Мелоди босаодати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам )

Ислоҳ нет

Мелоди босаодати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам )

Насаби Муҳаммад (с).
Паёмбари Худо Муҳаммад (с) бошарафтарин ва хушахлоқтарини мардумон буд ва дар бораи насаби шарифи ӯ аҳодиси зиёде ворид шудааст, ки аз ҷумла Имом Муслим ривоят мекунад, ки паёмбари Худо (с) гуфт:
«Худо аз фарзандони Иброҳим Исмоилро ихтиёр намуд ва аз фарзандони Исмоил Кинонаро ва аз Кинона Қурайшро ва аз Қурайш Бани Ҳошимро ва маро аз бани Ҳошим баргузид».
Имом Бухорӣ (раҳ) насаби паёмбари Худо (с)-ро зикр намуда фармуд: «Ӯ Абулқосим, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ибни Абдулмутталиб, ибни Ҳошим, ибни Абдуманоф, ибни Қусай, ибни Килоб, ибни Мурра, ибни Каъб, ибни Луай, ибни Ғолиб, ибни Фиҳр, ибни Молик, ибни Назир, ибни Кинона, ибни Хузайма, ибни Мудрика, ибни Илёс, ибни Музар, ибни Низор, ибни Маъаддӣ, ибни Аднон аст». (1)
Бағавӣ дар шарҳи «Ас-Суннат» (13/193) баъд из зикри насаби паёмбар то Аднон гуфтааст: «Зикри ансоб баъд аз Аднон дуруст намебошад».
Ва инчунин Ибни Қайим баъд аз зикри насаб то Аднон гуфтааст: «Насаб то ба Аднон вуҷуди сиҳат дорад, ки дар он насабшиносон хеҷ ихтилофе надоранд, аммо пас аз Аднон дар он ихтилоф аст. Ва хеҷ ихтилофе вуҷуд надорад, ки Аднон аз насаби Исмоил (а) аст». (2)
Дар китоби Табақот аз Ибни Саъд омадааст: «Дар бораи насаби паёмбар аз Аднон то Исмоил (а) мо хомӯширо ихтиёр менамоем». (3)
Аз Урва ибни Зубайр омадааст, ки мегӯяд: «Касеро пайдо накардаем, ки насаби паёмбари Худо (с)-ро пас аз Аднон ва Қаҳтон ба таври дуруст бидонад». (4)
Заҳабӣ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: «Ҳама муттафиқанд, ки Аднон аз фарзандони Исмоил ибни Иброҳим (а) аст, аммо вуҷуди ихтилоф дар падарони паёмбар аз Аднон то Исмоил аст». (5)
Дар ҳар вақт ва ҳар замон насабро ҷой ва маконати болост, зеро бузургӣ аз болонасаб канда намешавад, агарчӣ паёмбар бошад ё подшоҳ, аммо пастнасабро акси ин аст. Аз он ки Худованд Муҳаммад (с)-ро бар паёмбарӣ баргузид барояш насаби бошарафе омода намуда буд, то сабабе шавад, ки ба осонӣ мардум гирди ӯ ҷамъ оянд. (6) Ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки аслу насаби паёмбар(с) пок ва нафис аст ва ӯ аз насли Исмоили Забиҳуллоҳ ва Иброҳими Халилуллоҳ аст. Ӯ аз натиҷаи дуои қабулгаштаи Иброҳим (а) ва ҳосилгаштаи муждаи бародараш Исо (а) аст. Чунончи худи Паёмбар (с) мефармояд: «Ман дуои падарам Иброҳим ва муждаи бародарам Исо ҳастам». (7) Насаби боло соҳибашро боломақомӣ медиҳад. Паёмбарон ва даъватгарон ба ин сазовортаранд, зеро назди мардум ба насабашон шинохта ва баҳо дода мешаванд. (8)
Аз насаби шарифи паёмбари Худо (с) чунин маълум мешавад, ки Худо Қурайшро бар дигар қабоили араб ва арабро бар дигар мардумон бартарӣ додааст. Моро лозим аст қавмеро, ки Муҳаммад (с) аз он баргузида шудааст, дӯст дорем. Хусусан қабилаеро, ки дар он Муҳаммад (с) таваллуд ёфтааст. Дӯстдории мо аз рӯи қавмият набуда, балки бояд аз рӯи ҳақиқати мутлақ бошад. Қурайш бо сабаби насаби паёмбари Худо (с) бар дигар насабҳо бартарӣ дода шудааст, агарчӣ аз он қавм шахсоне буданд, ки ба сабаби каҷравиашон аз дини интихобкардаи Худо, аз шарафи бартарӣ маҳрум монданд. (9)
Издивоҷи Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб бо Омина бинти Ваҳаб ва хоб дидани модари Муҳаммад (с).
Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб маҳбубтарин фарзандони падараш буд. Вақте ӯ аз забҳ раҳо шуд, Абдулмутталиб сад шутур фидя намуд. Абдулмутталиб фарзандашро бо бошарафтарин зани Макка Омина бинти Ваҳаб ибни Абдуманоф ибни Зӯҳра ибни Килоб издивоҷ намуд. (10) Ҳанӯз паёмбари Худо (с) дар шиками модараш буд, ки падараш Абдуллоҳ барои тиҷорат ба сӯи Шом сафар намуд ва ҳангоми бозгашт дар Мадинаи мунаввара ҷон ба ҳақ супурд ва назди бародарони модариаш Удай ибни Наҷҷор дафн карда шуд. Гӯё тақдири худовандӣ ӯро аз ба поён расидани муҳимма ва масъулияти дар зиндагӣ доштааш огаҳ намуда мегуфт: Худованд тарбия ва парвариши он ҷанинеро, ки дар шиками модараш боқӣ мондааст, ба ҳикмат ва хости худаш, барои берун овардани башарият аз торикиҳои куфру ҷаҳолат ба сӯи нури имон, ба зиммаи худ мегирад.
Издивоҷи Абдуллоҳ бо Омина аввалин нишонаҳои нубуввати Муҳаммад (с) набуд, зеро аз паёмбари Худо (с) пурсида шуд: «Ибтидои кори шумо чӣ гуна буд»? Паёмбари Худо (с) ба ин мазмун фармуданд: «Ман дуои падарам Иброҳим (а) ва муждаи бародарам Исо (а) ҳастам ва модарам дар хоб дида буд, ки нуре аз ӯ хориҷ шуда қасрҳои Шомро равшан сохт». (11)
Дуои Иброҳим (а) он аст, ки Худованд дар сураи Бақара мефармояд:
«Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онҳо мабъус гардон. То оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу (Қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ) ҳикмат (маърифати дин) биёмӯзонад ва онҳоро покиза созад ва Ту пирӯзманду ҳаким ҳастӣ!» (Сураи Бақара -129)
Ва муждаи Исо (а) он аст, ки Худованд дар сураи Саф мефармояд:
«Ва Исо ибни Марям гуфт: «Эй бани Исроил, ҳароина, ман паёмбари Худо бар шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман буда, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он паёмбар бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин ҷодуест ошкор!». (Сураи Саф, ояти 6)
Ибни Раҷаб дар бораи ин ҳадиси паёмбари Худо (с), ки ба ин мазмун гуфтааст: «Ва модарам дар хоб дида буд, ки нуре аз ӯ хориҷ шуда қасрҳои Шомро равшан сохт», мегӯяд: «Берун шудани он нур ишора ба сӯи ҳамон нуре буд, ки торикиҳои куфрро дур сохта аҳли заминро ба нури имон мушарраф сохт».
Чунончӣ Худованд дар сураи Моида мефармояд:
«Эй аҳли Китоб, паёмбари Мо назди шумо омад, то бисёр аз китоби Худоро, ки пинҳон медоштед, бароятон баён кунад ва аз бисёре даргузарад ва аз ҷониби Худо нуре ва китобе сареҳу ошкор бар шумо нозил шудааст. То Худо ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии Ӯст, ба роҳҳои саломат ҳидоят кунад ва бо фармони Худ аз торикӣ ба рӯшноияшон бубарад ва ононро ба роҳи рост ҳидоят кунад». (Сураи Моида, ояти 15-16)
Дар ин ҳадис, ки минтақаи Шом зикр шуд, ишора ба сӯи истиқрори дин дар ин минтақа буд ва то охири замон мустақар хоҳанд монд ва нузули Исо (а) ҳам дар назди манораи сафеди шарқии ин минтақа ишора шудааст. Аз ин ваҷҳ буд, ки дар саҳиҳайн омадааст: «Ҳамеша гурӯҳе аз уммати ман бар хақ мемонад, касе ба онҳо зараре нахоҳад расонид ва мухолифонашро аз хилофашон суде набошад, то он дам, ки амри Худо воқеъ шавад, ҳамон гуна (бар ҳақ) хоҳанд монд» ва дар Бухорӣ омадааст: «… онҳо дар Шом хоҳанд буд». (12)
Мелоди ҳабиби Ҳақ Муҳаммади Мустафо (с)
Паёмбари Худо (с)дар Бани Ҳошим, дар хонаи Абӯтолиб, рӯзи душанбе, дувоздаҳуми моҳи рабиъулаввал ба дунё омад ва он солро мардуми араб ба «Ому-л-Фил», яъне соли фил (13) ёд мекунанд.
