иссаи ишқу имони духтар ва домоди паёмбар (с)
Абулос ибни Рабеъ писари Ҳола бинти Хувайлид хоҳари Хадиҷа бинти Хувайлид ҳамсари расули акрам (с) қабл аз мабъус шудани паёмбар (с) назди ӯ рафт ва гуфт: Мехоҳам бо Зайнаб (р) издивоҷ намоям. Паёмбар (с) дар ҷавоб ба ӯ гуфт: ман ин корро бидуни ризои Зайнаб (р) наметавонам анҷом диҳам. Расули акрам (с) аз ҷой боло шуд ва вориди хона гардида, хитобан ба Зайнаб (р) гуфт: писархолаат назди ман омадааст ва номи туро бурдааст. Оё ту метавони ӯро ба шавҳарӣ бипазирӣ. Рухсори Зайнаб (р) сурх гардид ва табассум кард. Пас паёмбар (с) аз хона берун омад ва бар ин издивољ мувофиқат кард ва аз ҳамин ҷо қиссаи ишқи Абулос бо Зайнаб (р) оғоз гардид. Аз ин издивоҷи бобаракат писаре бо номи Алӣ ва духтаре бо номи Умома ба дунё омад. Аммо пас аз ин мушкилоте дар ин хонадон ба вуқуъ пайваст, ки он баргузида шудани Муҳаммад (с) ба паёмбарӣ буд. Ҳангоме, ки Муҳаммад (с) ба паёмбарӣ баргузида шуд, Абулос дар сафар буд ва чун аз сафар баргашт ҳамсараш исломро пазируфта буд. Абулос назди ӯ рафт ва Зайнаб (р) ба ӯ гуфт: маро бар ту хабари бузурге аст. Абулос бидуни инки чизеро фаҳмад аз ҷой боло шуд ва берун рафт. Зайнаб (р) наз аз қафои ӯ рафт ва гуфт: ба таҳқиқ падари ман ба паёмбарӣ баргузида шуд ва ман мусалмон шудам. Абулос гуфт: чаро бехабар аз ман ба ин кор розӣ шудӣ? Ҳамин ҷо буд, ки мушкилоти эътиқодӣ миёни Абулос ва Зайнаб (р) ба миён омад. Зайнаб (р) ба Абулос гуфт: ту падари маро дуруғгӯ намепиндорӣ ва падари ман ҳам дуруғгӯ набуд. Ба дурустӣ, ки падари ман содиқу амин аст ва ман ба танҳоӣ имон наовардаам Ба таҳқиқ модарам ва хоҳаронам ҳам имон овардаанд, инчунин писари амӯям Алӣ ибни Абӯтолиб, писари аммаат Усмон ибни Аффон, дӯстат Абӯбакри сиддиқ ҳам мусалмон шудаанд. Абулос гуфт: ман дӯст надорам, ки мардум бигӯянд, қавмашро хор намуд ва ба падаронаш барои ризогии ҳамсараш кофир шуд. Инчунин падаратро ба чизе иттиҳом наменамоям. Оё узри маро метавони бипазирӣ? Зайнаб (р) гуфт: агар ман узри туро напазирам, пас ки мепазирад, аммо ман ҳамсари ту ҳастам ва туро кӯмак менамоям, то ин ки ба ҳақ бирасӣ. Ва Зайнаб (р) ба ин суханаш дар баробари Абулос 17 сол вафо намуд (10 соли қабл аз биъсат, 7 сол баъд аз ислом ё ҳиҷрат як соли дар ислом будани шавҳарашро ҳисоб намекунем), дар ҳоле, ки Абулос ба куфри худ идома медод. Пас ҳиҷрати паёмбар (с) оғоз ёфт ва Зайнаб (р) назди паёмбар (с) омад ва аз ӯ (с) иҷозаи бо шавҳараш монданро хост. Расули акрам (с) ба ӯ иҷозаи бо шавҳар ва фарзандонаш монданро дод. Зайнаб (р) то оғози ғазваи Бадр дар Макка буд. Абулос барои набард