Ҳукми фоидаи бонкӣ

Ислоҳ нет

Ҳукми фоидаи бонкӣ

Хело аз бародарон ва хоҳарон нисбати умури бонки аз мо мепурсанд.Оё кор кардан дар бонкҳои рибавӣ ҷоиз аст? Ихтисоси ман бонкдори ва ё умури бонки мебошад ва дигар коре надорам ва маҷбурам дар бонк кор кунам? Ё иҷозат аст дар бонкҳо пулҳои худро пасандоз намоям ва суде медиҳанд онро бигирам ва ё на? Аммо дар ин мақола хос мавзуъи муъомила бо бонкҳои рибавӣ аст.Агарчӣ каме тулони мебошад вале фаҳмидани ин масоил барои ҳар мусалмонеки дар ин аср умр басар мебарад муҳим ва зарур аст.

Савол: – Корманде будам бо маъоши миёна ва маблағе аз онро дар бонк пасандоз мекардам ва аз он фоидае мегирифтам. Оё чунин коре саҳеҳ ва дуруст аст? Зимнан марҳум Шайх Шалтут ба гирифтани ин гуна баҳраи бонкӣ фатво додааст. Аз баъзе уламои дигар низ пурсидам, як зумра онро ҷоиз дониста ва иддае онро наҳй карданд, то он ҷо, ки ба ёд дорам закоти моламро пардохт менамудам, вале фоидаи бонкӣ бештар аз он маблағе буда, ки ба унвони закоти моламро пардохт менамудам. Дар сурате ки дарёфти он фоидаи бонкӣ ҷоиз набошад, ман чӣ вазифа дорам? 
Ҷавоб: – Фоидае, ки шахси маблағгузор аз бонк мегирад, рибо ва ҳаром аст. Рибо иборат аз ҳар гуна афзоиши шартшуда (протсент, фоиз) бар асли сармоя мебошад. Ба ибораи дигар, он, чӣ бидуни тиҷорат ва заҳмат афзун бар асли сармоя ба даст ояд, рибо мебошад. Худованди мутаъол дар ин бора мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз азоби Худо парҳез намоед ва аз гирифтани боқимондаи рибо худдорӣ кунед. Агар ба ростӣ аҳли имонед ва агар аз ин кори шанеъ (бад, паст) даст набардоред, бояд бо Худо ва Паёмбар эълони ҷанг кунед, ва ҳар гоҳ аз гирифтани рибо бозгаштед ва тавба кардед, танҳо ҳаққи бозпас гирифтани асли моли худатонро доред, то на шумо зулм кунед ва на касе ба шумо зулм кунад» (сураи Бақара, 278- 279).

Бинобар ин, тавба дар ин ҷо ба ин маъност, ки фақат асли сармоя боқӣ бимонад ва изофа бар он рибо номида шудааст, эеро баҳраи (фоиз, протсент) ба сармоя афзудашуда на аз тариқи мушорикат ва на аз тариқи таҳаммули сахте ва на аз тариқи музораба ва бо роҳи тиҷорат ба даст омадааст ва ин ҳамон рибои ҳаром аст ва то он ҷо, ки ман хабар дорам, устоди мо – марҳум Шайх Шалтут баҳраи бонкиро мубоҳ нашуморида, балки фармудааст: – «Ҳар гоҳ зарурати фарде ва ҷамъияте пеш ояд, мумкин аст дар он ҳангом баҳраи бонкӣ мубоҳ ва ҷоиз бошад» ва эшон дар маънои зарурат тавсиъаи беш аз ҳад қоил мешуданд, ки ман бо ин густурдагӣ дар маънои зарурат бо эшон мувофиқ нестам. Ончиро марҳум Шайх Шалтут ҷоиз дониста баҳраи сандуқ пас аз андоз аст, ки бо баҳраи бонкҳо фарқ мекунад ва ҳатто дар ин масъала низ бо эшон мувофиқ нестам.

