БАЙЪАТИ ИМОМ ҲАСАН ИБНИ АЛӢ (р)
Бахши Аввал
Байъати Имом Ҳасан ибни Алӣ (р) дар моҳи Рамазони соли чиҳили ҳиҷрӣ баъди ба шаҳодат расидани падараш амиралмуъминин Алӣ (р) аз дасти Абдураҳмон ибни Мулҷами Муродӣ воқеъ гардид (1). Мардум баъд аз ҳазрати Алӣ (р) писараш ҳазрати Ҳасан (р)-ро халифаи худ интихоб карданд. Алӣ (р) касеро баъд аз худ ҷонишин муайян накарда буд. Абдуллоҳ ибни Сабъ (бояд зикр кунам,ки ин шахс аз Алӣ ибни Абутолиб(р) зиёд ривоят дорад боз ибни сабъро ба ибни сабаъи яҳуди ихтилот накунед!)عبد الله بن سبع мегӯяд:
– Аз Алӣ ибни Абутолиб (р) шунидам, ки мегуфт:
– Ҳатман риши ман аз хуни сарам пурранг мешавад…. Мардум гуфтанд:
Эй амирулмуъминин, моро огоҳ кун, то ақрабои қотилро ҳалок созем. Алӣ (р) гуфт:
Савганд ба Худо (ҷ), пас, дар ин сурат шумо ғайри қотили маро мекушед. Мардум гуфтанд: пас касеро ҷонишини худ таъйин кунед. Алӣ (р) гуфт: на, лекин шуморо ба он чизе, ки расули акрам (с) барои шумо ба ҷо гузошт, вомегузорам (2), яъне Қуръон ва суннат. Мардум гуфтанд: Чун назди Парвардигор рафта, бо Ӯ таъоло мулоқот кардӣ дар мавриди мо чӣ мегӯӣ? Алӣ (р) бад-ин мазмун гуфт: мегӯям, ки бор Илоҳо, чун ман ҳамроҳи онҳо будам Ту худ аз чигунагии ҳоли мо ва муомилаи ман бо онҳо ба хубӣ огоҳӣ доштӣ ва чун маро аз байни онҳо гирифтӣ боз ҳам Ту худ ҳамроҳи онҳо ҳастӣ. Агар бихоҳӣ ислоҳашон месозӣ ва агар бихоҳӣ фосидашон мегардонӣ.
Баъд аз кушта шудани Алӣ (р) Ҳасан (р) намози ҷанозаи ӯро хонда, дар Куфа наъши поки ӯро ба хок супориданд. Аввалин шахсе, ки бо Ҳасан (р) байъат намуд, Қайс ибни Саъд (р) буд. Ӯ ба Ҳасан (р) гуфт: Дастатро дароз кун, то бо ту бар асоси китоби Худо ва суннати паёмбараш ва низ ҷанг бо касоне, ки ҳурматшиканӣ карданд, байъат намоям. Ҳасан (р) гуфт: Бар асоси китоби Худо ва суннати паёмбараш байъат кунед басанда аст, зеро ҳамин ду асос дарбаргирандаи тамоми шурут ҳастанд. Ҳамин тавр Қайс бо Ҳасан (р) байъат кард ва хомӯш шуд ва баъд аз он мардум бо ӯ байъат намуданд. Нақл аст, ки Ҳасан (р) бар аҳли Ироқ вақте мехостанд бо ӯ байъат кунанд, шарт гузошта: «Ба он шарт бо ман байъат мекунед, ки итоату фармонбардор бошед ва касеро, ки бо ӯ сулҳ кардам, шумо низ сулҳ мекунед ва бо касе, ки ҷангидам меҷангед (3). Дар ривояти ибни Саъд омадааст: Ҳасан ибни Алӣ (р) пас аз падараш аз аҳли Ироқ ду паймони байъат гирифт: аввал хилофат ва иморат, дигар ин ки ҳар кореро, ки ӯ кунад, тан диҳанд ва ба тасмими ӯ розиву хурсанд шаванд (4).
Дигар ривоятҳо низ дар ин маврид зиёд ҳастанд. Аз ҳамаи ин ривоятҳо чунин бармеояд, ки Ҳасан (р) аз лаҳзаҳои аввали ба хилофат расиданаш барои сулҳу ҳамбастагӣ гом мебардошт. Аз фаросат ва омӯзиши байъати Ҳасан (р) фоидаҳо ва ибратҳои зеринро дарёфтан мумкин аст:
Аввал. Ботил будани инки Ҳасан (р) ба тавсияи падараш Алӣ (р) бар хилофат расидааст:
Рофизиҳои Имомия қазияи нас (с) бар хилофати Ҳасан (р) аз тарафи падараш ҳазрати Алӣ (р) таъйиншударо бисёр ривоҷ медиҳанд ва ин аз ҷумлаи суханони бофтаест, ки ба Алӣ (р) нисбат дода мешавад. Рофизиҳо муътақиданд, ки имомат мисли нубувват аст ва танҳо аз тариқи насси возеҳ аз ҷониби Худованд (ҷ) бар забони расули Худо (с) таъйин мешавад. Ҳамчунин лутфе аз ҷониби Худост ва ҳеҷ асре набояд аз имоме, ки тоъаташ фарз аст, холӣ бошад ва башарият дар бораи таъйини имом ҳаққи ихтиёр надорад, балки худи имом низ ин ҳақро надорад, то имоми ояндаро таъйин намояд. Рофизиҳо муътақид бар онанд, ки Расулуллоҳ (с) ҳамаи имомонеро, ки баъд аз ӯ ҳастанд, ном бурда, таъйин намудааст ва онҳо дувоздаҳ имом ҳастанд ва зиёду кам намешаванд.
