Хоҷаи Хизр кист: набӣ ё валӣ? Оё ӯ зинда аст?

Ислоҳ нет

Хоҷаи Хизр кист: набӣ ё валӣ? Оё ӯ зинда аст?

Асалому алайкум ва раҳматуллоҳ устод аз шумо хоҳиш мекунем дар мавриди Хоҷаи Хизр каме маълумот медодед.Инҷо бо мо чанд нафар ҳархел суханон мегӯянд моро дар таъаҷҷуб гузошта аст.Оё инҳама миф дуруст аст магар?

Ва алайкум асаллом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Шахсияти Хизр (а) дар адабиёти хаттӣ ва шифоҳии мардумои тоҷик ва ақвоми осёи, ба вижа қиссаи Хизр ва Искандар хеле машҳур аст. Бисёре аз адабони порсигў достонҳое дар бораи Хизр (а) ба риштаи назм кашидаанд.

Дар адабиёти классики форсу тоҷик таъбироти Хизру Искандар, зулмоту оби ҳаёт ва ғайра аз талмеҳоти маъруф ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла Соиби Табрезӣ фармуда:

Ба ман доданд ҳамчун Хизр умри ҷовидон аммо, 
Гиреҳ шуд риштаи умрам зи бас дар худ печиданҳо.

Ё ин ки Шайх Саъдии Шерозӣгуфтааст:

Эй Хизр ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон, 
Донӣ, ки Искандар ба чӣмеҳнат талабидаст.

Аз шоирони бузурги муъосири адабиёти форсӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба талмеҳи Хизру Искандар низ ишора кардааст:

Бо Искандар Хизр дар зулмот гуфт, 
Марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аст.

Қиссаҳои аҷибу ғарибро воқеан дар бораи Хизр дар китобҳои форсӣ, аз қабили «Қассасу-л-анбиё» бисёр дарёфтан мумкин аст. Дар байни мардуми тоҷик ва форсизабон дар бораи нўшидани оби ҳаёт ва ҷовидона гаштани Хоҷаи Хизр, мадагор ва пушту паноҳи мусалмонон як навъ эътиқоди бофтае низ ҷой дорад. Таъбирҳои «Назари Хизр ба ў афтод», «Хоҷаи Хизр назар кардааст», «Ҳазрати Хизр мададгор», «Назаркардаи Хизр» ва ғайра маълуму машҳуранд. Ин чунин гуфтор аз нигоҳи ақида мушкили ҷидди доранд.Бояд ҳар мусалмони тоҷик аз чунин суханон бипарҳезанд,то худро гунаҳкор нагардонанд.

Пас саволе ба миён меояд, ки Хоҷаи Хизр кист: набӣ аст ё валӣ? Оё то ба ҳол ў зинда аст ва мардони солеҳ ўро дидаанд ва мебинанд? Агар то ҳоло зиндаааст, пас дар куҷо сукунат дорад ва чаро зоҳир намегардад, то мардумон аз илму маърифати эшон баҳраманд гарданд?
Барои дарёфти ҳақиқати ҳол ва равшанӣ андохтан ба ин қазия меравем суроғи китоби «Дидгоҳҳои фиқҳи муъосир»-и фақеҳи маъруфи олами муъосири Ислом, доктор Юсуф Қарзовӣ (ҳафизаҳуллоҳ)ро пешкаши шумо – хонандагони гиромӣ мегардонем:

***

– Хизр (а) ҳамон бандаи солеҳест, ки Худованди мутаъол дар сураи Каҳфи Қуръони маҷид аз ў ёд кардааст. Дар ин сура гуфта мешвад, ки ҳазрати Мўсо (а) бо вай рафиқу ҳамсафар шуд ва аз вай илму дониш омўхт.

Хизр (а) бо Мўсо (а) шарт кард, ки дар мавриди корҳое, ки анҷом медиҳад, сабр пеша кунад. Ҳазрати Мўсо (а) пазируфт. Хоҷаи Хизр (а) ба ў гуфт: «Чӣ гуна метавонӣ бар чизе, ки ба шинохти он иҳота надорӣ, сабр кунӣ? Мўсо (а) бо ин абди солеҳ, ки Худованд ба ў раҳмате ато фармуда ва аз ҷониби худ бад-ў донише омўхта буд, ҳамсафар шуд бо ҳам. Ба роҳ афтоданд, то вақте ки савори киштӣ шуданд, Хизр (а) онро сўрох кард. Мўсо (а) гуфт: «Оё киштиро сўрох кардӣ, то сарнишинонашро ғарқ кунӣ?… То охири ин достон, ки Худованд дар сураи Каҳф овардааст.

