Ном, насаб, куния лақабҳо, сифот, хонадон ва ҷойгоҳи Усмон Ибни Аффон (р) дар асри ҷоҳилият

Ислоҳ нет

Ном, насаб, куния лақабҳо, сифот, хонадон ва ҷойгоҳи Усмон Ибни Аффон (р) дар асри ҷоҳилият

Дар бораи Усмон ибни Аффон (р), он ёри бовафои паёмбар (с) ва касе, ки расули акрам (с) дар васфи ӯ фамуданд: «Ва асдақуҳо ҳаёан», «Усмон (р) дар ҳаё содиқтарин аст». (Фазоили саҳоба, Аҳмад ибни Ҳанбал (1/604).)
Ва низ ҳамон суханеро, ки паёмбар (с) дар ғазваи Табук дар ситоиши саховате, ки Усмон (р) барои таъмини эҳтиёҷоти сипоҳи ислом аз худ нишон дод, фармуданд: «Мо зарра Усмону баъда-л-явми, яъне:«Усмон баъд аз имрӯз (бо ин кори кардааш) ҳаргиз зиён нахоҳад дид», сухан гӯям. »,( Сунани Тирмизӣ (3785).)
Он, ки ба хотири мусибате, ки бар ӯ хоҳад омад, башорати Биҳиштро ба ӯ дод (Бухорӣ (3695).) ва мардумро супориш намуд, дар ҳангоми бархостани фитнаҳое, ки дар оянда рух хоҳад дод, ҷониби Усмон (р) ва ёронашро бигиранд ва ӯро танҳо нагузоранд. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки расули Худо (с) фармуданд: «Иннакум талқавна баъдӣ фитнатан ва ихтилофан (ав ихтилофан ва фитнатан). Фақола лаҳу қоилун мина-н-носи: Фаман лано ё Расулаллоҳи? Қола: ъалайкум би-л-амини ва асҳобиҳи (ва ҳува юширу ило Усмона)», яъне: «Шумо баъд аз марги ман дучори фитна ва ихтилофи бузурге хоҳед шуд. Ёрон пурсиданд: Ё Расулаллоҳ (с), дар ин сурат аз кӣ ҳимоят кунем? Ӯ (с) дар ҳоле, ки ба Усмон (р) ишора мекард, фармуд: Амин ва ёронашро раҳо насозед».( Фазоилу-с-саҳоба (1/50).)
Усмон (р) аз бузургони саҳоба буда, дар шинохти Қуръон ва Суннати расули Худо (с) соҳиби илм ва маърифати амиқе буд ва аз ӯ иҷтиҳодоти бисёре дар заминаҳои гуногун баён шудааст.
Усмон (р) аз саҳобае буд, ки дар мадрасаи Қуръон ва Суннати расули Худо (с) маърифат омӯхт ва тавонист ба беҳтарин шакл омӯхтаҳо ва таҷрибаҳои худро бар уммат интиқол диҳад, то ононро омӯзиш ва тарбият намояд ва барои мубориза дар роҳи Худо муҳайё кунад. Ӯ дар хутбаи ба хилофат расиданаш суханони ҳидоятгаронае эрод намуда, фармуд: «Эй мардум! Шумо дар дунёи фанопазире ҳастед ва умратон ба поён хоҳад расид, пас мебояд шумо пеш аз фаро расидани марг бо имони холисона ва амалҳои нек ба пешвози он биравед. Бидонед, ки марг шуморо хоҳад гирифт ва наметавонед аз он бигрезед. Дунёро маҳалли фиреб ва найранг бидонед, пас эҳтиёт бошед, ки фиреби онро нахӯред ва аз шайтон биҳаросед, мабодо шуморо аз Худованд ғофил гардонад. Аз сарнавишти гузаштагон ибрат гиред ва бидонед, ки шумо ҳам ба роҳи онон хоҳед рафт, пас дунёро барои ба даст овардани беҳтар аз он раҳо кунед». (Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/153))
Барои боз ҳам комил намудани гуфтаҳо ва аҳодисе, ки зикрашон дар боло рафт, мепардозем ба:
Аввал: Ном, куния ва лақабҳои ӯ (р). Ӯ Усмон ибни Аффон, Абӯлъос ибни Умайя ибни Абдушамс ибни Абдуманоф ибни Қусай ибни Килоб аст (1), ки насаби эшон дар Абдуманоф ба насаби Паёмбар мерасад. Модарашон Арво духтари Курайз ибни Рабиъа ибни Ҳабиб ибни Абдушамс ибни Абдуманоф ибни Қусай (2) ва модаркалони ӯ Умми Ҳаким Албайзоъ духтари Абдулмуталлиб хоҳари тании (аз як падару модар) Абдуллоҳ – падари набии акрам (с) мебошад. Зубайр ибни Бикор нақл мекунад, ки Умми Ҳаким ва Абдуллоҳ дугоник буданд. Бинобар ин ҳазрати Усмон (р) писари духтари аммаи Расулуллоҳ (с) аст ва ҳазрати Расул (с) писари тағои модари ҳазрати Усмон (р). Модари ҳазрати Усмон (р) дар даврони хилофати писараш мусулмон аз дунё рафт ва ӯ худ дар маросими ҷаноза ва дафни модар ширкат намуданд (3), аммо падарашон дар замони ҷоҳилият вафот намудааст.
