Зинои зани шавҳардор чӣ ҳукме дар шариъати ислом дорад?
Асалому алайкум ва раҳматуллоҳ устод Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман тақрибан як моҳ қабл муртакиби гуноҳе шудам ва ин амалам вуҷудамро ором намегузорад. Бароям хеле мушкил аст, ки гуноҳи содир намудаамро зикр намоям, аммо барои фаҳмидани ҳукми шаръиати ислом нисбти ин гуноҳ онро иҷборан, батафсил бароятон менависам.
Зане ҳастам 27 сола. Тахмин 9 сол қабл бо шавҳарам издивоҷ кардам ва соҳиби 4 фарзандам. Шавҳарам барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ҳамеша ба кишвари Русия меравад ва бароямон пул мефиристад, ки ман аз ин шикояте надорам. Дар давоми як сол танҳо се моҳ бо ман аст. Фасли зимистон меояду оғози баҳор меравад. Соле, ки гузашт тамоман наомад ва ман наздики як солу ҳашт моҳ шавҳарамро надидам. Рӯзҳои ахир ҳисси шаҳвониям зиёд гашт ва дар ҳамсоягии мо донишҷӯёни иҷоранишин ба сар мебаранд. Ман тасодуфан барои партоби ошғолҳо (муср)-и хона як шом берун баромадам, яке аз ин донишҷӯён ба ман зиёд менигарист, ман ҳам худдорӣ карда натавонистам ва бо табассум ба ӯ гуфтам: намехоҳед меҳмони мо шавед? Ӯ низ дар ҷавоб гуфт: кай биёям? Ман шумораашро гирифтам ва шаб занг задам. Хуласи калом ӯ омад ва бо ӯ ҳамхоба гаштам. Як рӯз пас ин амалро бо ӯ анҷом медодам ва муддати як моҳ тӯл кашид. Алҳамдулиллоҳ, як моҳ аст ӯро надидаам ва гуфтам дигар зангам назан ва бо ӯ қатъи робита намудам. Як моҳ аст аз кардаи худ пушаймонам ва аз ин амали анҷом додаам хеле мутаассифам. Ба наздикӣ шавҳарам бояд биёяд ва ман намедонам чӣ кор кунам. Мехоҳам ҳукми шариъати исломро нисбати ин амали анҷомдодаам бидонам. Аз чанд нафар суол кардам, ҳар кадом бо ҳар тарз посухам медиҳанд. Хоҳиши онро дорам, ки ончи шаръиати ислом дар ин маврид мегӯяд онро бароям гӯшзад намоед, то мувофиқ ба он амал намоям.
Бо эҳтиром В.Ш. аз ноҳияи Бохтар.
Ваалайкумуссаллом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу хоҳари гиромӣ.
Ростӣ ин эмели 31-ум аст, ки дар муддати чанд соли ахир ба унвони ман меоянд, ки тақрибан бо ҳолоти мухталиф аз иртикоби ин гуноҳ аз худ дарак медиҳанд. Агарчӣ ба ҳамаи онҳо тариқи махсус дар эмелҳояшон посух додаам, аммо хостам ин суолро ба таври умум посух гӯям, зеро нафарони зиёде ҳастанд, ки ба чунин амали шанеъ даст задаанд, аммо наметавонанд суол кунанд. Бо иртикоби ин гуноҳи кабира мушавашу ғамзада ба сар мебаранд ва намедонанд, ки шаръиати ислом дар ин маврид чӣ мефармояд. Биноан мепардозам ба баёни ҳукми шаръиат нисбат ба ин қазияи дарднок.
Ҳукми шаръ нисбати каффораи зино бо зани шавҳардор чӣ мегӯяд?
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва дуруду салом бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) ва аҳли байти поки эшон ва асҳоби бузургвори эшон.
