Дайюс киро мегӯянд ?
Оё беҳиҷобии занону духтарон мардонро дайюс мекунад?
Ба номи Худованди хуршеду моҳ,
Ки дилро хирад ба роҳаш дод роҳ.
Худованди ҳастиву ҳам ростӣ,
Нахоҳад зи ту кажживу костӣ.
Сари мизи корӣ нишаста, хостам дар мавриди аҳком ва фазоили яке аз мавзуъҳои муҳими дин сатре чанд нависам, аммо хабари дар Озодӣ нашршуда таваҷҷўҳамро ҷалб намуд, зиёд хостам чизе нагўям ва хомўширо ихтиёр созам, аммо боз ҳам имону виҷдон ва ғайратам нагузошт хомӯш бошам. “Муллои намунавӣ писари сарбоз ва духтари донишҷӯ дошта бошад”.
Чунин номгузорӣ ё худ гузоштани сарлавҳа як чизи маъмулӣ ва муқаррарист, ки на танҳо як мулло, балки ҳар фарди огоҳи миллат бояд фарзанди худро (хоҳ писар бошад хоҳ духтар) омӯзонад ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тарбият намояд. Аммо зери ин сарлавҳа як мақсади шум ва вақоҳат ҷой дорад, ки дилхоҳ шахси мусалмон ва боимон онро дарк мекунад.
Пас аз он ки дар кишвар қонунҳои зидди дин қабул гардиданд, ҳама озодиҳои мусалмонони кишварро зери чолиш кашиданд ва ҳуқуқҳои ибодиашон комилан поймол гардиданд. Намехоҳам аз онҳо ном барам, зеро ҳамагӣ огоҳем. Танҳо он чи марбут ба таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар аст, ки дар он уламои дохили кишвар ҳам шомиланд, ҳаминро гуфтаниям, ки баъд аз баргардонидани ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд баъзеро бо тўҳматҳои воҳӣ ва дурӯғ равонаи зиндон карданд ва онҳое, ки тавонистанд бо ҳар роҳ дубора кишварро тарк карданд. Баъзе ба Русия баъзе дигар ба ҳар сарзамине, ки он ҷо барояш имкони озодона ё ҳадди ақал каме шароити зиндагӣ кардан буд, фирор кард. Барои олимони дине, ки дар кишвар боқӣ монданд фаъолияти тадрисро маҳдуд карданд. Ҳар шахсе бе муҷаввизи кумитаи дин дар хонааш ё ҳар куҷое аз ислом ва қавонин он дарс мегуфт ҷаримаҳои пулии калоне муқаррар мешуд ва онҳое, ки саркашӣ мекарданд ва аз тадрис даст намекашиданд аз ҳафт то дувоздаҳ сол равонаи зиндон мешуданд. Муҳим қариб, ки дар дохили кишвар душвортарин репресия мегузашт ва ба шакли куллӣ омӯзиши улуми исломиро мутаваққиф гузоштанд. Хулас коре карданд, ки Ҳукумати Шўравӣ дар ҳафтод соли ҳукуматаш онро анҷом надода буд, мутаассифона шумо “ФАРЗАНДОНИ УГАЙ”-и ин миллат онро анҷом додед.
Чун диданд ҳеҷ эътирозе аз шаҳрвандони мусалмони кишвар нест ва касе эътироз кунад сарнавишти талхе ӯро интизор буд ва то ҳол ҳаст, масоҷиду мадориси диниро баст, ҳиҷобро мамнуъ эълон карду ҳиҷобдоронро бесаводу қафомонда ва аз зиндагӣ ноогоҳ гуфт, ришҳоро тарошид, ҷавононро то сини ҳаждаҳ аз масҷид рафтан манъ кард, занҳоро аз намози ҷамоъат маҳрум сохт, хондани намозҳоро дар вақти корӣ барои кормандони мусалмоне, ки дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, манъ кард.
Акнун фаротар по ниҳоданд, зеро ҳеҷ мусалмон аз муқаддасоти диниаш ҳимоя накард ва онҳое, ки каму беш садо баланд мекарданд ё дар зиндонанд ё дар хориҷ ва ё дар ҷустуҷўи ҷиноӣ ҳамчун терорист қарор доранд.