Ислом барои инсон ҷоиз намедонад, ки сармояшро дар ҷое бигузорад ва суди (баҳра, фоида) муайяне аз он ба даст орад, зеро агар соҳиби сармоя воқеъан шарик аст, бояд ҳам дар суд (фоида, баҳра) ва ҳам дар хисорот (зарар, зиён) ба ҳар маблағе, ки бошад, шарик ва саҳим бошад.
Дар мизони суд (фоида, баҳра) чӣ кам бошад ва чӣ зиёд ба ҳамон нисбат шарик аст ва агар баҳрае (фоидае) дар кор набошад, гирифтани ҳар навъи маблағи зиёдатӣ бар сармоя ҳаром аст ё агар дар шарикӣ зиёну зарар дида бошад, мутаносиб бо сармояи худ дар зиёну ва зарар шарик мебошад. Маънои мушорикат, ки масъулияти бардор ва сахтии бардор аст, чунин мебошад, вале таъмини фоидаи муайян ва мушаххас, хоҳ воқеъан фоидаи ҳосилшуда бошад, хоҳ фоида дар кор набошад. Чӣ басо мумкин аст миқдори зиёди фоида, яъне 80% ё 90% бошад, вале саҳми ў дар сад андаке, ки бештар аз 50% ё 60% набошад, дарёфт дорад, бо ин, ки хисорот ва зарари қоибили таваҷҷўҳе дар миён бошад ва ў дар он зиёну зарар саҳим нагардад, дар ин маврид низ муъомила бар хилофи равиши исломӣ аст, агарчи марҳум Шайх Шалтут ҳукм бар иҷозаи он додааст.

Ҳоло посухи бародаре, ки дар мавриди баҳраи (фоидаи) бонкӣ суол кардааст, ки оё он баҳраро гирад ё не? Ин аст, ки баҳраи бонкҳо ҳалол нест ва гирифтани он ҷоиз намебошад ва закоти моли худро, ки аз он баҳраи бонкӣ пардохт намудааст, саҳеҳ ва дуруст намебошад, зеро ки ин навъи баҳра ҳаром аст ва на мутаъаллиқ ба ў ва на мутаъаллиқ ба худи бонк аст. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Ба назари ман ҳаром ба моликияти касе дарнамеояд, аз ин рў, ба гуфтаи зумрае аз уламо ва муҳаққиқон бояд онро садақа дод. Баъзе аз олимони аҳли зўҳд ва вараъ гуфтаанд: «Гирифтани баҳраи бонкӣ агарчи дар роҳи садақаву хайрот бошад, ҷоиз нест ва бояд шахс аз он даст бардорад ва ё онро ба дарё биандозад, зеро садақа додан аз моли наҷас ва ҳаром раво нест».

Аммо ба хотири ин, ки ин кор бар хилофи қоъидаҳои шаръӣ аст ва мо аз ҳадар додани мол, набурдани истифодаи касе аз он наҳй шудаем ва ногузир касе, ки бояд аз он мол истифода кунад ва ба далели ин, ки мол мулки худи инсон нест, метавонад онро бигирад ва ба фақирон ва бечорагон тақсим кунад ё онро дар корҳои хайрия ва ба далели ин, ки ҳар кори дигаре, ки маблағгузор бидонад, ки он мол дар роҳи манфиъати Ислом ва мусалмонон сарф шудааст, харҷ намояд. Ва ҳамон тавре ки баён шудааст, он маблағи баҳраи бонкӣ мутаъаллиқ ба ҳеҷ кас нест, на мутаъаллиқ ба бонк аст ва на мутаъаллиқ ба шахси маблағгузор ва бояд дар ҷиҳати манфиъат ва пешрафту ободонии умумии мусалмонон сарф гардад. Чунин қоида дар мавриди ҳар гуна моли ҳаром ҷорӣ аст ва пардохти закот аз он моли ҳаром нафъе ба соҳиби мол надорад, зеро додани закот моли ҳаромро пок ва ҳалол намегардонад, танҳо чизе, ки онро ҳалол ва пок мегардонад, даст кашидан аз он моли ҳаром аст. Дар ин бора Паёмбари Худо (с) мефармояд: (Худованд садақаро аз моли ғулул (аз моле, ки аз роҳи ғайришаръӣ ба даст омада бошад) намепазирад (зеро ин мол мутаъаллиқ ба дорандаи он нест).

