ИХТИЁРИ ТАЛОҚ
(бахши панҷум)
Ихтиёри талоқ аз нигоҳи шаръӣ дар асл дар дасти мард аст, вале дар ҳолатҳои хос мешавад, ки ин ихтиёр дар дасти дигарон қарор мегирад ва ин ҳолатҳо иборатанд:
1. ИХТИЁРИ ТАЛОҚ ДАР ДАСТИ ЗАН.
Талоқ дар асл, тавре ки акнун ёдовар шудем, дар даст ва ихтиёри мард аст, вале мард метавонад ин ихтиёрро ба дасти зан дода, то зан худро талоқ бидиҳад.
Иборатҳо ва лафзҳое, ки ба воситаи он ихтиёри талоқ аз тарафи шавҳар ба дасти зан дода мешавад, инҳо мебошанд:
– «Ихтиёри худро дорӣ»;
– «Ихтиёри ту ба дасти худи ту аст»;
– «Агар мехоҳӣ, худро талоқ бидеҳ»;
Ҳар як аз ин се иборат, ки шавҳар барои занаш гуфт, ихтиёри талоқ барои зан супурда мешавад ва зан метавонад худро талоқ диҳад.
Чанд нукта.
1. Агар касе барои занаш гуфт, ки: «ихтиёри худро дорӣ» ва зан дар ҷавоб гуфт, ки: «бале, ихтиёри худро дорам» ва ё гуфт, ки «хуб аст, ихтиёри худро дорам» ва ё ҳар иборати дигаре ба ҳамин маънӣ, як талоқи бойин воқеъ мегардад. Яъне робитаи зану шавҳар бо ҳам қатъ мегардад ва шавҳараш наметавонад ба он зан раҷъат намояд ва илова барин, тамоми ҳукмҳое, ки дар талоқи бойини хурд гузашт, ба он тааллуқ мегирад.
2. Агар шавҳар барои занаш гуфт, ки «ихтиёри ту ба дасти худи ту аст» ва зан дар ҷавоб гуфт, ки « бале, ихтиёрам ба дасти худам бошад» ва ё гуфт: « хуб аст, ихтиёри худро ба дасти худ гирифтам» ва ё ҳар иборати дигаре ҳамонанди он иборатҳо, як талоқи бойин воқеъ мегардад ва дар натиҷа тамоми ҳукмҳои мард ба зан таъаллуқ мегирад.
3. Агар касе ба занаш гуфт, ки «агар мехоҳӣ, худро талоқ бидеҳ» ва зан дар ҷавоб гуфт: «мехоҳам ва худро талоқ додам». Агар мард ба ин гуфтаи худ, нияти талоқро надошта бошад ва ё нияти як талоқро дошта бошад, дар ҳар ду сурат як талоқи раҷъӣ воқеъ мегардад ва тамоми ҳукмҳои талоқи раҷъӣ, ки зикраш рафт, ба он таъаллуқ мегирад. Агар нияти се талоқро дошт, ҳамон се талоқ воқеъ гардида, тамоми ҳуқуқҳои талоқи бойини бузург ба он тааллуқ мегирад.
4. Агар касе яке аз иборатҳои сегонаи болоро истифода намуда, ихтиёри талоқро барои ҳамсараш вогузор намуд, ин ихтиёр барои ҳамсараш собит мегардад ва шавҳараш наметавонад аз сухани худ баргашта, ин ихтиёрро дубора аз зани худ соқит намояд. Бинобар ин, зан то вақте ки дар ҳамон маҷлис қарор дорад, метавонад ихтиёри худро ба даст гирифта, ба шарҳе, ки дар мавридҳои сегонаи боло гузашт, худро талоқ диҳад.
5. Дар ҳолатҳои сегонаи боло, агар зан ба ризояти худ, ихтиёреро, ки шавҳараш барояш дода буд, дубора ба шавҳараш баргардонад, яъне гуфт, ки: «ман чунин ихтиёре намехоҳам» ва ё гуфт, ки: «ихтиёр ба дасти худат бошад», ихтиёри талоқ аз дасти зан хориҷ гардида, наметавонад ихтиёрашро ба даст гирад ва худро талоқ диҳад, ба ҷуз он, ки шавҳараш дубора ихтиёри талоқро барояш бидиҳад.
6. Агар шавҳар барои занаш гуфт: «Дар ҳар куҷое бошад, ҳар вақт, ки хостӣ, худро талоқ бидеҳ» ва ё гуфт: «Дар ҳар вақт, ки бихоҳӣ, талоқ ҳастӣ» зан ҳар вақт, ки хоста бошад, метавонад худро се бор талоқ диҳад. Дар ин сурат ҳатто агар зан гӯяд, ки «намехоҳам худро талоқ диҳам», боз ҳам агар худро талоқ дод, талоқаш воқеъ мегардад.