1.) Кунияи ӯ (р). Дар замони ҷоҳилият кунияи ӯ Абӯамр буд, аммо пас аз ин, ки Руқия духтари расули акрам (с) аз ӯ соҳиби писаре бо номи Абдуллоҳ шуд, мусулмонон ӯро бо кунияи Абӯабдуллоҳ садо мекарданд.(4)
2.) Лақаби ӯ (р). Лақаби Усмон (р) Зиннурайн буд. Бадруддин Ал-ъайнӣ (5) дар китоби шарҳи бар Саҳеҳи Бухорӣ тасниф намудааш гуфтааст: Аз Муқаллаб ибни Абусафра (6) суол шуд: Чаро ба Усмон (р) Зиннурайн мегуфтанд? Ӯ гуфт: Зеро ӯ танҳо нафаре аст, ки бо ду духтари набийи акрам (с) издивоҷ намудааст (7). Абдуллоҳ ибни Умар ибни Абон Алҷаъфӣ дар ин маврид гуфтааст: «Тағояш Ҳусайн Алҷаъфӣ ба ман гуфт: Писарам! Оё медонӣ, ки чаро ба Усмон (р) Зиннурайн мегуфтанд? Ман гуфтам: Не, намедонам. Ӯ гуфт: Зеро танҳо Усмон (р) аст, ки аз хилқати Одам (а), то рӯзи қиёмат бо ду духтари як паёмбари илоҳӣ издивоҷ кардааст.(8) Ҳарчанд дар ин робита қавле ҳам бар ин аст, ки ҳангоми шаб зиёд Қуръон тиловат менамуд, ба ин лақаб шӯҳрат ёфт, зеро Қуръон ва қиём дар шаб ҳар ду ба монанди нур мебошанд.(9)
3.) Таваллуди ӯ (р). Усмон (р) шаш сол баъд аз Ому-л-фил дар Макка ба дунё омадааст. (10) Ҳарчанд, ки як қавми дигар Тоифро маҳалли таваллуди ӯ медонад. Бад-ин тартиб мебинем, ки ӯ панҷ сол аз ҳазрати расули акрам (с) хурдтар будаанд.(11)
4.) Зоҳири ӯ (р). Усмон (р) марде буданд миёнақад, бо пусти нозук, риши ғафс, устухони калон ва пуштпаҳн. Мӯйи сараш анбӯҳ буд ва одат доштанд, ки ришашонро зард мекарданд. Имом Зуҳрӣ дар васфи зоҳирии ӯ мефармояд: Усмон (р) марди миёнақад буда, мӯйҳо ва чеҳраи зебо дошт, ки мӯйҳои ду тарафи пешониаш рехта буд,(12) биниашон борик ва дароз буд ва соқҳои пояшон калон менамуд. Дастони дароз, мӯйҳои печида, даҳону чеҳраи зебо доштанд. Мегӯянд, ки пусти сафед дошт, агарчӣ қавми дигаре бар он боваранд, ки пусти гандумӣ доштааст.(13)
Дуввум: Хонаводаи ӯ (р). Ҳазрати Усмон (р) дар ҳаёти муборакашон ҳашт зан гирифта, бо онҳо дар замонҳои мухталиф ҳаёт ба сар бурдаанд. Бо ҳамаи ҳамсаронашон пас аз ислом издивоҷ намудаанд. Онҳо ба тартиб иборатанд аз: Руқия духтари набии акрам (с). Усмон (р) аз Руқия (р) соҳиби фарзанде бо номи Абдуллоҳ шуданд. Сипас Усмон (р) баъд аз вафоти Руқия (р) бо Умми Кулсум (р) духтари дигари ҳазрати расули акрам (с) издивоҷ намуд. Ҳамсари дигари Усмон (р) Фохта духтари Ғазвон ва хоҳари Амир Утба ибни Ғазвон аст, ки аз ӯ соҳиби писаре бо номи Абдуллоҳи асғар шуданд. Сипас бо Умми Амр духтари Ҷундаби Аздӣ издивоҷ кард ва аз ӯ соҳиби фарзандоне бо номҳои Амр, Холид, Абон, Умар ва Марям шуданд. Пас аз он бо Фотима духтари Валид ибни Абдушамс ибни Муғираи Махзумӣ васлат намуд ва аз ӯ соҳиби фарзандоне бо номҳои Валид, Саъид ва Умми Саъд шуданд. Ҳосили издивоҷи Усмон (р) бо Уммулбанин духтари Уяйна ибни Ҳисни Фазорӣ писараш Абдулмалик мебошад. Усмон (р) аз Рамла духтари Шайба ибни Рабиъаи Умавӣ соҳиби Оиша, Умми Аббон ва Умми Амр шуданд. Лозим ба зикр аст, ки Рамла дар замони паёмбар (с) ислом оварда, бо эшон байъат намуд. Охирин ҳамсари эшон Ноила духтари Фарофисаи Калбӣ буд, ки пеш аз зуфоф (шаби аввали издивоҷ) аз масиҳият баргашт ва ба дини ислом гаравид.(14)