Оё ба хотири ҳаром будани баҳраи бонкӣ шахс метавонад онро дар бонк бигузорад ва онро нагирад? На, қатъан чунин коре ҷоиз нест, зеро ин корҳо муҷиби тақвияти бонкҳо дар анҷоми муъомилоти судхўрӣ мегардад. Ҳамчунин набояд соҳиби пул онро барои худ аз бонк бигирад, балки онро дарёфт карда ва дар корҳои хайрия ва ободонии умумии мусалмонон сарф намояд.

Агар баъзе бигўянд: «Чунончи ба далел ё таҳти ҳар шароите бонк зиён бинад ё дучори варшикастагӣ (банкрот) гардад, дар ин сурат, маблағгузор дар маърази хисорот (зарар) қарор хоҳад гирифт». Мегўем он хисорот ё варшикастагӣ мавриди назари қоидаро ботил намекунад, ҳарчанд маблағгузор ҳам бо иллати он варшикастагӣ (бонкӣ) дучори зарар ва зиён гардад. Ин маврид ҷузъи мавридҳои истисноӣ ва нодир аст, ки боиси тасбияти қоида мегардад, зеро ҳар қоидае истисноҳое дорад ва судури ҳукм дар шариъатҳои илоҳӣ ва ҳамчунин дар қонунҳои эҷоднамудаи башарӣ такя ба мавридҳои истисно ва нодир намекунад ва ҳамаи уламо иттифоқи назар доранд бар ин, ки мавриҳои нодир ва истисноӣ фоқиди ҳукм ҳастанд ва ҳукми куллӣ мутаваҷҷеҳи аксарият аст ва як қоидаи умумиро ба хотири як мавриди истисноӣ ва нодир ботил кард. 
Қоидаи умумӣ бар ин аст, ки ҳар касс сармояшро вориди бозори рибо менамояд, хостори фоида ва манфиъат аст, на зарару зиён ва агар як бор зарар бинад, истисноӣ аст ва аҳком бар асоси мавридҳои истисноӣ вазъ нахоҳад шуд. Ҳол агар касе эътироз кунад ва бигўяд, ки бонкҳо бо маблағҳои мардум фаъолияти тиҷорӣ анҷом медиҳанд, чаро маблағгузор ё соҳиби пул наметавонад аз фоидаи он истифода намояд? Мегўем, ки дуруст аст, бонк бо он маблағҳои супурдаи мардум тиҷорат ва сармоягузорӣ мекунад, вале оё маблағгузор дар ин фаъолияти тиҷорӣ ширкат дорад? Албатта, ҷавоб манфӣ хоҳад буд, аммо чунончи қарордоде байни бонк ва ва маблағгузор имзо шуда бошад, ки мутобиқи он маблағгузор дар фаъолияти тиҷории бонк шарик бошад ва ин аҳднома аз ибтидо оғоз шуда бошад, дар асоси ин, ки агар бонк дар маърази хисорот ва зиён қарор гирифт, шахси маблағгузор низ дар ин хисороту зиён шарик бошад, он гоҳ мумкин аст эътироз ворид бошад, вале воқеъият ин аст, ки вақте бонк варшикаста (банкрот) шавад ва хисорот ба бор оварад, дар он ҳангом маблағгузорон пулҳояшонро талаб менамоянд ва бонк ҳам дар ин кор инкор ва эътироз нахоҳад намуд ва чӣ басо бонк сармояи онҳоро агар зиёд бошад, ба тарзи қисм ба қисм ва агар андак бошад, якҷо ба онҳо пардохт намояд. Ба ҳар ҳол, маблағгузорон худро дар вақти варшикастагӣ (банкрот) ё хисороти бонк масъул ва шарики он намедонад, балки тамоми сармояшонро ба таври комил ва пурра аз бонки маблағгузоштаашон талаб менамоянд.

