Номаи Умари Форуқ(раз) ба Абумўсои Ашъарӣ(раз)

Ислоҳ нет

Номаи Умари Форуқ(раз)
ба Абумўсои Ашъарӣ(раз)

Дар замони хилофати Умари Хаттоб (р) дар қатори дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ – мақомоти додгоҳӣ (суд) такмил дода шуд. Ба мақсади ба низом даровардани фаъолияти мақомоти додгоҳӣ (судӣ) Умари Форуқ (р) фармон содир кард ва зимнан чанд паёме ба унвони қозиҳо ирсол намуд, ки дар байни онҳо номаи ў ба саҳобаи бузург – Абумўсои Ашъарӣ, ки он замон қозии шаҳри Басраи Ироқ буд, аз ҷиҳати мазмуну мўҳтаво хеле пурарзиш ба шумор меравад. Умар ибни Хаттоб (раз) дар номаи худ асосҳои фиқҳи исломиро дар маъалаи қазоват ва адолати додгоҳӣ (судӣ) баён намудааст, ки имрўз ҳам аҳамияти амалии худро гум накардааст.Хуб мешуд ин номаро судяҳои мо мехонданду панд мегирифтанд.

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Аз бандаи Аллоҳ Умар ибни Хаттоб Амирулмуъминин ба Абумусои Ашъарӣ.
Асалому Алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Дар ҳақиқат, адолати додгоҳӣ (правосудие) вазифаи муҳимест, ки Худованди мутаъол ба ўҳдаи мусалмонон вогузоштааст ва он бояд тибқи муқаррарот ва талаботи аҳкоми Қуръону Суннат (ҳадисҳои Паёмбари бузурги Ислом (с)) ба амал бароварда шавад. Бидон, ки агар ба ту барои ҳалли баҳсу муноқишаҳо муриҷиъат кунанд, ҳама гуна ҳукмеро, ки ба таври шифоҳӣ (дар сухан) гуфташударо бефоида ҳисоб кун, агар он дар амал ҷорӣ карда нашавад (яъне он дар худ асоси кофӣ надошта бошад ва ба воситаи ҳукми додгоҳӣ (судӣ) иҷро карда нашавад). 
Ҳангоми баррасии қазияҳои додгоҳӣ (судӣ) ба ҳама як хел муносибат кун, барои ҳар ду тараф як хел вақт ҷудо намо, инчунин дар баровардани ҳукм чунон баробарӣ ва адолатро ҷорӣ кун, то ки ашхосу зўрманд аз якравӣ ва худхоҳии истифода бурда натавонанд ва шахсони заъифу бечора умеди худро аз ҳукми одилона накананд.

Исбот кардан ба ўҳдаи даъвогар аст, аммо қасам хўрдан ба ўҳдаи он нафарест, ки гуноҳи худро ба гардан намегирад. Созиш (мировое соглошение) дар байни мусалмонони даъвогар мумкин аст, ба исниснои он созишҳое, ки шариъат (Қуръон ва Суннат ё фатвои аксари фақеҳон) манъ кардаанд. 
Он нафаре, ки ҳаққи худро мехоҳанд эътироф кунад, вале дарҳол барои исботи ҳуқуқи худ далелу бурҳон оварда наметавонад, мўҳлат дода мешавад, ки вай дар муддати мўҳлати муқарраршуда бояд далелу бурҳони худро пешниҳод намоянд. Агар ў ҳаққи худро бо овардани далелу бурҳон исбот кунад, ту барои расидани ҳақ бар ҳақдор ҳукм барор, агар вай ин корро карда натавонад, пас ба фоидаи вай ҳукм набарор. Дар ҳақиқат, бо ҳамин тариқ ҳадди адолат барқарор мегардад ва қазияи номафҳум равшан мешавад ва ҳаллу фасли худро пайдо мекунад.