Мўсо (а) аз рафтор ва кирдори ў ба шигифт омад, то ин ки аз эшон сабаб ва иллати ин корҳоро ҷўё шуд. Хизр (а) дар поёни баҳсу гуфтугў гуфт : «Ман ин корҳоро худсарона анҷом надодаам. Ин аст таъвил, он чӣ ки натавонистӣ ба он сабр кунӣ, яъне ман ин корҳоро мувофиқи раъи худ анҷом надодаам, балки бино ба дастури Худованди мутаъол анҷом додам». Беҳтараш барои равшан гардидани ин масъала қиссаи мазкурро ба таври комил аз Қуръони маҷид биёварем:

«Ва Мўсо ба шогирди худ гуфт: Ман ҳамчунон хоҳам рафт., то он ҷо ки ду баҳр ба ҳам расидаанд ё муддатҳои дароз биравем. 
Чун он ду нафар он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расида буданд, расиданд, моҳияшонро фаромўш карданд ва моҳӣ роҳи баҳр гирифт ва дар об шуд. 
Чун аз он ҷо гузаштанд, ба (Мўсо) шогирди худ гуфт: «Хўроки чоштамонро биёвар, ки дар сафарамон ранҷи фаровон дидаем». 
Гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он гоҳро, ки дар канори санг макон гирифта будем? Ман моҳиро фаромўш кардам (он ҷо). Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромўш кунам хабар додани қиссаашро (ки чӣгуна) моҳӣ(зинда шуд ) ва ба тариқи таъаҷҷубовар ба баҳр рафт». 
Гуфт: «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Ва ба нишони қадамҳои худ ҷустуҷўкунон бозгаштанд. 
(Дар он ҷо) бандае аз бандагони Моро (яъне Хизр), ки раҳмати хеш ба ў арзонӣдошта будем ва худ ба ў дониш омўзонда будем, биёфтанд. 
Мўсо гуфташ: «Бо ту биёям, то он чи ки ба ту омўзонданд, ба ман ба ҳадди камол ёд бидиҳӣ?»
(Хизр) гуфт: «Туро сабри ҳамроҳӣбо мо нест. Ва чӣ гуна дар баробари чизе, ки ба он огоҳӣ наёфтаӣ, сабр хоҳӣ кард?».
(Мўсо) гуфт: «Агар Худо бихоҳад, маро собир хоҳӣ ёфт, он чуноне, ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣнакунам». 
(Хизр) гуфт: «Агар аз пайи ман меоӣ, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман худ туро огоҳ кунам». 
Пас ба роҳ афтоданд, то ба киштӣ савор шуданд. Киштиро сўрох кард. Гуфт: «Киштиро сўрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре мекунӣ, ки сахт бузург (зишт) аст!».
(Хизр) гуфт: «Нагуфтам, ки туро сабри ҳамроҳӣ бо мо нест?»
(Мўсо) гуфт» «Фаромўш кардам, маро бозхост макун ва ба ин андоза ба ман сахт нагир». 
Ва рафтанд, то ба писаре расиданд, ўро кушт. Мўсо гуфт: «Оё шахси бегуноҳе, бе он ки қатле карда бошад, мекушӣ? Муртакиби кори зишт гардидӣ». 
(Хизр) гуфт: «Нагуфтам, ки ту сабри ҳамроҳӣ бо манро надорӣ?»
Гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣмакун, ки аз ҷониби ман маъзур бошӣ». 
Пас бирафтанд, то ба шаҳре расиданд. Аз мардуми он шаҳр таъоме хостанд. Аз мизбониашон сар битофтанд. Он ҷо деворе диданд, ки наздик буд, фурў резад. Деворро рост карданд. Мўсо гуфт: «Кош дар баробари ин кор музде мехостӣ». 
Гуфт: «Акнун замони ҷудоӣмиёни ману ту аст ва туро аз сирри он корҳое, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам. 
Аммо он киштие, ки аз они бенавоён буд, ки дар баҳр кор мекарданд. Хостам, (киштиашонро) нуқсондор кунам, зеро дар пеши рўяшон подшоҳе буд, ки киштиҳоро ба зўрӣ мегирифт. 
Аммо он писар падару модараш мўъмин буданд. Тарсидем, ки он дуро ба исёну куфр дарандозад.
Хостем то дар ивази ў Парвардигорашон чизе (фарзанде) насибашон созад ба покӣ беҳтар аз ў ва ба меҳрубонӣ наздиктар аз ў. 
Аммо девор аз они ду писари ятим аз мардуми ин шаҳр буд, ки дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марди солеҳ буд. Парвардигори ту мехост он ҳарду ба ҳадди балоғат расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам. Раҳмати Парвардигор буд. Ин аст рози ин сухан, ки гуфтам: «Туро сабри он нест». (Сураи Каҳф, оятҳои 60- 82)