Усмон (р) нӯҳ писар дошт, ки ба тартиби зерин мебошанд. Фарзанди нахустинашон Абдуллоҳ аз Руқия духтари расули Худо (с) мебошад, ки ду сол пеш аз ҳиҷрат ба дунё омад ва ҳазрати Усмон (р) ӯро бо модараш ба Мадина бурд. Дар кӯдакӣ хурӯс наздики чашми ӯро маҷрӯҳ кард. Ин захм оҳиста-оҳиста калон шуд, (15) то ин ки дар соли чаҳоруми баъд аз ҳиҷрат бар асари шиддати ин захм Абдуллоҳ дар синни шашсолагӣ вафот кард. Дуввумин писари ӯ Абдуллоҳи Асғар писари Фохта духтари Ғазвон буд. Саввумин писарашон Амр писари Умми Амр духтари Ҷундаб буд, ки Амр баъдҳо аз падари худ Усмон (р) ва Усома ибни Зайд (р) ҳадис ривоят намуд ва Алӣ ибни Ҳусайн, Саъд ибни Мусаяб ва Абӯзиннод аз ӯ ривояти ҳадис кардаанд. Ӯ бо Рамла духтари Муъовия (р) ибни Абӯсуфён издивоҷ намуд ва дар соли ҳаштоди баъд аз ҳиҷрат вафот кард. Дигар писарони Усмон (р) аз Умми Амр духтари Ҷундаб Холид, Абон ва Умар буданд. Абон дар илми фиқҳ имом ва пешво буд, ки баъдҳо дар даврони хилофати Абдулмалик ибни Марвон ба муддати ҳафт сол аморати Мадинаро бар ӯҳда дошт. Абон ҳадисҳоеро аз падараш ва Зайд ибни Собит (р) ривоят намудааст ва аз ҷумлаи онҳо ҳадиси ба ин мазмун аз Усмон (р) омада мебошад: «Ҳар кас дар оғози рӯз ва аввали шаб гӯяд: «Бисмиллоҳи-л-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайъун фи-л-арзи ва ло фи-с-самои ва ҳува-с-самиъу-л-ъалим», яъне, «(ибтидо мекунам) бо номи он Парвардигоре, ки бо паноҳ бурдан ба номи Ӯ ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро тавони зиён расонидан ба инсон нест ва Ӯ таоло Парвардигоре аст шунаво ва доно, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад дар тӯли он рӯз ва он шаб ба ӯ зиёне расонад». Он рӯзе, ки Абон ба бемории фалаҷ гирифтор шуд, гуфт: «Савганд ба Худо, ин ҷазои фаромӯш кардани ман он дуоро аст, ки Худованд онро дар мавриди ман иҷро намуд».(16) Ӯ худ аз фақеҳони Мадина буд ва дар соли яксадупанҷи ҳиҷрӣ вафот кард.(17) Валид ва Саъид дигар писарони Усмон (р) буданд, ки аз Фотима духтари Валиди Махзумӣ соҳиби онон шуд. Саъид дар соли панҷоҳушаши ҳиҷрӣ ва дар замони хилофати Муъовия ибни Абӯсуфён (р) аморати Хуросонро ба зимма дошт. Усмон (р) аз Уммулбанин соҳиби писаре бо номи Абдулмалик шуд, ки дар кӯдакӣ фавтид. Нақл аст, ки Усмон (р) аз Ноила духтари Фарофиса низ соҳиби писаре шуд, ки номи ӯро Анбаса гузоштанд.(18)
Духтарони Усмон (р) иборатанд аз: Марям; духтари Умми Амр, Умми Саъид; духтари Фотима бинти Валид ибни Абдушамси Махзумӣ, Оиша; духтари Рамлаи духтари Шайба ибни Рабиъа, Марям; духтари Ноила бинти Фарофиса ва Уммулбанин; модараш Умми Валад буда.(19)
Омина духтари Аффон ва хоҳари тании (аз як падару модар) ҳазрати Усмон (р) дар замони ҷоҳилият ороишгар буд ва бо Ҳакам ибни Кайсон хидматгори Ҳишом ибни Муғираи Махзумӣ издивоҷ кард. Ҳакам дар сарияи Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш асир шуд ва ба Мадина бурда шуд ва дар он ҷо буд, ки мусулмон шуд ва ҳамон ҷо монд то ин, ки дар соли чаҳоруми баъд аз ҳиҷрат ва дар ҳодисаи «Биъри маъуна» шаҳид шуд. Омина бар хилофи шавҳар дар Макка ва бар куфри худ монд, то ин, ки дар рӯзи фатҳи Макка бо модар ва дигар хоҳаронаш ислом овард ва ҳамроҳи Ҳинд духтари Утба ва ҳамсари Абӯсуфён бо паёмбари акрам (с) байъат намуд, ки ҳаргиз ширк наварзад ва ҳаргиз даст ба дуздӣ назанад ва муртакиби зино ва фаҳшо нашавад.(20)