Аслан намедонам чӣ тавр ин ҳукмро посӯх гӯям. То ин ҳад иффати зану хоҳари мусалмони мо аз миён рафта, ки ба Худованд имон ва ба рӯзи Охират бовар доранд ва низ медонанд аз ин аъмол пурсида мешаванд, аммо шаҳват ва нафси амр кунанда ба бади баъзан ашхосро ором намегузорад. Оё ин шукр намудани неъматҳоест, ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои шумо занҳо тавассути шавҳарҳоятон ато намудааст? Солҳову моҳҳои тӯлонӣ сардиро сард нагуфта, ҳолати вахими худро нигоҳ накарда, барои пайдо намудани ризқу рӯзии шумо ва фарзандонатон кор мекунанд, то шумо дастнигар ва бе каму костӣ бошед? Каме ба худ оед ва ончӣ анҷом додаед фикр кунед. Оё ин амал аз нигоҳи фитрати инсони солим қобили пазириш аст? Савганд ба Худо на! Ва ҳазорон бор на!
Зино воқеъан ҳамааш бадбахтиву балост, аммо бо зани шавҳардор гуноҳи бузург аст, зеро поймол намудани ҳақ ва дастдарозӣ ба номуси шавҳари он зан мебошад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим мефармояд: : ( وَلا تَقْرَبُوا الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلاً ) الإسراء/
«Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст»! (Сураи Исро, ояти 61)
Расули акрам (с) дар ин маврид фармудаанд: وقال النبي صلى الله عليه وسلم : ( إذا زنى الرجل خرج منه الإيمان كان عليه كالظلة فإذا انقطع رجع إليه الإيمان ) رواه أبو داود (4690) والترمذي (2625) وصححه الألباني في صحيح أبي داود
“Ҳангоме, ки мард зино кард аз ӯ имон хориҷ мегардад ва болои сари шахси зинокунанда мисли соя аст, ҳангоме, ки аз зино фориғ гашт имон дубора ба ӯ боз мегардад”. (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Абӯдовуд 4690 ва Имом Тирмизӣ 2625)
Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ дар китоби “Завоҷир-ан-иқтироф-ул- кабоир” дар ҷилди 2. саҳфаи 138 мегӯяд: Зиноро низ мартабаҳоест, яъне ба чанд қисм тақсим мешавад. Зино бо зани бегонае, ки ӯро шавҳар набошад бузург аст, аммо бо зани бегонае, ки шавҳар дорад бузургтар аст. Аз ин бузургтар зино бо маҳорим мебошад. (Алъаёзу биллоҳ аз Худованд паноҳ металабем) Мисли хоҳар, духтар, хола, амма ва амсоли ин. Ҳамчунин зино бо зани бева бадтар аст аз духтари бокира ба далели ихтилофи ҳадди шаръие, ки барои онҳо муайян карааст. Зинои пирамард аз писари ҷавон фарқ дорад, зеро марди пир дорои ақлу ҳуш ва идрок аст. Ҷавон ба андозаи ӯ ақлу идрок ва ташхиси хубро аз бад намедонад ва дорои шуъбае аз ҷунун аст. Тибқи ҳадиси расули акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) нисбати ҷавонҳо. Инчунин зинои марди озод ва олим ба шаръ бадтар аст аз марди ғулом ва нодоне, ки дар маротиб аз ин ду фарқ доранд. Ва боз ҳам зино бо ҳамсоя низ хело вазнин аст, зеро ҳамсоя наздик аст ва аксари ин амали шанеъ бо духтару занҳои ҳамсоя сурат мегирад. Зино бо ҳамсоя аз зани ғайри ҳамсоя вазнинтару гуноҳи сахттар ва уқубати сангине дорад.
