Ҳукми золим дар шариъати ислом

Ислоҳ нет

Ҳукми золим дар шариъати ислом

Дар мақолаи навбатӣ аз зулм ва золим аз нигоҳи шариъати ислом ҳарф мезанем ва чӣ будани зулму кӣ будани золимро нишон медиҳем. Ҳамзамон ҳукми ин дуро дар ростои шариъат баён медорем ва бо овардани оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ онро комил мегардонем, то дар зеҳну фикри хонанда ҳеҷ шаке боқӣ намонад ва аз оқибати зулму саранҷоми кори золим воқиф гардад.

Зулм дар луғат.

Дар “Лисон-ул-араб” чунин омада: Зулм гузоштан ё қарор додани чизе дар ғайри маконаш. Масалан як вазифа ё пул ё мукофот бояд ба шахси дигаре дода шавад. Дар асл ҳақи Муҳаммад аст, аммо онро ба Аҳмад медиҳанд. Ин тағйир ё гузоштани чизе дар ғайри маконаш мебошад. Асли зулм ҷабр ва муҷозотеро гӯянд, ки аз ҳадду андозааш гузашта бошад. Зулм ин ҷо масдари ҳақиқӣ мебошад, ки ӯро золим ва залум мегӯянд. Золимон онҳое ҳастанд, ки онҳо манъ ё боздорандагони соҳибони ҳақ аз ҳуқуқашон ҳастанд. Дар муфрадоти Роғиби Исфаҳонӣ омада: Зулм назди аҳли луғат ва бештари аҳли илм ин аст: гузоштан ё қарор додани чизеро дар ғайри маконе, ки хоси шахс ё ҷои дигар аст, агарчи дар он каму беше сурат гирад. Инчунин агар дар адои он ҳақ вақти муайяне гузарад ва ё онро дар ҷои дигаре ба соҳиби аслиаш диҳанд на дар вақти муайянгашта, ки бояд онро мегирифт он зулм аст. Фирӯзободӣ мегӯяд: Зулм онро гӯянд, ки дар ҳақи касе андозагузарие сурат гирад, агарчи дар он каму зиёде ҳам бошад.

Зулм ва маънои он дар шариъати ислом.

Имом Асқалонӣ (раҳ) дар шарҳи саҳеҳи Бухорӣ мегӯяд: Зулм қарор додан ва ё гузоштани чизеро дар ғайри макони аслие, ки шариъат барояш муайян кардааст. Бадриддин Айнӣ (раҳ) мегӯяд: Зулм аслаш ҷабру ситам ва андозагузариро гӯянд. Аммо маънои шаръияш бошад қарор додан ва ё гузоштани чизеро дар ғайри макони аслие, ки шариъат барояш муайян кардааст.

Зулм зидди адл аст.

Зулм зидди адл ва мухолифи тамоми онро гӯянд. Дар “Лисон-ул –араб” омада: Адл онеро гӯянд, ки дар муқобили ҳама баробар бошад. Адл ростӣ ва баробариеро мегӯянд, ки зидди ҷабру ситам бошад. Масалан одил будани ҳоким ва фармонраво дар ҳукмаш ин адли ӯро мефаҳмонад. Адл, яъне ҳукм намудан ба ҳақро гӯянд. Дар “Муфрадот”-и Роғиби Исфаҳонӣ омада: Адл баробари дар мукофот ё ончи ҳақи касе бошад онро ба ҳақ адо карданро гӯянд. Дар “Ниҳя”-и Ибни Асир (раҳ) омада: Адл онеро гӯянд, ки ҳангоми содир намудани ҳукм ба ягон тараф майл надошта бошад ончи ҳаст ба он ҳукм намояд. Фирӯзободӣ мегӯяд: Адл хилофи ҷабру ситам ва зулмро гӯянд. Шахсе дар қазияе ба адл ҳукм намояд ӯ одил аст.

Таъриф ё шиносонидани адл зер сояи ончи гуфтем.