7. Агар шавҳар барои занаш гуфт, ки «ҳар андоза, ки мехоҳӣ, худро талоқ бидеҳ» ва ё гуфт» ки «чӣ, ки мехоҳӣ, худро талоқ бидеҳ» зан метавонад фақат дар ҳамон маҷлисе, ки ин сухан гуфта шудааст, худро як ё ду ва ё се талоқ диҳад ва шавҳар наметавонад бигӯяд, ки ман ба ин гуфтаи худ, нияти танҳо як талоқро доштам.
8. Агар зане дар вақти ақди никоҳ бар шавҳараш шарт бигзорад, ки агар зани дигареро ба никоҳ бигирад, он зан талоқ бошад ва шавҳар ин шартро пазируфта, бигӯяд: «Агар занеро бо ту ба никоҳ бигирам, талоқ бошад», ин шарт дуруст буда, то вақте ки ин зан ҳамсараш аст, ҳар зани дигареро, ки ба никоҳ гирад, талоқ мешавад. Дар натиҷа зани дигареро, то вақте, ки ин зан ҳамсараш аст, гирифта наметавонад.
9. Дар сурате, ки шавҳар ихтиёри талоқро барои занаш бидиҳад, ихтиёри талоқ аз дасти мард берун намеравад. Ба ин маънӣ, ки шавҳараш дар айни ҳоле, ки ихтиёри талоқро барои зан додааст, худ низ метавонад он занро талоқ диҳад.
2. ИХТИЁРИ ТАЛОҚ ДАР ДАСТИ ҚОЗӢ.
Гоҳе мешавад, ки робитаи зану шавҳар аз ҳолати табииашон хориҷ гардида, то ҷое мерасад, ки идомаи зиндагӣ, сабаби нооромӣ ва ҳатто зарар ба яке аз зан ва ё шавҳар ва ҳардуи онҳо мегардад ва дар айни ҳол, ҳар кадом аз зану шавҳар худро барҳақ дониста, тарафи дигарро золим ва ситамгар нисбати худ медонад. Аз ин ҷо аст, ки роҳи дигаре ба ғайри назар ва ҳукми қозӣ боқӣ намемонад ва шариъати ислом барои қозӣ иҷоза додааст, то ҳақро ба ҳақдораш расонида, монеъи ситами золим ва мазлум гардад. Аз ҷумла ҳолатҳое, ки қозӣ метавонад, ҳукми ҷудоӣ байни зан ва шавҳарро диҳад, иборатанд аз:
А) ҶУДОӢ БА САБАБИ МАҶБУБ БУДАН ВА АНИН (ҲИЗ) БУДАН.
Маҷбуб касе аст, ки олати таносулиаш бурида буда, ё аз асл олати таносулӣ надошта бошад ва ҳиз касе аст, ки суст буда, қудрати алоқаи ҷинсӣ кардан бо занро надорад.
Агрчи дар ҳолатҳое, ки қозӣ метавонад, бе ризояти шавҳар занро талоқ диҳад байни уламо ба шарҳе, ки зикр хоҳем кард ихтилоф аст.
Вале бар ин иттифоқ доранд, ки агар шавҳар, маҷбуб ва ё ҳиз бошад, дар сурати хоҳиши зан, қозӣ метавонад ҳукми талоқро содир намуда, алоқаи зану шавҳарро бо ҳам қатъ намояд. Аммо дар ғайри ин ду сурат, шарҳи он ба қарори зайл аст:
Б) ҶУДОӢ БА САБАБИ АЙБҲОИ ДИГАР.
Ҷудоӣ байни зану шавҳар ба сабаби маҷбуб ва ё ҳиз будан тавре ки ҳамакнун ёдовар шудем, мавриди иттифоқи ҳамаи уламо дар мазҳаби ҳанафӣ аст, вале Имом Муҳаммад (р) мегӯяд, ки ба илова аз ду айби гузашта, девонагӣ, ҷузом ва песӣ низ барои ҳар як зану шавҳар ҳақ медиҳад, то талаби ботил намудани никоҳро намояд. Масалан, агар зан издивоҷ намуд ва баъд аз он собит гардид, ки шавҳараш ба яке аз ин бемориҳои сегона дучор аст, ҳақ дорад ки аз қозӣ бихоҳад то никоҳашонро бо чунин шавҳар ботил намояд.
