Аз Исро ва Меъроҷ чиро метавон омӯхт ?
(ё ҳикмати Илоҳӣ дар ин сафар)
Мақолаи қаблӣ аз қиссаи Исро ва Меъроҷро нақл мекард. Дар мақолаи навбатӣ бошад таҳлили кӯтоҳе дар мавриди ин сафар мекунем, то дар ин чӣ ҳикмати Илоҳӣ нуҳуфта аст. Ё аз он чӣ ибрат метавон гирифт? Ҳамзамон манзур аз ин таҳлил он аст, ки бархе дар ин сафари Паёмбар Муҳаммад (с) аз Макка ба Байтулмуқаддас назари дигар ва дидгоҳи шубҳанок доранд. Биноан таҳлил ва табақабандии кӯтоҳе роҷеъ бар ин мавзуъ онро пешниҳоди хонандаи гиромӣ ва нуктасанҷу закӣ менамоем.
1. Ҳар меҳнатеро тӯҳфаест.
Паёмбари Худо (с) мувоҷеҳи сахтиҳои бузург гашта буд. Қурайш роҳи даъватро дар Макка ва дар Сақиф ва дар дигар қабилаҳои Араб ба рӯи Паёмбари Худо (с) ва ёронаш баст. Аз ҷониби дигар пас аз марги аммаш Абӯтолиб бар хатари бузург рӯ ба рӯ гардид. Боз ин ҳамаро инро пушти сар гузошта, барои расонидани фармони Парвардигораш шикебоӣ менамуд. Пас аз ин ҳама сахтиҳо вақти он расида буд, ки аз ҷониби Парвардигораш ба тӯҳфаи бузурге ноил гардад. Аз ин рӯ ҳодисаи “Исро ва Меъроҷ” бар он чи ки тақдири Худо буд, ба вуқуъ пайваст ва ин ҳодисаест, ки таърихи башар онро мушоҳида накарда буд ва барои ин ҳама сабру таҳаммулаш сазовори чунин ҳодисае гашта ба Парвардигораш бе воситаи фаришта ва бе парда мулоқӣ гардад ва бо дигар бародарони паёмбараш якҷо ҷамъ омада, ин хотами анбиё бо онон имом гашта, намоз гузорад. (1)
2. Барои он ки Паёмбари Худо (с) ба марҳалаи нав, яъне ҳиҷрат ва бинои давлати имон аз ҷониби Парвардигораш омода мешуд, Парвардигораш хост, то хиштҳои аввалини ин давлат пурзӯру ҳамбаста бошанд ва то сафи имони заъифону онон, ки дар имонашон нуқс ва дар дилҳояшон беморист, холӣ гашта, танҳо мухлисон ва муъминони пурзӯр ва онон, ки рисолати Паёмбар (с)-ро сидқан тасдиқ намудаанд, боқӣ монад.
3. Ҷасорат ва диловарии Паёмбари Худо (с) алайҳи мушрикон аз ин ҷо бештар равшан мегардад, ки Ӯ (с) мушриконро бар он мувоҷеҳ гардонид, ки ақли онон онро напазируфт ва боз ҳам истеҳзо ва тамасхур бар Ӯ (с) бештар гашт, тавре ки бар ин ҳодиса ва тӯҳфаи Илоҳӣ ва ин сафар бар диди ноодилона ва муғризонае доранд. Айнан дар он замон ҳам Муҳаммад (с) бо чунин вазъ рӯ ба рӯ буд, вале Паёмбари Худо (с) ҳаргиз бар дил хавфро ҷой надода, ононро огаҳ намуд, то намунае бар умматаш барои сухан намудани аҳли ҳақ бар ботил бошад. Ва аз ҳикмати Ӯ (с) буд, ки мушриконро аз Исро ба сӯи Байтулмақдис сухан кард, Парвардигораш нишона ва аломатҳое намудор намуд, ки мушриконро далеле бар такзиб ва дурӯғ шумурдани он набошад. Он аломот чунин аст:
А) Ҳамон гуна ки Паёмбари Худо (с) Байтулмақдисро васф намуд, ҳамон гуна буд, ки бархе аз мушрикон ба Шом сафар карда, онро мушоҳида карда буданд.
