Шайхулислом Ибни Тайимия дар нисбати Муъовия (раз) чунин гуфтаанд: уламо (манзур уламои “Аҳли суннат ва ҷамоъат” аст) иттифоқи назар доранд, ки Муъовия (раз) яке аз беҳтарин подшоҳони ин уммат аст, зеро чаҳоре, ки пеш аз Муъовия (раз) буданд (манзур Абӯбакр,Умар,Усмон,Алӣ разияллоҳу анҳум аҷмаъин) халифагони пас аз нубувват буданд. Аммо Муъовия (раз) аввалин подшоҳ ё малик пас аз нубуввату хулафо дар ислом буданд. Подшоҳиии ӯро метавон подшоҳии раҳмат бар уммати ислом номид. Ин қавлро алорағми унуфи як идда муғризон ва бадбинони хол-ул-муъминин Муъовия (разияллоҳу анҳу) тарҷума намудам, то дигар нагӯянд, ки ӯро олиме аз уламои “Аҳли суннат” ба бадӣ ёд намудааст. Огоҳ ва хуб дониста бошед ҳарчӣ шумо хирасарони бемурувват бад гӯеду тавҳин намоед ба ҳамон андоза тағоямонро муаррифӣ ва аз бузургияш ба ҳамагон гӯшзад мекунем, то монеъа алайҳи гуфтаҳои беасосу тӯҳматҳои бардурӯғатон бошад.
Хонандаи гиромӣ ҳар гоҳ дидед шахсе бар Муъовия (раз) сухани бад гуфт, бидон ӯ зиндиқ ё рофизӣ аст, зеро Муъовия (раз) пардаи асҳоби Муҳаммад (с) аст, агар ин зиндиқҳо ва равофиз он пардаро дариданд, пас бар дигар асҳоби он Ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам) тавҳинро оғоз мекунанд.
Аз ин рӯ ҳаргиз нагузоред он парда ба дасти ин тоифаи ғаддор пора гардад!