Шахсе ин истигфорро намояд гунохони кабирааш бахшуда мешаванд.
((أسْتَغْفِرُ اللهَ العَظِيمَ الَّذِي لاَ إلَهَ إلاَّ هُوَ، الحَيُّ القَيُّومُ، وَأتُوبُ إلَيهِ))
Астагфируллохал азим аллази ло
илоха илло хувал хайюл каюму ва атубу илайхи”(хадиси сахех бо ривояти имом Тирмизи”
Тарчумаи ин истигфор:”Талаби омурзиш менамоям ба суйи Аллохи бузург мартабаеки Нест Маъбуди дигаре чуз У ва У ( таъоло) зинда ва Човид аст ва ба суйи У тавба менамоям”
Ин истигфорро касе бигуяд Аллох гунохони уро мебахшад.Агарчи он гунох кабирахам бошад. Расули акрам(салаллоху алайхи васаллам) дар хадисе хафт амалеки онхо инсонро халок мекунанд”мубикот мухликот” ки дар он гуноххо пушт гардон шудан дар маъракаи набард ” Фирор миназахф” аст. Чунин шахсро Аллох намебахшад барои ин амалаш. Агар ин дуъоро хонад уро мебахшад. Пас ин истигфор хело дорои арзишу вижагие назди Аллох субхонаху ва таъоло дорад, ки гунохони кабираро бо гуфтани ин калимоти осон мебахшидааст.
Мухаддисин дар ин дуъо исми Аъзамро мебинанд. Хело шархи муфассале онро намудаанд ман ба хамин андоза иктифо мекунам. Пас кушиш кунем ин истигфорро хамеша вирди забонхоямон бикунем то омурзида шавем.
Фоидахои истигфор инхоанд:
1.) Аз байн барандаи гунохон.
2.) Пушонандаи гунохон дар дунё ва охират.
3.) Зиёд гаштани ризки инсон.
4.) Хифзи молу дороии инсон.
5.) Расидан ба орзухо
6.) Баракат дар касбу кор ва саравт.
7.) Наздик шудан ба Аллох.
8.) Хушнудии Аллохро ба даст овардан.
10.) Зиёд шудани мол, фарзанд, борони рахмат.
11.) Кувват ва матонат дар бадани инсон пайдо мегардад.
12.) Дар дунё дар амн зиндагони насибаш мегардад ва харгиз ба зулм ва ситам аз олам на мемирад.
13.) Дохил шудани чаннат барояш хело рохат ва осуда мегардад. (Муфрадот сах 619)