Оё шахсе Қуръон мехонад барояш мукофоте ҳаст?

Ислоҳ нет

Оё шахсе Қуръон мехонад барояш мукофоте ҳаст?

Расули муъаззами ислом содиқи амин Муҳаммад(салому дуруди Худованд бар ӯ бод) мефармоянд:
-Шахсе тиловат намояд даҳ ояти Қуръонро навишта намешавад аз ғофилон.
– Шахсе тиловат намояд сад ояти Қуръонро навишта мешавад аз ҷумлаи Қонитон.
– Шахсе тиловат намояд ҳазор ояти Қуръонро навишта мешавад аз Муқантирин.
(Ҳадис саҳеҳ аст онро Имом Абудовуд,Ибни Хузайма,Ибни Ҳиббон ва ин чунин дар китоби силсила Аҳодиси саҳеҳа низ метавонед пайдо намуд)
Шарҳи ҳадис:
Аллома Бадриддини Айнии Ҳанафӣ(раҳ) дар шарҳи ин ҳадис чунин мегуянд: “Навишта намешавад аз ғофилон” яъне аз ҷумлаи дӯр будагон аз ёди Худованд навишта намешавад. “Навишта мешавад аз ҷумлаи Қонитон” яъне итоат кунанда, фурӯтанон, намозгузорон, даъватгарон, ибодат кунандагон ва шаб зиндадорон навишта мешавад.
“Навишта мешавад аз ҷумлаи Муқантирин”
Маънои Луғави: Қинтор паймонаеро ё ченакеро гуянд,ки гуногӯн бошад назди ҳар қавму миллат.Инчунин тарҷума намудаанд моли зиёдреро. Бадриддини Айнии Ҳанафӣ мегуяд: Қинтор ченаки бузурге аз аҷру подошро мефаҳмонад дар ин ҳадис.
Аз Муъоз ибни Ҷабал (раз) ривоят аст,ки Қинтор ҳазору сад пулро ё маблағеро гуянд,ки беҳтар аст арзиши он аз ончи дар миёни замину осмон қарор дорад.
Абуубайд мегуяд: Қинтор ченак ва ё паймона ва чизи ниҳоят бо арзишеро мегуянд,ки араб қимати онро муъаян накардааст ва намедонанд,ки он чиқадар аст ва чи арзише дорад яъне хело арзишманд.
Саълаба мегуяд: Қинтор яъне назди араб чаҳор ҳазор динорро гуянд. Аммо вақте Қанотири муқантара” гуянд он дувоздаҳ ҳазор динор мешавад арзишаш.
Боз гуянд: Қинтор пусти гове,ки пур аз тило бошад.Ё ҳаштод ҳазор динорро гуянд.
Дар ниҳоят аҳли истилоҳ ва шореҳон мегуянд:Қинтор як маблағи ҳангуфти номаълумеро мегуянд,ки миқдори онро касе намедонад яъне хело ва хело зиёд.
(Шарҳи Сунани Абудовуд аз Бадриддин Айнии Ҳанафӣ)
Аллома Абдулмуҳсинӣ Аббод (ҳафизаҳуллоҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегуяд: Шахсе хонад яъне дар намозаш дар қиём ё зиндадории шабаш маънои лафзи “Қома” ро ба намоз хондан шарҳ намуда аст.
Он миқдор оятҳои дар боло оварда шударо тиловат намояд. “Навишта мешавад аз ҷумлаи Қонитон” Қонит ба чанд маъно метавонад бошад.Мисли Сукут ба маънои тул ё дароз будани истодан дар намози шаб ё ба маънои дуъо.
Инчунин ба дигар маъноҳоҳам метавонад бошад.Яъне шахсе сад оят тиловат кунандаро ин мартаба навишта мешавад ва аҷр дар интизораш аст.
Шахсе тиловат намояд ҳазор ояти Қуръонро навишта мешавад аз Муқантирин.
Муқантиринро чунин шарҳ намудааст: Ин ашхос ҳосил менамоянд аҷру савоби бузургеро.Ончунон аҷру подоши бузургеро,ки ҳатто тасаввурашро надошта бошад.
Зеро Қинтор вазну ченакаш барои касе ба шакли дақиқ муъаян нест.Ин киноя аз аҷру подоши бе ниҳоят бузург аст.
(Китоби шарҳи Сунани Абудовуд)
Пас хонанди гиромӣ савоби тиловати Қуръони каримро фаҳмидед,ки чиқадар аҷру подоши бузургеро доро будааст?
Оё мо дар як рӯз чиқадар метавонем тиловати Қуръон намоем?
Агар пурсам дар фесбук ва одноклассник чиқадар метавони бишини мумкин бигуед номаълум зеро одат кардаам ба он ва мумкин аз субҳ то шом бошад ва ё аз шаб то субҳ!
Дар ҳоле аҷру савобе бароят дар нишастану хондани бисёре аз ончи дар онҳо вуҷуд дорад нест ,гоҳо гуноҳҳам ҳаст.
Вале тиловати Қуръони карим бо ин ҳама аҷру савобу дараҷа доштанаш назди мо мисли аломати савол гаштааст.?
Ҷавонони бе ниҳоят гиромӣ то моҳи мубораки рамазон рӯзҳои бе шуморе мондааст.Агар Қуръонро хонда наметавонӣ фикр надори то китоби Аллоҳро бихонӣ? То ин ҳама аҷру подошро соҳиб гардӣ?
Агар хуб кушиш намои дар 45 рӯз онро метавони бихонӣ !
Пас аз хондани ин ҳадис як дақиқа вақти қимати худро бе фоида нагузарон,зеро аз ин вақтҳои бе ҳуда гузоронидаат пурсида хоҳи шуд! Худоё моро аҳли Қуръон бигардон ҷавонони моро аз ин мусибати вақтҳои қимати худро зоеъ намудан дур бигардон. Ҳамеша моро аз ҷумлаи Муқантирин бигардон то аҷру подоши азимеро дар тиловати каломи ҷовидонаат ноил гардем.Ончи бароямон бадаст дур бигардон ва ончи бар нафъи дунё ва охирати мост тавъаму қарин бигардон омин.

Share This Article