Саҷда куну ба Худо наздик шав!
Мо мусалмонон имрӯзҳо намоз мегузорем дар як шабонарӯз панҷ маротиба,инчунин намозҳои нофила ва шабзиндадориҳо.Мақсад аз намоз хонданҳоямон ин ибодати Аллоҳ ва бандагиро ба ҷой овардан аст.Ҳангоме, ки ин ояти 19 Сураи муборакаи Алақ “Васҷуд вақтариб” Саҷда куну ба Худо наздик шав-ро хондам ба ин ҳама ончи менависам маро водор намуд,то онҳамаро агар чӣ бозҳам тӯлонӣ мешавад, вале ногузир мусалмоне саҷда мекунад Аллоҳро инҳамаро бояд донад. Инчунин онҳоеки масҷидҳоро мебанданд ва мардумро аз саҷда кардан дар хонаҳои Аллоҳ боз медоранд онҳоҳам бояд хонанд.Донанд,ки рӯзи қиёмат бо ки маҳшур мегарданд.Фардо нагӯянд мо намедонистем ва огоҳӣ надоштем!
Албатта ин ҷузъе аз оят аст “Васҷуд” (Саҷда кун) феъли амр аст,фоъилаш мустатар ва ҷумлаи маътуфа бар моқаблаш мебошад. “Вақтариб”(наздик шав) маътуф бар “Усҷуд” (саҷда кун ) мебошад.
Ин хитоб аст бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва умматаш ва онҳоеки имон моваранду, то рӯзи қиёмат шомили ин дин мегарданд.Инки саҷда кунанд Аллоҳро ва фурутан бошанд назди Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло.Ба ҷо овардани ибодат ва хозиъ ва хошиъ будан болотарин марҳалааш,наздик шудан ба Аллоҳ ва ба даст овардани ризояти Аллоҳи зулҷалол ин саҷда мебошад.
Қабл аз инки ба идомаи мавзуъ бипардозам мехоҳам ба ояти 9 ва 10 ин сура дақиқан 10 оят қаблро кӯтоҳ тарҷума ва каме шарҳ медиҳам сипас бар мегардам ба асли матлаб. “Араъайталлази Янҳо. Абдан изо салло”
Тарҷума:
Оё надидед таъаҷҷуб ва туғёну саркашии марде,ки ӯ боз медошт он бандаеро (яъне Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васалламро)аз гузоштани намоз.Инҷо мурод Абуҷаҳли лаъин аст ,ки Аллоҳ ӯро манъ кунанда ва боз доранда аз намоз гуфтааст.Хуб дигар барои ҳамаи мо маълум аст,ки чӣ озору азиятҳо додаанд Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ро дар макка.Ҳама он озору азият барои чӣ? То саҷда накунад Аллоҳи ягонаро ва аз саҷда дар муқобили Аллоҳ бозаш доранд. Манъ намоянд он ҳазрат (с) ва пайравонашро ва ба дини бут парастии хеш боз гардонанд.Чунонеки ҳоло мехоҳанд пайравони Маздак ва Зардушт мусалмононро аз ислом ба дини маҷусият ва оташпарастӣ баргардонанд.
Хонандаи гиромӣ таваққуфам дар боло маҳз барои оятҳои 9 ва 10 ин сура буд. То бигӯям он ҷиҳатҳо,вазоратҳо, шахсони алоҳидаеки ҳоло, мардумро аз намоз хондан ва саҷда кардан дар баробариАллоҳ боз медоранд.Масҷидҳои мусалмононро мебанданд,барои намоз гузорон қоида ва қонунҳои вазъи дуруст мекунанд.Таҳдидашон мекунанд,то ба масҷид нараванд.Ҷавонони ин миллату умматро аз масҷид ва намоз бо ҳар роҳу васила манъ менамоянд.Бидуни ҳеҷ шакку шубҳа онҳо пайравони Абуҷаҳл буда ва бо ӯ маҳшур мегарданд.Инчунин кӯмак кунандагонашонҳам бо онҳо якҷо ва дар гуноҳ шариканд.Намехоҳам дигар шарҳу тафсир намоям олимонеки ин вазъро дида хомӯш мебошанд бидуни шак шомили ҳоли онҳоҳам мегардад.Хоҳанд агар итминони комил пайдо намоянд ҳатман ба тафсири ин сура диққат бидиҳанд,то аз ҳоли вахими худ огоҳ гарданд.
