ДАР БАЁНИ ЛАЪНАТИ РИБО (СУДХЎР Ё ПРОЦЕНТ ГИР) Силсила мақолаҳои лаънат шудагон № 13

Ислоҳ нет

ДАР БАЁНИ ЛАЪНАТИ РИБО (СУДХЎР Ё ПРОЦЕНТ ГИР)
Силсила мақолаҳои лаънат шудагон № 13
Аз Ҷобир бинни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки он ҳазрат фармуданд:
«Лаънат кардааст паёмбари Худо, ҳазрати Муҳаммад (с) хўрандаи риборо ва хўронанда (диҳанда) ва нависандаи онро ва шоҳидонашро.
Ва дар идома гуфтанд:
«Ҳама баробаранд (дар ин амал)».
ШАРҲ:
Имом Бухорӣ (22083) аз ҳадиси Абуҳурайра (р) аз паёмбари Худо(с) ривоят мекунанд, ки он ҳазрат фармуданд:
«Меояд бар сари мардумон замоне, ки фарқ намекунанд, барои шахс моле, ки ба даст овардааст, аз ҳалол аст ё аз ҳаром».
Савганд мехўрам ба касе, ки ҳарчӣ хоҳад мекунад. Ҳароина он Зот ба ваъдаи худ содиқ аст. Ва ба таҳқиқ некону солеҳон рафтанд ва боқӣ мондаанд бадону бадкешон, ки машғуланд дар шаҳрҳо ба тороҷ ва зиёд мекунанд дар он (дунё) фасодро ва дар ҳоле ки барои эшон парчами биҳишту дўзахро бардоштанд ва нидо кард ононро нидокунандае, ки дурӣ ҷўед аз оташи дўзах ва дар ин ҳангом бозгаштанд аз ҷаннат ба рўйҳояшон ва рўй гардониданд аз ҷаннат ба рўйҳояшон ва рўй гардониданд ба тарафи оташ, ба амалҳояшон ва нест чизе назди онон баддидатар аз накўиҳо, ки ҳаром донистанд онро ба худашон ва надидам ман чизеро аз бадӣ бадтар, дар ҳоле ки онҳо наздик шуданд ба он.
Савганд ба Худо, ки рост мегўяд паёмбари Худо (с), ҳангоме, ки хабар медиҳад, ки офтоб ҳалол аст, дар дилҳои бандагон ҳангоми ғуруб.
Пас он аст, ки бо монанди торикии гумроҳкунанда нобудаш мегардонад фаҳмиши онон аз дарку шуъури дигаронашон ва сирати онон аз ҳам пошида аст. Ва дур афканданд аз нури ҳидоят ва роҳи он. Пас барояшон фарқ намекунад, ки аз ҳалол омадааст, дастмузди онон ё аз ҳаром ва онон дар ҳарос нестанд аз он мамнўъияте, ки Худованд намудааст ба хўрандаи рибо (суд), ки он сабаби дохил нагардидан ба доруссалом аст (ҷаннат). Дасту кори эшон ҳоким нест ба моли онон, балки ҳоким аст ба дилҳову ақлҳову аҳволи онон, то ки мол дар аввалу охир ва муҳимтарин фикри ашхоси ин замона гардид.
Ва ибрате ононро нест, магар шахсеро, ки Худованд ба ҳоли он раҳм карда бошад. Аз куҷо омадани молу рибо дар ин замона ва ба куҷо рафтани он рибо, назар бар тамоми замонаҳои гузаштаву ҷоҳилият хосатан, дар тақсим шудани он ба чанд намуд, дар доду гирифт хеле ривоҷ гирифтааст ва чунон ки мову шумо огоҳем барои ин амал муассисаҳо ва ҷамъиятҳои гуногун бонкҳои рибавӣ фаъолият доранд ва дар дилҳои мусалмонон амали худро он қадар ширин менамоёнанд, ки дар аъмоқи ҷони онҳо ҷой шудаанд.
СУХАНИ ХУДО:
«Ҳамчунин (мисли хурофоти мазкур) зиннат додааст дар назари бисёре аз мушкирон қатли авлодашонро бутҳояшон (шайтонҳо), то ҳалок кунанд ононро ва то муштабиҳу мухталит кунанд ин корро, пас тарк кун (ай Муҳаммад (с) ононро бо тўҳмату муфтариёташон».
(Сураи Анъом, ояи 137).
Бо ҳар роҳу услуб дар дилҳои мусалмонон худашонро ҷойгузин мекунанд ва мағруру мутакаббир мегардонад эшонро ва бо шеваи навтарин риборо бехабарона ва ноогаҳона аз дин чун нафъи оддӣ ва тағйирхўранда вонамуд менамоянд.