1- Алӣ ибни Абӯтолиб (р), ваф. соли 40 ҳ.
2- Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (р), ваф. соли 50 ҳ.
3- Сайид-у-шуҳадо Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (р), ваф. 61 ҳ.
4- Алӣ ибни Ҳусайн (Зайнулобидин) (раҳ.), ваф. 95 ҳ.
5- Муҳаммад ибни Алӣ ал-Боқир (раҳ.), ваф. 114 ҳ.
6- Ҷаъфар ибни Муҳаммад ас-Содиқ (раҳ.), ваф. 148 ҳ.
7- Мусо ибни Ҷаъфар ал-Козим (раҳ.), ваф. 183 ҳ.
8- Алӣ ибни Мусо ар-Ризо (раҳ.), ваф. 203 ҳ.
9- Муҳаммад ибни Алӣ ал-Ҷаввод (раҳ.), ваф. 220 ҳ.
10- Алӣ ибни Муҳаммад ал-Ҳодӣ (раҳ.), ваф. 254 ҳ.
11- Ал-Ҳасан ибни Алӣ ал-Аскарӣ (раҳ.), ваф. 260 ҳ.
12- Муҳаммад ибни Ҳасан ал-Маҳдӣ (раҳ.), ваф. 256 ҳ.
Асосгузори ақидаи васият Ибни Сабаъ аст. Амри васият бояд назди Алӣ (р) ба охир мерасид, лекин баъд аз он шахсоне пайдо шуданд, ки ин масъаларо умумӣ гардонида, маҷмуъае аз авлоди ҳазрати Алӣ (р)-ро шомил намуданд. Баъзе аз шиъаҳои имомия, ки пинҳонкорона амал мекунанд, ин масъаларо тамоман нафе мекунанд, чунонеки бобояшон амиралмуъминин Алӣ (р) нафе карда буд, бинобарин дурӯғбофҳо дурӯғи дигареро ихтироъ карда, ба аҳли байт нисбат додаанд. Мисли «ақидаи тақия», то ба ин восита паҳн кардани афкорашон осон шавад (5). Хатарноктарин амре, ки рофизия ихтироъ намудааст, ин масъалаи васият аст. Яъне, гӯё Расулуллоҳ (с) васият намудааст, ки баъд аз вафоташ хилофат ба Алӣ (р) дода шавад ва ҳар кас, ки пеш аз Алӣ (р) ба хилофат нишастааст, ғосиби ҳаққи Алӣ (р) аст. Лекин таҳқиқу ҷустуҷӯҳо дар таърихи ду халифаи аввал, Абӯбакр ва Умар (р) нишон медиҳад, ки аз мавҷуд будани васият зикреро пайдо намекунем. Танҳо дар ибтидои асри фитна, яъне охирҳои аҳди хилофати Усмон (р) масъалаи васият шунида шуд, ки саҳобаи киром онро рад намуда, дурӯғ будани онро ошкор карданд. Машҳуртарин саҳобагоне, ки онро рад кардаанд: Алӣ (р) ва умулмуъминин Оиша (р) мебошанд.
Баъд аз он мебинем, ки дар аҳди хилофати Алӣ (р) андешаи «васият» ақидае мешавад, ки барои имон овардан ба он даъват мекунанд ва ин васиятеро, ки рофизиҳо ба имон овардани ба он даъват мекунанд уламо ва донишмандонашон исбот намудаанд, ки аз тарафи Абдуллоҳ ибни Сабаъ вазъ шудааст. Тавре ки Навбахтӣ ва Кишӣ зикр намудаанд далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки даъвои ботил будани онҳоро рад мекунанд, аз ҷумла:
1. Назди Оиша (р) зикр карданд, ки паёмбар (с) ба Алӣ (р) васият намудааст. Оиша (р) гуфтааст: кӣ инро гуфт? Ман ҳазрати паёмбарро, дар ҳолеки ба ман такя дошт, дидам, ки сар поин намуду ҷон ба ҷонофарин супурд ва ман эҳсос накардам, пас чӣ гуна ба Алӣ (р) васият кард (6). Ин суханони Оиша (р), баёнгари онанд, ки ҳеҷ гуна васияте аз ҷониби Набӣ (с) дар вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ дар мавриди васияти хилофат ба Алӣ (р) сурат нагирифтааст ва ин гуфтаҳо далели равшан буда, инкори он ғайриимкон аст, чунки паёмбар (с) дар домани Оиша (р) вафот намуд ва агар васият мекард, ӯ аз ҳама пештар мешуниду мефаҳмид.
2. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфтааст: Алӣ (р) аз назди Расулуллоҳ (с) дар ҳамон беморие, ки аз олам гузашт хориҷ шуд ва мардум аз ӯ пурсиданд, ки ҳоли паёмбар (с) чӣ гуна аст? ӯ гуфт: Алҳамдулиллоҳ, ӯ хуб аст. Аббос ибни Абдулмутталиб аз дасташ гирифта, ба ӯ гуфт: ман мебинам, ки Расулуллоҳ (с) аз ҳамин дардаш вафот мекунад, чун ман ҳолати пеш аз марги чеҳраҳои Бани Абдулмутталибро медонам. Биё ҳамроҳ бо мо назди Расулуллоҳ (с) дохил мешавем ва мепурсем, ки амри хилофатро ба кӣ мегузорад. Агар дар мо бошад ё дар ғайри мо инро ба мо маълум мекунад ва васият медиҳад. Аммо Алӣ (р) ба ин пешниҳод розӣ нашуд ва аз пурсидан худдорӣ намуд (7). Агар васияти паёмбар (с) ба Алӣ (р) вуҷуд дошт, ҳеҷ кас аз он саркашӣ намекард ва инчунин ансор дар сақифаи Бани Соъида намегуфтанд, ки аз шумо як амир ва аз мо ҳам як амир бошад (8). Агар пеш аз ин васият вуҷуд медошт, ҳатман, Алӣ (р) ба Ибни Аббос (р) мегуфт, ки чӣ гуна аз паёмбар (с) дар мавриди амри хилофат мепурсем, дар ҳоле ки хилофатро баъд аз вафоташ барои ман васият намудааст. Расулуллоҳ (с) худи ҳамон рӯз вафот намуд ва ҳеҷ нишонае аз васият ё сухану ишорае дар бораи он дида нашуд, ки ин худ далели ботил будани ин даъвост ва ин даъво ба таври фиребу найранг ба паёмбар (с) нисбат дода шудааст. Ҳадафи эшон, латма ворид сохтан ба шахсияти саҳоба ба хотири мухолифати амри паёмбар (с) ва иҷмоъи эшон бар он аст.
3. Аз Алӣ (р) пурсида шуд: Оё паёмбар (с) шуморо барои чизе хос кардааст? Алӣ (р) дар ҷавоб ба ин мазмун гуфтааст, ки: «Расули Худо (с) ҳар чизеро, ки ба мо дод онро ҳамчунин барои ҳамаи мардум иноят фармуд, ба ҷуз ҳамин чизе, ки дар ғилофи шамшерам ҳаст». Баъдан навиштаеро бароварда хонд, ки дар он омадааст: «Лаънати Худо бар касе, ки ба номи ғайри Худо забҳ намояд ва лаънати Худо бар касе, ки нишонаҳо ва аломатҳои муайянкунандаи сарҳадоти заминро бидуздад ва лаънати Худо бар касе, ки падарашро лаънат бигӯяд ва лаънати Худо бар касе, ки фасодкореро паноҳ диҳад.»
Ибни Касир мегӯяд: Ин ҳадис, ки дар саҳеҳайн ва дигар китобҳои ҳадис омададаст дар мавриди радди пиндори касоне аст, ки гумон мекунанд расули Худо (с) дар мавриди хилофати Алӣ (р) васият кардааст. Агар ин гумон ва ё пиндор дар ин маврид дуруст мебуд, ҳатман саҳобаи киром аз он итоат менамуданд ва ҳеҷ кадомашон онро рад намекард чун он бузургворон чӣ дар ҳаёти расули акрам (с) ва чӣ пас аз вафоти он Ҳазрат (с) ба фармудаҳои Худо ва паёмбар (с) пойбанд буда, аз суннати он ҷаноб амалан пайравӣ мекарданд ва ҳеҷ имкон надошт, ки он бузургворон бо вуҷуди ин ҳама пойбандӣ аз фармудаҳои Худо (ҷ) ва итоат аз суннати расули Худо (с) каси дигареро бар хилофи васият ва фармудаи паёмбари Худо (с) ба хилофат баргузинанд. Касе иддаъо менамояд, ки ёрони расули Худо (с) бар хилофи васият ва фармудаи паёмбар (с) амал кардаанд, дарвоқеъ ҳамаи он бузургворонро ба фисқу фуҷур ва нофармонӣ аз итоати Худо (ҷ) ва паёмбар (с) муттаҳам кардааст, дар ҳоле, ки Худои мутаол дар Қуръони карим саҳоба ва ёрони ҳазрати паёмбар (с)-ро таърифу тавсиф намуда, аз онҳо розӣ буданашро эълон доштааст. Аз ин рӯ ҳар касе, ки чунин пиндорҳои нораворо ба саҳобагони киром нисбат медиҳад ва дар ҳаққи онҳо чунин тӯҳматҳоро раво медорад, ба иҷмоъи имомони бузургвор ончунон шахс худро аз каманд ва ҳалқаи ислом ва мусалмонон ҷудо кардааст.
Имом Нававӣ (раҳ.) мегӯяд: ин ҳадис пиндори муддаиёни муҳаббати Алӣ (р) мабнӣ бар интисоби вай бар хилофат ва дигар даъвоҳои беасоси онҳоро рад менамояд.