Имом Қуртубӣ (раҳ) дар тафсири ин оят чунин гуфтааст: : (وَاسْجُدْ)Яъне намоз бигузор ба сӯйи Аллоҳат.
(وَاقْتَرِبْ) Яъне назик шав ба Парвардигорат ба тоат ва ибодат.
Мақсад аз саҷда кардан наздик шудан ба Аллоҳ бо дуъо дар саҷда аст.(м.20\саҳ128)
Ҳангомеки таҳқиқ менамои дар ояҳои Қуръониеки дар онҳо саҷда омада аст.Инчунин дар аҳодиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам),ки зикри ин ибодат яъне саҷда ёд шудааст.Ба шакли возеҳ ва ошкор дар меёбед,ки саҷдаро сирҳо ва фоидаҳои бузургест.Аз ин сабаб бояд мусалмон ҳангоми саҷда ин фурсат ва ибодати бузургро бе фоида нагузаронад.Дар ҳама ибодатҳоеки мусалмон анҷом медиҳад ҳеҷ якеро бидуни истисно, дараҷа ва ҳолати Раббоние мисли саҷда нест.Мағз ва ҳама ончи дар намоз банда мехонаду меистад нуқтаи муҳимми он саҷда аст.
Мисол: Инсон издивоҷ мекунад, то натиҷае аз он бадаст орад.Хона месозад, харҷ мекунад, кору заҳмат мекунад, бе хоби ва гоҳо мушаққатҳоеро мутаҳаммил мегардад,то самараи он,ки фарзанд аст аз ин издивоҷ ҳосил гардад.Албатта бидуни фарзандҳам инсон лаззат мебарад аз ин издивоҷ вале маҳак ва меҳвари асоси ин фарзанд аст.
Пас ибодатҳо гуногун мебошанд.
– Намоз мақсуд аз он наздик шудан ба Аллоҳ аст,ки бидуни саҷда таҳаққуқ намеёбад.
-Рӯза гуруснагӣ, ташнагӣ. дурӣ аз шаҳват ва лаззат мақсуд дар намудани худ аз оташи ҷаҳаннам аст.
-Зикр ва дуъо ибодат аст мақсуд хушнадии Аллоҳ ва сипосгузори аз Холиқи Субҳон аст.
-Закот додан ибодат аст дар зоти худаш мақсуд пок намудани молу сарвате мусалмон дорад.Инчунин даровардани хурсандӣ бар бечорагону камбағалон аст,ки хело фавоиди дунявӣ ва ухравӣ дар пай дорад.
-Ҳаҷ дар моҳи муъаян дар макони муъаян машоъири муъаян Маккаи мукаррама анҷом меёбад.Мақсад аз ин ҳама мушаққат сарфи маблағ ва тазҳияи нафс анҷоми як рукн ва агар он қабули даргоҳи Ҳақ таъоло гардад подошаш пок шудан аз гуноҳон ва расидан ба ҷаннат аст.
-Ахлоқи накӯ,гуфтани сухани нек,мулоқоти бародари мусалмонат бо чеҳараи кушода дар зоти худашон ибодатанд.Зеро бо инҳама ҷомеъаи бе хушунат ва зиндагонии осӯдае барои худ ва атрофиён фароҳам овардан аст.
Дар суннати поки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди саҷда хело аҳодиси тарғибии зиёде ворид гаштааст.
عن أَبِى هُرَيْرَةَ رضي الله عنه أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- قَالَ ( أَقْرَبُ مَا يَكُونُ الْعَبْدُ مِنْ رَبِّهِ وَهُوَ سَاجِدٌ فَأَكْثِرُوا الدُّعَاءَ صحيح مسلم برقم/1111 )
Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Наздиктарин ҳолате,ки банда ба Паравардигораш мебошад он саҷда аст,пас (дар саҷдаҳоятон) дуъои зиёд намоед” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим таҳти рақами 1111)
Бидуни ҳеҷ шакке ҳолати саҷдаеки мо мусалмонон дар ибодат дорем. Ин гузоштани пешони ва бини дар замин,ин нишонагари фурӯтани буда.Таслим шудан бо тамоми вуҷуд ба ҳама амрҳои Ӯ таъолоро далолат менамояд.Ин волотарин шевоест аз намуди зоҳирии ибодати Холиқамон.Назди Аллоҳ хело мақбул ва писандида аст,аз инҷост,ки наздиктарин ҳолати банда дар ибодат, ин саҷда аст.