СУХАНИ ХУДО:
«Фиреб медиҳанд Худо ва мўъминонро, лек дар ҳақиқат намефиребанд, магар худро ва огоҳ намешаванд».
(Сураи Бақара, ояи 9).
Чунон ки дар шароб даҳ нафарро Худованд лаънат кардааст, дар рибо бошад, панҷ нафарро лаънат кардааст. Аз ин сабаб, ки ҷурми хеле бузург ва амали бадест ва боз дар ҳоле, ки мухолифат меварзанд бо ин нидои раббонӣ, ки гуфтааст:
СУХАНИ ХУДО:
«Эй касоне, ки имон овардаед, битарсед аз Худо ва тарк кунед судхориро, агар мўъмини ҳақиқӣ ва воқеъӣ ҳастед».
(Сураи Бақара, ояи 278).
Рибо: Суд ва афзуданро гўянд.
Мегўянд:
– Рибо чизест, ки афзояд он аз асли моли вуҷуддошта.
Чунон ки Ҳофиз дар «Фатҳу-л-борӣ»(4/366) гуфтааст:
«Асли рибо, афзуданро гўянд, вале дар худи ҳамон чиз».
СУХАНИ ХУДО:
«Эй мардум, агар дар шубҳаед аз рўзи растохез (қиёмат) дар ин ҳол бингаред, ки офаридем мо шуморо аз хок (яъне,, падаратон Одам (а)) боз (офаридем тамоми мавҷудотро аввалан) аз нутфа (манӣ) баъдан хуни баста, боз аз гўштпора, ки ба сурату шакли инсонӣ даромада ё ҳанўз надаромада мегўем, то возеҳ созем барои шумо ва қарор медиҳем дар (шиками модарон) чизеро (тифлеро), ки хоҳем (ба дунё омадани ўро) то муддати муайян. Боз дар ҳолати тифлӣ берун меорем шуморо ба дунёи рўшан, боз тарбия мекунем шуморо (ба додани ризқу рўзӣ) то ба воя бирасед. Баъзе аз шумоён аз олам мегузаранд (дар ҳоли тифливу кўдакиашон). Баъзе дигар ашхосе, ки бозгардонида шавад ба бадтарин ҳолати умр, то ки надонад чизеро (илму донишеро), ки дар аввали умраш медонист. (Ва яке аз далелҳои аз нав зинда шудан дар ҳамин аст). Ва мебинӣ заминро хушкида чун мефиристем бар он боронро, ҷунбиш мекунад ва биафзояд (ба сабаби борон) баъдан бирўёнад набототу растаниҳои гуногуну равнақдорро».
(Сураи Ҳаҷ, ояи 5).
Вале бобати он ки дар муқобили як дирҳам ду дирҳам бистонӣ, гуфтааст:
«Мутлақан рибо ҳаром аст, дар ҳар хариду фўруш».
Ибни Мунзир, дар «Лисону-л-араб» аз Абуисҳоқи Зуҷҷоҷ овардааст, ки он ҳазрат фармудааст:
«Рибои ҳаром: Ҳар қарзе гирифта шавад, аз маблағи додашуда зиёд ё ба сабаби он қарзи додаат аз ў чизе фоида бихоҳӣ, он рибост».
Ҳамчунон ки ишора гардид ва аз ин суханон хулоса бароварда мешавад, албатта ин амал феълан ғайр аз ашхоси алоҳида бо он дар бонкҳо рў ба рў мешавӣ, ки ба маблағи аслӣ меафзоянд.
СУХАНИ ХУДО:
«Пас агар ба ҷой наовардед (фармони маро), пас хабардор бошед ба ҷанге аз тарафи Худо ва расули ў ва агар тавба кардед барои шумост, асли молҳои Шумо, дар ин ҳол на золимед на мазлум».
(Сураи Бақара, ояи 279).
Бархе аз уламои муосир гуфтаанд, ки рибо: Ҳар афзуншавие ба даст биёяд, зиёд аз он маблағе, ки қарз додааст, он рибо ҳисобида мешавад.
Ривоят шудааст аз имом Бухорӣ (3606) ва имом Муслим (1847) аз ҳадиси Ҳузайфа ибни Ямон (р) соҳиби «Сиррӣ» паёмбари Худо (с) гуфт:
«Мардумон паёмбари Худо (с)-ро аз некӣ савол мекарданд. Вале ман савол мекардам, аз бадӣ, аз тарсе, ки он мерасадам».
Пас гуфтам:«Эй паёмбари Худо (с), мо дар ҷоҳилият (пеш аз ислом) ва бадӣ будем, пас Худованд ба мо накўи овард, магар пас оё аз ин накўӣ бадиест (омаданист)».
Паёмбари Худо (с) гуфтанд:
«Бале!».
Пас ман гуфтам:
«Оё пас аз ин бадӣ, некие меояд?»
