БАЙЪАТИ ИМОМ ҲАСАН ИБНИ АЛӢ (р) (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

БАЙЪАТИ ИМОМ ҲАСАН ИБНИ АЛӢ (р)
(бахши дуввум)

Саввум: Муддати хилофати Амирулмуъминин Ҳасан (р) ва эътиқоди аҳли суннат дар бораи хилофати ӯ.
Амирулмуъминин Ҳасан ибни Алӣ (р) баъд аз байъаташ бо мардум ҳамчун халифаи мусалмонон дар Ҳиҷоз, Яман, Ироқ ва … ҳафт моҳ хилофат намуд. Дар ривояти дигар муддаташро ҳашт ва дар баъзе шаш моҳ мегӯянд. Хилофати ӯ дар ин муддат хилофати рошида буд, зеро ин муддат комилкунандаи муддати хилофати рошидаест, ки паёмбар (с) аз он хабар дода буд, ки муддаташ сӣ сол аст ва баъд аз он мулукият барпо мешавад.
Имом Тирмизӣ (раҳ.) аз мавлои Расулуллоҳ (с) ривоят мекунад, ки паёмбар (с) фармудааст: «Хилофат дар уммати ман сӣ сол аст, баъд аз он мулк барпо мешавад.» (1) Ибни Касир (раҳ) бар ин ҳадис таълиқ навишта, менигорад: Сӣ соли фармудаи паёмбар (с) бо хилофати Ҳасан (р) комил гардид. Ҳасан (р) аз хилофат ба фоидаи Муъовия (р) даст кашид ва он дар моҳи рабеъ-ул-аввали соли чиҳилу яки ҳиҷрӣ буд, ки он ҳангом сӣ сол аз вафоти расули акрам (с) пурра мешуд, чунки он Ҳазрат (с) дар моҳи рабеъ-ул-аввали соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ вафот намуданд ва ин аз далоили нубуввати эшон мебошад. (2) Ҳамин тариқ Ҳасан ибни Алӣ (р) аз зумраи панҷумин халифаи рошидӣ аст. Имом Аҳмад ва Абӯдовуд низ ин ҳадисро бо санадҳои гуногун ривоят намудаанд.
Иддае аз уламо монанди Абӯбакр ибни Арабӣ, Қозӣ Аёз, Ҳофиз ибни Касир, Мановӣ ва дигарон дар шарҳи ҳадиси расули акрам (с), ки фармудааст: «Хилофат дар уммати ман сӣ сол аст.» гуфтаанд, ки моҳҳое, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) хилофат намудааст дар хилофати нубувват дохил ва мукаммалкунандаи он аст. Аҳли суннат ва ҷамоъат бар ин ақидаанд, ки хилофати Ҳасан ибни Алӣ (р) хилофати ҳақ буда, он ҷузъи комилкунандаи хилофати нубувват аст, ки паёмбар (с) дар мавриди он хабар дода буд, ки муддати он сӣ сол аст. Сухани баъзе аз уламо дар ин замина:
1- Абӯбакр ибни Арабӣ (раҳ.) мегӯяд: Фармудаи паёмбари Худо (с) дар ин ҳадис, ки фармуда «Хилофат дар уммати ман сӣ сол аст.» мисдоқ пайдо кард ва даврони хилофати хулафои чоргона ва ҳашт моҳи хилофати Ҳасан (р) мутобиқи ончи дар ҳадис омадааст бидуни инки, ҳатто як рӯз ҳам кам ё зиёд бошад, сӣ сол пурра шуд. (3)