Саҷда сабаби кушода шудани дил ва дӯр шудани ғамҳост
Саҷда яке аз муҳимтарин роҳ ва равишест,инсон бо он аз худ ғаму андӯҳ ва мушкилоту мусибатҳоро дӯр менамяд.Инчунин шахсе дилаш танг гашта бошад бо саҷда чунин ҳолатро муъолиҷа намоед.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам)-ро бо хитоби сареҳу ошкораш.Ҳангомеки мушрикони макка ӯро дуруғгӯй, соҳер, девона ва озору азияташ доданд.Ояҳои Қуръонро масхара ва он ҳазратро истеҳзо намуданд.Дар ояҳои 97 то 99 Сураи муборакаи Ҳиҷр чунин роҳнамудаш намуда аст.
{ وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدْرُكَ بِمَا يَقُولُونَ * فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ * وَاعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّى يَأْتِيَكَ الْيَقِينُ } الحجر/97-99
“Ба таҳқиқ медонем,ки ту аз гуфторашон(ончӣ дар боло баён доштам) дилтанг мешавӣ.Ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ кун ва аз саҷда кунандагон бош!.Ва Парвардигоратро ибодат кун,то лаҳзаи маргат фаро расад!.(Сураи Ҳиҷр,ояҳои 97,99)
Бале хонандаи гиромӣ ин фармудаи Аллоҳ аст.Мо бандагони Ӯем ва дилҳои моро чӣ чизе фаро мегирад ва дар онҳо чӣ мегузарад аз онҳо огоҳ аст. Барои шифои он дилҳо ба мо тавсия намӯда аст, то дар ин ҳолатҳо саҷдаи содиқона намоем, то шифо ёбем. Мумкин шахсе гӯяд ман солимам ва аз чизе шикоят надорам? Бале мумкин аст шумо ҷисман солим вале рӯҳ ва равонатон солим нест.Солимии он вобастагии қавӣ ба саҷда дорад.Барои солим будани рӯҳу равонатон аз ин шево яъне саҷдаи содиқона истифода намоед ва натиҷаашро бубинед!.
Ҳар хонае,кулбае,сарое бе гӯша ё кунҷе намешавад.Ҳатман зовияе доред,ки дар он намоз гузоред ва Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолоро саҷда намоед.Хоссатан дар се яки охири шаб ё посе аз шаб саратро ба саҷда бигузор ва ончи мехоҳи аз Аллоҳ бихоҳ.Ончи дохилатро пур намудааст чӣ аз ғам, андӯҳ, мусибат, зулм,шиканҷа,беморӣ ва ҳазорҳо нобасомониҳои дигаре,ки домангири ту ва ҷомеъа аст.Вақте саратро гузошти пас аз “Субҳона Рабиял Аъло” гуфтани чанд, шурӯ кун ба хоҳиш ва таманно ва хайри дунё ва охиратат.Ончунон аз Ӯ Таъоло бихоҳ ва талаб кун ва дар пурсидан ҳеҷ таваққуфе накун,то дилат холӣ гардад.Иҷобати он ҳатман назди Ӯ таъолост.Агар содиқона дуъо карда боши дар пазириши он ҳеҷ шакке нест.
Саҷда сабаби духули ҷаннат аст.
Саҷда яке аз роҳҳоест саҷда кунандагонашро вориди ҷаннат менамояд.
( عَلَيْكَ بِكَثْرَةِ السُّجُودِ لِلَّهِ فَإِنَّكَ لاَ تَسْجُدُ لِلَّهِ سَجْدَةً إِلاَّ رَفَعَكَ اللَّهُ بِهَا دَرَجَةً وَحَطَّ عَنْكَ بِهَا خَطِيئَةً ) . قَالَ مَعْدَانُ ثُمَّ لَقِيتُ أَبَا الدَّرْدَاءِ فَسَأَلْتُهُ فَقَالَ لِى مِثْلَ مَا قَالَ لِى ثَوْبَانُ. صحيح مسلم برقم/1121
РасулиАкрам (салалоҳу алайҳи васалам ) мефармоянд: Туро мебояд барои Аллоҳ саҷдаи зиёд намойи.Ту саҷда наменамои Аллоҳро як саҷдае, магар инки Аллоҳ боло мебардорад бо он саҷда як дараҷа ва пок менамояд бо он(саҷда) як хатои туро” Маъдон мегӯяд пас аз он ман мулоқот намудам бо Абудардоъ(раз)ва аз ӯ пурсидам.Гуфтанд ончунонеки Савбон ба ман гуфта буд.Ҳадиси боло ривояти Савбон (раз) аст.