Ончи нисбати зулм гуфтем фаҳмидем, ки адл зид ва муқобили ҷабру зулму ситам буда. Ончи нисбати зулм гуфта гузаштем маълум гашт, ки зулм бар хилофи адл будааст. Адл гузоштан ё қарор додани
чизе дар он маконе, ки шариъат барояш муайян кардааст. Қарор додани ҳар чизро ончи ҳаққаш аст ё маконаш аст ё ҷойгоҳаш аст ё ҳукмаш аст ё чизе, ки бояд бигирад.

Ҳаром будани зулм дар ҳама чиз ва барои ҳар инсон.

Дар Қуръони карим нисбати зулм дар 35 оят сароҳатан зулму золимонро тавбиҳ намуда, онҳоро ба сахтарин азоб хабар додааст. Инчунин дар оятҳои бешумор ҳаром будани зулмро баён доштааст, вале ба сурати ғайри мубошир ё мустақим. Ҳамеша Аллоҳ бандагонашро ба адл даъват намуда, зулмро накӯҳиш кардаст. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои адл чунин фармуда: “Аллоҳ бар адл фармон медиҳад”.
(Сураи Наҳл,ояти 90)
Бале, хонандаи гиромӣ Аллоҳ ин фармонашро мутлақ барои адл медиҳад, зеро амр ба адл ин наҳй аз зулм аст. Ҳар коре, ки дар он адл аст барои ҳеҷ касе зулм ҷоиз нест, агарчи кофир бошад агарчи золим бар ӯ зулм ҷоиз нест. Ибни Таймия (раҳ) дар ин масала мегӯяд: Аз ин хотир аст, ки адл амри воҷиб аст дар ҳама кору ҳама чиз ва ҳар шахсе. Инчунин зулм ҳаром аст дар ҳама кору ҳама чиз ва ҳар шахсе. Ҳалолу ҷоиз нест аслан зулм намудан ба ҳеҷ касе дар ин масъала чи мусалмон бошад чӣ кофир, агарчи золим ҳам бошад бояд зулм бар ӯ сурат гирад. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед, барои Худо ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!”
(Сураи Моида,ояти 8)
Ба ин бахши оят хуб таваҷҷӯҳ кунед: “Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед”.

Яъне душманӣ бо кофирон шуморо водор накунад, ки ба онҳо бе адолатӣ кунед. Пас зулм вақте ба бедин ҳаром бошад барои мусалмон хело вазнинтару вахимтар аст, аз ин рӯ аз зулм эҳтиёт бояд кард! Ибни Таймия дар масъалаи зулм чунин гуфтаанд: Ин Адл аст он зоте, ки фурӯд овард китобҳояшро ба ҳақ ва фиристод бо китобҳояш паёмбаронро, яъне дар муқобили зулму истибдод, ки он ҳаром аст, чуонеки дар ҳадиси Қудсӣ Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) аз Аллоҳ ривоят мекунад:

“Эй бандагони ман ҳаром гардонидам зулмро бар худ, инчунин дар миёни шумо ҳам онро ҳаром гардонидам. Пас ҳаргиз зулм накунед.” Барои тақвияти ин ҳадиси Қудсӣ дар Қуръони карим дар се оят, яке сураи Олӣ Имрон ояти 182, сураи Анфол ояти 51, сураи Ҳаҷ ояти 10 Аллоҳ мегӯяд: Ман бар бадагонам зулмкунанда нестам. Ҳамчун мисол ин ояти 10 сураи Ҳаҷро меорем.

“Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Аллоҳ ба бандагонаш зулм намекунад.”
(Сураи Ҳаҷ,ояти 10)
Тавбаи золим пазируфта ва аз азоби охират эмин мемонад? Чуноне баён доштем зулм ҷурми хеле вазнин ва ҷойгоҳи золим ва ситамгар ҷаҳаннам аст. Агар шахси золим тавбаи пок накунад ӯро оқибатҳои вахиму сангине дар охират интизор аст. Агар шахси золим тавбаи насӯҳ кунад бо ағлаби қавлҳо тавбаи ӯ пазируфта мешавад.Уқубати зулмаш аз ӯ соқит мегардад. Албатта он зулмҳое бар худ карда ва онҳо миёни худ ва Аллоҳ бошанд. Аммо ин ҷо савол меояд, агар зулмаш иртибот ба ҳуқуқи бандагон бошад? Масалан касеро бо зулм кушта бошад ё озору зарари ҷисмӣ дода бошад ва ӯро накушта бошад. Ё ҳаққи ҳалоли касеро ба зулм аз ӯ гирифта бошад. Пас аз ин зулмҳо тавба кунад ва пушаймон шавад аз он ҳама зулмҳое, ки карда ва ба халқи Худо раво дошта аст. Оё ин тавбааш ҳам пазируфта аст ва дар охират ӯро дигар ҷазое интизор нест?