2- Қозӣ Аёз (раҳ.) мегӯяд: Дар сӣ соли мазкур танҳо даврони хилофати хулафои чоргона ва чанд моҳе мегунҷад, ки бо Ҳасан ибни Алӣ ((р) байъат шуд ва манзур аз ончӣ, ки дар ҳадис омадааст, сӣ соли хилофат пас аз вафоти паёмбар (с) мебошад, ки дар ҳадис тафсир ва табйин шудааст. Дар ривоят омадааст: «Хилофати нубувват пас аз ман сӣ сол аст, сипас мулк (подшоҳӣ) мебошад.» (4)
3- Ибни Касир (раҳ.) мегӯяд: Далели ин, ки Ҳасан (р) яке аз хулафои рошидин мебошад ҳадисе аст, ки дар мабҳаси муъҷизот ва нишонаҳои нубуввати паёмбар (с) ба нақл аз Сафина, ғуломи озодшудаи паёмбар (с) овардаем, ки ӯ фармудааст: «Хилофат пас аз ман сӣ сол хоҳад буд». Сӣ сол бо хилофати Ҳасан (р) такмил шуд. (5)
4- Ибни Абулиззи ҳанафӣ шореҳи китоби «Таҳовия» мегӯяд: Хилофати Абӯбакр (р) ду сол ва чанд моҳ буд, хилофати Умар (р) даҳуним сол ва Усмон (р) дувоздаҳ сол хилофат кард ва хилофати Алӣ (Р) чор солу нӯҳ моҳ буд ва Ҳасан (Р) шаш моҳ бар маснади хилофат нишаст. (6)
5- Мановӣ (раҳ.) баъди зикри ҳадиси Паёмбар (С), ки фармудааст: «Ин писарам сайид аст ва шояд Худованд ӯро сабаби сулҳ ва созиши ду гурӯҳи аз мусалмонон қарор диҳад.» мегӯяд: Ин рӯйдод замоне рух дод, ки пас аз шаҳодати Алӣ (р) бо Ҳасан (р) байъат шуд ва Ҳасан (р) ба ҳақ муддати шаш моҳ халифа буд ва ин муддат мукаммили сӣ соли хилофат аст, ки паёмбар (с) аз он хабар дода, баён намудааст, ки пас аз он подшоҳӣ ва мулкдорӣ хоҳад буд. (7)
6- Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ мегӯяд: Ҳасан (р) бино бар фармудаи паёмбар (с) яке аз хулафои рошидин аст. Ӯ пас аз шаҳодати падараш бо байъати мардуми Куфа ба муддати шаш моҳ ва чанд рӯз ба маснади хилофат нишаст. Ӯ халифаи барҳақ ва пешвои одиле буд ва дар воқеъ садоқати фармудаи ҳазрати паёмбар (с)-ро таҳаққуқ бахшид, ки фармудааст: «Хилофат пас аз ман сӣ сол хоҳад буд». Ҳамин тавр шаш моҳи хилофати Ҳасан (р) комилкунандаи сӣ соли хилофати рошида мебошад. (8)
Аҳли суннат ва ҷамоат бар ин боваранд, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) халифаи барҳақ буд ва хилофати шашмоҳаи ӯ мукаммалкунандаи ҳамон фармудаи паёмбари Худо (с), ки фармудааст: «Хилофат пас аз ман сӣ сол хоҳад буд» мебошад. (9)
Чаҳорум: Хутбаҳое, ки бардурӯғ ба Ҳасан (р) баъд аз кушта шудани падараш нисбат додаанд:
Мақсад аз баррасии ин мавзуъ шинохтани ботил ва барҳазар доштан аз он аст. Тавре ки шоъир бад-ин мазмун гуфтааст:
Бадиро шинохтам на ба хотири анҷоми он,
Лекин барои худро аз он ҳифозат намудан.
Шахсе, ки бадиро аз кори хайр намешиносад,
Худ огоҳ нест, ки чӣ гуна муртакиби он мегардад.