дар сафи лашкари Қурайш тасмим гирифт. Шавҳараш бар зидди падараш ба ҷанг рафт ва Зайнаб (р) аз ин лаҳза андӯҳгин буд ва гиря мекарду чунин мегуфт: эй бор Худоё ман метарсам аз он рӯзе, ки офтоб тулуъ намояд ва фарзандонамро ятим бинам ё ин ки падарамро аз даст бидиҳам. Абулос ибни Рабеъ барои ширкат дар ғазваи Бадр аз хона берун омад. ¬Ғазваи Бадр ба поён расид ва хабарҳо ба Макка мерасиданд ва Зайнаб (р) мепурсид. Падарам чӣ кор кард? Ба ӯ мегуфтанд мусалмонон пирӯз шуданд. Зайнаб (р) дарҳол саҷдаи шукр намуд ва аз ҷой бархост ва боз пурсид. Шавҳари ман куҷо шуд? Ба ӯ гуфтанд: дар асорати падарарӯсаш (хусураш) қарор дорад ва барои раҳоии ӯ чизе бифрист, дар ҳоле, ки Зайнаб (р) чизи гаронбаҳое надошт, ки барои раҳоии шавҳараш диҳад. Пас гарданбанде, ки аз модараш ба ӯ мерос монда буд, аз гардан раҳо намуд ва ба дасти бародари Абулос ибни Рабеъ дод, то ба паёмбар (с) бирасонад. Ҳангоме, ки бародари Абулос ба Мадина расид, расули акрам (с) нишаста буд ва фидяҳоро барои раҳоии асирон қабул мекард. Ҳангоме, ки гарданбанди ҳамсари худ Хадиҷа (р)-ро дид, пурсид. Ин барои раҳоии кист? Гуфтанд: ин барои раҳоии Абулос ибни Рабеъ аст. Расули акрам (с) бо шунидани ин сухан гиря кард ва гуфт: ин гарданбанди Хадиҷа аст. Сипас аз ҷой бархост ва хитоб ба асҳоб гуфт: ин мард касест, ки ман ӯро ба домодӣ пазируфта будам, пас ҳоло аз асирӣ озодаш менамоед? Оё мепазиред, ки ман ин гарданбандро ба соҳибаш баргардонам? Ҳама асҳоб гуфтанд: бале, эй паёмбари Худо. Пас, паёмбар (с) ин гарданбандро ба Абулос баргардонд ва ба ӯ чунин гуфт: Ба Зайнаб (р) бигӯ аз андоза нагзарад дар гарданбанди Хадиҷа. Сипас гуфт: эй Абулос оё метавонам бо ту чанд розро бигӯям ва ӯро ба гӯшае бурд ва гуфт: эй Абулос, Худованд ба ман амр намуда, ки миёни зани мусалмон ва марди кофир ҷудоӣ намоям, зеро зани мусалмон наметавонад ҳамсари марди кофир бошад. Оё духтари маро ба ман пас мегардонӣ? Абулос гуфт: бале.
Расули акрам (с) хеле тактики хуберо низ барои Зайнаб (р) андешид ва аз пушти Абулос, Зайд ибни Ҳориса (р) ва марде аз ансорро фиристод, то аз он тараф ҳамроҳи Зайнаб (р) бошанд, ҳамчунин таъкид кард, ки дар минтақае ба номи Яъҷиҷ бошед, то ки ӯро ҳамроҳӣ намоед.
Вақте хабари ворид шудани Абулос ба Макка расид Зайнаб (р) барои истиқболи шавҳараш ба дарвозаҳои Макка шитофт. Ҳангоме, ки Абулос Зайнаб (р)ро дид ба ӯ чунин гуфт: ман раванда ҳастам. Зайнаб (р) гуфт: ба куҷо? Абулос гуфт: ман ба ҳеҷ куҷо намеравам, вале ту назди падарат меравӣ. Зайнаб (р) гуфт: барои чӣ? Абулос гуфт: барои ҷудоии миёни ману ту. Пас назди падарат баргард.
