Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост

Ислоҳ нет

Рамазон баҳори Қуръон ва меҳмони мост

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

Рамазон рамзи муноҷоти шаб аст,
Зикри Қуръон дар вуҷудаш бар лаб аст.

Рамазон моҳест, ки бо вуҷуд ва ҳузуру фарорасии он бандаи мўъмину мусалмон оромиши хотиру болидагии рўҳ ва тазкияи нафсро дармеёбад. Дигар он ки ин моҳ моҳи мизбонии Қуръони карим аст. Мо дар ин моҳ бо ифтихор Қуръонро ба меҳмонии худ мепазирем ва бояд, ки аломатҳо ва нишонаҳои ин меҳмонӣ дар пайкари ҷомеъаи мо ошкоро дида шавад.Шарти мизбонӣ ва меҳмондорӣ ин меҳмоннавозӣ аст, ки дар фарҳанги ғанӣ ва кўҳани мардуми мо тоҷикон маъруфу машҳур буда ва меҳмонро атои Худо мегўянд.Чи чиз болотар ва беҳтару арзишмандтар аз номи дилнишин ва волои Қуръон аст, ки забон аз гуфтану номбурдани он лаззатеро ҳис мекунад ва гўшҳову чашмҳо аз шунидану дидани оятҳои рўҳбахш ва ҳуруфу нақшҳои рамзнокаш фикрҳои олиеро дармеёбад ва бо фарогирии ҳамаи инҳо дилу хотир оромиш пайдо менамояд.
Ин моҳ моҳи маҳфилороии Қуръони карим аст, ки бо барподории намози таровеҳу намози шаб ва хатми Қуръони карим ҳар шаби ин моҳро то субҳ мунаввар менамояд. Рўзадорони ин моҳи муборак шабзиндадориро бо хондану андешаронӣ дар мавриди оятҳои ин китоби осмонӣ ба рўз мерасонанд.

Хонандаи гиромӣ! Агар донишмандони гузашта ва имрўз дар тавсифи ин моҳи муборак ва моҳи нузули Қуръон суханпардозӣ намоянд, боз ҳам натавонанд тавсифи онро ба итмом расонанд, чунки қалам аз навиштани он оҷиз ва ақли заъифи мо кўтоҳ меояд ва ин тавсифнамоиҳо ва қадрдониҳои мо ба монанди қатраҳои аз як баҳри беканор ҳастанд. Фақат бо ихтисор инро мо мусалмонон бояд бидонем, ки моҳи мубораки рамазонро ба унвони мизбон ҳастем ва меҳмоннавозӣ аз ин фаризаи Илоҳӣ бар зимаи мост. Мо бо риояи аҳкоми воридшуда дар ин замина ва музаян сохтани худамон бо одобу ахлоқи фарҳанги исломӣ аз ин Моҳи Муборак ба хубӣ пазирои намоем ва иншоаллоҳ ин пазироии бошууронаи мо боиси рушд ва баландравии фарҳанги исломии мо мегардад. Инро аз ёд набарем, ки ҳар кори неке, ки инсон барои меҳмони худ анҷом медиҳад, ҳатман натиҷаи некии анҷом додааш ба худаш бармегардад.

Ичунин Худованди поку тавоно мо бандагонашро дар ин моҳ ба меҳмонии худ даъват менамояд. Барои ин, бояд ҳар фарди мусалмон фарҳанги Рамазон ва аҳкомеро, ки барои ин моҳ Худованди кариму корсоз муаян намудааст, фаҳмида ва ба он амал намояд то меҳмони хуб ва огоҳи бори таъоло бошад.
Инак мехоҳам ба таври мухтасар муруре дар мавриди моҳи рўза аз лафз то маъни дар луғат ва шароити рўзадорӣ ва фоидаҳои он аз дидгоҳи Қуръон ва суннат баррасӣ намоям.Китобҳо ва мақолаҳои муфассал дар мавриди ин моҳи муборак дорем.Метавонед аз онҳо ба шакли васеъу фаротар истифода намоед. Умед аст ин мақолаи кӯтоҳ мавриди писанд ва истифодаи ҳаряки шумо азизон қарор бигирад.

1- Рамазон ва ё рўза аз лафз то мафҳум:

Бо таваҷҷўҳ ба баррасиҳои ба амал омада, дар фарҳанги форсӣ аз қабили Фарҳанги Деҳхудо, Фарҳанги Муъин, Ҳасан Амид, вожа ё калимаи рамазон ё рўза чунин омадааст:

а) Фарҳанги Ҳасан Амид:

Моҳи Рамазон моҳи нуҳуми аз солшумории қамарӣ буда онро – Моҳи рўза – Моҳи сиём – Рамазону-л-муборак ва инчунин Моҳи муборак, низ меноманд ва вожаи рўза низ дар ин фарҳанги луғат ба маънии худдорӣ кардан аз хўрдану ошомидан омада ва инчунин дурию парҳез аз соири аъмоле, ки барои рўзадор манъ шудааст аз тулўи субҳи содиқ то ғуруби офтоб.

б) Луғатномаи аллома Деҳхудо:

Вожаи рамазон ба маънии моҳи нуҳуми аз моҳҳои қамарии байни шаъбон ва шаввол мебошад. Дар ин луғатнома Моҳи сиём ва Рамазон ба ин шарҳ омадааст, ки ба манзалаи санги гарм аст ва аз санги гарм пои равандагон месўзад ва шояд, ки гирифташуда аз вожаи «Рамз» ба маънии тафсондан ва ё тафсидан дар зери ҳарорати офтоб ва сўхтан бошад, чун рўза гуноҳонро месўзонад. Дигар ин ки ин моҳи рўза барои мусалмонон аст ва дар луғати қадим номи он «Нотиқ» будааст ва ба номҳои Моҳи муборак, Шаҳруллоҳ ва Шаҳри Рамазон дар ин фарҳанги луғат омадааст.