Оё фаъолият дар бонкҳо ҷоиз аст?

Пурсиш: – Ман хатмкардаи донишкадаи бозаргонӣ ҳастам ва барои пешбурди зиндагонӣ дар аз бонкҳо кор мекунам ва медонам, ки кору фаъолияти бонкҳо дар асоси рибо аст ва дини мубини Ислом ба нависандаи рибо ҳам лаънат кардааст. Оё дар чунин вазъият кори худро идома диҳам ё онро раҳо кунам? Зимнан ин кор танҳо манбаъи даромади хонаводаи ман аст. Лутфан дар ин бора андешаи худро иброз мекардед. 
Посух:- Низоми иқтисодӣ дар Ислом дар асоси мубориза бо рибо поягузорӣ шудааст, зеро рибо (судхўрӣ) аз гуноҳони кабира шуморида шуда, баракати фард ва ҷомеъаро аз байн мебарад ва балову мусибатро дар дунёю охират ба бор меоварад. Дар Қуръон ва суннати бад-он тасреҳ шуда ва уммати исломӣ бар он иҷмоъ доранд. Кофист, ки дар ин иртибот қавли Худованди мутаъолро бишнавем, ки мефармояд: «Худо аз баракати рибо мекоҳаду бар садоқат меафзояд ва Парвардигор носипоси гунаҳкореро дўст намедорад» (сураи Бақара, 276).

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо парво кунед, агар мўъминед, он,чӣ аз рибо боқӣ мондааст, вогузоред ва агар чунин накардед, бидонед ба ҷанг бо Худо ва фиристодаи Ў бархостаед» (сураи Бақара, 278- 279).
Ва Паёмбари акрам (с) мефармоянд: «Вақте зинокоре ва рибохоре дар қаря (шаҳр, деҳа) ошкор шавад, мардуми он ҷо ба дасти худашон азоби Худоро барои худ фароҳам сохтаанд» (Ин ҳадисро Ҳоким ривоят карда ва гуфта, ки санади он саҳеҳ аст).

Равиши Ислом дар ташреъи ин аҳком ин аст, ки ба фарди мусалмон дастуре медиҳад, то бо гуноҳон мубриза кунад ва агар қудрату тавони мубориза бо он гуноҳонро надошт, дастикам ва аққалан бояд аз ширкати рўйрост ва қавлӣ аз он гуноҳ парҳез кунад. Бинобар ин, ҳар гуна пуштибонӣ ва ҳамкорӣ бо дигарон дар гуноҳу маъсият ҳаром мебошад ва ҳар навъ кўмаку ёрӣ ба гуноҳ шарики ҷурму гуноҳ ба ҳисоб меравад, хоҳ он ёрӣ дар самти кўмакрасонии моддӣ бошад ё маънавӣ, хоҳ рўйрост бошад ё гуфторӣ. Дар мавриди гуноҳ ва қатли барқасдона Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Агар сокинони осмону замин дар рехтани хуни мусалмоне ширкат дошта бошанд, Худованд онҳоро равонаи оташи дўзах хоҳад намуд» (Тирмизӣ ин ҳадисро ривоят карда ва онро ҳасан донистааст).
Дар робита ба гуноҳи шароб ва шаробхорӣ низ мефармоянд: «Худованд шароб ва нўшандаи он ва соқиву созандаи он, соҳиб ва ҳомилу гирандаи онро лаънат ва нафрин кардааст» (Абудовуд ва Ибни Моҷа ва Ҳоким ин ҳадисро ривоят намудааанд).

Дар бораи ришва Паёмбари акрам (с) ин гуна фармудаанд: «Лаънати Худо бар ришвагир, ришвадиҳанда ва ва миёнарави ҳар ду» (Ибни Ҳиббон ва Ҳоким ин ҳадисро ривоят намудаанд).
Ҳамчунин дар бораи рибо Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз Паёмбари акрам (с) ривоят мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Судхўр (рибохор) ва касе, ки қарзи рибоӣ (бо фоиз, протсент) мегирад ва шоҳиди онро лаънат карда ва ҳамаро дар гуноҳ баробар донистаанд» (Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ, НИсоӣ ва Ибни Моҷа ин ҳадисро ривоят кардаанд).

