Ромит–5: чаро дар Ромит харро «пешво» мегӯянд?

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед № 77

   Ин бахши панҷум аз риштагузоришҳо дар бораи ҷамоати деҳоти Ромит аст. Ростӣ, барои худи мо ҳам шунидану хондани давоми ҳикояҳои Ромит гуворо ва ҷолиб аст.

Мардум дар инҷо ба чи коре машғуланд, ҳавзҳои моҳии Азизмо чи гунаанд, бустонсарову дачаи Рамазон Раҳимзодаи буқача чи гапҳои нав дорад, Озодаву Тахмина ё Фарзона боз ба Ромит омадаанд ва худи мардуми Ромит чи вазъу ҳол доранд?

 Муаллифони мо аз Ромит ҳоло як тими пурқувват шудаанд. Навиштаҳои онҳо масъулинро девона кардааст.

Хабар расид, ки чанд рӯзи пеш масъулони собиқу ҳозири ҷамоатро даъват кардаву рост кардаанд, ки ҳарчи зудтар бояд номанависҳо ба «Ислоҳ»-ро пайдо кунанд. Тафсилоти ин ҷаласаи изтирориро ҳоло кормандони «Ислоҳ» пайгирӣ карда истодаанд ва рӯзҳои наздик огоҳ хоҳем шуд.

Аммо хабари сенсатсионӣ аз Ромит ин аст ки Диловар Солеҳов, раиси ҷамоатро аз кор гирифтаанд. Бечора ин қадар пулҳои додааш сухт. Ба ҷояш Аҳтами Хушониро таъин карданд ва албатта маблағи додаи ӯро ҳам барои соҳиб шудан ба ин вазифа ҳатман мефаҳмем.

Ва, ҳоло нашри панҷум аз риштагузориши Ромит пешкашатон мегардад.

              Се чеҳра, садҳо саволи беҷавоб

Салом, устоди муҳтарам! Идомаи қиссаҳо аз Ромитро менависам. Мехоҳам дар бораи чанд нафаре сухан гӯям, ки солҳо боз номашон миёни мардум чарх мезанад. Мардуми одӣ хомӯшанд, муҳоҷир заҳмат мекашад, аммо баъзеҳо аз ҳамин заҳмати мардум барои худ зиндагии осуда месозанд. Ман имрӯз аз се нафар ном мебарам.

Яке аз онҳо Шарипов Исмат Нарзуллоевич — маъруф ба «Исмати ҷӯгӣ» аст.

Исмат Нарзуллоро бисёриҳо бо номи «Исмати ҷӯгӣ» мешиносанд. Ӯ солҳои зиёд дар Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунад ва шаҳрвандии Русия ҳам дорад. Он чи ман дар бораи фаъолияти ӯ медонам, бештар ба муҳоҷирони тоҷик марбут аст. Муҳоҷири бечора барои як бурда нон ба Русия меравад, аммо одамоне ҳастанд, ки аз ҳамин ночории ӯ истифода мекунанд: -кор мефармоянд, фоидаи асосиро худашон мегиранд ва ба коргар маблағи ночиз медиҳанд. Касе эътироз кунад ё ҳаққи худро талаб намояд, барои ӯ мушкил сар мешавад. Писари калониашро ҳам ахиран ба Тоҷикистон фиристодааст.

Исмати ҷӯгӣ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми камбағалро ғам дода буд. Дар Тоҷикистон дело дорад. Ҳозир бачаи калониашро гурезонда Тоҷикистон роҳӣ кард. Чунки вазъият барои ҷавонҳо хуб нест дар Русия. Ин дар Русия посредник аст. Мардуми камбағалро ранги ғулом кор мефармояд, як даҳан нон медиҳад, тамом. Бо милисаву мақомоти Русия ҳамкорӣ мекунад. Касе маъқул нашуд ба воситаи милисаҳои рус азият медиҳад, Тоҷикистон мефиристад.