Каффораи зино бо зани шавҳардор ва дар умум аз нигоҳи шаръ ин тавбаи содиқ аст, ки шомил ва фарогир бар ҳама шартҳо бошад. Бояд шахсе муртакиби ин гуноҳи нангин мегардад, ба куллӣ аз ин гуноҳ даст кашад ва аз ин амали анҷомдодааш пушаймон бошад. Ба ҳеҷ ваҷҳ дигар ба ин гуноҳ боз нагардад. Шахсе ба ин шартҳои дар боло зикргардида пас аз муртакиб шудан ба ин гуноҳ амал намояд, иншоаллоҳ Худованд тавбаи ӯро мепазирад. Шахсе, ки бо қалби шикаста тавба намояд ва ба сӯйи Худованд боз гардад бидуни шакку тардид иншоаллоҳ тавбаи ӯро Худованд мепазирад, зеро Ӯ тавба пазиру гузаранда аст. Гуноҳонашро ба некуйӣ ва ҳасанот табдил менамояд тавре, ки дар Қуръони карим мефармояд:
( أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ ) التوبة/104 ،
“Оё ҳанӯз надонистаанд, ки Худост, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва садақотро меситонад ва Худост, ки тавбапазиру меҳрубон аст”? (Сураи Тавба, ояти 104)
( وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهاً آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَاماً * يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَاناً * إِلا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلاً صَالِحاً فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحِيماً ) الفرقان/68- 70
«Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад. Азобаш дар рӯзи қиёмат музоаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд, ғайри он касон, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Худо гуноҳонашонро ба некиҳо бадал мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст»! (Сураи Фурқон, оёти 68-70)
Дар ҳадисе аз расули акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) аз Ибни Аббос (раҳ) омадааст:
وروى البخاري (4436) ومسلم (174) عَنْ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا أَنَّ نَاسًا مِنْ أَهْلِ الشِّرْكِ كَانُوا قَدْ قَتَلُوا وَأَكْثَرُوا وَزَنَوْا وَأَكْثَرُوا ، فَأَتَوْا مُحَمَّدًا صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، فَقَالُوا : إِنَّ الَّذِي تَقُولُ وَتَدْعُو إِلَيْهِ لَحَسَنٌ ، لَوْ تُخْبِرُنَا أَنَّ لِمَا عَمِلْنَا كَفَّارَةً ، فَنَزَل : ( وَالَّذِينَ لا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ وَلا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلا بِالْحَقِّ وَلا يَزْنُونَ ) وَنَزَلَتْ : ( قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ )
Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз ибни Аббос (раҳ) ривоятеро овардаанд, ки фармудааст: Буданд мардумоне аз аҳли ширк, ки зиёд куштанд ва зиёд зино намуданд, пас назди Муҳаммад (с) омаданд ва гуфтанд: оне, ки ба сӯйи ӯ мехонӣ мардумро ва накӯ мешуморӣ онро (манзур ислом аст), агар моро хабар намоӣ аз он амалҳое, ки анҷом додаем каффорае вуҷуд дорад, (яъне метавонем он амалҳои баде, ки анҷом додем бо амале онҳоро аз миён барем)? Пас, ояти 68-и сураи Фурқон нозил гардид: «Ва онон, ки бо Худои якто худои дигаре намегиранд ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром карда, магар барҳақ, намекушанд ва зино намекунанд”. (Сураи Фурқон, ояти 68)
Пас, ин оятҳои сураи Зумар нозил гардид : “Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳаройна, ӯст омурзандаву меҳрубон”. (Сураи Зумар,ояти 53)
Дар китоби Кабоири Имом Шамсуддин Заҳабӣ чунин омадааст: “Шахсе ба зане, ки шавҳар дорад зино намояд бар гардани он зан ва он марди зинокор дар қабр нисфи гуноҳи ин уммат мебошад. Вақте, ки рӯзи Қиёмат мешавад Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бар ӯ ҳукм менамояд, ки ҳама ҳасанот (некӯиҳои анҷомдодааш аз намозу рӯза, ҳаҷҷу, закот, навофил ва садақаҳояш) бар шавҳари ин зан дода шаванд. Ин дар ҳолест, ки шавҳари он зан аз зинои занаш хабар надошта бошад. Агар шавҳараш аз ин амали зан хабар дошта бошад ва хомӯш бошад ё чашм пӯшад, дар ин ҳолат Худованд бар шавҳари ин зан Ҷаннатро ҳаром менамояд. Зеро Худованд бар дарвозаи Ҷаннат навиштааст, ту бар даюс ҳаром ҳастӣ.” Ин ҳадис идома дорад, аммо бо овардани ин матлаб иктифо менамоям. Бояд зикр намоям, ки ин ҳадисро заиф гуфтаанд, аммо инро аз боби тазкир овардаам”.
Киро “даюс” мегӯянд?
“Даюс он мардеро мегӯянд, ки аз фоҳиша дар хонадонаш медонад ва огоҳ аст, аммо ғайрати мардонагӣ ва матонате надорад, то аз ин амал ҳамсарашро боз дорад”
Инчунин уламо дар ҳукми даюс шахсонеро низ дохил намудаанд, ки дар беҳиҷобии ҳамсарону духтаронашон назди мардони бегона гаштугузор менамоянд ва ҳама маҳосину зебогиҳои духтару ҳамсаронашонро мардони бегона мебинанд ва талаззуз менамоянд ва онҳо ором бошанду хонадонашро аз ин бе иффатӣ боз надоранд онҳо низ дар ин ҳукм қарор додаанд.