Б) Хабар додани Паёмбари Худо (с) аз он корвон, ки дар Равҳо буд ва аз шутури гумгашта ва нӯшидани Ӯ (с) аз обе, ки дар қадаҳ буд.
В) Хабар додани Паёмбари Худо (с) аз он корвон, ки яке аз шутурони он фирор намуда буд ва васфи дақиқ намудани Ӯ (с) яке аз шутурони он корвонро.
Г) Хабар намудани Ӯ (с) мушриконро аз корвони саввум, ки дар Абво буд ва васф намудани Ӯ (с) шутури пешравандаи он корвонро ва хабар намудан аз расидани он корвон аз Санияи Танъим.
Чун мушрикон пайҷӯӣ намуданд, дар ҳақиқат дарёфтанд, ки он чи ки Паёмбари Худо (с) гуфта буд, ҳамон чиз воқеъ шуда аст ва ҳеҷ баҳонае баҳри такзиб ва дурӯғ шумурдан набуд. Сафари Исро ва Меъроҷ сафари бузурги тарбиявие аз ҷониби Парвардигор буд, ки Паёмбари Худо (с) ҳама замин ва он чи аз махлуқот дар ин замин ва ба монанди як нуқтае дар курраи замин асту мушрикони Қурайшро ҳеҷ тавоноие дар ин замин ва ё макка вуҷуд надорад, пас чӣ метавонист ононро (водор созад, кореро) муқобили Ӯ (с), ки ҳама осмонҳо, Сидратулмунтаҳо ва Байтулмаъмуро мушоҳида кардаву фариштагон ва расулонро ҷамъ намуда буд ва Худои бузургаш бо ӯ (с) сухан кард, анҷом диҳанд? (2)
4. Имони Абӯбакри Сиддиқ зимни ин ҳодисаи бузург бештар равшан мегардад, ки чун кофирон ӯро аз ин ҳодиса огаҳ намуданд, бо забони пур аз итминон гуфт: «Агар чунин гуфта аст, пас рост гуфтаст!». Боз гуфт: «Аз ин ҳам бештар (гуфта) бошад, ман Ӯ (с)-ро тасдиқ мекунам, ман (ба) Ӯ (с) (расидани) хабари осмонӣ дар шабу рӯз(ро) бовар мекунам». Аз ин рӯ, ба Абӯбакр (р) Сиддиқ лақаб гузошта шуд. Абӯбакри Сиддиқ (р) ин хабаро бо ваҳйи осмонӣ вазн намуда, ба мушрикон гуфт: «Агар ин барои инсони оддӣ чизи ношуданӣ бошад, пас аз имкон дур нест, ки бар Паёмбар (с) чунин воқеъ шавад». (3)
5. Он чи ки дар шикофтани синаи мубораки Паёмбари Худо (с) ва пур намудани қалбаш аз имон воқеъ гардида буд, ҳикмат (аз он) дар он буд, ки барои сафари Исро омода гардад ва мутаассир нашудани ҷисмаш аз пора намудани синааш барои он буд, ки тарсу ҳарос аз дидани чунин саҳнаҳои берун аз одати табиӣ вуҷуди муборакшро фаро нагирад, ва дар муқобили қудратҳои Худо, ки берун аз ақли башар аст, бояд таслим гардид. (4) (Албатта хонандаи гиромӣ ин ҳодисотро мо дар як моҳи мавлуд пешкаши шумо намуда будем, ки ин ҳодиса бар мегардад бар ҳодисаи “Пора кардани синаи Паёмбар (с) дар хурдсолӣ”, агар маълумот надошта бошед дар бахши Сирати сомонаи Васатият онро хонед. Дар ин бахш танҳо таҳлили кӯтоҳест, зеро ба ҳамаи онҳо танҳо ишорае мекунам тамом)
6. Ширро нӯшидани Паёмбари Худо (с), чун ихтиёр гузошта шуда буд, ки яке аз (аз он ду) шир ва ё шаробро ихтиёр намояд ва муждаи Ҷабраил (а), ки гуфт: “Бар фитрат ҳидоят ёфтӣ” далел ва таъкидест, ки дини ислом дини фитрати башарӣ аст, ва он зот, ки фитрати башариро офарида аст, барои ӯ ин динро офарид, ва он зот, ки пазирандаи талаб ва эҳтиёҷот ва маромҳои башар аст.