Модарони ризоии расули Худо (с).
Умми Айман Баракаи Ҳабашӣ, ки канизи падари Набии акрам буд, момодоягии Муҳаммад (с)-ро анҷом дода ва аввалин касе, ки ӯро шир додааст Сувайба канизи Абӯлаҳаб амаки паёмбар (с) мебошад. (14)
Дар ҳадиси Зайнаб духтари Абӯсалама омадааст, ки Умми Ҳабиба (разияллоҳу анҳу) ба ӯ хабар дода, ки ба ин мазмун гуфтааст: «Эй паёмбари Худо (с)! Хоҳарам, духтари Абӯсуфёнро ба никоҳи худ дароред». Паёмбари Худо (с) гуфт: «Оё ту ин корро дӯст медорӣ?». Гуфтам: «Бале, ман ин корро дӯст медорам». Пас, паёмбари Худо (с) гуфт: «Ин кор барои ман ҷоиз намебошад». Гуфтам: «Мо шунидем, ки ту мехоҳӣ духтари Абӯсаламаро ба никоҳи худ дарорӣ». паёмбари Худо (с) гуфт: «Духтари Уммисаламаро?» Гуфтам: «Бале». Паёмбари Худо (с) гуфт: «Ӯ агар духтари ҳамсарам намебуд ва ҳамроҳам зиндагӣ намекард, боз ҳам бароям ҳалол набуд. Ӯ духтари бародари разоъиям аст, ман ва падари ӯ, Абӯсаламаро Сувайба шир додааст. Духтарҳо ва хоҳарҳоятонро ба ман пешниҳод накунед». (15)
Умми Айман, модари Усома ибни Зайд ва канизи Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб аз аҳли Ҳабаша буд. Пас аз таваллуди паёмбари Худо (с) парвариш ва тарбияи ӯро Умми Айман ба ӯҳда гирифт ва пас аз гузашти даврони кӯдакӣ паёмбари Худо (с) ӯро озод карда ба никоҳи Зайд ибни Ҳориса даровард. Ӯ низ пас аз панҷ моҳи вафоти Паёмбари Худо (с) аз дунё чашм пӯшид. (16)
1. Ҳалимаи Саъдия модари разоъии паёмбар (с) аз Бани Саъд.
Ин Ҳалимаи Саъдия аст, ки бароямон дар як хабари ҷудогонае, аз мушоҳидаҳояш дар мавриди баракатҳое, ки ба ӯ ва фарзандҳову аҳлу аёлаш ба сабаби Ҳабиби Худо (с) расид, ҳикоят менамояд.
Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (разияллоҳу анҳу) омада аст, ки мефармояд: Вақте паёмбари Худо (с) ба дунё омад, Ҳалима бинти Ҳорис бо чанде аз занҳои бани Саъд ибни Бакр ба Макка омада, ҷӯёи ширхораҳо гаштанд. Ҳалима мегӯяд: Ман пешопеши занони дигар савори модахари кабудранге ҳамроҳи шавҳарам Ҳорис ибни Абдулуззо барои дарёфт ва пайдо кардани ширхорае берун шудам ва низ ҳамроҳ шутури солхӯрдае доштем, ки дар ин соли беборишӣ ва хушкӣ, умеди як қатра шир ҳам аз он набуд. Мардум аз гуруснагӣ беҳолу бемадор гашта буданд, сум ва поҳои харамон аз сахтии сафар хунин гашта буд. Ман бачаи хурдсоламро ҳамроҳ доштам, ки хоби шабро аз шиддати гуруснагӣ аз чашмонам дур карда буд ва чизе ҳам надоштам, ки ӯро машғул созам, то гуруснагиашро фаромӯш кунад, ҷуз дуои талаби борон кардан, ки борон бибораду талу теппаҳоямон сарсабз гарданд ва гӯсфандонамон серу пистонҳояшон пуршир шаванд. Вақте ба Макка расидем, касе аз мо намонда буд, ки паёмбари Худо (с) бар ӯ пешкаш нагардида бошад ва ҳама кас ӯро рад мекард. Мо мегуфтем: Ӯ ятим аст ва ҳамеша нигаҳбону парваришкунандаро аз падари тифл хайру некӣ мерасад ва ӯ, ки падар надорад аз модару амак ва падаркалонаш чӣ умед аст? Ҳамаи ҳамроҳонам барои худ ширхорае пайдо карда буданд ва барои ман ғайр аз ӯ каси дигаре намонда буд, пас ба шавҳарам гуфтам, ки ман ҳатман ҳамон ятимбачаи Абдулмутталибро хоҳам гирифт. Қасам ба Худо, ҷуз ӯ каси дигаре барои ман намонда ва ман намехоҳам аз ин ҷо бо дасти холӣ баргардам, шояд Худованд ба сабаби ӯ бароямон нафъе расонад. Шавҳарам низ фикри маро писандид ва ман баргашта ӯро гирифтам. Қасам ба Худо, ман ӯро ба он сабаб гирифтам, ки ғайр аз ӯ каси дигареро пайдо накардам. Ҳалима мегӯяд: Ӯро гирифта ба назди кӯчи худ баргаштам. Вақте шаб хобидам, пистонҳоям ба қудрати илоҳӣ чунон пур аз шир гашт, ки ӯ (с) ва бародарашро маконда сер намудам. Чун шавҳарам ба назди пиршутурамон рафт, дид, ки пистонҳояш пур аз шир гаштаанд. Ӯ шутурро ҷӯшид ва ҳарду хӯрда сер шудем. Ҳорис гуфт: Эй Ҳалима! Қасам ба Худо кӯдаки муборакеро бо худ овардаӣ. Худо ба сабаби ӯ ба мо чизҳоеро насиб намудааст, ки орзуяшро ҳам намекардем.
Ҳеҷ шаберо чунин осуда нахобида будем, зеро дар шабҳои гузашта тифламон аз сабаби гуруснагӣ хобро аз чашмонамон дур карда буд. Чун субҳ ҳамроҳи ҳамсафаронам ба қабилаи худ баргаштанӣ шудем, ман ба он маркаби харобу лоғарам тифли гирифтаамро ҳамроҳи худ савор намуда, раҳсипор гаштем. Қасам ба он Худое, ки ҷони Ҳалима ба яди Ӯст, чун қофилаамон ба роҳ даромад, хари мо чунон ҳаракат кард, ки аз ҳамаи савориҳо пеш гузашт. Ҳамсафарҳоям гуфтанд: «Эй Ҳалима, оё ин ҳамон харест, ки дар он савор шуда омада будӣ?». Гуфтам: «Бале». Занон гуфтанд: «Вақте аз қабилаамон берун гашта будем, ин маркаби нотавоне ба назар мерасид, онро чӣ шудааст?». Ҳалима гуфт: «Савганд ба Худо, ки ҳамроҳам тифли муборакеро савор намудаам».
