Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ ?
Уммулмуъмини Ойшаи Сиддиқа (раз) дирҳам (пул) ро хушбӯйи ё муъаттар мекард ва дар кафи фақир мегузошт.
Гуфт: Медонам ин дар дасти фақир қарор намегирад,балке дар кафи билокайфи Раҳмон қарор мегирад.
Фақир дуъо мекард: Аллоҳ ҷазои хайрат диҳад эй Уммулмуъминин.
Гуфт: “Аллоҳ ба ту ҷазои хайр бидиҳад зеро ту тушаи моро мебардори ба сӯйи охират.”
Яъне садақае ба фақире нодоре медиҳем қабл аз онки ба дасти ӯ расад нахуст дар дастони Аллоҳ қарор мегирад.Аз ин хотир аст,ки ҳангомеки мурдагон шикоят мекунанд,ки чаро моро муҳлат надоди эй Аллоҳ дар дунё каме дигар зиндагони мекардем?.
“Аз он чӣ рӯзиятон додем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»
( Сураи Мунофиқун,ояти 10)
Дар тафсири ин ояти карима муфассирин чунин мегӯянд:
Аз Ибни Абуҳотим аз Абудардоъ (раз) ривоят аст,ки чунин гуфт: Назди Расули акрам (с) аз умри тулони пурсидем ё дар зиёд шудан умр.Расули Акрам (с) фармуданд: “Ҳаргиз Аллоҳ ба таъхир намегузорад ҳеҷ касеро ҳангомеки аҷалаш фаро расад.Балке умри тӯлони ин бошад,ки Аллоҳ бар бандааш зурия насли солеҳеро баҷой гузорад,то барояш дуъо кунанд.Ин дуъои (писару духтаронаш) мерасанд бар он шахси мурда дар қабр”
(Ин ҳадисро Ибни Абиҳотим аз Абудардоъ тахриҷ намудааст)
Пас барои шахсонеки дороие доранд садақа кунанд.Аммо онҳоеки чизе надоранд фарзандони солеҳу солеҳае метавонанд тарбия кунанд,то дар қабр барояшон дуъоҳои онҳо расад.Умед аст дар тарбияи фарзандонамон кутоҳӣ намекунем. Ончунонеки мехоҳед донандаи забонҳои хориҷӣ,мутахасиси хуби соҳаҳои гуногӯн ва ғайра бошанд. Инчунин бояд кушиш кунем мусалмони хубеҳам дар зиндагони бошанд. Зеро ончӣ барои дунёяшон меомӯзанд барои ту ҳамчун падар ва модар ҳеҷ суде дар қабр нест. Аммо мусалмони хубе бошад ҳатман бо истиғфори ӯ,бо ибодати ӯ,бо амали неки ӯ сабаби нӯрони гаштани қабри ту мегардад. Маргамон ҳатман рӯзе фаро мерасад ва қабрҳои худро бо садақа ва тарбияи фарзандони мусалмон аз имрӯз тасмим бояд бигирем!.