Дар бораи зиндагии Хизр (а) баъзе аз мардум мегўянд: «Эшон пас аз Мўсо (а) то здаврони мо, то замони Хотиму-л-анбиё – ҳазрати Муҳаммад (с) саловотуллоҳи ва салома алайҳим аҷмаъин ҳамчунон мезиста ва акнун низ зинда аст ва то рўзи қиёмат зинда хоҳад буд». Достонҳо, ривоят ва матолибе пиромуни эшон сохта ва пардохта шудааст, аз қабили ин ки бо фалонӣмулоқот карда, фалониро хирқа пўшонида ё ки бо фалонӣ аҳду паймон бастааст… Ва бисёре аз достонҳо ва ривоятҳои сохта ва пардохта шуда, ки далели ваҳёнӣ ва бурҳони шаръӣ надоранд.
Ҳеҷ гуна далеле вуҷуд надорад, бар ин ки Хизр (а) ҳам акнун, чуноне ки баъзе гумон мебаранд, зиндаву ҳозир бошад, баръакс, далелҳое аз Қуръон ва Суннат ва ақлу иҷмоъи муҳаққиқони умматро дар ихтиёр дорем, мабнӣ ёбар ин ки Хизр (а) акнун зинда намебошад. Ман дар ин ҷо бо овардани қисматҳое аз китоби «Ал-минору-л-маниф фил ҳадиси саҳиҳ вал заъиф», таълифи муҳаққиқи маъруфи исломӣ Ибни Қайим (раҳ) иктифо менамоем.

Ў дар асари худ дар завобиту қавоъидеро барои ошноӣ бо аҳодиси ҷаълӣ, ки мавриди пазириши дин нест, баён медорад, аз ҷумла мегўяд:

«Аҳодисе, ки дар бораи Хизр (а) ва ҷовидонагии ў ривоят шудаанд, ҳамагӣ дурўғу сохтагӣ ҳастанд ва дар иртибот бо зинда будани Хизр (а) ҳатто як ҳадиси саҳеҳ дар ихтиёр надорем. Аз ҷумла ҳадисҳое, ки ривоят кардаанд, ки гўё Паёмбари акрам (с) дар масҷид буданд ва аз пушти масҷид суханоне ба гўши эшон расид ва мардум ба дунболи садо рафтанд ва диданд, ки соҳиби садо Хизр (а) аст ва низ ин ҳадис, ки Хизру Илёс ҳамасола бо ҳамдигар мулоқот доранд ва низ ин ҳадис, ки Ҷабраил ва Микоил ва Хизр (а) дар макони Арафот бо якдигар мулоқот мекунанд».

Ҳамчунин ривояти дигаре шоҳиди ҳол аст, ки аз Иброҳими Ҳарбӣ пиромуни кўҳансолии Хизр ва ҳамеша зинда будани вай суол шуд, дар посух гуфт: «Ин матлаб мусалламан аз илқоиёти шайтонист, ки дар миёни мардум шоеъ шудааст».

Аз Имом Бухорӣ(р) роҷеъ ба Хизру Илёс суол шуд, ки оё онҳо зиндаанд? Эшон ҷавоб доданд, ки чӣ гуна зиндаанд, дар ҳоле ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «То сад сол дигар ҳеҷ як аз касоне, ки имрўз зинда ҳастанд, дар рўйи кураи замин боқӣ нахоҳад монд».
Аз пешвоёни дигари Ислом дар бораи ҳаёти Хизр суол шуд, ба ин ояти Қуръони маҷид истидлол намуданд, ки мефармояд:

«Ва пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонӣ(дар дунё) қарор надодем, магар касе зинда монда, ки ту бимонӣ?» 
(Сураи Анбиё, ояти 34).