Ҳалима сухани худро идома медиҳад: «Ва Худо ҳар рӯз ба мо бештар баракат ато мефармуд ва чун ба сарзамини худ баргаштем, хушксолию беборишӣ ҳамаро фаро гирифта буд. Чӯпонҳо чорпоёни моро ба чарогоҳ мебурданд. Гӯсфандони Бани Саъд бегоҳ аз камалафӣ шикамгурӯсна ба манзил бармегаштанд, аммо гӯсфандони ман бошанд бо шиками сер ва пистонҳои пуршир меомаданд. Мардум дар байни худ мегуфтанд: Чаро гӯсфандони Ҳорис ибни Абдулуззо ва Ҳалима бо шиками сер ва пистонҳои пур аз шир бармегарданд ва аз мо бошанд бо шиками холӣ? Ба чӯпонҳояшон мегуфтанд: Шумо низ чорворо ба ҷое баред, ки Ҳалима молҳояшро он ҷо мефиристад. Аммо боз ҳам гӯсфандони ман бо шиками пур ва аз Бани Саъд бо шиками холӣ бармегаштанд. Муҳаммад (с) нисбат ба дигар бачаҳо хуб нашъу намо меёфт. Вақте ӯ (с) ду солро пурра намуд, ману падараш ӯро ба Макка оварда бо худ гуфтем: Савганд ба Худо, ки ҳаргиз ӯро аз худ ҷудо нахоҳем кард. Вақте ӯро ба назди модараш ҳозир намудем, ба модараш гуфтем, ки савганд ба Худо, мо ҳеҷ тифлеро ба монанди ӯ (с) пурбаракат надидаем ва мо аз он хавф дорем, ки ӯро аз вабо ва бемориҳои Макка осебе расад, пас бигзор то ӯро дубора бо худ баргардонем. Модараш талаби моро пазируфт ва мо дубора бо ӯ (с) ба хона баргаштем. Пас аз гузашти се – чаҳор моҳ рӯзе бо бародараш пушти хонаҳо машғули бозӣ буданд, ки нохост бародараш тозон ба сӯи мо омада гуфт: «Ду марди сафедпӯше бо либосҳои сафед омада шиками бародари қурайшиамро пора намуданд». Ману падараш ба сӯи ӯ шитобида дидем, ки рангаш паридаву ашк аз чашмонаш ҷорӣ аст. Ӯро ба оғӯш гирифта гуфтем: «Ба ту чӣ шуд?». Гуфт: «Ду марди сафедпӯше ба наздам омаданд ва маро ба паҳлӯ хобонда шикамамро пора карданд ва чизе дохили шикамам гузошта мисли пештара боз гардониданд». Падараш гуфт: «Савганд ба Худо, писарамро балое ба сараш омада, қабл аз он ки ба ӯ чизе бирасад ӯро ба назди хонаводааш баргардонед». Вақте ӯро ба назди модараш ҳозир намудем, моро дида бо тааҷҷуб гуфт: «Чаро қабл аз он ки ӯро талаб намоем баргардонидед ва ҳол он ки шумо мехостед бо шумо бошад?». Гуфтем: «Чизе нашудааст, магар ин ки мӯҳлати разоъаташ (ширхорагиаш) пурра гаштааст». Модараш гуфт: «Чизеро аз ман пинҳон медоред, бояд ҳақиқатро баён кунед». Моро нагузошт ва исрор варзид, то он ки ӯро аз он воқеа огаҳаш сохтем. Ӯ гуфт: «Савганд ба Худо чунин нест, ки Худо писари маро ба ин ҳол гирифтор намояд, магар ин ки ӯро шаъни бузургест. Оё шуморо аз чигунагии ҳоли ӯ хабар надиҳам? Савганд ба Худо, вақте ба ӯ ҳомила будам, ҳеҷ гоҳе аз он вақт дида осонтар бар ман набуд ва ҳеч вазниниеро ҳис намекардам. Боре дар хобам дидам, ки аз ман нуре баромад, ки аз вуҷӯди он нур қасрҳои Бусро равшан гардид ва ё гуфта шудааст, ки аз вуҷуди он нур гарданҳои шутурони Бусро равшан шуда намоён гардиданд. Аммо вақте ӯро таваллуд намудам, на он гуна буд, ки дигар атфол таваллуд мешуданд, зеро ӯ бо кӯмаки дастони худ ба замин афтода ба осмон нигоҳ мекард». Он гоҳ Омина фарзандашро қабул карда гирифт ва мо аз он ҷо рафтем». (17)
1. Суд ва андарзҳо.
Баракати Набӣ (с) бар Ҳалима.
Баракати Паёмбар (с) барои Ҳалимаи Саъдия дар ҳар чизе зоҳир гашта буд. Чунончи аз шир пур гаштани пистонҳои худаш, ки қаблан имконияти сер гардонидани тифлашро надошт ва ин сабабе буд, ки ҳамеша шабҳо гиря мекард ва хобро аз чашмони модараш рабуда буд. Ҳамчунин фарбеҳу сершир шудани шутури лоғару гӯсфандҳояш аз баракати Муҳаммад (с) буд.
Ин баракатҳо навъе бузургдошти паёмбар (с) тавассути Худованд буд.
Хонаводаи Ҳалимаи Саъдия, ки ифтихори парасторӣ ва ширдиҳии ӯро дошт, ба сабаби ӯ (с) мавриди икром қарор гирифт ва ин масъала амри ғайри мунтазира нест. (18)
Ҳикмати ин баракат ин буд, ки аҳли он хонавода ин кӯдакро дӯст ва гиромӣ бидоранд ва бо ӯ (с) меҳрубонӣ намоянд ва дар тарбияту парвариши ӯ кӯтоҳӣ накунанд, чунончи онҳо Муҳаммадро, ҳатто аз фарзандони худ ҳам бештар дӯст медоштанд.