Ҳамакнун дар ин марҳала бояд занону духтарони уламои динро, ки онҳо намояндагон ва ҳомиёни ин динанд беҳиҷоб кард, то забон банданд, вақте ҳиҷоб гуфтанд бо мисоли равшан, беҳиҷобии духтарону занони худи онҳо посух гўянд мисли инки (духтаратро намебинӣ беҳиҷоб ба Донишгоҳу Донишкада меравад. Чаро мехоҳӣ духтарони мардум ҳиҷоб пўшанд? Ту ҳаққи чунин даъватро надорӣ.) Шояд чандин наворҳо низ аз он духтарон омода кунанд ва дар ҳоли саркашӣ онро аз шабакаҳои кишвар ба номи духтари сархатиби фалон масҷид ба намоиш гузоранд. Наход аз 4000 ҳазор имомхатиб ва олими кишвар касе ҷуръат накард аз ҷо боло шавад ва бигӯяд: “Ҷаноб! Агар бо риояи ҳиҷоби шаръӣ духтари ман Донишгоҳ хонад ҳеҷ мушкил нест, аммо бе риояи ҳиҷоби шаръӣ ман розӣ шуда наметавонам, зеро ман медонам ҳиҷоб чист ва риоя накардани он чӣ ҳукм дорад”. То ин ҷо шарҳ ва баёни ончӣ аз маркази исломии кишвар ва як коршинос бо номи Саъдӣ Намозов аз имомхатибон ё уламои кишвар буд.
Дайюс киро мегӯянд?
Исломи азиз динест комил ва дарбаргирандаи ҳама ҷонибҳои зиндагии башар. Аз оғози зуҳураш, то рӯзи қиёмат ҳеҷ қонунаш тағийр ва табдил намеёбад. Аз ҷониби Аллоҳи бузургмартаба фурӯд омадааст, муносиб бо ҳар асру замон. Касе ба ин дин чанг зад растагор гашт ва касе аз ӯ дӯрӣ ҷуст гумроҳ ва зиён кард.
Ғайрат: а. غيرت1.рашк, ғаюрӣ, ҳамият. 2. саъю кўшиши бисёр, ҳаракати зиёд, ҷуръат, ҷасорат: ғайрату қобилият, ғайрату ҳиммат, қувват ва амсоли ин.Аммо ҳамеша он аҳодис,алфозу ривоёте дар забони арабӣ ғайрат омадааст маънои рашкро дорад.
Ғайрат ё рашк аз зарофати имонии мард аст ва аломати қуввати имони мард аст. Шахсе ин ғайратро аз даст диҳад (Аллоҳ паноҳ диҳад аз чунин беномусӣ), чунин мардро дайюс мегӯянд. Марде, ки беҳиҷобии зану духтар ва хоҳарашро, муъомилаи ӯро ва хилвати ӯро бо мардони бегона мебинад, вале ғайрат ё рашкаш бедор намешавад, ҷаннат барои чунин мард ҳаром аст.
عن عبد الله بن عمر أن رسول الله صلى الله عليه على آله وسلم قال : ثلاثةٌ قد حَرّمَ اللهُ – تَبَارَكَ وَتَعَالَى – عليهم الجنةَ : مُدْمِنُ الخمر ، والعاقّ ، والدّيّوثُ الذي يُقِرُّ في أَهْلِهِ الخُبْثَ . رواه أحمد والنسائي
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз) ривоят аст, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Аллоҳ ҷаннатро барои се гурӯҳ ҳаром гардонидааст. Шаробнӯши муътод, шахсе, ки оқ шудааст (аз падару модараш) ва дайюсе, ки мувофиқат мекунад ё дар хонадонаш палидиро медонад.”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Аҳмад ва Нисоӣ)
قال علي رضي الله عنه : أما تغارون أن تخرج نساؤكم ؟ فإنه بلغني أن نساءكم يخرجن في الأسواق يزاحمن العلوج . رواه الإمام أحمد
هذا الأثر صححه الشيخ أحمد شاكر في “تخريج المسند” (رقم 1118)
والعُلوج: جمعُ عِلْج، وهو الرجل القوي الضخم
Алӣ (раз) гуфтааст: Оё шумо рашк намекунед дар ҳоле, ки занонатон хориҷ мешаванд? Бароям хабар расидааст, ки занонатон хориҷ мешаванд дар бозорҳо ва бо мардони бузургҷусса ихтилот мекунанд”.
Оё ҳангоме, ки духтарони мусалмони тоҷик ба Донишгоҳ мераванд, хуб то расидан ба Донишгоҳ бо ҳиҷоб ва дар дохили Донишгоҳ ҳиҷобҳояшонро аз сар мегиранд. Магар дар Донишгоҳ ҷавонписарон ва муаллимони мард нестанд? Оё он ҳама ба ин духтар чӣ муносибат доранд? Бо кадом асос бояд ихтилот миёнашон сурат гирад? Оё имомхатибони мўҳтарам фикр кардаед натиҷаи хондани духтаронатон дар Донишгоҳҳо бе риояи ҳиҷоби шаръӣ чӣ мешавад?