Агар ту ҳукми қазовати додгоҳиро (судиро) бароварда ва дар ҳамон рўз роҳи беҳтари пайдо намудани адолатро интихоб кардӣ, пас ҳукми пештар баровардаат набояд садди роҳи ту шавад, яъне дар баррасии қазияи ба он монанд дар барои тасдиқи ҳаққи даъво, ки чизи асосии қазияи додгоҳӣ (судӣ) ба ҳисоб меравад, набояд халал эҷод кунад. Бинобар ин, бори дигар рў овардан барои расонидани ҳақ ба ҳақдор (бо роҳи аз сари нав дида баровардани фикри худ ба хотири тасдиқи он) муроҷиъат намоӣ, беҳтар аст аз оне, ки ба ҳукми нодурусти худ истодагарӣ ва пофишорӣ кунӣ. 
Мусалмононе, ки ба талаботи адолат мувофиқ ҳастанд, метавонанд дар нисбати ҳамдигарашон чун шоҳид ширкат кунанд, ба истиснои он ки агар онҳо пештар ба шаҳодати дурўѓ муттаҳам нашуда бошанд ва ё барои содир кардани ҷиноят тибқи талаботи шариъат ба ҷазо маҳкум нагардида бошанд ё ин ки бо шахсони мазкур робитаи қаробати хешу таборӣ, сарпарастӣ (опека) ё пўштибонӣ (ҳимоят, покровителство) надошта бошанд.

Дар ҳақиқат, фақат Худованди мутаъол ҳақиқати кор ва рафтори одамонро медонад ва бандагонашро аз он огоҳ намесозад ва аз онҳо ҳадди иҷоза ва мамнўъ буданашонро пинҳон медорад ва ба эшон имкон медиҳад, ки таҷовуз аз ин ҳаддҳоро бубинанд ва дар асоси далелу бурҳон (дар шакли шоҳидӣ додан ва овардани далелҳои шайъӣ) ва савганддиҳӣ ба онҳо ҷазои сазовор муқаррар кунанд.

Сипас бояд даъвои барои қазоват пешниҳодшуда, ки ҳукми он дар Қуръон ва Суннат мавҷуднабударо сарфаҳм равӣ ва моҳияти онро ҳамаҷониба дарк намоӣ. Дар он сурат, бояд он ҳолатро бо мисолҳои дар Қуръон ва Суннат овардашуда ва дигар мисолҳои монанд муқоиса намоӣ ва баъд агар чунин мисолҳо ёфт шаванд, ба онҳо такя кунӣ, ки ба ризояти Худованди мутаъол бештар мувофиқ бошад.

Аз қаҳру ѓазаб ва асобнияту дуруштӣ даст бикаш ва мардумро ҳангоми мурофиъаҳои додгоҳӣ (судӣ) наранҷон. Дар ҳақиқат, танҳо адолат дар масъалаи ҳақро ба ҳақдор расондан аз ҷониби Парвардигори баландмартаба аҷру мукофот дода мешавад ва аз худ хотираи нек боқӣ мегузорад. Он касе, ки бо амали содиқонаву самимонаи худ адолатро, ҳатто агар бар зиёну зарари худаш бошад ҳам, барқарор месозад, Худованди мутаъол ўро дар байни мардум соҳиби қадру манзалат ва иззату обрў мегардонад. Он касоне, ки зоҳирашонро ороста медоранду назарфиребӣ мекунанд, вале ботинашон пўчу холист, Парвардигори баландмартаба эшонро шарафманд намегардонад ва хор мекунад. Худованди бахшанда ва меҳрубон аз кирдор, рафтор ва гуфтори бандагонаш он аъмолеро мепазирад, ки самимиву дуруст ва рост бошанд. Ва ту дар бораи он аҷру мукофоте, ки аз Парвардигори олам аз раҳмати беинтиҳои худ ба ту ато мекунад, андеша намо ва ҳамеша умедвор бош. 
Дар паноҳи Худованди бузурги бахшандаву меҳрубон бошӣ!

Ин буд муҳтавои номаи Форуқи Аъзам (раз) ба саҳобии бузургвори он ҳазрат (сав) Абумсусои Ашъарӣ(раз) 

Share This Article