4. Аз Амр ибни Суфён ривоят аст, ки мефармояд: Алӣ (р) пас аз пирӯзӣ дар ҷанги Ҷамал гуфт: эй мардум! Расули Худо (с) дар мавриди ин иморат хукми хоссе барои мо иблоғ накард ва бад-ин хотир мо ба ин натиҷа расидем, ки ҳазрати Абӯбакр (р)-ро ба хилофат баргузинем….
5. Абӯбакри Байҳақӣ бо санадаш аз Шақиқ ибни Абӯсалама нақл мекунад, ки ба Алӣ ибни Абӯтолиб (р) гуфта шуд: Оё касеро ба унвони халифа барои мо таъйин намекунӣ? Алӣ ибни Абӯтолиб (р) гуфт: расули Худо (с) касеро ба унвони халифа таъйин накард ва ман чӣ тавр ин корро анҷом диҳам? Агар Худованд барои мардум иродаи хайр карда бошад, пас аз ман ҳатман Худованд онҳоро дар гирди беҳтаринашон ҷамъ меоварад, ҳамчуноне, ки пас аз вафоти паёмбараш, Худованд онҳоро перомуни беҳтаринашон гирд овард. Ин далели равшан нишон медиҳад, ки иддаъои интисоби Алӣ (р) бар хилофат бар асоси насс, яке аз иддаъоҳои беасоси аҳли бидъат мебошад, ки боиси шуълавар шудани оташи кина нисбат ба асҳоби расули Худо (с) гашта, ки Алӣ (р) ва тамоми Аҳли байт низ ҷузъи онон ҳастанд. Оре! Иддае бо иддаъои муҳабати Алӣ (р) ва аҳли байти нубувват бар душманӣ ва дасисаи дарунии худ бар зидди ислом ва мусалмонон пӯшиш мениҳанд. Бар асоси нусусе, ки баён шуд, бо вузӯҳи тамом беасос будани иддаъои аҳли бидъат мабно ба васияти расули Худо (с) дар мавриди хилофати Алӣ (р) ҳувайдо мегардад ва равшану возеҳ мешавад, ки Абдулло ибни Сабаъ нахустин касест, ки ин иддаъоро матраҳ намуда, сипас санадхо ва матнҳое эҷод шуда, ки ба нисбат додани ин дурӯғ ба расули Худо (с) саҳобаро ба сабаби мухолифати ба дурӯғ ҳадаф қарор додааст. Абӯлаббос ибни Абуссалом (раҳ.) мегӯяд: Дар ҳеҷ як аз китобҳои мавриди эътимоди аҳли ҳадис, ҳеҷ нассе далолат бар интисоби Алӣ (р) ба хилофат наёмада ва ҳамаи аҳли ҳадис ва муҳаддисон ба беасос будани ин иддаъо иҷмоъ намудаанд. Абӯмуҳаммад ибни Ҳазм (р) мегӯяд: Назди ҳеҷ кас ривояте далолат бар мавриди ин иддаъо наёфтаем ва дар ин замина танҳо ба ривояте аз шахси ношинохта бо кунияи Абӯҳамро даст ёфтем, ки намедонем кист? Абӯлаббос ибни Абуссалом (раҳ.) дар ҷои дигар мегӯяд: Иддаъои бархе мабнӣ бар вуҷуди насс дар мавриди хилофати Алӣ (р) аз он даста маворидест, ки ҳеҷ як аз уламои гузашта ва ҳол, дар ақволи расули Худо (с) наёфтааст, аз ин рӯ уламои ҳадис ва коршиносони ин илм иддаъои мазбур ва амсолашро дурӯғи маҳз медонанд. Бо гузашти замон аз ғуллот ва муддаъиёни муҳаббати Алӣ (р) назарияи Ибни Сабаъ дар бораи амирилмуъминин Алиро зинда карданд ва доираи онро густариш доданд, то аз тариқи барангехтани эҳсосот ва авотифи мардум ва раҳёбиву нуфуз ба қулуби онҳо, дар сояи ин пӯшиш ба аҳдофи шумашон бар зидди ҳукумати исломӣ даст ёбанд ва ба ин сурат масъалаи имоматро дар теъдоди мушаххасе аз аҳли байт мунҳасир намуданд. Аввалин касе, ки ин дидгоҳ ва назарияро ривоҷ дод, Шайтони тоқ буд, ки ҳаводорони ин назария ӯро муъмини тоқ меномиданд. Замоне, ки Зайд ибни Алӣ (р) аз пайдоиши ин дидгоҳ тавассути Шайтони тоқ иттилоъ ёфт, ба ӯ гуфт: Ба ман хабар расида, ки ту иддаъо мекунӣ, ки дар хонадони паёмбар (с) имоме аст, ки итоъат аз ӯ воҷиб мебошад? Шайтони тоқ гуфт: Оре, падарат Алӣ ибни Ҳусайн (р), яке аз онҳост. Зайд (р) гуфт: чӣ тавр имкон дорад, ҳол онки ҳаргоҳ падарам мехост луқмаи гармеро ба ман диҳад, ибтидо онро сард мекард ва сипас онро дар даҳонам мегузошт, бинобар ин мумкин аст, ки аз додани луқмаи гарм бароям дилсӯзӣ намояд, аммо дар