Дар атрофи ӯ қиссаҳои дигар ҳам ҳастанд. Аз ҷумла моҷарои вобаста ба як марди солхӯрда ва масъалаи молу мулки ӯ. Дар ин қазия номи Муҳаммад — писари Ҳоҷӣ Шарифи ромитӣ ва писари амаки Шоҳасан Мирзокаримов— низ гирифта мешавад. Баъди фишору таҳдидҳо он марди солхӯрда аз дунё гузаштааст. Инҳо саволҳое ҳастанд, ки дар байни мардум солҳо боқӣ мондаанд.

Исмати ҷугӣ як дедро нигоҳ мекард, 2 дача ва1 квартираашро гирифта буд. Духтари он дед даъво кард ба воситаи як  бандит. Исмати ҷугӣ номери ҳамон бандитро дар Муҳммад Мирзокаримов (яъне писараммаки Шоҳасан Мирзокаримов аст) Муҳаммад уро угражат кард, вай-он бандит дилаш зад мурд.

Аммо саволи асосӣ ин аст: ин ҳама дороиҳои Исмати ҷугӣ аз куҷо пайдо шудааст?

Исмат дар Ромит коттеҷ дорад. Барои писари калониаш дар деҳаи Чӯянгарони Ваҳдат низ коттеҷ дорад. Дар Ваҳдат ду квартира дорад. Дар ноҳияи Раменскоеи Русия низ ду дача ва як квартира дорад. Ғайр аз ин, чанд қитъаи замини шашсотихӣ дорад, ки арзиши ҳар кадомаш чанд миллион рубл гуфта мешавад. Муҳоҷири тоҷик солҳо кор мекунад, баъзан ҳатто хона сохта наметавонад. Пас касе, ки чунин дороии бузург ҷамъ кардааст, бояд ҷавоб дошта бошад, ки сарчашмаи ин ҳама маблағ куҷост.
Худаш 4 замини 6 сотиха дорад,ки нархи ҳар як заминаш аз 4 миллион рубл боло аст. Ин ҳақимардумхӯр боз ҳоҷӣ шуд. Ҳамаи ин пулу боигарӣ аз ҳисоби мардуми камбағал аст. Ҳатто ҷиянҳои худашро фиреб мекунад.

Нафари дуввув Музаффар Мирзокаримов аст

Шахси дигар Музаффар Мирзокаримов аст. Номи ӯ бештар дар масъалаи замин дар ноҳияи Раменское садо медиҳад. Одамон барои замин пул медиҳанд, бо умеди он ки соҳиби як порча ҷой мешаванд. Аммо баъд баҳс сар мешавад. Як замин ба чанд кас нишон дода мешавад, пул гирифта мешавад ва вақте соҳиби пул ҳаққи худро талаб мекунад, худаш ба мушкил гирифтор мешавад.

Ҳатто Мустафо писари худи Музаффар Мирзокаримов муддате бо падараш кор кард, аммо баъдан ногаҳон билет гирифта, ба Тоҷикистон шабона фирор карда омад.Дар давраи коронавирус ҳамсари аввали Музаффар дар Русия аз дунё гузашт. Хешовандонаш мехостанд ҷасадро ба Тоҷикистон оранд,аммо намонд. Гап дар бораи он меравад, ки зани якумашро дар Русия худаш кушта буд. Занаш аз Ромит, духтари мулло Достӣ. Акаҳои занаш аз дигар шаҳрҳои Русия омаданд. Бояд ҷасади хоҳарашонро Тоҷикистон меоварданд. Музаффар Мирзокаримов 400 ҳазор рубл ба мақомоти Русия доду дар ҳамонҷо дафн кард.

Нафари сеюм Наврӯзи Хайрулбашар аст

Мо дар бораи Наврузи Хайрулбашар хеле гуфтем. Чунки дар Ромит номи Наврӯзи Хайрулбашар низ зиёд садо медиҳад. Ӯ дар деҳаи Пойнов раиси маҳалла буд. Барои трансформатор ва барқи мардум аз сокинон маблағ ҷамъ кард. Аз мардум пул гирифт, аммо мардум имрӯз ҳақ доранд бипурсанд: Чанд пул ҷамъ шуд?
Трансформатор чанд пул буд?
Чанд пул барои насб сарф шуд?
Боқимондаи маблағ куҷо рафт?