Рофизиҳо бисёр хутбаҳои дурӯғине бофта ба Ҳасан (р) нисбат додаанд. Баъзе аз намунаҳои онро пешкаши шумо мегардонем:
«…Эй мардум! Касе маро шинохт пас маро шинохтааст ва касе нашинохтааст, пас ман Ҳасан ибни Алӣ (р) ҳастам. Ман башоратдиҳанда ҳастам, бимдиҳанда ҳастам. Ман фарзанди доъӣ ба сӯйи Худо (ҷ) ва фарзанди чароғи тобонам. Ман аз аҳли хонадоне ҳастам, ки Худованд (ҷ) палидиро аз эшон дур намуда, онҳоро пок намудааст, касоне ҳастанд, ки Худованд (ҷ) муҳаббати эшонро фарз гардонидааст, чуноне ки Ӯ таоло фармудааст:
«Ва ҳар ки кори некӯ анҷом диҳад Мо дар некӯияш меафзоем…». (Сураи Шӯро, ояти 23)
«Ва анҷом додани кори некӯ муҳаббати мо аҳли байт аст.» (10)
Ҳамчунин хутбаеро ба номи Абӯласвади Дуалӣ бофта, дар он гуфтаанд: Баъд аз он гирён шуд, ба андозае, ки қиёфааш тағйир хурд, пас гуфт: «Дар ҳақиқат Алӣ (р) васият намуд, ки баъд аз вафоташ имомат ба писари расули Худо (с), яъне писари худи ӯ, ки дар хулқу рафтораш шабеҳи расули Худо (с) аст, гузарад ва ман умедворам, Худованд (ҷ) ба сабаби ӯ ҷароҳати мавҷударо марҳаме кунад ва мусалмононро муттаҳиду ҳамбаста гардонад ва оташи фитна хомӯш гардад. Пас бо ӯ байъат кунед, роҳнамун хоҳед шуд. Рофизиҳо ҳамагӣ байъат намуданд ва баъзеҳо, ки ҳамандешаи ҷонибдорони Усмон (р) буданд, мухолифат варзида ба сӯйи Муъовия фирор намуданд.» (11.
Рисола ва номаҳои дарозҳаҷмеро низ зикр кардаанд, ки гӯё Ҳасан (р) барои Муъовия (р) фиристода, шоиста будани худро дар онҳо баён дошта, ӯро барои байъат намудан даъват мекардааст. Чунин рисолаҳо аз нигоҳи санад ва матн собит намешаванд. Ин рисолаҳо дар китобҳои рофизиҳо бе санаду асос зикр шудаанд, ки хилофи он чизе аст, ки аз Ҳасан (р) собит шудааст.
Уламои мо ботил будани нукотеро ошкор сохтаанд, ки он дар маҷоли ақида, аҳком, алоқаи байни саҳоба ҳуҷҷат шуда наметавонад. Басанда аст ин нусусе, ки пештар зикр намудем, аз китоби «Муқотил ат-толибин» ва «Ағонӣ»-и Исфаҳонӣ ва аз китоби «Наҳҷул-балоға». Уламо дар барои Исфаҳонӣ ва китоби ӯ, инчунин китоби «Наҳҷул-балоға» як қатор чизҳое гуфтаанд:
1. Исфаҳонӣ, соҳиби китоби «Ағонӣ»:
Китоби «ал-Ағонӣ»-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ аз ҷумлаи китобҳои адабу ғино ба ҳисоб меравад, на китоби илму таъриху фиқҳ. Уламои собиқ дар бораи ӯ чунин мегӯянд:
Хатиби Бағдодӣ мегӯяд: «Абулфараҷи Исфаҳонӣ дуруғгӯйтарини мардум буд. Варақу саҳифаҳои зиёдеро харидорӣ менамуд, баъд аз он ҳамаи ровиёнаш аз ҳамонҳо буд.»