Муҳаббати Зайнаб (р)-ро бинед. Зайнаб (р) ба Абулос гуфт: оё ту моро ҳамроҳӣ менамоӣ, то мусалмон шавӣ? Абулос гуфт: -на. Зайнаб (р) писару духтаршро гирифт ва ба Мадина рафт.Дар аснои роҳ он ду шахси фиристодаи расули акрам (с) бо ӯ ҳамроҳи намуданд.Бояд зикр намоям,ки дар ривояти дигаре омадааст,ки Алӣ писарашон дар хурдсоли аз дунё гузаштааст ва танҳо бо Умома духтарашон хориҷ шудаанд. Ҳангоме, ки вориди Мадина шуд мардони зиёде барои хостгорӣ меомаданд. Тӯли шаш сол Зайнаб (р) ҳамаи онҳоро рад менамуд ва дар орзӯи он буд, ки шавҳараш рӯзе боз мегардад. Пас аз шаш сол Абулос бо қофилаи тиҷорие аз Макка ба Шом ҳаракат намуд ва дар аснои бозгашт аз Шом ба Макка дар роҳи Мадина чанде аз саҳобагонеро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи худ дар сирия (сирия набардҳоеро мегуянд, ки дар он паёмбар (с) худ ширкат намекард ва яке аз саҳобагонро ҳамчун сарлашкар таъин менамуд) дид ва аз онҳо хонаи Зайнаб (р)ро пурсид. Пеш аз азони бомдод дари хонаи Зайнаб (р)ро кӯфт. Ҳангоме, ки Зайнаб (р) дарро кушод Абулосро дид. Аввалин саволаш ин буд. Оё мусалмон шудӣ? Абулос гуфт: ман дар ҳолати пинҳонӣ омадам. Зайнаб (р) гуфт: Оё ту мусалмон мешавӣ? Абулос гуфт: -на. Зайнаб (р) гуфт : пас натарс, хуш омадӣ писархола ва хуш омадӣ падари Алӣ ва Умома. Пас аз ин расули акрам (с) бо асҳоб намози бомдодро адо кард ва садоеро шунид, ки аз охири масҷид меомад, ки он садои Абулос ибни Рабеъ буд. Расули акрам (с) пурсид: оё шунидед он чиро, ки ман шунидам. Асҳоб гуфтанд: бале, эй расули Худо. Зайнаб (р) гуфт: эй расули Худо (с), агар Абулос аз ман дур шуда бошад ҳам писари холаи ман аст ва агар наздик пиндорамаш падари фарзандони ман аст. Ман аз ӯ ҳимоят мекунам. Пас расули акрам (с) аз ҷой баланд шуд ва гуфт: эй мардум ин мард домоди ман аст ва ин мард бо ман ҳар он чи гуфт, рост гуфт, ба ман ваъда намуд ва ба ваъдааш вафо намуд. Агар бипазиред молашро пас гардонед ва ӯро гузоред, то ба ватанаш пас гардад. Ин барои ман писандидатар аст. Агар напазиред, пас ҳар коре, ки мехоҳед анҷом диҳед. Ҳақ бо шумост ва ман шуморо маломат намекунам. Пас мардум гуфтанд: эй расули Худо (с) молашро пас мегардонем. Паёмбар (с) гуфт: паноҳ додем онеро, ки ту паноҳаш додӣ. Сипас расули акрам (с) назди хонаи Зайнаб (р) рафт ва гуфт: эй Зайнаб (р), гиромӣ дор ӯро, зеро ӯ писархолаи ту ва падари фарзандонат ҳаст, аммо ба ту наздик нашавад, зеро ӯ барои ту ҳалол нест. Зайнаб (р) гуфт: бале, эй расули Худо (с). Зайнаб (р) назди Абулос дохил шуд ва гуфт: оё ҷудоии мо бароят мушкил нест? Оё барои ту писанд нест, ки ислом биёриву бо мо бошӣ? Абулос гуфт: -на