бораи оташи ҷаҳанам нисбат ба ман дилсӯзӣ накарда ва маро аз вуҷуди ин имом огоҳ нанамуда бошад.?! Шайтони тоқ гуфт: Инро ба ӯ гуфтам, аммо ӯ аз он ҷиҳат, ки мабодо ту куфр варзӣ ва ӯ натавонад дар ҳаққи ту шафоат намояд, гуфтани ин мавзуъро ба ту написандид. Ин достон, дар муътабартарин китобҳои рофиза омада ва баёнгари ин нуқта аст, ки ин дидгоҳ ончунон сиррӣ ва маҳрамона буда, ки бар имоме ҳамчун Зайд махфӣ мондааст! Муҳибуддини хатиб баён намуда, ки Шайтони тоқ нахустин касе аст, ки ин пиндорро бино ниҳод ва имомат ва қонунгузориро мунҳасир дар чанд нафар донист ва муддаъии исмат барои афроди мушаххас аз аҳли байт гардид. Дар ин росто шахси дигаре ба номи Ҳишом ибни Ҳакам ( мутаваффои соли 179 ҳиҷрӣ) бо Шайтони тоқ мушоракат намуд. Чунин ба назар мерасад, ки ақидаи инҳисори имомат дар афроди мушаххас нахуст дар Куфа тавассути пайравони Ҳишом ибни Ҳакам ва Шайтони тоқ ривоҷ ёфтааст. Оре! Решаи ин андешаро бояд дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ, ба василаи муддаъиёни пайрав аз аҳли байти нубувват ҷустуҷӯ кард ва аз он ҷумла метавон Шайтони тоқ ва Ҳишом ибни Ҳакамро ном бурд. Албатта, ҷараёнҳо, фирқаҳо ва гароишҳои мухталифе дар заминаи таъйини теъдоди имомон ба вуҷуд омадааст. Чунончӣ дар китоби «Мухтасар ат-тӯҳфа» омадааст. Бидон, ки имомия қоил ба теъдоди муайяни аз аимма ҳастанд ва албатта, дар мавриди теъдоди имомон бо ҳам ихтилоф доранд. Баъзе ба панҷ имом, бархе ба шаш имом ва иддае ба ҳашт имом низ эътиқод доранд. Ҳамин тавр баъзе ба дувоздаҳ имом ва бархе ҳам ба сездаҳ имом муътақиданд. Ҷои басо тааҷҷуб аст, ки муътақидони ба имомат, ба дастаҳо ва фирқаҳои мухталифе тақсим шуда, ҳар як аз ин фирқаҳо барои таъйиди дидгоҳи худ дар бораи имоми мавриди назарашон ривояти мутаноқизе бо ривоятҳои соири фирқаҳои имомия нақл мекунанд ва онҳоро ба Алӣ (р) низ нисбат медиҳанд! Дар китобҳои аҳли бидъат чунин таноқузоте ба касрат ривоят шуда, ки аз ҷумла метавон ба китобҳои Исмоилиён дар мавриди имомат мисли навиштаҳои Ношӣ Акбар ва ё китоби Зинат аз Абӯҳотами Розӣ ишора намуд ва ё ба китобҳои шиъаи исноашария мисли китоби Мақолот ва фирақ аз Ашъарии Қумӣ ва Фирақу-ш-шиъа асари Навбахтиро ном бурд. Ногуфта пайдост, ки масъалаи имомат аз дидгоҳи инҳо масъалаи фаръӣ ва ғайриусулӣ нест, ки итхтилофи назар дар бораи он амри оддӣ бошад, балки имомат аз дидгоҳи онон асоси дин ва асли муҳим дар шариъат аст. Аз ин рӯ муътақиданд, ки ҳар кас ба имомашон имон наёварад бедин аст ва бад-ин хотир низ бархе аз онон бархи дагарро такфир ва нафрин мекунанд. Дувоздаҳимомиҳо қоил ба инҳисори имомат дар дувоздаҳ тан ҳастанд. Гуфтанӣ аст: ҳеҷ як аз Бани Ҳошим дар замони паёмбар (с) ва пас аз он, яъне дар даврони Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (р) қоил ба имомати давоздаҳ тан набудааст, балки ин пиндор пас аз вафоти Ҳасани Аскарӣ (раҳ.) падид омад. Мунҳасир донистани имомат дар теъдоди мушаххаси аз афрод, ақидаи ботил ва беасос мебошад, ки амирилмуъминин Алӣ (р) ва набераҳояш аз он безор буданд. Чунончи дар Наҳҷ-ул-балоға хутбае аз Алӣ (р) омада, ки эшон пас аз шаҳодати Усмон (р) ва пас аз он, ки мардум барои байъат ба ҳузураш рафтанд, фармуд: «Маро бигузоред ва дар ҷустуҷӯи каси дигаре шавед, мо бо чунон амре рӯ ба рӯ шудаем, ки фитнагар ва чандчеҳра аст. Амрест, ки дилҳо ва ақлҳо бар он пойдор ва устувор намемонад. То онҷо, ки фармуд: агар маро вогузоред