунад. Ин аблаҳ, чи коре мекунад аз Президенти АМИТ иҷозат намегирад. Мегуяд, ки «мара ҶАНОБ мондагияй, ман кори худама аз вайҳо хубтар медонам. Инҳо як бесаводан, дебиланд». Ҳамеша гапаш ҳамин аст.
Аз Президенти АМИТ, аз Президенти Ҷумҳурӣ ва аз мақомотҳои дахлдор хоҳиш мекунем, ки ин ДИБИЛе,ки мондаед сари роҳашро гиред бо ё ягон шахси болаёқат ва боинсоф иваз намоед.
Наход аз 10 миллион нафар ягон болаёқат набошад?
Мо ҳама кормандон ба дод омадаем. Ба ҳамин хотир нома ба ҷои лозима фиристода истодаем, ки кор ҳар чи зудтар ҳал шавад.
Боз чандин сиру асрори одамҳояшро дорем, ки чи корҳо кардаанд, лекин онҳоро дар оянда тақдими «Ислоҳ» мекунем.
Бародар Муҳаммадиқбол, умедворем, ки муроҷиати моро ба ҷомеа ва мақомоти дахлдор мерасонед, то вазъият мавриди санҷиш қарор гирифта, мушкилоти кормандони Институт роҳи ҳалли худро пайдо намояд.
Боқӣ дар паноҳи Худованд бошед.
Бо эҳтиром,
як гурӯҳ кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Сафарализода Носир кист?
Сафарализода Носир Саидҷалол соли 1979 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар манбаъҳои пешина номи ӯ ба шакли Сафаралиев Носир Саидҷалолович низ сабт гардидааст.
Ӯ солҳои 1998–2003 дар факултети геологияю маъдани Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Баъди хатми донишгоҳ, солҳои 2003–2007, дар кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст. Соли 2009 раиси Шурои кураторони факултети геология интихоб шудааст. geological.tnu.tj
Сафарализода соли 2013 рисолаи номзадии худро дар мавзуи хусусиятҳои минералогию термобарогеохимиявии ташаккули кони маъдани оҳани Шоҳқадамбулоқ, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, ҳимоя кардааст. Ӯ номзади илмҳои геология ва минералогия ва дотсент мебошад. geological.tnu.tj
Солҳои 2013–2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва аз соли 2014 то соли 2018 мудири ҳамин кафедра будааст. Аз моҳи сентябри соли 2018 фаъолияти худро ба ҳайси дотсенти кафедра идома додааст. geological.tnu.tj
Самти пажӯҳишҳои илмии ӯ омӯзиши минералогия, геохимия ва шароити ташаккули конҳои маъданӣ, аз ҷумла конҳои оҳан, магнетит, висмут ва сурма мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2025, №194, Сафарализода Носир Саидҷалол директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Пулод Аминзодаро, ки ба нафақа баромад, иваз кард. mmih.tj
Маълумоти дақиқи расмӣ дар бораи рӯз ва маҳалли таваллуд, вазъи оилавӣ ва шумораи умумии асарҳои илмии Сафарализода дар манбаъҳои дастраси умум пайдо нашуд. Аз ин рӯ, мо аз овардани маълумоти тасдиқнашуда худдорӣ мекунем.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Муҳтарам Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон! Ин нома аз номи як нафар ба Ислоҳ нарасидааст. Муаллифон худро гурӯҳе аз кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология муаррифӣ кардаанд. Онҳо аз хешутаборбозӣ, маҳалгароӣ, беэътиноӣ ба мутахассисони собиқадор, таъйини кадрҳои камтаҷриба ва маҳдуд шудани корҳои илмӣ ва экспедитсионӣ шикоят доранд. Ин иддаоҳо ҳукми додгоҳ нестанд, аммо чунон ҷиддианд, ки шумо ҳаққи нодида гирифтанашонро надоред.
