Фардо рӯзи душанбе 6-6-2016 оғози моҳи мубораки рамазон
Дорул ифтои давлати миср ва ҳама давлатҳои халиҷи рӯзи 6 июнро аввали моҳи рамазон эълон намуданд.
Тибқи хабарҳо тақрибан ҳама давлатҳои олами исломи рӯзи аввали моҳи рамазонро пазируфтанд.
Ба ғайр аз давлати Эрон,ки оғози моҳи мубораки рамазонро 7-6-2016 эълон намудаанд.Ба истиснои ду марҷаъи тақлиди шиъаён Камол Ҳайдари ва Фазлуллоҳ,ки аввали рӯзи рамазонро 6 мисли Аҳли Суннат эълон намудаанд. Дигарон ҳама бо тавофуқ рӯзи 7 июн оғози моҳи рамазонро эълон намудаанд.
Пас аз ин хабар барои ҳар мусалмони огоҳу болиғ ва солиму муқим муъаян гашт то фардо душанбе 6 июн рӯза дор бошад. Ҳеҷ шакку шубҳае боқи намонда аст дар руъяти моҳ. Имсол моҳи шаъбон 29 рӯз будааст.
Ҳулули моҳи муборакро ба шумо мусалмонони тоҷикистон ва олам табрик менамоям.Аз Аллоҳ хоҳони некуаҳволии миллат ва кишвари азизам ҳастам.Дар ҳангоми ифторҳоятон дуъоҳои холису самимиятонро барои худ ва кишвару миллат ва олами ислом аз ёд набаред.Дуъои ҳангоми ифтор мустаҷоби даргоҳи Ҳақ Таъолост.
Дӯстдори шумо азизон