Даҳ чизро дар даҳ чизи дигар пайдо намудем

Ислоҳ нет

Даҳ чизро дар даҳ чизи дигар пайдо намудем
Аз гузаштагони солеҳи уммати ислом дар осор чунин омадааст: даҳ чизро дар даҳ чиз меҷӯстем,аммо дар чизҳои дигар онро пайдо намудем.
1.Фикр мекардем мартабаибаланд ё шукӯҳу иззат дар такаббур аст, аммо онро дар тавозуъ ва фурӯтанӣ пайдо намудем.
2.Ибодатро дар намоз меҷӯстем, аммо онро дар парҳезкорӣ ва дӯрӣ аз гуноҳонпайдо намудем.
3.Роҳату рифоҳиятро дар ҳарис будану ҷустуҷӯ намудани чизе ҷӯё мешудем, аммо онро дар парҳезкорӣ ва дӯрӣ аз манъшудаҳои Илоҳӣпайдо намудем.
4. Нӯри қалбҳоямонро дар намозҳои рӯзона бо садои баланд, (яъне дар масоҷид бо анбӯҳи намозгузорн ва бо қиръоати Қуръон бо садои баланд) меҷустем, аммо онро дар намозҳои шаб, (таҳаҷҷуд,қиёми лайл-шабзиндадорӣ) бо худ дар хилват пайдо намудем.
5. Нӯри қиёматро дар саховатмандӣ ва караму ато ҷӯё мешудем, аммо онро дар ташнагӣ, дар ҳолати рӯзадорӣпайдо намудем.
6.Дар рӯзи Қиёматгузаштан аз пули Сиротродар қурбонӣ карданмеҷустем, аммо онро дар садақа додан бар фақирону ниёзмандон ба таври умумпайдо намудем.
7.Наҷот аз оташи Дӯзахро дар ончи Худованд истифодаи онро бароямон ҳалол намудаастҷӯё мешудем, аммо онро дар тарки шаҳватҳо ва ғаризаҳои нафси саркашёфтем.
8. Дӯстдоштани Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро дар дунё бо амалҳои ноқисамонмеҷӯстем, аммо дӯстдории Ӯ таъолоро дар зикр намудани Ӯ аз сидқпайдо намудем.
9.Офият ва зиндагии осударо дар дунё бо ҷамъ намудани мол ҷӯё мешудем, аммо он роҳат ва осӯдагиро дар дӯр будан аз дунё ва (узлат) гӯшанишинӣ ёфтем.
10.Нӯри дилро дар шунидани насиҳат ва қироъати Қуръони кариммеҷӯстем, аммо онро дар андеша ва тафаккури Холиқ ва ин ҷаҳону ибод ва гиря намудан назди он зоти поки беайбпайдо намудем.
Хонандаи гиромӣ! Таваҷҷӯҳ намоед ба ҳар банди ин ҳикматҳои солеҳони гузашта. Онҳоро ғалат нафаҳмед инҷо танҳо барои “шинохти худӣ” суҳбат меравад.Шахсе намозро бо ҷамоъат нахонад ва ӯ ҳамсояи масҷид бошад намозаш дуруст нест ба шарте,ки узре ӯро манъ намояд. Мусалмоне Қуръон нахонад ҳаргиз Қуръон шафоъат кунандаи ӯ нест ва рӯзи Қиёмат бар алайҳи ӯ шикоят мекунад. Сармоя доре пул дошта бошад ва қурбонӣ накунад Расули акрам(с) гӯфтаанд: “Ба масҷиди мо наздик нашавад!”Ин суханон барои тазкияи нафсҳо аст, то инсон ҳаргиз мағрур набошад ончи мекунад худро бартар набинад ва бо тавозуъ бошад.Ҳамеша дар ҳирси ҷамъи моли ин дунё роҳати худро надонад, зеро ин дунё як гузаргоҳ ё ба қавли русӣ(транзитная зона) аст,ки меоему чизеро ба субут нарасонидабо сад орзӯю ҳавас аз он мегузарем. Пас ҳамеша дар ёди охират бошем,ки макони абадият ва бошишгоҳи абадии мо онҷост. Ин дунё ба ҳар минволу аҳвол мегузарад бояд тӯшае барои он рӯз захира намоем. Зеро бидуни тӯша моро хеле сангин ва оқибатҳои вахиме дар интизор аст. Онҷо восита ва касеро касе наҷот дода наметавонад ба љуз он амалҳои неке,ки дар ин дунё анҷом медиҳем ва аз манънамудаҳои Худованд дӯрӣ меҷӯем.
Меравӣ дар хонаи торику пурваҳми лаҳад,
Аз барои тӯшаи он гӯша ин ҷо фурсат аст.
Худоё моро тавфиқи бандагӣ дар дунё ато намо ва ҷаннатҳои волоеро чун Фирдавс барин насиб бигардонад, омин.

Share This Article