Мохи рамазони карим аз мо рахти сафар баст. Рамазонеки он барои мо ва шумо як мохи рахмати Илохи буд рафт. Рамазонеки дар он агар кушиш карда бошем ва гунохонамонро шустушуй намуда бошем хушо ба холамон. Вале агар сахлангори намуда бошем ва танхо дар ин мох гурусна ва ташна буданро дониста бошем вой бар холи мо. Рамазон агарчи моро дар руз аз хурдан ва ошомидан махрум карда буд. Вале дар шабхои нуронияш бароямон дарвозахои рахмату магфиратро бо худ дошт. Хушо ба холи онхоеки вокеан ид доранд. Хушо ба холи онхоеки ин мохро бо тоъату ибодат гузарониданд. Хушо ба холи онхоеки хатмхои Куръони намуданд. Хушо ба холи онхоеки дар ин мох хайру садакот намуданд. Ин иди ана хамон идда аст. На иди онхоеки руза нагирифтанд бо бахонае меъда дарду давлени дорам гуфта онро хурданд. Рамазон рафт вале кофилаи рузадорон аз рафтанаш вокеан гамгину махзун гаштаанд. Намедонам дар ин ид хушхол бошам ё гамгин? Гамгин барои онки намедонем оё аз бахшуда шудагон карор гирифтаем ё на? Хушхол барои онки дар ин мох мо зинда будему дар ин мох умр ба сар бурдем. Худоё хама тоат ва ибодатхои моро кабули даргохи хак карор бидех. Дар миёни мо махрум нагузор касе аз моро балке моро дар катори зери рахмат карор гирифтагон карор бидех. Ту ба ин кодиру тавонои. Мо бандагони ганахкорем вале ту сохиби лутфу карами. Ин мохро сабаби махви гунохонамон карор дода боши то вокеан иде кунем, ки моро бахшудаи. Мо аз лутфу карамат харгиз ноумед нестем. Иди мо онгох иди вокеи аст, ки мо аз зумраи Афв шудагон карор гирифта бошем омин!