Зулқарнайн кист ва чашмаи лойолуд кадом аст?
Суол: Худованди мутаъол дар васфи Зулқарнайн мефармояд:
«То он гоҳ, ки ба ғурубгоҳи офтоб расид, ба назараш омад, ки офтоб дар чашмаи лойолуд ва сиёҳу торик ғуруб мекунад. Ва наздики он тоифаеро ёфт. Гуфтем: – «Эй Зулқарнайн (ихтиёр бар ту аст) ё азоб мекунӣ ё дар миёнашон (равиши) некўӣпеш мегирӣ» (Сураи Қаҳф, ояти 86).
Мурод аз «чашмаи лойолуд», ки офтоб дар он ғуруб мекунад, чист ва он мардуме, ки Зулқарнайн онҳоро дар канори он чашма ёфт, чӣ касоне буданд?
Зулқарнайн паёмбар буд ё малак ва ё подшоҳи солеҳе?
Ҷавоб:- Достони Зулқарнайн дар сураи Каҳф омадааст. Қиссаи ў ба тафсил чӣгуна мебошад, нуқтаи машриқ ва мағриби масири вай дақиқан куҷо будааст ва ақвоме, ки Зулқарнайн назди онҳо рафтааст, чӣкасоне будаанд?
Қуръони маҷид дар ин бора чизе баён накардааст, ҳамон тавре ки бештар дар сураи Каҳф омада, бидуни зикри номҳо ва тафсилоти достонҳост ва он танҳо бино ба ҳикматест, ки Худованди мутаъол ба он огоҳӣ дорад.
Манзур аз достонҳои қуръонӣ, хоҳ дар сураи Каҳф ва ё дар ғайри он, дастёбӣ ба таърих ва рўйдодҳои таърихӣ нест, балки мақсуд ибрату панд гирифтан аст, чунон ки Худованди бузург ва тавоно мефармояд:
«Ба ростӣ, дар саргузашти онҳо барои хирадмандон ибрате аст»
(Сураи Юсуф, ояти 111)
Достони Зулқарнайн дар ин ҷо низ барои панду андарз гирифта оварда шудааст. Ў подшоҳи солеҳ ва одил буд, ки Худованди мутаъол ба ў дар замин қудрат ва ҷоҳу ҷалол бахшид ва ҳар гуна асбобу василаро ба вай дод, бо вуҷуди подшоҳӣ ва салтанат ўро ба туғён ва саркашӣ накашонид. Машриқу Мағриби дунёро фатҳ кард ва бо вуҷуди он ки мардуму кишварҳо ва бандагони Худо дар пешгоҳи ў сари таъзим ва таслим фуруд меоварданд, аз адолату ростӣ ва дурусткорӣ даст набардошт, балки ҳамеша мутеъ ва иҷрокунандаи умуру дастурҳои Парвардигори баландмартаба ва бузург буд. Ҳамон тавре ки Худованди мутаъол дар мавриди чунин касоне мефармояд:
«Аммо ҳар кӣ ситам варзад, азобаш хоҳем кард, сипас ба сўйи Парвардигораш боз гардонида мешавад, он гоҳ ўро азоби сахт хоҳад кард»
(Сураи Каҳф, оятҳои 78-88)
Ва аммо ҳар кӣ имон оварад ва кори шоиста кунад, подоши ҳар чӣ некўтар хоҳад дошт. Вале гурўҳе, ки Зулқарнайн бо онҳо бархўрд кард, чӣ касоне буданд? Қуръони карим ҳеҷ маълумоте дар ихтиёри мо нагузоштааст ва агар шиносоии онҳо фоидаи динӣ ё дунёӣ дарбар медошт, Худованд дар каломи қудсии хеш моро нисбат аз онҳо хабардор мекард. Ва аммо офтоб дар кадом нуқтаи дунё буд, ки ғуруб кард? Қуръони маҷид дар ин бора ҳам моро огоҳ нанамуда, фақат инро медонем, ки Зулқарнайн ба самти Мағрибзамин ҳаракат ва азимат карда буд, то ба дуртарин нуқтаи ғарби олам расид. Дар он ҷо офтобро чунон дид, ки гўё дар чашмаи лойолуд ва торику сиёҳ ғуруб мекунад.
«Ҳамо» дар ибораи «ъайну ҳамиатин», яъне «чашмаи лойолуд» ба маънои «гили тағйирёфта» аст, яъне офтобро чунон медид, ки гўё дар чашмаи лойолуду сиёҳу торик меафтад… Агар ҳар як аз мо ҳангоми ғуруби офтоб канори баҳр биистем, хуршедро ба сурате мебинем, ки гўё дар даруни баҳр меафтад ё дар он менишинад. Дар ҳоле ки дар ҳақиқат, ин тавр нест. Офтоби оламтоб аз назди қавме тулўъ ва дар назди қавми дигаре ғуруб мекунад (ояти «Раббул машриқайни вал мағрибайни» дар ҳамин росто мебошад).
Бинобар ин, манзур аз ояти «Ваҷадаҳо тағрубу фи айни ҳамиатин» (яъне «ба назараш омад, ки (офтоб) дар чашмаи лойолуд ва сиёҳ ғуруб мекунад»), ин аст, ки ба чашми бинанда офтоб чунон менамояд, ки дар чашмаи лойолуд менишинад. Шояд Зулқарнайн ба маконе расида бошад, ки маҳали бархўрди дарё бо баҳр ҳангоми тўфонӣ будааст, ҳамчун замони тўғёни рўди Нил, ки оби он лойолуд мешавад, дар ин сурат агар офтоб ғуруб кунад, чунон менамояд, ки офтоб дар чашма ё кўли гилолуд меафтад. Қуръони карим ба таври мушаххас ин матлабро баён намудааст, танҳо мақсуд ин аст, ки Зулқарнайн ҳамон тавре, ки дар дуртарин нуқтаи Машриқ рафта, ба дуртарин нуқтаи Мағриб низ рафт ва бо қавми ваҳшии яъҷуҷу маъҷуҷ бархўрд кард, бо вуҷуди ин, ҳамеша ба адолат ва эътиқод ба Парвардигори худ ва ба иқрор ва эътироф нисбат ба муҳаббатҳои илоҳӣ тамоми корҳои худ пойбанд буд, вай бо оҳану пўлод ва ғайра садди (девори) азиму бузурге бино кард. Он гаҳ аз забони ў чунин мефармояд:
-«Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ман аст, вале чун ваъдаи Парвардигорам фаро расид, он (садд) –ро дарҳам кўбид ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст»
(Сураи Каҳор, ояти 98).
Мақсуд аз ояти мазкур ва ибрат гирифтан аз ин қисса чунин аст, ки як подшоҳи одилу солеҳ бо вуҷуди қудрат ва шаҳомат, ки рўйи замин дошт, тўғён ва саркашӣ накард ва аз нишондод ва дастуроти Худованди мутаъол сарпечӣ нанамуд. На дар Қуръони карим ва на дар ҳадиси набавӣ ҷузъиёти ин достон аз ҷиҳати замон, макон ва ақвом барои мо баён нашудааст ва аз тафсили онҳо фоидаи матлубе ҳосил намегардад. Агар дар баргирандаи фоидае мебуд, Қуръони карим онро барои мо бозгў мекард. Сазовор аст, ки мо низ аз ҳадду марзи Қуръони карим ва суннат фаротар по наниҳем.
Шахсияти Зулқарнайн:
Зулқарнайн подшоҳи солеҳе буд ва марде буд ба ислом ва Аллоҳи ягона мардумро даъват мекард.Ҳама оламро гашт ва ҳар касе бо ӯ дар ин масала хилоф мекард меҷангид.
Муҷоҳид (раҳ) мегӯяд: Дар замин аз машриқ то мағриб чор подшоҳ гузаштааст.Ду нафарашон муъмин ё муваҳҳид буданд ва ду нафарашон кофир буданд.
Дуеки муъмин буданд:Сулаймон ибни Довуд ва Зулқарнайн (а)
Дуеки кофир буданд: Бахтуннаср ва Намруд ибни Канъон.
Ба ҷуз ин чаҳор нафар кси дигаре ин оламро аз машриқ то мағриб муслат ё ба пурраги нагирифтааст.(Ривояти Табарӣ дар тафсираш 5\ 433)
Хӯб қавлҳои дигареҳам вуҷуд дорад,ки ӯ наби буд,малак буд вале инҳамаро санади саҳеҳе нест.
Танҳо мазмуни як ҳадис аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи всаллам ) омада аст,ки Намедонам ӯ Узайри Набӣ буд ё Қавми Тубаъ буд,инчунин Ҳудуд каффорот”Вале инроҳам яқин намегӯянд (Таърихи кабири Имом Бухорӣ 1\153)
Зулқарнайнро Искандари Мақдунҳам гуфтаанд,ки ин иштибоҳи бузург аст.Искандари Мақдунӣ як подшоҳи ғайри одил ва дар айни замон муваҳҳид набуд.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ(раҳ) мегӯяд: Азрақи ва дигарон Зулқарнайнро дар замони Иброҳими Халил(а) медонанд ва ба дасти ӯ имон овардааст.Маккаро бо Исмоил (а) тавоф кардаанд. Искандари Мақдуниеки хело кишвар кушоиҳо кардааст ва сесад сол қабл аз Исо(а) ҳукумат кардааст.Арасту(Аристатолес) файласуфи маъруфи юнунои вазир ва устодаш будааст.Подшоҳи форс Дороро Искандари Мақдунӣ ба қатл расонида ва мулкашро тасхир намудааст.Муаррихин фосилаи замони миёни ин дуро тақрибан ду ҳазор сол тахмин менамоянд.Зулқарнайн муваҳҳид буд подшоҳи солеҳе буд аммо Искандар ситора парасту бутпараст буд.Инчунин шоеъа ҳаст миёни мардуи,ки Зулқарнайн шох дошта аст. Ин суханон ҳама ботил ва дурӯғанд ба ин суханон аслан бовар накунед, умед аст хуб диққат дода бошед.
Агарчӣ аъам мардуми мо вақте номи Зулқарнйн гирифта шавад дар ҳол ҳама ҷанбаҳои дигарро канор гузошта,нисбати Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ фикр мекунанд.Воқеан нисбати “Чашмаи Лойолуд” шумо савол кардед барои манҳам аҷиб буд.Аммо дар ҷустуҷӯ ин чиз пайдо гардид.Аммо садде дуруст кард дар баробари Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ.ки дар фурсати муносиб дар ин маврид муфассал менависам.