Чизеро, ки Худо барои бандааш интихоб намояд беҳтару бобаракаттар аст.
Худованд ин кӯдаки ятимро барои Ҳалима интихоб кард. Ҳалима чун кӯдаки дигареро ғайр аз ӯ барои парасторӣ наёфт, ночор ӯро қабул карда гирифт ва натиҷаҳои ин хайр дар ибтидои таҳвил гирифтани ӯ ошкор шуд ва ин дарсе барои ҳар мусалмон аст, то қалбаш ба тақдир ва интихоби илоҳӣ ором бигирад ва мутмаин шавад ва ба он розӣ гардад ва бар ончи Худованд барояш муқаддар накарда аст, афсусхурӣ накунад.
Таъсири биёбон дар тансиҳатӣ ва ҳушёрии ақлҳо.
Шайх Муҳаммад Ғазолӣ (раҳ) мефармояд: « Дар биёбон парвариш ёфтани кӯдакон ба хотири ин буд, ки дар домани табиат ва дар фазои озоди он рушд кунанд, ки наздиктар ба тазкияи нафс ва тарбияи шууру отифа аст».
Ва ин тирабахтист, ки фарзандони мо дар хонаҳои тангу торик ва бо ҳам часпида, ки дур аз фазои озод ва домани табиат аст, зиндагӣ мекунанд ва ин хонаҳои баландошёнаи бо ҳам печида онҳоро аз лаззати нафасгирии ҳавои озод ва рӯҳбахш маҳрум карда аст.
Парешонии равон ва нороҳатиҳои асабӣ, ки бо тамаддуни ҷадид ҳамроҳ аст, ба хотири дурӣ аз табиат ва ғарқ шудан дар умури санъатӣ аст. Аҳли Макка барои тифлҳояшон биёбонҳо ва саҳроҳоро ихтиёр мекарданд, то ин ки майдонҳои васеи он ҷавлонгоҳи аёми кӯдакиашон бошад ва ин амали онҳо сазовори таҳсину тақдир аст. Бисёре аз мураббиён ва соҳибназарон дар ин маврид мегуянд: Эй кош домани табиат аввалин мадрасаи кӯдакон қарор мегирифт, то тавоноиҳои фикрӣ ва қувваи зеҳнии онон бо ҳақоиқи ҳастӣ созгор ва ҳамоҳанг мешуд, вале ин орзӯе аст, ки амалӣ гаштани он дар асри ҳозир хеле душвор ба назар мерасад.
Паёмбари Худо (с) дар фазои кушоди биёбонҳои Бани Саъд парвариш ёфт ва забони фасеҳ ва тозаи арабиро аз он саҳронишинон ҳифз намуд ва дар оянда аз фасеҳтарини мардумон гашт. Вақте Абӯбакр (разияллоҳу анҳу) ба паёмбари Худо (с) гуфт: «Эй паёмбари Худо (с)! Касеро аз ту фасеҳтар надидаам». Паёмбари Худо (с) гуфт:
«Оре, ман аз Қурайш ҳастам ва дар Бани Саъд шир хурдаам»! (19)
2. Ончӣ, ки аз ҳодисаи «Шаққи садр» бармеояд.
Ҳодисаи «Шаққи садр», ки дар даврони кӯдакии паёмбар (с) дар Бани Саъд ба миён омад, аз нишонаҳои нубувват ва баёнгари интихоби вай барои масъулияти бузурге мебошад. (20)
Имом Муслим (раҳ) ҳодисаи «Шаққи садр»-ро дар китоби «Саҳеҳ»-аш аз Анас ибни Молик чунин ривоят мекунад:
Aз Анас ибни Молик омадааст: «Ҷабраил (а) назди паёмабар (с) омад, дар ҳоле, ки ӯ бо бачаҳо бозӣ мекард. Ӯро гирифт ва бар замин хобонид, синаашро шикофт ва қалбашро бурун кард ва аз он лахтаи хуни сиёҳрангро берун кашид ва гуфт: Ин аст баҳраи шайтон аз ту. Сипас қалби ӯро дар ташти тиллоӣ бо оби замзам шуста ба ҷояш гузошт. Бачаҳо ба сӯи модараш (Ҳалима) давиданд ва гуфтанд: Муҳаммад кушта шуд. Онон ба сӯи Муҳаммад шитофтанд ва ӯро дар ҳоле диданд, ки аз тарс ранги рӯяш парида сафед гашта буд.