Дар ривояти дигаре омада, ки он мардоне, ки ӯро ба асорат гирифта буданд, ба ӯ гуфтанд: эй Абулос! Туро назди Қурайш шарафи волоест. Ту домоди паёмбарӣ. Оё ту ислом намеорӣ? Ва мо ҳама моли туро дар ихтиёри ту мегузорем ва ин ҳама мол насиби ту мешавад, дар ҳоле, ки ин моли аҳли Макка аст ва онҳо бо дар набарданд ва ту бо мо дар Мадина ҳастӣ. Абулос гуфт: Ин бадтарин корест, ки шумо маро ба он даъват доред, ки дини ҷадидро бо фиреби аҳли Макка оғоз намоям. Абулос ба сӯи Макка равон гашт. Ҳангоме, ки ба Макка расид он амволе, ки дар даст дошт ба соҳибонашон баргардонд ва хитоб ба онҳо намуда, чунин гуфт: эй аҳли Қурайш! Оё назди ман аз касе чизе боқӣ монда, ки онро пас надода бошам. Гуфтанд: -на. Худованд аз мо ҷазои хайрат диҳад. Мо туро шахси вафодор ба аҳд ва карим медонем. Ба ҳама он чи дар зимаат буд, вафо намудӣ. Абулос гуфт: Савганд ба Худо чизе маро аз ислом овардан назди Муҳаммад дар Мадина боз намедошт, магар тарсам аз он буд, ки мардум фикр накунанд, ки ман мехоҳам молҳои шуморо аз худ кунам. Пас ҳангоме, ки молҳоятонро ба шумо боз гардонам ва аз сари хеш соқит намудам, ҳамакнун мусалмон мешавам. Пас, гуфт: ман шаҳодат медиҳам, ки нест Худое магар Аллоҳ ва Муҳаммад паёмбари Худост. Сипас бозгашт ба Мадина, ҳангоме, ки намози субҳ буд ва ба сӯи расули акрам (с) шитофт ва гуфт: эй расули Худо (с) дирӯз паноҳам додӣ ва имрӯз мегӯям: Шаҳодат медиҳам, ки нест Худое магар Аллоҳ ва ту фиристодаи Худоӣ ва боз гуфт: эй расули Худо (с) оё иҷозат медиҳӣ, ки назди Зайнаб (р) боз гардам. Расули акрам (с) аз дасташ бигрифт ва гуфт: бо ман биё. Ҳар ду назди дарвозаи Зайнаб (р) истоданд ва дарро кӯфтанд. Пёмбар (с) гуфт: эй Зайнаб (р) имрӯз писархолаат омада ва иҷозат мехоҳад, ки назди ту бозгардад. Оё ӯро мепазирӣ? Зайнаб (р)ро чеҳра сурх гардид ва табассум кард. Пас аз як соли тамом Зайнаб (р) дори фониро падрӯд гуфт ва Абулос гиряи зиёд кард, ҳатто асҳоб диданд, ки паёмбар (с) ӯро дилбардорӣ мекард, то андӯҳаш кам гардад. Абулос бо садои гиряолуд мегуфт: эй паёмбари Худо ин дунёро бидуни Зайнаб (р) тоқат надорам. Ин буд, ки пас аз як соли вафоти Зайнаб (р), Абулос низ аз дунё гузашт.Ба ривояти дигар яъне Ибни Саъд мегуяд пас аз чаҳор сол соли 12 ҳ аз дунё гузашт.
Оё чунин вафову дӯстдориро дидаед? Чӣ қиссаи зебое буд, ки дили кас аз шунидани он тоб намеорад ва чашм аз гиря боз намеистад барои чунин падари бузургвор ва чунин шавҳари вафодору ҳамсари солеҳа. Ба дурустӣ, ки дар таърихи исломи азизи мо чунин қиссаҳои зебо зиёданд.
Бо эҳтироми хос