Ҳамчунин агар марде надониста бо чунин зане издивоҷ намуда буд, ҳақ дорад то талаби ботил намудани никоҳро бинамояд. Агар ин ботил намудани никоҳ пеш аз ҳамхобагӣ ва ё хилват бо зан сурат гирифт, зан бояд тамоми маҳреро, ки аз шавҳараш гирифтааст, барояш баргардонад ва агар баъд аз ҳамхобагӣ ва ё хилват сурат гирифта буд, зан ҳақбари комили маҳри худ мегардад.
Имом Баҳансӣ (яке аз уламои ҳанафӣ) мегӯяд: агар зан бо марде ба ин асос издивоҷ намуд, ки вай қодир ба маҳр ва нафақа аст, вале баъд аз он собит шуд, ки камбағал буда, қодир ба маҳр ва нафақа нест ва ё ба ин асос издивоҷ намуда буд, ки вай «фалонӣ писари фалонӣ» аст, вале собит шуд, ки он шахс лақит (касе аст, ки падараш маълум набуда ва ӯро аз кӯча ва ё масҷид ёфта бошанд) ва ё ҳаромзода аст, барои зан ихтиёри ботил намудани никоҳ дода мешавад.
Вале Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) (ки яке аз уломои намоёни ҳанбалӣ аст) мавзуъро бо диди васеътаре баррасӣ карда, барои тақвияти назари худ далелҳои ақлӣ ва нақлии зиёдеро оварда ва мегўяд:
“Кӯр будан, гунг будан, кар будан ва қатъи даст ва ё по барои зану мард аз бузургтарин айбҳое аст, ки сабаби танаффури ҷониби дигар аз вай мегардад ва нагуфтани аз ин айбҳо ҳангоми никоҳ, аз бадтарин навъҳои хиёнат ва фиреб ва мухолиф бо асосҳои дини ислом аст”.
Амирулмуъминин Умар (р) барои шахси безурриёте, ки занеро ба никоҳ гирифта буд, гуфт: «Барои занат хабар деҳ, ки ту безурриёт ҳастӣ» ва занро байни будан бо чунин шавҳаре ва байни ботил намудани никоҳ соҳибихтиёр сохт.
Албатта, тақозои қиёс, ақл ва мантиқ чунин аст: ҳар айбе, ки сабаби танаффури зану шавҳар гардида ва ба сабаби он мақсади асосии никоҳ, ки муҳаббат ва дӯстӣ аст, ҳосил нагардад, барои тарафи дигар ин ихтиёр дорад, то никоҳро бекор намояд.
Бекор намудани никоҳ ба сабаби чунин айбҳо, нисбат ба ботил намудани байъ бо вуҷуди чунин айбҳо, авло ва афзал аст. Чунончи, вафо кардан ба шартҳои ақди никоҳ, аз вафо кардан ба шартҳои ақди байъ, авло ва афзал аст.
Ҳаргиз дар шариъати ислом дида нашудааст, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ва ё расулаш Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) касеро, ки дар коре мавриди хиёнат қарор гирифта ва фиреб хўрда бошад, маҷбур ба тоқат кардан ба он хиёнат ва ё он фиреб намуда бошанд.
Касе, ки мақсадҳои шариъатро дар маншаъ ва мавридҳои он мавриди фикр ва андеша қарор диҳад, ба хубӣ медонанд, ки ин назар аз назарҳои бартар ва ба қоидаҳои шариъат созгортар аст.
Ин буд назари Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) ва ин, ки кадом назар авлотар аст, чизе аст, ки қозии шаръ дар мавриди он тасмим мегирад.
Чизе, ки қобили баррасӣ аст, ин аст, ки дар замони ҳозира, бемориҳое кашф шудааст, ки дар хатар ва зарари худ ба маротиб болотар аз песӣ ва девонагӣ аст. Масалан, бемории спид, ки сирояткунанда буда ва ба воситаи алоқаи ҷинсӣ аз шахси гирифтори ин беморӣ ба шахси солим мегузарад. Ин беморӣ ба сабаби зино ба вуҷуд омада ва устувори ё масунияти ҷисмро комилан аз байн мебарад ва шахси гирифтор ба ин беморӣ, дар муқобили ҳеҷ навъ микробе муқовимат карда натавониста ва ба бемориҳои гуногун дучор мегардад.
Ҳамчунин аст, ки бемории сифлис, ки боз ҳам ба воситаи робитаи ҷинсии ғайри шаръӣливота ва зино дар аъзои таносулии нисон ба вуҷуд меояд ва сабаби хориш ва пайдо шудани донаҳои хурд, дар аъзои таносулии мард ва зан гардида ва ранги ҷисмро аз байн мебарад ва бо гузашти замон, сабаби сӯзок ва дард дар маҷрои пешоб мегардад.