Сухани Худо
«Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст, вале бештари мардум намедонанд!». (Сураи «Рум», ояи 30)
7. Чумҳури (уламо) аз гузаштагон ва ҳозирин бар онанд, ки Исрои Паёмбари Худо (с) ба Байтулмуқаддас бо рӯҳ ва ҷасад ва дар бедорӣ сурат гирифта аст. Ва онҳое, ки иддао доранд, ки Исрои Паёмбари Худо (с) дар хоб ва танҳо бо рӯҳ сурат воқеъ шудааст, ҳеҷ ҳақиқате надошта ва қобили пазируфтан ҳам нест. Зеро агар Исро дар хоб буд, ҳеҷ ҳақиқате баҳри муъҷиза буданаш боқӣ намемонад ва ҳеҷ гоҳ кофирон онро ғайритабии нашумурда ва онро такзиб намекарданд, зеро хоб аст ва ҳеҷ хобе ба монанди ин такзиб намешавад. (5)
Ва дар сухани Худо: Мақсуд аз «Абдиҳи» шомил бар рӯҳ ва ҷасади Паёмбари Худо (с) аст. (6)
8. Намоз гузоштани Паёмбари Худо (с) бар дигар паёмбарон далел бар он аст, ки онон сарвариро бар Муҳаммад (с) таслим намуданд ва ин ки шариъати исломӣ ҳама шариъатҳои гузаштаро насх намуд ва ҳамон гуна ки пешвои паёмбарон гашт, бояд ҳамон гуна пайравони дигар анбиё аз ин паёмбар, ки ҳеҷ ботиле дар рисолаташ вуҷуд надорад, пайравӣ намоянд.
Онон ки муътамар ва ҳамнишиниҳо барои тақоруб миёни динҳо барпо мекунанд, бояд ин ҳақиқатро дарк карда, ба сӯи ин ҳақиқат дигаронро бихонанд ва ин як заруратест, ки дигар динҳоро бояд гузошт ва ба ин Паёмбару ин рисолат имон овард. Ва бояд ҳақиқати ҳама он динҳои машбуҳа, ки яке аз низомҳои ҷоҳилиро ба роҳ мегузоранд, дарк карда тарк намоянд.
Ва чӣ ҷои тақриб мемонад миёни он ки мегӯяд: «Худо ҳамон Масиҳ аст, ва Масиҳ фарзанди Худо аст, ва Худо сеюми сегонагон аст», ва ё он ки мегӯяд: «Узайр фарзанди Худост», ва таҳриф дар сухани Худо мекунад ва он ки мегӯяд: «Худо ягона аст ва ӯро ҳеҷ шарике, падар ва ё фарзанд ва ҳамсаре нест». (7)
9. Рабт намудан миёни Масҷидулҳаром ва Масҷиди Ақсо дорои ҳикмат ва судҳоест. Аз ҷумла:
А)- Масҷиди Ақсо аҳамияти бузург назди мусалмонон дорад, зеро Ақсо ҷоест, ки Паёмбари мусалмонон ба он ҷо Исро намуд, аз он ҷо ба осмон урӯҷ кард, қиблаи аввали муъминон буд ва мусалмононро мебояд, то Масҷиди Ақсоро дӯст дошта, бар ин сарзамини муборак эҳтиром гузоранд.
Б)- Рабт намудани Паёмбари Худо (с) Масҷидулҳаромро бо Байтулмуқаддас миёни муъминон чунин шуъурро ба миён меоварад, ки пок намудани Масҷиди Ақсо аз наҷосати ширк, тавре Масчидулҳаром аз бутпарастӣ пок шуда аст, масъулияти аввалини онҳост.