в) Фарҳанги луғати Муин:

Рамазон ба маънии моҳи нуҳуми аз солшумории қамарӣ ва моҳи рўза шинохта шудааст.

Мафҳуми Рамазон иборат аст, аз моҳи нузули Қуръон, моҳи истиқомат ва пойдорӣ, моҳи бедорӣ ва тазкияи нафс, моҳи аз байн бурдани шаҳавоти пасти ҳайвонӣ, моҳи унсгирифтани бо Қуръон, моҳи озмоиш ва имтиҳон, моҳи бедории дилҳои хуфта, моҳи фарёди маркаби дилҳо барои раҳои аз дастони палиди нафси аммора, моҳи наздикшудан ба шарораи маърифат, моҳи бедорӣ ва раҳоии рўҳ аз бардагӣ ва ғуломии тан, моҳи парвоз ба малакути аъло ҷиҳати расидан ба осмони ҳафтуми ишқ, моҳи зинда кардани садоқат ва покдоманӣ, моҳи раъшаву ларза бар арикаву тахти қудрати шаҳвонӣ ва билохира моҳест, ки дар инсонҳои муътақид ба дини мубини Ислом, барои расидан ба қурби Илоҳ ва холиқу офаридагорашон омодагии лозимро фароҳам кардааст. Илова бар ин ҳар кадом аз ин озмоишҳо инсонро аз зиштӣ ва палидии иҷтимоӣ ба дур дошта ва шахсро ба самти хубию зебоӣ раҳнамун месозад.
Мафҳуми рўза:
Худованди қодиру тавоно дар каломи покаш дар сураи Бақара ояти 183 мефармояд:

«Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гунна, ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозӣ) намоед».

Дар забони арабӣ рўзаро «савм» ном мебаранд, ки ба маънои худдорӣ ва бозистодан аз чизҳои муаян мебошад. Аммо дар истилоҳи шаръ «савм», яъне рўза аз дамидани субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб, чизе нахўрдану наошомидан ва инчунин ҳамбистарӣ накардан аст. Албатта, худро аз хўрдану ошомидан ва ҳамбистарӣ маҳрум кардан ин намуд ва сурати зоҳирӣ ва қолабу колбуди ин ибодат ба ҳисоб меравад. Аммо мўъмини воқеӣ ва мусалмони ростин набояд дар шаклан ба ҷой овардани ин ибодат маҳдуд гардад, балки бояд кўшиш намояд, то худро ба моҳияту ҳадаф ва мўҳтавои он наздик гардонад. Чунки рўза яке аз рукнҳои панҷгонаи бинои Ислом буда, тоати бериёву беолоиш барои Парвардигори оламиён ба шумор меравад. Боз доштани чашму гушу забон ва дар маҷмўъ тамоми аъзои бадан аз ҳама гуна аъмоли ғайришаръӣ низ аз шартҳои маънавии рўза ба ҳисоб меравад. Дар китоби Саҳеҳу-л- Бухорӣ таҳти рақами 1903 ҳадисе ба ин мазмун аз Расули акрам ривоят шудааст, ки: «Касе (дар моҳи рамазон) суханони дуруғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хўрдан ва нўшидан (яъне рўза)-и вай надорад». Ҳақиқати даҳони хушкида ва синаи тафсони рўзадорро, ҷуз Худои мутаол ва шахси рўзадор, каси дигар исбот карда наметавонад. Барои ҳамин аст, ки андозаи савоб ва подоши ин ибодатро Худои меҳрабон барои бандаи аз сари ихлосу муҳаббат рўза доштааш ба худаш нисбат додаст, ки ҷуз он Зоти ақдас каси дигар онро ҳисобу муаян карда наметавонад.

Фазилати моҳи рамазон:

Рамазон моҳи нузули баракот боз шудани дарҳои раҳмати Худованд мебошад. Дар китоби Муъҷамул кабир, ҷилди 22 саҳифаи 388 ва Муснади Абўяъло таҳти рақами 5273 чунин омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд:

« Агар бандагон медонистанд, ки дар моҳи Рамазон чи (иноёт ва навозишҳои Парвардигор) маҷуд аст, ҳатман, орзу мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад…».

Фоидаҳои рўза:

Рўза дорои фоидаҳои маънавӣ, ҷисмӣ ва иҷтимои зиёде мебошад.
Аз ҷумла, руза:

а: Инсонро дар мактаби сабру шикебоӣ ва пурбардоштӣ тарбият менамояд.

б: Хештандорӣ ва худконтролкуниро ба инсон омўзиш медиҳад.
в: Назму ҳамоҳангиро дар миёни мардуми мусалмон густариш медиҳад.

г: Ишқу дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон решадор месозад.

д: Отифаи меҳрубонию дилсўзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад.

ж: Шарру фасод ва разоили ахлоқиро дар миёни мардум коҳиш медиҳад.

з: Меъдаро полоиш ва покиза менамояд.

л: Баданро аз боқимондаҳои хурокӣ ва ошомиданӣ пок мегардонад
.
м: Фарбеҳии зиёди баданро коҳиш медиҳад.

н: Муҳиматар аз ҳама хислати парҳезгорӣ ва поку нек зистанро дар инсон тақвият медиҳад.

Share This Article