Паёмбари Худо (с) гуфтанд:«Қавми (пайдо мешавад, ки) ба ғайр аз суннати ман амал мекунанд. Ва роҳеро интихоб мекунанд, ки ғайри роҳи ман аст. Онро медонанд, вале инкор мекунанд».
Пас гуфтам:«Оё, пас аз ин некӣ, бадиест?»
Паёмбари Худо (с) гуфт:«Бале, даъваткунандагон ба сўи дарвозаҳои дўзах, шахсе пазируфт, ба даъвати онон дар дўзах андохта мешаванд».
Пас гуфтам:«Эй паёмбари Худо (с), ононро (он қавмро) бароямон сифат кун».
Паёмбари Худо (с) гуфт:«Бале, қавмеанд ба монанди мо».
Ҳадиси саҳиҳ
Пок аст, Худованд ва ба ларза меорад қудрати ў моро, мумкин аст, ки огоҳ сохтааст паёмбарашро бар аҳволи умматаш, ки чи рўзгоре бар сари умматаш аз фитнаҳову балоҳову саргармиҳо мерасанд.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки гўё паёмбари Худо (с) ба ҳоли имрўзаи умматаш наззора карда ва ононро хабар додааст, ки огоҳ бошед, ки бо шумо ва ақлҳоятон набозанд ва аз динатон шуморо бознадоранд. Ба дурустӣ, ки он тоифа дар тан либоси насиҳаткунанда доранд ва бо шумо мушфиқу ғамхор мебошанд. Онҳо барои дунё ва охирататон ончунон бо нозукиҳои шариъат сухан меронанд, ки олимони шариъат аз онон чанд сару гардан кам менамоянд, чизеро хоҳанд ҳалол мекунанд ва ончиро хоҳанд ҳаром мекунанд, дар ҳоле ки ҳалолу ҳаром шумурдани чизе кори онон набуда, кори Худованди онҳост. Пас эй дўстон огоҳ бошед.
СУХАНИ ХУДО:
«Худованд пайдо кард аз шутур ду қисм ва аз ҷинси гов ду қисм. Бигў: «Оё ин ду нарро ҳаром кардааст Худо ё ин ду модаро? Ё он ҳамлеро, ки шомил аст бачадони ин ду мода? Оё ҳозир будед дар вақти ҳукми Худованд ба он (ки ҳалол аст ё ҳаром?). Пас кист золимтар аз касе, ки нисбат диҳад ба Худованд дурўғро ба ҷиҳати гумроҳ кардани мардумони беилму дониш. Ҳамоно Худо ҳидоят намекунад золимонро».
(Сураи Анъом, ояи 144).
Пас хитоб ба даъваткунандагоне, ки мехонед мардумонро ба сўи дарвозаҳои дўзах , ки ношармида ҳалол месозед аз барои мардумон он чиро, ки ҳаром шудааст барояшон. Зикри он дар Қуръону аҳодиси паёмбар ва иҷмои оммаи уламои дин омадааст. Ва аз нигоҳи иқтисодӣ ба гуфтаи онон интишор шудааст китобҳо, мақолаҳо ва фатвоҳои онон, ки ҳалол сохтаанд ин муомиларо. Дар ҳақиқат ин масъала дар ҷисми мусалмонон мисли бемории саратон гардидааст, дар ҳоле ки ононро имону яқин заъиф аст, ғайр аз касоне, ки Худованд раҳм кардааст.
Ҳатто барои мусалмонон мушкил гардидааст, то ташхис намоянд, ки касби ба даст овардаи онон, ки бо он мехўранду менўшанд ва либос мепўшанд аз куҷо ба даст омадааст. Дар ҳақиқат ин мутобиқ аст, ба ин сухани паёмбари Худо (с).
Дар ҳадиси Ҳасан аз Абуҳурайра (р) омадааст:
«Меояд бар мардумон замоне, ки боқӣ намемонад дар он касе (беолоиш), магар, ки хўрдааст рибо (суд), пас касе, ки нахўрда бошад, ба ў аз ғубораш расидааст».
Ҳадиси саҳиҳ.
Албатта ин хабар хеле ростмеояд бар он идда ашхосе, ки ба муомилоти судхўрӣ машғуланд, мисли бонкҳои хос, ба ин масъала ва дигару дигар, ки паёмбари Худо (с) ин масъаларо равшан сохтаанд.
Ашхосе, ки бо Худо ва паёмбари ў (с) душманӣ меварзанд, муборизаи онҳо анҷоми ин гуноҳ аст ва он ҳам бошад, ҳалол шуморидани он масъалаеро, ки дар хусуси онон дар Қуръон ва аҳодиси паёмбар ҳаром будани он омадааст ва инчунин омадааст дар ин ду ба рафторкунандаи ин амал ваъдаи азоби хеле шадид. Аз он сабаб ки бо мамнўъоти Худо ва паёмбари ў мухолифат кардааст.