Гап дар бораи маблағи хурд нест. Гап дар бораи 500 ҳазор сомонӣ меравад. Мардум, ки ин пулро додааст, ҳақ дорад ҳисоб талаб кунад. Чаро касе, ки аз пули худ мепурсад, бояд тарсад?

Дар масъалаи «облава» низ Наврузи Хайрулбашар ҳамеша ҳозир аст. Барои ҳама маълум аст ки дар облава маблағҳои калон мегиранд ва баъзеҳо аз мусибати падару модаре, ки намехоҳанд фарзандашон бо зӯр бурда шавад, барои худ даромад месозанд. Ҳатто барои як даъватшаванда 60–70 ҳазор сомонӣ мегиранд. Агар ин ҳама дурӯғ аст, пас чаро касе пеши мардум намебарояд ва ҳисобот намедиҳад? Мирзокаримов Музаффар акаи Шоҳасан аст. Ҳатто бо бачаи худаш Мустафо кор накард. Шабона билет гирифт гурехт омад  Тоҷикистон. Музаффар замин мефурушад. Як заминро дар 5 одам мефурушад. Ин се нафар ҳам барои милисаву амнияти Тоҷикистон ва ҳам Русия пул медиҳанд. Ин 3 нафар хуни мардуми камбағалро дар Раменское райони Москва хурдагиянд. Дар ҳама ҷо корашон пулҷамкунӣ.

  Директори мактаби Ромит Хизматшо мегуфтааст, ки кришаам Наврузи Хайрулбашар аст.
Наврузи Хайрулбашар худашро одами Исмоили пинвинг муаррифӣ мекунад. Навруз раиси маҳаллаи деҳаи Пойнов аст. Чи хеле гуфтем аз мардум барои трансформатор 500 ҳазор сомонӣ ҷамъ кард, аммо ними пулро худаш гирифт. Агар боқии пул ку гуфта пурсӣ рост ба амниятиҳои СС-и махуф занг мезанад. Дар ҳар сезони облава 60- 70 ҳазор доллар зиёд кор мекунад. Чун гап сари Наврузи Хайрулбашар омад инро бояд гуям, ки дар соли коронавирус   400 ҳазор сомонӣ зиёд кор кард. Падари Наврузи буз Хайрулбашар бошад 90 ҳазор доллар кор кард дар Ромит. Бояд лаби обро маҳкам мекарданд. Кадом ширкати хитоӣ, ки сармоя медод, сарпараст буд, чи гунае мешаваду дар қапи ҳамин меғалтад. Ин мегӯяд, ки ту пулро деҳ ман соз мекунам. Онҳо розӣ мешаванд. Вале ин бошад 200 ҳазор сомонӣ расход накард, кор тамом гуфту дигар пул дар об рафт.

То кай хомӯш мемонем?

Ҳамдиёрони азизи Ромит!

Хомӯшӣ бас аст .Имрӯз ҳаққи як муҳоҷирро мехӯранд — мо хомӯш. Фардо замини як касро мегиранд — мо хомӯш. Пули мардумро барои трансформатор ҷамъ мекунанд — боз хомӯш. Ҷавонро бо тарс мебаранд — боз хомӯш. То кай?

Агар ҳар кас фикр кунад, ки «ба ман дахл надорад», рӯзе навбат ба хонаи худи ӯ ҳам мерасад. Ман миллатчӣ нестам. Барои ман тамоми мардуми Тоҷикистон азизанд. Аммо дӯст доштани мардум маънои хомӯш мондан дар баробари зулмро надорад. Ҳар касе аз Ромит ва атрофи он дар бораи чунин корҳо маълумот дорад, хомӯш набошад. Нома нависед. Ҳақиқатро бигӯед. Агар санад, акс, навор, расид ё маълумоти дигар доред, бифиристед.Устод барои мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанад. Вале агар мардум худ чизе нагӯяд, ҳақиқат аз куҷо ошкор мешавад?