ҳаммонанди яке аз шумо хоҳам буд ва шояд аз шумо нисбат ба касе, ки ӯро коргузоратон менамоед, мутеътар ва ҳарфшунавтар бошам. Агар ман вазир ва мушовиратон бошам барои шумо беҳтар аз ин аст, ки амир ва кордоратон бошам». Бинобар ин, ҷои басо тааҷҷуб аст, ки Алӣ (р) чӣ гуна имоматро, ки бинобар эътиқоди имомия насси илоҳӣ дар бораи худаш ва ёздаҳ фарзанди пас аз ӯ бударо напазируфт? Чунончӣ Кулайнӣ дар китоби Усули кофӣ овардааст: Абӯабдулло гуфтааст: Имомат паймоне аз сӯи Худо барои мардони баргузида аст. Барои Имом раво нест, ки имоми пас аз худро аз ин ҳақ боз дорад. Инак ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чӣ гуна имкон дорад Алӣ (р) ба унвони имом бигӯяд: Маро раҳо кунед ва дар пайи каси дигаре бароед?! Ончи аз фармудаи Алӣ (р) дар ин хутба бармеояд, ин аст, ки эшон хилофатро барои касе ғайр аз худ низ раво медонистааст. Аз ин рӯ ба ин нукта тасреҳ кардааст: агар дар мақоми шаҳрвандӣ ва дар хидмати халифа ва кордори мусалмонон бошам, беҳтар аз он аст, ки имом ва амир шавам. Дар китоби Наҳҷ-ул-балоға сухани возеҳ аз Алӣ (р) нақл шуда, ки фармудааст: Ҳамоно, касоне бо ман байъат кардаанд, ки бо Абӯбакр, Умар ва Усмон (р) байъат намудаанд ва байъаташон бо ман ба ҳамон шаклу асос ва ҳамон паймон мебошад, аз ин рӯ он кас, ки дар байъат ҳузур дошт намебоист халифаи дигаре баргузинад ва он кас, ки дар байъат ҳузур надошт низ намебоист аз пазириши байъат сар боз занад. Аслан Шӯрои мусалмонон дар таъйини халифа ва идораи умур аз они муҳоҷирон ва ансор аст, бинобар ин, агар Шӯрои мусалмонон бар хилофати касе гирд омаданд ва ӯро кордорашон хонданд, хушнудии Худо дар он аст ва чунончи касе бо хурдагирӣ ва ё навоварӣ ва бидъат аз паймони халифа бадар ояд, мусалмонон ӯро ба ончи, ки аз он бурун рафта, боз мегардонанд ва агар аз бозгашт ба паймон сар боз занад бо ӯ меҷанганд, чаро, ки ӯ роҳи ғайри муъминонро паймуда, Худо низ ӯро ба ҳамон сӯ мекашонад, ки дар пеш гирифтааст. Мавориде, ки аз ибороти Алӣ Муртазо равшан мешавад чунин аст:
– Машруъияти хилофати Абӯбакр, Умар ва Усмон (р) аз дидгоҳи Алӣ (р).
– Ҳамсонӣ ва ҳамшаклӣ дар мавриди ба хилофат расидани Алӣ (р) ва кайфияти ба хилофат расидани хулафои пешин.
– Шӯрои исломии мавриди қабул аз нигоҳи Алӣ (р) дар он рӯзгор Шӯрои муҳоҷирон ва ансор будааст.
Масъалаи интисоби Алӣ (р) ба имомат ва ё баёни нас дар ин замина ба ҳеҷ унвон ба субут нарасида ва мунҳасир донистани ҳақ барои теъдоди мушаххас бар асоси Китоб ва Суннат мардуд ва ғайри қобили пазириш мебошад.Чунонеки чунин дидгоҳ аз назари ақл ва мантиқи воқеъгаро низ қобили қабул нест. Чароки пас аз поёни давраи имомати охирин имом сарнавишти уммат чӣ мешавад ва ё бояд бидуни имом зиндагӣ кунанд? Бад-ин сон бар асоси эътиқоди дувоздаҳимомиҳо даврони имомати аимма беш аз дуввуним қарн тӯл намекашад ва аз он замон то кунун уммат дар воқеъ бидуни имом зистааст ва ҳол онки вуҷуди имом дар ҳар аср аз эътиқодот ва боварҳои асосӣ ва зарурии имомия ба шумор меравад ва ин таноқузи ошкор мебошад. Аз ин рӯ мудофеъони ин дидгоҳ кӯшидаанд то ақидаи инҳисори имомат дар имомони мушаххасро тавсиъа дода, масъалаи ниёбати муҷтаҳид аз имомро матраҳ намоянд. Дар мавриди ҳудуди ниёбат низ ба итифоқи назар нарасида ва бад-ин сон ақвол ва дидгоҳи марбут ба ин масъала мутафовит, балки мутаъориз гардидааст. Чунончӣ дар ин аср ба сурати амалӣ ва ба куллӣ аз ин қоидаи динии худ по фаротар