Ибни Масъуд ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармудаанд: «Дар ин ривоят «ва котиба» («ва нависандаи он») изофа шуда, вале ривояти Насоӣ бо ин иборат аст: «Судхўр (рибохор) ва муаккали он ва шоҳидони он дар сурати огоҳӣ то рўзи қиёмат мавриди нафрини Муҳаммад – Паёмбари Худо (с) ҳастанд». Ҳадисҳои саҳеҳи равшан виҷдони мусалмонеро озор медиҳад, ки дар муассисаҳои судхўрӣ (рибоӣ) ва бонкҳо фаъолият мекунанд, ки холӣ аз амали рибо ва қарордодҳои судхўрӣ нахоҳанд буд.

Имрўза масъалаи судхўрӣ ба ҳадде фарогир шуда, ки танҳо гиребони корманди бонк ё котиби ширкатро намегиранд, балки рибо вориди тамоми низоми иқтисодӣ ва молиявӣ шуда ва ба шакли як бало а мусибати умумӣ даромадааст, чунончи Паёмбари гиромӣ (с) пешбинӣ карда буд: «Рўзгоре бар мардум фаро мерасад, ки яке намонад магар ин, ки рибо хўрад ва агар нахўрад, ғубори рибо бар вай расад». Дар чунин шароит дасткашии як корманд аз кор кардан дар бонк ва ва ширкат накардан чизеро тағйир нахоҳад дод ва таъсире ҳам надорад, балки фақат мутақоид кардани мардум, касоне, ки сарнавишти худро дар даст доранд, ба фосид будани он низоми судхўрии воридотӣ аз Ғарби сармоядорӣ ва истисмор ва кўшиш барои тағйири тадриҷӣ ва бидуни шитоби ин низом аст, то бўҳронҳои иқтисодӣ домани мамолики исломӣ ва бандагони Худо қарор нагирад ва Ислом барои ҳаллу фасли ин гуна мушкилоти асосӣ ин тарзи тадриҷиро мефармояд ва мухолифи он намебошад. Ҳамон гуна барои ҳаром шуморидани (таҳрими) рибо, шароб ва амсоли инҳо дар даврони оғозини зуҳури Ислом ин равиш ва тарзи бархўрдро ба кор бурдааст.

Ончи қобили таваҷҷўҳ аст, ки хоҳиш ва иродаи мардум дар муъолиҷаи ин мушкил мебошад ва ҳар гоҳ садоқат дар азм бошад, роҳро равшан хоҳад кард. Ба ҳар мусалмони ғайратманд воҷиб аст, ки дар ҷиҳати пешбурди низоми иқтисодӣ ба гунае, ки дар асоси таълимоти ростини Ислом тавофуқ дошта ва бо ҳар василаи шаръӣ мумкин бошад, дар ин роҳ қалб, забон ва қувваашро ба кор барад ва аз ҳеҷ кўшише дареғ наварзад ва ин кори шуданӣ аст. Дар ин ҷаҳон кишварҳое ҳастанд, ки садҳо миллиён нафар аҳолӣ доранд ва аз низоми рибо (судхўрӣ) истифода намекунанд, ба мисли кишварҳои коммунистӣ. Агар мо имрўза мусалмононро аз кору фаъолият дар бонкҳо боздорем ва нагузорем, ки онҳо дар муассисаҳои бонкӣ кор кунанд, натиҷа он хоҳад шуд, ки ғайримусалмонон аз яҳуду насоро ва ғайра дар бонкҳо ва амсоли он фаъолият варзанд ва чунин коре барои Ислом ва мусалмонон кори сода нест ва ба нафъи эшон нахоҳад буд.