Бешак, агар олимони гузашта дар асри имрӯз вуҷуд медоштанд, ин бемориҳои зикр шуда ва дигар касалиҳои монанди инҳоро дар қатори бемориҳое, ки барои тарафи муқобил, ҳаққи ботил намудани никоҳро медиҳад, қарор медоданд. Инчунин бемориҳои муътодони маводи мухадир,шаробнӯшонеки барояшон нӯшидани шароб ҳатми ва амали ҳамешагист. Инҳо ҳам айб ва нуқсҳое мебошанд,ки ҳатман бояд қабл аз издивоҷ огоҳонида шаванд,ки писари ман бародари ман мубталои ин навъ бемори аст.
Баъзе аз донишмандони имрўза ақида доранд, ки ихтиёри ботил намудани никоҳ махсус ба бемории муайяне нест, балки ҳар беморие, ки сабаби зарари ҳақиқӣ ва нафрат кардан барои ҳар як аз зан ва шавҳар гардад, барои он шахс ҳақ медиҳад, то талаби бекор кардани никоҳро бинамояд.
Дар китоби «Фиқҳус – сунна» чунин омадааст: «Ҳаққи ботил намудани никоҳ дар бемории муайяне нест, балки ҳар беморие, ки сабаби танаффури зан ва шавҳар аз якдигар гардида ва монеъи муҳаббат ва робитаи нек байни зан ва мард ҳақ медиҳад, то никоҳро ботил намоянд. Аз ҷумла ин бемориҳо метавон аз гунг будан, шал будан, кал будан, шабкўр будан, ва мисли инҳо ном бурда аст».
Чанд нукта.
1. Зане, ки ба сабаби маҷбуб ва ё анин (ҳиз) будани шавҳараш, талаби бекор сохтани никоҳашро намуд, никоҳаш ботил мегардад, агар бо шавҳараш хилват намуда бошад, ҳақбари комили маҳри худ мегардад;
2. Бар чунин зане идда лозим мегардад, агарчи шавҳараш бо вай ҳамхобагӣ накарда бошад ва то ба поён расидани иддааш наметавонад бо шахси дигаре издивоҷ намояд;
3. Агар марде бо зане ақди никоҳ баст, ки маъюб буда ва ба сабаби он айб никоҳаш бо он зан ботил гардид, агар бо зан ҳамбистарӣ намуда, ё хилват карда бошад, тавре ки пештар ёдовар шудем, зан ҳақбари комили маҳри худ мегардад. Вале дар ин сурат шавҳар метавонад маҳреро, ки барои зан додааст, аз валии амри зан, ки ўро фиреб додааст, гардонида бигирад;
4. Агар мард ва ё зан, бо вуҷуди бохабарӣ аз айб дар ҷониби муқобил, мувофиқат ба издивоҷ бо вай намуда бошад, баъд аз бастани ақди никоҳҳаққи талаби бекор сохтани никоҳро надорад;
5. Агар зане бе огоҳии пешакӣ бо шахси ҳез издивоҷ намуд, барои зан ҳақ дода мешавад, ки аз қозӣ бихоҳад то никоҳашро бо он шахс бекор созад. Вале дар ин сурат барои шахси ҳез як соли комил вақт дода мешавад, то фаслҳои чаҳоргонаи сол бар вай бигзарад, то шояд тағйири фасл бар вай таъсир намуда ва қудрат бар ҳамхобагӣҳосил намояд. Агар баъд аз гузаштани як сол чунин қудрате барояш пайдо нашуд, қозӣҳукми ҷудоӣ байни зан ва шавҳарро содир намояд;
6. Агар зан ба сабаби маҷбуб(ҳиз) будани мард, талаби бекор намудани никоҳро намояд, дар сурати исбот, бе маътале қозӣҳукми ботилии никоҳро содир менамояд;
7. Агар мард ва ё зан ҳангоми ақди никоҳ солим буданд, вале баъд аз он яке аз онҳо ба беморие, ки сабаби ботил намудани никоҳ аст, гирифтор мегардад, тарафи дигар ҳаққи талаби ботил намудани никоҳро надорад, магар он, ки он беморӣ гузаранда буда ва дар сурати бекор накардани никоҳ, сабаби ҳалокат ва ё зарари куллӣ барои тарафи дигар гардад;
8. Лакнати забон (тутилагӣ), кўрӣ аз як чашм, ланг будан, шал будан аз як даст, кам будани мўйи сар сабаби ихтиёри ботил намудани никоҳ намегардад;
9. Ҳар айб ва беморие, ки дар шавҳар вуҷуддошта ва ба сабаби он барои зан ихтиёри ботил намудани никоҳро медиҳанд, вуҷуди ҳамон айб ва беморӣ дар зан, барои мард низ ҳақ медиҳад то никоҳро ботил намояд.
Мавзуи талоқ идома дорад онро дунбол намоед