В)- Ва чунин шуур ба миён меояд, ки таҳдид бар масҷиди Ақсо худ таҳдид бар Масҷидулҳаром ва аҳли он аст, ва инки Масҷиди Ақсо дарвозае барои Масҷидулҳаром аст ва дур шудани Масҷиди Ақсо аз дасти мусалмонон нишонаи таҳдид бар амни Масҷидулҳаром ва Ҳиҷоз аст.
Агар ба таърихи гузашта нигоҳ карда шавад, аз ҳодисаҳои ҷангҳои салибӣ чунин бар меояд, ки (Арнот)-и Салиби соҳиби мамлакати Кирк, дастаеро баҳри сӯиқасд бар қабри Паёмбари Худо (с) ба сӯи Ҳиҷоз фиристод. Ва насрониҳои котоликии португалӣ дар ибтидои асри гузашта баҳри расидан ба сӯи Ҳарамайни шарифайн кӯшиш намуда буданд, то бар ончи ки гузаштагони онон дар амал аз кардани он оҷиз монда буданд, пиёда созанд, аммо муқовамати аҳли ин сарзамин ва инчунин Туркони Усмонӣ нагузоштанд, то ин дасти бадкор инҷо рахна гузорад. Пас аз онки дар соли 1967 яҳудиҳо бар Байтулмақдис истило намуданд, сарварони онон гуфтанд: «Ҳадаф пас аз ин истилои Ҳиҷоз ва дар муқаддимаи он Мадинаи Расул ва Хайбар аст».
Пас аз ворид шудани сарбозони яҳуд ба Қудс Дофид Ҷуриюн сарвари яҳудиён бар сарбозон ва ҷавонони яҳуд назди Масҷиди Ақсо хутбаи оташине намуда, хутбаашро бо чунин суханон идома дод: “Мо Қудсро истило намудем ва акнун мо дар роҳи худ ба сӯи Ясриб (Мадинаи мунаввара) ҳастем” (8)
Сарвазири яҳудиён Ҷулдо Моир пас аз истилои Байтулмуқаддас бархоста гуфт: “Бӯйи аҷдодонам дар Мадинаи мунаввара ва Ҳиҷоз ба машомам мерасад, ва онҷо сарзаминҳои мо ҳастанд, ки ба зудӣ ононро хоҳем баргардонид” (9)
Пас аз ин яҳудиён харитаеро нашр намуданд, ки мебояд давлати онон чунон бошад, ки он харита шомил бар манотиқи миёни Фурот ва Нил (Ҷазираи Араб, Урдун, Сурия, Ироқ, Миср, Яман, Кувейт ва ҳама халиҷи Араб) буд, ки ин гуна харитаро пас аз комёбиашон дар соли 1967 дар Авропо гузошта буданд. (10)
10. Агар ба сураи «Исро» назар карда шавад, дида мешавад, ки Худо қиссаи исроро танҳо дар як оят зикр фармуда аст, ки мефармояд:
«Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз Масҷиду-л-ҳаром ба Масҷиду-л-ақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, Ӯ шунавову биност!». (Сураи Исро, ояи 1).