СУХАНИ ХУДО:
«Оё намедонад, ки ҳар кӣ мухолафат кунад бо Худо ва расули ў, яқинан ўрост (мухолифрост) оташи дўзах, абадӣ монад дар он. Ин аст расвоии бузург».
(Сураи Тавба, ояи 63).
СУХАНИ ХУДО:
«Албатта касоне, ки мухолафат мекунанд бо Худо ва расули ў, хору зор карда шуд инҳоро мисле, ки хору зор карда шуда буд мухолифини пеш аз инҳо бударо, ҳамоно нозил кардем оятҳои возиҳу равшанро ва кофиронрост азоби хоркунанда».
(Сураи Муҷодала, ояи 5).
СУХАНИ ХУДО:
«Онҳое, ки хилоф мекунанд бо Худову расули ў, албатта инҳо хору зортарини мардуманд».
(Сураи Муҷодала, ояи 20).
Инҷост, ки Худованд ва паёмбари ў (с) ба касе, ки судхўриро тарк намекунанд, эълони ҷанг намудаанд ва дар ин бобат сухани Худои бузург возеҳ омадааст:
СУХАНИ ХУДО:
«Пас агар ба ҷой наовардед (фармони маро), пас хабардор бошед ба ҷанге аз тарафи Худо ва паёмбари ў ва агар тавба кардед, барои шумост асли молҳои шумо, дар ин ҳол на золимед на мазлум».
(Сураи Бақара, ояи 279).
Албатта чунон ки огоҳед, ба эълон гардидани ҳар ҷанге душманӣ лозим мегардад, пас ҳар ҷангкунанда бо Худо ва паёмбари ў (с) душманнони ин ду дониста мешаванд. Ва шахсе, ки ба сўи ў бошад ва гўяд он ҳалол аст, гуноҳи ин масъала хеле шадид аст. Ва сарсахттарин ҷанганда бо Худо ва паёмбари ў (с) ҳисобида мешавад. Барои он ки ў сабабгори ҷангандозии мардумон бо Худо маҳсуб аст.
СУХАНИ ХУДО:
«Ҳеҷ марду зани боимон ҳаққи ихтиёр надорад дар тасарруфи кори худ, чун муқаррар кунад Худову расулаш кореро ва ҳар кӣ нофармонии Худову расулашро кунад, ҳамоно дар гумроҳии ошкоро гирифтор шудааст».
(Сураи Аҳзоб, ояи 36).
Ва яқинан ин даъватест ба сўи ин гумроҳии ошкоро, ки ба зиндагии оммаи мусалмонон дар дунё ва охират халал ворид менамояд.
СУХАНИ ХУДО:
«Ва чун пурсида шавад (мушкирони Маккаро) чист он чӣ (Қуръоне), ки нозил кардааст Парвардигори шумо (ба Муҳаммад (с)? Гўянд (дар ҷавоб масхаракунон): Афсонаҳои пешиниён аст».
(Сураи Наҳл, ояи 24).
Эй мусалмонон, монанд насозед худро ба яҳудон ба сабаби он, ки онон ҳалол пиндоштанд он чиро барояшон Худо ҳаром карда буд. Масалан: чунон ки Худованд дар рўзи шанбе шикори моҳиро барои яҳудиён ҳаром гардонид, пас ин қавм барои доштани моҳӣ найранге анҷом доданд. Масалан, дар рўзи ҷумъа тўру бандҳо ва шастҳоро дар дарё афканданд, то моҳиҳо дар рўзи шанбе дар он дохил шаванд ва он рўз онро намегирифтанд ва дар рўзи якшанбе тўрҳо ва шастҳои гузоштаи худро мегирифтанд ва чунин мепиндоштанд, ки ин зараре надорад.
Пас Худованд барои ин қавм ба сабаби ин ҳилаи анҷомдодаашон азоберо нозил кард, ки назирашро ба касе аз оламиён фуруд наоварда буд. Ононро маймун гардонид, ки шумо тафсилоти ин қиссаро дар сураи Бақара ва Аъроф меёбед. Бале, эй бародари азиз, ин бояд ибрате бошад аз барои ҳар мусалмони оқил ва бидонад он кадом чизҳо барояш ҳалол гардонида шудаанд ва боздоранд худро аз анҷом додани ҳар амали ҳарому баде, то бар сари моён он воқеаи бар сари яҳудон омада наояд. Яъне,, ҳалол шуморидани ҳаром ба ивази ҳилае, ки анҷом доданд.
Худоё, моро аз ин гуноҳон ба дур бидор ва миллати моро аз ин вабои аср рибо дӯр нигоҳ дор омин.

Share This Article