Чанд пурсишу посухи қуръонӣ № 11
Савол: Оё ҷоиз аст Қуръонро ба забонҳои дигар ба сурати тарҷума калима ба калима маънидод кард?
Ҷавоб: Ҷоиз нест! Зеро сабаби норасоии маънии оят мегардад.
Савол: Чӣ тавр ҳидояти Қуръонро барои мардуми ғайриараб таблиғ кунем?
Ҷавоб: Ба василаи тарҷума ва тафсири мафҳумҳои Қуръон.
Савол: Фазлу ҳаққи Қуръон дар забони арабӣ чист?
Ҷавоб: Эҷоди ваҳдат ва ҳамоҳангӣ миёни лаҳҷаҳои мухталиф ва интишор дар миёни миллатҳои ҷаҳон ба сурате, ки забони арабиро ба сурати забони ҷаҳонӣ матраҳ намудааст.
Савол: Оё мешавад дар намоз ба ҷойи Қуръон маънии онро қиръоат намуд? Чаро?
Ҷавоб: Фуқаҳо бар ҷоиз набуданаш иттифоқи назар доранд, зеро Қуръон ба ҳисоб намеояд.
Савол: Истилоҳи “муҳкам” дар Қуръон, яъне чӣ?
Ҷавоб: Ба ояте гуфта мешавад, ки расоии он бар маънӣ тарҷеҳ дода шавад ва аз “нас” ва “зоҳир” иборат аст.
Давом дорад, бо мо буданро фаромӯш
масозед, хонандагони гиромӣ