Бародарони модарии Усмон (р) иборатанд аз: Валид ибни Уқба ибни Абӯмуъайт, Аммора ибни Уқба ва Холид ибни Уқба. Уқба падари онҳо дар рӯзи Бадр аз кушташудагони сипоҳи куфр буд. Баъд аз сулҳи Ҳудайбия Валид ҳамроҳи бародарони худ Аммора барои пас гирифтани хоҳарашон Умми Кулсум, ки ислом оварда, ба Мадина ҳиҷрат карда буд, ба Мадина рафтанд, аммо Расулуллоҳ (с) аз супурдани ӯ ба бародаронаш худдорӣ кард. Валид дар рӯзи фатҳи Макка ислом овард, аммо ислом овардани Аммора дер сурат гирифт.
Хоҳарони модарии Усмон (р) иборатанд аз: Умми Кулсум духтари Уқба ибни Абӯмуъайт, ки дар Макка ислом овард ва ҳиҷрат намуд. Ӯ аввалин зане аст, ки баъд аз баргаштани Расулуллоҳ (с) аз Ҳудайбия ба Мадина ба ин шаҳр ҳиҷрат кард. Дигар хоҳарони модарии Усмон (р) Умми Ҳаким ва Ҳинд духтарони Уқба буданд.(21)
Саввум: Ҷойгоҳи Усмон (р) дар замони ҷоҳилият. Дар даврони ҷоҳилият Усмон (р) ҷузви беҳтарини афроди қавми худ буд. Ӯ марди соҳиби қадру манзалат, сарватманд, боҳаёву бошафқат ва ширинсухан буд. Қавмаш ӯро бисёр дӯст медоштанд ва барояш эҳтироми зиёд қоил буданд. Барои ҳеч буте саҷда накард, муртакиби ҳеҷ фаҳшо ва кори нописанде нашуд. Ҳаргиз лаб ба шароб назад ва мегуфт: Шароб ақлро нобуд мекунад ва ақл боарзиштарин неъмате аст, ки Худованд ба инсон дода, бинобар ин ба инсон лозим аст, ки қадри онро бидонад ва онро беарзиш нанамояд. Ҳаргиз овозҳои нағмасароён ва маҷлисҳои лаҳву лаъб ӯро ҷазби худ накарда, ба ҳадде боҳаё буд, ки шарм медошт касе аврати ӯро бубинад.(22)
Дар воқеъ агар ба ин суханони худи ӯ назар афканем, роҳи шинохти ӯ бар мо осон мешавад, чуноне ки фармудааст: «Ҳаргиз суруд нахонда, орзӯҳои ботил нанамудаам. Аз он ҳангом, ки бо паёмбар (с) байъат намудам, шармгоҳи худро бо дасти рост ламс накардаам, на дар ҷоҳилият ва на дар ислом, ҳаргиз шароб нахӯрдаам ва на дучори зино шудаам».(23)
Усмон (р) нисбат ба улум ва маорифи он рӯзгори араб монанди илми ансоб, амсолу ҳикам ва таърихи ҷангҳои қабилаҳои араб (ал-айём) огоҳ буд. Аҳли сафар буд ва аз сарзаминҳои Шом ва Ҳабаша дидан карда, бо қавмҳо ва миллатҳои араб бархурд дошт ва бо вазъият ва шароити онон ошно буд. Ӯ марди тиҷорат буду сарвате, ки аз падараш мерос бурда буд ба он иқдом намуд ва тавонист пас аз муваффақиятҳои бисёр ҷузви сарватмандон ва бузургони Бани Умайя, ки соҳиби қадру манзалати волое дар миёни Қурайш буд, шавад. Дар он рӯзгорон дар ҷомеаи Макка шараф ва манзалати ҳар фарде бар асоси андозаи молу сарвати ӯ таъин мешуд ва қудрати ӯ бар пояи теъдоди фарзандон, бародарон ва ақвому тоифааш шакл мегирифт ва Усмон ибни Аффон (р) на танҳо тавонист ба онҳо даст ёбад, балки аз муҳаббат ва эҳтироми зиёде дар миёни қавми худ ва Қурайш бархурдор шуд.
