1.Агар хоста бошӣ аз нафси худ кӯтоҳиҳо, айбҳо ва палидиҳоро дур намоӣ, пас метавонӣ бо мардум мухолатат (1) намоӣ ва агар аз ахлоқи онҳо чизеро написандидӣ, пас аз онҳо дурӣ кун, зеро онҳо дар ту бад мебинанд чизеро, ки ту дар онҳо бад мебинӣ.
2. Пайваста ба интиқоди нафси мардум қаноат макун ва худро фаромӯш масоз, балки нахуст ба интиқоди нафси худ машғул бош, зеро ту ба ин мукаллаф ҳастӣ ва сипас ба ислоҳи дигарон машғул шав.
шарҳи луғат:
1.Мухолатат-ихтилот ва омезиш кардан бо ҳамдигар, ҳамдам, ҳамсуҳбат шуданро гӯянд.