(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим зери рақами 1121)
Чигуна саҷда сабаби духули ҷаннат набошад,дар ҳоле,ки дар саҷда номи Аллоҳ ва ҳолати фурӯтании банда дар назди Холиқаш таҷассум ёфта аст.Бузургтарин сурат ва ҳолати банда ин дар ҳолати саҷда буданаш мебошад.Ҳадаф аз офариниши мо махлуқот аз инсон ва ҷин ин ибодат ва сари таъзим ва сар ба саҷда бурдан ба назди Аллоҳи зулҷалол аст.
Саҷда сабаби ҳамроҳии Муҳаммад (с) аст.
عن رَبِيعَة بْن كَعْبٍ الْأَسْلَمِيُّ رضي الله عنه قَالَ : ” كُنْتُ أَبِيتُ مَعَ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، فَأَتَيْتُهُ بِوَضُوئِهِ وَحَاجَتِهِ ، فَقَالَ لِي : سَلْ ، فَقُلْتُ : أَسْأَلُكَ مُرَافَقَتَكَ فِي الْجَنَّةِ ، قَالَ : أَوْ غَيْرَ ذَلِكَ ، قُلْتُ : هُوَ ذَاكَ ، قَالَ : ( فَأَعِنِّي عَلَى نَفْسِكَ بِكَثْرَةِ السُّجُودِ ) صحيح مسلم برقم/489
Аз Рабиъа ибни Каъби Асламӣ (раз) ривоят аст.Будам ҳамроҳи Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) шабро гузаронидам.Омадам ба назадаш бо оби вузӯ ва ҳоҷате,ки доштанд.Ҳазарт фармӯданд ба ман: Бипурс?
Гуфтам: Мепурсам аз шумо инки дар ҷаннат бо шумо ҳамроҳ бошам.
Гуфтанд: Бар худат саҷдаи зиёдро раво дор.Ё кумак кун нафсатро бо саҷдаи зиёд(инсон бо саҷда ва ибодат худашро кумак мекунад то вориди ҷаҳаннам нагардад ин кумаки инсон бар худаш мебошад)
(Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим таҳти рақами 489)
قال الإمام النووي رحمه الله : “فيه الحث على كثرة السجود والترغيب به ، والمراد به السجود في الصلاة” .
Имом Нававӣ (раҳ) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: “Ин ҳадис далолат бар саҷдаи зиёд намуда ва ба он тарғибу ташфиқ менамояд.Мурод аз он саҷда дар намоз аст.”
Пас ҳаргиз саҷдаҳоямонро набояд кутоҳ ва танҳо ба калимоти муъаяне мегӯем сарҳоямонро набардорем.Балке ҳарчи мехоҳем дар саҷдаҳоямон аз хайри дунё ва охират бихоҳем.
Чунонеки аз ҳадиси боло маълум аст сабаби ҳамроҳи бо Расули акрам (с) дар ҷаннат ин саҷдаи зиёд аст.Пас худро маҳрум насозем аз ин неъмат ва сарафрозии бузург.Маълум аст он ҳазрат (с) дар кадом дараҷаҳои волои ҷаннат қарор доранд ё қарор хоҳанд гирифт.
Саҷда намудан дар пешгоҳи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъолоро хайри зиёди дунявӣ ва ухравӣ нуҳуфта аст.Пас мусалмони оқил ва тезҳӯш набояд ин фурсати тиллогинро аз даст бидиҳад.Бояд ин ибодати волоро самаранок истифода намяд, барои илоҷи онҳама мусибатҳо ва ибтило ва имтиҳонҳоеки дар дунё қарор мегирем.Инчунин он мусибати вазмине,ки дар қабру сарои охират дар ҷамъи он ҳама халқ қарор гирифтанамон.Он ҳисобу он саволҳое,ки бароямон Холиқамон омода намудааст.Пас илоҷи ин ҳамаро дар як василаи хело саҳлу осон ва нишонрасе ҷуем ва онҳам саҷда дар пешгоҳи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло.