Мехоҳӣ ба ҳар қадами гузоштаат савоби яксола рӯза ва шабзиндадориро дарёбӣ?
عَنْ أَوْسِ بْنِ أَوْسٍ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : ( مَنْ اغْتَسَلَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ وَغَسَّلَ وَبَكَّرَ وَابْتَكَرَ وَدَنَا وَاسْتَمَعَ وَأَنْصَتَ كَانَ لَهُ بِكُلِّ خُطْوَةٍ يَخْطُوهَا أَجْرُ سَنَةٍ صِيَامُهَا وَقِيَامُهَا ) وصححه الشيخ الألباني رحمه الله في صحيح الترمذي .
Аз Авс ибни Авс (раз) ривоят аст, ки Расули акрам (салаллоху алайҳи васаллам) фармуданд: ” Шахсе рӯзи ҷумъа ғусл кунад ва бишуяд (сарашро) ва биштобад ба суйи масҷид ва хутбаро аз аввалаш дарёбад.Ба суханони хатиби чумъа хомӯш нишаста гӯш фаро диҳад.Ба сӯйи масҷид рафтанаш ҳар қадаме гузошта аст. Аҷри як сола Рӯза ва шабзиндадори барояш навишта мешава д” (Хадиси сахех ба ривояти Тирмизӣ ва Албонихам саҳеҳаш гуфта аст)
Шарҳи ҳадис:
Имом Нававӣ (раҳ) мефармояд: Инҷо ( غسل واغتسل)
ба тахфифи ҳарфи син дар аввалаш хаст ва ба ташдид дар иғтасала омада аст. Ду ривояти машҳур аст. Вале қавли роҷеҳ ба тахфифи ҳарфи син аст.
Имом Навави(раҳ) мегӯяд: Агар ба тахфифи ҳарфи син бигирем. Се ваҷҳ дорад.
Якумаш: Ҷимоъ аст чӣ гӯна?
Имом Зуҳрӣ мегӯяд: Ҳамсарашро шуста аст пас аз онки бо ӯ ҳамбистар гашта аст. Яъне пас аз ҳамбистар шудан ғусли ҷанобат карда аст якҷо бо ҳамсараш ё ба танҳои.
Дуввум : Шустани сар ва либосашро.
Севум: Вузӯ мебошад. Вале ончӣ Имом Байқакӣ (рах) дар шарҳи ин вожа мегӯяд: Агар ҳарфи синро бе ташдид бихонем маънояш шустан мешавад яъне сарашро шуста аст. Ин ҳадисро бо ҳадиси ривоят кардаи Абудовуд(раҳ) таъйид карда, ки дар лафзи он ҳадисҳам омада аст: “Шахсе рӯзи ҷумъа сарашро бишуяд ва ғусл намояд” дар ин ривоят чунонеки мебинем лафзи сар омада аст ва шустани он зикр шуда аст. Ин ривоятро дар Байҳақи метавонед пайдо кунед ва тафсиру шарҳ аз Макҳул ва Саъд ибни Абдулазиз аст.
Имом Байхаки(рах) мегуяд: Дар ривояти Абуҳурайра(раз) ва Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) зикри шустани сар омада аст. Зеро дар он замон сарҳояшонро равған мемолидаанд ва ё ҳино мекарданд. Аз ин сабаб пеш аз инки ғусл кунанд аввал сарҳояшонро мешустанд ва пас он ғусл мекарданд. Яъне хама баданашонро пеш аз намози чумъа мешустанд ё обози мекарданд. Агар тибқи ин ҳадиси ривоят гашта бингарем субҳи рӯзи ҷумъа ғусли ҷанобат мекарданд сипас сарҳояшонро равған ва ё ҳино мекарданд қабл аз намоз сарҳояшонро мешӯстанд ва ба сӯйи масҷид мештофтанд.
Нисбати маънои ду вожаи дигари хадис, ки дар матни боло омада аст ва ман мафхуми онро тарчума кардам,инҷо онҳоро тарҷумаи луғавӣ менамоем.
– “وَبَكَّرَ وَابْتَكَرَ”:
Ахли илм дар ин ду вожа чунин Назар доранд:
Ибтакара: Яъне дар соатҳои аввали рӯзи ҷумъа ба суйи масҷид рафтанро гӯянд. Ва инчунин аз аввал дар ёфтани хутбаи намози ҷумъароҳам гӯянд.
Бакара: Садақа кунад қабл аз хориҷ шуданаш ба суйи намози чумъаро низ гуянд. Албатта ин як мафҳум ё маънояш хаст.
Маънои дигараш ин аст, ки ҳарду як маъно доранд фақад такрор шуда аст барои таъкид ва муболаға дар матни ҳадис. Вале ҳеҷ мухолифате миёни ду аз нигоҳи лафзи ва маъни вуҷуд надорад.
Муборакпури(раҳ) мегӯяд: Роҷеҳ дар ин хадис дар маънои – “وَبَكَّرَ وَابْتَكَرَ”:
Аввали ба маънои рафтан ба суйи масҷид дар аввали вақтро мефахмонад.
Дуввуми расидан ё пайвастани худ дар оғози хутбаи имом аст. (Муроъотул Мафотиҳ)
Хуб хонандаи гиромӣ ҳадисро шарх намудам ва муҳимтарин бардоште аз ин хадис чӣ аст?. Рузи ҷумъа ғусл намудан ва худро ба масҷид пиёда расонидан аст. Бо ҳар кадаме ба суйи масҷид меравем, як сола рӯзадорӣ ва ибодати шаб дар номаи аъмоламон навишта мешавад. Масалан масофаи миёни ҷои истиқомати мо то масҷид 1000 қадам бошад, пас 1000 сола рӯза доштан ва шабзиндадори, дар номаи аъмоламон навишта мешавад.
Ин аст раҳмату шафқати бе поёни дини ислом бар пайравонаш. Ин аст фазилати уммати Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) бар сойри умматони дигар. Пас рӯзи ҷумъа кушиш бояд кунем ғусл намоем хушбуй кунем ва дар соатҳои аввали руз пеш аз дигар намоз гузорон худро ба масҷид расонем. Сураи Каҳфро дар масчид то омадани намоз гузорон бихонем. Салавот бар Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам ) бигӯем. Мунтазири боло шудани хатиб ба минбар бошем. Миёни азон ва икомат дуъо кунем барои некуаҳволии худ ва уммати исломиамон. То намози чумъа ба дигар кор машғул набошем ва пас аз адои намози чумъа биравем ба хар кучое ва коре, ки мехохем.Инчунин рӯзи ҷумъа соатест дар он соат ҳарчи бихоҳем он пазируфта мешавад,яъне соати истиҷобати дуъост.Қавли роҷеҳ он соат миёни аср ва шом аст,аз ин соатҳам набояд ғофил бошем.