Фуқаҳо дар ин масала чунин баён доштаанд: Ҳангомеки золим тавба мекунад аз зулмаш ба муҷарради тавба карданаш ҳаққи Аллоҳ аз ӯ соқит мешавад ва аз азоби охират эмин аст.Аммо ҳуқуқи мазлумон онҳоеки бар онҳо зулм намуда аст ба тавба кардани танҳо он ҳуқуқ аз сараш соқит намешаванд.Бояд барои воқеан тавбаашро изҳор дорад ва сидқи тавбаашро нишон бидиҳад ва он ашхосеки онҳоро зулм кардааст ҳама ҳуқуқе аз онҳо гирифта аст ба соҳибонашон боз гардонад. Агар он золим муфлис шуда бошад ва дигар ончи гирифта буд дигар тавони боз гардонидани онҳоро надошта бошад. Дар ин ҳолат ҳатман дар охират дар маҳкама ё додгоҳи Илоҳӣ ҳаққи мазлумро адо мекунад ва Аллоҳ зулм кунанданест. Инчунин фуқаҳо боз ҳам фикри ин золимро ҳам кардаанд ва барояш чанд машварат ҳам додаанд. То ба онҳо амал кунад ва додгоҳи Илоҳӣ муфлис қарор нагирад.

1.) Барои шахси золиме, ки тавба кардааст хеле муҳим аст корҳои хайр ва некро дар дунё анҷом диҳад. Мисли садақа,сохтани масҷид, садақаҳои ҷория, кафолати ятим, дастгирии толибилмон, хондани Қуръон, рӯза доштани душанбе ва панҷшанбе, рӯза доштани рӯзҳои бийз, зикри зиёд, намози шаб, намози ҷамоъат, амал ба суннат мухолифат бо бидъат. Ҳар кори неке, ки метавонад анҷом бидиҳад, то дар рӯзи қиёмат ҳангоме, ки додгоҳ сурат мегирад ҳатман он мазлумон ҳозир карда мешаванд ва ҳуқуқҳояшонро талаб мекунанд. Бояд ончунон амалҳои нек дошта бошад, ки дар он ҷо танҳо аз некиҳо гирифта ва ба мазлумон дода мешаванд. Пас агар амали некаш кам бошад онҷо дар мемонад. Аммо агар зиёд бошанд Аллоҳ ба ҳақ доварӣ мекунад ва ончи ҳаққи он мазлумон аст онҳоро медиҳад аз некиҳои золим ва мавриди омӯрзиш ва афви Илоҳӣ қарор мегирад.

2.) Тавсияи дуввум ин аст, агарчи чизе надошта бошад бояд як бор аз назди он мазлумон гузарад ва аз онҳо бахшиш пурсад ва онҳоро фаҳмонад ман ғалат кардам ва маро бубахшед. Агар он мазлум раҳмаш кунад ва ӯро бубахшад кори охираташ осонтар мегардад. Албатта Аллоҳ бахшандагонро дӯст медорад.

Оё золимон дар дунё мавриди азоби Илоҳӣ қарор мегиранд?

Ғолиб дар ин масъала тибқи суннати Иллоҳӣ, ки бар золиму мазлум муқаррар карда дар дунё ба золимон азобу машаққатҳо аз ҷониби Аллоҳ сарозер мегардад. Тибқи мазмуни ҳадиси саҳеҳ аз
Расули Акрам (салаллоҳу, ки банда дар дунё анҷом медиҳад Аллоҳ бар муртакибшаванда ё анҷомдиҳандаи он (гуноҳ) уқубате дар дунё медиҳад. Инчунин мегузорад баъзе гуноҳонро ба охират мисли бағӣ (зулм) ва қатиъаи силаи раҳмро”. Инчунин чуноне дар оятҳои зиёде омадааст, дар мавриди азобе барои золимон дар дунё сарозер намуда аст, то ибрате бошанд барои ибратгирандагони ҳам асри золимон ва онҳое, ки пас аз онҳо меоянд.Чунонеки мо ва шумо хонадаи гиромӣ чандин золимони хурду бузургро дидаему шунидаему хондаем, ки бо кадом уқубатҳо дар дунё гирфтор гаштаанд, ниёз ба шарҳ надоред аз ҳоли вахиму ниҳояти бади онҳо дар дунё.