Шумо аз 16 январи соли 2024 президенти АМИТ ҳастед. Пас масъулияти вазъи муассисаҳои тобеи Академия низ бар дӯши шумост. Оё боре бидуни огоҳ кардани роҳбарият вориди ин Институт шуда, бо кормандони одӣ суҳбат кардед? Оё санҷидед, ки барои чӣ олимони дорои таҷрибаи 10–20-сола худро таҳқиршуда эҳсос мекунанд, аммо афроди навомада, ба иддаои муаллифони нома, зуд соҳиби вазифа ва якуним басти корӣ мешаванд?
Номи худи шумо низ дар пойгоҳи «Диссернет» сабт шудааст. «Диссернет» иддао дорад, ки дар рисолаи номзадии шумо саҳифаҳои зиёде бо рисолаи қаблан ҳимояшуда ҳаммонандӣ доранд. Аммо шахсе, ки имрӯз болотарин ниҳоди илмии кишварро роҳбарӣ мекунад, бояд беш аз ҳама ба покии илм, шаффофият ва интихоби кадрҳо аз рӯйи салоҳият ҳассос бошад.
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов! Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2025, №194, Сафарализода Носир Саидҷалол директори ин Институт таъин гардид. Ин қарорро шумо ҳамчун раиси Ҳукумат имзо кардаед. Оё пеш аз таъйин санҷидед, ки ин шахс қобилияти идора кардани чунин муассисаи муҳими илмиро дорад? Оё баъд аз таъйин касе натиҷаи кораш, муносибаташ бо олимон, сиёсати кадрӣ ва сарфи маблағҳои Институтро санҷидааст?
Дар нома гуфта мешавад, ки Сафарализода ба кормандон гуфтааст: президент ӯро интихоб кардааст, то Институтро «кӯлобизатсия» кунад. Оё чунин дастуре додаед? Агар надодаед, чаро як роҳбари муассисаи илмӣ номи шуморо барои сафед кардани сиёсати маҳаллӣ истифода мебарад? Агар ин сухан сохта бошад, оё ӯ барои истифодаи номи президент ҷавоб медиҳад?
Охир, шарм намекунед, ки ҳатто илму геология ва амнияти сейсмикии кишварро ба «худӣ» ва «бегона» тақсим мекунед? Магар агар донишманд душанбегӣ, суғдӣ, бадахшонӣ ё раштӣ бошад, арзиши илмаш тағйир меёбад? Магар таҷриба, таҳқиқот ва салоҳияти касбӣ аз маҳалли таваллуд вобастаанд?
Заминҷунбӣ намепурсад, ки мудири Институт аз куҷост. Бинои фурӯрафта ҳам қурбониро ба кӯлобӣ, суғдӣ, помирӣ ё ғармӣ ҷудо намекунад. Агар мутахассиси қобилро танҳо барои он канор гузоред, ки аз гурӯҳи «худӣ» нест, фардо оқибати иштибоҳи илмӣ ба сари тамоми мардум меояд. Он вақт на хешутабор, на мансаб ва на занги телефонӣ пеши роҳи офатро гирифта наметавонад.
Мо аз Қобилҷон Хушвахтзода талаб мекунем, ки ҳайати мустақили санҷишӣ таъсис диҳад; сиёсати кадрӣ, таъйинот, бастҳои корӣ, хароҷоти экспедитсионӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва шикоятҳои кормандонро тафтиш намояд. Санҷиш набояд ба таъқиби муаллифони нома табдил ёбад. Баръакс, шахсияти онҳо бояд ҳифз ва ба Сафарализода Носир низ имкони посух додан дода шавад.
Илм мулки шахсии ҳеҷ президент, директор, хонавода ё маҳал нест. Академияи илмҳо бояд ҷойи рақобати дониш, таҷриба ва натиҷаи илмӣ бошад. Агар дар он ҷо ҳам насабу маҳал аз дониш болотар гузошта шавад, пас аз Академия танҳо номаш боқӣ мемонад.
