Андешаи бузургон роҷеъ ба Қуръон
-Таъсири Қуръон ба адабиёти араб хеле зиёд аст ва ин таъсир паҳлӯҳои мухталиф дорад. Ахлоқ, маънавиёт ва иделогияи Қуръон, забони он, услуб ва қофиябандии он дар ин ё он дараҷа ба кулли осори адабӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Хусусиёти муайяни забонии онро на дар насри садсолаҳои баъдина ва на дигар осори адабӣ мавриди тақлид қарор дода метавонанд. Ба шарофати нозукию муъҷазбаёнӣ ва фасоҳате, ки Қуръон ба забони арабӣ ворид намуд, забони арабӣ ба зудӣ рушд кард ва чанде баъд ҷавобгӯи тамоми эҳтиёҷоти афзоишёбандаи сиёсию иҷтимоии хилофати араб, империяе гашт, ки тавоноии он ба тариқи фавқулодда бузург буд. Бубинед олимону,муҳаққиқони ғарбӣ дар мавриди Қуръон чӣ мегӯянд ва дар ин китоб чӣ пайдо карданд. Мутассифона тоҷики мусалмонеки аз падару бобо ва 13 пушташ мусалмон аст шакокӣ мекунанд.Гоҳо бархе зиёинамоҳои бе виҷдони ин миллат ин китобро тавҳин мекунанд.Кош мехонданду каме панд мегирифтанд аз андешаҳои ин олимони ғарбӣ ё ғайри исломӣ.
(Арабшинос Хамилтон Гибб, Оксфорд).
– Қуръон тавассути Ҷабраил ба Паёмбар Муҳаммад (с) талқин карда шуд ва ин матн ҳарф ба ҳарф ва ҳиҷо ба ҳиҷо сухани Худованд аст. Худи Қуръон муъҷиза буда, суханест, ки воқеияти худ ва воқеияти суханҳо ба Паёмбар Муҳаммад (с)-ро тасдиқ мекунад. Қисмате аз вижагиҳои муъҷизабори он дар услуби он нуҳуфтааст: он то ҳадде мукаммал ва бузург аст, ки ҳеҷ инсон ва ҳеҷ ҷину парӣ дар як муддати кӯтоҳ, ҳатто яке аз сураҳои шабеҳи онро наметавонад биофарад. Мӯъҷизаҳои дигари Қуръон дар паёми иделогии он, дар воқеияти таълимоти ахлоқию маънавӣ, дар маълумотҳо дар мавриди офариниши олам ва падидаю зуҳуроти минбаъда аст, ки худи Паёмбар Муҳаммад (с) ҳеҷ вақт наметавонист дастрас кунад.
(Гарри Гайлорд Дорман «Андар фаҳмиши ислом»).
-Мардуми Макка аз Паёмбар (с) муъҷиза талаб мекарданд, Ӯ бо тамоми нерӯю тавоноии имонии худ рӯ ба матни Қуръон овард. Аҳли Макка мисли тамоми аъроб дар натоқию суханпардозӣ бемисл буданд. Пас агар Қуръон худ муъҷиза намебуд, аъроб метавонистанд мисли ин Китоби Муқаддас китоби дигаре офаранд. Ҳатто онҳо дар маҷмуъ даҳ оят ҳам монанди оёти Қуръон эҷод карда натавонистанд.
(Хамилтон Гибб, Оксфорд).
-Ҳамаи онҳое, ки бо Қуръон дар нусхаи асл, бо садою овоз ва талаффузи арабӣ шинос ҳастанд, дар масъалаи зебоии адабии ин китоби динӣ ҳамфикру ҳамақидаанд. Шакли шигифтангезаш то он ҳадд беназир аст, ки онро ҳатто то дараҷаи муайян наметавон ба ягон забони арабӣ интиқол кард ва ё ҳифз сохт, ки ба он тарҷума гашта бошад.
(Эдвард Монт. «Тарҷумаи Қуръон бо забони фаронсавӣ»).
-…қабл аз ҳама, Қуръон мавқеъ ва мақоми худро ҳифз карда омад ва …ҳамчун натиҷа, фарогири қиссаҳои тоза ва хирадмандона буда, бархурдор аз нерӯи бузургест, ки ба бедорнамоии виҷдони инсонҳо нигаронида шудааст.
(Эдвард Монте).
-Он (Қуръон) ҳифз карда шуда буд ва ҳамзамон ин китобест, ки мисли он чунин моҳияту муҳтаво дошта бошад, мавҷуд нест…Қуръон – ин муътабар аст ва дар мавриди муътамадию эътибори он то ҳол ҳеҷ кас ба ҳадди ақал низ шакку шубҳа накардааст.
(Азиз Босворт Смит. «Муҳаммад ва Муҳаммадият»).