Яке аз уқубатҳое, ки барои золимон дар дунё Аллоҳ лутфу марҳамат намудааст ин қабул шудани дуъои мазлум бар золим аст. Уламо гуфтаанд, агар шахси золим инро мефаҳмид ҳаргиз бар касе зулмро раво намедид. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд, ки ҳангоме, ки Муъоз ибни Ҷабал (раз)-ро ба Яман фиристоданд чунин гуфтанд:”Аз дуои мазлум бипарҳезед, зеро миёни мазлум ва Аллоҳ пардае нест”. (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти имом Бухорӣ).

Дар шарҳи ин ҳадис Ибни Ҳаҷар (раҳ) чунин гуфтаанд:”Яъне аз зулм намудан дӯрӣ намоед, то он мазлум бар алайҳи шумо дуо накунад. Инчунин ин ҳадис далолаткунандаи манъи тамоми намуди зулм аст”.
Дар шарҳи ин мақтаъи ҳадис : “Зеро миёни мазлум ва Аллоҳ пардае нест”, яъне миёни мазлум ва Аллоҳ касе вуҷуд надорад, то дар он миён дарояд ва мазлумро манъ намояд.Мурод аз ин сухан дуои мазлум пазируфта мешавад, агарчи мазлум гунаҳкор ҳам бошад. Ҳадиси дигареро, ки онро Абуҳурайра (раз) ривоят мекунад ва санадаш назди имом Аҳмад марфуъ аст, чунин аст.”Дуои мазлум мустаҷоб аст, агарчи фоҷир ҳам бошад фоҷир буданаш ба худаш бар мегардад”. Дар ин бахш ҳаминро мегӯям далоиле, ки дар боло овардаам аз суннат инро далолат мекунанд. Шахси мазлум дуо мекунад бар оне,ки бар ӯ зулм намудааст, то инки Аллоҳ аз ӯ интиқомашро бигирад дар дунё, то ончи нисбати золим дар сина дорад аз хашму аламу дард амали гардад.Пас дуъои мазлум назди Аллоҳ пазируфта шаванда аст, вале агар хоҳад онро мепазирад ва ин худ иқоби золим дар ин дунё мебошад охираташ назди Аллоҳ аст, ки дар боло баён намудем.

Мехоҳам то ончи овардаам, каме тавзеҳ бидиҳам, то барои хонандаи золим аввалан панд шавад. Инчунин мазлум ҳам фикр накунад, ки ӯро пушту паноҳе нест. Ончи баён доштам, ки ғолибан золим дар дунё мавриди азобу иқоби Илоҳӣ қарор мегирад ба сабаби зулме раво дидааст, ин маънои онро надорад, ки ҳама золимон ҳатман дар дунё мавриди уқубат ва азоб қарор мегиранд ва он ҳатмӣ ва фаврист. Зеро инчунин яке аз суннатҳои Илоҳӣ муҳлат додан ҳам ҳаст, вале дар он зулм ҳаргиз бе аҳамиятие аз ҷониби Аллоҳ сурат намегирад. Имкон дорад дар дунё Аллоҳ золимро мавриди уқубату азоб гирифтор накунад, зеро инҷо ҳикмате нуҳуфта аст, ки онро танҳо Аллоҳ медонад. Имкон дорад он шахсе мавриди зулм қарор гирифтааст касеро зулм кардааст, то зери зулми золими дигаре қарор гирифтааст. Ё инки гоҳо золим дар дунё зери иқоби Илоҳӣ қарор намегирад ва он ба салоҳи золим анҷом меёбад чун тавба мекунад, корҳои хубе анҷом медиҳад, ки аз зулми кардааш бештар ба халқи Аллоҳ нафъаш мерасад. Ин ҳикматҳоро ҳам набояд аз ёд барем, зеро ҳеҷ кори Аллоҳ дар ин дунё бе ҳикмат нест. Аллоҳ бандагонашро дӯст медорад. Барои чӣ инро мегӯям, то мабодо шахсоне солҳои дароз зулм мекунанд ва шумо аз берун ҳоли онҳоро ҳамеша хуб мебинед. Ё мазлум ҳастед ва истиҷобати дуоятонро дарнамеёбед. Ин ҷо ҳатман ҳикмате нуҳуфта аст, ки мо аз фаҳми он оҷизем, вале натиҷаи онро агар дар дунё надидем ҳатман дар охират хоҳем дид ва аз он маҳкамаи Илоҳӣ касеро гурезе нест.