Анас (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: «Ман асари духташударо дар синаи паёмбари Худо (с) медидам». (21)
Ҷои шубҳа намемонад, ки поксозии дили паёмбар (с) аз баҳраи шайтон, аз нишонаҳои нубувват ва омодасозӣ баҳри покӣ аз бадиҳо ва ибодати ғайри Худост, ки дар дили муборакаш ҷои дигаре ғайр аз тавҳиди холис намонад.
Зиндагонии паёмбари Худо (с) худ далолат бар он мекунад, ки аз ӯ (с) гуноҳе содир нагашта ва бо вуҷуди он, ки дар Макка бутпарастӣ авҷ гирифта буд, ба ҳеҷ буте (22) саҷда накарда аст. (23)
Доктор Бутӣ ҳикмати қиссаи шаққи садрро чунин баён мекунад: «Чунон ба назар мерасад, ки ҳикмати ин кор ошкор кардани амри паёмбар ва эҷоди замина аз кудакӣ бо васоили моддӣ барои исмат ва ваҳй будааст, то ба ин восита мардум беҳтар ба ӯ имон биёваранд ва рисолати ӯро тасдиқ кунанд. Моҷарои шаққи садр агарчӣ маънавист, аммо шакли моддӣ – ҳиссиро низ дар бар гирифтааст, то ки он, эълоне аз ҷониби Худо дар пеши чашмони мардум бошад. (24) Берун овардани лахтаи хун, поксозии паёмбари Худо (с) аз ҳолатҳои ботилу беҳудагӣ ва сифатнок намудани ӯ (с )ба сифатҳои дурустӣ, росткорӣ ва мардонагӣ ва инчунин далолат бар иноят ва нигаҳдошти Худо менамояд ва ин ки шайтонро дигар ба сӯи ӯ (с) роҳе нест». (25)
Муҳаммад (с) пас аз вафоти модараш зери кафолати падаркалон ва баъдан зери кафолати амакаш қарор мегирад:
Модари паёмбари Худо (с) дар минтақаи Абво, байни Макка ва Мадина вафот намуд. Ӯ фарзанди шашсолаи худ Муҳаммадро барои шинос намудан бо тағоҳояш аз Бани Удай ибни Наҷҷор оварда буд. Вай дар бозгашти худ ба сӯи Макка ҷон ба ҳақ супурда, дар Абво дафн карда шуд. Пас аз вафоти модараш падаркалонаш Абдулмутталиб сарпарастии ӯро ба ӯҳда гирифт. Абдулмутталиб Муҳаммад (с)-ро нисбат ба фарзандонаш бештар каромат мебахшид. Абдулмутталиб чунон ҳайбату сиёсате дошт, ки кадом аз фарзандонаш ҷуръати болои бистари ӯ нишастанро надоштанд, аммо Муҳаммад (с) бар бистари бобояш Абдулмутталиб менишаст ва чун амакҳояш мехостанд ӯро аз ин кор боздоранд, бобояш мефармуд, ки ӯро ба ҳолаш бигузоранд ва мегуфт: «Ӯ дар оянда шахси бузурге хоҳад шуд». (26) Абдулмутталиб Муҳаммад (с)-ро дӯст медошт ва тоқати дурии ӯро надошт. Рӯзе Абдулмутталиб ӯро ба ҷустуҷӯи шутури гумшудае фиристод ва чун ӯ муддате таъхир кард, Абдулмутталиб гирди хонаи Каъба бо тани ларзон тавоф намуда, мегуфт: «Худоё Муҳаммадро ҳарчӣ зудтар ба назди ман баргардон ва дар ҳаққи ман лутф кун».