Аз тарсондан натарсед. Аз суханони онҳое, ки мегӯянд «меёбандат», «медонанд кӣ ҳастӣ» ва «мақомот меоянд», ваҳм накунед. Эҳтиёт кунед, маълумоти шахсии худро ҳифз кунед, аммо ҳақиқатро низ пинҳон насозед.

Аммо бояд ҳамагон бидонем, ки Ромит танҳо моли чанд нафар нест. Ромит моли мардуми он аст.

Устод, Муҳаммадиқбол! Бори дигар ташккур, ки даҳҳо номаи моро нашр кардед — хеле хурсандем. Воқеан кори бузурге кардед! Аз он ки номаҳои мардуми Ромитро ба мардум расондед, хеле хурсанд шудем.  

Баъди нашри он номаҳо дар Ромит сару садо зиёд шуд. Бисёриҳо ба ҳаракат даромаданд ва талош доранд бифаҳманд, ки ин маълумотро кӣ мефиристад. Аммо сухани мо ҳамон аст: ба ҷойи ҷустуҷӯи номанависон, ҳар кас ба кирдор ва корҳои худаш нигоҳ кунад.

 Давоми қиссаи Ромит

Таваккалӣ Гулсара — қудои Баҳодури Ҳасан, касалии отаи Шорух Саидзодаро дорад. Раҷаби Хайриддин бародари Иброҳими Хайриддин аст. Бачаи Иброҳим номаш Муҳаммад аст. Дар Шоми чашма, дар меҳмонхонаи ресторани Комили генерал кор мекард. Ҳамин сол баҳор ба хизмат бурданд.

  «Шоми чашма» ресторани Комили генерал аст. Ба воситаи қудои Раҷаби Хайриддин ӯро аз хизмат бароварданд. Яъне чӣ хел? Гуё, ки бо як сарбоз ҷанҷол шудааст ва он сарбоз бачаи Иброҳими Хайриддинро задааст. Баъд, бо воситаи як капитан корро дигар карданд ва ҳамон сарбози бечораи камбағалро гунаҳкор бароварданд. Ҳоло қарор аст ки ӯро то се сол зиндон кунанд.

Баъди барномаи охирин «бузҳои орангутанг», муллоҳо, қориҳо ва дигарон ҳама аз пайи «кор» шуданд, ки кӣ ин номаро фиристода бошад.

Ҳама кӯшиш доранд номанависро пайдо кунанд.

Раиси маҳаллаи Ромит Солеҳов Бобо — «Бобои Кавгак» мебошад.

Ӯро дар Ромит «Бобои Кавгак» мегӯянд. Ӯ дар ҷамоати Ромит кор мекунад ва хусурбачаи Рустами Давлатмурод мебошад. Вақте дар ҷамоати Ромит кор мекард, пули замин ҷамъ мекард ва тақрибан 400 ҳазор сомонии мардумро аз худ кард. Баъд ӯро дастгир карданд, аммо ба воситаи боҷааш ҳоҷӣ Азизбек аз Ваҳдат аз боздошт баромад. Ҳоҷӣ Азизбек, хонааш дар назди идораи шиносномадиҳи Ваҳдат аст. Дар он ҷо фотокабинет-аксбардории паспорт ва магазин ҳам дорад. Ҳоҷӣ Азизбек ба тиҷорати «дору» ҳам машғул аст. Магазин ва хонаашро низ бо пули мардум ва тиҷорати «дору» ба даст овардааст. Бобои Кавгак пули пенсия медод, пенсиятияк буд. Бобои Кавгак то имрӯз ҳам аз мардум пул мегирад. Ҳолатҳое будаанд, ки ба ҷойи 200 сомонӣ, 2000 сомонӣ мегирифт. Ба соҳибкорон ҳам раҳм намекунад. Як зан аз атрофиёни онҳо ҳамин сол дар ноҳияи Раменскоеи Русия бо маводи мухаддир дастгир шуд, ки баъди ин ҳодиса вай  зуд ба Тоҷикистон баргашт. Маълум нест, ки чи тавр аз ҷавобгарӣ раҳо шуд? Дафъаи дигар 700 ҳазор сомонии мардумро аз они худ кард. Ин бор  гову мол ва мошинҳояшро фурӯхта, бо воситаи Ҳоҷӣ Азизбек масъалаашро ҳал кард. Дар хонааш базаи «Мегафон»-ро ҷо карда буд. Он ҷо движоки дизелӣ низ дошт. Аз ҳисоби движоки дизелӣ ҳам солярка мефурӯхт. Бобои Кавгак амаки Рашид мешавад. Дар бораи ӯ қаблан ҳам гуфта будед.