Дар охир ҳукми шаръро нисбати зинои зани шавҳардор ва ё зинои марди зандор баён менамоям.
ففي ” الموسوعة الفقهية ” ( 24 / 22 ) : ” اتفق الفقهاء على أن حد الزاني المحصن : الرجم حتى الموت ، رجلاً كان أو امرأة ، وقد حكى غير واحد الإجماع على ذلك ، قال ابن قدامة : ” وأجمع عليه أصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم ” .
Дар китоби мавсуъаи фиқҳӣ дар (22-24) омадааст: Фуқаҳо нисбати ҳадди зинои муҳсин (марди зандор ва зани шавҳардор) иттифоқ намудаанд: “Сангсор намудан аст, то дами марг хоҳ мард бошад хоҳ зан”. Ба таҳқиқ дар ин ҳукм чанд иҷмоъ вуҷуд дорад на якто. Ибни Қудома мегӯяд: “Бо ин ҳукм ҳама асҳоби Муҳаммад (с) иҷмоъ намуда, якфикранд”.
Имом Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) нисбати зинокорон хело хуб баён намудааст:
“Зино ҷамъкунандаи ҳама шарру бадбахтиҳо дар инсони зинокор мегардад. Нахуст диндориашро ноқис мекунад, тақвояшро аз миён мебарад, дар ӯ фасоди ахлоқиро ба бор меоварад, ғайрату мардонагиашро зери савол мебарад, вафо дар аҳдашро аз миён мебарад, ӯро дурӯғгӯ менамояд, бо ӯ рафоқат карда намешавад ва бо хонаводааш бадрафтору хашин мегардад”.
Пас, хонандаи гиромӣ ва афроде, ки ин амалро анҷом медиҳед, дар ҳоле, ки ин ҳама бадбахтиро ин гуноҳ ба бор меоварад, чӣ тавр як инсон бо ин ҳама мушкилоти ахлоқӣ метавонад худро як шахси комил ва мусалмон ҳисобад?
Биноан дар фарҷом чанд тавсия, ба ин хоҳар ва онҳое, ки ба ин мусибат гирифтор шудаанд, то худро аз ин гуноҳ пок намоянд.
1.) Шахсе ба ин мусибат гирифтор гардад тавбаи содиқ намояд ва ҳаргиз ба ин амал боз нагардад. Кӯшиш намояд амалҳои некро зиёд намояд, мисли рӯза доштани рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, рӯза доштани рӯзҳои биз 13,14,15 ҳар моҳи ҳиҷри қамарӣ. Ба андозаи доштааш садақа намояд, қироъати Қуръон кунад, ҳар шабе барояш имкон шуд намози таҳаҷҷуд бихонад. Умуман ҳар амале, ки дар он ризову хушнудии Аллоҳ вуҷуд дошта бошад. Тавре худро аз ин амал дур намояд, ки фикр кунад даст задан ба ин амал хориҷ гаштан аз ислом ба куфр аст. Ин барои он аст, ки шахс агар пеши худ қасд накунад ва ҳадди вазнинеро нагузорад лаззати ин гуноҳ боз ӯро бад-ин кор пас мегардонад.