Азоби золимон дар дунё золими дигареро бар онҳо ҳоким гардондан аст.
Яке аз суннатҳои Илоҳӣ дар дунё барои зулми золимон ин аст,ки раъият ва ё ҳамон қавме,ки худ бар якдигар зулм мекунанд. Масалан раиси корхона бар кормандонаш зулм мекунад, Раиси қавм ё бозӯманде бар бақия зулм мекунад ва ҳама хомӯш онро нигоҳ мекунанд.Мардҳо дар хонавода ба шакли умуми бар хонаводаҳояшон зулм мекунанд.Дар ин ҳолат Аллоҳ барои ин қавм ё мардум ҳокими золиму мустабидеро мефиристад то ба онҳо дар умум зулм намояд.Пас онҳоеки аз зулм шикоят доранд бояд нахуст худро ислоҳ кунанд то аз золимони бузург раҳои ёбанд.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин маврид мефармояд.
“Ва ба ин сон ситамгоронро ба ҷазои корҳое, ки мекарданд, ба якдигар вомегузорем.”
(Сураи Анъом,ояти 129)
Дар тафсири ин оят муфассирин чунин гуфтаанд: Мо мусаллат ё қарор медиҳем баъзе золимонро бар баъзи дигар, то ин золими бузургтар золими хурдро хор кунаду ҳалокаш созад. Ин таҳдид ба золим аст, ки агар аз зулмат боз наистӣ Аллоҳ бароят золими бозӯмандтаре аз ту ихтиёр мекунад ва ту низ зулм хоҳӣ шуд. Ин оят шомили ҳоли ҳама ҳаст онҳое, ки бар худ зулм мекунанд бо даст задан ба гуноҳонҳое, ки зулм мекунанд зердастонашонро. Ё тоҷире, ки зулм мекунад мардумро дар тиҷораташ бо қиматфурӯшӣ ва амсоли инҳо. Имом Фахри Розӣ дар тафсири ин оят мегӯяд: “Ин оят далолат мекунад, ки раият ё мардум ҳар вақт, ки золим шуданд. Аллоҳ бар онҳо як золимеро мисли худашон раис ё ҳоким интихоб мекунад. Ҳар вақт, ки хостанд аз зулми ҳокимашон озод гарданд. Бояд нахуст худашон зулму ситамро бас кунанд, то аз зулм раҳоӣ ёбанд”. Олусӣ дар тафсири ин оят мегӯяд: Ҳар вақт, ки раият ё мардуми кишваре минтақае золим гаштанд. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бар он мардум ҳоким мегардонад як золими мустабиде мисли худашон. Ҳадсие овардааст, ки чунин аст: “Чигунае, ки бошед бар шумо мисли худатон ҳоким мегардад”

Пас ҳар золим фарқ надорад он ҳоким аст,раис аст,касе набошад бояд қабл аз зулмаш биадешад.Тоқати ин зулме ба зер дастонаш мекунадро дорад? Агар тоқат дошта бошад пас озод аст вале агар тоқат надошта бошад пас бояд аз он зулмаш даст бардорад.

Золимон растагор намегарданд!