Наметавонед аз Ҳукумати кишвар талаб кунед, то духтарони мусалмони тоҷикро дар ҳама Донишгоҳу Донишкадаҳо бо риояи ҳиҷоби исломӣ иҷозаи дарс хонданро диҳанд, то дар оянда хидмати ватану миллати худро дошта бошанд. Чаро мехоҳанд ҳиҷоби духтари мусалмони тоҷикро аз сараш дур кунанд ва шумо хомӯшед? Ва ин хомӯшии шумо аст, ки корро то ин ҷо расонид? Имрӯз духтарони шуморо бе ҳиҷоб мекунанду шуморо дайюс. Пас наранҷед, ки чаро чунин хитоб мекунем.
Ин ҳадисро ҳам бароятон меорам, то масъулиятамро адо карда бошам.
في الصحيحين من حديث الْمُغِيرَةِ بْنِ شُعْبَةَ قَالَ : قَالَ سَعْدُ بْنُ عُبَادَةَ : لَوْ رَأَيْتُ رَجُلاً مَعَ امْرَأَتِي لَضَرَبْتُهُ بِالسّيْفِ غَيْرُ مُصْفِحٍ عَنْهُ ، فَبَلَغَ ذَلِكَ رَسُولَ اللّهِ صلى الله عليه على آله وسلم فَقَالَ : أَتَعْجَبُونَ مِنْ غَيْرَةِ سَعْدٍ ؟ فَوَ الله لأَنَا أَغْيَرُ مِنْهُ ، وَالله أَغْيَرُ مِنّي ، مِنْ أَجْلِ غَيْرَةِ الله حَرّمَ الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ ، وَلاَ شَخْصَ أَغْيَرُ مِنَ الله ، وَلاَ شَخْصَ أَحَبّ إِلَيْهِ الْعُذْرُ مِنَ الله ، مِنْ أَجْلِ ذَلِكَ بَعَثُ الله الْمُرْسَلِينَ مُبَشّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَلاَ شَخْصَ أَحَبّ إِلَيْهِ الْمِدْحَةُ مِنَ الله ، مِنْ أَجْلِ ذَلِكَ وَعَدَ الله الْجَنّةَ .
Дар саҳеҳайн аз ҳадиси Муғйира ибни Шуъба (раз) аз Саъд ибни Убода (раз) ривоят аст, ки чунин гуфтааст: Агар бинам мардеро ҳамроҳи ҳамсарам, ӯро бо шамшерам мезанам ва ҳеҷ гузаште намекунам. Ин сухан ба Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) расид, чунин гуфтанд: Оё шумо тааҷҷуб мекунед аз ғайрат (рашки) Саъд? Савганд ба Аллоҳ ман аз ӯ бо ғайраттарам ва Аллоҳ аз ман боғайраттар аст. Аз барои ғайрати Аллоҳ ҳаром шуд ҳама амалҳои зишту нораво чӣ ошкор ва чӣ пинҳонаш. Ҳеҷ касе боғайраттар аз Аллоҳ нест. Ва ҳеҷ кас дӯстдоштатар нест дар наздаш ва узр аз ҷониби Аллоҳ аст. Аз ин сабаб Аллоҳ паёмбаронро башоратдиҳанда ва тарсонанда фиристод. Инчунин ҳеҷ касе дӯстдоштатар нест дар назди Аллоҳ ва санои накӯ аз ҷониби Аллоҳ аст. Аз ин сабаб ваъда кардааст Аллоҳ ҷаннатро”.
Қозӣ Иёз (раҳ) дар маънои узр аз ҷониби Аллоҳ аст, гуфтааст: Аллоҳ қабул мекунад узрҳои бандагонашро барои онки онҳо оҷизанд ва қабул мекунад тавбаашонро.
Муҳаддисони дигар мегӯянд: Узри бандагон қабул мешавад, вале барояшон паёмбарон фиристод ва аз ҳама хубу бад бандагонашро огоҳ намуд. Имомхатибони гиромӣ!!! Оё ба Аллоҳ ва оятҳои Ў ва паёмбараш истеҳзо мекунед?
Ҳиҷоб фарз аст ва инкоркунандааш аз дин хориҷ мешавад. Ҳифзи номусатон фарз аст агар барои ҳифзи он кушта шавед шаҳид мешавед. Агар аз номуси духтарони миллат ҳимоят карда наметавонед аз номуси духтарони худ ҳимоят кунед. Барои онки дайюс нагардед тарки он мақому вазифа кунед, иззату шарафтонро аз даст надиҳед. Фардои қиёмат “Ло татътазирулявм” бароятон гуфта мешавад.