2.) Аслан зан ба ҳеҷ марди бегонае,ки барояш маҳрами шаръӣ нест суҳбат накунад ва агар суҳбат ҳам кард на бо ханда ва мазоҳ ё бо суханоне, ки оқибати он ба чунин кор анҷом ёбад. Зеро расули акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) дар ҳадисе се маротиба бародари шавҳарро марг гуфтаанд. Ин аз он далолат мекунад, ки бародари шавҳар мардест озодона ба хонаи бародараш бе мушкилӣ ворид мегардад, ҳатто зери шубҳаи касе ҳам нест. Писарамак, писархола, шавҳари хоҳари зан, инҳо аз наздикони зан маҳсуб меёбанд, ки метавонанд сабаби ба чунин гуноҳ даст задани занон гардад. Инчунин дар ин рӯзҳо суҳбатҳои интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли “Однокласники” ва “Фейсбук”-у дигар барномаҳои телефонӣ мисли “Вайбер” ва “Вотсап” роиҷ гаштаанд, ки ин васоил,низ занони аз шавҳарҳояшон дурро ба чунин мусибати нобахшуданӣ гирифтор менамоянд. Бояд аз ин васоил занони шавҳардор комилан худро дур нигоҳ доранд. Албатта манзурам аз истифодаи комили ин васоил нест, зеро метавон ин шабакаҳо ва васоилро барои омӯхтани дарсҳои динӣ ва ахлоқӣ истифода намоянд. Манзурам аз ин васоил суҳбат кардан бо мардони бегона аст, то дар ин фитна гирифтор нагарданд.
3.) Ин амалро ба шавҳараш хабар накунад, инчунин ба касе ин гуноҳашро нагӯяд, зеро аввалан “Таҷоҳур биззанб”( ошкор намудани гуноҳашро дар шаръ гӯяд) ба гуноҳ мешавад. Ин амалро миёни худ ва Худовандаш боқӣ гузорад. Албатта назари фақеҳоне дар ин масъала вуҷуд дорад, ки зан барои онки шавҳарашро аз хатари даюс шудан дур дорад бояд як кор кунад, ки шавҳараш як талоқаш диҳад ва бори дигар бо ӯ зиндагӣ кунад ва ин хубтар аст. Вале ин назари баъзе фуқаҳои моликимазҳаб аст на умум.
Як тавсияи дигарро ба мардони зандор гӯшзад менамоям,ки кӯшиш кунед ҳамсарони худро беш аз шаш моҳ танҳо нагузоред, ҳатман дар ин муҳлат ва ё камтар занони худро бинед ва эҳтиёҷоти онҳоро бароварда намоед. Пайдост, ки ин ҳама дар ихтиёри шумо нест, ин ҳама дурии шумо барои беҳбуд намудани зиндагии зану фарзандонатон аст, вале инро низ аз ёд набаред, ки қаноъат намудани зан бо ғаризае, ки Худованд барои ҳар зану мард ато намудааст ҳатмӣ ва зарурист. Чунонеки мардони гиромӣ шумо мукаллаф барои пайдо намудани ризқу рӯзии занҳо ва фарзандони худ ҳастед инчунин мукаллаф барои ишбоъ ва сер гардонидани хоҳишоти онҳо низ ҳастед ва гоҳо ин масъала болотар аз касби ризқу рӯзӣ меистад, албатта тибқи ҳолатҳои ашхос.
Тавсияи дигар барои занҳое,ки шавҳарҳояшон онҳоро бедарак гузошта, аслан на маблағе мефиристанд ва на дар фикрашон ҳастанд. Агар ин занҳо чунин ҳолатро дошта бошанд барои онки ҳаёти онҳо бе фоида нагузарад дар шаръ талоқе вуҷуд дорад, ки он аз тарафи зан сурат мегирад ва онро “Хулъ” меноманд. Зан вақте беаҳамиятии комилро аз шавҳараш бинад ва донад, ки шавҳараш кораш хуб аст, вале намехоҳад бо ӯ зиндагӣ намояд ва таъмин ҳам намекунад ин зан метавонад тибқи ин ҳукми шаръ аз шавҳараш талаби талоқ намояд ва шавҳари дигар кунад, то худро ба ин гуноҳ мубтало насозаад. Хулъ қавоид ва ҳолоти худро дорад, тибқи он ин талабро метавонад тақозо кунад ва худро аз чунин мард бираҳонад.
Дар охир аз Худованд ба ин хоҳари саволдиҳанда ва он ашхосе, ки ба ин амал даст задаанд тавбаи содиқона талабгорам. Агар тавбаи содиқона кунанд ва ба сӯйи Худованд боз гарданд ва амалҳои нек анҷом диҳанд, Худованд ин ҳама амалҳои бадашонро ба некӣ мубаддал менамояд ва Ӯ таъоло ба ин қодиру тавоност, танҳо ва танҳо аз мо содиқ будан дар тавба ва боз нагаштан ба он амали анҷом додаамонро мехоҳад. Валлоҳу аълам биссавоб