ниҳода, интихоботро равиши таъйини раиси ҳукумат қаламдод карда, аз инҳисори ададӣ ба инҳисори навъӣ рӯй оварда, раёсати кулли ҳукуматро бар асоси вилояти фақеҳ бино ниҳодаанд. Ин дар ҳоле аст, ки валии фақеҳ маъсум намебошад ва чунон нассе ҳам аз дидгоҳи онон вуҷуд надорад, ки қоил ба имомати ғайри маъсум бошад. Аз ин рӯ асли имомат, ки баҳонае барои дар ҳам шикастани суфуфи мусалмонон буда, дар амал тавассути муътақидони ба ин асл раҳошуда ва бад-ин сон инсони оддӣ ҳам метавонад ба номи валии фақеҳ дар раъси ҳукумат қарор бигирад, ҳар чанд аз хонадони паёмбар (с) ҳам набошад! Устод Аҳмад котиб таҳаввули андешаи сиёсии ин фирқаро аз шӯро ба вилояти фақеҳ мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи амирулмуъминин Ҳасан ибни Алӣ (р) ва Шӯро сухан ба миён оварда, равшан намуда, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) дар раъйпурсии мардум ба бастани мисоқ бо хеш ба ҳеҷ нассе аз ҷадди бузургвораш расули акрам (с) ё падараш амирилмуъминин Алӣ (р) истинод накард. Ин худ баёнгари эътиқоди Ҳасан ибни Алӣ (р) ба Шӯро ва ҳаққи уммат дар интихоботи ҳоким мебошад, чунончӣ ин бовари Имом Ҳасан (р) дар он замон намоёнтар мегардад, ки вай аз мақоми худ дар арсаи хилофат чашмпӯшӣ мекунад ва онро ба сурати машрут бар асоси риъояти асли Шӯро дар сохтори ҳукумати исломӣ ба Муъовия (р) вогузор менамояд. Бинобар ин, агар он тавре, ки бархе мепиндоранд хилофат ё имомат интисобӣ ва бар насси илоҳӣ ё таъйини паёмбар (с) мебуд, дар ин сурат барои Имом Ҳасан (р) ба ҳеҷ унвон ва таҳти ҳеҷ шароите ҷоиз набуд, ки даст аз имомат бикашад ва онро ба шахси дигаре вогузор кунад ба иборате дар ин сурат барои Ҳасан (р) ҷоиз набуд, ки бо Муъовия (р) байъат намояд ва ҳатто ёронашро ба байъат бо Муъовия (р) фаро бихонад ва ба ин сурат ҳаққи имом Ҳусайнро нодида бигирад. Албатта бояд донист, ки Ҳасан (р) муртакиби ҳеҷ кӯтоҳӣ ва қусуре дар ин замина нагардида ва роҳеро паймудааст, ки зомини ҳаққи мусалмонон дар арсаи интихоби ҳокимашон аз тариқи Шӯро ва риъояти сохтори машваратӣ буд. Чунончи Имом Ҳусайн (р) то вопасини рӯзи ҳаёти Муъовия (р) ба байъат бо вай пойбанд монд ва ба дархости куфиён, пас аз вафоти амирилмуъминин Ҳасан (р), барои қиём бар зидди Муъовия (р) рад кард.Чаро ки миёни ӯ ва Муъовия (р) паймоне вуҷуд дошт, ки нақзи он барояш раво набуд. Аз ин рӯ Ҳусайн (р) танҳо пас аз он қиём намуд, ки Язид тамоми умурро ба даст гирифт. Он замон буд, ки Ҳусайн (р) ба байъати Язид ибни Муъовия тан надод ва дар ҳамин роҳ дар соли 61-уми ҳиҷрӣ дар Карабало ба шаҳодат расид.
Дуввум: Далелҳое, ки шиъаи исноашария (дувоздаҳимома) дар амри муайян кардани имомон бо он чи дар китобҳои суннат омадааст, чун ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд:
Ҷобир ибни Самра ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Дувоздаҳ амир хоҳад буд», сипас калимае гуфт, ки онро нашунидам. Падарам гуфт: Расулуллоҳ (с) гуфтааст: «Ҳамаи онҳо аз Қурайш мебошанд» (9). Муслим низ ин ривоятро бо дигар лафз, яъне лафзи «хилофат» овардааст (10). Абӯдовуд ин ривоятро чунин овардааст: «Ин дин то замоне барпо хоҳад монд, ки дувоздаҳ халифа бар шумо аморат мекунанд ва бар ҳамаи эшон уммат ҳамбаста ва муттаҳид мебошанд.» Дар дигар ривоят Абӯдовуд зиёда оварда ва мегӯяд: Вақте расули Худо (с) ба хона баргашт, Қурайш назди ӯ омада гуфтанд: Баъд аз он чӣ мешавад? Расулуллоҳ (с) фармуд: «ҳараҷ», яъне беназмӣ (11).