-Қуръон ба таври возеҳу равшан озодии виҷдонро пуштибонӣ мекунад.
(Ҷеймс Миченер).
-Мафҳуми адолат яке аз идеалҳои зеботарини Қуръон аст. Замоне, ки Қуръонро мехонам, чунин усулҳои асосии ҳаётиро мебинам; онҳо хаёлӣ нестанд, баръакс, низоми амалии ахлоқро мебинам, ки ба таври идеалӣ барои тамоми ҷаҳон мувофиқу муносиб аст, барои ҳодисаҳои ҳаррӯза низ муфид буда метавонад.
( Сарожини Найду).
-Қуръон ба таври ҷомеъ таълиф шудааст ва барои тамоми давру замон ва бо лаҳҷаву шеваи бошарофату пурназокати қурайшии забони арабӣ тавассути ифодаҳои зебо ва мафҳум… Услуби Қуръон аҷибу хушсадост…ва дар бисёр маврид, билхусус дар ҷойҳое, ки аз бузургии Аллоҳ ва исму сифатҳои Ӯ сухан меравад, ба таври нотакрор бузург ва пуршукӯҳу шаҳомат аст…Забони Қуръон то он ҳад зебову муваффақ аст, ки зуд ва фавран онҳоеро, ки таваҷҷӯҳ мекунанд шигифтангез менамояд, ки баъзе душманон ва мухолифони моҳияти Худовандии он ҳатто эътироф карданд, ки Китоби Муқаддас як навъ таъсирбахшии сеҳрнок дорад.
(Ҷордҷ Сэйл. «Қуръон: Нахустин тарғиб»).
-Тибқи андешаҳои умум, Қуръон мавқеъ ва мақоми хосе миёни ҳамаи китобҳои муқаддас, ки барои инсоният нозил шудаанд, касб кардааст…
( Г. Марголиут).
-Ман метавонам бигӯям, ки Қуръон ба ман таассуроти зиёд бахшид, зеро дар он далелҳои муътамади астрономӣ пайдо кардам. Ин далелҳо билхусус ба астрономҳо сахт таъсир мерасонанд, мисли мо, ки зарраҳои хурдтарини коинотро тадқиқ мекунем. Ҳатто барои фаҳмидани заррачаи хурдтарини ҷаҳони офаридашуда, мо талоши зиёд ба харҷ медиҳем. Азбаски тавассути телескоп мо метавонем танҳо қисми хурдтарини осмонро бинем, наметавонем роҷеъ ба тамоми коинот мулоҳиза ронем. Ҳамин тавр, гумон мекунам, ки Қуръонро мутолеа намуда, ба саволҳо посух пайдо карда, роҳи минбаъдаи тадқиқотҳои худро муайян кунам.
(Профессор Eшихиде Козаи).
-Қуръон якчанд аср қабл пайдо шудааст ва ҳар чизи наве, ки мо дар илм кашф кунем, ҳамааш дар ин Китоб тасдиқ шудааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Қуръон – сухани Аллоҳ аст.
(Ҷоли Самсон, профессор, гинеколог).
-Умед дорам он вақт наздик аст, ки тамоми мутафаккирону хирадмандон ва муҳаққиқонро дар замин муттаҳид намуда, низоми умумӣ фароҳам меорам, ки дар асоси усулҳои Қуръон сохта шуда бошад ва ин ягона роҳи дурурст аст, ки инсонҳоро барои саодатмандии воқеӣ мерасонад.
(Императори Фаронса, Бонапарт Наполеон).
-Қуръон ҳар як шунавандаро бо ҷаззобияту зебоии талаффузи асли арабии худ таҳти таъсиру тасхир қарор дода метавонад. Услуби муъҷаз, фасеҳу ифоданок ва афзалиятдоштаи он, бештар матни қофиябандшудаи он, ҷумлаҳои кӯтоҳе, ки фарогири маъниҳои амиқ ҳастанд, ки тавассути тарҷумаи таҳтуллафзӣ маънии онҳоро ифода кардан мушкил аст, аз сахт таъсирбахш ва нерӯи тарканда будани он далолат мекунад.
(Ҷон Нэйш. «Хирадмандии Қуръон»).
-Қуръон иборат аз қофияест, ки вазъу мувозинати махсус, зебоии мунтахаб, шунавоии сеҳрнок аст. Аксари арабшиносони масеҳӣ роҷеъ ба услуби Қуръон бо шигифту ҳайрат ва қаноатмандӣ ҳарф зада, бисёре аз мутахассисони арабшинос мукаммал будани онро эътироф мекунанд…ва дар воқеъ, дар миёни тамоми адабиёти пурғановату сермаҳсули араб дигар ягон асари назмию насрие мавҷуд нест, ки бо Қуръон муқоиса шавад.
(Алфред Гийом «Ислом»).