Ҷомеъае, ки бар асари беҳиҷобӣ дучори фасод ва фаҳшо шудааст, сазовори нузули азобҳои умумӣ аз ҷониби Аллоҳ мегардад. Ҳаргиз фаромӯш накунед хатараш аз заминларзаҳо, обхезиҳо, тўфонҳо, қаҳтиҳо ба маротиб бештар аст.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
إذَا أَرَدْنَا أَن نُّهْلِكَ قَرْيَةً أَمَرْنَا مُتْرَفِيهَا فَفَسَقُوا فِيهَا فَحَقَّ عَلَيْهَا الْقَوْلُ فَدَمَّرْنَاهَا تَدْمِيرًاو
سورة الاسراء 16
Тарҷума: ”Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, дорандаҳои неъматашро биафзоем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро дар ҳам фурӯ кӯбем”.
(Сураи Исро, ояти 16)
Дар охир босароҳат мегӯям ислом ҳаргиз мухолифи таълим ва донишомӯзии духтарон нест ва баръакс барои омӯзиш ва парвариши духтарон таъкид кардааст. Ҳамеша дар чандин мақолаҳоям нисбати омўзиши духтарон таъкид намудаам ва боз ҳам ба он таъкид мекунам. Ҳар ҷомеъае занонаш аз таълим ва тарбияи солим дур монданд он ҷомеъа табоҳ мегардад ва аз байн меравад. Аввалин тарбиятгари мардони бузургу нобиғаи ин миллати ҷаҳоншумул модарони онҳо буданд. Мехостам чандин асомии он занони донишманд ва намунаҳое аз ҳаёташон хидмати шумо азизон тақдим кунам. Аммо дар ин мақола гунҷоиш намеёбад ва тӯлонӣ мешавад.
Мақсад аз навиштани ин мақола он аст, ки шиори омӯзиши духтарон аст, вале дар асл мақсад чизи дигар аст. Агар омӯзиши духтарони миллатро мехоҳед ҳеҷ кас мухолифи он нест. Ҳиҷоби духтари тоҷик, ки номӯси ӯст ба донишомӯзии ӯ чӣ мушкил эҷод мекунад? Агар рост мегӯед ва иддаои давлати озод ва ҳуқуқбунёдро доред ба ҳиҷоби духтари ин миллат бо чашми бад нангаред. Ҳиҷобашро рамзи ақибмондагӣ ва бесаводӣ тафсиру шарҳ накунед. Ман мутмаинам духтарони боҳиҷоб ҳазорҳо маротиб аз он духтарони урёне, ки онҳоро ношармида ба намоиши ҳамагон қарор медиҳед аз ҳар ҷиҳат бартар ва ба дониш алоқамандтаранд. Шумо аслан дар фикри таълим ва омӯзиш нестед, шумо як тўда мардони чашмчаронӣ беҳаёе ҳастед, ки мехоҳед мисли худ ҷомеъа ва миллату кишварро фасодзада созед.
Гар ту дорӣ аз саодат ҷустуҷў,
Ганҷи бахтатро зи Қуръонат биҷў.
Роҳу расми зиндагиро дар ҷаҳон,
Кардааст бар ту Худовандат баён.
Чодарат рамзи тахаллуф нест нест,
Ин ҳама ғавғо дурўғе беш нест.
Ҳикмату мантиқ нагўяд ин сухан,
Гарчӣ такрораш кунанд дар анҷуман.
Ин фазилатро нишони бад заданд,
Бар ҷабини ў рақам дигар заданд.
Гоҳ бар шамси зуҳову рўи моҳ,
Парда гардад пораи абри сиёҳ.
Модари ё хоҳари эй мўҳтарам,
Офарин ҳасти ту аз Хайрул Умам .
Доманат гаҳвораи мардони роҳ,
Бар гузашти хеш бинмо як нигоҳ.
Аз суханҳои саҳеҳи он Ҷаноб,
Омада мардони умматро хитоб.
Чодарат рамзи ҳаёву иффат аст,
Ҳам зи амру фарзи дини фитрат аст.
Зинаташ аз симу зар зебандатар,
Ҳам виқори ту бисозад бештар.
Гар мусалмонзодаи амраш пазир,
Чодари исломиён бар сар бигир.
Дини фитрат амр бинмудаст туро,
То чу гул хушбў нигаҳ дорад туро,
Чодаратро бар сару гардан гузор,
То зи ту хушнуд гардад Кирдгор.