Рофизиҳои исноашарӣ ба ин далел чанг зада, онро ҳамчун ҳуҷҷат ба аҳли суннат пешкаш мекунанд, на аз ҷиҳати бовариашон ба он чӣ дар китобҳои аҳли суннат омадааст, балки ба хотири он, ки аҳли суннат ба он ҳадис таслим шаванд ва онро чун ҳуҷҷат бипазиранд. Лекин агар бо тааммул ба ин ҳадис нигарем, дархоҳем ёфт, ки он дувоздаҳ нафари васфшуда, ки ба хилофат мерасанд ва дини Ислом дар аҳди эшон ғолибу дастболо мегардад ва ин ки мардум бар даври онҳо муттаҳид мешаванд ва дар аҳди онҳо аҳволи мардум некӯ аст, ҳамаи ин сифатҳо дар шахсоне, ки рофизиҳо хилофатро ба онҳо нисбат медиҳанд, татбиқ нашуда ва ё дида намешавад. Хилофатро ба ҷуз Алӣ (р) ва Ҳасан (р) шахси дигаре аз он дувоздаҳ имомон надид. Ҳамчунон аҳволи уммат дар муддати яке аз он дувоздаҳ нафар дар назари худи рофизиҳо некӯ нашуд, балки то ҳол ҳамчунон фосид аст. Амри эшонро золимону кофирон роҳбарӣ мекунанд ва худи имомон дар умури динашон «тақия», яъне махфӣ шудану пинҳонкориро ба кор мебаранд. Пас ҳадис дар як ҷониб ва даъвои эшон дар дигар ҷониб мемонад. Баъд аз он дар ҳадис ҳаср ё маҳдудият дар адади имомон нест, балки огоҳӣ аз он аст, ки ислом дар аҳди эшон ғолибу тавоност ва асри хулафои рошидин ва асри бани Умая асри ғолибият ва сарбаландии ислом ва мусалмонҳо мебошад (12). Бинобар ин, Абӯлаббос ибни Абдуссалом гуфтааст: ислом ва шариъати он дар даврони Бани Умайя зоҳир ва тавонмандтар аз он давроне буд, ки баъд аз эшон омаданд. Баъдан Абӯлаббос ибни Абдуссалом ҳадиси «Ин амр ғолибу тавонманд боқӣ хоҳад монд дар замони дувоздаҳ халифае, ки ҳамаашон аз Қурайш мебошанд»- ро шоҳид оварда мегӯяд: Ҳамин тавр хулафои рошидин Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ разияллоҳу анҳум ва баъд аз эшон Муъовия ва писараш Язид ва баъд аз он Абдулмалик ва фарзандонаш ва дар байни эшон Умар ибни Абдулазиз аз шахсоне буданд, ки мардум атрофи онҳо ҷамъ шуданд ва хилофати исломӣ дар аҳди эшон соҳиби иззату шавкат гардид. Баъд аз эшон нуқсу кӯтоҳӣ дохили хилофати Ислом шуд ва то ҳол боқист (13). Дар ҳадис омадааст, ки ҳамаи ин халифаҳо аз Қурайш ҳастанд ва ин баёнгари он аст, ки ин дувоздаҳ халифа танҳо ба Алӣ (р) ва фарзандонаш махсус нест, зеро агар ҳадаф Алӣ (р) ва фарзандонаш мебуд, ҳатман вижагии онон ба сурати мушаххас баён мешуд, дар ҳоле, ки мебинӣ паёмбар (с) нагуфт: Ҳамагӣ аз фарзандони Исмоиланд ва аз араб нестанд. Ҳамин гуна дар сурате, ки дувоздаҳ имом ё халифа ба таври мушаххас аз Бани Ҳошим ё аз сулолаи Алӣ (р) мебуданд, ҳатман ба ин нукта тасреҳ мекард, аммо фармуд: «Ҳамаи онҳо аз Қурайш ҳастанд» ва ба қабилаи хоссе ихтисос надоранд, чуноне ки хулафои рошидин аз қабилаҳои мухталифи Қурайш, ба монанди Бани Тайм, Бани Удай, Бани Абдушшамс ва Бани Ҳошим (14) буданд. Ба ин тартиб равшан мегардад, ки танҳо нуктае, ки Имомия метавонанд аз ҳадисҳои зикргардида хулоса кунанд, ин аст, ки шумори ҳокимон ё халифаҳое аст, ки онҳо аз он ба дувоздаҳ имом таъбир намудаанд ва чизе ғайр аз он нест.
Поёни бахши аввал бо мо бошед идома дорад..
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1.Ат-табақот. 3/35-38.
2.Муснади Аҳмад. 2/324-325.
3.Торих- ат-Табарӣ . 6/73.
4.Табақот. 1/286-287.
5.Усул аш-шиа ал-имомия. 2/800.
6.Базлулмаҷҳуд фӣ исботи мушобаҳотир-рофизати лил-яҳуд. 1/190.
7.Ал-Бухорӣ, к. Ал-мағозӣ. № 4447.
8.Ал-Бухорӣ, к. Ал-ҳудуд. № 6830.
9.Бухорӣ, к. Ал-аҳком. Боби «Ал-истихлоф». 8/127.
10.Муслим, к. Ал-имора. «Бобуннос». 2/1453
11.Сунани Абӯдовуд. 4/ 471-472, Фатҳулборӣ. 13/211.
12.Усул-аш-шиа. 2/815-816.
13.Минҳоҷ ас-сунна, 4/206.
14 Минҳоҷ ас-сунна, 4/211.