Ибни Ҷавзӣ ва Заҳабӣ низ Исфаҳониро заиф гуфтаанд ва китобаш «Ағонӣ»-ро ғайри қобили эътимод арзёбӣ намудаанд. (12)
Ҳамчунин баъзе аз уламои муосир дар бораи ӯ чунин ибрози ақида доранд:
Устод Шавқии Абдухалил ва Абӯубайда Машҳур Ибни Ҳасан Оли Машҳур, Валид Аъзамӣ ва Анвар ал-Ҷундии Исфаҳонӣ китоби ӯро ғайри қобили қабул шуморидаанд бо вуҷуде, ки қимати адабии онро инкор намекунанд. Устод Абӯубайда мегӯяд: Ҳамаи ин барҳазардориҳо барои чист? Ва дар посух мегӯяд: Ҳамаи ин барҳазардориҳо сабаби зиёде дорад ва баъзеи онҳо чунинанд:
1) Барои шӯҳрат ва овозаи паҳншудааш;
2) Барои эътиқоди бисёре аз ғарбгароён ба он;
3) Барои вуҷуд доштани бисёре аз хабарҳо дар он, ки шаъну шарафи ислом, саҳобаи киром, хулафо ва амирони солеҳро паст мезанад.
4) Барои ҳирс ва шавқу рағбати бисёре аз таърихнигорон бар изҳори ин ки он чи дар китоби мазкур ҳаст, ҳақиқат ва сидқ аст.
Хулоса, ин китоб бо вуҷуди қимати адабӣ ва услуби қавияш, ахбор ва мӯҳтавояш ба тааммул ва нақд эҳтиёҷ дорад. (13)
Устод Валид Аъзамӣ дар китоби худ «Ас-Сайф ал-Ямонӣ фӣ наҳр ал-Исфаҳонӣ» дар муқаддима мегӯяд: Баъд аз ин аз сари нав назари дубора ба китоби «ал-Ағонӣ» намуда, китобҳои тавсиқ ва ҷаҳру таъдилро дида баромадам ва дарёфтам, ки Исфаҳонӣ мардест ғайри амонатдор, ки аз назари уламои бузурги мо ба ӯ эътиқод намешавад. Ду сол аз умри худро сарф намуда, санадҳо ва ровиёнеро, ки ӯ зикр намуда буд, мавриди баррасӣ қарор додам ва дар натиҷа дидам, ки ҳамаи онҳо фиребгар ва хоиноне ҳастанд, ки аҳодисро вазъ намуда, бардурӯғ ба паёмбар (с) нисбат медиҳанд. Агар «ал-Ағонӣ» китоби адабу ғино бошад, на китоби илму таъриху фиқҳ, ин маънои онро надорад, ки ба он чи дар он китоб аз таънаву дурӯғу хиёнат нисбат ба ислом ва пайравони ӯ сабт шудааст, мо бетараф бошем ва ӯро маҳкум накунем. (14)
Анвар ал-Ҷундӣ гуфтааст: Мубаллиғони ғарбгаро ва ҳамлаҳои фарҳангии эшон бисёртар бар ин ду китоб «Ағонӣ» ва «Ҳазору як шаб» бисёр аҳамият дода, хостаанд мартабаи он дуро ба сатҳи сарчашмаҳои асосӣ боло баранд, то ки дар тасвир намудани ҷомеаи исломӣ бар онҳо такя ва эътимод шавад. Дар айни замон нуқсҳои ин ду китоб, ки сабаби аз байн рафтани эътимоди масдарҳои ботили боварӣ аз онҳо будааст ба эътибор гирифта нашудааст. Китоби «Ағонӣ» доиратулмаорифест дар зиёда аз бист муҷаллад. Соҳибаш Абулфараҷи Исфаҳонӣ онро ба хотири дилхушии амирон навиштааст. Мақсади ӯ аз ин китоб хидмати илм ва ё таърих набудааст. Худи Исфаҳонӣ инсони ҳоқиду кинадор бар ислом ва ҷомеъаи исломӣ будааст ва дӯстию робитаи мустаҳкам бо миллатгароён ва душманони ислом доштааст. Ин амали ӯ навъе аз ҳамлаи шадид ба ислом ва пайравонаш мебошад. Ғарбгароён ва соҳибони назарияи нақди адабии ғарбии воридшуда, бисёртар бар ин китоб равшанӣ андохта, онро