Идома дорад бо мо бошед то аз ин шахсияти нотакрори мактаби Муҳаммадӣ ва домоду халифаи он ҳазрат (с) огоҳии хуб пайдо намоед!

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Маъхаз ва манобеи истифошуда:

1. Табақоти Ибни Саъд (3/53). Ал-исобат (4/377).
2. Муҳаммад Яҳёи Андалусӣ. Ат-тамҳиду ва-л-баён. -с. 19.
3. Яҳё Ал-яҳё. Ал-хилофату-р-рошидати ва-д-давлати-л-уммавия. -с. 388.
4. Ат-тамҳиду ва-л-баён. -с. 19.
5. Маҳмуд ибни Аҳмад ибни Мӯсо Ал-ъайнӣ аз уламои таърих, ҳадис ва фиқҳ буда, соҳиби таълифоти бисёр ҳастанд (885-ҳ). Ниг: Шазароту-з-заҳаб (7/286) ва Аз-завъу-л-ломиъ (10/131).
6. Муҳаллаб ибни Абӯсафраи Азудӣ (83-ҳ), аз амирон ва сардорони номваре буд, ки дар аҳди Муъовия (р) зиндагӣ намуда, дар Ҳинд набардҳои бисёре анҷом додааст. Ӯ аз ҷониби Ибни Зубайр аморати минтақаи Ҷазираро ӯҳдадор буд ва дар даврони Абдулмалик ибни Марвон ҷангҳои бисёре миёни ӯ ва хавориҷ рӯй дод. Сипас дар соли 79 ҳ. аз ҷониби Абдулмалик аморати Хуросонро бар ӯҳда гирифт. Шӯҳрати ӯ бештар ба хотири ҷангҳои ӯ бо хавориҷ буд. Ниг: Вафиёту-л-аъён (5/350). Сияру аълому-н-нубало (4/383).
7. Умдату-л-қорӣ, шарҳи Саҳиҳу-л-Бухорӣ (16/201).
8. Сунани Байҳақӣ (7/73), бино ба қавли доктор Отиф Лимоза ин хабари ҳасан аст.
9. Зиннурайн Усмон ибни Аффон, -с. 79.
10. Ал-исоба (4/377).
11. Усмон ибни Аффон, Содиқи Арҷун, -с. 45.
12. Таърихи Табарӣ (5/440).
13. Сифату-с-сафва (1/295). Саҳиҳу-т-тавсиқ фӣ сират ва ҳаёту Зиннурайн. -с. 15.
14. Таърихи Табарӣ (5/441). Ат-тамҳиду ва-л-баёну фӣ мақтали-ш-шаҳид Усмон. -с.19., Ал-амину Зиннурайн, Маҳмуди Шокир. -с. 364.
15. Ал-амину Зиннурайн, саҳ. 365. Ат-тамҳиду ва-л-баён, -с. 19.
16. Суннани Тирмизӣ, китобу-д-даъват. 3385.
17. Сияру аъломи-н-нубало, (4/253).
18. Ал-амину Зиннурайн, -с. 369.
19. Ат-тамҳиду ва-л-баён, -с. 20.
20. Ал-амину Зиннурайн. -с. 346.
21. Ал-амину Зиннурайн, -с. 354.
22. Мавсуъату-т-торихи-л-исломӣ, Аҳмад Шалабӣ (1/618).
23. Ҳиляту-л-авлиёи (1/60-61).

 

Share This Article