Пас аз он зикри густохиҳои яҳудро зикр кард, онҳоро танбеҳ намуд, ки ин Қуръон ҳидоят ба сӯи ҳақ ва ростӣ мекунад. Аз ин ишороти қуръонӣ чунин бармеояд, ки Бани Яҳуд аз саёдати инсонӣ барканор хоҳанд шуд. Пас аз он ки ба густохиҳое даст задаанд, ки берун аз доираи дину ойини Иброҳимист, ва ин саёдат ва роҳбари ба сӯи Паёмбари Худо (с) мунтақил хоҳад шуд. (11)
Сураи «Исро» зикри ситам ва таҷовузи Бани Исроилро намуда, баён медорад, ки чӣ тавр онҳо миёни чанголҳои Форсу Рум сайр мекарданд. Ҳамчунин яке аз судҳои бузурги сафари Исро равшан гаштани бархе аз оёти Парвардигор аст, зеро боризтарин оёти Худо ки мутаалиқ ба Масчиди Ақсост, ҳамон оётест, ки марбут ба кашмокашиҳои Форсу Рум ва Бани Исроил қабл аз Исро аст. (12)
Худо мефармояд:
«Ва китобро (Тавротро) ба Мӯсо додем ва онро (китобро) роҳнамои бани Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман корсозе интихоб накунед. Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон нишонидем (мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас Худоро дар муқобили неъматҳояш шукургузор бошед), бидонед, кӣ ӯ (Нӯҳ) бандае сипосгузор буд. Ва бани Исроилро дар он китоб (Таврот) хабар додем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва низ саркашӣ хоҳед кард, саркашӣ кардане бузург. Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба анҷом расид. Бори дигар (чун ислоҳ шудед) шуморо бар онҳо ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шумораатон афзудем. Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо (бо изову алам расонидан) ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд». (Сураи «Исро», оёти 2-7)
Ибни Касир дар китоби «Бидоят ва ниҳоят» зикр намуда аст: «Ин ки Бахтуннаср бо фармони подшоҳи Форс барои тахриб ва барбоди мамлакати Яҳуд бархоста ва Бани Исроил мутафарриқ гашт, дастае аз эшон ба Ҳиҷоз, дастае ба Ясриб, дастаи дигаре ба водиҳои Қуро ва каме аз онон ба Миср фирор намуданд, ки чунин барбодии давлати Яҳудиён аз ҷониби давлати Форс дар санаи (570) қабл аз мелод сурат гирифта буд. (13)
Пас аз бори дуввум барқарор шудани давлати Яҳуд аз байн бурдани ин давлат дар саннаи 70-уми садаи аввали пас аз мелод аз ҷониби Рум сурат гирифта буд, ки чун Сарлашкар ё фармонравои Румон (Титус) ҳайкали Уршлимро вайрон намуд, яҳудиён аз хавфи сиёсати динии давлати Рум фирор намуда, бархе аз онон ба ҷануби ҷазираи Араб, он ҷо ки аҷдодонашон бори аввал фирор намуда буданд, паноҳ бурданд. (14)
Паҳншавии яҳудиён дар атрофи ҷазираи Араб, ки тухми фасодро кошта буданд, ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. Паёмбари Худо (с), ҳамон гуна ки фасоди Қурайшро решакан карда буд, мебоист то ҳамон гуна тухми фасоди Яҳудро бар боди нобудӣ меандохт. Зеро Яҳуд на монанди қавми Од ва Самуд умматест, ки танҳо таърихашон баҳри ибрат ёд шавад, балки вуҷуди онон баҳри пешбурди даъвати Паёмбари Худо (с) ва иқомати давлати имон монанди малахҳо буд, ки мехостанд ин дарахти тавҳидро аз реша барканор намоянд. Агар Қурайш барои муқовамат бар даъвати ислом Каъбаро истихдом менамуд, яҳудиён Тавротро барои ин мақсади ботил истихдом менамуданд. Мисли ин ки бо ҳар василае аз Паёмбари Худо (с) муъҷизот талаб намуда, баҳри тасдиқ намудани рисолат шартҳо мегузоштанд. (15)
Сураи «Исро» ҷонибе аз кашмакашиҳои миёни давлатҳои Форсу Рум ва Яҳудро тасвир намуда аст ва пас аз он Сураи «Рум» нозил шуда аст, ки ҳамон гуна аз ин кашмакашиҳо зикр менамояд.
Чунончи Худо мефармояд:
«Алиф, лом, мим. Румиён мағлуб шуданд, дар наздиктарин замин (пастарин аз сатҳи баҳр) ва пас аз мағлуб шудан бори дигар ғолиб хоҳанд шуд, дар муддати чанд сол. Фармон, фармони Худост, чи пеш аз пирӯзӣ (ки румиён шикаст хурдаанд) ва чи баъд аз он (ки онҳо пирӯз мегарданд, ки заъфу қудрат ва шикасту пирӯзӣ ҳама озмуни Худост). Ва дар он рӯз (ки румиён пирӯз мегарданд) муъминон шодмон мешаванд, ба ёрии Худо. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, зеро пирӯзманду меҳрубон аст! Худо ваъда додааст ва ваъдаи худ хилоф накунад, вале бештари мардум намедонанд. Онон ба зоҳири зиндагии дунё огоҳанд ва аз охират бехабаранд». (Сураи «Рум», оёти 1-7).