зинда намуданд, ҳамчунин марҷаъ дар омӯзиши адабӣ ва масдаре барои тасвири ҷамоъаи исломӣ онро ба эътибор гирифтаанд. Доктор Тоҳо Ҳусейн яке аз пештозони ин ҳаракат ба шумор мерафт. Баъдан Анвар ал-Ҷундӣ мегӯяд: намедонам ин китоб дар назари пажӯҳишгарон, чӣ тавр марҷаъ шуда метавонад, дар ҳоле, ки манҳаҷҳои фикрии исломӣ моро одат кунонидаанд, ки ба муаллифи китоб назар намуда, аҳаммият диҳем. Пас агар ӯ шахси нексират ва соҳиби эътибору эҳтиром миёни мардум бошад, аз ӯ қабул мекунем ва агар на, пас он чиро, ки пешниҳод мекунад, рад менамоем, гарчанде баъзе аз гуфтаҳояш дуруст ҳам бошанд. Баъдан Анвар ал-Ҷундӣ зери унвони «Китоби фаҳшу фоҳишагӣ» дар бораи китоби Исфаҳонӣ сухан ронда, ӯро аз зумраи исрофкорон дар лаззату шаҳавот ҳисобида, таъсири ин ахлоқи ӯро дар таълифи китобаш баён намудааст ва шахсоне, ки ба ин китоб эътимод намудаанд, монанди Тоҳо Ҳусейн ба ин хулоса омадаанд, ки замони аббосиҳо асри фисқу фуҷур будааст. Ин хатари хеле бузург аст, ки пажӯҳишгарон ба ривоятҳои таърихии ин китоб қимату арзише қоил шаванд. Хатарноктарин амали Ғарб ва ғарбгароён ин тавзеҳи мубоҳисон ба гирифтани «Ағонӣ» ҳамчун мадор барои омӯзиши ҷомеъаи исломӣ буд, дар ҳоле ки ин китоб танҳо як ҷониби ҳаёти ҷомеаи исломии он давра ва он ҳам лаҳвро зикр мекунад ва ҷонибҳои мутаъаддиди сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро баён намекунад. Бинобар ин, чунин ба назар мерасад, ки ҳаёти исломӣ дар қарни дуввм танҳо лаҳв будааст. Ин нуктаест, ки Тоҳо Ҳусейн зикр намудааст ва бисёре аз мардум бар ӯ раддия навишта, бутлони ин даъворо ошкор намудаанд.
Аз ин ҷост, ки ин китоб ҳамчун масдари илмӣ ё марҷаъи таърихию адабӣ ба ҳисоб намеравад. (15) Дар ҳақиқат, ин китоб таъсири бузурге дар сиёҳ намудани таърихи ислом ва мусалмонон гузоштааст, бинобар ин воҷиб аст, ки аз он барҳазар бошем.
2. “Наҳҷ-ул-балоға”:
“Наҳҷу-л-балоға” аз ҷумлаи китобҳоест, ки таърихи саҳобаро сиёҳ ва ботил нишон додааст. Ин китоб аз нигоҳи санад ва матн беэътибор ҳисобида шудааст. Чунки баъд аз сеюним аср аз вафоти ҳазрати Алӣ (р) маводи ин китоб ҷамъоварӣ шуда, навишта шудааст ва санад ҳам надорад. Рофизиҳо таълифи «Наҳҷ-ул-балоға»-ро ба Шариф Ризо нисбат додаанд ва ин китоб назди муҳаддисин ғайри қобили қабул аст. Муҳаддисон навиштаи «Наҳҷул-балоға»-ро ба бародари ӯ Алӣ (16) нисбат додаанд. Донишмандон дар бораи ӯ ақидаҳои мухталиф баён намудаанд:
Ибни Халикон дар тарҷумаи Шариф Муртазо гуфтааст: «Мардум дар китоби «Наҳҷ-ул-балоға», ки маҷмӯаи гирдоваришуда аз суханрониҳои амирулмуъминин Алӣ (р) ҳастанд ихтилоф доранд, ки оё ӯ худ инро ҷамъ намудааст ё бародараш Ризо? Гуфта мешавад, ки ин аз каломи Алӣ (р) нест, балки касе, ки инро ҷамъ намудааст, соҳибаш ҳамон аст. (17) Валлоҳу аълам».