 Рустами Давлатмурод ҳам ҳар моҳ тақрибан 6 тонна дизел мегирифт ва қисми онро мефурухт. Ҳоло дар деҳаи Калтуч кор мекунад. Дар бораи Исломиддини Ромитӣ ҳам пештар гуфта будем. Вай ҳам дар хонааш базаи «Мегафон» -ро ҷо додааст. Мардумро бисёр фиреб кардааст.

 Ва, як хабари дигар аз Ромит. Ба таври маҷбурӣ барои садик пул ҷамъ карда истодаанд, ҳам аз мардум ва ҳам аз муҳоҷҷирҳои меҳнатӣ, ки дар Русия ва Қазоқистон ҳастанд. Дар ватсап группа доранд. Қори Шоҳасан Мирзокаримов  кадоме, ки пул диҳад дар ҳақаш дуо мекунад. Мегӯяд, ки мо бояд сиёсатҳои пешворо дстгирӣ кунем, «ватанро обод кардан гушае аз имондорӣ аст». Аммо намегӯяд, ки ҳамон пул набошад, чи хел обод кунам. Корхона нест, даже свет нест, барои столба пул, барои сим пул, барои трансформатор пул, барои руғани трансформатор пул.

Диловар Солеҳови раиси собиқ бо Ҷовиди муовинаш ранги сагу пишак буданд. Бузҳои Диловар дар Ромит таксистҳоро пурсида истодаанд, ки ин номаҳоро кӣ фиристода истодааст. Диловар ранги саги ҳор-девона шудааст.

Дар охир ман як муроҷиат дорам ба ромитиҳо!

«Бузҳои орангутан», беҳуда гунаҳкорро наковед ва мардумро таҳқир накунед.

Ба ҷойи ин ки пурсед, ки номаро кӣ фиристодааст, ҷавоб диҳед, ки он чизҳое, ки дар нома навишта шудаанд, ростанд ё дурӯғ. Агар дурӯғанд — бо далел рад кунед. Агар ростанд — мардум ҳақ доранд бидонанд.

Мо мегӯем: он чизҳое, ки ба редаксия мерасонем, ба назари мо воқеиятҳои рӯзгори Ромитанд. Мардуми Ромитро зулм накунед. Фикр накунед, ки касе чизе намегӯяд. Агар ҳамин зулм ва рафторҳо идома ёбанд, боз номаҳо хоҳанд омад — бо номҳо, ҷузъиёт ва бо сурату санадҳо. Ҳар кас бояд барои кирдори худаш ҷавоб диҳад.

                           ***************

Устод, дар охир ба шумо як пешниҳод дорам. Дар байни ноҳияҳо як сабқати номанависӣ эълон кунед. Ман бовар дорам, ки барои ин кор ҷоиза таъйин кунед мардуми Тоҷикистон завқманд мешаванд ва бештар маълумот мефиристанд. Ҳозир ҳама мардум барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо мекунанд, ки яке дар бораи ноҳияи онҳо ё деҳаи онҳо ҳам навишта бошанд.

Масалан чанд ҷой:

 Ҷойи 1

 Ҷойи 2

 Ҷойи 3

 Ҷойи 4

Ҷойи 5-ро муқаррар кунед. Ҳамин пешниҳоди маро дар борааш як бор фикр кунед. Бигзор аз Ислоҳ муаллифони номаҳо сипоснома бигиранд.