Мушрикони Қурайш дӯст медоштанд то Форс давлати Румро мағлуб созад, зеро Қурайш ва Форс ҳар ду бутпарастӣ менамуданд ва аммо муъминон дӯст медоштанд, то Рум бар Форс ғолиб ояд, зеро эшон аҳли китоб буданд. Тавре ки муфассирон шартбандии Абӯбакр (р) бо бархе аз мушрикони Қурайш, ки зимни маъракаи мутавақиъаи Форсу Рум намуда буданд, зикр намудаанд ва Қуръони карим нусрат ёфтани Румро бар Форс дар ин сура зикр намуда аст.
Ибни Атия раъйи дигареро зикр намуда аст, ки дар он ҳам бояд тадаббур кард, ки мефармояд: “Наздиктарин таҳлил зимни ин маърака ҳамон аст, ки пирӯз шудани душмани кучактар, (яъне Рум) барои муъминон бартар аз пирӯз шудани душмани бузург, (яъне Форс) аст, зеро чун душмани бузург пирӯз гардад, ҳамон қадар хавф бештар аст. Дар ин маъно низ бояд тааммул кард, ки чӣ тавр Паёмбари Худо (с) мехост, то ин шаръиат ва ҳақиқат бар дигар умматҳо пирӯз гардад ва аммо мушрикони Макка хостори он буданд, ки ӯро бо подшоҳе таслим намоянд, ки ба аз бех кандани Ӯ (с) онҳоро хуш созад.” (16)
11. Аҳамият ва бузургдошти намоз. Дар суннати набавӣ собит гашта аст, ки намоз дар ҳамон шаб, ки Паёмбари Худо (с) ба осмон боло рафта буд, бар муъминон фарз гардонида шуд. Доъиёнро мебояд, то таъкид бар аҳамият ва муҳофизати намоз дошта бошанд, ва ҳамеша аҳамият ва манзилати онро зикр намоянд, чунончи ин рукни ислом дар шаби Меъроҷ бар муъминон фарз гардонида шуд ва Паёмбари Худо (с) қабл аз вафоташ низ охирин васияти хешро бар гузоштани намоз карда буд. (17)
12. Чун аз Паёмбари Худо (с) пурсида шуд: «Худояшро дида аст?». Паёмбари Худо (с) фармуд: “Нӯрест, чӣ гуна бинам онро?” (18)
13. Паёмбари Худо (с) аз хатари бемориҳои иҷтимоӣ зикр намуда, оқибатҳои онро баён фармудаанд, ҳамон гуна ки онҳоро дар шаби Исро ва Меъроҷ мушоҳида намуда буд. Ва аз ҷумлаи чунин амроз ва оқибати он ин аст:
А) Оқибат ва ҷаримаи ғайбат ва ғайбаткунон. Паёмбари Худо (с) мардумонеро дид, ки мурдории буйи бад гирифташударо тановул менамуданд. Ҷабраил (а) гуфт: “инҳо он гурӯҳеанд, ки гушти мардумонро мехӯрданд” . (19)
Б) Оқибати хӯрдани моли ятимон. Паёмбари Худо (с) мардумонеро дид, ки бо лабҳои бузург монанди лабҳои шутур ва дар дастҳояшон пораҳои санги оташин, ки дар даҳони бархе аз мардумон он порчаҳои оташро андохта ва аз нишастгоҳҳояшон берун мешуданд. Ҷибраил (а) Паёмбари Худо (с)-ро огаҳ намуда гуфт: «инҳо касоне ҳастанд, ки бо ситам ва зӯрӣ моли ятимонро мехӯрданд. (20)
В) Хурдани рибо. Паёмбари Худо (с) ба назди қавме омад, ки шикамҳои онҳо монанди хонаҳое буд, ки даруни онҳо морҳое буд, ки аз беруни шикамҳояшон намоён мешуд. Ҷибраил (а) бар Паёмбари Худо (с) гуфт: «инҳо хурандаи рибо(працентхурон) ҳастанд».