Имом Заҳабӣ дар тарҷумаи ҳол аз Муртазо Абӯтолиб Алӣ ибни Ҳусайн (р) ибни Мусои Мусавӣ гуфтааст: ӯ ҷамъоварандаи китоби «Наҳҷ-ул-балоға» аст, ки алфозаш ба Имоми Алӣ ибни Абӯтолиб (р) мансуб мебошад ва ҳеҷ санад надорад, баъзе аз он ботил аст ва ҳақиқат низ дорад, лекин дар он суханони мавзуъест, ки ҳаргиз имом ба он нутқ накардааст. Гуфта мешавад, ки онро бародараш Шариф ар-Ризо ҷамъоварӣ намудааст. Инчунин гуфтаанд, ки дар таълифоташ дашном ба саҳоба аст. Дар тарҷумаи ҳоли ӯ гуфта шудааст, ки ӯ муттаҳам ба вазъ, яъне сохту бофти китоби «Наҳҷ-ул-балоға» аст. Шахсе китоби «Наҳҷ-ул-балоға»-и ӯро мутолиа намояд, яқин дармеёбад, ки дурӯғест, ки ба Алӣ (р) нисбат дода шудааст. Дар он ба Абӯбакр (р) ва Умар (р) дашном дода мешавад ва пур аз зиддиятҳои афкор ва иборотест, ки ба ботил будани он шаҳодат медиҳад. (18)
Аллома Муқбилӣ мегӯяд: Имом Бухорӣ ба ривоят аз Алӣ (р) гуфтааст, ки ӯ мефармояд: Қазоват кунед, ҳамчуноне қазоват мекардед. Ман ихтилофро бад мебинам, то мардум ҷамоъат бошанд ё ман монанди асҳобам вафот намоям. Ӯ мегӯяд: Ибни Сирин бештар он чиро, ки аз Алӣ (р) ривоят мекунанд, сохта ва дурӯғ медонист. Дурусту рост гуфтааст Ибни Сирин ва дар ҳақиқат ҳар қалби солим ва ақли комил ҳам ончиро, ки дар «Наҳҷ-ул-балоға» омадааст, ба пуррагӣ қабул карда наметавонад. Хулосаи аҳамми он чиро, ки уламои пештару муосир дар бораи «Наҳ-ҷ-ул-балоға» мулоҳиза намудаанд, дар шак будани нисбаташ ба Алӣ (р) бад-ин қарор аст:
Холӣ будани китоб аз санадҳои муътамад, ки нисбати каломро ба сӯйи соҳибаш аз нигоҳи матну ривояту санад тақвият бахшад.
Бисёр будани хутбаҳо ва тӯлонӣ онҳо, зеро бисёрӣ ва дарозии хутбаҳо ҳифз ва забти онро пеш аз асри тадвин маъзур ва ё номумкин мегардонад.
Ба чашм расидани бисёре аз суханон ва хутбаҳо дар масдарҳои муътамад, ки мансуб ба ғайри Алӣ (р) мебошанд ва соҳиби «Наҳҷ-ул-балоға» онҳоро ба Алӣ (р) мансуб мекунад.
Дар бар доштани ин китоб суханонеро нисбати хулафои рошидини қабл аз Алӣ (р), ки ба ӯ нисбат додани чунин суханон лоиқ нест ва ҳурмату эҳтироми ҳазрати Алӣ (р) нисбати эшонро, ки дар китобҳои мувассақ собит шудааст, инкор мекунад.