Ҳангоме, ки Муҳаммади хурдсол бо шутури гумшуда баргашт, Абдулмутталиб гуфт: «Эй писаракам! Ман барои ту чун занон нигарон шудам ва чунон ғамгин гаштам, ки гумон мекунам он ғам аз ман ҳаргиз дур нахоҳад шуд». (27)
Абдулмутталиб қабл аз вафоташ, ба писари худ Абӯтолиб васият намуд, то сарпарастии Муҳаммадро ба ӯҳда гирад. Муҳаммад (с) ҳангоми вафоти бобояш ҳаштсола буд. Абӯтолиб низ бар ӯ некӣ карда, ҳимоят ва сарпарастияш менамуд. (28) Хост ва ҳикмати Илоҳӣ чунин буд, то паёмбараш ятим бошад ва танҳо зери иноят ва сарпарастии Худо қарор гирад, то нафси муборакаш шефтаи молу мақом нагардад ва аз раёсат ва роҳбарӣ мутаассир нашавад, то тақаддуси нубувват барои мардум бо мақомҳои дунявӣ ҳамрангу ҳамонанд нагардад ва мардум чунин напиндоранд, ки ҳадафи вай аз иддиои нубувват расидани ба молу мақом аст. (29) Мусибат ва сахтиҳое, ки паёмбари Худо (с) дар даврони кӯдакияш ба онҳо мувоҷиҳ шуд, аз қабили маҳрум шудан аз меҳри модарӣ ва пас аз он вафоти падаркалон ва чашидани талхиҳо яке пас аз дигаре, ӯро меҳрубон ва дорои шууру отифаи бузург намуда буд. Зеро ғаму андӯҳ дилро аз сахтию сиёҳӣ ва кибру ғурур раҳоӣ бахшида онро бештар нарму меҳрубон месозад.
Вафоти падару модари ӯ (с) дар туфулият аз беморӣ ва камзӯрӣ набуда, балки Худо онҳоро пас аз адои вазифае, ки дар ин дунё барои он офарида шуда буданд аз ҷаҳон бурд, то ки ҳар фарди аз умматаш, ки падару модар ва ё яке аз онҳоро аз даст медиҳаду ятим мешавад, ятимии Муҳаммад (с) паёмбари Худоро пеши назар биёрад ва ҳаёти гузаронидаи ӯро барои худ улгӯ ва намуна қарор диҳад. Ва ҳикмати ятимии Муҳаммад (с) ва музайян гаштанаш ба чунин одобу ахлоқи баланди камназири намунавӣ, далеле бар ин аст, ки Худованди бузургу тавоно худаш тарбият ва парвариши ӯро ба ӯҳда гирифта аст. Худованд ӯро ятим гардонид то бо иродаи қавию мусаммам ва бидуни ин ки дар корҳояш ба касе такя намояд, рушд кунад ва низ падару модараш ҳеҷ асаре дар даъвати ӯ надошта бошанд (30) ва на дасти башарро дар тарбият ва роҳнамоии ӯ дахолате бошад ва танҳо Худо мурабии ӯ бошад ва то ин ки аз мафҳум ва суннатҳои ҷоҳилият чизеро фаро нагирад ва чизе ба ӯ талқин нашавад. Худои бузург ӯро паноҳгоҳ бахшида падаркалон ва амакашро танҳо баҳри таҳияи ҷониби моддӣ бар ӯ баргумошт, аммо тарбияи равонию ахлоқӣ ва фикрии ӯ бар асари инояти Ӯ таъоло анҷом мегирифт. (31)
Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Бухорӣ. 7/205-206.
2. «Зодул Маъод». 1\71.
3. Ибни Саъд. 1\58.
4. Ҳамон ҷо. 1\58.
5. Заҳабӣ.«Ас-сира-ан-набавия». -с. 1.
6. «Диросату таҳлилияту ли шахсияти-р-расул (с)». -с. 96.
7. Аҳмад. 4/ 127) ., Ҳоким. 2/600 ., «Маҷмаъ-уз-завоид». 8/222.
8. Абӯфорис. «Ас-сира-ан-набавия». -с. 201.
9. Бутӣ. «Фиқҳу-с- сират». -с. 45.
10. Аҳмад Фарид. «Вақафоту-т-тарбавия маъа-с-сира». -с. 46.
11. Аҳмад. 5/262., «Муъҷамул кабир». 7729., «Маҷмаъуз завоид». 8/221.
12. Бухорӣ. 3641., Муслим. 1923/м.
13. «Вақафоту-т-тарбавия маъа-с-сира-ан-набавия». -с. 46.
14. Ҳамон ҷо. –с. 48.
15. Бухорӣ. 5101., Муслим. 1449.
16. Бухорӣ. 2630., Муслим. 1771.
17. Абӯяъло. 7163., Ибни Ҳиббон. 6335., «Муъҷамул кабир»., 24\212,215., «Аззавоид». 8\220,221., «Далоил»-и Байҳақӣ. 1\133,136.
18. Бутӣ. Фиқху-с-сира-ан-набавия. –с. 44.

Share This Article