Г) Дар ривоёт инчунин уқубати зино ва боздорандаи аз закот ва фитнаангезон ва беиътиноӣ дар амонат низ зикр шуда аст.
Д) Подоши некӯ барои пайкоркунандагон. Паёмбари Худо (с) бар қавме мегузашт, ки як рӯз зироат менамуданд ва рӯзи дигар ҳосил ҷамъ меоварданд, ва ҳарчанд ки ҷамоварӣ менамуданд, ҳосил боз ҳамон гуна ба ҳоли худ бозмегашт. Ҷабраил (а) ба Паёмбари Худо (с) гуфт: “инон, ки дар роҳи Худо пайкор намудагонанд, ки дар роҳи Худо пайкор намудаанд, ҳасанот ва некӯии онҳо ба ҳафтсад маротиба дучанд шуда аст, ва ҳарчи ки аз ин беш инфоқ намудаанд, он захираи беше барои онҳо аст». (21)
14. Аҳамияти Масҷиди Ақсоро дарк намудани саҳобагон. Саҳобагони киром масъулияти худро зимни Масҷиди Ақсо дарк мекарданд. Ва Масҷиди Ақсо, ки зери ҳукми Рум воқеъ шуда буд, дар аҳди Умар ибни Хаттоб озод гардида, то панҷ аср дар амн ва амон зери адолати ислом шӯҳрат ёфт, то он ки салибиҳо пас аз панҷ аср онҷоро зери тасарруфи худ дароварда, тухми фасод коштанд. Пас бори дигар мусалмонон бо раҳбарии Салоҳиддини Аюбӣ Байтулмуқаддасро озод намуданд.
Ин буд таҳлили кӯтоҳе бар ҳодисаи Исро ва Меъроҷ аз китобҳои дар боло зикр гардида. Танҳо банда онҳоро тарҷума ва табақабандӣ намудам. Аслан мо дар сафҳаи фейсбукии худ “Бутшикан” ба масоили сиёсӣ намепардозем ва бояд зикр кард, ки ончи гуфтем таърих буд на чизи дигар. Ва ончи ин ҷо зикр гардид ба ҳама маълум аст, ки масҷиди Ақсо ватани Исро дар истило аст. Дар фарҷом таманнои ду ракаъат намозро қабл аз вафот дар ин масҷид дорем ва Худо онро насиби мо гардонад.
Муҳаммадиқболи Садриддин
Маъхаз:
1. «Тарбиятул қиёдия», 1\447.
2.. «Торихи ислом»-и Ҳамидӣ, 3\41-42.
3. «Торихи ислом»-и Ҳамидӣ,, 3\43.
4. «Сира Набавия саҳиҳа», 1\189.
5. «Алмустафод мин қассасалқуръон лидаъва ва дуъот», 2\91.
6. Тафсири пбни Касир, 3\23. Тафсири Қосимӣ. 10\189.
7. «Сира Набавия»-и Абӯфорис, саҳ. 213.
8. Сира Набавия»-и Абӯфорис, саҳ,314.
9. Нақл аз «Сираи Набавия»-и Абӯфорис оварда шуда аст.
10. «Сира Набавия»-и Абӯфорис, саҳ. 215.
11. «Раҳиқул махтум»-и Муборакпурӣ, саҳ. 120.
12. Усулул фикр ас-стёси фил Қуръон алмакки, саҳ.149.
13. «Усулул фикр ассиёси», саҳ. 158.
14. Ибни Халдун 2\206.
15. «Усулул фикр ас-сиёси», саҳ. 153.
16. Тафсири пбни Атия, 11\425.
17. “Мустафод мин ал-қасас ал-Қуръон лидаъва ва дуъот», 3\93.
18. Муслим, 178. Тирмизӣ 3278.
19. Аҳмад, 1\257.
20. Ибни Ҳашом дар «Сирати Набавӣ», 2\47.
21. Баззор, 55. «Маҷмаъу завоид», 1\67-72. Мунзирӣдар «Тарғиб ва тарҳиб», 1129.