Яке аз суннатҳои Илоҳӣ барои зулм ва золимон ин аст, ки онҳо комёб намегарданд дар дунё. Чунонеки дар охират ҳам комёбу растагор намешаванд.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ин замина мефармояд:
“Бигӯ: «Эй қавми ман, амал кунед шумо ба ҳолати худ, ки куфру кофирист, ҳамоно ман ҳам амалкунандаам, ба зудӣ хоҳед донист, ки поёни ин зиндагӣ ба суди кӣ хоҳад буд, ҳар ойна ситамгорон растагор намешаванд»!
(Сураи Анъом,ояти 135)
Ин хитоби сангин ва ваъиди шадидуллаҳни Аллоҳ ба Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам ) аст. Инки бигӯ барои уматат албатта дар асри худ ва оянда, ки он мо ва шумоем. Инки идома диҳед он роҳеро, ки мепаймудеду равон будед. Агар гумон мекардед, ки шумо дар роҳи ҳидоятед. Пас ман ҳам бо он роҳу равишу манҳаҷам равонам. Наздик аст, ки пас аз чанде хоҳед донист, ки оқибати нек дар ин дунё киро интизор аст. Албатта ки он Расули Акрам (с) буд бо онҳое, ки ба ӯ имон овардаанд асҳоби киром (раз). Ончуноне ки Аллоҳ ваъда карда буд он таҳаққуқ пайдо кард ва амалӣ гашт. Он Ҳазрат (с) пирӯз гашт бар он муҷримону бединон. Пас агар мо ҳам бо роҳу манҳаҷи
паёмбарамон амал кунем, ҳатман пирӯз мегардем ва хории золимонро ҳатман бо ду чашми сар хоҳем дид.

Ишора кардааст Аллоҳ паёмбарашро ба ниҳояту фарҷоми хуб барои ӯ ва ҳама муъминон, ки ман ва ту ҳам шомили он қарор мегирем. Бояд бидонем, ки мухолифони ин манҳаҷ танҳо ва танҳо золимонанд. Суннати Аллоҳ ин аст, ки золимонро комёб намегардонад. Дар ин оят, агар хуб аҳамият дода бошед золимонро якҷо бо кофирон қарор додааст. Зеро золимон кӯмаккунандагони бе динону кофиронанд. Аз зулму ситами он золимон ҳамеша нафъ бар кофирон мерсад. Зеро агар золим комёб нагашт чи гуна кофир комёб мегардад, бо иҳама зулму ситаме раво медоранд.

Албатта золимоне, ки комёб намегарданд аввал инки шомили ҳоли худи эшон аст. Зеро онҳо куфрон ва носипосӣ намудаанд ба неъматҳои Илоҳӣ. Қарор додаанд шарикон барои Аллоҳ дар Улуҳият. Чунонеки шомил мешаванд золимон дар гирифтани ҳуқуқи мардумон. Пас инро бидонед, ки ҳаргиз золимону ситамгорон комёбу пирӯз намегарданд ва ҳаргиз ба он мақсуде, ки мехоҳанд намерасанд.

Пас диққат диҳед вақте комёбӣ аз золим барчида ва салб гардид, ҳатман пирӯзӣ аз аҳли ҳақ ва онҳое, ки одиланд .Онҳо паёмбаронанд ва пайравони онҳо, яъне муъминон.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
“Мо паёмбаронамон ва муъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзи қиёмат, ки шоҳидон барои шаҳодат барпой меистанд, ёрӣ мекунем” .
(Сураи Ғофир,ояти 51)
Боз дар сураи муборакаи Соффот мефармояд:
171. Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем, ки албатта, онон ёрӣ мешаванд. Ва ҳар ойна лашкари Мо, онҳо ҳатман ғолибанд.
(Сураи Соффот,оёти 171-173)
Ҳалоки уммат ё қавм дар зулму ситами якдигар ва ҳокимон аст.
Яке аз суннатҳои Илоҳӣ дар зулми золимон аст, хосатан ҳокимон. Дар ин зулм ҳалоку нобудии миллат ва ё қавм ба куллӣ мебошад. Дар ин масала дар Қуръони карим оятҳои бешуморе омадааст баъзеро меорам, то қазия барои мо ва ҳокимонамон ошкор гардад.
“Пас, сипос Парвардигори ҷаҳониёнро, ки решаи ситамкорон барканда шуд!”
(Сураи Анъом,ояти 45)
Аллоҳ мефармояд:
“Бигӯ: «Чӣ мебинед, агар азоби Худо ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ҷуз ситамкорон ё золимон ҳалок мешаванд?»
Хуб диққат кунед ба сабаби зулми золим мунҷар мегардад, ки на танҳо он золим, балки сабаби он мегардад, ки ҳама қавм ё миллат ҳалок гарданд. Ин оят барои ислоҳи ҳоли золимон аст, то даст аз зулму ситам бардоранд. Он ба тавассути фаҳмонидан бояд сурат гирад, зеро он золим дар авҷи зулмаш ҳеҷ чизро намебинаду намешунавад. Вале муслиҳони уммат онҳоро бояд огоҳ кунанд.