Ҳоло шумо дар суҳбат пурсидед, ки чаро пешворо дар Ромит хар мегӯянд?

 Раҳмонов дар соли 2022 Ромит омад барои ҳавзҳои моҳии Азизмову Сомонро кушодан. Ман худам онҷо набудам. Аммо як рафиқи наздикам онҷо ҳузур дошт. Вақте Раҳмонов аз мошин пиёда мешавад, онҷо дар пеши магазини Ҳасани Ҷонмаҳмад як хари пир фақат меистод. Се бор харро сур карданд, боз хар баргашту омад.

Ҳама пешворо ждат доштанд. Яке Наврӯзи Хайрулбашари буз мегуяд, ки пешвои миллат омад яъне ҳамон хар боз омад. Навруз  харро гуфта буд, ки дар ҳақиқат боз пайдо мешавад.

Ин гапро амниятиҳо фаҳмидаву Наврузро рост ҷамоати деҳоти Ромит мебаранд. Як амниятӣ, ки мард будааст, мегӯяд «ма зани пешвота …як моҳ шуд даводавда, 5000 сомонӣ те рав». Яъне ту пешворо хар гуфта бошӣ ҳам ба ман пофик, сумро деҳу рав!

Ана барои ҳамин Раҳмоновро дар Ромит хар мегӯянд.

 Давом дорад…

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Дар поёни ин нома «Ислоҳ» ба масъулони ҷамоати Ромит як сухани рӯирост дорад: номанависро наковед — худро ислоҳ кунед! Ба ҷойи он ки мардумро бозпурсӣ кунеду дар миёни таксирон, муллоҳо ва сокинон хабаркаш ҷӯед, ба саволҳои матлаб бо далел ҷавоб диҳед. Агар иддаоҳо дурӯғанд, санад пешниҳод кунед; агар ростанд, зулму ғорат ва ҳақхӯриро бас кунед.

Мардуми мазлумро натарсонед. Ба муҳоҷири заҳматкаш, деҳқони камбизоат, модари чашминтизор ва ҷавоне, ки бо «облава» мебаранд, зулм накунед. Мансаб моликияти шахсӣ нест ва буҷаву маблағҳои ҷамъоваришуда низ моли масъулони ҷамоат нестанд. Ҳар сомоние, ки аз мардум гирифта мешавад, бояд ҳисобу санад дошта бошад.

Ба раиси нави ҷамоат Аҳтам низ ҳушдори ҷиддӣ медиҳем: Аҳтам, бисёр баланд парвоз накун! Курсии ҷамоат абадӣ нест. Онҳое, ки пеш аз ту бо такя ба «боло» мардумро нодида гирифтанд, имрӯз куҷоянд? Малах ҳам муддате баланд мепарад, аммо оқибат ба замин меафтад. Аз сарнавишти пешгузаштагон ибрат бигир ва аз рӯзи ҷавобгарӣ биандеш.

Ба ҷойи ҷустуҷӯи муаллифони нома, мушкилоти Ромитро ҳал кун: аз мардум бе ҳисоб пул ҷамъ накун, ба ҳуқуқи онҳо даст назан ва нагузор номи ту низ дар номаҳои оянда ҳамчун идомадиҳандаи ҳамон кирдорҳо зикр шавад. Агар идораат пок бошад, дарҳои онро ба рӯйи мардум боз кун, ҳисобот бидеҳ ва ба саволҳо посух бигӯ.

«Ислоҳ» иддаоҳои ин номаро ҳамчун гуфтаҳои муаллифон нашр мекунад ва барои посухи мустанади ҳар шахсе, ки номаш зикр шудааст, омода аст. Аммо таъқиб, таҳдид ё фишор ба сокинон посух ба саволҳо нест; он танҳо шубҳаро бештар мекунад.

Номанависро наковед — сабаби навишта шудани номаҳоро аз байн баред. Вақте зулм, ҳақхӯрӣ ва беҷавобгарӣ қатъ гардад, мардум низ дигар барои шикоят нома нахоҳанд навишт.

Share This Article