Ба ҳар ҳол наметавон гуфт, ки тамоми фаъолиятҳои бонкӣ рибо мебошад, ки чӣ басо бештар фаъолиятҳои он мубоҳ, пок ва ҳеҷ ишколе дар он набошад, ба мисли фаъолиятҳои даллолӣ, пасандоз ва ғайра миқдори каме аз он ҳаром аст. Бинобар ин, мушкиле надорад, ки мусалмонон дар бонкҳо фаъолият дошта бошанд, агарчи аз он розӣ набошанд, то замоне ки ваъияти системаи молӣ тағйир ёбад, ки дин ва қалби ў аз он розӣ гардад. Ба шарти ин, ки кораш хуб ва вазифаҳои худро ба таври аҳсан дар баробари худ, Худованд ва миллаташ анҷом диҳад ва дар муқобили ҳусни нияташ мунтазири савоби некў бошад, зеро «Савоб амали наздик бо нияти шахс аст». Ва пеш аз ин, ки ба фатво хотима диҳам, лозим медонам, ки бигўям, ки набояд масъалаи ниёзи зиндагӣ ва эҳтиёҷро, ки назди фақеҳон ба унвони зарурат дониста мешавад, фаромўш кунем, монанди соҳиби ин суол, ки ин корро василае барои ба даст овардани маъош ва зиндагии худ қабул кардааст ва дар ин маврид Парвардигори баландмартаба ва меҳрубон мефармояд: «Вале касе, ки барои ҳифзи ҷони худ ба хўрдани онҳо ночор шавад, дар сурате ки ситамгар ва таҷовузгар набошад, бар ў гуноҳе нест, зеро Худованд омурзанда ва меҳрубон аст» (сураи Бақара, 173).

Ҳукми пулҳои коғазӣ дар масъалаи рибо

Суол: – Дар мавриди баҳрае, ки шахси талабгор (қарздҳанда) ва шахси қарзгир дарёфт медорад, баҳсҳои зиёде ба амал омадааст. Ба ин сурат, ки шахсе ҳазор дирҳам қарз диҳад ва пас аз муддати муайяне ҳамон миқдорро дар бадали ҳазор сад дирҳам ва ё ҳазору дусад дирҳам … пас гирад. Акнун дар мавриди муъомила бо пулҳои коғазӣ зумрае бар ин боваранд, ки ин доду ситад ҳалол аст ва дар он рибо ҷорӣ нахоҳад шуд ва мегўянд, ки ҳангоме ки он муъомилаи қарзӣ бо пулҳои коғазӣ сурат гирад, на бо тилло ва нуқра, ҷоиз мебошад, дар ин сурат рибо шуморида намешавад ва гуфтаанд, ки дар замонҳои қадим пули роиҷ тилло ва нуқра будааст ва гирифтани фоидаи муайян дар он ду (тилло ва нуқра) ҳаром будааст. Далели онҳое, ки мегўянд, ки дар пулҳои коғазӣ масъалаи рибо амалӣ намешавад, ин аст, ки дар замони Паёмбари акрам (с) пулҳои коғазӣ вуҷуд надошта аст. Бинобар ин, ҷузъи он чизҳое, ки ҳаром шудаанд, намебошад.

Дар муқобил гурўҳи дигаре бар ин боваранд, ки миёни муъомилаи қарзӣ бо тиллову нуқра ва ё пули коғазӣ ҳеҷ фарқе нест ва пули коғазӣ дар муъомила ва доду ситадҳо ҷойи тилло ва нуқраро гирифта аст, аз ин рў, мавридҳои ҳалол ва ҳароме, ки дар мавриди тиллову нуқра сид кунад, дар мавриди пули коғазӣ сидқ хоҳад кард. Акнун ду назарияро дар хидмататон баён доштем ва эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба аз нуқтаи назари шаръӣ ба ин қазияи равшанӣ андозед.