Дар сураи муборакаи Юнус чунин омада: “Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам карданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далелҳои равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем.”
(Сураи Юнус,ояти 13)
Калимаи “Ламмо” зарф аст далолат мекунад бар вуқуъи коре, ки сабаби воқеъ шудани чизи дигареро дорад, ки он сабаб аст барояш. Ин далолат бар он дорад, ки уммат ҳалок гаштанд аз барои онки сабаби ҳалокаташон зулм буд.

Ин зулм ду навъ мешавад: Аввал зулми афрод ба худашон мисли фосиқу фоҷир будан берун шудан аз итоъати фармонҳои Аллоҳ,инчунин зулме,ки миёни худашон ҳаст.

Дуввум: Зулми ҳокимон, ки ҳаққи мардумашро бесабаб мегирад. Иззату шарафашонро паймол мекунад. Мардумашро ба зиндагонии хору залил табдил медиҳад. Ончунон мардумашро ҳоким хору залил мегардонад, ки худашон дар ҳоли нотавонӣ қарор мегиранд зиндагони дар ҳисоби мурдагонанд. Ин амали ҳоким сабаб мегардад, ки душманони беруна ин ҳолро дида, бар онҳо ҳуҷум мекунанд ва онҳоро мағлуб мегардонанд. Ин аст, ки он ҳокими золим худаш сарнагун мегардад ва миллату раъияташро ҳам ғулому беному нишон мегардонад. Ин аст ҳалокати ошкор ва оқибати зулми ҳокимони мустабид.

Дар ин замина Аллоҳ мефармояд: “Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем”
(Сураи Анбиё, ояти 11)
Бале, хонандаи гиромӣ ин аст суннати уммату қавмҳо ва ё миллатҳо ҳамеша.Ҳар қавму миллатеро вақти муъаянест барои нобудиашон ба сабаби зулм.Албатта фарқ мекунад ҳолатҳо ва чигӯна шукуфои ва ё нобудиашон ба чигӯна душман доштанашон. Як ҳокими золим миллати чанд ҳазор соларо ба кулли нобуд ва ё зери ғуломии миллату кишвари дигар метавонад кунад. Инчунин метавонад бо адлу хирад ва раъият парварияш давлату миллаташро гули сари сабад ва аз беҳтарин кишварҳои олам бигардонадаш. Ҳама ин боз мегардад ба андозаи зулму ситамаш то пажмурда ва нобуд намояд миллаташро ва ё адлу риъият парвар буданаш,ки ба офоқ бирасонад миллату мулкашро.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:
“Ҳар умматеро муддати умрест. Чун аҷалашон бирасад, як соат пешу пас нашаванд».
(Сураи Аъроф,ояти 34)
Дар охир аз Аллоҳ таманнои онро дорам, то ҳар золиме аз зулму ситам даст бардорад. Ва ҳар мазлуме муваффақ бошаду дуояш мустаҷоби даргоҳи Илоҳӣ қарор гирад. Дар охир ин сухани маъруфи Умар ибни Хаттоб (раз)-ро меорам, ки гуфта: “Аз кай мардумро ғулом кардаед дар ҳоле онҳоро модаронашон озода ба дунё овардааст”. Агар Аллоҳ бар ман иноят фармояд дар ин мавзуъ боз ҳам бахшҳое менависам ва паҳлӯҳои дигари зулмро пайгирӣ менамоям, то ҷомеъаи безулм ва истибдодро нахуст дар худ ташкил диҳем ва ҳамчун тоҷикони озодаи олам маъруф гардем.

Share This Article