Он коре туро аз марг метарсонад.
Марде назди Абухозим (рах) омад ва гуфт шайх маро насихате кун!
Абухозим гуфт: Хар кореки метарси дар холати анчом додани он бимири онро тарк кун!
Агар чунин карди пас харгиз марг бароят бад тамом намегардад хар вактеки ба сурогат биояд.
Яъне инсон метарсад дар холати нушидани шароб, зино, дуруг гуфтан, рибо хурдан, зулм кардан ва… бимирад.
Аммо хохони он аст дар холати сачда, Руза доштан, садака додан, Куръон хонданд, зикр кардан бимирад.
Пас хулоса бо шумост хонандаи гироми!
Абухозим (рах) ки буд?
Абухозим Салама Ибни Динори Махзуми буда инчунин уро Аърач хам мегуфтанд.Яке аз уламои машхури мадина буда аслаш форс будааст.
Ибни Аслам мегуяд: Касеро аз Абухозим бо хикматтар ва дар илм донотар надидаам. Хело хозир чавоб низ будаст.
Аз Асхоби Расули акрам(салаллоху алайхи вассалам) хадис ривоят кардааст. Мисли Ибни Умар, Сахл, Ибни Масъуд, Анас (раз) . Инчунин мегуянд у Абухурайра(раз) ро дидааст.
Инчунин кибори тобиъинро дида аст ва аз онхо ривоятхо дорад. Мисли Саъид Ибни Мусайяб, Абисалама, Урва.Дар соли 140 хичри дар Багдод вафот карда аст. Дар таърих ба лакаби Хакими салотин ва умаро маъруф аст(Аллох рахматаш кунад) сабаби муаррифии ин шахсият он буд ки боз як бобоямонро бишносем, ки чикадар дар ислом маъруф ва чи шахсиятхое аз миллати мо зухур кардаанд.