Ҷавоб: – Ман назар ва раъйи гурўҳи дуюмро саҳеҳ мешуморам ва тарҷеҳ медиҳам ва нуқтаи назари дигаронро дар ин масъала дуруст ва саҳеҳ намедонам. Далел ин, ки пулҳои коғазӣ аз назари арзиши нақдӣ ва аз лиҳози муъомила бо он ҷойи тилло ва нуқраро гирифтааст. Бинобар ин, миёни тиллову нуқра ва пули коғазӣ дар арзиши иқтисодӣ фарқе вуҷуд надорорад ва ҳоло мардуми замони муъосир дар доду ситади имрўза дигар тиллоро намешиносанд ва аслан дар миёни мардум барои муъомилаи молиявии рўзмарра роиҷ нест ва ҷуз дар мавридҳои кам арзиши нуқраро ба кор намегиранд ва баръакс пули роиҷ ва мутадовил дар саросари ҷаҳон ҳамон пулҳои коғазӣ аст. Бинобар ин, ҳангоме ки бо тилло ва нуқра муъомила сурат намегирад ва дар доду ситад пулҳои коғазӣ ҷойи онро гирифтааст, чӣ гуна метавон гуфт, ки ҳукми рибо (судхўрӣ) дар пули коғазӣ вуҷуд надорад?

Касоне, ки ин пулҳои коғазиро дошта бошанд, дар назари мардум сарватманд ва ғанӣ ба шумор мераванд ва он, чӣ аз закот ва ғайра бар сарватмандон воҷиб гардад, бар онҳо низ воҷиб мебошад ва аз назари мардум фақиру камбағал касе аст, ки ин пулҳои коғазиро надошта бошад, на ин, ки молики тиллову нуқра набошад ва агар чунон пиндорад, ки фақир касе аст, ки соҳиби тиллову нуқра набошад, мардум ўро девона ва беақл медонанд. Дар зиндагии заношавҳарӣ мардум ин пулҳои коғазиро ба унвони маҳрия ба ҳамсараш пардохт менамоянд. Ба далели ин, ки ин пулҳои коғазӣ молу дороӣ ҳисоб мешаванд ва дорои арзиши иқтисодӣ ҳастанд ва имрўза мардум дар муқобили баҳои молҳояшон онҳоро мепардозанд, то баъй ва молҳои харидашуда барои онҳо ҳалол гардад ва ҳамчунин дигар муъомилоти тиҷоративу иқтисодӣ ва молиявӣ бо ин навъи пул сурат мегирад. Ба таври умум, тамоми муъомилоти имрўза бо пулҳои коғазӣ анҷом мегирад ва шакку шубҳае нест, ки дар тамоми мавридҳо аз ҷиҳати арзиши иқтисодӣ пули коғазӣ ҷойгузини тиллою нуқра гаштааст ва агар чунин намебуд, инсон розӣ намешуд ин пулҳои коғазиро ба унвони хунбаҳои шахси кушташуда (мақтул) ё маҳрияи духтараш ва ё ба унвони баҳои мол ва ё иҷораи хона ва амсоли он дарёфт намояд. Пас вақте ки муъомилоти доду ситади имрўзӣ ба он анҷом мегирад, ба ин маъност, ки он пулҳои коғазӣ арзиш пайдо кардаанд ва мавриди эътимоди ҳукуматҳои қонунгузор мебошад ва мардум ҳам онро ба унвони нақди шаръӣ мешиносанд ва ман қатъан ҳеҷ далелеро барои шакку шубҳа кардан дар он ва ба шак андохтани дигарон дар ин мавзўъро раво намебинам. Бинобар ин, ҳар нафаре бо пулҳои коғазӣ баҳрае (суд, фоида) пардохт кунад, қатъан шомили ҳукми рибои ҳаром гаштааст ва ба Худо ва паёмбараш эълони ҷанг додааст ва ҳар касе ба тарзе ба ин қазияи рибохорӣ (судхўрӣ) ширкат дошта бошад, ба қавли Паёмбари акрам (с) малъун аст ва шомили ҳадиси саҳеҳи набавӣ: «(Расуллоҳ (с)) рибохор (судхўр), муаккал ва шоҳидони онро лаънат намудааст», наъузубиллоҳ, қарор хоҳад гирифт.

Дидгоҳҳои фиқҳи муосир
Доктор Юсуф Қарзовӣ

Share This Article