Аз Шайхулислом Ибни Таймия (р) дар бораи ҷовидонагии Хизр суол карданд, дар ҷавоб гуфт: «Агар Хизр зинда буд, бар ў воҷиб шуд, ки назди Паёмбари Ислом (с) биёяд ва ҳамроҳи эшон ба ҷиҳод биравад ва ба омўзиши динӣ бипардозад, дар ҳоле ки Расули акрам (с) рўзи ҷанги Бадр фармуд:
«Парвардигоро! Агар ин гурўҳ нобуд гардад, дигар касе боқӣнахоҳад монд, ки туро парастиш кунад». 
Он гурўҳи ғозиён сесаду сездаҳ тан буданд, ки номҳои онҳо ва падаронашон ва қабилаҳояшон назди ҳамагон маъруф ва машҳуранд, пас Хизр (а) дар он мавқеъ куҷо буд?

Хулоса, Қуръон ва Суннат ва қавли муҳаққиқони уламои уммат ҷовидон будани Хизрро, чунонки мардум мегўянд, рад мекунанд:
«Ва пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонӣ(дар дунё) қарор надодем, магар касе зинда монад, ки ту бимонӣ?»
(Сураи Анбиё, ояти 34).

Агар Хизр (а) башар бошад, ҷовидон нахоҳад буд, зеро Қуръон ва Суннат ҷовидон мондани инсонро рад мекунанд. Агар Хизр зиндаву ҳозир мебуд, назди Паёмбари Худо меомад, зеро Расули акрам (с) фармудаанд:

«Қасам ба Худо! Агар Мўсо (а) зинда мебуд, дилаш тоб намегирифт, то ин ки пайрави ман гардад. (Аҳмад аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят кардааст, бо ривояти Бухорӣва Муслим).

Ба ин тартиб, агар Хизр (а) паёмбар бошад, аз Мўсо (а) афзал нест, агар валӣ бошад, аз Абубакри Сиддиқ (раз) бартар нест.

Ҳикмати тўлонӣ будани умри Хизр (а), чуноне мардум мепиндоранд, дар дашту биёбон ва кўҳҳо чист ва чӣ нафъе ва фоида аз ин моҷаро барои уммати исломӣ ҳосил мегардад? Қатъан пушти пардаи чунин қазияе ҳеҷ гуна фоидаи шаръӣва ақлӣвуҷуд надорад. Мардум пайваста ба дунболи устураҳо (мифология) ва достонҳои аҷиб ва ғарибанд ва аз ҷониби худ бо хаёлпардозӣ тасвирҳое аз онҳо месозанд ва бар онҳо либоси динӣ мепўшонанд. Инчунин устураҳо ва достонҳои тахайюлӣ аз сўйи содаандешон ва камхирадон тарғибу тарвиҷ меёбанд ва иддае онҳоро ҷузъе аз дин мепиндоранд, дар ҳоле ки ҳеҷ асоси динӣ надоранд! Ҳикоёте, ки дар бораи Хизр ривоят мешаванд, ҳамагӣ ҷаъливу сохтагӣ ҳастанд ва Худованд бар ҳаққонияти онҳо бурҳоне фурў нафиристодааст.

Аммо роҷеъ ба суол дар бораи ин ки оё Хизр набӣ аст ё валӣ? Уламои Исломӣ дар он ихтилоф доранд ва зоҳири амр чунон нишон медиҳад, ки ў паёмбар бошад, чуноне ки аз ояти шарифа дар сураи Каҳф «ва мо фаъалту ъан амрӣ» бар меояд ва ин худ далел аст бар ин ки Хизр (а) он корҳоро худсарона анҷом надода, балки ба дастури Худованд ва аз тариқи ваҳй онҳоро анҷом додаст. Бинобар ин, сухани дурусттар ин аст, ки эшон танҳо валӣ нестанд, балки набӣ ҳам мебошанд.

Дар охир инро меафзоям Хизр (а) на танҳо дар дини ислом маъруф ва машҳур аст.Балке назди яҳуд ва насоро(масеҳи) ҳам махруф аст вале бо номҳои дигар.
валлоҳу аълам биссавоб.

Share This Article