Матни «Наҳҷ-ул-балоға» матни мусаҷҷаъ ва оҳангдор аст ва бисёре аз адибон ва коршиносони адабиёти араб бар ин боваранд, ки чунин сабке бо сохтори адабии даврони Алӣ (р) чандон мутобиқ нест.
Ироаҳои адабии мавҷуд дар «Наҳҷ-ул-балоға» реша дар сохтори адабии даврони Аббосиён дорад.
Сохтори фалсафӣ ва каломии мавҷуд дар Наҳҷ-ул-балоға аз он даста мавориде аст, ки дар қарни саввуми ҳиҷрӣ дар миёни мусалмонон ривоҷ ёфта ва раҳоварди баргардони китобҳои юнонӣ, форсӣ ва ҳиндии он замон мебошад ва бештар ба адабиёти файласуфон ва аҳли калом шабоҳат дорад, то ба адабиёти саҳоба ва хулафои рошидин. (19)
Бинобар он чи, ки баён шуд бояд дар заминаи сухан гуфтан аз саҳоба аз ин китоб дурӣ гузид ва чунончӣ касе бихоҳад аз ин китоб истифода намояд, бояд аҳком ва масоили ақидавӣ ва низ масоили марбут ба саҳобагонро бар асоси китобу суннат мавриди арзёбӣ қарор диҳад. Ҳамин мавр матолиберо, ки мувофиқи китоби Худо ва суннати паёмбар (с) аст мавриди мулоҳиза қарор диҳад ва ба ҳамаи матлабҳои он таваҷҷӯҳ накунад. Нависандаи китоби «Алвасоиқ ас-сиёсия вал идория ал-оида лил-аср ал-амавӣ» ба нақли хутбаҳо, нома ва гуфтугӯҳое аз Ҳасан (р) дар заминаи хилофат пардохтааст, ки бештари онҳо беасос буда, (20) ба манобеи заиф ва ғайри муътабар, ҳамчун «Ал-ағонӣ» ва «Наҳҷ-ул-балоға» ва дигар китобҳое такяву эътимод намудааст, ки пажӯҳишгаре бихоҳад дар таҳқиқоти илмӣ ва мавзӯияш ризои Худо ва ҷанбаи бетарафиро риоят намояд, наметавонад сирфан ба чунин китобҳое эътимод ва басанда кунад.
Поёни қисмати дуввум
Идома дорад
Муҳаммадиқболи Садриддин

Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Ақидату аҳли-с-суннати вал-ҷамоа фи-с-саҳоба. 2/743.
2. Ал-бидоя ван-ниҳоя. 11/143.
3. Аҳкомул Қуръон, Ибни Арабӣ, 4\1720.
4. Шарҳи Нававӣ бар Саҳеҳи Муслим, 12\201.
5. Албидоя ва-н-ниҳоя, 11\134.
6. Шарҳи Таҳовия. -с. 545.
7. Файз ал-Қадир. 2\409.
8. Ас-савоъиқ ал-муҳриқа ъалал аҳли-р-рафз ва-з-залол ва-з-зандақа. 2\397.
9. Алқидату аҳл ас-суннати фи-с-саҳоба. 2\748.
10. Мақотил ат-толибин ли Абилфараҷ ал-Исфаҳонӣ. -с. 51-52.
11. Ал-ағонӣ ли Абилфараҷ ал-Исфаҳонӣ 1/121.
12. Мизонул-эътидол. 3/123.
13. Кутубун ҳазара минҳо ал-уламо. 2/30,31.
14. Ас-сайф ал-ямонӣ. с.10-13.
15. Муаллафотун фил-мизон. -с. 100-103.
16. Аладаб ал-исломӣ, Ноиф Маъруф. -с. 53.
17. Ал-вафиёт. 3/134.
18. Мизонул-эътидол, 3/124. Лисон ал-мизон. 4/223.
19. Ал-адаб ал-исломӣ. –с. 54-55.
20. Алвасоиқ ас-сиёсия вал идория ал-оида лил-аср ал-амавӣ. -с. 76-100.

Share This Article