Қозиҳо ва муллоҳои мафтун гашта ба дунё
Яҳё Ибни Муъози Розӣ як марди фақеҳеро дид,ки рағбати зиёде ба дунё дошт.
Ба ӯ чунин гуфт: Эй соҳиби Илм ва суннат
-қасрҳои шумо ба мисли қайсарҳост.
-хонаҳоятон ба мисли Кисроҳост
-манзилҳои зистатон Қорунвор аст.
-дарвозаҳои хонаҳоятон Толутиҳобарин
-либосҳои танатон Ҷолутиҳобарин.
-Мазҳаби шумо шайтонист.
-сомони кори шумо саркашист.
-вилояти шумо Фиръавнист.
-Қозиҳои шумо дунё парасту мафтуни дунёанд.
-Рафиқони шумо ришватхору фиребгаронанд.
Агар ҳаёти шумо чунин бошад пас маргу хотима ва ниҳояти шумо ҷоҳилият аст.Пас куҷо шуданд соҳибони илми Муҳаммадӣ?
Боз мефрмояд: Эй фарзанди одам… !
Бар ончизеки аз даст додаи таъассуф нахур.
Зеро ончи аз даст додаи дубора бар намегардад.
Хушҳол набош бар ончизеки дар ихтиёрат дорӣ
Зеро марг намегузорад онро,ки дар ихтиёрат бошад.!